БЕҲТАРИНУ
АВЛОТАРИН РОҲИ МУВАФФАҚҚИЙЯТ!
-«Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»! Барои чи ман овози азонро шунида ба он ҷавоб намегуфтаам? Магар ин мумкин аст? Маро
хезонед!
Пас
уро наздиконаш ба по хезониданд ва ба суи масҷид бурданд. Чун аввалин ракъати намози ҷамоъатро мехонд у
«амонатиашро» (ҷонашро) ба ҳақ таслим
намуд! Чи зебост чунин лаҳзахои охирини ъумр барои ҳар як бандаи муъмине ки тамоми
ъумри худро дар тоъату ъибодати Илоҳи
гузаронидааст.
Расули Худо (ﷺ)
фармудаанд:
-« Чи тарзе ки шумо ъумратонро
гузаронидаед- ҳамон тарз
мемиред ва дубора зинда карда хоҳед шуд»!
Ато бин Собит (р) ривоят кардаанд:
- «Рузе мо шунидем ки яке аз дустони Аллоҳ Абдуллоҳи Сулами
сахт бемор аст. Мо зуд ба аёдати у шитофтем- аммо чун ба хонааш расидем
ба шунидаамон бовар накардем. Ба мо гуфтанд ки он кас дар масҷиданд. Замоне ки уро бистари бемори нигоҳ дорад ба мо аҷиб намуд ки у худ даъвати ба намоз
намояд.
Чун ба масҷид дохил шудем мо дидем ки у дар ҳақиқат дар намоз қоим аст. Аммо замоне ки
мо вазнин нафаскашии уро дидем сахт хавотир шудем:
-« Ҳазрат!
Магар хуб набуд ки имруз ту дар бистари бемори мехобиди ва худро азоб
намедоди?- пурсидем мо уро. У ба мо чунин ҷавоб дод:
- « Ба ман суханони Расули Акрам (ﷺ) расидаанд ки фармудаанд:
- «Намози ҷамоъат беҳ аст аз ҳама чизи дунё». Пас ман хостам ки он лаҳзае ки «ҷон ба ҳақ» таслим менамоям дар намози ҷамоъати масҷид бошам»!
\\\\\\\
То чи андоза мушфиқу ошиқи намоз
буданд он Бандаҳои Аллоҳ:
--Муҳаммад бин Собит (р) бандае зиёд ботақвову парҳезкоре
буданд. У дар адои намози ҷамоъат
бисёр ҳассос буданд ва ҳаракат мекарданд намози ҷамоъатро дар масҷид адо намоянд. Он кас
мегуфтанд:
- «Ман ҳама вақт намозхоямро бо ҷамоъат мегузоштам. Инак дар муддати 40 сол аст
ки ман ба ҳар як
аввалин такбир ба намоз қоимам ва
боре ҳам нашудааст ки ба аввалин такбир дер
карда бошам. Аммо боре ман ба аввалин такбир дер мондам замоне ки дар паи «гуру
чуб»-и модари худ будам. Ва чун мехостам савоби он ҷамоъатро дарёбам ҳамон намозро 25- маротиба адо намудам. ҳамон шаб ман хобе дидам ки фариштае мегуфт:
-« Ай
Муҳаммад! ҳарчанд ту
он намозро 25 маротиба хондаи ту ба чи баробар хоҳи кард он замонеро фариштагон мегуянд
«Омин»!? (Қандахлави
Фадоилуль Ъамал с-275).
Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
-«Замоне ки эмоми ҷамоъат сураи Фотиҳаро ба итмом расонад-ҳама аз пасаш иқтидо намудагон гуянд: «ОМИН»! Чун ин «ОМИН»-е ки
дар замин будагон мегуянд бо он «ОМИН»-е ки ҳамон лаҳза мегуянд фариштагони боло хамроҳ гардад - бар онон
бахшида хоҳанд шуд
тамоми гуноҳони
гузаштаашон! (Бухори-Азон 113: Муслим- Салот 76)
Дар як «ҳадиси Қудси»
омадааст:
-«Аллоҳи Мутаъол дар
рузи «ҶАЗО» гуяд:
-«Куҷостанд ҳамсоягони
МАН?»? Фариштагон пурсанд:
- «Киҳо метавонанд ҳамсоягони Ту бошанд Илоҳо? Аллоҳи Мутаъол
гуяд:
-«Ононе ки қалби
«мутаъаллиқ»-и ба Масҷидҳо (Хонаҳои Ман) доштанд»! (Али
аль-Муттақи, VII, 578
/ 20339).
Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
-«Масҷидҳо ин хонаи ҳама «муттақиён» аст.
Аллоҳи Мутаъол бар ононе ки масҷидҳоро хонаҳои худ қарор
додаанд (пайваста ба ҷамоъатанд) гузаштани «Пули
Сиротро» осон, Биҳишти Ҷовидон ва хушбуиҳо ваъда намудааст»!
(Табарони, аль-Муҷамъуль-Кабир, Али
аль-Муттақи, VII,
580/20349).
Намози мудом бо ҷамоъат нишонаи «Имони Комил» аст. Расули
Акрам (ﷺ)
фармудаанд:
-«Замоне ки шумо нафареро мебинед ки намозҳои мудом бо ҷамоъат дорад, пас уро чун
«аҳли Имон» бояд шинохт ва
«далил» ин ояти Қуръониро
овард: -- -« Масҷидҳои Худоро касоне ободон мекунанд, ки ба
Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд
ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон
бошанд!»!! (Ат-Тауба ояи 18), (Тирмизи: Имон-8/2617)
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
То чи андоза ҳар яки мо мехоҳем «охирин нафас»-и худро дар ру ба руи Холиқи Худ (ҷ. ҷ) кашида амонати додаи У-ро таслимаш
намоем? Чун қоим будан ба
намоз ин ҳамон аст ки
нафари бо «ихлос» намоз мехонда дар «Пешгоҳи
Худованди» қарор дорад. Бубинед ки
дар асрҳои пешин
«дустони Аллоҳ» то чи
андоза ба намози ҷамоъат ошиқ буданд. Чун фармудаҳои Худовандиву суннати Набавиро онон бо ҷону дил қабул
доштанд- пас муваффақ ҳам шудаанд.
Қиссаҳои имондориву ботақвогии асҳоби Расули
Акрам (ﷺ) ва
тобиину табаа тобиин, дустони Худое ки пас аз онҳо зиндагии дар «бандаги»
доштанд имруз бар ҳар яки мо
расидааст. Аммо худ бубинед ки магар мо дар тақвову парҳезгори
метавонем ба онхо монанд бошем? Оё мо ҳам қалби
мутаалиқи ба масҷид дорем ё хайр? Чун Аллоҳи Мехрубон бар нафароне ки мудом ба
намози ҷамоъати
масчид қоиманд чи ваъдаҳои зебову неке ваъда додааст ки
имруз бар уммати Ислом зарур аст:
-!!Дар ҳадисе омадааст,
ки ҳар шахсе бар намози ҷамоъат мудовамат кунад (панҷвақта гузор бошад),
Худои таъоло ӯро ба панҷ сурат мавриди икрому навозиш қарор медиҳад.
-!Аввал, ин ки тангии ризқ аз ӯ дур карда мешавад.
-!Дуввум, ин ки азоби қабр аз ӯ дур карда мешавад.
-!Саввум, ин ки рӯзи қиёмат номаи
аъмоли ӯ ба дасти
росташ дода мешавад.
-!Чаҳорум, ин ки аз Пули сирот мисли барқ мегузарад.
-!Чаҳорум, ин ки аз Пули сирот мисли барқ мегузарад.
-!Панҷум, ин ки бидуни ҳисобу китоб дохили ҷаннат магардад.
Савол: Пас куҷостанд он нафароне имрузҳо ба тангии ризки худ зиёд шикоят менамоянд?
Куҷостанд
нафароне ки аз азоби қабр метарсанд?
Куҷостанд
нафароне ки аз соати «саволу ҷавоб»-и
Худованди хавотиранд? Куҷостанд
нафароне ки мехоҳанд аз
«Пули Сирот» ба осони гузаранд? Куҷостанд
нафароне ки дар орзуи «ҷаннати пурнозу неъмату роҳат»-анд?
Марҳамат Худованд
худ ба шумо ваъда додааст ки: бандаи «обид»-у парҳезкор бош Ман (ҷ.ҷ) худ ба ту ваъда медиҳам ин «неъматҳо»-и худро
арзони. Охир он чи ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) худ ваъда дод бешак ҷои баҳсу гумон
нест. Имруз Ъамал кун- фардо онро соҳиб хоҳи шуд!
Хушо бар ҳоли он
бандагоне ки қалби
мутааллиқ ба масҷид, қалби саршор аз Ишқи Илоҳи, қалби парҳезгор, қалби дар орзуи «дидори Холиқи худ» доранд. Чун ин «ваъдаи Илоҳи» бар онон тааллуқ дорад! Ин бандаҳо ҳам дар паи
нафақаи оилаву наздикони худ ҳастанд- ва ҳам «бандагии Холиқ»-ашонро менамоянду чун баъзе нафарон баҳона болои баҳона
намеоваранд!
----------------------------------------------------------------------------------------------
Ду ҳикояти ибратангез!
1.Дар тафсири «Муғнӣ» меоранд, ки дар замони пешин Иблисро медиданд.
Марде аз вай пурсид, ки:
-Эй Иблис, чӣ кор кунам, ки монанди
ту бошам? Иблис Гуфт:
-Ҳаргиз ҳеҷ кас аз ман инро талаб накарда буд, ту
чаро металабӣ? Он мард
гуфг:
-Ман дӯст медорам. ки монанди
ту бошам. Иблис гуфт:
-Агар
мехоҳӣ, ки чуи ман бошӣ дар намоз коҳилӣ кун ва савганд бихӯр агарчи росту дурӯғ бошад. Он мард гуфт:
-Аҳд кардам бо Худованд, ки тарк накунам намозро ва ҳаргиз савганд нахӯрам. Иблис гуфт:
-Ҳеҷ касро аз худ ҳиллагартар
надидам, магар туро ки аз ман ҳиллагартар будай.
------------------------------------
Қиссаи дигари! Нақл аст, дар он вақт, ки Абдуллоҳи Тоҳир амири
Хуросон буд ва тахтгоҳ дар
Нишопур дошт, марди оҳангаре аз шаҳри Ҳирот ба Нишопур
рафт ва як чанд вақт дар он ҷо кор кард. Ва хост, ки
ба Ҳирот ба сӯи аҳлу аёли худ
баргардад.
Дар он вақт Абдуллоҳи Тоҳир
афсаронро фармуда буд, то роҳҳоро аз
дуздон эмин доранд. Рӯзе афсарон дуздонро
дастгир карда, ба амир хабар доданд. Ногоҳ як нафаре
аз он дуздон гурехт ва афсарон тарсиданд. Ва ин марди оҳангар шабона ба роҳ баромада буд, ӯро дастгир карда бо ҳамроҳии дуздон
ба пеши амир оварданд. Амир пеш аз он, ки тафтиш намояд фармон кард, ки онҳоро ба зиндон баранд.
Хоҷаи оҳангар донист, ки
кор аз куҷо кушояд ва
мақсуд аз куҷо барояд. Зуд таҳорат сохт
ва дар гӯшаи зиндон
ба намоз машғул шуд ва ҳар ду ракаъат намоз, ки мехонд сар ба саҷда ниҳода
матлабашро изҳор карда,
аз сидқи дил бо Худо муноҷот мекард, ки: ----«Худвандо, ту медонӣ, ки ман аз ин кор бегуноҳам.
Чун
шаб даромад Абдуллоҳи Тоҳир ба хоб дид, ки чаҳор нафар шахси боҳайбату салобат омаданд ва аз чаҳор гӯшаи тахти вай гирифтанд,
ки нагунсор кунанд. Абдуллоҳ аз хоб тарсида
бархост ва калимаи «Ло ҳавла ва ло қуввата илло
биллоҳил-ъалийил-ъазим»-ро бар забон ронд ва таҳорат карду ду ракаъат намоз бигузорид.
!! Бародарону хоҳарони Имониам!: Хушо бар ҳоли он мардумони пеш, ки чй шоҳу чӣ
гадо ҳар киро мушкилеву ҳоҷате пеш меомад, рӯй ба сӯи ин даргоҳи Худовандй оварда розу ниёзи худро арза мекунанд. Пас Худованд бар онон
фатҳу
зафарийят ва
неъматҳояшро бе ҳисоб
ато менамуд. Таърих гувоҳ аст ки то чи андоза он замонҳо мусалмонон ғолибу муваффақ буданд- чун ҳар ҳоҷоте
ки доштанд худ
намозҳои
нофилаи «дили шаб» гузошта аз Холиқашон (ҷ.ҷ)
ҳоҷат мехостанд!
Аммо афсус,ки дар ин
замони мо ба сари касе мусибате ва ё мушкилие афтад ба сӯи
фолбинҳову,
сари қабри
азизону, муллоҳои
«китобкушо»( ҳамон
фолбинҳо)
мераванд ва кушоиши корро аз онҳо
талаб мекунанд . Худованд на ин ъамалҳои
щирку бидъат - балки намозу дуъои худи шуморо қабул дорад! «Холиқ»(ҷ.ҷ) ҳоҷатбарор
аст –эй беИмонон чаро шумо паи « махлуқ»-и заъифу нотавоне ва ё
мурдагоне ки худ ба дуъои мову шумо муҳтоҷанд мегардед?.
Давоми қисса: Абдуллоҳ боз ба хоб
рафт ва боз ҳамон хобро
дид. Ва ҳамчунин то чаҳор маротиба ҳамон чаҳор касро
медид, ки аз чаҳор гӯшаи тахти вай
мегирифтанд, то нагунсор кунанд. Абдуллоҳ битарсид
ва донист, ки оҳи мазлум
дар вай расидааст.
Ҳам дар шаб
зиндонбонро талаб карду гуфт:
- Ҳеҷ мазлум дар зиндон медони, ки маҳбус монда бошад? Зиндонбон гуфт:
-Эй амир, надонам ки мазлум кист, аммо
мардеро мебинам, ки пайваста намоз мегузораду муноҷоти дилсӯз мекунад. Абдуллоҳ бифармуд, то ӯро ҳозир
карданд. Аз ҳоли вай
тафтиш кард ва донист, ки вай бегуноҳ будааст.
Пас узр хосту гуфт:
-Бо ман се кор бикун: Аввал, он ки маро
бубахш. Дуввум, он ки ҳазор дирами
ҳалол аз ман қабул кун. Саввум, он ки ҳар гоҳ туро муҳимме пеш ояд зуд назди ман биёӣ, то ҳоҷататро раво кунам.
Марди оҳангар гуфт:
-Он чй гуфтй: Маро бубахш- туро бахшидам.
Ва он ҳазор дирамро қабул кардам!
аммо он чӣ гуфтй: -Чун туро муҳимме пеш
ояд ба даргоҳи ман ой- инро
наметавонам кард. Абдуллоҳ гуфт:
-Чаро? оҳангар гуфт:
-Аз барои он, ки Худованде дорем , ки аз барои
чун ман гадое тахти чун ту подшоҳеро дар шабе
чаҳор бор нагунсор кунад, даргоҳи У-ро гузоштан ва ҳоҷати худ ба ғайри У
бурдан шарти бандагӣ набошад! Маро
аз намоз гузоридан кадом кор дар банд
шуд, то паноҳ ба ғайри Худои таъоло барам?
Назм:
Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо
ёр надорем,
Ҷуз ёди Худо ҳеҷ дигар кор надорем.
Дарвешу фақирем дар ин гӯшаи дунё,
Бо неку бади халқи ҷаҳон кор надорем.
Бо ҷомаи садпораву бо хирқаи пашмин,
Бар хок нишинему аз он ор надорем.
Гар ёри вафодор надорем аҷаб нест,
Мо ёр ба ҷуз Ҳазрати «Ҷаббор» надорем.
Мотамзадагонем дар ин гӯшаи дунё,
Чун зоғ гузар бар сари мурдор надорем.
Бингар ту дили хастаи Шамс-ул-ҳақи Табрез,
Мо ҷуз ҳаваси дидани дидор надорем.
Азизони ман, дари раҳмат кушодаасту хони карам ниҳода. Кӣ талабад, ки надоданд ва кӣ омад, ки қабул накарданд? Хории ту аз пастҳиммативу бешуурии туст! Хеҷ гох ноумед мабош ва «дареро» бизан ки хама рузону
шабонгохон ба руи ту боз аст – ки он хам дари «Раҳмати Илоҳист»!
Робиъа (раҳматуллоҳи ъалайҳо) аз шахсе
шунид, ки мегуфт:
- Худоё, «дари раҳмати» худро бар ман бикушой. Робиъа (раҳматуллоҳи ъалайҳ) гуфт:
-Эй мискин, магар дари раҳмати Худоваидӣ боре баста буд, ки то ин
замон барои ту кушода шавад?
Яъне гар «обиду оқил» боши ҳеҷ гоҳ ноумед
мабош ва «холисона» ъибодат ба ҷой ор ба Холиқи Якто- аммо чун ҳоҷате бар туву наздиконат ва ё бародарону хоҳарони «имониат» пайдо шуд- дар «дили шаб» худ ғусл ва ё таҳорати хуб бикун
ва намозҳои нофила
бихон.
Сипас
аз Аллоҳи Меҳрубон ҳар ҳоҷоту хоҳише ки дори
дар дуъоят талаб намо. Навмед мабош- чун «даргоҳи Илоҳи» бениёз
аст ва ҳар ки
мухлисона он дарро ки куфт албатта кушода хоҳад шуд! Чун
Худованд ваъда додааст ки:
- «ҳар дасте ки
холисона бо дуъо ба суи Ман бардошта шуд- Ман шарм медорам онро холи
баргардонам»!
Он,
ки баъзе нафароне имрузҳо меноланд
ки намоз хондаму дуъо кардам аммо дуъоям мустаҷоб нашуд- бояд донанд, ки намози «бо сидқ» нахондаанд, дуъои бо ҳузури дил
накардаанд. Ё ин ки баъзе роҳҳои нодурустро зимни дуъо намудан истифода намудаанд. Чун Аллоҳи Меҳрубон бениёз
аз ҳама неъматҳост-бар тамоми халқаш ато кунад
ҳатто кам нахоҳад шуд. Магар ин, ки ноумед нагардад дуъокунанда!
:::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Ман
дар ин мавзуъ намехохам зиёд дар мавриди нафароне ки худро Мусалмон медонанду
аммо аз тоъату ъибодат дуранд зиёд ҳарф гуям-
аммо ҳамин бар «оқилон» басанда аст ки:
-Намоз ин сутуни дин аст , Намоз ин нури
муъмин аст, Намоз ин Чароғи қабр аст , Намоз тоҷи муъмин дар рузи маҳшар аст , Намоз ин маҳри «ҳурҳо»-и ҷанати аст , Намоз ин калиди биҳишт аст , Намоз ин куркунандаи
чашми шайтон аст , Намоз ин нури чашмони ҳабиби худо Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам аст, Намоз ин баракоти умри мову
шумост , Намоз ин фаровонии ризқ дар
хонадони мову шумост! Намоз ин робитаи устувор миёни бандаи заифу нотавон
бо Аллоҳи Бузургу
Тавоност!!!!!!!!!
Ҳамин буд, ки аввалин мусалмонон чун ба ҳар коре мехостанд даст зананд аввал намоз хонда бо
Худованди хеш машварат менамуданд:
-сафаре кардани шуданд намоз хонда тенҷиву амониро дар намозу дуъо аз Худованди
хеш мепурсиданд, бемор мегаштанд дарҳол намоз
хонда аз Худованд шифо металабиданд дар
намозу дуъо, гар мехостанд ъилм омузанд аввал намоз хонда дар дуъо аз Худованди
хеш мадад металабиданд, мушкиле пеш меомад шабҳо бархеста
таҳорат ва ё ғусл мекарданду намозҳои нофила
хонда аз Худованд кушоишу осоиш
металабиданд!
Акнун таърихро мехонем, ки то чи андоза онҳо муваффақ гашта
буданд. Чун ҳоҷат аз маконе металабиданд, ки «бениёз» аз ҳама неъматҳои бар одами зарурист! То замоне, ки муслимин тибқи Қурьону
суннат ъамал доштанд ва ҳар гуна
бофтаи баъзе нафаронро пайрав набуданд дар ҳама ҳолат муваффақу сарбаланду
ғолиб мегаштанд. Ин навиштаҳоро таърихи ҳазорсолаи
муслимин гувоҳ аст.
Афсус
як замоне шуд, ки баъзе муслимин пайрави аз аввалин мусалмонону Паёмбар (ﷺ)-ро як су гузошта, роҳҳое ки дар он ихтилофе нест як су гузошта, аз Тавҳид дур гашта – руй ба он роҳҳое
оварданд,ки ҳама саршор
аз ихтилофу ҳатто бидъату
куфр буд. Акнун бандаҳои Аллоҳ ба чои он,ки худ намозхои «дили шаб» хонда аз
Худованд ҳоҷат талабанд, ҳалли мушкили талабанд, бахт талабанд, шифо талабанд –
тибқи гуфтаи баъзе ноОлимон ру ба роҳҳои «ихтилофи» ва ҳатто щирки овардаанд.
Ин
буд мақсади душманони Ислом то мусалмонон аз роҳҳои Қурьону
суннат дур гарданду ру ба он аъмоле оранд,ки руз ба руз соат ба соат онҳоро аз асли
Ислому Имон дур созад! Афсус то як андоза онҳо ба ин мақсади палиди хуш муваффақ гаштаанд!
Имруз
соате фаро расидааст то мо мусалмонон дубора ба асли Илому Имон баргардем. Аз
роҳҳои ихтилофи даст кашему он тоъату
ъибодате, ки аввалин Мусалмонон бо роҳбарии Ҳабиби Аллоҳ доштанд сархати зиндагии хеш созем. Ин аст роҳи ба даст овардани ҳам Ризои
Аллоҳ ва ҳам муваффақ гаштани мову шумо бародарону хоҳарони Имони!
РУЗИ МАҲШАР , КИ ЧОНГУДОЗ БУВАД!
АВВАЛИ ПУРСИШ АЗ НАМОЗ БУВАД!
ПАС МАКУН ДАР НАМОЗҲО ТАҚСИР!
ТО ДАР ОН РУЗ
БОШАДАТ ТАВФИР!
---
Гирдоваранда: САДРИДДИН!---
БАРОДАРОНУ ХОҲАРОНИ ИМОНИ: БАР МУАЛЛИФ ВА
ГИРДОВАРАНДАИ МАВЗУЪ ДУЪОИ НЕКИ ХУДРО ДАРЕҒ МАДОРЕД!

Комментариев нет:
Отправить комментарий