Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 26 октября 2016 г.

Дар сари мижгон чу ашк истодаи хушёр бош!!



Дар сари мижгон чу ашк истодаи хушёр бош!!
           Шайтони лаънатшуда боре  аз Аллоҳ (j.j) хоҳиш кард :
  -Илоҳо! ба ман ичозат бидеҳ одамро тамоми узвҳояшро таҳқиқ намоям! Аллоҳ (j.j) ба у ичозат дод. Пас Шайтон ба бадани одами дохил шуду пас аз муддате аз он хорич шуд ва гуфт:
   - Ё Аллоҳ! Ман дар хама узви одами будам. Аммо афсус ба як узви у ба ман роҳе набуд! Сабаб чист Худоё? Он чи макон аст?
   Аллоҳ ба у гуфт:
   - Он қалби (дил)-и одамист! То замоне ки ҳар яке аз одамиро дар дилаш ёде аз Ман   (j. j)бошад, ту ба он дили «пок» роҳ намеёби! Аммо Ҳар гоҳе ки дар дили баъзе одами ёде аз Ман (j.j) набошад- пас он макони «ифлос» хоҳад буд ва он маконе барои палидиҳову ифлосиҳое чун ту хоҳад буд!
  \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\///////////
      ъИбрат:
      Он бародарону хахароне ки аз рохи «Хак» гофил гаштаанду «гап гапи дил аст» гуфта бепарво аз фармудахои Худованд мегарданд, хама харромкардахои Илохиро истифода мебаранд бояд ин сатрхоро хонанду ъибрат гиранд ва илло рузи махшар шармандаву расво хоханд гашт.
    Он чи диле будааст ки дар он хама бадихову разилихои ин дунё чой гирад- аммо Ёди Худову ёди фармудахои У чой надошта бошад? Магар Паёмбар (с.а.в.с) ва асхобаш (р.а) боре аз ёди Худову дур аз тоъату ъибодат буданд? Магар дар Курьону Аходиси Набави ёде аз чунин суханхо хаст ки:
  - «Дилатон пок бошад халос» намому руза нагиред, аъмоли хайр нанамоед! Харромкардахоро истеъмол намоеду араку наркотик истеъмол намоед! Зино намоед!  НАЪУЗУБИЛЛОХ!!!!
   Охир ин шиори душманони Ислому Имон аст бародарону хохарони Имони! Магар мо аз Паёмбар (с.а.в.с) ва Асхобаш (р.а) ки шабу руз тоъату ъибодат мекарданд, хайру саховат мекарданд, рузхову хафтахо гурустна гашта боре аз ёди Худо гофил намегаштанд ъибрат гирему пайрави намоем?
    Ва ё ин «шиори душманони Ислом»-ро ба худ касб намоем!??? Афсус хастанд нафароне ки «бобом гуфт»,» фалони гуфт»  ки «гап гапи дил аст» далел гуфта хатто акл надоранд аз Курьону Аходис далели рост ва ё ботил будани ин гуфтахоро бичуянд.
    Дар асл ба нафси палиди онхо ин «бахона» маъкулу бамаврид ки омадааст онро аз фармудахои Худову Расулаш болову авло медонанд. Гар хазор ояи Курьон ва Аходиси Набави ба инхо далел оранд шояд кабул нахоханд кард! Аммо наздик аст ки рузе аз чунин ъамал пушаймону шармандаву расво гарданд!
     Монанд ба он навиштаи боло ин хадиси сахехи Расули Акрам (с.а.в.с)-ро бароятон меорам:    Паембар(с) мефармоянд: 
    «Огох бошед,ки дар бадани инсон пораи гуште хаст,ки агар он ислох шавад тамоми бадани инсон ислох хохад шуд ва агар он гуштпора хароб ва фосид шавад тамоми бадан табох ва фосид хохад шуд. Огох бошед,ки он гуштпора калб аст»!
    Акнун хонед, ки он Устоди башарийят (с) моро чи насихати зебое кардаанд. Ин калб (дил) маконест, ки дар он ё Холик (ч.ч) чой хохад гирифт ва ё махлуки рондашудаву палиде, ки номаш Азозил (Шайтон ъалайхилаъна) аст. Ин аст маънии хадис.
   Гар дар худ ъамалхое, ки Худову Расулаш фармудаанд дидем, хисси нафрат аз харромкардахои Илохиро дидем, хайру саховатро дидем –пас бидонед ки ин «калб»-у ин чисму чон рохи Илохиро пеша намудааст.
   Ва илло гар аз тоъату ъибодат дур гаштем, аз хайру саховат дур гаштем, хама харромкардахои Илохиро истифода кардем, зулму ситам намудем- пас бояд бидонед ки ин калбу чисм рохи Шайтониро пеша кардааст.
    Рохи сейюм нест ва нахохад буд. Чун рохи поки хаст ва рохи ифлоси, неки хаст ва дар мукобилаш бади. Миёна нест! Имон хаст- мукобилаш беИмони! Магар метавонад инсоне каме аз ину каме аз он ба худ касб кунад?
    Бародаре накл мекард ки:
    - Дар беморхона марде доду фигон мебардошту ба духтурон мегуфт ки: - Ман шуморо ба суд медихам, аз пасатон менависам. Хаммаатона «наказать» мекунам.
   Чун каме ором гирифт мо аз у пурсидем, ки сабаб чист. У гуфт:
   - 12 руз аст писарам бе хушу ёд хоб аст. Ин духтурон мегуянд ки мо хар чи ки аз мо вобаста аст намудаем акнун шифо аз чониби Худост. Инхо вазифаи худро ба Худо хавола карданианд!
    - Додар! Ин духтурон суханони хак гуфтаанд. Магар ин фарзандро ба ту Худованд дод ё ин духтурон? Худованд ки дода бошад шифоро хам У хохад дод инхо танхо сабаб хоханд шуд. Равед тавба намоеду бо занатон намоз хонед ва дуъо намоед-чун дуъои волидайн назди Худованд кабул хохад шуд!- насихат кард он нафарро муйсафеди беморе.
     Хафтае пас шунидем,ки он кудак ба худ омад ва сухан мегуфт. Он падар акнун аз духтурон зиёд узрхохи мекард ва Худовандро беист шукр мегуфт.
    Акнун чун ин мард магар дар ин замонаи мо каманд? Чун:
   -Замоне, ки Худованд онхоро неъмат дод, мол дод, фарзанд ато намуд аз ёди У гофиланд ва боре уро шукрона наменамоянд.
  - Солхо тенчу амонанд, худу фарзандон сихату саломатанд дар ъамал шукронаи Аллохро наменамоянд.
    Афсус дар аввалин имтихону санчиши зиндаги ва имон ин нафаронро мебини, ки назди «махлук»-е сар хам намуда илтимоси зиёд менамоянд ки:
   -Духтурчон як ъумр хизмататона мекунам ин фарзандамро начот дех! Як ъумр аз шумо карздор мешавам ва як ъумр дар хизмататон мемонам харчи аз дастатон ояд кунед! Ва гайра.
    Худованде, ки ин хамаро ба у ато намуд солхо ин банда У-ро фаромуш кард, фармудахои У-ро фаромуш кард- аммо дар асл он Холик аз у танхо тоъату ъибодату хайру саховат талаб менамуду халос. Аммо он руз барои он чи ки аз он духтурон вобаста нест (шифо) тайёр аст «як ъумр хизмат намояд, карздор худро хисобад»!
    Гар ин фарзанд ва ё ахлу аёли чунин нафарон шифо наёфту вафот намуд ана он соат онхо Худоро ёд хоханд кард. Аммо гайри пушаймониву маъюсии  як муддати ночиз онхоро дигар фоидае нест. Ин пушаймони хам онхоро муддатесту халос ва пас аз замоне боз инхо Холикашонро фаромуш менамоянд.
   Чун замоне, ки инхо тенчу амон буданд, молдору вазифадор буданд, сихату саломат буданд Худовандро фаромуш сохтанд – дар он лахзахо Худованд онхоро  фаромуш намуд!   Худованд дар каломаш хама бандагонро таъкид ба таъкид мефармояд, ки:
  - «фазкуруни азкуркум вашкурули Вало такфурун». (Сураи Бакара,ояти 156.)  Яъне: пас, Маро Ёд намоед ТО шуморо ёд Кунам. Ва Маро Сипос Гуед Ва Маро Носипоси макунед.
   Гар хар яки мо хама шабу руз дар ёди Худо бошем, фармудахояшро бо чону дил дар ъамал ичро намоем, бандагони содик бошем на «козиб»- бояд донем ки Худованд ваъда додааст ки У Худ моро ёд хохад кард.
   Гар Худованд мову шуморо, ки ёд намуд албатта хама неъматхояшро бароямон арзони ато хохад кард! Магар нафаре хаст, ки нахохад Холикаш уро ёд намояд? Албатта не! Чи нек хохад буд ки Худованд моро ёд намояд! Чун харкиро ки Худованд ёд кард у сарбаланду растагор хохад буд.
    Имруз гар хабаре шунавем, ки фалон раису калоншаванда моро ба неки ва таъриф ёд кард чи андоза хурсанд мешавем-хамин тавр не! Аммо оё мо намехохем, ки моро Холикамон назди фариштагонаш ёд намояд, дар зиндагии мо некихо ато намояд? Албатта мехохем!
   Пас гофил нанишинем, бепарво нагардем, фаромуш нанамоем, ки рузе моро «сафари охират» интизор аст. Сафаре, ки дар он сафар на пулу молу зар, на чоху мансабу зури бозу- балки тоъату ъибодату аъмоли хайри намудаи мо ба кор ояд!
    Шоир чи зебо моро насихат намудааст ки:
        - Як вачаб мондаст Бедил, аз ту то домони хок!
        -Дар сари мижгон чу ашк истодаи хушёр бош!
    Имрузу ин соатхо хар яки моро ганимат хохад буд- чун гумон аст моро соле ва ё моху рузхое ъумр бошад ва ё хайр! Дар катори пайдо намудани ризку рузи -хамзамон шабу рузхо дар паи он «тушаи охират»  бикушем то он соати «вахим» назди Холикамон шармандаву расво нагардем.Дар Панохи Аллохи Мехрубон бошед!

       Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0
     
     (дар акси поин кабри як миллардере, ки боигарии у ба 14 миллард доллар баробар будааст! У сохиби 33 киштии нафткашон, якчанд мехмонхонахои чахон, нисфи компанияи мобилии ЗАЙН ТЕЛЕКОМи араби ва хонахову касрхо дар шахрхои чахон будаст!
    Акнун шумо он касреро мебинед ки насиби у гаштааст! Ин ъибратест ба хар яки мо!)



воскресенье, 16 октября 2016 г.

Окибати бидъат залолат аст!

        Дар замони подшоҳии Абдулаҳадхон дар яке аз масоҷиди Бухоро хатиби ҷавоне зоҳир бишуд, ки хутбаи вай мардумро ба гиря медаровард. Овозаи шуҳрати ин хатиби ҷавон ба Абдулаҳадхон расид ва ба он масҷид рафт ва дар яке аз хутбаҳояш иштирок кард. 
    Абдулаҳадхон ба ҳаракатҳои хатиби ҷавон диққат медод, ки ҳар боре номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонро мегирифт салавот мефиристод ва пояшро сахт ба замин мезад. Чун мардум аз хутбаи балиғи он ҷавон мутаасир шуда буданд Абдулаҳадхон нахост, то он ҳолатро халалдор бисозад. 
    Аз ин рӯ, то охири хутба нишаст ва баъд аз масҷид баромаданаш дастур дод, то дар назди масҷид дореро бардоранд ва фардо дар онҷо аз он хатиб хутба бихонад. Ду кори Абдулаҳадхон мардумро ба ҳайрат даровард; яке мукофот надоданаш ба хатиб ва дуввумаш бардоштани дор. 
      Бо вуҷуди ин касе чизе нагуфт ва фардо дар вақти муқараршуда Абдулаҳадхон ба он масҷид омад ва хатиби ҷавон ба хутба хондан оғоз кард. Дар ин асно, Абдулаҳадхон дастур дод, то вайро аз минбар поён бикунанд ва мӯзаашро аз пояш бикашанд. Ҳангоме мӯзаашро аз по кашиданд дар дохили мӯза дар зери суми пояш варақеро пайдо карданд, ки дар он номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва халифаҳояш навишта шуда буд.

     Баъди таҳқиқ маълум гардид, ки хатиби мазкур аз яҳудиёни Бухоро буда барои душманӣ, ва таҳқир кардани дини Ислом мадраса хонда ва хатиб шудааст. Амир дастур дод, то он хатиби яҳудӣ дар он дори фармудааш дор кашида шуд. Чун инро мардум мушоҳада карданд дар байни худ гуфтанд, ки амир каромот дошта будааст ва бо каромот макри яҳудиро кашф кардааст. Аммо Абдулаҳадхон ба мардум рӯ оварду гуфт:
    -Ман соҳиби каромот намебошам, вале вақте мушоҳада кардаам, ки ҳангоми зикри номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пояшро ба замин сахт мезанад донистам, ки ин мусулмон намебошад. Бо вуҷуди ин чун суханонаш дирӯз ба шумо сахт таъсир карда буданд чизе нагуфтам ва ошкор кардани ҳолашро ба имрӯз гузоштам. 
    Пеш аз марг яхуди қоил шудааст ки инак муддати дуру дароз аст ки якчанд яхудихо дар тамоми Амороти Бухорову Самарканд ба ин кор машғул буданд. Яхудиёне Бухоро мехостаанд то мусалмонон аз асли Ислом дур шаванд, бидъату хурофоту бофтаҳоро пайрав гарданд на Қурьону Суннати Набавиро ва баъзан ба ин мақсадашон расидаанд.
    -Мо он қадар бидъату хурофотро дар байни Мусалмонон паҳн кардаем ки то рузи киёмат ба шумо басандааст! Шумо он бидъатҳоро аз Ислом аст гуфта қабул намудаед!- гуфтааст он яхуди пеш аз маргаш. 
   (Ин ҳикояи воқеъӣст ва он ба мо аз тариқи Махдуми Маҷид аз падараш эшони Уроқ, ки шоҳиди он будаанд, расидааст.) 
  
      Ъибрат::
      Дар асл дар миёни мардумони мо душманони Ислом зиёд бидъату ҳатто аъмоли куфрро паҳн сохтаанд, ки аз Ислом нест. Аммо мо аз Қурьону Суннати Набави ҳеч далели аз Ислом будани он бидъату хурофотҳоро ҳатто наёбем ҳам баъзан бепарво чунин бидъату хурофоту бофтаҳоро пайрав мегардем! 
       Мисоли якчандтои ингуна бидъатҳо: 
    -рафтан сари қубури азизони Худо ба нийяти пурсидани ҳочату кушоиши мушкили ё пурсидани шифо, дигар мисол чун барои мурдагон СЕ Ҳафт Чил Сол гуфта зиёфат додан,  дигар мисол зикр мекунем гуфта рақсу бози ё бардошта задани хеш, дигар мисолҳои зиёди бидъату ҳатто щирки! 
     Аз ҳамин сабаб мо Мусалмононро мебояд он тоъату ъибодату зикр ва аъмолеро пайрав гардем, ки аз Қурьону Суннати Набави таъкид гаштаасту дар он ихтилофи назаре нест!
    Ва илло бепарво аз он аъмоле, ки дар он ихтилофу ҳатто хатари щирк аст пайрав гардем Рузи Маҳшар аз он ъамалкардаҳо пушаймон хоҳем гашт!
  Чун он аъмоле, ки аз Ислом нест дар рузи Чазо «мардуд» хоҳад буд!

Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

понедельник, 10 октября 2016 г.

Вой бар холат гар «халок» шуди!




Воооой бар ҳолат гар  «ҳалок»  шуди!
      Азбаски зиёди мо гумон дорем, ки «ҳалок шудам» гуфтани зиёди мардумони пеш ҳамон «ман мурдам»  гуфтан аст. Аммо дар асл  «ҳалок шудан» ин гуфтани он аст, ки назди Холиқам (ҷ.ҷ.) шармандаву расво хоҳам гашт. Чун мурдан ҳамаро шарт аст ва ҳақ аст- аммо «ҳалок гаштан», шармандаву расво гаштани  «рузи ҷазо» чи бас сахту вазнину аламовар аст!
    Сабаби ин навиштаҳоям чист?  Ҳодисаест, ки болои як нафаре омада буду  дар асл  у «ҳалок гашт»:
        Як марди арақхуру фасодкор, марди бетоъату аз дин дур дар яке аз нохияхо рузе бемор шуд. Чун назди табибон меравад ва шикоят аз дарди сахт аз паҳлуи ишкамаш менамояд ба у мефармоянд рафта «анализ» супорад. Пас аз супоридани ҳама анализҳо ва рентгену дигару дигар он духтуре, ки дар беморхонаи ноҳия уро муоина мекард ба бемор гуфт, ки:
    - Ако! Шуморо ҷигаратон сахт бемор аст. Ин ҳамон бемориест, ки гар арақ хуред, хуроки сахт хуред, фалон фалон хурокҳо хуред зуд аст шуморо аз пой афтонад. Бояд ки табобат гиреду пархез намоед!
   - Доктор шумо росташро гуед, ки ин чи бемори аст. Маро натарсонед, беҳтараш росташро гуед!- мегуяд ин бемор.
    - Чунин беморон аз 3-4 моҳ то як сол умр мебинанду халос. Гар он арақу хурокҳои гуфтаамро бепарво хуред на зиёдтар аз он 2-3 моҳ зиндаги хоҳед кард. Шумо бояд дар беморхона хобеду муолиҷа гиред.- мефармоя духтур.
    Бемор ваъда медихад, ки рафта дар хона маслиҳат карда ба беморхона мехобад. Аммо дар асл у ба касе ҳарфе дар ин бора нагуфта рафта як муддат дар хонааш хоб мекунад. У баъзе доруҳое, ки духтур гуфта буд мехурду дар фикри он буд ки тавба карда дар ин фурсати кутоҳ тоъату ъибодат намояд. У дарк мекунад, ки сари вақт аст тоъату ъибодати зиёд намояд- то рузи «ҳисобу китоб» назди Худованд шармандаву расво нагардад.
   У назди ҳамсояаш, ки муллои деҳа буд рафта роҳи тавбаву истиғфор ва тоъату ъибодат пурсид. Аз ҳамон рузҳо сар карда у тавба карду ҳамаруза дар паҳлуи он домулло намоз сар кард. Ҳама  наздикону ҳамсоягон аз ин дигаргуни ҳайрону хурсанд гашта будаанд. Чун баъзан ин одам дар ҳолати масти бо ҳамсояҳову роҳгузарҳо дасти ба гиребон мегашт, дар кучаҳо ифлос хобаш мебурд, аз танаш буи ғализе меомад.
    Ҳарчанд  уро пурсанд у ба касе асли воқеаро намегуфт. Дар муддати 1-2 мох у пурра дигар гашту беҳтарин инсон гашт. У ҳатто зану фарзандонро акнун насиҳату васийят мекард то намоз хонанд, руза гиранд,аз моли дошта каме бошад ҳам хайр намоянд, хешу таборон ва наздиконро хабаргири раванд. Чун моҳи шарифи Рамазон омада буд у аввалин маротиба дар ин чанд сол руза гирифт ва он моҳ зиёд тоъату ъибодат кард.
     Ҳама  аз ин ъамалҳои ин бародар зиёд хурсанд буданд ғайри як дусти «ҳамшишааш»! У ҳар  ду се руз пас омада мехост беморро бо худ ба ноҳия ба арақхури бубарад- аммо ҳар дафъа бемор барьакс уро насиҳат мекарду мехост у низ тавба карда тоъату ъибодат намояд ва аз он феълу рафтори бадаш даст кашад.
    Як руз аз шаҳр як ҷураи замони кудакиашон  меҳмон шуда меояд. У ки худ арақхур буд замоне, ки зиёд ҷураашро даъват мекунад арақ хурад у рози намешавад. Ин одам ки каме пулдору молдор шуда буд маҷбур мекунад то асли воқеаро ба у гуяд. Чун у аз забони худи дусташ  мешунавад, ки у сахт бемор аст рузи дигар маҷбур карда уро ба шаҳр бурд то дар беморхона хобонад.
    Аз асли воқеъа зану фарзандони бемор ҳам хабардор гаштанд, аммо онҳоро бо худ набурданду ваъда доданд то занг мезананду ягон чиз даркор шавад гирифта биёранд.
    Духтурони шаҳр муоина карда мебинанд, ки дар асл ҷигари ин бемор каме сиҳат гаштаасту зарурияти хобондан нест. Уро  баъзе  дору навишта ҷавоб медиханд. Ин дусти кудаки аз духтурон мешунавад, ки  шояд он духтури  ноҳия буда «диагнози хато» дода будаасту ҷигари у чунин бемории сахту вазнин набудааст.  Чун нишонаҳое, ки пеш дар ҷигари у дида мешуд пас аз 2-3 моҳи аз арақу ҳаромкардаҳо даст кашидан, руза доштан тоза гашта аз байн рафта буд.
    Акнун ин «ҷура» (дар асл душмани ҷони) уро маҷбур мекунад то сиҳат шуданашро «шуянд»!  ҳарчанд  бемор рози нашавад ҳам ин ҷура «руи хотири ман», «сахт меранҷам», «як қадаҳ хур тамом» гуфта уро як тарабхона бурда  оқибат арақ медиҳад. Вакте як қадаҳ ки хурда шуд аз пасаш дуюму сеюм ҳам, шишаи дуюму сеюму чаҳорум холи мешавад. Дустон дар ҳолати сахт масти дар даст шишаҳои дигар бо таксие ба деҳа равон мешаванд.
    Ҳангоми  роҳ  беморро дилаш беҳузур шуд. Дар наздикии деҳа дусташ мошинро дошту ин бемор ҳама хурдаашро қай кард. Аммо чун онҳо ба ҷои хурок арақ  хурда буданд бемор хун қай мекард. Якчанд мошини ҳамдеҳаҳо ин аҳволро дида меистанд ва мехоҳанд зуд уро ба беморхона баранд- чун у аз ҳуш рафта буд. Аммо як ҳамдеҳа, ки худ духтур буд дид, ки у дар асл мурдааст.
    Чи ҳолати нангину шармандасоз!  У мурдааст, у ҳалок гаштааст! Чун ин якчанд моҳ беҳтарин инсон гашта буд, бандагии шайтонро партофта бандаи Худованд гашта буд. Аммо аз пушти чунин «дусти аз душман бадтар» бо чунин аҳвол вафот кард. Дусташ уро мегуфт, ки «ҳоло фурсати тавба кардан меёби» «фурасти намоз хондан меёби» «ъумри зиёд мебини»- аммо дар асл ъумри уро якчанд соате буду бас.
     Гар бо ҳамон аҳволи неку тоъату ъибодат вафот мекард барояш беҳтару авло буд – аммо бо сабаби дусти бад у вафот карду «ҳалок гашт»! Чунин дустон аз душман ҳам бадтаранд. Акнун аҳволи зану фарзандони беморро худ тасаввур намоед ки оё ба шунида бовар мекунанд ё не! Охир у сиҳату саломат гашта буду аз дарде шикоят намекард.
    Онҳо бовар намекарданд, ки у дар ҳолати сахт масти вафот карда буд. Чунки у тавба карда руй ба тоъату ъибодат оварда буд- аммо дар асл он «бемории куҳна»-аш яъне арақхури сабаби маргаш гашт!
    Дигар сабаби ин навиштаҳоям пас аз ин қисса ин аст ки мехохам ба бародарону хоҳарони Имониам муроҷиат намоям! Чун замоне, ки моро Худованд бародару хоҳар эълон намуд ҳеҷ як бандае ҳуқуқ  надорад аз тарзи зиндагиву бетоъатии  дигар бародару хоҳараш бепарво бошад!
     Бародарону хоҳарони Имониам! Имрузҳову соатҳо барои мо  рузи ҷамъоварии ҳосили ъамал аст, имруз рузу соатест ки мо метавонем «тушаи охират» гирд оварем, тавба намоем, имруз ҳоло фурсат ҳаст аъмоли хайру некии зиёд намоем - то фардо он рузи «ҷазо» он рузи «ҳисобу китоб» ҳалок нагардем! Ҳар  рузу соат ғанимат аст барои мо- чун гумон аст «фардо» бошад бароямон ё хайр?!
            Муаллиф:       Садриддин
                                    12.07.14с.
     )))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))
       ъИбрат:
      Бародарону хоҳарони Имони! Ин қиссае ки ҳақиқат дорад бояд ъибрат бар нафароне бошад ки гумон доранд ҳоло фурсати зиёд доранд то замони пири руй ба тоъату ъибодат меоранд ва аз аъмоли баду ҳаромкардаҳои Илоҳи даст мекашанд. Чун зиёданд чунин ҳолатҳое, ки нафарони арақхуру маводи мухаддир кашанда, зинокорон бо чунин аҳволи нангин вафот мекунанд. Чи нангин аст чунин мурдан!?
    Дар асл сабаби зиёди аввалин маротиба арақ  хурдан, сигор кашидан, бангу маводи мухаддир кашидани мардумон ҳамон «ҷураҳо»-янд ки дар асл душмани ҷону имони ин нафарон гаштаанд. Дар баъзе хабарҳо «руи хотири» ин ёру дустони Шайтонсиришт сабаби даст ба ъамалҳои нангин задан, дузди кардан, зино кардан, арақу маводи мухаддир истеъмол намудан мегарданд.
      Чун ҳамаруза мешунавем, ки чунин ёру ҷураҳо сабаби зиндони гаштани фарзандон, аракқуру наркоман гаштани фарзандон, фоҳиша гаштани духтарон, дар ҳолати мастиву сузандору дар вена мурдани фарзандони мо мусалмонон гаштаанд! Пас ана он замон мо пушаймон хоҳем гашт аз он ки аз чунин ёру ҷураву дугона фарзандони хешро эҳтиёт накардем.
    Мо рузе аз он пушаймон хоҳем гашт, ки аз кудакиву навҷавони ин фарзандони худро раҳм накардему рузе худ низ раҳм нахохем дид! Чун аз фарзанде, ки ба роҳи фисқу фучур ва роҳҳои бад қадам монд неки нахоҳи дид!
      Чунончи аз Муҳаммад ибни Салом нақл шуда, ки гуфтааст:  «Умар ибни Хаттоб (р) мардеро ба коре таъйин кард. Он мард Умар ибни Хаттоб (р)-ро дид, ки кӯдаки хешро мебӯсад, пас ба ӯ гуфт:
   - «Оё ту дар ҳоле ки амири мӯъминон мебошӣ, он кӯдакро мебӯсӣ? Агар ман ба
ҷои ту мебудам, чунин кореро намекардам».
    Умар ибни Хаттоб (р) гуфт:
    - «Раҳму шафқат аз қалби ту бардошта шуда бошад,гуноҳи ман чист? Бегумон, Худованд афроде аз бандагони Худро мавриди раҳмату мағфират қарор медиҳад, ки нисбат бар дигарон раҳму шафқат дошта бошанд».
    Аз ин рӯ, Умар ибни Хаттоб (р) он мардро аз кор барканор карда гуфт:
   - «Ту, ки ба фарзанди худ раҳм намекунӣ , пас чӣ гуна ба мардум раҳм мекунӣ ?».

      Чун мо падару модарон бояд ба фарзандон ёру дусте интихоб намоем ва ё иҷозат диҳем дуст гиранд, ки чунин феълу рафтори баду «ҳалоккунанда» надошта бошанд! Гар мо худ парвои он надошта бошем, ки фарзандони мо ба чи кор машғуланд касе ғами онҳоро нахохад хурд!
      Аммо замона бахона гаштааст, зиндаги бахона гаштааст, кору бор бахона гаштааст, ки зиёди бандагони Худо гуиё барои тарбияи фарзандон вақт намеёфта бошанд. Ин волидайн замоне аз фарзанди хеш ёд мекунанд, ки ба ягон ҷинояте ба даст афтад, аз зино хомила гардад, зиндони гардад ва ё шармандаашон намояд! Аммо он рузу соат пушаймониро чи суд?
    Абуҳурайра (р.а) ривоят кардаанд ки :  «Расули Худо(с) нақл фармудаанд:
    -«Мегӯянд, ҳангоме ки ду зан ҳамроҳи писарони худ дар сахрое будаанд, ногаҳон гурге омаду яке аз он ду писаронро рабуд. (Ҳар як аз ин ду зан даъво бар ин мекард, ки гург писари дигареро бурдааст).
     Саранҷом даъворо пеши Довуд (а) оварданд.  Довуд (а)ба сӯи зани бузургтар ҳукм кард ва писарро ба ӯ дод. Сипас вақте аз он  ҷой  хориҷ мешуданд,Сулаймон (а), ки хурдсол буд ононро садо зада боздошту, гуфт:
   - «Корде бароям биёред, то ин писарро ду нисф кунам ва ҳар нисферо ба яке аз ин ду зан бидиҳам».
  Дар ин ҳол зани хурдтар меҳри модари дар дилаш ҷуш зад ва билофосила гуфт:
  - «Худованд туро саломату мавриди мағфират бидорад! Ӯро ду нисф макун, писари ин
зан мебошад».
    Пас Сулаймон (а) ба фоидаи зани хурдӣ ҳукм карду писарро ба ӯ дод». Чун он зан ҳакикат модари он кудак буд ва меҳри модари дар синааш ҷуш заду ба хулосае омад ки «беҳ бошад ин фарзандам зинда монад дар дасти он зан- аз он ки ду нисфаш кунанду бимирад»!
  
     Бубинед, ки модар ба чи тайёр аст аз барои фарзанд. Хушо бар ҳоли он занони пешин. Аммо баъзеи занони ин замони мо дар тамошои сериалу филмхои бадахлоқи сахт банд гашта, дар фикри моли дунё зиёд банд гашта парвои онро надоранд кудаконашон ба чи кор машғул бошанд.
     Замоне ки ин кудакон ё навҷавонон аввалин пулу ашёеро ба хона оранд ин падару модар ҳатто намепурсанд аз куҷо инро ёфтааст! Замоне, ки писару духтар шаб ба хона наомад, ё дар ҳолати масти омад, ё аввалин дузди карду ба даст афтод инҳо тайёранд фарзандони худро дастгири намоянд!
     Аммо дар асл он шабу рузи кудакиву навҷавони ин фарзандон аввалин таҳкурсии зиндагии ояндаро барои худ тайёр хоҳанд кард. Дар асл гар дусти хуб ба худ интихоб намуд ва ё волидайн барояш интихоб намуд Ин Шо Аллоҳ оқибаташ нек хоҳад шуд. ва  илло гар бо дусти бад, дасташ қалб, сигоркаш, беҳудагард ки дусти кард оқибат худу волидайнро шармандаву расво хоҳанд кард!
          Ёри бад бадтар бувад аз мори бад.
          То тавон
ӣ бигурез аз ёри бад!
              Саъди Шерозии бузург  мегўяд:
Гиле  хушбўй дар ҳаммом рўзе,
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам,
Бад-ў гуфтам, ки «Мушки ё абири,
Ки аз бўи диловези ту мастам?»
Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,
Ва лекин муддате бо гул нишастам,
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.
        Бузургон монанд ба ин шер чи зебо моро насиҳати падарона кардаанд:
     «Ҳамнишини (дусти)  солиҳ чун атрфурӯш аст, ки агар атри хеш ба ту надиҳад, дар ту овезад (буи хушаш дар либосу димоғи ту бимонад ) ва ҳамнишини бад чун оҳангар аст, ки агар шарораи оташаш ба ту нарасад ҳам, бӯи бадаш озорат медиҳад.
      Ин шеъру ин насихатҳо як маъни доранд, ки:
   - гар дусту ҳамнишини нек интихоб намои гар худ олиму доно нагарди ҳам баъзе феълу атвори нек туро ҳам пайдо гарданд, чуноне ки дукони аттор медароиву атр намехари вале буи форами атраш дар либосу димоғат боқи хоҳад монд. Дусти нек бо феълу атвори нек туро ба суи аъмоли нек бибарад!
    Аммо дусту ҳамнишини бад чун оҳангархонаест, ки даромади аз алангаи оташи он шояд либосат сурох гардад ва агар сурох ҳам нагардад буи ғализе дар тану димоғат боқи хоҳад монд! Дусту ҳамнишини баду арақхуру зинокор хар ъамали баде ки карданд дар ту ҳам осори он бимонад. Гар худ ҳам чунин аъмол надори –аммо рузе уро пайрав хоҳи гашт!
      Дар мавриди қиссаи болои шахсан худам ба наздики шоҳиди чунин ҳодисае гашта будам. Як дустам рузе илтимос намуд то мошини микроавтобус ёбем. У гуфт, ки амакам дар Москва мурдаасту уро ин шаб меоранд. Чун он шаб тобутро қабул карда ба деҳа мебурдем як нафаре, ки бо мурда ҳамроҳ буд нақл кард ки:
    - Акаи Диловарро мо як моҳ зиёд табобат кардем то дигар арақ нахурад. Чун маст шуда дар кучаҳо мехобид, ҷангу ҷанҷол мекард, ҳуҷчатҳояшро гум кард. У парвои хонаву зану фарзандон дигар надошт.  Аз рузе, ки сиҳат шуда ба кор баромада буду қариб бист руз арақ  намехурд. Аммо як чураи наздикаш аз Душанбе омаду онҳо шаб бедарак гаштанд.
    Рузи дигар мурдаи акаи Диловарро аз истгоҳ меёбанд. Онхо шаби дароз арақ хурда будаанд. Он дусташ замоне мебинад ки у мурдааст  тарсида гурехта нопадид мегардад. Мо уро наёфтем ва аз ҳама тоҷикон пул ҷамъ карда тобути акаи Диловарро ба Душанбе овардем. Дар МОРГ гуфтаанд ки дили у кафидааст!
    Боз ҳам дусти аз душмани ашадди бадтар кори ифлоси худро кардааст. Чун уст сабабгори ин ҳодиса.  Аммо чунин хабарҳо кам нестанд. Замоне баъзеҳо  чавону бозуманданд  гумон доранд арақ  хурда зино карда гарданд ва танҳо дар пири тавба намоянд.  Чун  ба пири расанд дигар он Шайтони лаъин онҳоро раҳо нахоҳад кард!
    Аллохи Мутаъол дар Каломаш мо бандагонро мефармояд:
      - «Шайтон, ба таҳқик, душмани шумост. Уро душман гиред. Албатта, у фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дузахиён бошанд. »(Сураи Тағобун ояти 14).
        Аммо бар ононе, ки гумон доранд ҳоло фурсати зиёд доранд, гумон доранд аз марг мегурезанд, бепарво араку ҳаромкардаҳо мехуранд, зино мекунанд ин киссаҳо беҳтарин панд аст. Чун маълум аст, ки аз марг раҳои нест. Рузу соат ки омад чи ҷавону чи пир ҳама яко як хоҳанд мурд. Шояд шумо имрузхо худ ҷанозаҳоро мебинед, ки пиру ҷавонон яке паси дигар савори «маркаби чубин» ба кабристон раҳсипоранд!
    Аммо аз марг  гурехтан мумкин набошад ҳам- аз Ҷаҳаннами Сузон раҳои ёфтан мумкин. Чи тарз? Бо тоъату ъибодату хайру саховат ва аъмоли хайр метавон аз Ҷаҳаннам раҳои ёфт. Бо хондану аз худ кардани Қурьон, рузаҳои фарзиву нафли метавон оташи Ҷаҳаннамро бар тани худ ҳаром кард.
      Лек афсус ин замони мо мардум ба овозае ки гуиё фардо заминҷунбии сахте мешавад бовар карда ҳама зану мард ба хунукиву гарми нигоҳ накарда ба кучаҳо мебароянд. Дигар мардумон хабари селу офат аз дигар кишварро шунида худ зиёд тайёри мебинанд.  Баъзеҳо овозаи дуруғине ки гуиё аз осмон «метеорит» мерезад бовар мекунанд. Овозаҳое, ки зимистон барфи сахти зиёд мебораду яхбандии сахт мешавад бовари доранд.
    Ҳол  он, ки зиёди овозаҳо дуруғ аст, селу обхези шавад ҳам шояд хонаву маҳаллаву шаҳри онҳоро нарасад, метеорит резад ҳам дар шаҳру мамлакати мо нарезад. Баъзе овозаҳои дуруғину хандаоваре низ ҳаст ки ин мардум ба он даррав бовар мекунанд.
     Аммо он ки рузе марг хоҳад омад 100% рост аст! Лек имруз  фалонию яке рузи дигар мо ҳам хоҳем мурд гуиё баъзеҳо бовар надоранд, ва ё гумонашон 100 сол ъумр медида бошанд. Чун ҳамаруза дар асл зиёд ҷавонон мемиранд, баъзе пирони бетоъату беъибодат мемиранд, баъзехо дар ҳолати мастиву кашидани маводи мухаддир мемиранд. Инро мо худ бо чашми сар мебинем- аммо афсус бар зиёди мардумон ъибрат намегардад. Инҳоянд «ҳалокгашта» назди Холиқи Арзу Само!
    Ҳар  ки ақл дорад,оқил аст онҳоро зиёд ҳарфу далел зарур нест- аммо баъзе нафароне ки худро донову боақл медонанду бепарво руй ба зинову хурдани ҳаромкардаҳо меоранд, аз тоъату ъибодату аъмоли хайр дуранд сохибАқл нестанд. Чун гар соҳибақл мебуданд медонистанд, ки рузе албатта ё дар ҷавони ва ё миёнасоливу пири мемиранд ва фардо рузи қиёмат зинда гардонида хоҳанд шуд!
    Пас он рузу соат дигар ъамал нест –пурсиш асту халос. Ин тоифа мардум, ки бо худ танҳо бадиҳову беХудогиҳо туша доранд он рузу соат «ҳалок» хоҳанд шуд, шармандаву расво хоҳанд шуд дар назди Худованд!
       
   Худованд ҳар яки моро аз «ҳалоку шармандаву расво» гаштан дар рузи «ҶАЗО» эмин бидорад ва моро растагору хушнуд «Рузи ҳисобу Китоб»  дохили Ҷаннати Пурнозу Неъматаш гардонад!

  
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед: https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0