Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 25 апреля 2016 г.

Аз 3 писари "беномус"-а 1 духтари "бонанг" бехтар аст!



        Аз 3 писари «беномуса» 1 духтари «бонанг» бехтар аст!
     Худованд сафи чунин духтарону фарзандони  «Худотарс»-у боЭмонро зиёда гардонад дар ин чомеъаи имрузаи пур аз «фиску фасод»-и мо. Хакикат аз се писари бенангу номуса 1 духтаре ки карзи падарро ба ухда гирифт бехтар аст. Ин ходисае ки дар шимоли Точикистон шуда гузашту мо худ шохиди он чаноза будем якчанд соле пеш. Мехостам бар шумо хам онро расонам то бар зиёдихо «дарси ъибрат» шавад!
   Намози пешинхони мерафтем ки дар даромади масчид бинем пур аз мардоне ки намоз намехонданду аммо тобутеро гуиё «посбони» мекарданд то он майит «нагурезад». Як дустамон гуфт ки падари фалони мурдааст:
   - хо писари калониаш аз хорича мошин меорад ку. Дуюм писараш дар бозор магозаи хуроквори дорад. Сеюмиаш шахрвандии Россия дораду холо баргаштааст ва  дар чаноза иштирок дорад!- мегуфт он дусти мо.
   Хело хуб! Се писари «номдор» дошта бошад ин майит мо гумон кардем хакикат онхо «номбардори» падар будагистанд. Аммо афсусс…
   Пас аз пешинхони бинем хамон 3-4 нафаре ки чомахо ба бар доштанду миёнашон бастаги –аммо чун мехмоне аз як тараф чанозахононро тамошо мекарданд. Хангоме ки чанозаро пеш оварданд он се писар мумкин аз шарми мо бошад дар миёнаи сафи сеюм дохил шуданд(аммо намози пешин нахонданд).
    Хангоме ки домулло мавъиза мекард мо гумонамон ана домулло пурсад ки карзи падарро ки ба ухда мегирад ин се нафар  байни хам мусобика мекунанд ки «ман ба ухда мегирам», «не ман писари калониам ман ба ухда мегирам», «ё ман бо падар мезистам –ман ба ухда мегирам»- - аммо гумонхои хато!
  - Болои хар як банда ду карз аст: пас карзе ки аз намозу рузаю соири ъибодот ки ин майит дошта бошад дуъо мекунем то Худованд «fафуру рахим» аст мебахшад- аммо аз муомилаи «бандаги»  ягон карзе монда бошад ки ба ухда мегирад?- пурсид домло.
   Хама хомуш. Домуло ин тараф он тараф писархои майитро мекофт - аммо онон гуиё «баjошавак» дошта бошанд миёни мардум  пинхону хомуш. Ногох аз беруни масчид (назди дар) як зане овоз баланд кард:
 - ман ба ухда мегирам! Ман хама карзхои падарро ба ухда мегирам гар бо шохид биёянд.
    Мардум хама хайрон шуданд. Аммо домулло вакти моро нагирифту чанозаро хонд ва мо хар ки ба корхои худ парешон шудем. Лек то якчанд руз хамин чанозаро ёд мекардем. Як руз хамон дустамон ки фарзандони майитро мешинохт боз наздамон омаду накл кард:
   - Маълум шуд ки майит зиёда аз  10 000 доллар карзаш будааст. Хангоме ки сохибони карз омадаанд он духтар гуфтааст ки: гар вакт дихед ман кор карда карзатонро медихам. Ё ки мана ман нав 18 солаам- гар хохед зани дуюми шумо мешавам ва чун канизак хизмататонро мекунам то карзи падарро бубахшед.
   Он марде ки сохиби карз буд хуб Эмондор будааст- аз чунин муомилаи он духтар хайрон шудааст ва гуфтааст:
  - Духтарам! Ман туро зани дуюм не – келин карда ба писари хурдиам медихам гар рози шави! Ман чунин духтари бонангу номусу боЭмонро  аз кучо меёбам ин замон. Аз хамон бародаронеат ки «бенангу беномус» будаанд ту хазор маротиба хубтар хасти духтарам. Хамин хафта туй мекунему ту дигар миёни ин «беномусхо» наист ва хонаи ман гузар!
    Аз он руз инчониб бо он се писари «беномус» зиёди нафароне ки тичорат доштаанд чудо шудаанд. Маълум шуд ки он писархо «занкалон» будаанд ва дар хонахояшон пулу молашон дар дасти занхояшон будааст. Дигар ин ки хонае ки дар он писари калони зиндаги мекардааст ба номи тагояшон будааст. Он таго бо суд уро аз он хона пеш кардааст ва хостаст хонаро ба он духтари «баномус» дихад- аммо хусури духтар зид баромадааст.
    Зани он писари миёнаги бо пули шавхар як автомашинаи БМВ –и кимматбахое харидаасту бо дугонахояш шабона ба дискотека «мошиншуи» рафтааст! У  нимаи шаб хангоми баргашт дар холати масти ба сутуме бархурда мурдааст. Маълум шудааст ки танхо як кисми пули мошинро он зан дода ваъда карда будааст ки 1-2 хафта пас аз бонк карз гирифта бокимондаашро медихад. Акнун ин карз ба ухдаи шавхари «беномус»-и «дайюс» монд! Харчанд ин ходиса соле пас шуда бошад хам маълум аст Худованд сазои чунин фарзандро бо чунин рох додааст.
    Хулас он се писар пас аз ин чаноза «беобурую шарманда» шудаанду пушаймон. Аммо аз чунин пушаймони чи суд!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
     Имрузхо сафи фарзандоне ки аз холи волидайн бехабаранд, ба волидайн хизмат намекунанд,  волидайнро ба хонахои пиронсолон месупоранд ва f. руз ба руз зиёд шуда истодааст. Гар 10-20 сол пеш мо аз зиндагии мардуми Аврупову Амрико ки волидайни худро дар соле 1 маротиба хабар мегиранд, ба волидайн хизмат намекунанд, волидайнро ба хонахои пиронсолон месупоранд мешунавидему хайрон мешудем- акнун имрузхо хамон хабархоро аз баъзе мардумони «бенангу номус»-и худ мешунавем.
    Пас донем ки таклиде ки ин фарзандон  ба он Аврупоихову Амрикоихо мекунанд дар холи авч гирифтан аст. Чун хакикати хол он аст ки як замон гар буданд чунин хабархо ки фалони волидайнро «бехонаву дар»  кардааст,  фалони волидайнро ба хонаи пиронсолон супоридааст ва дигару дигар-  он хам танхо ё наркоманхо ва ё аркаголикхое буданд. Аммо имруз зиёданд ходисахое ки баъзе «пулдорону» «вазифадорон» ва солимхо ба волидайн зулм мекунанд, аз ахволи онон бехабаранд, волидайнро бурда ба хонахои пиронсолон месупоранд. Пас ин чомеъаро чи интизор аст?
    Ривоят мекунанд,ки марде назди Паёмбари Худо (с.а.с) омаду гуфт:
Эй Расули худо! Ман  сохиби молу аёлам ва падарам мехохад,ки моли маро аз ман бигирад.
Паёмбар (с.а.в.с) ба у гуфт:
-Ту ва молат азони падарат хастед!   
      (Ибни  Моджах 2291 аз кавли  Джобир  ибни Абдуллох;  ат-Табарони дар  «Муъджам аль-Кабир» 6961 аз кавли  Самур  ва ибни Масъуд,  «Муъджам аль-Аусат» 57аз кавли  Ибни  Масъуд)
    Тибки ин хадиси муборак хар он моле ки фарзанд дорад падар метавонад сарф намояд.  Чун хамин падар сабаби пайдоиши он фарзанд буд, уро тарбия кард, уро ному насаб дод. Пас «ризои волидайн- ризои Аллох аст»!  Гар падар карздор бимурд бар гардани фарзанд адои карзи уст то Худованд аз чунин фарзанд ризо бошад.
  Хамзамон Паёмбари Худо (с.а.в.с) боз кайд кардаанд ки:
 - «Бо фарзандон неку рафтор кунед»! -  яъне ба фарзандон тарбияи нек дихед, аз халолу харомкардахои Худованд бохабарашон кунед, аъмоли хайру бадро ба онон расонед, аз Ислому Эмон онхоро омухонед.  Чун маълум аст ки Ислом ба фарзанд неки кардан ба волидайнро «фарз» гардонидааст.
     Гар фарзанд аз Ислом бохабар бошаду пайрав бошад хеч гох ба волидайн зулм намекунад ва дар паи некуихо кардан бар онон мешавад. Таърихи хазорсола худ гувох аст ки бузургони мо аз хизмати волидайн ба чи «мартаба»-хо расидаанд. Ва илло ин зиндагии «дуньяви» ва «демократи» фарзандонро сохибхукуки озод аз хизмати волидайн мехисобад. Чун мардуми мо аз Амрикову Аврипои «дуньяви» таклид сар карданд-  окибат волидайн зулм диданд, фахшу бешарми авч гирифт, беИмону беХудогиро зиёдихо пеша карданд. Ва окибат мебинем ки баъзе волидайнро ба пирхонахо супориданд ва ё аз хона берун карданд.
   !! Як модаре накл мекард ки пас аз марги шавхар танхо писарашро калон кард, хононд, хонадор кард. Аммо афсус аз рузхои аввале ки писар зандор шуд у тамоман дигар шуд. Рузхое мешуд ки писар аз модар худро дур мегирифт ва аз  сухбат мегурехт. Вакте ки писар дуюм фарзанддор шуд гуиё хона барои ин модар танг шуд ва ба у як хонаи «коммуналка» харида аз худ чудо карданд. Аммо аз бахри хурсандии фарзанд ин модар хама вазниниро токат кард. Рузе шуд ки ин келине ки сабаби аз фарзанд чудо шудани модар шуд хангоми «зино» бо марде ба даст афтод.
    Акнун писар дарк кард ки чи зулме ба модар кардааст аз паи ин зани «беХудо»-ву «бешарму хаё» !  Писар фарзандони худро аз он зан гирифту занро зада пеш кард ва модарро баргардонид. Акнун ин модар ба замми ин кадар «бехурматихо» боз аз нав ба ин наберагон модар шуд. Хамон тавре ки фарзанд тарбия мекард инхоро хам тарбияи неке кард- аммо ин маротиба ба ин наберагон аз Ислому Эмон хам тарбияи хубе  дод.
    Чун он 1-2 соле ки ин модар танхо монд танхо Аллох хамроху хамрози у шуд, ёрдамчиву fамгусори у шуд, маслихатчиву мададгори у шуд. Хамин ишки Аллох буд ки модар даст ба худкуши назад, зинокор нашуд, аз зиндаги безор нашуд. У дарк кард ки хама тарбияи додааш ба фарзанди ягонааш як су- тарбияи Исломиву Эмоние ки аз он бенасиб монд як су будааст. Гар ин фарзандро аз Ислому Эмон ки тарбия медод хеч гох аз фарзанд хори намедид. Акнун у мехост наберагонро дар катори ъилми дуняви -  ъилми Исломи омузонад то замони пири аз онон хори набинад.
     Мумкин ки ин падари майите ки дар аввал накл кардем ба ин фарзандон тарбияи дунявии «беХудоги» дода буд ки дар тобут шармандааш карданд.  Чун ин фарзандон аз Худову Расулаш ки бохабар ки мешуданд хеч гох ба ин ъамал даст намезаданд ва карзи падарро ба ухда мегирифтанд.
     Дигар ин ки ин фарзандон пеш аз чаноза барои ин карз бахси зиёде кардаанд ки он духтари «баномус» мачбур шуд ба масчид биёяд ва карзро ба ухда гирад. Он духтар ягона фарзандест ки дар хакикат аз Ислом хабардор будааст ва медонистааст ки гар падар бо карзи одами  ба гур супорида шаваду карзро касе ба ухда нагирад у бахшида нахохад шуд.
   Пас бародарону хохарон! Имруз замоне шудааст ки фиску фасод руи рост аст, зинову бешарми руи рост аст, беХудогиву беИмони руи рост аст- пас ин хама окибаташ шармандагиву русиёхист барои чунин зиндагиро пеша кардагон! Пас мо чи кор кунем? Чи ъамал кунем?:
   - Дар катори тарбияву ъилми дуняви албатта ба фарзандон тарбияи Исломи Имони дихем! Аз халолу харом, неку бад хабардорашон кунем- то рузе аз чунин фарзандон неки бубинем. Пас аз марг хам дар номаи аъмоли мо (тибки хадиси муборак) аз ъамали неку тоъату ъибодати чунин фарзандон савобу некуихо навишта хохад шуд!
  -Ва илло аз фарзанди бенангу беномус ва бешарму хайё хам дар ин зиндаги хамаруза шармандаги мебинед ва хам дар дохили гур номаи аъмолатон пур аз бадихову гунохон хохад шуд!
   Худ интихоб кунед! Аллох мададгоратон!

  Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Сахт таъсирбахш! Ё Аллоҳ!



                       Сахт таъсирбахш! Ё Аллоҳ!
                Аз суханони Холид аль Ҷобир (доктор) аз кору фаъолияташ:
   -  Боре ба ман муяссар шуд то ба кудаки 2,5 солаеро  ҷарроҳи гузаронам. Ҷарроҳи рузи сешанбе гузашту аллакай рузи панҷшанбе он кудак худро хуб  ҳис мекард. Рузи ҷумъа шуд:
   - Ман ҳеҷ гоҳ он рузу он соатро фаромуш нахоҳам кард… соати  11:15 ба ман хабар доданд ки нафаскашиву  дили он кудак аз кор монд. Ман давон ба назди у ҳозир шудам. То 45 дақиқа мо ба у массажи дил кардем- аммо дили кудак аз ин ҳеҷ ба кор надаромад. (Аллоҳи Бузургу Тавоно ба ин «дил»-и кучак дар «тақдираш» умр дода будааст ва мо  барои он У-ро шукрона мекунем).
     Ман саросемавор ба назди волидайни кудак баромадам то ин хабари «мудҳиш»-ро ба онҳо расонам. Шумо бояд донед то чи қадар вазнин аст ин ҳолат чи барои волидайн ва чи барои духтур замоне аз ин аҳволи бемор бояд хабар диҳанд ва хабар шунаванд. Ман падари кудакро пурсон шудам- аммо у дар сафар будааст. Танҳо  модари у он ҷо истода буд ва ман бо у ҳамсуҳбат шудам.
   Ман ба модар гуфтам ки бо сабаби боз истодани дили фарзандатон дар гулуи у хун ҷори шуда истодааст ва ман сабаби онро намедонам. Гар ин хун рафтан гирад мағзи сари кудак мемирад.  Шумо чи гумон доред ки он модар чи гуфт:   -гумон доред ки у ба доду фиғону муйкани даромад? Гумон доред ки у моро гунаҳкор кард?
   Не не! У ин корҳоро накард балки гуфт: - Шукронаи Аллоҳи Меҳрубон! – ва доду фигон накард. У ҳарфи зиёде нагуфт.
    Аммо пас аз 10 руз он кудак ба ҷунбиш даромад. Мо аз ин зиёд хурсанд шудем ва Худовандро шукрона гуфтем. Ин нишонае буд ки мағзи сари кудак ба кор кардан даромад. Боз 12 руз гузашт. Боз дили он кудак аз кор монд бо сабаби ҷори шудани хуни зиёд. Боз ҳамон  45 дакика……
   - аммо ин дафъа ҳеҷ умед ба шифо ёфтани кудакатон нест! – гуфтам ман ба модари тифл. Ва боз маро суханони у дар ҳайрат гузоштанд ки:
  - Алҳамдулиллоҳ! Илоҳо! Гар шифо барои ин тифли ман «хайр» бошад- онро бар  у ато фармо!
     Ва боз Шуронаи Аллоҳ  дили тифлак пас аз рузе ба кор даромад, ва боз «мемурд» ва боз……..  ҳамин аҳвол то 6 маротиба такрор ёфт. Мо барои муолиҷаи тифлак духтури гулуро даъват кардем то ҳарчи тавонем кунем ва хунрави аз гулуи кудакро боз дорем. Зиёда аз сею ним моҳ гузашт аз он рузҳо ва кудак  тамоман ҳаракат намекард.
    Аммо  замоне ки он тифл ба ҳаракат даромад ва нишонаҳои сиҳати дар у пайдо шуду у ба ҳаракат даромад -  афсус дар сараш чирку зардоб пайдо шуд. Чунин бемориро ман дар давоми фаъолияти худ надида будам. Мо боз ба модари у хабар додем ки марги тифлаки шуморо дигар пешгири кардан намешавад- чун аз зиёд боз истодани дилаш кудак қуввате надорад, ва болои ин ин бемории нави ваҳшатовар….
    Ва боз ин модар «АЛХАМДУЛИЛЛОҲ» гуфту рафт. Мо кудакро ба шуъбаи  хирургии мағзи сар додем. Бо хости Илоҳи пас аз се ҳафта кудак боз шифо ёфт- аммо афсус у ҳаракат карда наметавонист. Пас аз ду ҳафта мо як бемории навро дар кудак мушохида кардем: бемории вайроншавии хун.
  Ҳарорати бадани кудак то 41.2 боло шуд. Мо боз маҷбур ба модари у хабар додем ки ҳолати у вазнин аст ва  дигар ягон умеде ба шифои ин тифлатон нест. Ва боз «сабру таҳаммул»-е ки то ин замон надида будам. У боз такрор намуд ки:
  - Шукри беандоза Аллоҳро! Илоҳо!  Гар  дар шифои ин фарзанди ман «хайр» бошад- пас ба у шифо бидеҳ!
   Пас аз он ки ман ин ҳолати тифлакро ба модараш гуфтаму он чи аз у шунидам ман аз палатаи 5-ум ба палатаи 6-ум даромадам. Модари он беморе ки дар он ҳучраи дигари буд бо доду фиғон маро пешвоз гирифт:
  - Духтур! Ҳарорати бадани тифлаки ман 37.6 шудааст. Тезтар ягон кор кунед!
     Ман ба у ҷавоб гуфтам ки:
    - Ором бошед! Бубинед тифли ҳуҷраи 5 бударо ҳарорати баданаш 41 аст- аммо модари у сабру таҳаммул дорад ва Худовандро шукронаи беандоза мекунад!
   Он чи ки аз он пас шуд маро ба ҳаячон овард. Ин ҳолатро ман дар 23 соли фаъолияти духтуриам надида будам. Пас аз ҳамаи он чи ки аз сари он тифли бечора гузашт- гурдаҳои у аз кор монд. Сипас у бемории вазнини мембранаҳои атрофи қафаси синаро  аз сар гузаронд.  Модари бечора дар ин 5 моҳ он қадар сабру таҳаммул ва «таваккул» дошт ки барои мо аҷоиб буд.
   Охир ин ҷо сухан дар бораи кудаки 2  солае мерафт на калонсоле.  Аммо меҳрубонии Аллоҳ интихо надорад. Тифл пас муддати дарозе пурра шифо ёфт ва мо уро аз шифохона ба хонаашон ҷавоб додем.
   Аз байн 1.5 соли дигар гузашт пас аз он ки мо он тифлро ҷавоб додем. Боре ба ман як ҳамшираи шавкат гуфт ки бо ман як зану шавҳар бо ду кудак мехоҳанд вохуранд. Маълум шуд ки ин ҳамон модари «сабур» ва шавҳару фарзандонаш будаанд. Он тифлак акнун қариб 5 сола шуда буд ва дар бадану афти у нишонае аз бемори намоён набуд.
  Ҳамроҳи  волидайн як тифлаки 4 моҳае ҳам буд. Ман аз дидани онҳо сахт хурсанд шудам. Сипас аз падари тифл пурсидам:
   - Ин чандум фарзандатон аст? 13-ум ё 14-ум! ( чун гумонам ин модар «серфарзанд аст ки ин қадар сабр мекунад).
    У ба ман ҳайратовар нигаристу табассум кард ва гуиё ки мегуфт « Ё Аллоҳ! Доктор ту  чи қадар бечораи»! Аммо пас аз табассум у гуфт:
   - Ин тифлак дуюмин фарзанди мост- аммо оне ки шумо табобаташ кардед аввалине ки баъди 17 соли «безурриёти» ба мо Худованд ато фармуд!
    Ин суханон дили маро решакан намуданд. Ман дигар тоқат накардам ва дар чашмони ман ашк ҷори шуд. Ман уро аз дасташ гирифтаму ба ҳуҷраи худ бурдам ва пурсидам:
  - Ин зан кист- зани туст? Оне ки ин  фарзанди ягонае  ки 17 сол уро аз Худованд  илтиҷо мекард бемориашро сабру таҳаммул дошт?
   Медонед у ба ман чи гуфт? У ҷавоб гуфт ки:
    -Ман ба ин зан 19 сол аст хонадорам ва дар ин солхо боре нашудааст ки у  намозҳои нофилаи «дили шаб»-ро адо накарда бошад. Магар ки бо ягон сабаби «шариати». Ман дар ин қадар сол дар гуфтору аъмоли ин зан на дуруғу на ғайбату шикоят аз зиндагиро надидаам. Замоне ки ба хона бармегардам- у хурсандона табассумкунон маро пешвоз мегирад. У бисёр нек ба ман хизмат мерасонад ва ҳама аъмалашро бо меҳру муҳаббат ва аз «самими қалб» мекунад. Ва маро баъзан аз ин шармам меояд!
    Ман ба он кас  гуфтам:
 - У ҳам ҳама ин аъмалҳоро аз ҷониби ту низ сазовор аст!  (чун ин замони мо чунин занҳо камшуморанд).
  Ва дар охир  «АЛҲАМДУЛИЛЛОҲИ РАББИЛ ЪОЛАМИН»!
  Аллоҳи Бузург дар «каломаш»  дар сураи Бақара бар бандагон мефармояд:
155. Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ.
156. Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд:«Мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ бозмегардем».
157.Дуруд ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки ҳидоятёфтагонанд.

  Муаллиф:    Фарида Афанасьева  
                          23 апреля в 17:11 ·
Тарҷумаи банда!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Ъибрат:
   Худованди Мутаъол аз замони офариниши инсон дар ин ҷаҳони зудгузар бандагонашро зери озмоиши хеш қарор додааст. Ӯ  Таъоло инчунин роҳи ғолиб баромадан дар имтиҳон ва сазои касонеро, ки аз имтиҳон намегузаранд, нишон додааст. Албатта санҷиш бо роҳҳои гуногун хоҳад буд:
   -якеро бо мусибат- дигареро дар хурсанди, якеро дар камбағали- дигариро дар молу давлат,  якеро дар бемори- дигареро дар солими, якеро дар бе зурриёти(бе фарзанди) - дигареро бо фарзандон ва ғайра!
   Аз ин хотир моро мебояд ҳамеша дар ҳама неъматҳо  шукронаи неъматҳои Илоҳии дар ъамал на дар забон дошта бошем - ва дар ҳама мусибати бар сарамон меомада сабур,шакебо,пуртоқат ва ба Худо онро ҳавола дошта бошем.(чун ин модар):
    Сабру зафар ҳар ду дӯстони қадимианд. Ба асари сабр навбати зафару пирузи аз ҷониби  Аллоҳ бар бандагон ояд:
-«Сабр талх аст ва локин самараи ширин дорад».
     Зиёнҳои молӣ  ва ҷонӣ, аз даст додани азизон... ҳамаи инҳо лозимааш, таҳаммулу бурдборист. Дар тӯли таърих, бандагони хоси Аллоҳ, Анбиёву солиҳин, сахт мавриди озмоиш қарор гирифтаанд. Иблис дар баробари Одам, Намрӯд дар баробари Иброҳим, Фиръавн дар баробари Мӯсо,  Абӯҷаҳл дар баробари Муҳаммад (с)... бинобарин ин тибқи суннат ва ҳикмати Илоҳӣ пас аз Анбиё (а) соири мӯминон нисбат ба дигар инсонҳо бештар мавриди озмоиши сахти Аллоҳ қарор мегиранд, ҳамон гунае, ки Расули гиромии Ислом мефармоянд:
  -«Яъне,  Анбиё аз ҳама зиёд зери ибтилову имтиҳон қарор мегиранд, баъд аз онҳо мисолиҳову мисолиҳо»".
     Ба дурусти ки пас аз анбиё   Худованд «бандагони хос»-и худро бо роҳҳои гуногун хоҳад санҷид. Ин модарро бубинед ки донист ки гар му канад, ру канад, доду фиғони беҳуда кунад- самарааш «ношукри»-и Худованд хоҳад шуд. Пас у донист ки «оромиши дил»-ро дар намози «дили шаб» ва дуъои холис ба суи Аллоҳи Бузургу Тавоно хоҳад ёфт.. Он «ХОЛИҚЕ» ки ҳама неъмат аз  ҷониби У-ст.
      Зиёди  мардумони мо имрузҳо гар мушкилу вазниние болояшон ояд ба чои он ки аз фармудаҳои Қурьону суннат пайрави кунанд- даррав назди фолбину     ҷодугарҳо, дуруғгую экстрасенсҳо ва сари қабри «азизони Худо» мераванд то мушкили худро осон намоянд- аммо ин ҳамон «щирку куфр»-и маҳзест ки Шайтони лаъин бо осони ба дили он бандагони аз дину эмон дур буда дохил месозад.
    Аммо ин модар ки аз дину эмон бохабар буд зиёд ҳарф нагуфт- балки ба хонаи худ рафт то дар намозу дуъову зори аз Худованде ки ҳама неъмат аз ҷониби У-ст ба ягона фарзанд шифо хоҳад. Албатта Худованд он тифлакро каме сабуки медод ва боз ин бандаашро месанҷид:
  -то 6-7 маротиба дили кучаки тифлакро аз кор боздошт. Бовар кунед гар дили мову шумо калонсолон 1-2 бор аз кор монад дигар дар бадани мо қувваву мадоре боқи нахоҳад монд- аммо ин тифлакро Худованд ба дуъои модараш ҳар бор ҷавоб мегуфт ва дили  уро зинда мегардонид.
    Ва боз модар «сабр»-у таҳаммулро пеша кард, тоъату ъибодату зори ба даргоҳи Худовандиро пеша кард- ва инак ҳам аз имтиҳони Илоҳи сарбаланд гузашт ва ҳам «дарахти сабраш» меваи босамаре насибаш кард: - оилаи хушу хурсанд ва неъматҳои бешумори Илоҳи.
     Мӯминони намозгузор! Сабр дурахшандатарин хулқ ва хӯйи Қурьонист, ки дар ҷой ҷои Қурьон ба навъе мавриди инояти Парвардигор қарор гирифта аст. Бо таваҷҷӯҳ ба оёти Қурьонӣ метавон гуфт:
   -волотарин ва болотарин дараҷаи диндорӣ «сабр»  аст ва бузургтарин хосияти аҳли имон, сабр аст ва бандагони шоистаи Аллоҳ ба ҳар куҷо, ки расиданд, дар партави сабр будааст. Қурьон сабрро калиди некӣ  ва дарвозаи хушбахтии дунё ва охират дониста аст.
     Аллоҳи  Мутаъол аҳли сабрро навиду башорат медиҳад ва мефармояд:
- «Яқинан шуморо бо чизе аз қабили тарсу гуруснагӣ  ва коҳиши амволу ҷон ва меваҳо (маҳсулот ва фаровардаҳову тиҷорат) меозмоям ва ба шикебоён мужда бидеҳ». Бақара  ояи 155] 

    Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0