Общее·количество·просмотров·страницы

четверг, 15 сентября 2016 г.

Яке аз беҳтарин ҳадяи Илоҳист иҷобати дуъо!


                      
               Яке аз беҳтарин  ҳадяи  Илоҳист иҷобати дуъо!  
      Нафаре, ки ҳамаруза се маротиба ин дуъои муборакро бихонад аз офатҳои арзиву самои  Аллохи Бузург  эминаш  бидорад!
     Паёмбари Худо  (Дуову дуруд бар у бод) дар ҳадиси муборакашон   мефармоянд:
   -«Касе ки се маротиба субх ва се маротиба шом ин дуъоро бихонад чизе ба у зарар нарасонад:
  -   «БисмиЛлаҳиллази ла ядзурру ма’ъасмиҳи  шайун филь  ардзи ва  ла  фиссамаи ва ҳуваСсами’ъуль ‘ъАлим».
   Тарҷумаи дуъо:  Ба номи Худое,ки зарар намерасонанд бо номаш чизе дар замин ва на дар осмон. Ва  У шунавову доност».
    Беҳтарин роҳи кушоиши кор, кушоиши бахт, шифо , тенҷиву амони ва ба даст овардани ҳама неъматҳои Илоҳи –ин дуъои бо сидқи дил кардан ва умед танҳо ва танҳо аз Аллоҳи Бузургу Тавоно доштан аст. Ин насиҳату васийяти  Паёмбарамон (Дуову дуруд бар у бод) ва тамоми уламои Исломист бар уммати Ислом. Ин аст фармудаи Худованд!
     Чун баъзе нафароне ҳастанд, ки имрузҳо аз фолбину дуруғгуйҳо, аз экстрасенсу қабри азизон мадад металабанд- аммо аз он ъамале, ки Худованду Расулаш фармудаанд дур мондаанд! Ба он ъамале ки дар он гумону ихтилоф зиёд аст ва ҳатто зидди Тавҳид аст руй оварда – аз беҳтарин роҳи муваффақийят руй гардонидаанд. Ё нафароне ки ғарази моли доранду қабре рост карда кат гузоштаанду сабаби гумроҳии ин тоифа мардумон гаштаанд.
    Худованд,дар Қуръон ёди худро васила ва сабаби оромиши дилҳо  зикр карда, чунин мефармояд:                                             
   -«Ого
ҳ бошед, ки бо ёди Худо дилҳо ором мегиранд».
     Саодату некбахтии инсон ҳамвора дар маърази таҳдидоте, ҳамчу дарду ранҷҳо ва душманони инси ва ҷини қарор дорад. Яке  аз васоили ҳифзи инсон дар баробари он таҳдидот паноҳ бурдан ба Худои Азза ва Ҷалл ба воситаи хондани азкор ва дуоҳоест,ки Паёмбарамон (Дуову дуруд бар у бод) онро барои вақтҳо ва ҳолатхои муайяне муқаррар намудаанд!
     Яке аз шартҳои қабули дуъо ҳузури дил аст! Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) мефармоянд:
   -«Ва бидонед,ки Худованд дуои касеро,ки дилаш ғофил бошад,иҷобат  намекунад!»
     Ин фармудаҳо зиёд зарур аст-чун нафароне ҳастанд, ки гуиё дуъо менамоянд ва намоз мегузоранд. Аммо ҳушу  дилу ёдашон берун аз ин намозу дуъост. Ҳатто  дар ин дуъояшон гумону нобовари зиёд шуда- боиси қабул нашудани он дуъову ниёзашон аз ҷониби Худованд мегардад.
      Ва низ Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод)дар ҳадиси қудсие фармудаанд: -  «Худованди Мутаъол мефармояд:
  -«Ман назди гумони бандаам нисбат ба худам мебошам. Ҳаргоҳ  у маро зикр кунад,ман бо у ҳастам ва агар Маро дар дилаш зикр кунад Ман уро низ наэди худам зикр мекунам,  ва агар Маро дар гуруҳе зикр кунад  Ман уро дар гуруҳе беҳтар аз он гуруҳ (фариштагон) зикр мекунам, ва ҳаргох ба Ман як ваҷаб наздик шавад як газ ба у наздик мешавам, ва агар як газ ба Ман наздик гардад  як боз' ба у наздик мегардам. Ва агар бо роҳ рафтан ба суи Ман ояд  Ман шитобон ба суи у меравам».
     (Боз -андозаи аз сари ангуштони дасти рост аст,то сари анrуштони дасти чап. Вакте,ки дастхоро уфуки ба ду тараф боз кунанд.)
     Пас умед танҳо ба Аллоҳи Бузургу Тавоно дошта бошед замоне, ки мушкиле ва ё ҳоҷоте болоятон ояд. На ин, ки чун баъзеҳо фармудаи Худованду Расулаш (Дуову дуруд бар у бод)-ро як тараф монда  балки бофтаи баъзе ноОлимонеро барои худ интихоб намуда аз роҳҳои ихтилофи ва ҳатто куфри умеди иҷобати дуъо менамоянд!
    Гуиё, ки Худованд ниёз ба «миёнаравҳо» дошта бошад ва ё дуъои баъзеҳоро ба «васила»-и мурдаҳо танҳо иҷобат мекарда бошад! Худованд бениёз аст ва муҳтоҷи ҳеҷ як миёнараву дигару дигар нест! Пас муддате мегузараду ин мардум шикоят менамоянд, ки дуъоям иҷобат нагашт.
    Худованд мефармояд:
        «Пас маро ёд кунед,то шуморо ёд кунам ва шукр кунед маро ва ношукрии ман накунед». с Бакара: 152
      Ай  бародару хоҳари Имони!  Замоне, ки Худованд мову шуморо ёд кард албатта аҳволамонро нек хоҳад кард ва саодати ин дунёву охиратро бонасибамон хоҳад кард. Чун ҳар ҷой ки ёди Худост он маконҳо тенҷиву амониву баракатҳост –он халқи Худованди сарбаланду некуаҳвол хоҳанд буд. Чи нек хоҳад буд, ки Холиқи Арзу Само мову шуморо Худ ёд кунад!
    Ва низ Худованд мефармояд:
  -  «Эй касоне ки эмон овар­даед! Худоро зикр кунед зикр кардани бисёр» Аҳзоб:41.

  Инчунин дар ояи дигар мефармояд:
    -«Мар­дон ва заноне,ки Худоро бисёр ёд мекунанд, Худованд барои эшон омурзиш ва музди бузурге муҳайё сохта аст». Аҳзоб:35
       Инчунин дар ояи дигар мефармояд:
   «Худоро дар дили худ бо тазарруъ ва пинҳ­они ва бидуни ОВО3И баланд дар субҳ ва шом ёд кун ва аз ғофилон мабош».Аъроф:205

       Паёмбар(Дуову дуруд бар у бод) мефармоянд:
   «Сифати касе, ки зикри Парвардигорашро мекунад ва он, ки зикри Парвардигорашро намекунад, монанди зинда ва мурда аст». 
  
     Зикри Худованд кардан на танҳо замони мушкиливу пайдо гаштани ҳоҷоту тангдасти болоятон  бошад-балки дар ҳама ҳолат чи дар хушнудиву некуаҳволи ва чи дар мушкиливу  тангдастиҳо бандагонро «Ёди Худованд» дар забону дар ъамал бояд бошад!
     Ёди Худованд танҳо ба забон зикр кардан ва аз аъмоли фармудаи У (ҷ.ҷ)  дур будан нест! Чун замоне, ки банда тенҷу амону молдор ва бардаму бозуманд бошаду ёди фармудахои Худованд намуда  тоъату ъибодат ва хайру саховату аъмоли нек  намояд ин аст ёди Худо.
    Пас замоне, ки  болои ин бандаҳои дар ъамал «зокир»  мушкилие ояд, ҳоҷоте ояд, беморе гарданд- он замон Худованд онҳоро ёд хоҳад кард. Чун ин ваъдаи У-ст. Ҳаркиро , ки Худованд ёд кард ҳама неъматҳояшро арзони атояшон  намояд ва ин бандагонро У (ҷ.ҷ) дуст дорад!

    Дар паноҳи Аллоҳи Бузургу Тавоно бошед!


Комментариев нет:

Отправить комментарий