Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 5 сентября 2016 г.

ЯК САВОЛИ ЗИЁД МУХИМ!

        ЯК САВОЛИ ЗИЁД МУХИМ!


Саволи мухим: Ассалому алайкум бародари имони! Як дусти наздики мо ба наздики аз Узбакистон баргашт ва мегуяд, ки зиёратгохи хазрати Увайси Карониро зиёрат карда омадааст. Оё макбари ин хазрат дар Ховалинги Точикистон нест? Пас он кабри кист?  
            Ҷавоб: 
    Алейкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародар. Ҳазрати Увайси Қарони (р.а) дар замонҳои Паёмбари Худо(Дуъову дуруд бар у бод) ва Хулафои Рошидин (р.а) зистааст. Аммо бо сабаби хизмати модари бемор доштанаш ба  дидори Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) мушарраф нагаштааст. Танҳо  пас аз марги модар у бо халифаи он вақта  Умар ибн аль Хаттоб (р.а) вохурдааст.
    Тибқи  зиёди хабарҳо хазрат дар Ироқ  ё Сурия вафот кардааст ва он маконҳо гуронида шудааст.  Далели  ин гуфтаҳоям ин ҳадис аст:
   Ҳазрати Увайси Қаранӣ  замони хилофати Ҳазрати Умар аз Яман ба Мадинаи мунаввара омад ва Ҳазрати Умар бо у мулоқот кард ва аз у талаби истиғфор хост. Баъд аз ин аз Мадинаи Мунаввара ба Куфа (шаҳре дар Ироқ) омад». «Ривояти Муслим».
    Дар замони хилофати Ҳазрати Алӣ аз тарафдорони эшон буданд ва дар ҷанги Сиффин (миёни Ироқу Сурия)дар соли 37-и  ҳиҷрӣ ба шаҳодат расиданд. Ҳамчуноне, ки ин гуфтаҳо дар кутуби таърих мисли «Сияру аъломиннубало»-и Имом Заҳабӣ омадааст.
    Пас маълум мешавад он мазоре, ки дар Ховалинг ва ё Узбакистон ба номи Увайси Қаранӣ машҳур аст ҳеҷ асоси таърихӣ надоранд. Зеро Увайси Қарани (р.а) аслан ба          Тоҷикистон қадам нагузоштааст ва читавре гуфтем у дар ҷанги Сиффин ба шаҳодат расидааст. Сиффин алъон дар Сурия наздик ба марзи Ироқ ҷойгир аст.
    Дар дини мубини Ислом одатан  мурдаҳоро дар ҷойи вафоткардаашон дафн мекунанд. Асҳоби Паёмбар (Дуъову дуруд бар у бод) дар ин масъала сахт пойбанд буданд. Балки то ҳол қабри эшон ба таври қатъӣ маълум нест. Мисоли ин дар дигар давлатҳо ҳам ҳаст якчанд қабрҳое, ки қабри ҳазрати Увайси Қарани мегуянд.
    Оё шумо бовари доред ки аз макони Сиффин то Тоҷикистон ки он замона  якчанд моҳа роҳ  буд бо аспу уштур тобути  Ҳазрати Увайсро (р.а) оварда гуронида бошанд?  Магар ин воқеъият дорад? Оқилон бовар намекунанд-аммо афсус зиёданд нафароне ки ин далелҳоро қабул надоранд. Чун ин тоифа мардум чун шиъаҳо аз асли Ислом-яъне Тавҳид руй гардонидаанд ва ҳар ҳоҷату мушкиле болояшон ояд ба ҷои он ки худ намоз хонанду дуъо намоянд ва аз Аллоҳ мадад талабанд-мераванд қабре месозанд ва  албатта сари қабрҳо  аз он мурдаҳо мадад металабанд!
    Пас маълум мешавад ки кадом як душмани Ислому Имон мардумони моро гумроҳ сохтаасту қабри кадом як бандаи Худоро қабри Увайси қарани номидааст. Дар Ислом баъзе масъалаҳои нозуке ҳаст, ки мусалмонро ба щирк наздик менамояд. Ана ҳамин щирк дар масъалаи зиёрати мекардаи зиёди мардумони мо дида мешавад, ки ба ҷои он ки рафта ба ҳаққи он мурдагон дуъои хайр кунанд- худ аз он мурдаҳо ҳоҷат металабанд, шифо металабанд, бахт металабанд, кушоиш металабанд ва ғайра.
     Дар  Қароқалпакистони Узбакистон низ қабре ки мансуб ба «Увайс ибн Омир ибн Джуз ибн Малик ибн Амр ал-Муроди ал-Қарани» мавҷуд аст ва зиёди мардумон ҳамаруза рафта уро зиёрат менамоянд. Пас душманони Ислому Тавҳид «хизмати хирсона»-и худро ба мардуми Точикистону Қарақалпакистон  карда онхоро аз асли Тавҳид хостаанд дур намоянд ва то як андоза ба мақсади палиди худ расидаанд.
     Якеи дигар хабар  ки ба рост наздиктар  аст ин қабри ҳазрати Увайси Қарани дар Раққаи Сурия аст. Шояд ана ҳамин қабр аслан аз ҳазрат бошад-чун ба макони Сиффин зиёд наздик аст. Тибқи дигар хабар мақбараи хазрати Увайси Қарани дар шахри Димишқи Сурия низ  ҳаст. Акнун шумо худ як каме мулоҳиза намоед, ки кадоми ин зиёратгоҳҳо дар асл ба ҳазрат таалуқ дорад- ва кадоми он дуруғин аст?
    Он «афсонае», ки дар Ховалинг машҳур аст- ин аст, ки гуиё мурдаи ҳазратро болои уштур гузоштаанд ва он кучое хобад ҳазратро бояд гуронанд. Афсонае, ки ба Ислом зиду мухолиф аст. Боз ҳам худ ақл доред як фикр кунед, ки он уштур аз болои баҳру дарёҳо нахобида гузашт? Оё у 2-3 моҳ фақат роҳ рафт? Он мурда оё дар ин муддат  напусид?
     БАРОДАРОНУ ХОҲАРОНИ ИМОНИ! ХОС АЗ БАРОИ РИЗОИ АЛЛОҲ МАН МЕХОҲАМ ҲАР ЯКИ ШУМО БА АСЛИ ИСЛОМ ЧАНГ ЗАНЕД. МАН ҲАМ ҲАНАФИМАЗҲАБАМ- АММО ОН ЪАМАЛЕ КИ ИМРУЗҲО ДАР ЗИЁРАТГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН МЕБИНАМ ҲАМА ЩИРК АСТУ БИДЪАТУ ҲАТТО КУФР. ОЁ САҲОБАГОН ВА Ё СОҲИБМАЗҲАБОН МАРДУМРО ГУМРОҲ МЕНАМУДАНД, БОЛИ ҚАБРХО НИШАСТА ПУЛУ МОЛИ БЕДАРДИ МИЁН ҶАМЪ МЕКАРДАНД? - ВА Ё ОНҲОРО АЗ ЩИРКУ КУФР ВА БИДЪАТҲО МАНЪ МЕНАМУДАНД? 
       
ҲАМИН САБАБ ШУДААСТ, КИ МЕХОҲАМ ҲАҚИҚАТРО ОМУЗАМ ВА БА ШУМО ҲАМ ОНРО РАСОНАМ. ИН АСТ МАҚСАДИ МАН-НА ФИТНАВУ ТАФРИҚА АНДОХТАН. ОНОНЕ, КИ БОЛОИ ҚАБРҲО КАТ ГУЗОШТА МАРДУМРО ГУМРОҲ МЕКУНАНДУ ПУЛУ МОЛ ГУН МЕДОРАНД НА ПАЙРАВИ ПАЁМБАР (С.А.В.С) ВА АСҲОБАШ –БАЛКИ ПАЙРАВИ ҶОҲИЛОНУ ҚАБРПАРАСТОНАНДУ БАС! ЧУН ИН ЪАМАЛИ ДОШТАИ ИНҲО ЗИДДИ ҚУРЬОНУ СУННАТ АСТ-ЗИДДИ ТАВҲИД АСТ!
    БАЪЗЕАШОН ГУИЁ АЗ ФАЛОН ДОМУЛОИ МАШҲУРИ ИН ЗАМОНИ МО ДАЛЕЛ МЕОРАНД, КИ АЛБАТТА САРИ ҚАБРҲОИ «АЗИЗОН» БАРОИ МИЁНАРАВИ (ВАСИЛА) ҚАРОР ДОДАНИ ОНҲО ДАР ҲОЧАТУ МУШКИЛИ ДУРУСТ АСТ- АММО ОЁ БЕ ИН «АЗИЗОН»-РО ВАСИЛА ҚАРОР ДОДАН ХУД ДУЪО КУНЕМ ХУДОВАНД ҚАБУЛ НАМЕНАМОЯД? ХУДОВАНД ДУЪОИ ШАЙТОНИ ЛАЪИНРО ҚАБУЛ НАМУД ЗАМОНЕ ДУЪО КАРД, КИ «МАРО МУҲЛАТ БИДЕХ» - ПАС ОЁ МО ХУД ДУЪО КУНЕМ ДУЪОИ МО АЗ ДУЪОИ ШАЙТОН БОЛО НЕСТ, ҚАБУЛ НАМЕШАВАД? ОЁ ҲАМИН ДАР БОЛОИ ҚАБРҲО КАТ ГУЗОШТАНУ ПУЛУ МОЛИ МАРДУМРО КАШИДА ГИРИФТАН АЗ ИСЛОМ АСТ? ОЁ ГОВУ ГУСФАНДУ ПУЛИ КАЛОНУ ХУРОКА БАРОИ МУРДАГОН БУРДАН ДУРУСТ АСТ?
     Аммо афсус он нафароне ки дар назди ин зиёратгоҳҳо кат гузошта аз мардум пулу моли зиёд барои худ гирд меоваранд-нийяташон Ислому Имон нест! Балки нийяти онҳо ҳама мардумро гумроҳ созему аз онҳо ҳарчи зиёдтар  пулу мол, қанду нон, гову гусфанд қабул намоем. Чун маълум аст, ки он ҳама ҳазорҳо сомониву гову молу хурока танҳо ба  хонаи «ноМуллоҳо» меравад ва ҳатто як сомони ва ё як нонеро ба ятиму муҳтоҷе инҳо намедиҳанд.
     Чаро ноМулло навиштам? Чун мулло дар асл мардумро  бояд аз Имону ИсломИ АСЛИ  ва аз Тавҳид бохабар созад, хайру саховатро ба ятимону муҳтоҷон намудан фармояд на ба НОмуллохои дуруғгу, ҳоҷату мушкиле пеш ояд танҳо аз Аллоҳи Бузург пурсидан дар намозу дуъо фармояд. Мулло бояд пайрави Паёмбар (Дуъову дуруд бар у бод) ва асхобаш (р.а) бошад дар диндори!
    Аммо кадоме аз ин ноМуллои сари қабри «азизон» менишастаги  чунин мефармоянд?  Оё чунин муллоеро медонед, ки аз он зиёратгоҳ  пулу моли  гирд  омадаро  ба хонаи ятимакону муҳтоҷон бурда диҳад ва худ нагирад? Шумо ҷавоб медиҳед, ки онҳо худ  сери надоранд-куҷо ба ятимакону муҳтоҷон диҳанд! Пас оё инхо пайрав аз Исломанд- ё аз ҷохилийяти пеш аз Ислом?
     Афсус  чи дар зиёратгоҳи ҳазрати Султон, чи дар зиёратгоҳи ҳазрати Амирҷон, чи дар зиёратгохи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархи ва дигару дигар ҳама ноМуллоҳо ҷамъ омадаанд. Инҳо агар миллион сомони, ҳазор гову гусфанд, қанду нони бешумор гирд ояд ҳам сер намешаванд. Боре инҳо намефармоянд ба зиёратчиҳо ки:
  - Бародар! Хоҳарҷон ва модарҷон! Шумо гар ҳоҷате доред худ намоз хонеду дуъо кунед ва аз Аллоҳ хоҷат талабед -инро Ислом фармудааст! Намегуянд, ки аз ин қабрҳо умед доштан щирк аст! Намегуянд, ки гар нийяти хайру саховат доред бурда ба ятимакону муҳтоҷон хайр кунед савоби калоне ҳосил менамоед! Ин мурдаҳо нону қанду гову мол намехуранд- намегуянд!
     Гар фильми ҳазрати Юсуф (А.а)-ро дида бошед-ин ноМуллоҳои болои қабрҳо пулу мол ба даст меоварда аз он «Коҳинони Маъбад» ҳеҷ фарқе надоранд! Инҳо ҳам нийяташон мардумро гумроҳ намуда бо ҳар роҳ бою серпул шудан аст, ва аз пулу мол  сери надоранд   - онҳоро ҳам ҳамин сифат буд! Нафароне ки зидди ин навиштаҳои ман бошанд ба ин саволҳо  ҷавоб дихед:
     -Кадом саҳобаи Паёмбар (Дуъову дуруд бар у бод)-ро медонед, ки дар сари қабри Паёмбар (Дуъову дуруд бар у бод) боре кат гузошта аз зиёратчиҳо пулу молу гову гусфанд ҷамъ карда бошанд? Ё ин ки  кадом Хулафои Роишидин-ро қабрашонро манбаи ба даст овардани пулу моли «бедарди миён» карда буданд? Оё дар ягон ояи     Қурьони ва ё аҳодиси Набави омадааст, ки сари қабри азизони Худоро кат монанду барои  хонаи муллоҳо пулу мол ғундоранд?
    Албатта набуданд чунин саҳобагону аввалин мусалмононе ки бе меҳнат пулу мол ба даст оварда бошанд! Он ҳазратҳо инчунин ъамалро ҳарому палид меҳисобиданд.  Пас  маълум мешавад, ки ин имруза сари қабрҳо менишастагиҳо на аз саҳобагону бузургони Ислом- балки аз он «КОҲИНОНИ МАЪБАД»-и даврони Юсуф (А.с) ва давраҳои «ҷоҳилийят» пайрави менамоянд ! 
     Балки ин ноМуллоҳои болои кат менишаста  ҳар гуна фатвоҳои дуруғин мебароранд то мардум аз Тавҳид даст кашанд ва аз ин соҳибони қубур омада ҳоҷат талабанд, шифо талабанд, бахт талабанд ва ғайра. Гар аввалин мусалмонон ҳар ҳоҷату мушкиле болояшон меомад гуслу таҳорати пок намуда дар намозу дуъо аз Худованд кушоишу осоиш металабиданд – афсус имруза баъзе ноМуллоҳо дигар рохеро  аз ақли худ бофтаанд:
    -яъне ҳар ҳоҷоту мушкиле болоятон омад ягон гову гусфанд харида ба зиёрати ин «азизи Худо» биёед ва аз ин «азизон» ҳалли мушкили талабед»!
    Гуиё он соҳибони қабр муҳтоҷи гову пулу мол бошанд! Ҳам  хандаовар ва ҳам сахт аламовар, ки ононе ки бояд аз Қурьону суннат ҳарф гуянд-барьакс мардумро ба гумроҳи роҳ менамоянд. Ин ҳама аз барои пулу мол – яъне бо хар рох бояд фиред бофта чамъ оранд. Ҳатто  ин ноМуллоҳо барои болои кат нишаста пул  ҷамъ овардан дар зиёратгоҳҳо  бо якдигар хабар ҳаст  ки  дасто ба гиребон мешаванд, пулу мол пора дода ин «вазифа»-ро мехаранд.
     Гар ин навиштаи ман ба шумо маъқул нашавад ва ба он бовар накунед равед 1-2 руз аз дур ба он муллоҳои сари кат менишаста дар зиёратгоҳҳо назорат намоед. Худ ки дидед 100% ба навиштаҳои ман бовари ҳосил менамоед. Он фатвоҳои дуруғине ки аз забони ин ноМуллоҳо мешунавед шуморо ба ҳайрат меорад ва гумон мекунед ки дини наве аст-Ислом нест!  Чун дар асл ҳамаи ин фатвоҳои онҳо медодаги зидди Тавҳидест, ки таҳкурсии асосии Ислом аст. Яъне  зидди  Ислом аст.
    Худованд дар каломаш ба мо бандагон мефармояд:
Ҳаройна, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ» (Намл 80)'
  Худованд дар ҷои дигар мефармояд:
- «Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ» ( Фотир 22)'
      Аммо ин ноМуллоҳои сари кати зиёратгоҳҳо ин ояҳои муборакро ё қабул надоранд, ва ё аз зиёратчиҳо паноҳ медоранд.  Балки шунидам, ки мегуянд:    -«гар ҳоҷате доред, беморед, бахт мехоҳед, мол мехоҳед- чаҳор ҳафта паси ҳам сари қабри ин «азизи Худо» омада ба у ҳоҷататонро арза намоед ҳоҷататонро мебарорад, шифо меёбед, бахт меёбед». Далел пурси на аз ояҳои Қурьону аҳодиси Набави-балки аз ким кадом ноМуллои хатокор мисол меоранд.
     Худованд инро дониста моро хотиррасон кардааст ки:
  - «Агар аз бештари мардум пайравӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо дур месозанд». (Сураи Анъом-116).
    Тибқи ақидаи ин ноМуллоҳои сари қабрҳоро «касаба»  карда гуиё ки ин дуъову тазарруи зиёратчиёнро «азизони Худо», ки дар қабранд шунида ба Худованд мерасонида бошанд.  Оё  ояҳои овардаам    (Намл 80 ва Фотир 22 )'   инкор шуд магар? Ё ақидаи дуруғини ин ноМуллоҳо аз фармудаҳои Худованд боло меистанд? Дар асл ин ноМуллоҳо он ояҳоро паноҳ медоранд.
     Чун гар мардум аз асли Тавҳид бохабар гарданд, худ дар намозу дуъо аз Аллоҳи Меҳрубон ҳоҷат талабанд, шифо талабанд, бахт талабанд, ҳалли мушкили талабанд- дигар касе ба ин ноМуллоҳо пулу молу гову гусфанд намеорад. Ана ҳамин нафси палид сабаби он шудааст, ки ин ноМуллоҳо мардумро ба гумроҳи мебаранду боре ҳам аз фармудаҳои Худову Расули Акрам (Дуъову дуруд бар у бод) онҳоро хабар намедиханд.
  
     Ба хамин маъни саволу ҷавоберо мо худ хонда  будем як замон ки:
  Як Саволе ба як домуллое дода шуд ки:
   - Оё дуъо додан ки: ҳазрати Мавлоно бово ҳидоятатон кунаду пешотона кушояд баракат дар касбу коратон ато намояд дуруст аст? Мисол домлои калони масҷиди Мавлоно Яъкуби чархи ба зираётчихо дуъо  додааст ки:
  -Мавлоно бово ҳамматона ҳидоят кунад, пешҳотона кушода кунад, барори коратон тияд, бахтатон диҳад ва ғайра.
     Дар мавъизаи намози  ҷумъа ин мулло таъкид кардааст ки: Ҳамин Ҳазрати Мавлоно ҳатто дар қабр ризқи бисёриҳоро  медиҳад-пас  шумо ҳам зиёрат омада мадад талабед.  Чунин зиёд дуъоҳое ки мардумро аз Тавҳид дур месозад. Ҳол  он ки он одам ба як гуфт муфтии ноҳияи .......   аст! Ҷавобатонро  бесаброна  интизорем чун ин савол қисми зиёди намозхонҳои он масҷидро ҳайрон кардааст ва баъзеашон мегуянд ки аз пушти чунин одам намоз хондан оё дуруст аст ё не?!!Оё ин асл дорад!!
Саволкунанда:  Фатхулло!
  Ҷавоб:
    Во  алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломи! Аз мурдагон ҳоҷат хостан дар шариъати Исломи қатъиян ҳаром аст. Ва мусалмон танҳо аз Аллоҳ талаби ҳидоят ва кумаки ҳоҷат мехоҳад. Зеро Расули Худо алайҳиссалом дар ҳадиси муборакашон  ба Абдуллоҳ писари Аббос гуфтаанд:
    - Ҳаргоҳ ҳоҷате дори аз Аллоҳ бихоҳ (то ҳоҷататро бароварда гардонад) ва ҳаргоҳ ёрдам мехоҳаи аз Аллоҳ талаби кумак бикун.. (Ривояти Тирмизи)
     Дар ҳеҷ ҷои аз Қурьон ва аҳодиси Расули Худо алайҳиссалом зикр нашуда аст, ки аз авлиёҳо кумак хостан ҷоиз бошад, балки бисёри аз олимони аҳли суннат кумак хостан аз авлиёе, ки вафот карда аст щирк медонанд. Аз ин сабаб набояд мусалмон аз соҳиби қабр умеди фойда ва зарар дошта бошад. Зеро аҳли қабристон худ муҳтоҷи дуъои зиндагон ҳастанд.
   Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) ' умматонро мефармояд:
-«Дуъо ъибодат аст» (Тирмизӣ' )
        Пас тибқи ин ҳадиси муборак гар мо ба зиёрат ҳам равем на ба он ҳазрати дохили қабр буда муроҷиат менамоем- балки аз Аллоҳи Меҳрубон дуъо менамоем ки соҳиби ин қабрро раҳмату мағфират намояду халос.  Чун дуъо ки ъибодат бошад- ъибодат хоси Аллоҳи Бузург аст!
             Худованд дар каломаш Қурьони Азимушшаън мо бандагонро мефармояд:
     Ва ҳукм кард Парвардигорат, ки ҷуз худаш касеро ъибодат накунед.("Исро"23).-
       Яъне ғайри Аллоҳ касеро ва ё чизеро ъибодат накунед мефармояд. Акнун дуъо ки ъибодат бошад-магар ба арвоҳи авлиёву азизон ъибодат кардан(дуъо кардан) магар щирк нест?-албатта щирки акбар аст!
        Боз  ҳам Худованд дар Каломи Худ мефармояд:
    ВА МО ХАЛАҚТУЛ ҶИННА ВАЛЬ ИНСА ИЛЛО ЛИЯЪБУДУН» - яъне мо ҷин ва инсро  барои ибодат кардани Худ офаридаем». (сураи Зориёт ояти 57)
      Шахсе, ки аз сабаби ҷаҳлу нодони чунин эътиқод ва бовари дошта бошад, ки мурдагон қудрати фойда ва зарар расонидан доранд, бояд насиҳат карда шавад ва бо далелҳои шаръи ва ақли уро огоҳ созанд то аз чунин ақидаи хатоаш баргардад. Агар  қабул кард хуб аммо агар қабул накард пас имоматиаш  ҷоиз нест ва намоз хондан аз паси чунин шахс саҳиҳ намебошад. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавобдиҳанда: Садриддин  (Худованд ҷазои хайраш диҳад).)))))))))
  
    Бародарону хоҳарони Имони! Маъзарат мехоҳам аз муллоҳову пешвоёни ҳақиқат Исломи! Мақсади ман онҳо нестанд- балки нафаронеанд, сабаби бадбини ва «русиёҳи»-ву пастзании домулоҳову пешвоён ва мусалмонон гаштаанд. Чун дар асл ъамалҳои куфриву щирки, фатвоҳои зидди Исломии ин ноМуллоҳо сабаб гаштаанд то муллоҳои Ҳақгу ҳам бадном шаванд.
   Дигар ин ки мақсади ман дур намудани щирку бидъату хурофот дар тоъату ъибодати мусалмонон, ки бароям бародарону хоҳаронанд аст. Чун вазифаи имонии мо мусалмонон ҳамин аст, то Ҳақро аз ботил ҷудо намоему ба нафароне ки аз асли Ислом дур мондаанд насиҳат намоем то ба щирк наздики нанамоянд! Чун щирк сабаби абади сухтан дар Ҷаҳаннам хоҳад буд!
   Аллоҳи Бузург хар яки шумо бародарону хоҳарони Имониамро дар динаш устувор намояд!

Комментариев нет:

Отправить комментарий