10 Лахзаҳое ки дуъои мусалмон қабул мегардад! (Бо далил!)
Худованди Мутаъол дар
«каломаш» бар бандагон мефармояд:
-«Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд,
бигӯ, ки Ман
наздикам ва ба нидои (дуъои) касе, ки
Маро бихонад, посух медиҳам. Пас ба
нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман
имон оваранд, то роҳи рост ёбанд»!
[2:186].
Расули Акрам (ﷺ) мефармоянд:
-« Ба суи Аллоҳ (ҷ.ҷ) бо «ихлос» дасти ба дуъо бардоред ва бовар дошта бошед ки албатта ҷавоби онро дастрас хоҳед кард»!
Дуъо
ъибодат аст- пас дуъо танҳо
суи Аллоҳ (ҷ.ҷ)
бояд карда шавад. Чун ъибодат хоси У-ст! Тибқи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам):
"Аддуъоу ҳувал ъибодату" (яъне-Дуо
ъибодат аст) (Ривояти Тирмизи)
Ба дурусти ки лаҳзаҳову соатҳое ҳастанд ки дар он лаҳзаҳо дуъои муъминон Ин Шо Аллоҳ иҷобат хоҳанд шуд:
1.
Дар охири се яки шаб
(дили шаб)!
Расули Худо (ﷺ) фармудаанд:
-«Худованди Бузург ба «осмони поин» ҳар шаб ҳар охирини се яки шаб фуруд меояд! У (ҷ.ҷ) мепурсад: « Кист ки дуъои ҳоҷате дорад ба Ман- то ман ҷавобаш гуям! Кист
ки аз Ман бипурсад- то атояш намоям! Кист ки «мағфират» хоҳад –то бибахшоямаш??!!»
«Дили шаб»-Ин соатест бе шак мубораку нек,
ки мардумони аҳли «эмон» фурсате
доранд ба Холиқи Худ бо дуъову
тазарруъ (зори) муроҷиат намоянд. Он соат муносибтаринест ки бандаи муъминро ҳам саҷдаву ҳам дуъову тоъаташ фоида
оранд, он соатест ки дуъояш қабул гарданд, соатест
муносиб барои «тавбаву истиғфор» ва бахшиши гуноҳҳо, соатест ки пас аз пок гаштан аз
гуноҳҳо бадани аҳли Имон «шифои хос»-е доро хоҳанд гашт.
Барои
чунин тоъату ъибодат мо аз ҳама зиёдтар «аҷру мукофот» хоҳем гирифт- ин ҳамон соатест ки мо кам фикру хаёламон
дар ёди дунё парешон хоҳад гашт!
2. Рузадории мохи «шарифи
Рамазон»! Рамазон ин моҳест муборак, замоне ки мо бандагон дар ҳолати хоссае қарор мегирем. Пас ана
дар ҳамин соатҳо бандагон таслими Холиқашонанд ва ба Аллоҳ (ҷ.ҷ) наздиканд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо банда эҳсос хоҳад кард ки чи
«вазифа»-еро Худованд ба души у
гузоштааст ва ҳамин соатҳо у наздик аст ба Холиқи худ. Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
-« Ба дурусти ки дарҳои Осмони аз аввалин шаби Рамазон
кушода хоҳанд шуд- ва то охирин
шаби он баста нахоҳанд гашт»!
Дар ҳадиси дигаре Расули
Акрам (ﷺ) фармудаанд:
- «Эй Мардумон! Эй мардум, ба таҳқиқ моҳи бузурге бар шумо соя афкандааст (наздик
шудааст). Дар ин моҳ
шабест, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Худованд рӯза доштани ин моҳро фарз
ва зинда доштани шабҳояшро нафл гардонидааст...Ба дурусти ки ҳар
аъмоли хайру тоъати нофила дар шабҳои ин моҳи муборак- ба хайру тоъати фарзии дигар моҳҳо
баробар хоҳад буд. Касе ки як кори неку савоб кард- бар у ҳафтод
савоб навишта хоҳад гашт.
Ин моҳи сабр аст ва савоби сабр ҷаннат
аст. Ин моҳест барои некиву меҳру шавқат. Моҳест, ки
ризқи мӯъмин дар он зиёд мешавад. Ҳар муъмине ки дар ин моҳ ба
гуруснае хурок диҳад- гуноҳонаш бахшида хоҳад гашт ва аз «оташи ҷаҳаннам» наҷот хоҳад ёфт».
Ба дурусти ки соати ифтори
рузаи ин моҳ соатест басо нек барои иҷобати дуъо. Ҳар бандаи муъминро мебояд чи
дар соатҳои рузадори (давоми руз) ва чи соати ифтори рузаи рамазон пеш аз ифтор кардан
якчанд дақиқаеро ҷудо намуда аз Холиқи Худ
дар дуъхояшон ҳар ҳоҷату талабе ки доранд пурсиш намоянд- чун ин соат соати иҷобати дуъоҳост.
Албатта муъминон дар ин соати нек бояд дар ҳаққи тамоми
бародарону хоҳарони имонии худ ҳам дуъои хайре намоянд: -бар ҳоҷатталабон, фарзандталабон, кушоишталабон,
шифоталабон, бахтталабон, мазлумон, бетоъатону бе шарму бе иффатон дуъои хайре
намоянд.
Чун ин соате ки банда дар ҳаққи бародару
хоҳари эмониаш дуои хайр менамояд Худованд фариштагонеро дар қиболаш
гузорад то омин гуянду бар дуъокунанда ҳам ҳамон некиҳоро ва аз он зиёдтар аз Худованд хоҳанд. Пас
мутмаин бошед ки дуъои фариштагон бе шак қабулшаванда аст. Дуъо гарчанде дар забон сабук
аст- аммо дар асл беҳтарину авлотарин яроқи муъминон
аст.
3. Миёни намозҳои асру шом! Аз Абу ҳурайра (р.а) ривоят шудааст ки: Расули Акрам (ﷺ) рузи чумъаро ёдовар
шуда фармудаанд:
-« Дар ҳама руз лаҳзаҳое ҳаст ки Аллоҳи Мутаъол бар бандагоне ки дар намоз қоиманд ҳар чи ки талабанд ато намояд»! Ва бо дастони муборакашон ишора карданд ки то
чи андоза он лаҳза кутоҳ аст.
Пас ба дурусти ки беҳтарин ъамал пас аз адои
намози ҷумъа –ин бо дуъо зиёди руз ба Худованд руй овардан аст. Он лаҳзаи муборакро миёни
намозҳои асру шом ҷуё шавед- чун аз Анас ибни Молик (р.а) ривоят шудааст ки Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд: -
« Соатеро ки бовари ҳаст дуъо иҷобат хоҳад гашт- дар миёни намози аср то тулуъи офтоб ҷуё шавед!»
4. Соати ифтори руза (чи фарзи
ва чи нофила)! Лаҳзае то ифтори руза
бандагон зиёдтар таслими Холиқашонанд- чун онон
тамоми руз бе хуроку бе об гашта эҳсос менамоянд ҳолати аслии худро назди
Аллоҳ! Замоне ки бандагон гуруснаанд,
ташнаанд ва бе қувват мегарданд- ба
дурусти ки ҳис менамоянд то чи
андоза заъифанд бе он «неъмат»- ҳои
додаи Илоҳи!
Ана ҳамин лаҳзахо он бандагон ҳақиқи таслими Холиқашонанд- ва дуъое ки онон ба «ҳузури дил» доранд аз ҳама зиёд қобили қабули «Даргоҳи Илоҳист» ва Ин Шо Аллоҳ қабул хоҳанд гашт!
5. Рузи ҷумъа! Аз Абу Ҳурайра (р.а) ривоят
шудааст ки: Расули Акрам (ﷺ) рузи ҷумъаро ёдовар шуда фармудаанд: -« Дар ҳама руз лаҳзаҳое ҳаст ки Аллоҳи Мутаъол бар бандагоне ки дар намоз
коиманд хар чи ки талабанд ато намояд»! -ва бо дастони муборакашон ишора
карданд ки то чи андоза он лаҳза кутоҳ аст.
Беҳтарину авлотарин он аст ки бандагони
«мухлис» дар рузҳои ҷумъа рузону шабон дуъогу бошанд то он лаҳзаи мубораки «иҷобати дуъо»-ро дарёбанд.
6. Миёни азону қомати намоз! Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд ки миёни азону қомати намоз неъматҳои дунёву аҷри неки Охиратро аз даргоҳи Илоҳиро бихоҳед! Ин лаҳзаест ки миёни аҳли имону Холиқашон ҳама пардаҳо бардошта хоҳад шуд ва Худованд дар он лаҳзаҳо ҳар ҳоҷоту пурсише ки бандагони «обидаш»
хоҳанд кард иҷобат хоҳад кард!
Аз Анас ибни Молик (р.а) ривоят шудааст ки
Расули Худо (ﷺ) фармуданд:
-«Дуъои миёни даъвати ба намоз (азон) ва қомати ба намоз рад нахоҳад гашт»!!
7.
Пас аз қироати Қурьон! Қурьон ин каломи Аллоҳ аст, бо ҳузури дил хонда мо дилҳои худро пок хоҳем кард ва ба Холиқамон (ҷ.ҷ) наздик мегардем. Пас банда ки
дилаш пок гашт миёни у-ву Холиқаш пардаҳо бардошта хоҳанд гашт.
Дар ҳадиси Мубораки Расули
Акрам (ﷺ) омадааст: «Дуъои бандае ки хатми
қурьон менамояд қабул хоҳад гашт»!
«Дуъо
иҷобат хоҳад гашт дар лаҳзаи пас аз қироати Қуръону азон, замони муҳориба бо душманони Ислом, дар лаҳзаи боридани борон, лаҳзае ки бандае зулм хоҳад дид»!
8.
Шаби «қадр»!! Дар ҳадиси муборак омадааст:
-«Шаби Қадр беҳтар аз 1000 шаб аст». Чун дар ин шаб
бар бандагон бисёр неъматҳои Илоҳи ато хоҳад гашт ба фарк аз дигар моҳҳо. Дар ин шаб ба замин зиёди фариштаҳо фуруд хоҳанд омад бо сардории ҳазрати Ҷабраил (а.с). Пас бар ононе ки дар он шаб дар тоъату ъибодати «холисона» қоиманд, руза медоранд- ин фариштаҳо саломи Илоҳиро мерасонанд!
Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд: «Дар шаби қадр ҳазрати Ҷабраил (а.с) бо гуруҳи фариштагон фуруд
меояд. Пас онон бар ҳар бандае ки дар тоъату
ъибодати Илоҳи дарёбанд -ъамалҳои неки он мардумро аз ҷониби Худованд арҷгузори мекунанд! Онон (фариштагон) дар рузи ъиди Фитр ба суи Холиқи Якто дасти ба дуъо хоҳанд бардошт ва зориву тавалло кард
ки:
-
Худовандо! Ба ин бандагон аҷри неке ато фармо!
Худованд гуяд:
-« Эй фариштагони ман! Ба дурусти ки халқи Манро чи занону чи мардонеро
ки нек вазифаҳои доштаашонро (тоъату ъибодат) адо
намуданд ва руза доштанду имруз ба ъидгоҳ омадаанд (намози Ъид)
ва итоъати Ман-ро кардаанд огоҳ намоед: «Ман қасам мехурам ба Бузургиам ки албатта
ба дуъоҳои онон ҷавоб хоҳам гуфт»!
Сипас
Аллоҳи Мутаъол ба он бандагонаш фармояд: -« Ман гуноҳони шуморо бахшидам- ва аъмоли бади
шуморо ба неки иваз намудам».
Пас он
бандагоне ки дар намози Ъид буданд баргарданд замоне ки Худованд гуноҳони
онҳоро Мағфират намуда!
9.
ҳангоми Борон! Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд: « Дар ду ҳолат Аллоҳи Мутаъол дуъои бандагонашро албатта қабул хоҳад кард: «вакти азони ба намоз ва ба ҳангоми боридани борон»!
Борон ин лаҳзаи рехтани «раҳмати Илоҳист» ки бар замин фиристода хоҳад гашт- пас мутмаин бошед ки дуъое ки ин лаҳзаи фуру рехтани «раҳмати Илоҳи» кардаед - иҷобат хоҳад гашт
10.
ҳамчунин дуъои бандагони «мухлис» иҷобат хоад гашт пас аз адои ҳар як намози фароиз ва рузҳои хоси моҳ: чун аввалин рузи моҳи Раҷаб, аввалин рузи моҳи шарифи Рамазон ва
рузи ЪАрафа!
Муаллиф: Сайида ҳайёт!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\//////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Ай
Бародарону Хоҳарони Эмониам!: Марҳамат киро ҳоҷатест, киро мушкилиест, киро бемориест, киро қарзест таваҷҷуҳ намоед ба фармудахои болои! Худову Расулаш (ﷺ) дар Қурьону суннат роҳҳои кушоишу баровардани ҳоҷотро бар мову шумоён осону фаҳмо арза кардаанд- марҳамат аз «сидқи дил» пайрав бошед ва ҳеҷ як мушкилие нахоҳад монд ки дигар шуморо азоб диҳад!
Ин аст Исломе ки Худованди Мутаъол ва Расулаш
(ﷺ) фармудаанд! Аммо афсус ки зиёди бандагони мусалмони имруза чун
хоҷате доранд, мушкиле доранд ҷои он ки пас аз адои намозхои фароиз,
дар «дили шаб»,соати «ифтор», «миёни
азону иқомат», «ҳангоми борон», «рузҳои ҷумъа», «пас аз қироати Қуръон» худ дасти ба дуъо бардошта аз
Холиқи Бениёз хоҷат хоҳанд бубинед ки чи кор мекунанд:
1. - Як тоифае
назди фолбину ҷодугаре мераванд ва мушкили худро ба онҳо мерасонанду ба онҳо умед доранд! Ин аст
«щирк»-и ба Худо ва нафаре ки онро кард надоранд «Имони ба Худо»! Дониставу
надониста ин тоифа мардум ҳам Имон барбод медиҳанд ва ҳам ноумед хоҳанд монд!
2. -Дигар тоифае бемор гарданд «аловгардон»
мекунанд, вазниние бинанд назди ҳамон «ҷодугарон»-е ки номи худро табиби «китобкушо», табиби мардуми
ниҳодаанд рафта умед ба онон доранд. Пас мебини ки он табибон мефармоянд: қулф биёр, мурғ ё бузи кабуд, устухони гов ва дигару
дигар биёр (ин аст сифати ҷодугарон)!
3. - Дигарон барои дур сохтани чашми бад, кушоиши кор- болои дарвоза
мебини шохи бузу, наъли аспу дигару дигар мемонад ва эътиқод доранд ки он фоида меорад.
4. – Якеи тоифаи дигар (зиёди мардуми имруза) барои кушоиши
кор, кушоиши бахт, талаби шифо, талаби мол сари қабри мазори бузургону азизони Худо мераванд ва ба ҷои он ки барои онон дуъои хайре кунанд- худ ҳоҷат мехоханд, фарзанд мехоҳанд, шифо мехоҳанд ва ғ. ҳамон «номуллоҳо»-и нишастаи сари он қабрҳоро бубинед ки ба ҷои он ки фаҳмонанд ки ин дуруст
нест чи мегуянд:
- Гови калон биёр, буз ё гусфанд биёр, пулу мол
биёр, чор ҳафта паи ҳам биё бахтат кушода мешавад, фарзанддор мешави, корат барор
мегирад, шифо меёби ва ғ.
!!!! Эй бародарону хоҳарони ИМОНИ!: Магар он қабр ки ба ту мол диҳад - гову гусфанду бузу
пулу матоъи бурдаи ту ба у чи лозим аст? Гар он соҳиби қабр ки шифо медод –чаро ба худ шифое
наёфт? Гар он соҳиби қабр ба ту фарзанд ки дода тавонад- чаро ки чангу хоку ғубори болои қабрашро тоза карда наметавонад?
Паёмбар
саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст: «Маро наситоед(парастиш накунед), ҳамчунон, ки Насоро ибни Марям (Исо)ро сутуданд, аммо ман бандаам, пас бигўед, бандаи Худо ва расули Ў». (Бухорӣ).
Расули Худо ки фармудаанд ки маро ситоиш накунед- яъне пас аз ман аз ман ҳоҷатхоҳи накунед, ба ман ъибодат накунед. Балки аз Холиқи Ман ҳоҷат бихоҳед! Чун дуъо худ ъибодат аст!Ъибодат танҳо хоси Аллоҳ аст на махлуқи У!
Тибқи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам):
"Аддуъоу ҳувал ъибодату" (яъне-Дуо ъибодат аст) (Ривояти Тирмизи)
Пас ба қабри Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки ин ъамалҳо щирк бошад- ба ин қабрҳои дигар «азизони Худо» чист!? Оё ин щирк нест?Ё ин «азизон» аз Расули Акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам) дида бузургтаранд? (Астағфируллоҳ).
Аммо афсус аз барои нафси палид гашта он нафароне, ки кат гузошта мардумро ба аъмоли щирки даъват менамоянд аз Тавҳид фаромуш кардаанд ва ё Имон ба Шайтони лаъин фурухтаанд.
Як ходисае ки рости қариб соле пеш шуда буд ёдам омад:
- Бо як рафиқам насиб будааст рузи чоршанбе намози пешинро дар масчиди
Мавлоно Яъкуби Чархи хонем. Худованд раҳмату магфираташ кунад ҳазрата агар медиданд ки имруз болои қабри у чи аъмол доранд ин «ноМуллоҳои нафспараст» аз онҳо нафрат мекард ва онҳоро зада пеш мекард.
Дуъое ки он домлоҳои болои кабр кат нишаста мекунанд аз «Тавҳид» берун аст:-«ҳазрати Мавлоно барори коратон диҳад», «ҳазрати Мавлоно кушоиш атоятон намояд», «ҳазрат бахтатон диҳад», «ҳазрат шифоятон диҳад» ва дигару дигар.
Аз масчид баромада ба мошин шинем як зане илтимос кард ки гар тарафи шаҳр равем уро хам бо духтараш барем. Маълум шуд ки ин зан инак 3-хафта паи хам ба ин зиёратгох меомадааст:
- Домлои калони масчид гуфт ки агар 4-ҳафта паи хам биёи бахти
духтарат кушода мешавад. Як дафъаи дигараш монд.
-
Холачон! Ин ъамалатон дуруст нест! Охир шумо бояд дар ҳаққи ин хазрат дуъои хайр кунед- чун у ба ҳеч чиз қодир нест. Беҳтараш шумо худатон ва шавҳаратон намоз хонда дар ҳаққи ин духтаратон дуъои неке кунед- чун
Худованд инро фармудааст! Шумо оё боре намоз хонда дуъои хайре барои духтаратон
кардаед?-пурсидам ман.
- Эээ
баччам! Ман пеш аз ин чандин маротиба сари қабри ҳазрати Султон, ҳазрати Амирчону дигар «азизо»
рафтаам - аммо ҳаму муллохо мегуянд ки сари қабри фалон «азизи Худо» рав ва ё дигари- аммо боре ба ман
нагуфтаанд ки худ намоз хону дуъо кун. Шавҳарам қати ин духтар 3-4 сол аст қаҳри- вай дуъои бад
кардаги аммо дуъои хуб не!- чавоб гуфт он зан.
- Холаҷон! Худованд мефармояд ки дуъои
волидайн нисбати фарзанд чи дуъои нек бошад ва чи дуъои бад зуд қабул мегардад. Пас равед ин духтаратона бо падараш ошти
кунонед ва ҳарду якчо барои у дуъои хайр кунед Ин Шо Аллоҳ бахташ кушода мешавад!
Шумо 10-сол сари қабри ин азизон барои хочат равед
фоида надорад- танҳо дуъоу тазарруъ ба Аллоҳи Мутаъол кунед!-
гуфтам ман.
Бубинед ки баъзе ноМуллоҳои имруза аз «Тавҳид» бехабаранд ва ё аз барои «нафси
палиди худ» тайёранд имонашонро
фурушанд. Чун пулу молу гову гусфандро онҳо ба худ мегиранд ва ҳатто аз ятимону
мискинони он маҳалла парвое надоранд.
Оё шумо боре
шунидаед, ки ин муллоҳои сари қабрҳо менишаста гуянд ки «аз
қабр хочат наталабед», «ба хаққи ин азизон дуъо кунед тамом» «худ намоз хонда дар дуъо хочат аз Аллох
талабед», «Дуъо хоси Аллох аст»?
Гумон аст инхо чунин
гуянд! Аммо оё он нафароне ки сари қабри ин «азизон» мераванд худ ақлу Имони ба Худо надоранд? Оё инҳо наметавонанд худ Қурьону аҳодиси Набави хонанд?
Оё дар Қуръону Аҳодиси Набави боре хабаре омадааст ки
ин аъмол қабул аст- ё ин щирк аст? Дар Щирк
буданаш хабар ҳаст- аммо қабул нест. Ҳеч не дар аъмоли саҳобагону соҳибмазҳабон хабаре ҳаст, ки онон чунин ъамалро кардаанд? (ҳочат хостан аз қубур)?
Не! ҳаргиз не! Чун он ҳазратхо аз Тавҳид бохабар буданд ва ҳар мушкилу ҳоҷоте болояшон ки меомад худ дар «дили шаб» намозҳои нофила хонда дасти ба дуъо суи Холиқи Якто мекарданд ва танҳо аз У ҳоҷат металабиданд- ва таърих гувоҳ аст ки то чи андоза ононро Худованд муваффақ карда буд.
Онон ҳақиқат пайрави Қурьону суннат буданд- аммо имрузҳо мо дар забон худро «аҳли суннат валь ҷамоъат» медонем- аммо дар ъамал
пайрави хатокороне гаштаем ба монанди «шиъаён»-е ки Тавҳидро қабул надоранд.
Оё беҳтар нест ки ҳар мушкиливу ҳоҷоте ки пеш омад мову шумо худ чун
фармудаҳои боло дар намозу ифтор ва қироати Қурьону «дили шаб» дасти ба дуъо бардошта
онро аз Аллоҳи Мутаъол бихоҳем? Дар он фармудаҳои боло ихтилофе нест – аммо баъзеҳо боз ҳам пайраванд аз ҷоҳилони ин замон!
Пас ки ҳуқуқ дорад ақли худро аз Қуръону Аҳодис боло ҳисобад – ва ё гуфтаи ким кадом номуллои хатокореро аз Ислом
донад!???
Он
фатвову ақидае ки зидди фармудаҳои Қурьону Аходиси Набавист қабул нест- чун онро метавонанд душманони дин ва ё ҳамон ҷоҳилони замон паҳн созанд то мо аз «Тавҳид» даст кашем! Мо худ пайравони Қурьону Суннат метавонем ба ҳар саволу масъалаҳо ҷавоб аз ояҳои Қурьониву суннати Набави ёбем!
Ислом ба «Зоти Худ» надорад
айбе!
ҳар айб ки ҳаст дар мусалмонии мост!
Донед ки танҳо Аллоҳи Бузург ба мову шумо ъумр
медиҳад, неъмат медиҳад, мол медиҳад, бахт медиҳад, тахт медиҳад, шифо медиҳад, баракат медиҳад, фарзанд медиҳад, кушоиш ато мекунад!!! У (ҷ.ҷ) равшану возеҳ дар ояҳои Қуръони инро ба бандагонаш расонидааст!
Нафаре ки
ба ин неъматҳо муҳтоҷ аст марҳамат 10 мавриде ки Худованд ба дуъову тазарруъи
шумо ҷавоб мегуяд ва дар ин мавридҳо шубҳае нест- ъамал кунед ва
ноумед мабошед чун «Дарёи Раҳмати Худованди» беканор
аст!
Ноумед
танҳо шайтон бояд бошад- мо бандагон ба умед ба
«Рахмати Илоҳи» зиндагии дар бандаги
мекунем. Аммо нафароне ки боз ҳам ин ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набавиро монда аз паи фатвову дуруғини ҷоҳилону «ноолимон»-и замон мегарданд оқибат аз «Аҳли ҳасратанд»! Вой бар ҳоли онҳо ки аз «Тавҳид» бехабаранд!
Муаллиф: Садриддин
12.07.2014с.
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед: https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий