Общее·количество·просмотров·страницы

вторник, 15 ноября 2016 г.

ГАР ХОЧАТЕ ДОРИ!



                                            ГАР БАР ХУДОВАНД ҲОҶАТЕ ДОРИ!
       Мусо (Алайҳиссалом) бо марде хамнишин гашт, ки дасти ба дуъо бардошта аз Аллоҳи Мутаъол ҳоҷати хеш мепурсид. Он мард дуъоҳои зебое мекард, ки ба дили ҳазрати Мусо (алайҳиссалом) нисбати у раҳм ҷой гирифт ва у ба худ гуфт:
   - Гар ба дасти ман иҷобати дуъои у мешуд- албатта ҳоҷаташро бароварда мегардонидам.
     Дар ҷавоби ин гуфтахо Аллоҳи Мутаъол ба у хабаре фиристод ки:
   - Ё Мусо! Ман аз ту дида зиёдтар ба ин мард меҳрубонтарам. Бале! У бо дуъову тазарруъ суи Ман даст бардоштааст, аммо у ин дуъоро танҳо ба забон менамояд ва аммо дилу фикру хаёли у бо раммаи гусфандонаш аст ва у дар фикри он гусфандонаш аст. Ман дуъои он нафареро, ки дилаш дар фикри ғайри Ман бошад ҳангоми дуъо  иҷобат нахоҳам кард!
    Мусо (Алайҳиссалом) зуд ба он мард ин хабаре, ки Худованд ба у равон кард расонд. Он мард ҳамон замон тавба кард ва бо «ҳузури дил»  дуъо намуд ва Аллоҳи Меҳрубон дуъои уро иҷобат намуд!
    (Руҳуль-Баён 3/178)



     Ъибрат:
      Ҳақиқатан имрузҳо зиёди бародарону хоҳарони Имони баъзан шикоят аз он менамоянд, ки дуъо мекунанду аммо дуъояшон иҷобат намегардад. Аммо иҷобат нагаштани дуъои онҳо зиёд сабабҳое чун ин қиссаи боло оварда дорад.Худованд дар каломаш бар бандагон мефармояд:
    - «Парвардигоратонро бо тазаррӯъ  (зорӣ) ва дар ниҳон бихонед, зеро ӯ аз ҳад гузарандагони саркашро дӯст надорад»!    (сураи Аъроф ояти 55)
     Бадурусти, ки  ҳама бандагон ҳоҷату ниёзҳое доранд ва онро аз Худованди хеш дар дуъову тазарруъ талаб хоҳанд кард. Аммо дуъо ҳам талаботҳое дорад, ки нафари дуъокунанда онро бояд риоя намояд.
   Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод)  мефармоянд:
   - «Назди Аллоҳ ҳеҷ чиз беҳтар аз дуъо нест»!
     Ҳатто  агар ҳеҷ ҳоҷате аз Холиқи хеш надоред дуъои шукрона намоед, дуъо барои бародарону хоҳарони Имониатон намоед. Аммо дар асл чи бою гадо, чи шоҳу чи зердастон мо ҳама ниёзҳое дорем- ягона  Аллоҳи Бузург аст бениёз!
    Дар мавриди нафароне, ки гуиё худро бениёз аз дуъо ва бе ҳоҷату  мушкили медонанд Худованд фармудааст:
   - Бигу: «Агар ибодат ва дуъоятон набошад Парвардигори ман эътиное бар шумо надорад. Аммо шумо  рисолати осмониро дурӯғ шуморидед. Пас, (оқибати) он мулозими шумо хоҳад шуд». (Фурқон 77)
    Чун дуъо тибқи ҳадиси муборак ъибодат аст- пас ъибодат (дуъо) бояд бо ҳузури дил бошад. На чун он марде, ки фикру хаёлаш ба молҳояш буд. Дуъову ъибодате, ки дар он сидқу сафо нест гумон аст қабул гарданд. Бузургон чи нек қайд кардаанд дар мавриди чунин намозу дуъо:
    -Намозе ки аз сари сидқу сафо нест,
    -Гар дар Каъба гузори раво нест!
     
      Пас ҳар яки моро мебояд ба ин гуфтаҳо назар андозем ва ъибрат бигирем. Оё чунин мешавад, ки бо Худованди худ машварату ҳоҷатхоҳи намоему фикру хаёламон ба ғайри У бошад!? Ин аст яке аз одобҳои дуъо- яъне «ҳузури дил» ҳангоми дуъо намудан.
      Дигар одоби дуъо ин дуъоҳои Қурьониву он дуъоъое, ки Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) менамуданд истифода бурдан аст. Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) дар ҳар як маврид ва ҳолат дуъоҳои хосеро мекарданд ки он ба мо низ расидаанд. Пас албатта мо низ аз он дуъоҳо истифода барем!
     Яке дигар одоби дуъо ин ихлосу бовари ба он ки Ин шо Аллоҳ ин дуъову тазарруъи кардаи шумо қабул хоҳад шуд. Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) мефармоянд:
  -« Ба суи Аллоҳ (ҷ.ҷ) бо «ихлос» дасти ба дуъо бардоред ва бовар дошта бошед ки албатта ҷавоби онро дастрас хоҳед кард»!
    Пас барои иҷобати дуъои хеш мо бандагон ин гуфтаҳоро албатта бояд риоя намоем ва Ин Шо Аллоҳ дуъои мо қабул хоҳад шуд. Дигар ин ки барои дуъои худ мо савобҳое ҳосил хохем кард. Чун дуъо тибки ҳадиси муборак «Ъибодат» аст!
     Ва дар ҳадисе Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар у бод) дар мавриди нафароне ки худро бениёз медонанд ва аз Худованд дар дуъову тазарруъ ҳоҷат наметалабанд чунин фармудааст:
    -«Ҳар кас, ки аз Аллоҳ таъоло суол накунад (дуъову тазарруъ ва муноҷот накунад), Аллоҳ ба ӯ ғазаб хоҳад кард».

Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
         https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий