Абдуллоҳи ибни Зайди Ансори
(р.а) боре ба назди Расули Акрам (саллаЛоҳу ъАлайҳи ва салам) омаду гуфт:
- Ё РасулаЛлоҳ! Ту бароям аз ҳама неъматҳои дунё, аз молу худу зану
фарзандонам дида азизтари! Гар неъмати дидани ту намебуд маргро беҳтару авлотар мешуморидам
барои худ.
Ин суханонро бигуфту бо шиддат бигрист. Он гоҳ РасулаЛлоҳ (саллаЛлоҳу ъАлайҳи ва салам) аз у сабаби ин гиристанашро
пурсид. У гуфт:
- Ё РасулаЛлоҳ! Ман ба фикри он рафтам, ки рузе
албатта мову шумо вафот хоҳем кард. Пас дар «дунёи
Боқи» шумо дар Ҷаннатуль Фирдавс миёни паёмбарон хоҳед буд. Аммо гар моро
Аллоҳи Бузург шоистаи Ҷаннат бидонад ҳам мо дар пасттарин
гушаи Ҷаннат хоҳем буд ва аз дидани ҷамоли шумо маҳрум хоҳем монд. Аз ҳамин сабаб ман мегирям.
"Дарёи раҳмат" Расули Акрам
(салаЛлоҳу ъАлайҳи ва саллам) ин суханон бишниду хомуш
монд. Ин замон ин ояи муборакаи сураи Нисо нозил гашт:
- «Ва ҳар ки аз Худову
паёмбараш итоъат кунад, (рузи ҷазо) ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст,
чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон. Ва инҳо чи неку рафиқонанд»! «с Нисо ояи 69»
Аз байн муддате бигзашту як рузе,
ки Абдуллоҳи ибни Зайди Ансори (р.а) дар боғаш машғули кор буд писараш
давида омаду замоне, ки бо мушкили нафас мекашид хабари марги Расули Акрам (саллаЛлоҳу ъАлайҳи ва салам)-ро овард.
Аз шунидани ин хабари шум яке аз беҳтарин асҳоб дасти дуъову тазарруъ ба суи
Худованд бардошт ки:
-«Илоҳо! Неъмати биноиро аз
ман бигир, то пас аз марги Ҳабибат (саллаЛлоҳу ъАлайҳи ва салам) дигар ин чашмон касеро
набинанд»!
Худованд дуъои уро мустаҷоб намуду Абдуллоҳи ибни Зайд нобино
гашт!
(Қуртуби,
аль-ҷоми
ли-Аҳкамиль Қурьон,
V/271).
Боре Имом Аҳмад (р.а) ба сафар баромад. Чун зиёд
дар роҳ буд торикии шаб фаро расид ва дар назди деҳае, ки касе уро намешинохт бозистод. Имом масчиди хурдеро дид ва
хост дар он шабро руз намояд. У ба масчид даромаду намоз гузошт ва хост
бихобад.
Чун ба хоб рафтани шуд посбони масчид дохил гашту пурсид:
- Ту чи мехоҳи бикуни?
Имом Аҳмад (р.а) дар чавоб гуфт:
- Мехоҳам бихобам!
- Ин макон барои хоб нест!- боз гуфт посбон.
Посбон намедонист, ки ин Имом Аҳмад (р.а) аст ва имом ҳам ба у инро нагуфт.
(Ачаб
мардумони некрафторе буданд он азизони Худо. Ин замони мо гар як нафар каме
ъилми нокофи дошта бошад, аз авлоди олиме бошанд тайёр аст дар хама макон худро
таърифу тафсиф намояд то уро хурмату эхтиром гузоранд. Дигар тоифае хаст, ки
хангоми сафар гар дар чунин холат афтад зуд дари хонаеро куфта: «ман писари фалон эшону домуллоям»- гуфта холо
сухан огоз нагашта зуд худро шинос менамоянд то онхоро эхтиром гузоранду зиёфат
биёроянд.
Аммо он
азизони Худо ачаб хоксоре будаанд, ки тайёр буданд дар гушаи масчид бихобанду
аммо дари хонаи нафареро накубанд то уро мехмон намояд. Гар имом он лахза худро шинос менамуд албатта
он посбон уро зуд ба хонаи худ ва ё имоми он масчид бурда зиёфате меорост ва чои
хоби хубе ташкил менамуд.)
- Хез аз масчид баро!- овоз баланд намуд
посбон.
- Маро бигузор каме бихобам! – пурсид имом.
- Не! Ту дар ин масчид намехоби чун инро ба
мо манъ намудаанд. Бирав! – зиёдтар овоз баланд намуд посбон ва имомро аз
дохили масчид пеш кард.
Имом аз масчид берун гашту назди дари он хост
бихобад. Посбон боз наздаш омаду пурсид:
- Ту чи кор кардании?
- Мехоҳам каме бихобам дар назди дари
ин масчид!- чавоб гуфт имом.
- Хатто назди ин дари масчид хобидан манъ
аст!- гуфт посбон ва уро кашида бурда ба куча партофт. Ин замон имомро марди
нонпазе бидид. У машгули хамир тайёр кардан буд то рузи дагар ба барвакти нон
бипазад. У назди имом омаду гуфт:
- Биё бо ман ба нонвохона. Он чо гарм аст ва
ту хуб роҳат хоҳи кард ва меҳмони ман хохи шуд!
Имом бархесту аз паси у дохил гашт. Имом Аҳмад (р.а) дар феълу рафтори нонпаз бодиккат аҳамийят дод, ки чун мехост як коре кунад «АстагфируЛлоҳ» мегуфт. Имом ба у низ
худро шинос накард ва аз чой бархост ва замоне, ки нонпаз низ намедонист дар ру
ба руяш кист пурсид:
- Чанд муддат аст ту ин одатро ба худ
гирифтаи?
- Муддати дарозест! –чавоб гуфт нонпаз.
-Оё фоидаи ин ъамалро дидаи?
- Бале! –чавоб гуфт нонпаз.
- Чист фоидаи он! –пурсид Имом.
- Хар
он чи, ки аз Аллоҳи Меҳрубон бипурсам маро ато
намудааст ва ба дуову истигфорам чавоб гуфтааст ба гайри якеи ин дуъоям!- чавоб
гуфт нонпаз.
- Чист он дуъое, ки ичобат нагаштааст?-
пурсид имом.
- Ман Худовандро илтичо намудаам то бо яке аз
бандагони солеҳаш Имоми Аҳмад (р.а) ҳамнишину ҳамсуҳбатам гардонад!- чавоб гуфт
нонво.
- Аллоҳу Акбар! Аллоҳи Бузург имруз ин дуъои туро низ
ичобат намуд ва мани бандаи очизу
нотавонаш Имом Аҳмадро пушти дари ту оварда партофт!- чавоб гуфт Имом.

Baccarat - How to play, strategies, & more! - FEBCASINO
ОтветитьУдалитьIf you're a fan of live baccarat, then the 카지노 concept is simple: Players febcasino place 제왕 카지노 a single bet and have the chance to win the jackpot. When the game is
Casino Online | Deposit, Withdraw, Play Now | Gypsy City Casino
ОтветитьУдалитьCasino online has become an exciting way to 블랙 잭 gamble online in Michigan,” said mgm바카라 John bet365 F. Maddox, president and chief operating 강원 랜드 슬롯 머신 officer 토토사이트코드 of the casino brand.