Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 3 августа 2016 г.

Мавъизаи оташин!



Ҷамоъати Муслимин! «Мавъизаи оташин»!
   Марде ҳамаруза  ба намози ҷамоъат мерафту  як муддат аз намози ҷамоъат дур монд. Якчанд руз пас эмоми масҷид хост то уро хабаргири равад ва сабаби аз ҷамоъат дур шуданашро фаҳмад. Рузи хунуки зимистони буд.
    Эмом он мардро дар хонааш танҳо дарёфт дар ҳоле ки дар ру ба руи камини оташин истироҳат мекард. Он мард чун эмомро дид ҳайрон шуд ва ба худ фикр мекард ки «ин эмом чаро омада бошад»!  Онҳо   якдигарро «салому алек» карданду ба хона даромаданд  ва назди камин нишастанд. ….. Хомуши……
     Эмом нишаста буду чизе намегуфт. У дар ҳоле ки хомуш буд ба сухтану аланга гирифтани оташи дохили камин назорат мекард. Лаҳзае гузашту эмом  оташгиракро гирифт ва аз дохили камин як пораи оташи сузону равшанеро гирифт ва аз он камин каме дуртар як тараф  гузошт. Сипас у боз худро ба курсияш ба пушт партофт, аммо чизе намегуфт.
     Соҳибхона ҳам ба ин ҳолат хомушона  назорат мекард. Он пораи оташе ки лаҳзае пеш аланга мезад ва аз он нур меборид дар танҳои оҳиста оҳиста хомуш мешуд. Дере нагузашта он пораи оташ пурра хомуш гашт ва дигар на равшани ва на гарми аз он намебаромад.  Ин ҳама ҳолат дар муҳити пурра хомуши мегузашт.
    Эмом ба соат нигаристу дарк кард ки вақти рафтан шудааст.  У оҳиста аз ҷой бархост ва он пораи хомушгаштаро дубора бардошту дохили камин миёни дигар пораҳои оташ гузошт. Дубора ин пора аз он оташу гармие ки дохили камин буд қувват  гирифту ба аланга даромад ва монанди  дигар пораҳо гармию рушнои медод.
    Чун эмом ба суи дар равон шуду мехост  хайрухуш намояд, соҳибхона бо чашмоне ки пур аз ашк буданд ба у муроҷиат намуд:
    - Аз шумо миннатдорам барои ин хабаргириатон ва зиёдтар барои ин «мавъизаи оташин»-и кардаатон! Ман аз фардо намози бомдод сар карда албатта ба масҷид хоҳам рафт ба намози ҷамоъат, ин шо Аллоҳ.
    Ъамалҳо ва рафтори некуе ки мо бояд дошта бошем аз суханҳои гуфтаамон баландтар садо медиҳанд. Мо дар як замоне зиндаги дорем ки ба гуфтаҳо кам аҳамийят медиҳанд. Баъзан моро  беҳтар аст хомушона бо ъамалҳои неку ва тоъату ъибодати «холисона»  бародарону хоҳарони эмонии худро  «даъват ба ъамалҳои маъруф»  ва «наҳй аз ъамалҳои мункар»  намоем!  Баъзан!!!!!!!

     Муаллиф:                 rab Allaha  (13 ноя 2013)
     Тарҷумаи банда!
   )))))))))))))))))))))))))))))((((((((((((((((
     Ъибрат:
    Мо мусалмонон муътакидем ки  танҳо замоне пируз хоҳем гашт- ҳамаги ба дастуроти Илоҳи чанг бизанем, аҳли ҷамоъат бошем ва зери парчами Ислому Эмон муттаҳид гардем. Шайтони Лаъин душмани ошкорост - у хурсанд мегардад аз он ки мусалмоне аз ҷамоъати дигар муслимин дур гардад. Чун ба у осонтар аст чунин мусалмонро ба осони аз роҳи «Ҳақ» дур намояд!
Бо ҷамоъат яди тавфиқи Худост,
Ин сухани бешак ҳадиси Мустафост!
Ончи мебахшад рузе моро наҷот,
Иттиҳод аст, иттиҳод аст, иттиҳод!
   Дар ин қиссаи болои Эмом ба ин бародар панде доданд ки беҳ аз ҳазор мавъизаи забони хоҳад буд-аммо онро танҳо «оқилон» дарк хоҳанд кард. Яъне мусалмон миёни дигар бародарону хоҳарон эмонаш қувват мегирад ва у нурони мегардад. Аммо замоне ки у аз ҷамоъат дур гашт, аз амри ба маъруф дур гашт- дигар назди у ба бози ва ҷилва Шайтони лаъин мепардозад ва ба зуди уро аз рохи «Ҳақ» дур месозад.
  Паёмбари Акрам (с) дар айёми набарде ба саҳобаи бузургвор Али ибни Абутолиб (р) фармудаанд:
  -"Агар Худованд ба сабаби ту нафареро ҳидоят намояд, беҳтар аст барои ту аз шутурҳои сурх! (яъне аз беҳтарин неъматхои дунё)."
   Бадурусти ки гар мо бародарону хоҳарон муттаҳид бошем, аҳли ҷамоъат бошем ба душманони Ислом мушкил аст миёни мо душманиву нифоқро паҳн созанд. Шайтони лаъин ҳарчанд миёни иттиҳоди муслимин ҷилва занад, ҳаракатҳои палиде намояд- аммо бародарон нагузоранд то дигар бародаре ба роҳи хато қадам монад!

Комментариев нет:

Отправить комментарий