Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 1 августа 2016 г.

Нақшаҳо! Муроду мақсудҳое ки ……..



Нақшаҳо! Муроду мақсудҳое ки ……..
     Дируз у нақша дошт курорт мераваду даҳ руз истирохат мекунад!
    Дигаре нақша дошт албатта аз фардо ру ба тоъату ъибодат меорад!
    Дигари нақша дошт ки мошини хубе мехарад!
    Дигаре нақша дошт оила барпо хоҳад кард!
    Дигаре нақша дошт донишгоҳ  дохил хоҳад шуд!
    Дигаре ҳоло нақшае накашиду дар тифли сафар кард!!
        Оҳ нақшаҳо, нақшаҳову муроду мақсудхое  ки ҳар руз барбод медиҳад ин марг! Марге ки ба касе раҳм нахоҳад кард ва касеро фурсате нахоҳад дод!  Марге ки як руз паёмбаронро бо худ бурд-рузи дигаре шоҳу гадоеро бибарад! Марге ки аз он ба васила пулу мол, ному насаб  наҷот ёфтан нашавад!
     Абуҳурайра (р) ривоят намуда, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва-с-саллам) фармудаанд:
   -«Барҳамзанандаи лаззатҳоро (маргро) зиёд  ёд кунед».
     Маргро бисёр ёд кунед фармудаанд он Ҳазрат. Замоне ки умматон зиёд ёди марг карданд, на танҳо дар фикри ин «дунёи фони» мешаванд –балки ба  суи  охират низ рағбат пайдо менамоянд.  Яъне нафаре ки мутмаин аст ки рузе у ҳам маргро албатта мечашад ба он сафари «пурталотум» тайёри мебинад. Пас нафаре ки тайёр шуд дигар аз омадани марг наметарсад-чун барои он сафар «тушаи неке» захира хоҳад кард аз тоъату ъибодат ва хайру саховат.
     Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салам) фармудаанд ва мо умматонро насихате кардаанд ки:
  -«Беҳтарин «воиз» тобути чубин аст»-  яъне марг ва  тобуте ки мову шумо мебинем як руз пири ҳаштод солае ба он савор хоҳад шуд,  рузи дигаре ҷавони 17 солае. Пас беҳтарин дарси ъибрат бар оқилон ҳамин марг аст ки на ҷавоне ва на кудакеро раҳм нахоҳад кард. Рузу соат ки омад  дигар ҳеҷ касеро фурсат нахоҳад буд то тавба кунанд, тоъату ъибодат бикунанд, аз нафареро ки уро ранҷонида буд бахшиш бипурсанд.
        -Зиёди  онон ки имрузҳо  дар дохили  қабранд ва ё болои тахти чубин саворанд (тобут) аз  аҳли ҳасратанд. Онҳо гумон доштанд ки умри 80-у 100 мебинанду дар пири ру ба тоъату ъибодат меоранд. Аммо афсус мехуранд ки дар сини 20-у 30-ю 40 ва ё дар пири  бе тоъату ъибодати Худованд аз ин Дунё реҳлат карданд.
   Инак онҳо ҳасрат мехуранд ва аз Худованд акнун ин замон илтиҷо менамоянд ки:
    - Илоҳо ! Моро умри дубора ато фармо то тамоми умри худро ба тоъату ъибодату ъамалҳои хайр гузаронем! Моро пулу молу «вазифа» ва ин дунёи дуруза мағрур сохту аз фармонҳоят дур шудем ва ҳатто зидди фармонҳоят ъамал кардем- аммо ин замон умре атоямон фармо то ҳама моли худро дар «роҳи ризоят» хайр намоему бо наздиконамон ру ба тоъату ъибодатат орем!
    Аммо Худованд ба мо бандагон як умр дар ин дунёи «фони» ато менамояду- дигар умр танҳо дар «дунёи боқист»! Ҳасрату   пушаймони дигар суде надорад. Пас шумо бародарону хоҳарони Эмони гар нахоҳед аз «аҳли ҳасрат» бошед- имрузу ин соатҳо  аз ёди Худо ғофил мабошед!
   Рузе ин марг суроғи мову шумо низ  албатта хоҳад омад- аммо он рузу соат наздик аст ё дур инро танҳо Худованд донаду бас!!
      Шахсе аз олиме пурсид:
   -Барои ъибодат кардан кадом руз беҳтар аст?
   Олим ба у ҷавоб гуфт:
  - Як руз пеш аз марг.
   Шахс ҳайрон шуду боз пурсид:
    -Вақти маргро ҳеҷ кас намедонад.
     Олим фармуд:
    -Пас ҳар рузи зиндагиатро рузи охири ъумр фикр кун ва  аз сидқи дил тоъату ъибодат кун -шояд фардое бароят набошад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий