Общее·количество·просмотров·страницы

вторник, 16 августа 2016 г.

«Халифаҳои Илоҳи»- кистанд?



           «Халифаҳои Илоҳи»- кистанд?


      «Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт; «Ман дар замин халифае меофаринам», (фариштагон) гуфтанд:   «Оё касеро меофаринӣ, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ иқрор мекунем?» Гуфт(Парвардигор): «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед!». (сураи Бақара ояи 30)
      Ба дурусти ки Аллоҳи Мутаъол дар руи замин барои худ «ҷойнишин» одамиро эълон намуд ва ба души одамийят вазифаҳое вогузошт. Албатта одами пойбанди он фармудаҳо ки шуд у дар ъамал «халифаи Илоҳи» хоҳад буд ва илло зиёданд нафароне ки фармудахои Илоҳиро ба худ бегона медонанд.
    Ин маънии онро дорад ки чунин тоифа мардумон аз беҳтарин «унвон» ки метавонад дар руи замин мавҷуд бошад яъне «ҷойнишини Илоҳи» будан даст кашидаанд ва ҳатто бо молу ҷон дар паи ъамали намудани фармудаҳои Шайтони Лаъин буданд ва ҳастанд! Чун ду роҳесту дигар роҳи сеюми барои инсонийят нест!
    Бубинед ки барои ба даст овардани баъзе унвонҳое ки миёни мо одамийят дар кору фаъолийятамон мавҷуд аст баъзеҳо тамоми умр чи қадар саъю кушиш менамоянд. Аммо ин унвонҳое ки онҳо ба даст меоранд муваққатист -  аммо он унвоне ки Худованд моро сазовор хоҳад кард арзише дорад беҳисоб. Чун ҳама ҳаракату меҳнати мекардаи мо ҳеҷ аст, ва рузи «ҷазо» он қурбу нархе надорад- гар «оқибати корамон» ба хайр набошад! Яъне «эмон ба саломат бурдан» зарур аст аз ҳама моли дунё!
  
   Оё мову шумо намедонем ки ҳар раису сардоре дар ин замонаи мо ба худ як ё якчанд ҷойнишинҳое интихоб менамоянд? –бале интихоб менамоянд.
  Оё ин ҷойнишинҳо ба худ вазифаҳое надоранд?-албатта доранд вазифаҳо!
  Оё ҷойнишине ки ба худ ин вазифаҳои вогузоштаи сардору раисро бегона   донанд  аҳволаш чи мешавад?- албатта уро аз ин вазифа озод хоҳанд кард!
 
     Пас «махлуқ» ки очизу нотавону заъиф аст ҷойнишини у будан вазифаву  ҷавобгари дошта бошад- магар ҷойнишини Аллоҳи Бузургу Тавоно будан вазифаву ҷавобгари надорад? Ба мову шумо маълум аст ки ҷойнишини «махлуқ» фармоише гирифт дигар  он ҷойнишин ҷои шиштан намеёбад то он вазифахоро пурра иҷро намояд. Ҳатто  ин зердастону ҷойнишинҳо аз вазифаи вогузоштаи  сардору раис дида зиёдтар саъю кушиш менамоянд то он сардорро аз худ хушнуд намоянд.
    Аммо афсус ин замони мо баъзе мардумоне ҳастанд ки вазифаҳои ба онҳо вогузоштаи Илоҳиро ё бегона медонанд ва ё ба пири ҳавола менамоянд. Ҳатто  баъзеҳое ҳастанд ки мегуянд ки «гап гапи дил аст- ин фармудаҳо зарур нест»! Ин тоифа мардум шиори «душманони Ислом»-ро роҳнамои зиндагии худ намудаанд на ояҳои Қурьону суннатҳои «роҳнамои башарийят» Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро!
      Худованд дар  Қурьон бар мо мефармояд:
 “Эй касоне, ки имон овардаед,ба Худову паёмбараш ва ин китоб, ки бар паёмбараш нозил карда ва он китоб, ки пеш аз он нозил карда, ба ҳақиқат имон биёваред. Ва ҳар кӣ ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст”.
(Сураи Нисо, ояти 136)

     Ин ояҳо ҳуҷҷату далелест ба ин тоифа мардум. Оё ҳамин тоифа мардум метавонанд ба раису сардори худ  ҳангоме ки ба онҳо фармоише диҳанд  ҳамин суханҳоро гуянд? Албатта не!  Ҳатто  агар ин фармоиш аз доираи кору вазифа берун бошад ҳам ин мардумон баҳри ризои раисон аз истироҳат даст мекашанд ва пулу молу вақт сарф мекунанд ва ин фармоишро пурра иҷро менамоянд. Афсус дар масъалаи фармудаҳои Илоҳи ин тоифа мардум бепарвоанд, танбаланд- ва ё Шайтон алайҳилаъна дар пусту устухони онҳо сахт ҷой гирифтааст.

          Худованди Мутаъол дар Қурьон мефармояд:
  “Дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем,ки Худоро бипарастед ва аз бут дурӣ  ҷӯед.Баъзеро Худо ҳидоят кард ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт. Пас дар замин бигардед, ки  оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ  нисбат медоданд, чигуна будааст”.
(Сураи Наҳл, ояти 36)
     Худованд дар ин оят тасреҳ мефармояд, ки  мақсади ҳама паёмбарон ин буд, ки мардумро ба сўи  ибодати Худо даъват кунанд –чун вазифаи «халифа»-и Илоҳи ъибодату фармонравоии Аллоҳ аст.Мардумоне ки аз ин «вазифаи одами» фаромуш карданд- Паёмбарон омаданд ва онҳоро роҳи «Ҳақ»-ро омухтанд.
   Ҳарки  пайрав шуд онон ҳақиқат «халифа»(ҷойнишин)-и Илоҳи хоҳанд буд ва рузи «ҷазо» дар миёни Ҷаннатиён хушу хурсанд хоҳанд буд –аммо ҳарки аз он роҳ руй гардонд, баҳонаҳо пеш овард рузи «ҷазо» зери «ливои» Шайтони лаъин ва пайравонаш хоҳанд бархост пушаймону русиёҳ ва «аҳли ҳасрат»!

    Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу фармудаанд:
Гуфтанд расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам:
   « Кадом шахсе ки дар хонааш таҳорат кунад, пас ба сӯи хонае
аз хонаҳои Аллоҳ биравад то ин, ки фарзе аз фаризаро анҷом
диҳад, яке аз қадамҳояш гуноҳҳояшро пок мекунад ва
дигараш дараҷаашро мебардорад». (саҳеҳ Имом Муслим).
   
     Ва ин чунин аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст:
     Гуфтанд Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам :
   «Шахсе ки ҳар саҳарию бегоҳи ба сӯи масҷид меравад Аллоҳ
барои Ӯ дар ҷаннат манзилаҳо тайёр мекунад ҳар саҳарию
бегоҳи.  ( Ин ҳадисро имом Бухори ва Муслим дар саҳеҳашон ривоят
кардаанд).
     Эй бародари азиз баргард ба сӯи масҷид ва аз он бе узр тарк
накун то ин, ки аз ин фазилатҳои бузург бе баҳра намон ва
дар дигар ҳадиси Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки
саҳобаи бузург ривоят мекунанд Бурайда разияллоҳу анҳу аз
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки гуфтанд:
   «Башорат деҳ роҳгардонро дар торики ба сӯи масҷидҳо бо
нури пурра дар рӯзи қиёмат». (имом Абу Довуд ва Тирмизӣ).
     Ин дунё барои мо ҳамчун боғ аст дар ин боғ чӣ кошти ҳосилашро дар охират интизор бош. Аллоҳ таоло дар Қурони Карим мефармояд:
   Сураи залзала ояти
7 «Шахсе ки дар ин дунё як зарраи майдатарин неки мекунад
ӯро мебинад подошашро дар охират»
8. Ва шахсе ки майдатарин бади мекунад ҷазояшро дар охират мебинад».

    Аз Аллоҳи бузур умед мекунам ки ҳар яки моро ба Қурьону  суннат
устувор кунад то хақиқат «халифа»-и У (ҷ.ҷ) дар руи замин бошем ва аҷру подоши некамонро дар охират зиёда кунад, ва аз хатогию бадии гуноҳҳоямон моро хор накунад ва дар ин дунё ва охират моро муваффақ намояд.
     Худованд дар каломаш бар мо бандагон мефармояд ва моро сабуктарин рохи ба даст овардани «наҷотро» ошкоро маълум менамояд:
     «Дар ҳақиқат ин Қурьон,ба роҳе ки устувортарини роҳҳост,ҳидоят мекунад;ва  ба мӯъминоне,ки корҳои шоиста    анҷом медиҳанд мужда медиҳад,ки барои онон  подоши бузурге аст».
  Сураи Исро, ояи 9.

Комментариев нет:

Отправить комментарий