Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 22 августа 2016 г.

Киссае ки ъибрат бошад бар муъминон!!



Қиссае  ки ъибрат бошад  бар муъминон!!
             Як гурух тоҷироне ҳангоми сафар бо кишти ба туфоне ру ба ру шуданд. Туфон чунон шадид буд ки киштиро ба осони суи куҳпорае бурд ва пас аз бархурдан бо он куҳпора кишти пора пора шуд. Ҳама  тоҷирону маллоҳон ғарқ шуданд ба ғайри яке.
               Он марде ки зинда монда буд болои тахтаи шикастае як муддат беҳушу ёд шино мекард. Ба ҳангоми субҳ он тахта ба хушкие расиду бозистод. Марди зиндамонда ба ҳуш омаду худро дар ҷазирае  пур аз дарахтони мевадору ободие дид. У ки сахт гурусна буд аз ҷой бархост ва суи он дарахтон равона шуд-аммо ба мақсад нарасида мардумоне пайдо шуданду уро бардошта бо худ бурданд.
         Он мардумон зиёд хурсанди мекарданд ва уро ба қасре бурда расониданд. Уро либосҳои зебое пушонданду ба сери хурок доданд. Сипас уро ба тахте нишонданд. Он мард аз ин муносибат сахт мутаҳайир гашта буд ва аз онон сабаби ин қадар ҳурмату эҳтиромро мепурсид. Ашрофзодае аз ҷой бархосту ба у гуфт:
     - Эй марди Худо! Моро муддатест ки подшоҳамон фавтидааст. Моро одатест ки ҳар гоҳ ки подшоҳ мурд  аввалин нафареро ки ба шаҳри мо аз тариқи баҳр фуруд ояд ба худ подшоҳ интихоб бисозем. Инак пас аз муддате Худованд шуморо ба мо расонид. Бояд подшоҳи мо бошед ё кушта хоҳед шуд!
     Марди тоҷир қабул кард ва подшоҳи он мамлакат гашт. Уро ҳам шаҳр ва ҳам мардумонаш хуш омад, боду ҳавои шаҳр хуш омад ва ба додаи Худованд зиёд шукрона мегуфт. У ки аҳли эмон буд дар тоъату ъибодат зиёд шукронаи Худовандро мекард аз ин неъматҳои додааш. Пас аз муддате  вазирону ашрофони шаҳр «подшоҳ»-ро ба сайри маконе бурданд ки аз шаҳр хело дур буд:
       Ин маконе буд биёбону санглох, на дарахте дошту на ободие. Ғайри баъзе ҳайвоноту хазандаҳои биёбон дигар ҷондоре он макон намезист. Гармии шадиде ки он макон дошт гуиё ба гармии «Ҷаҳаннам» монанд буд. Вазире пеш омаду ба подшоҳ гуфт:
    - Шоҳам! Моро одатест ки пас аз панҷ соли шоҳигари подшоҳи худро ба ин маконҳо оварда партофта равем. Гар пас аз муддати муайяне у зинда монд дубора шоҳи мо хоҳад буд ва иллооо…. Инак даҳҳо шоҳон ба чунин сурат дар ин маконҳо ба сахтию вазнини аз байн рафтаанд. Шумо ҳам пас аз ин муддати панҷ сол ба ин маконхо оварда хоҳед шуд. Аммо то он рузу соат мо «ғуломи ҳалқабаргуш»-и шумо хоҳем буд ва ҳарчи ки фармудед иҷро хоҳем кард.
     Подшоҳро табъаш хира гашт ва аз сухан гуфтан монд. Хомушу ғамгин бо зердастонаш у ба шаҳр баргашт. Ҳама  ёдаш он макони сахт ваҳшатовар буд. На хурок мехурд ва на об менушид. Ру ба тоъат оварду аз Худованд барои худ кушоиши ин аҳволро талаб кард.
      Шоҳ ки марди обиду оқиле буд пас аз ҳафтае бехобию тоъату ъибодат Худованд уро беҳтарин роҳ ҳидоят намуд. У зердастонро гирд оварду ба онҳо супориш дод:
    -Як гуруҳ сохтмончиёну меъморон, боғбонону деҳқононро ки сахт ба кори худ моҳиранд ҷудо намоед. Онҳоро бо ҳама асбобу зарурот таъмин намоед  то ба он маконҳое ки маро бурдед рафта паи ободи шаванд: қасру хонаҳо созанд, масҷиду мадрасаҳо созанд, боғҳои дарахтони гуногун нишонанд, об пайдо намоянд ва  заминҳоро зироаткори намоянд.
    Зердастон ҳайрон монданд - аммо чун ваъда дода буданд ки ҳарчи ки фармоед иҷро менамоем ночор паи кор шуданд. Дар як ду сол онҳо он маконро боғзору чаманзору гулзор карданд, шаҳри зебое сохтанд. Шоҳ бо зану фарзандону зердастон ба он макон сафар карду фармони наве дод:
   - ҳама ашрофзодагону вазирон як қисми зану фарзандони худро ба ин маконҳо кучонанд ва ҳар сари моҳ омада то чанд  руз ин шаҳр руз гузаронанд.
     У ки акнун якчанд зан дошт худ низ як дуи онҳоро ба қасри подшоҳии дар он макон сохта шуда  кучонд. Бо гузашти боз соле овозаи ин шаҳри зебо ҳама атрофро ба худ ҷалб сохт. Акнун зиёди мардумон омада ин маконҳо ба худ хонаҳо сохтанд ва ба ин шаҳр пурра куч бастанд. Ин шаҳр ҳатто аз пойтахт дида зеботару ободтар гардид.
     Инак панҷ сол гузашту зердастон бояд шоҳро тибқи одат ба ин макон бояд «бадарға» мекарданд. Аммо чунин шуд ки бо ҳамроҳии шоҳ зиёди вазирону ашрофзодагон ихтиёри бо зану фарзандон куч бастанд ва он шаҳрро пойтахти нави худ эълон намуданд!
    \\\\\\\\\\\\\\//////////////\\\\\\\\\\\
    Ъибрат:
     Ин қиссаро ҳар ки хонд бояд дарк кунад ки он ба киссаи ки монанд аст?:  - Албатта зиёд ба зиндагиву бандагии ҳама одамийят шабоҳат дорад. Аммо фарқ дар он аст ки инсонийятро дар руи замин Худованди Мутаъол «халифа»-и худ ва  подшоҳи ҳама махлуқот эълон сохтааст. Худованди Мутаъол мо бандагонро ҳама неъматҳо арзони ато намудааст ва болои мо дар ҳаётамон вазифаҳое гузоштааст.
      Инсонийятро низ чун он марди тоҷир дар руи замин «халифа»-и Худованди шуда як муддати маълуме барояшон ҷудо хоҳад гашт: баъзеро 20-у 30 сол- баъзеи дигарро 50,60,70, ва ё баъзе як ду сол ё рузу соат.  Пас аз ин муддати ҷудогашта бояд донем ки  ҳама инсонҳоро новобаста аз «ному насаб» ва ё «ҷоҳу мансаб» сафаре дар пеш аст ба маконҳое ки «Дунёи Боқи» номаш. Дар он дунё вобаста ба ъамали дар ин дунё карда инсонийятро подоше интизор: ё Ҷаннати пурнозу неъмату роҳат- ва ё Ҷаҳаннами пур аз азобу шиканчае ки амсолашро ҳатто тасаввур карда натавони!
     Он тоҷирро бубинед дар фикру хаёл рафт, аз хурдану нушидан монд замоне зердастон ба у гуфтанд ки 5 сол пас ба биёбони ноободе бояд сафар куни- аммо моро Худованди Бузург худ хабардор мекунад ки рузе ин дунёро мебояд тарк кард ва «сафари охират» шуморо интизор! Замоне ки Худованд моро ёдрас кунад –оё мо метавонем бепарво зиндаги кунем ва дар ёди он «сафар» набошем? Гар «оқилем» албатта ҳар рузу соати ъумр набояд бепарво бошем!
     Ҳар  инсоне ки дар ҳайёти доштаи худ дар паи обод сохтани «охират»-и худ кушид:   -тоъату ъибодати Илоҳи кард, хайру саховат кард, некиву ҳурмату эҳтиром кард, гуруснагонро таъом дод, бараҳнаеро либос пушонд, роҳе сохт, мактабе сохт, «Хонаҳои Илоҳи»-ро сохту обод кард – ин Шо Аллоҳ ваъдаи Аллоҳи Бузург аст ки дар охират барояш қасру кушкхое, боғу чашмаҳое, Ҳурони зебову  бемисле тайёр хоҳад шуд, ки соатҳо васфи онҳоро кунем натавонем пурра васф кард!
      Аммо боз ҳам ҳар инсоне ки бетоъату беъамал зист, бепарво зист, зулм кард, зино кард, ҳаромкардаҳо хурд, болои бандагони Худо душворию вазниние овард, бетавбаву истиғфор мурд- дар «Дунёи Боқи» барояш дар Ҷаҳаннам оташе тайёр карда хоҳад шуд ки як пораи кучаки он нисфи ин дунёро сухта хокистар кунад. Он азобу шиканҷае ки аҳли Ҷаҳаннам хоҳанд дид, ки сифат кардани ҳатто якеаш ваҳшатовар аст.
    Пас чи бояд кард? Моро Худованд вазифадор кард то дар қатори ободии ин «Дунёи Фони» дар паи ободии «Дунёи Боқи» низ  бошем. Аммо мо бояд донем ки «Охират»-ро натавонем худ рафта  обод созем, барои худ хонаҳо созем, боғу чашмаҳо обод созем- балки метавонем «қиммати» он ҳама неъматҳоро бо аъмоли худ бояд пардохт созем. Баъзехо савол диҳанд ки «ОЁ ИН МУМКИН АСТ?»!
     Бале ин мумкин аст: - Имрузу ин соат дар қатори зиндаги дар паи «бандаги» бош - то «қиммати Ҷаннат»-ро пардохт сози, Имруз масҷиде бино соз- Худованд қасру кушкҳоеро дар Ҷаннат бароят обод созад ки мислашро одами надида! Имруз  хайру саховату неки кун ба мардумону «халки Худо»- то фардо аз неъматҳое ки таъму лаззати онро дар дунё касе начашида беҳисоб бароят Худованд фароҳам созад! Имруз ба оилаи никоҳии худ неки кун ва аз зинову бешарми руй гардон- то фардо «Ҳурон»-и зебое туро мунтазир бошанд ки амсолаш дар дунё набошад.
     Он марди тоҷир донист ки ночор бояд ба он «сафар» тайёри бинад- пас он макони ноободро обод сохт то фардо роҳат бинад. Бале баъзеи шумо ба худ фикр кунед ки дар замони мо баъзе одамоне буданд барои худ хонаҳои зебову беҳтарин неъматҳо тайёр карданд- аммо аз он роҳат надида мурда рафтанд ва он насиби дигарон гашт. Ин муомилаи дунёист!
   Аммо фардо рузи қиёмат он чи ки Худованд барои бандагони «обиду зокиру шокир»-и худ фароҳам оварад беинтиҳо аст. Яъне бепоён хохад буд.Ҳар бандае ки фармудаҳои Худовандро бо ҷону дил қабул кард ва тибқи он ъамал сохт албатта Ҷаннати Пурнозу неъмат уро интизор хоҳад буд.
    Азобу шиканчаи «Ҷаҳаннам» низ зиёди мардумонро бепоён хохад буд- ба ҷуз баъзе муъминонеро ки бо сабаби дар дунё номи «мусалмон»-и доштану ъамали мусалмони не ахли он Ҷаханнам гаштаанд. Ин тоифа мардумон гоҳе тоъату ъибодат мекарданд- гоҳе не! Баъзан хайру саховат мекарданд- баъзан не! Онон гуноҳу исьён мекарданд ва гумон доштанд дар пири тавба мекунанд- аммо бе тавбаву истиғфор ва итоъати Парвардигор ин дунёи Фониро тарк карда буданд.
    Пас аз муддати дарози сухта пок гаштани гуноҳон ин тоифа мардумон ҳам ба аҳли Ҷаннат пайваст хоҳанд гашт- аммо аз чеҳраи онҳо чун аҳли Ҷаннатиён  «нури хосе» пайдо нахоҳад буд.
    Одамийятро мебояд барои ин «сафари бебозгашт»-и худ ҳар рузу соат тайёри дид. Албатта ҳам ин дунёи худ ва ҳам охирати худро обод бояд сохт. Зеро марг болои ҳар яки мо баногоҳ замоне ки онро интизор нестем хоҳад омад -аммо оё он замон мо тайёр ҳастем ва ё не Худованд донад!
        Абуҳурайра (р) ривоят намуда, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва-с-саллам) фармудаанд:
   -«Барҳамзанандаи лаззатҳоро (маргро) зиёд  ёд кунед».
      Маргро бисёр ёд кунед фармудаанд он Ҳазрат. Замоне ки умматон зиёд ёди марг карданд, на танҳо дар фикри ин «дунёи фони» мешаванд –балки ба  суи  охират низ рағбат пайдо менамоянд.  Яъне нафаре ки мутмаин аст ки рузе у ҳам маргро албатта мечашад ва уро сафаре дар пеш аст - ба он сафари «пурталотум» ҳар рузу ҳар соат тайёри мебинад. Пас нафаре ки тайёр шуд дигар аз омадани марг наметарсад-чун барои он сафар «тушаи неке» захира хоҳад кард аз тоъату ъибодат ва хайру саховат.
   Акнун он марди тоҷирро бинед ки донист ки рузе уро албатта он сафар ба маконхои нообод дар пеш аст. Пас у бепарво зист? Не, у аз он рузу соат ба он сафар тайёри дид ва он маконхоро обод сохту рузи сафар хушу хурсанд сафар кард. Он ваъдае ки инсонхо ба ин тоҷир карданд- уро водор сохт дар паи ободии он маконхо гардад.  Пас мову шумо як ба худ фикр кунем ки:
   - Он чи ки Худованд болои мо фармудааст ва ба ивази он Ҷаннат ваъда кардааст нафаре оё хуқуқи онро дорад ки бепарво гардад? Албатта не! Чун ваъдаи Худованди болои мо албатта хукмфармо хохад буд: Ъамал карди-рохат хохи дид, беъамал гашти интизору оташу сузони Чаханнам бош!
     Он бандагоне ки дар ин дунё «охират»-и худро обод хоханд кард чун он марди тоҷир нотарсида рузу соаташонро истиқбол мегиранд ва сафари «Охират» хоханд кард. Онхо мутмаъинанд ки дар ивази аъмоли неки кардаашон Худованд ба онхо Ҷаннати Пурнозу неъматро ато хохад кард.
     Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва салам) фармудаанд ва мо умматонро насихате кардаанд ки:
    -«Беҳтарин «воиз» муъминонро  тобути чубин аст!»-  яъне марг ва  тобуте ки мову шумо ҳамаруза мебинем як руз пири ҳаштод солае ба он савор хоҳад шуд- рузи дигаре ҷавони 17 солае,  рузе камбагалу бенавое онро савор хохад шуд- дигар руз бою пулдору вазифадоре!
    Пас беҳтарин дарси ъибрат бар оқилон ҳамин марг аст ки на ҷавоне ва на кудакеро раҳм нахоҳад кард. Рузу соат ки омад  дигар ҳеҷ касеро фурсат нахоҳад буд то тавба кунанд, тоъату ъибодат бикунанд, аз нафареро ки уро ранҷонида буд бахшиш бипурсанд.
           --------Як қиссаи ъибратангез:
        Нақл мекунанд ки Сулаймон ибн Малик –ҳафтумин халифаи сулолаи Марвонҳо аз   
   Абу
Ҳамза пурсид ки:
  - Барои чи мардумон бар марг нафрат доранд? Аз он мегурезанд?
  Абу Ҳамза ҷавоб дод:
      - Сабаб ин аст ки мардумоне ҳастанд  ки тамоми ъумр танҳо дар паи обод намудани   
   ин «дунё»-анд ва
ҳеч парвои «охират»-ро надоранд.  Пас онон ин дунёашонро обод   
   месозанд- аммо охираташонро харобазоре  мемонад.  Донед ки оё мардуме ёфт мешавад    аз ободкардаи худ ба харобазор кучиданро дуст дорад?
     - Аммо мардумоне ҳам ҳастанд ки хам ин дунё ва ҳам охираташонро обод месозанд
   ва аз марг тарсе надоранд. Балки маргро бо хушнуди пешвоз мегиранд- чун   
    фармуда
ҳои Холиқашонро бо ҷону дил ичро мекарданду он охираташонро ҳам
    обод.
   Сулаймон пурсид:
  - Пас онҳоро чи интизор аст пас аз марг?
  - Ту ин чавоби саволатро аз ояҳои Қурьон ҷустучу намо!- ҷавоб дод Абу Ҳамза.
 - Кадом сураи Қурьон?- пурсид Сулаймон.
             - «.Албатта, некукорон дар неъматанд  ва гунаҳкорон дар ҷаҳаннам!  Дар  рӯзи«ҳисобу  
         китоб»  (
қиёмат) гунаҳкорон ба ҷаҳаннам дароянд  ва аз он ғойиб нашаванд.  (сураи "Аль-Инфитор", аяҳои 13-16).- чавоб гуфт Абу Ҳамза.
               Сулаймон пурсид:- Пас он рузи «ҷазо» чи гуна мешавад дар назди Холиқи Осмонҳо?
               -  Он мардумоне ки «обид» буданд, зиндагии бе «исён»  доштанд ,аъмоли хайр доштанд,   
         монанди оне буванд ки гуиё дар ин муддат дар сафаре буданду инак ба назди а
ҳли худ баргаштанд- хушҳолу хандон.
       -Аммо он мардумоне ки зиндагии пур аз гуноҳу исён доштанд, аз тоъату ъибодат  ва аз 
         аъмоли хайр дур буданд- монанди
ғуломеанд ки аз соҳиби худ дар гурез буданд –  дар ғаму  андуҳи бепоён! – ҷавоб дод Абу Ҳамза.
Ин ҷавобро Сулаймон ибни Малик шуниду сахт гирён шуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий