Ин аст яке аз роҳҳои «ризои Худованд»!
Ин ҳодисаи воқеъи дар яке аз шаҳрҳои давлати Ироқ шудааст. Як зани мусалмон пас аз марги шавҳар танҳо мондааст бо се кудак. Ин зан дар ҳеҷ ҷой кор намекардааст. Ҳарчанд у акнун дар кофту коби ҷои кор буд аммо уро ба кор намегирифтанд. Руз ба руз аҳволи зиндагиаш бо кудакон вазнин
мешуд- аммо ба у касе дасти ёри дароз намекард.
Ҳамин тавр он зан дар ғами он ки кудакон аз гуруснаги
намиранд маҷбур шуд ба гадоги даст занад. У ба
куча баромад ва хост аз мардумоне ки намешиносад ёри талабад. Аз чанд куча гузашту дид ки назди магозаҳои калоне як такси истод ва мусофир
фаровард.
- «Чун
ин нав мусофир фаровард мумкин у тавонад каме ҳам бошад ба ман пул диҳад. Рафта аз у дасти ёри мепурсам»!- ба худ гуфт он зан.
Якчанд руз буд ки у ғизое нахурда буд ва аз ҳамин сабаб дар дасту пойҳояш мадор намонда буд. У вақте назди он таксист ки номаш Ҳасан буд расид тамоми қуввашро ҷамъ карду бо овози ларзон ва гиряашро дошта гуфт:
- Аз барои ризои Аллоҳ барои кудаконам ягон хайре кунед. Гар ман
худам танҳо мебудам тайёр будам бимирам аз гуруснаги, чун обуруи худро доғдор накунам. Аммо ман наметавонам
бепарвоёна азобу оби дидаи кудаконамро
бубинам. Аз шумо хоҳиш мекунам аз барои ризои Аллоҳ- ягон ёрдам расонед!
Ин замон Шайтони лаъин дар гуши Ҳасан фикру ақидаи палиди худро хондан гирифт ки «
Ту чи ин гадои кучагиро гуш мекуни. Охир ҳама кучаҳо аз чунин гадоҳо пур шудааст- ба ҳамаашон пул намерасад. Рав ба хонаат-чун занат мунтазират аст»!
Аммо
Хасан инсоне буд боэмону ботақво ва дар чашмони он зан ҳақиқат ростгуиро дид. Дигар ин ки он зан аз барои ризои Аллоҳ дасти ёри мехост- пас ин он «вас
воси» Шайтонро мағлуб кард. Зан ҳам ба гадо монанд набуд.
Чашмони он зан дурахшиданд- вақте ки Ҳасан аз хамёни худ пули калонеро бароварду ба у дод. Вай намедонист чи
хел Ҳасанро миннатдори
кунад- аммо натавонист чун Ҳасан ҳаракат карду дар торики нопадид шуд.
Вай дигар коре карда наметавонист ғайри он ки дар ҳаққаш дуъои хайр кунаду аз Худованд
барояш некиҳои дунёву охиратро талабад.
Замоне ки Ҳасан он занро бодиққат гуш медод ва ба у ёри расонду кори хайреро анҷом дод у ҳатто фикр намекард ки ин пулҳое ки ба он зан дод як қисми калони пулҳоест ки барои иваз намудани чархои куҳнашудаи мошинаш муддати дарозе ҷамъ карда буд. Занаш ҳам ҳар руз инро ба ёдаш меовард. Он шаб ҳам хамин тавр кард. Он зан ҳам дар фикри шавҳараш буд ки ба ягон садамае наафтад бо ин чарххои куҳна- чун тамоми руз дар сари чамбарак
аст.
Ҳар бегоҳ Ҳасан суханҳои занашро гуш медоду таъкидҳои уро босаброна кабул мекард то ба ҷангу ҷанчол нарасад. Аммо у наметавонист
гуяд ки он пулҳои дурудароз ҷамъ кардаро куҷо кард. Ҳамин тавр як руз у ба занаш гуфт ки устои
чарх-ивазкун зиёд банд асту бо у маслиҳат кардааст то ҳамин ки сабук шавад кораш у рафта чархҳояшро иваз мекунад.
Як шаб у аз кор баргашту аз занаш шунид ки
мегуфт:
- Усто омаду гуфт ки то ту бо фалон суроға оиву у чархҳоятро иваз кунад.
Хасан аз шунидани гуфтахои зан
сахт дар ҳайрат шуд. У дар чояш шах шуда буд- аммо ба занаш инро вонамуд намекард.
У гуиё бо хамин усто маслиҳат карда бошад- ба занаш ишора кард ва сар ҷунбонд. Суроғаро ҳам ки дар коғаз навишта шуда буд ба у ношинос буд. Он шаб гуиё чун як сол гузашт- чун
уро хобаш намебурд ва ҳайрон буд аз шунида. Уро саволе азоб медод:
-« Ин
ки бошад? Аз куҷо у фаҳмида бошад ки ман бояд чарх иваз кунам?»
Саҳари барвакт хатто хуб саҳархури накарда аввалин шуда у бо он
суроғае ки дар коғаз навишта буд рафт. У ба устохона даромада он устоеро ёфт
ки дируз ба хонааш омада буд. Усто когази суроғаро дар дасти у дидан
замон аз у пурсид:
-«Ту
таксист Ҳасан ҳасти?»
Ҳатто ҷавоби Ҳасанро нашунида аз чашмони усто
ашк ҷори шуданду уро ба оfуш гирифт ва чун кудакон гириста мепурсид:
- Аз барои ризои Аллоҳ бигу ту чи ъамал кардаи? Ту чи ъамале
кардаи? Аз барои ризои Аллоҳ ба ман бигу ту чи ъамале кардаи ки инак се шаб паси ҳам мешавад ки дар хоби ман Паёмбари
Худо Муҳаммад (СалаЛлоҳу ъалайҳи васаллам) медарояду мефармояд то рафта чархҳои мошини туро иваз кунам?.......
/////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Абусаъиди Худрй (р.з) мегуяд: аз Пайғамбар(саллаллоҳу
алайҳи ва саллам)
шунидам, ки мефармуд:
«Касе, ки маро дар хобаш бубинад,
дар ҳақиқат хоби дурусте дида аст. Зеро шайтон
наметавонад бо шаклу сурати ман дар хоби шумо дарояд»."[Бухорй-9663]
Пас мардумоне ки ъамалҳои нек доранд, тоъату ъибодати комил доранд, хайру саховат доранд ҳақиқат Расули Худо (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам)-ро дар хоб мебинанд. Мо хам ҳамчунин пайрави аз Қуръону Суннати Набави намоем то фармудахои
Худовандро пайрав бошем ва «охират»и худро обод намоем.
Ин қиссае ки ҳақиқат дорад худ як ъибрат ва роҳнамоест то мо «хайру саховат ва Худои» гуфта он аъмолеро ки Худову
Расулаш (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) фармудаанд намоем то рузи «ҷазо» аз некукорону растагорон
бошем. Мо бояд донем ки савоб аз он аъмоле ҳосил хоҳем кард ки Аллоҳи Меҳрубон ва Расули Акрам (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) фармудаанд ва таъкид ҳам кардаанд.
Хайру саховат ба ятимакон он ъамалест ки
Худованд дар Қурьони Кариму Паёмбар (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) дар аҳодисҳояш зиёду зиёд бар мусалмонон таъкид кардаанд. Албатта ҳар ки «ризои Худованд»-ро хоҳад ба чунин тифлакон ки ҳақиқат муҳтоҷанд хайру саховат мекунад, таъом
медихад, либос мепушонад, китоб ва дафтару қалам харида медихад. Аммо афсус зиёди мардумони мо Худои ва хайру саховат
гуфта аъмолеро мекунанд ки на Худованд фармудааст ва на Расулаш(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)!
Аллоҳ (ҷ.ҷ)
дар каломи поки худ мефармояд:
-«Некӣ он нест, ки рӯи худро ба ҷониби Машриқу Мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва китоби Худо ва
паёмбарон имон оварад. Ва моли худро ба он (миқдор) ки дӯсташ
дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну
дарбандмондагон (асирон) бубахшед. Ва намоз бигзореду закот бидиҳед. Ва
низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде
мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар бенавоиву беморӣ ва ба ҳангоми ҷанг сабр
мекунанд,
инҳо ростгӯён ва
парҳезгоронанд». (Сураи Тавба: 177)
ва низ Аллоҳ (ҷ.ҷ) мефармояд:
-«Худоро парастиш кунед ва ҳеҷ чизро
шарики ӯ насозед ва ба падару модар ва хешовандону
ятимон ва…некӣ кунед»
« (Сураи Нисо: 36)
ва низ Аллоҳ (ҷ.ҷ)
мефармояд:
-«туро аз ятимон мепурсанд бигу: ислоҳи аҳволашон беҳтар аст ва агар бо онҳо омезиш мекунед чун бародарони шумо мебошанд. Худованд табоҳкорро аз некукор боз мешиносад ва агар Худо хоҳад бар шумо сахт мегирад. Албатта
Худо пирузманд ва ҳаким аст» (сураи Бақара ояти 220)
Дар ҳадисе аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят
aст, ки Паёмбар (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) фармудаанд:
-«ДУСТДОШТАТАРИНИ ХОНА ДАР НАЗДИ ХУДО
ХОНАЕ АСТ, КИ ДАР ОН
ЯТИМЕ ГИРОМЙ БОШАД». (Байхақй, Табаронй ва Суюти)

Комментариев нет:
Отправить комментарий