Бояд
бидонед! Эй бародару хоҳари Эмони! Ҳеҷ гоҳ
зиёд шикоят накунед ки «зиндагиам бад
аст», «ҳеҷ чиз
надорам», «саломатиам бад аст» -- чун
Аллоҳи Бузург танҳо ношукриатро шунаваду шукр гуфтанатро не пас фармояд:
- Эй бандаи «ношукр»! Ҳоло ту зиндагии
вазнину саломатии бадро надидаи!
Пас ба ту ҳаёту тақдире ато намояд садҳо
маротиба бадтар аз оне ки ту имруз дошти!!
Балки ҳар чи ки шуд ҳам дар «неъмат» ва ҳам
дар «мусибат» зиёд шукронаи Аллоҳи Меҳрубон бинамо ва бигуй:
- Шукронаи Аллоҳ зиндагиву аҳволам хуб аст!
Он гоҳ Аллоҳи Меҳрубон аз «шокирии» ту хушнуд шавад ва фармояд:
- Эй
бандаи «шокир»! Ту ҳоло зиндагиву саломатии хубро намедони!
Сипас ба ту зиндагиву тақдиру саломатии
даҳҳо маротиба беҳтар аз доштаат ато намояд ва туро дуст дорад! Ҳаркиро ки Худованд дуст дошт дар ин дунёву охират уро
муваффақ гардонад.
Ба дурусти ки зиёданд бандаҳое ки аз
додаи Илоҳи шукр намегуянд-балки дороии нафареро мебинанду «чашмашон сих
мезанад». Зиёдтар ин гуфтаҳо ба баъзе заноне дахл дорад ки зиёд забони
шикояткунандае доранд! Ин гуна занҳо аз доштаву овардаи шавҳарон норозиги
мекунанд ва фалониро ё ҳамсояеро мисол меоранд ки бой аст, молдор аст, серу пур
аст! Аммо боре ин занон аз зиндагии вазнини камбағале мисол намеоранд,
намегуянд ки «Шукронаи Аллоҳ» зиндагиамон хуб аст!
Аз
пушти чунин ношукрии баъзе занон шавҳарон маҷбур
руй ба дуздиву ҷиноят
мезананд то аз шикояти ин занҳо халос шаванд. Баъзан дар чунин оилаҳо ҷангу ҷидол
зиёд мешавад ва ҳатто ба он мерасад ки оилаҳо барҳам мехуранд. Зиёданд қиссаҳое
ки он занон ва ё мардони «ношукр» ба шавҳарону заноне оиладор мешаванд ки зиндагиашон ба «ҷаҳаннам» монанд мешавад. Ана он вақт инҳо пушаймон мешаванд!
Аммо боз ҳам мардоне ҳам ҳастанд ки пулу мол
доранд аммо ношукри менамоянд. Яке
мегуфт ки дар хонаи зебое меҳмон шудем
ки дар дастархон пур аз ҳама неъматҳост. Чун оши сергушту равғанро оварданд
соҳибхона мехурду мегуфт:
-Зиндаги вазнин шудааст! Инқадар соли наҳсу вазнину бебарор шуд
имсол!?
Чунин ношукрии бандагон сабаби аз даст рафтани
неъматҳо ва ба мусибату вазнини иваз шудани он хоҳад гашт. Чун Аллоҳи Меҳрубон
дар каломаш ба мо бандагон ошкору равшан мефармояд:
- «Ва из тааззана Раббукум
лаин шакартум лазийданнакум ва лаин кафартум инна ъазаабий лашадийд.»- яъне «агар ба ончи, ки шуморо бидодам шукр
кунед-неъмату некӣ бароятон биафзоям. Ва агар носипоси кунед, неъмататон бигардонам ва
азоби ман сахт аст».
Ин ояи муборак ҳамон мисраҳои аввалинест ки
дар боло навиштаам. Бандаи "шокиру зокиру обид" бошед то Холиқи ҳама
мавҷудот шуморо дуст дорад ва неъматҳояшро
арзони атоятон намояд!
«Шокир»- яъне бандаи шукргуянда. Аммо оё
танхо хамин ба забон шукр гуфтан бас аст? Не ҳаргиз не! Балки дар ъамал бо тоъату ъибодат, хайру саховат, сабру таҳаммул мо
метавонем «шокир» бошем. Ва илло ба забон гуфтан сабук аст- аммо дар ъамал бо
молу ҷон ъамал кардан
душвор аст! Барои бандахое ки «шокир»-анд хайру саховат кардан тоъату ъибодат
кардан душвор нест- балки онҳо бовари доранд ки барои ҳар як ъамали кардаашон аҷру савоби
азим ва баракатҳо Худованд атояшон мефармояд!
«Зокир»- яъне бандаи зикркунанда
бошед. Зикри асмову сифоти Илоҳиро зиёд дар забон дошта бошед. Барои «зокир» будан беҳтарин лаҳза лаҳзаҳоест ки «пои
ба таҳорат» бошед. Аммо на танҳо таҳорате ки барои вақти намоз мекунед- балки тани худро пок нигоҳ доред ҳам аз
нопоки ва ҳам аз гуноҳу исьён ва зикри Аллоҳи Бузургро
бо тану забони пок зиёд намоед. Чун бандае ки «пои ба таҳорат»
бигардад бо эҳтимоли зиёд у аз гуноҳу исьён даст мекашад ва зиёд Холиқашро ёд мекунад!
«Обид»- яъне ъибодаткунанда бошед. Бандаи
«обид» меҳру муҳаббат нисбати Ъибодатҳои ҳамаруза дорад ва ҳатто барои «қазо» кардани якеи аз намозҳо ва руза тайёр нест. Лек «обид»-он
ғайри ин намозҳои панҷвакти зиёд
намозҳои нофилаи «дили шаб» доранд амсоли «таҳаҷҷуд», «шукрона»,
«истихора». Ин тоифа бандагон барои қувват(заряд) додани эмон рузаҳои нафлии зиёд доранд- амсоли рузаҳои душанбеву панчшанбе ва аввалу охири моҳҳои муборак.
Барои чунин бандагон ҳатто лаҳзаҳои хоб
буданашон ъибодат аст чун онон пои ба таҳорат ва бо забони зикркунанда хоб мекунанд ва Худованд аз онҳо розист.
Ҳар
бандае ки дорои ин се сифат бошад Худованд уро дуст дорад ва ҳеҷ гоҳ
намегузорад ин банда «хор» гардад. Пас бародарону хоҳарони Эмони! Бикушем аз ин
тоифа бандагон бошем ва дар ъамал шокиру зокиру обид шавем- чун ин сифатҳоро ки
доро шудем дигар сифатҳои нек бар мо ёр хоҳанд шуд! Худованд Муваффақатон
намояд!
Шукри неъмат неъматат афзун кунад!
Куфри
неъмат аз кафат берун кунад!

Комментариев нет:
Отправить комментарий