Общее·количество·просмотров·страницы

вторник, 19 июля 2016 г.

Мумкин баъзехо бовар накунанд! аммооооо



                         Мумкин баъзеҳо  бовар накунед? Аммоооо…………
     - Баччам ин кора накун! Ман ба гардани шумо бор намешавам, агар дар ин хонаҳо хам роҳам надиҳи ҳо ана оғили говҳо холи маро он ҷо ҷой кун! Хурду хурокат даркор не- ин ду се моҳ  ку ман хуроки ҳамсояҳоро мехурдам, онхо одамони хубанд маро нигоҳубин мекунанд!- мегуфт кампир.
     Аммо Соҳиб ба суханони модар гуш намедод. У ба занаш ваъда дода буд ва аз ваъдааш намегашт. Пас аз марги падар Соҳиб ҳама руз аз занаш маломат мешунид ва гуиё ки ин модар «косаву пиёлаҳоро мешикаста бошад», «қариб ки хонаро оташ зада бошад», « кудаконро аз болохона ба поин тела дода бошад»- дуруғҳо мешунавид.
   Соҳиб дар асл марде шуда буд зудбовар ва ҳарчи ки занаш мегуфт бовар мекард. Ин ду се моҳа дуруғҳои занаш акнун уро ғазабнок карда буданд- аммо на аз дуруғҳои  занаш, балки аз «феълу рафтори кардаи» модари пираш. Баъзан зани бадфеъл ба у мегуфт ки:
   - Ё модаратро бурда ба хонаи пиронсолон парто- ё худат баромада бо модарат рав. Ман дигар тоқати ин кампирро надорам, асабҳоям хароб шуд!
    Он руз у модарро ба мошинаш савор кард. Тамоми роҳ  кампир ягончи пурсад у ё      ҷавоб намедод ва ё дағалона чавобе мегуфт. Ногоҳ дар ру ба руи мошини Соҳиб мошини як дусти наздикаш пайдо шуд ва у мошинашро боздошт ва назди у баромад.
    Онҳо аз кадом коре маслиҳат доштанд ки момои Соро дари мошинро кушоду берун баромад. Соҳиб инро дидан замон гуиё меҳрубон бошад аз модар пурсид:
   - Очаҷон ягончи даркор? Ё мошин гарм шуд- биёед ба мошин шинед ман кондиционерро гирён кунам!
  - Ташна мондам баччам. Имруз на чой хурдаам на об, намонди шири овардаи духтари ҳамсояро хурам- мон ҳеҷ не аз ҳамин ҷуйбор об хурам- ҷавоб гуфт момои Соро.
    Дусти Сохиб аз суханхои кампир сахт мутаҳайир шуд. У аз мошинаш обе ки дошт оварда ба момои Соро дод ва уро аҳволпурси кард:
  - Холаҷон ман дусти писаратон Адҳамҷон! Биёед хонаи ман дароем хуроки нисфирузи мехурем-ана баъд роҳатонро давом медиҳед! Дар ин гарми руз чи кори зарур доштед ки ба роҳ баромадед?
     Соҳиб ҳарчанд хар гуна дуруғ мебофт ки кори «зарур дорем», «моро нигох доранд», «дер мешавад»- аммо Адҳамҷон дид ки дар асл дили кампир моил аст ва уро ба мошини худ савор карду суи хонааш ки наздик буд равон шуд. Соҳиб хам маҷбур шуд аз пасашон равон шавад.
     Дар хонаи Адҳамҷон момои Соро бо зану духтарони у нишаста хурок мехурданду мардҳо ҷудогона. Кампир дар ин ду се мохе ки шавҳараш вафот карда буд бори аввал буд ки ба сери хурок хурд ва ба ҳаққи сохибхонаҳо дуъои хайр кард. Аммо Соҳиб хурок намехурд ва баҳона болои баҳона пеш меовард. У охир модарро боз ба мошинаш савор карду хайрухуш карда ба роҳ баромад.
    Дар хонаи «пиронсолону бесоҳибон» Соҳиб он як ду ҳуҷҷате ки талаб карда буданд пешниҳод кард ва модарро бо либосҳои овардааш ба онҳо супорид. Дар асл у ба онҳо фиреб бофта буд ки:
  - Ин моиндарам аст. Падарам пеш аз марг уро ба зани гирифта буд ва пас аз марги у мо наметавонем уро манъ кунем.
     Пас аз ҷой кардани модар Соҳиб ҳатто хайрухуш накарда ба роҳ  баромад. Сангдилии фарзанд то чунин андоза ҳам мешудааст. Модаре ки бо сад машаққат туро зода тарбия кунад дар як рузу соат уро бурда ба хонаи пиронсолон партофта гурези!? Аммо мутаассифона чунин фарзандони беЭмону бе раҳму шафкат зиёд шудаанд имрузҳо.
     Замоне ки у ба хонааш расид занаш уро бо чеҳраи хандон пешвоз гирифт. Чун у дид ки хушдоманаш дар мошин нест хурсандиаш дучанд шуд. Он бегоҳ у гуиё туй дошт-чун у касди куҳнаи доштаашро аз хушдоманаш ситонд.  Дар асл хушдоман ин келинро ягон кори бад накарда буд- балки аз хатоҳои кардааш огоҳаш мекард, саҳархо барвақт уро аз хоб бедор мекард, корҳои пайдо шударо байни худу у тақсим мекард.
    Соҳиб якчанд шаб акнун хобҳои даҳшатноке медид. Дар хобаш мору каждуму аждарҳо медаромаданд ва уро таъқиб мекарданд. Соҳиб ҳарчанд доруҳои хоб мехурд аммо хобашро оҳиста оҳиста қариб ки гум кард. Чеҳраи маҳзуни модар уро ҳама шаб ба хобаш медаромад.
    Як руз Соҳиб дигар тоқат накарду саҳари барвакт ба занаш гуфт ки як дустам туй дорад хонаи у меравам- аммо дар асл у ба бозор рафта бозори карду ба аёдати модар рафт. У аз навбатдор иҷоза гирифта ба ҳуҷраи модар даромад ва дид ки модар машғули хондани намоз аст.
   - Модарҷон! Ман шуморо хабаргири омадам!- гуфта у модарро оғуш гирифт.
     Дар асл модар дар ин як моҳ лоғару беҳол шуда буд. У писарашро аз дасташ гирифта пурсид:
   - Шумо омадед баччам? Набераҳоямро  наовардед? Камтар шин ман намози пешинамро хонам якҷо хона меравем чун онҳоро пазмон шудаам! Як руз меҳмони шумо мешаваму боз маро гардонида биёр.
    Аммо Соҳиби сангдил ба занаш ваъда дода буд ки дигар ҳеҷ гох модарро ба хонааш намеорад. Аз хамин сабаб у ба модар дуруғ гуфт ки кудакон дар хонаи бобою бибияшонанд. Пеш аз хайрухуш Соҳиб аз модар пурсид:
  - Модарҷон! Ягон чиз ба шумо лозим нест? Чизе ки дилатон хоҳад ва зарурат доред гуед ман ваъда медиҳам ки меорам!
   - Баччам инҷо хеле гарм аст гар тавони якта кондиционер биёр! Баъзан чун одат аз хоб хеста яхдонро мекобам то ягон мева ёфта хурам- аммо афсус яхдон нест. Якта яхдон ҳам биёр. Ана он кунҷи хонаро диди холист? Якта ҷевони барои либосу дегу табақ  биёр то ин кунҷро пур кунем!- ҷавоб гуфт модар.
     Соҳиб ҳайрон шуд ки модари пуртоқат чаро ин кондиционеру яхдону чевонро дар ин пири талаб дорад.Писар бо модар хайрухуш карду бори аввал дар ин якчанд мох ашк рехт. У ба худ қавл дод ки албатта он ашёе ки модар талаб кард харида меорад. Ҳамин  тавр боз ҳафтае гузашт. Як руз аз хонаи пиронсолон занг заданду аз у хоҳиш карданд то ҳарчи зудтар биёяд чун кампир сахт бемор шудаасту танҳо номи уро мегирад.
     Соҳиб ҳатто нафаҳмид ки мошинро бо кадом суръат меронд- чун у зуд ба он ҷой расид. Аммо афсус модар «ҷон ба Ҳақ таслим карда буд». Фиғоне аз синаи Соҳиб ҳама гирду атрофро фаро гирифт. Акнун у аз карда пушаймон гашта буд ва нафрат нисбати занаш дошт. Ин замон духтури навбатдор уро ба ҳуҷраи модар бурд ва мактуберо ба у таслим кард. Соҳиб зуд он мактубро кушоду ба хондан даромад!:
    - Писарҷон! Гар маро зинда дарёфт накарди албатта ин мактуб ба дасти ту мерасад. Пас бидон ки ман аз кардаи ту наранҷидаам- чун гар ман туро «оқ» кунам ин дунёву охиратат барбод хоҳад рафт. Аммо ман аз ту як ду ашёе талаб карда будам ёд дори??Дар асл ман ниёз ба онҳо надштам- чун пас аз марги падарат баъзан ду се руз гуруснаю ташна мегаштам, зери офтоби сузон мехобидам, либосҳоямро худ мешустам.
    - Ману падарат туро бо сад ноз тарбия карда будем, беҳтарин хона бароят сохтем, беҳтарин мактаб туро додем, беҳтарин донишгоҳ  дохилат кардем. Танҳо фаромуш сохтем туро ба мактаби «одаму одамгари ва Эмондори» супорем. Ту аз кудаки тоқати гармию хунукиро надошти.  Ин макон гармии сахту тоқатфарсое дорад- ки ман ба он ҳатто парвое надорам. Аммо ман на барои худ-балки барои ту худат кондиционер талаб кардам то оварда ин ҷой насб куни чун рузе туро фарзандонат ки оварда ин макон ки партофтанд дар тобистон зиёд гарм нашави ва дар зимистон хунук нахури!
   - Мо ба ту беҳтарин хурокаву нушока фарохам меовардем- худ ҳатто баъзан  намехурдем, аммо туро бо ноз мепарваридем. Инак моҳест ки ман ин маконҳоям ва ҳуҷраҳои мо яхдон надорад. Гар «иштиҳоям» набошад ва хурокамро хурда натавонам- дертар иштиҳо пайдо карда даст ба хурок занам аллакай вайрон шудаву буи ғализе пайдо кардааст.  Фардо рузе ки туро фарзандҳоят оварда ин макон ки партофтанд ба ту яхдон зиёд зарур аст!
   - Мо ба ту беҳтарин либосу пойафзолҳо мехаридем ва ту ҳатто ҷевони калоне дошти ки дар он либосу пойафзолҳоятро мегузошти. Акнун ту худ диди ки ин макон як ҷевончаи хурде дорад. Фардо ки туро фарзандҳоят оварда ин макон партофтанд ба ту ҷевони калоне зарур аст то он ҳама либосу пойафзолҳои доштаатро ҷой куни.
    -Эй фарзанди ягонаи ман! Ҳоло  ту ин мисраҳоро мехониву гумон мекуни ки ман шояд онҳоро сари каҳр навиштаам ва фарзандони ту чунин нахоҳанд кард? Пас бидон ки аз чунин зани бадкирдор ва чун ту фарзанде «сангдил» ҳеҷ  гоҳ фарзандони бонангу баномусу бо мехру муҳаббат ба воя нахоҳанд расид.   Чун «аз гандум гандум бируяд- ҷав зи ҷав»! Ин мумкин нест ки аз чав гандум бируяд!
    Дар ҳаққи модар бераҳми карди рузе аз фарзандон албатта чунин ъамал хохи дид. Ин мубодилае миёни инсонийят аст:
   - Касеро зулм карди - рузе аз нафаре зулм хоҳи дид!
  - Якеро дашном доди – рузе дашном хоҳи шунид!
  - Волидайнро хор карди- аз дасти фарзандон хор хоҳи шуд!
                                  Аз ин ҳодиса соле  нагузашта буд ки гуфтаи момои Соро шуд. Соҳибро бо занаш гаппаш гурехту ин ҳангом писари калониаш аз пушти модар уро сахт лату куб кард. То ҳатто ки ду дандони у шикаст. На танҳо писари калони-балки писари хурди ва духтараш ҳам тарафи модарри бадфеълро гирифта суи падар ҳақоратҳои  қабеҳ мекарданд.
   Акнун Соҳибро гуфтахои модар ба ёд меомад ва «хуни дил» мегирист. Ҳамин  тавр аз фикру асабонии зиёд уро дар хоб фишори хун (давлени) ба тарафи чаппаш ва сараш заду у дигар ба ҳуш наомад. Зану фарзандон бошанд ҳатто хушашон наомад ёрии         таъҷили даъват кунанд. Танҳо пас аз як рузи ин ҳодиса ҳамсояҳое ки беморбини омада буданд ёрии таъҷили даъват карданд ва уро ба беморхона бурданд.
   Аммо дер шуда буд. Рузе пас аз беморхона мурдаи Соҳибро оварданд. Ҳатто  ҳангоми  ҷаноза замоне ки домулло мегуфт ки «Гар ин майит қарздор бошад- ки ба уҳда мегирад?» фарзандони у гуиё пинҳон мешуданд. Мулло маҷбур шуд ҷанозаро хонад ва Соҳиби «бесоҳибро» бурда ба кабр супоранд.
-\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\-
Худованди Мутаъол дар каломаш моро ишорат ва таъкид кардааст:
   -«Ва Худои ту ҳукм фармуд, ки ҷуз ӯ ҳеҷ касро напарастед ва барои падару модар некуи кунед ва чунон ки ҳар ду ё яке аз онҳо пир ва солхӯрда шаванд, зинҳор калимае, ки боиси ранҷиши хотири онҳо шавад ба забон наоред ва ҳатто дар ҷавоби онҳо «уф» нагӯед ва камтарин озор ба онҳо нарасонед ва бо онҳо «бо эҳтиром ва эҳсон сухан          гӯед». (Сураи «Исро», ояти 23).
     Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) нақл мекунад, ки рӯзе аз Расули Худо (с) пурсиданд:  -
  -«Кадом амал назди Худованд нек
ӯтар аст?»
 Паёмбари гиромӣ (с) ҷавоб доданд: -«Намозро дар вақташ гузоридан».
 Боз пурсиданд: -Баъд аз он кадом амал некӯтар аст?
 Гуфтанд: -«Некӯӣ дар ҳаққи падару модар кардан»!  
        Овардаанд,  ки Расули Акрам (с) дар маҷлисе ба риояи ҳаққи падару модар ҳадиси дарозе нақл карда, дар охири сухан қасам ёд карда гуфтанд:
  - «Ба ҳаққи Худое, ки маро халқ ва  пайғамбар кардааст, ҳар кӣ ба падару модари худ накӯӣ карда, аз худ розӣ гардонад, он кас дар биҳишт ҳамроҳи ман хоҳад буд.
   Пас «Вой бар ҳоли»  нафароне ки падару модар аз онҳо рози нестанд ва ё якеи онҳо аз онхо рози нестанд. Ба дурусти ки яке аз роҳҳои Чаҳаннами пурнори сузонро ин нафарон ба даст овардаанд- чун «ризои Волидайн- Ризои Худованд аст»! Ваъдаи Худованд аст ки нафаре волидайни худро хор кунад- Чаннат ба у харом аст!
       Шахсе назди Расули Акрам (с) омаду гуфт:
   - Ё Расуллуллоҳ, падару модар дорам, фармонбардории онҳоро мекунам ва нафақаи онҳоро иҷро менамоям, вале бо вуҷуди он маро дашноми бисёр дода, масхара мекунанд.  Омадаам пурсам , ки дар ҳаққи онҳо чӣ кор кунам?
    Расулуллох (с) дар чавоб фармуданд:
  -« Агар падару модарат гӯшти туро пора-пора кунанд, ҳанӯз чоряки ҳаққи онҳоро соқит накарда бошӣ. Бидон, ки биҳишт дар зери қадами падару модарон бошад».
     Он шахс гуфт:
     -Ё Расуллулоҳ, валлоҳ, ки бар падару модари худ чизе намегӯям».
        Сипас у ба хонааш омада, қадамҳои падару модари худро бӯса кард. Аз ин хизмати волидайн у ба дараҷаҳои неке  бирасид.
      Некиву эҳсон бо падар, ба хотири он ки у ба сабаби фарзандаш тамоми машақатҳоро аз сар гузаронид то ки уро ба воя расонд, ва некиву эҳсон ба модар, ба хотир он ки у фарзандашро бо машақати зиёд ба дунё оварда ва тамоми раҳмату шафқаташро ба у бахшидааст. Ҳабри уммат ва тарҷумони қурон, Абдуллоҳ ибни Абос (р) мегуяд: се ояте ҳастанд ки комил кунандаи ҳамдигаранд, ва яке аз онҳо бидуни дигараш пазируфта намешавад, ояти якум Худованд мефармояд:
    "Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед" (Тағобун 12)
     Аз ин оят чунин фаҳмида мешавад ки ҳарки итоъати Худовандро ба ҷо биёраду итоъати паёмбарашро ба ҷо наорад аз у пазируфта намешавад. Дар ояти дувум Худованд мефармояд:
    "Ва намозро барпой доред ва закотро бипардозед" (Бақара 43)
   Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки намоз бихонаду закотро напародозад, аз у пазируфта намешавад.
   Ва дар ояти сеюм Худованд мефармояд:
 -"Манро ва падару модаратро шукр гӯй" (Луқмон 14)
    Аз ин оят фаҳмида мешавад ки ҳарки шукри Худоро ба ҷо биёраду шукри падару модарро ба ҷо наорад, аз у пазируфта намешавад. Шабу руз у намоз бихонад, хайру саховат бикунад- аммо гар волидайн аз у рози ки набошанд ин ҳама тоъату ъибодатро Худованд рузи «Ҷазо» ба руи чунин банда бизанад ва қабул насозад!
     Пас бародарону хоҳарони Эмони!:  Ризои волидайн- ризои Худованд аст! Гар ризои Худовандро ки хоҳед ба даст оред дар қатори тоъату ъибодати ҳамаруза хизмати волидайнро зиёд бикунед. Олимон аз дуъои волидайн олим шуданд, ҳатто ҳазрати Мусо(а) бо сабабаи дуъои модар бо Худованд бо ноз ҳарф мегуфт ва Худованд нози уро мебардошт - то замоне ки модараш вафот карду Худованд уро хабардор сохт ки дигар касе нест ки барояш чун модар дуъо кунад!
   Дуъои волидайнро гирем то муваффақ  гардем хам дар ин дунёву охират! Ва илло гар дар зиндаву ҳаёт будани волидайн ки онҳо аз мо рози набошанд- он рузи «Ҷазо» ғайри пушаймони дигар коре надорем! Албатта занони бадфеълу «шайтонсиришт» гар аз шумо талаб кунанд ки «ё ман ё модарат»- аз чунин зан даст кашед на аз модар.
   Чун миллионхо зан меёби –аммо модарро наёби!
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед: https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий