Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 22 июня 2016 г.

Бехтарин ва авлотарини "Даъват"!



             Беҳтарин даъват ба роҳи «Ҳақ»! ЁАллоҳ!  
     Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ҳар рузи чумъа пеш аз намози чумъа  эмоми масчиде бо писараш Зайд дар кучаҳои яке аз шаҳрхое  дар Аврупо брошюрае (варака)  бо номи «Роҳ ба суи Чаннат»-ро таксим мекарданд. Писари эмом Зайд ҳамаги 11 сол дошт.
  Дар якеи аз чунин рузҳо ҳаво хунук шуду борони сахт борид. Зайд либосҳои гармашро пушиду суи падар хитоб кард:
  - Падарчон ман тайёр!
  - Писарчон имруз бин ҳаво хунук. Биё имруз дар хона монем. Рости ман ҳоло ҳам каме нотобам ва аз зуком шифо наёфтаам!- чавоб дод падар.
 - Шумо наравед ман худам танҳо меравам. Мумкин падарчон? Охир мумкин нафаре мунтазири мо бошад!- пурсид Зайд.
 - Бале  Зайд! БисмилЛоҳ! – рози шуд падар.
 - Раҳмат падар! Ассалому ъалайкум!- гуфт Зайд ва хурсанд аз хона баромад. У ба сини хурдаш нигох накарда бо самимийят бо мардуме ки намешинохт суҳбат мекард ва он брошюраҳоро  ки дар бораи дини Ислом буд ба роҳгузарон таксим мекард.
    Пас аз якчанд соате ҳама варакахо таксим шуда буданд- ғайри як донааш.   Чун ҳаво сард буд дигар дар куча нафаре наменамуд то Зайд он варакаро ба у диҳад. У ба худ нийят кард ки аввалин дареро занг мезанаду он варакаро дода бармегардад. Писарча дарро занг зад аммо касе чавоб надод. У аз нав тугмачаи зангро зер кард, ва боз дигар бор- аммо касе чавоб надод.
  Зайд инак мехост баргардад- аммо чизе уро мегуфт ки баргард ва боз тугмачаи зангро зер кун. У бори дигар тугмачаи зангро занг зад. Ва боз дигар бор. Ин дафъа дар оҳиста кушода шуд… Дар назди дар кампираке меистод. Маълум буд ки у сахт ғамгин аст.
  - Чи хизмат кунам писарам?- пурсид он кампир аз Зайд.
    Зайд ба чашмони у нигаристу табассумкунон гуфт:
   - Мебахшед, гар ман ба шумо халал расонида бошам! Ман мехостам ба шумо гуям ки Худованд шуморо дуст медорад, ғамхори шумост! Ман омадам то ба шумо ин варакаро диҳам ки шумо ба воситаи он аз Худованд бохабар мешавед, ва аз маънии зиндагии ҳарруза!
 - Раҳмат ба ту писарчон!- миннатдори кард кампир.
   Ҳафтае  гузашту пас аз адои намози чумъа Эмоми масчид мавъизае мехонд ба мардум. У мавъизаро ба итмом расонду пурсид:
  - Шумо саволе дошта бошед ба ман диҳед! Мумкин нафаре аз шумо ягон чизеро фаҳмидан хохад?
 Аз сафи охир ки дар он занон буданд овозе шунида шуд.
   - Шумо маро намешиносед! Ман ин макон боре ҳам наомадаам ва ҳатто дар бораи Ислом чизе намедонистам  ва мусалмон ҳам набудам. Ҳатто  ман фикр ҳам надоштам ки бо ман чунин ҳодиса рух медихад.
   - Шавҳари ман якчанд моҳ пеш вафот карда буд ва ман танҳо мондам дар ин олам. Чумъаи гузашта ҳаво дигаргун шуд: зуд хунук шуду борони сахте борид. Он руз ман нийят кардам худкуши кунам. Ман гумон мекардам: дигар барои зистан ҳеч маъни нест. Ресмоне гирифтаму ба ошьёнаи дуюм баромадам. Болои миз баромадаму як тарафи ресмонро ба як сутуми бом бастам ва дигарашро ҳалка карда гарданамро дохили он кардам.
   Ман худро чунон танҳову бесоҳиб пиндошта тайёр будам кадаме монаму мизро бо пой афтонаму худкуши кунам- аммоооо….. Ин замон дарро касе занг зад. Ман ба худ гуфтам ки каме истам он касе ки набошад як ду бор занг мезанаду меравад- аммо  занг хомуш намешуд.
  -- Ин ки бошад? Охир касе маро суроғ намекард!- фикр кардам ман.
    Ман аз миз поин шудаму ба ошёнаи якум фаромадам. Аммо вакте ки дарро кушодам ба дидагии чашмонам бовар накардам: Дар назди ман писарчае  бо табассуми зебову чашмони дурахшон меистод. Суханҳои гуфтаи у дили «яхкардаи»  маро об кард:
   - Хонум, ман омадам то ба шумо гуям ки Худованд дар ҳакикат шуморо дуст медорад ва ғамхори шумост. Сипас у ба ман варакае бо номи « Роҳ ба суи Чаннат»-ро доду рафт.
    Ман ҳамон замон ҳар як калимаву чумлаи он варакаро хондам ва дар бораи Худованд ҳакикатро дарк кардам. Дертар ман ба боло баромадам ва он мизу ресмонро як су гузоштам- чун дигар онҳо лозим набуданд.
   - Шумо маро зиндаву зиндадил мебинед бо сабаби он ки ман ҳакикатро дар бораи Худованди Яккаву Ягона фаҳмидам. Шукронаи Худованд суроғаи ин масчид дар дигар тарафи он варака навишта шуда буд. Ман ин макон омадам то киссаи некии он писарчаро ба шумо расонам ва ба у миннатдори кунам- чун Худованд уро ҳамон лахзаи бароям зарури  суям равон кард то руҳу чони маро начот диҳад! Ман мехоҳам мусалмон шавам!
   Аз накли кампир ҳама чамъомадагон ашк мерехтанд. Эмом аз минбар поин шуду Зайдро дар оғуш гирифт ва «шукронаи Аллоҳ»-ро кард барои чунин фарзанди «ботакво»-ву некукор!!

-------------____________-------------------------
Ъибрат:
    Ҳакикат  ин аст Ислом-ва ин аст он даъвате ки Куръону суннат моро ба он ташфик мекунад. Ин ҳодисае ки ҳакикат дар Аврупо шудааст дарсест барои мо мусалмон- зодагон.  Чун бубинед ки эмоми масчид мумкин халки таҳчои набуд ва аҳолии шаҳр хам зиёд дар дигар динхову ҳатто атеист буданд- аммо у бо писараш нийят кардаанд аз барои «Ризои Аллоҳ» чунин даъват пеша кунанд.
    Дигар ин ки ҳар ъамале ки аз барои «Ризои Аллоҳ», ки бошад окибаташ ҳам нек мешавад.  Пас окибати он даъват ҳамин аст ки имрузҳо ҳазорон аврупоиҳо аз зиндагии фаҳшу бемаъни руй гардонида «начот»-ро дар Ислом мебинанд. Мисоли беҳтарини ин даъват ҳамин пешгирии худкушии ин кампир буд  ки дар пири аз Худои Яккаву Ягона бохабар шуд.
   Аммо дар чомеъае ки мо зиндаги дорем эмомони масочид ва ҳатто муфтиёну муллоён оё чунин «даъват» доранд? Оё онхо ҳакикат пайрави аз ояҳои Куръониву аҳодиси Набави мекунанд ва ё хайр?
    Чун имрузҳо баъзе муллоҳои мо дар паи «дунё» шудаанду худ аз Ислом фарсахҳо дур мондаанд ва вакти онро надоранд мардумро аз некиву бади, ҳалолу ҳаром, фарзу суннат бохабар созанд.  Ин «дунё» то ҳадде он муллохоро вайрон кардааст ки тайёранд дуруғ гуянд, хиёнат кунанд, зулм кунанд, барои «вазифа» ришва диҳанд ва ҳатто барои ин «вазифа» аз асли Ислом руй гардонанд. Ҳатто  баъзе барои пул ё вазифа фатвохое медиҳанд ки дар Куръону суннат он ҳаром эълон шудаасту ғайри кобул кабул аст!
    Рузе нест ки хабаре шунавем ки баъзе домлоҳо бо ҳамдигар ё даст ба гиребон шудаанд, ё бо дуруғу фитна якдигарро сиёҳ кардаанд, ё байни мардум яке дигареро «шарманда» карда бошанд ва fайра.
     Пас худ шоҳидед ки ҳамаруза як ду ва ё зиёд духтару писарон ва зану мардон худкуши мекунанду худро ба дарёву аз баландхонаҳо сарозер мекунанд. Дигар ҳолатхое хастанд ки мардум аз надонистан ва ё бадчахли ба якдигар хиёнат мекунанд, якдигарро мекушанд, шармандаву паст мезананд(ҳатто муллоҳо)!
   Оё вазифаи «эмонии» ҳамин муллохо нест ба мардум расонидани он ки худкуши бадтарин гуноҳ аст дар Ислом? Оё вазифаи ҳамин мулло нест ки ба чавонону калонсолон расонанд ки нафаре ки дар ҳолати масти бимирад у аҳли «чаҳаннам»и пурнори сузон аст? Оё вазифаи ҳамин мулло нест ки расонад ки паст задану шарманда кардани бародари эмони дар Ислом гуноҳест нобахшидани? Оё вазифаи муллову муфти танҳо маърака ба маърака гашта «туҳфа» чамъ кардан аст?
    Аммо афсус ки баъзе домлоҳои моро ба ин кор нест- ба онҳо пулу мол деҳ он вакт аз ту ёд мекунанд. Имруз аксари масчидҳоро эмомонашон аз Ислом дуранд ва ё худро «замонави» кардаанд. Аммо каманд домуллоҳои «ҳакгу»!
   Хабарҳо ҳаст ки дар масчидҳое ки дохилаш «зиёратгоҳи азизони Худо» дорад барои Эмом шудан  муллоҳо пораҳои калоне медиханд. Чун ҳамаруза дар он сандукҳои «хайрия» то 1000-2000 сомони чам мешавад. Ҳатто  дар мазори Мавлоно Яъкуби Чархи ҳар ҳафта то 30-40 000 сомони мардум хайр мекунанд. Аммо оё ин маблағ барои ободии он масчид ва ё барои камбағалон сарф мешавад? То 10-15 гусфанду бузу гов ва он кадар меваву нону канде чамъ меояд ки ҳисобаш гум аст.
   Мо худ шоҳидем ки дар масчиди Мавлоно Яъкуби Чархи рузҳои чоршанбе зиёратчиҳо ҳар яке  на камтар аз 50-60 сомони, 100-200 доллар ва ҳатто зиёдтар хайр мекунанд. Ҳатто  занону мардон кудакони худро хам пул медиханд то ба он «сандукҳои хайрия» партоянд.  Пас зиёратчиҳо то ҳазор нафар меоянд он руз- худ хисоб кунед чи маблағ чамъ меояд!
     Аммо як рузи чумъа муллои масчид эълон мекунад ки ин ҳафта 400-500 сомони «хайрия»  чамъ омадааст ҳамаги! Оё он маблағи даҳҳо хазоро сомонии дигарро «руҳи» Мавлоно ба худ гирифт? Ҳазрати  Мавлоно дар зиндаги аз моли дунё даст кашида буд- акнун ки дар хок аст у эҳтиёче аз дунё надорад ғайри дуъои хайри мо. Магар ин кадар маблағро мардум барои «ободии хонаи Домлоҳо» хайр кардаанд? Ё ки мардум хайр кардаанд то домло мошини нав харад, фарзандонашро оиладор кунад, хона созад ва ғайра? Ана хамин пулхои бедарди миён муллохои он масчидхоро гунгу кару кур кардааст- чун вазифа гузоштаанд пулу моли зиёдтар чамъ кунанду халос!
    Саволхо зиёданд – аммо дар асл пайрави аз Куръону суннат дар муллоҳои масчидҳо ё нест ва ё кам аст! Чун аз он кадар нону канду дигар хайрот ва пули калоне ки дар зиёратгоҳҳои Точикистон чамъ меояд мумкин аст ҳазорҳо ятимону камбағалонро сер кард- аммо он эмомони масчидҳо хамаро аз худ карда ёде аз ятимону камбағалону офатзадагон надоранд. Пас аз чунин муллоҳои замонави чи ъибрат гирем. Бовар кунед гар ҳамин ҳазорҳо сомони хайр набошад- ин муллоҳо дигар кор намекунанд дар чунин зиёратгоҳҳо!
    Он эмомону муллохои имрузаи моро мебояд аз он Эмоме ки дар Аврупо ба даъват даст задааст дарси ъибрат гиранд. Чун ин аъмолро Худову Расулаш () фармудаанд ва ин вазифаи асосии чонии муллоҳост- ва илло аз чунин муллоҳо зарар зиёд асту фоида не!
    Дигар вазифаашон ин аст ки бар мардум гуянд ки ба чои ба муллоҳои сари кабрҳо хайр кардан- раванд ба сағерахонаҳо, пирхонаҳо, мискинону барчомондагон хайр кунанд. Чун аслан онҳоянд муҳточ- ва Худованд хайру некиро нисбати онҳо вочиб гардонидааст. Аммо афсус ки моли дунё сабаб гаштааст ки дигар баъзе муллохо аз гуфтани сухани «хак» руй гардонидаанд ва ба фикри ба даст овардани пулу моли муфт рузхои худро мегузаронанд.
    Раванд муллоҳо дар зиндонҳову дар маҳаллаҳо ба мардум аз асли Ислом мавъизахо кунанд то мардуми чи «вазифадор» ва чи бою сарватдору одди аз худкушиву  зулму ситам даст кашанд.  Дасти хайр ба ятимону камбағалону муҳточон дароз кунанд ва ҳакикат пайрави Куръону Суннат бошанд! Ба чои он ки якдигарро паст зананду шарманда созанд- гар хатову гуноҳе доранд дар паи «ислоҳ»-и онҳо бошанд.
     !!! ҳазрати Анас,(р.а) мефармояд, ки Расулуллоҳ () иршод фармуд:
  -«Яке аз аломоти Киёмат ин аст,ки мардум масчид бино мекунанд ва ба он фахр мекунанд. Дигаре ин ки пешвоёни гумроҳ кунанда ва пайгамбарони дуругин пайдо хоҳанд шуд! Уммати Муҳаммадия аз яҳуду насоро ,форс ва рум пайрави мекунанд»!
  Ҳазрати  Муғфал ибни Ясор ,(р.а) ривоят мекунад,ки Расули Худо () иршод фармудааст:
  -«Ибодат кардан дар замони катл ва фасод бо ҳичрат кардан ба суи ман, баробар аст».
   Замони «катлу фасод» -ин замони мост ки дар ҳар гушаи дунё мардумкуши зиёд аст, фахшу бешарми руи рост аст. Пас дар ин замон тибки ин ҳадиси муборак ъибодат кардан дарачаи баланде доштааст. Яъне ин ъамалест ки дар он ихтилоф нест- аммо ҳастанд мардумоне ки «чиҳод» гуфта мераван аслан мусалмонкуши мекунанд. Дар замони Паёмбар чиҳод ин бо душманони Ислом буд- имрузҳо пайдо шудаанд мардумоне ки бо бародарони эмонии худ чанг мекунанд ва ин фитнаи замонро чиҳод гумон мекунанд.
   Вазифаи дигари ҳамин муллоҳои замони мо ин аст ки аз ин ҳадисхои зебо мусалмононро хабардор созанд то нараванд ба кишварҳое ки мусалмонон танҳо бо якдигар мечанганд ва якдигарро мекушанд. Ин чи чиҳод будааст ки ҳатто барои катл кардани мусалмони дигар ҳамин кифоя аст ки у аз дигар шахр бошад, аз дигар кавм бошад, аз дигар гурух бошад?. ин  чиҳод нест- фитна асту халос!
    Худованд муллохои моро хам чун он муллои Аврупои бо писараш ъамалхои солех карданро барояшон осон гардонад! Худованд мо мусалмононро дар хакикат пайрави Курьону суннати Набияш гардонад!

 Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий