Общее·количество·просмотров·страницы

вторник, 24 мая 2016 г.

Киссаи ибратомуз!



             Ачоиб киссаи ибратомуз дар Аврупо!
    Раиси корхонае пас аз эълони конкурс  барои  вазифахои холи  аз байни 9 нафар коригари нав 4 нафареро интихоб намуд ки мусалмон буданд ва сахт диндор буданд. У хангоми ба кор гирифтани коригарон аз онхо мепурсид ки дар кадом динанд, оё хамаруза тоъату ъибодат доранд,  ва гайра.
    Хама коригарон хайрон буданд ки чаро ин раиси калон (президенти фирма) мусалмонхоро ба кор гирифт. Аммо аз байн муддате нагузашту  маълум шуд сабаби он:
   - Раис ба хар бахона коригаронро сарзаниш мекард, дашному хакоратхо мекард, гуиё миёни коригарон масхара мекард- аммо коригарони нав зери лаб як чи мегуфтанду ба кори худ машгул буданд. Хатто рузхое мешуд ки раис камбудии дигаронро ба инхо бор мекард ва онхоро сарзаниш мекард. Ба назар мерасид ки раис мехохад инхоро сахт хашмгин созаду сабру токати онхоро санчад.
   Пас аз 3-4 мохи кори як руз раис дар холати сахт масти на ба хонаи худ, балки ба офис баргашт. У ронандаву посбонашро (телохранитель) чавоб доду ба утокаш дохил шуд.  Раис аз шаробхои дар утокаш буда чунон зиёд нушид ки дигар на хуш дошт на ёд. Хангоме ки у аз утокаш баромад хама коригарон гайри 2 посбон  ( якеаш хамон мусалмонон) дар офис дигар касе намонда буд. У ба хочатхона дохил шуду сараш чарх зад ва ба болои фарш афтоду хобаш бурд.
   Рузи дигар раис аз хобаш бедор шуда ба хуш омаду дид ки дар утокаш болои кати чармин хоб аст. У хайрон шуд ки чи тавр у ба ин утокаш омада хобида бошад.  Сипас раис ба камерахои назорати  назар карду дид ки уро посбон аз хочатхона бардошта ба утокаш овард, сипас либосхои болоии уро баровард, пойафзолашро кашиду болои кат хобонд.
   Раис аз дидааш хайрон шуд ва фармуд то посбонро ба наздаш хонанд- аммо ба у гуфтанд ки посбони дируза навбаташро супорида ба хонааш рафтааст.  У сабр накард то рузи дигар посбон ба кор ояд ва сурогаи уро гирифта ба хонааш рафт. Хонаи посбон дар канори шахр дар махаллаи мухочирони факир чойгир будааст. У хонаи посбонро ёфт, аммо посбон дар хона набуд.
   Писари посбон гуфт ки:
  - Падарам бобоямро ба тамошо баровард. Онхо танхо пас аз адои намоз ба хона меоянд.
    Раис бо ронандаву  посбонаш тамоми махалларо гаштанду уро наёфтанд ва мачбур ба суи масчид, ки дуртар аз он махалла  буд  рафтанд. Онхо дар як канори рох истода назорат мекарданд ки мусалмонон ба суи масчид мешитофтанд. Ин замон раис дид ки посбон муйсафеди пиреро аз зери багалаш бардошта ба масчид дохил шуд. Пас аз муддате овози форами азон садо дод. Хар он чи ки раис медиду мешунид уро дучанд хайрон мекард ва уро таъсир мекард:
   - Мардумоне ки камбагаланд ва нафароне ки гуиё пулдору молдору сохиби вазифаанд ба як саф дар сахни масчид намоз мехонданд. Хатто нафароне ки маъюбу бемадоранд ба суи масчид мешитобанд то намозро дарёбанд. Хангоми баромадан аз масчид хатто нафароне ки худ камбагаланд ба он 1-2 гадое ки назди дари масчид талбандаги мекарданд садака мекарданд.
   Раис посбонашро хангоми аз масчид баромадан ба наздаш хонд ва пешниход кард то бо мошин онхоро то ба хонааш бурда расонад- аммо у гуфт ки падарам мехоханд пиёда то ба хона раванд. Хамин тавр посбон падарашро дошта мерафт- аммо раис бо хамрохонаш аз паси онхо охиста охиста равон буданд. Раис хангоми ба хонаи посбон расиданд аз коригараш хохиш кард то наздаш барояд- аммо посбон хохиш кард то бехтараш онхо ба хонаи у даромада мехмон шаванд.
    Ронандаву посбонашро раис фармуд то дар мошин интизор шаванд. Аз байн 5-10 дакика гузашту коригараш наздаш даромад ва  сабаби дер карданашро фахмонд:
  - Ин падари ман инак се сол аст пас аз фишори баланд ба сараш задан бо пойхои худ  хуб рох намераванд. Духтурон мегуфтанд ки у дигар рох рафта наметавонад ва бояд  дар бистар хобад ва кам кам бо каляскаи маъюби сайр кунад. Аммо ман худ хар хафта 2-3 маротиба ба у махси бадан менамудам, бо ёрии фарзандонам уро даруни хона бардошта гуиё кадаммони меомухтем. Пас  аз як ду  сол ин падарам кам кам пойхояшро ба замин мегузоштаги шуд. У аз ман талаб мекард то ба кадри имкон уро ба масчид бибарам то намоз хонаду аз Худованд шифо талабад.
   - Инак худ мебинед ки Худованд дуъои падараму моро ичобат карду падарам бо пойхои худ рох мераванд. Албатта бо ёрии мо хам бошад аммо у худ зиёд харакат мекунад ба касе аз мо барои рох рафтан мухточ нашаванд. Имруз намози чумъа буд ва мо  соати 10 аз хона баромадему атрофи махалла сайр кардем ва сипас ба масчид рафта намоз хондем
    -Хозир ман ба он кас аз сабаби он ки занам дар кор аст хурок тайёр кардам ва ин сабаби каме дер карданам шуд. Аз хамин сабаб маро бубахшед раис!
   Раис намедонист аз чи сар кунад, чун уро таассуроти ачибе фаро гирифта буд. У ба ёд овард ки падари у хам аз чунин бемори бистари шуда буд- аммо хама хизматхои уро хизматгорон мекарданд на у. Хатто боре нашуда буд ки у ба падари бемораш хурок дода бошад. Бо ин бемори падар вафот кард ва хама дороияш ки садхо миллион ва хатто зиёдтар буд насиби у шуд.
   - Хотам! Маъзарат мехохам ки ба хонаат бе даъват омадаам. Ман имруз навори камераи назоратиро тамошо кардаму дар хайрат мондам. Охир ин кадар азобу машаккат ва танкиду масхарае ки ман шуморо мекардам- чаро ту маро ин муомилаи нек карди?  Магар чавоби бади некист?- ба сухан даромад раис.
   - Не не раис. Шумо гумон накунед ки ман ба шумо хашму газаб дошта бошам. Ман он хама муомилаи шуморо хамон рузу соат фаромуш мекардам. Ман зери лаб мегуфтам: Илохо сабрам бидех! Астагфируллох!- ва хашму газаб аз ман дур мешуд. Маро чои кор зарур аст, аз ин сабаб сабр мекунам!- чавоб гуфт Хотам.
   - Гуш кун Хотам  сабаби ин хама хакорату сарзанишхо ва бе сабаб гунахкор карданхо ин буд ки ман мехостам то шуморо сахт хашмгин созам ва шумо як руз дигар токат накарда маро катл кунед! Ман зиёд мешунидам ки Мусалмонон террористанд, одамкушанд, сабру тахаммул надоранд. Аз хамин сабаб ман шуморо ба кор гирифтам то аз дасти шумо кушта шавам- аммо шунидаам хама дуруг будаанд.
    -Бовар кунед ман зиёда аз миллиард  Евро пулу сармоя дорам, корхонаи калон дорам, хонаву каср дорам- аммо аз зиндаги «сер» шудаам. Бо вучуди доштани ин кадар пулу мол ман якчанд бор хостам даст ба худкуши занам, бахудаву бехуда бо хавопаймохо сафар мекардам то як руз он ба садам дучор ояду ман бе дард бимирам. Худам аз худро овехтан тарсидам, лекин мехостам маргеро интихоб кунем то зуд ва бедард бошад.
  Ман мехостам зани бомехр дошта бошам, 5-6 фарзанд дошта бошам. Аммо зане дорам ки пас аз таваллуди аввалин фарзанд ки духтар аст ба шикоят сар кард ки:
  - Ман сахт азоб кашидам, фигураам вайрон мешавад, дигар ман таваллуд намекунам.
   Ин замон ду писари сохибхона ичозат хоста ба падар мурочиат карданд то ичозат дихад ба дарси иловаги раванд. Падар ба онхо ичозат доду онхо наздик омада аз пешонаи падар бусиданд ва аз хона баромаданд. Раис аз чунин муомила хайраташ дучанд шуд. У суханашро идома дод ва гуфт:
   -Ягона духтаре ки мо дорем сахт «эрка» карда будем. Чи ки дилаш мехост барояш фарохам меовардем. Кучо ки мехост мебурдем, чи либосе ки мехост мехаридем. Хатто аз сини 13-14 солаги ин духтар зиёд бо хамсолонаш ба шахрхои Аврупо сафар мекард, шабхо ба хона намеомад ва хатто аз хурдсоли ишку ошики мекардаги шуд.
    Акнун аз хама сахту дарднокаш ин аст ки ин духтари ман ошики на бо писарон- балки бо як духтар доштааст. У  як сол пеш дар оила эълон карда ки мехохад бо он духтар оила барпо созад- оилаи «хамчинсгаро». Гуиё ба сарам кухе чаппа шуда бошад аз ин суханони ягона духтарам. Акнун ман аз ин кадар бепарвоии худ сахт пушаймон гаштаам,ки:
  - чаро аз хурдсоли ин духтарро ахамийяти зарури надодаам! Чаро аз бехудагардиву шабгарди манъ накардаам!
    Аз хама ачоибаш ки занам аз ин эълони духтар тарафдори мекард. У мегуфт ки дунё дигар шудааст- пас чи хеле ки хоханд зиндаги кунанд. Гуиё мо волидайн хукуки онро надорем ки ин духтари 19 солаи худро роху равишашро дигар намоем.
      Аз ин интихоби духтар ман сахт асаби мешудам, зиёд гушокихои спирти менушидам, шабхо на дар хона балки дар тарабхонаву мехмонхонахо мехобидам. Чун боре  хостам ин феъли худро дигар кунаму ба хона баргардам- як руз  рузона ба хона рафтам ва зани худро бо «ошик»-аш болои кати хобамон дидам.
   Ин кадар пулу молу зиндагии «шохона» ба ин зани ман кам будаасту у болои ман ошике доштааст. Занам ба руям гуфт ки:
  - Ту ки ба хона намеомади ман мачбур шудам ин мардро ба бистари худ хонам.
    У гуиё тавба кард , бахшиш пурсид ва ман хам гуиё уро бахшидам – аммо ин «захм»и ханчаре буд ки хеч шифо намеёфт. Ман як нафарро пул додам то аз пушти занам назорат кунад- ва маълум шуд ки у бо ду нафар «ошик»-и мекардааст.  Аз чунин зиндаги ман озурда шудаам ва мехостам боз даст ба худкуши занам.
   Ба ман ба сарам фикре афтод ки чун ту мусалмононро азийят дихам, масхара кунад то рузе маро аз чонам махрум созед чун аз чунин зиндагии «паст»  мурданам бех. Шуморо ман барои хамин ба кор гирифтаам Хотам! То маро бо ягон рох сари хашм бикушед, бикафонед !  Аммо имруз он чи ки дидам ва шунидам аз зиндагии ту маро сахт мутахайир сохт. Муомилаи хуб ба ивази бадихои ман, муомилаи бехтарин бо падар, муомилаву хурмати эхтироми фарзандонат- ин чизест ки ман мехостам дар оилаи худ бубинам.
   - Раис! Мо Мусалмонон террорист нестем-балки душманони Ислом моро чунин мегуянд. Он нафароне ки рохи тероризмро пеша кардаанд на аз пайравии Ислом- балки аз пайравии чохилии худ доранд. Чун дар Ислом худкуши бадтарин ва нобахшидатарин гунох аст. Онхое ки рохи тероризмро пеша кардаанд зарарашон ба мусалмонон зиёд мерасад. Шумо ку ба дину оини мо, Куръону Паёмбари мо (с) кордор намешудед- балки худи моро танкид мекардед. Пас мо ба худ сабрро интихоб кардем чун донистем ки «сабр» дарахтест ки дер ё зуд мевахои хуб медихад. Дигар ин ки ин муомилаи нек бо волидайн фармони Худованд аст, пас хар  ки мусалмони асил аст бояд чунин муомила дошта бошад.
  - Акнун ман пурсиданиям ки яъне шумо мехохед бимиред? Мехохед ин кадар пулу моле ки доред ба духтари «хамчинсгаро» ва зани фохишаатон гузоред то пас аз марги шумо он пулу молро бо ошикони худ хурда «кайфу сафо» кунанд? Ин кадар мехнати падаратон ва худатон барои хамин буд раис?- пурсид Хотам.
  - Чи кор кунам ки аз зиндаги сер шудаам? Охир дигар ба сарам хеч фикри дигар намеомад!- чавоб гуфт раис.
   Хотам каме хомуш истода раисро ба назди тирезаи хонааш даъват кард. У хонахои кухнаву нимвайронаи хамсояхояшро ба раис нишон доду гуфт:
  - Раис шумо намехохед ин пулу моли худро «захира»-е намоед ки фардо дар он «дунё» аз он истифода баред ва рохати онро бубинед? Охир аз он ки шумо пулу молро ба зани фохишаву духтари бешарму хаё мегузоред зарари калоне мебинед- аммо гар имруз чи ъамали неке ки кардед донед ки фардо дар он дунё фоидаи онро мегиред!
  - Ман нафахмидам максадатро Хотам!- бо чехраи хайратзада пурсид раис.
  - Ин мардум хонахои кухнаву вайрону валангор доранд, мактаб надоранд, рохи хуб надоранд. Хукумати махали аз он ки мо мухочирему баъзе шахрванди надорем аз ахволи мо парво надоранд. Пас шумо биёед ба мо мактаб созед, рох созед. Пулхоятонро ба хонахои пиронсолон, хонахои ятимакон ба кадри имкон сарф созед то «фоида»-и онро гиред на зарари онро.- гуфт Хотам ба раис.
    Раис бо Хотам ба куча баромаданд ва аз махалла пиёда дидан карданд. Сипас у бо хотам хайрухуш намуда ба мошинаш савор шуда рафт.Хотам гумон кард ки раис гуфтахои уро кабул накарда бошад-аммо хафтае пас аз як корхонаи сохтмони омада тархи мактаби замонави бо роххои мумфаршро кашиданд ва аз паи сохтмон шуданд. Мардуми махал хайрон буданд ки чи тавр хукумат яку якбора ба фикри некуахволии мардум шудаанд.
   Сипас мошинхои пур аз масолехи сохтмони дар кучахои махалла гашта он масолехро ба хонахое ки кухнаву вайрона будан таксим менамуданд то хонахояшонро таъмир созанд. Хар боре ки мошини пур аз масолехи сохтмони ва гизо дар махалла пайдо мешуд як мошини сиёхшишае аз дур истода назорат мекард. Дар он мошин ки буд танхо Хотам медонист аз он мардумон.
   Рузе раис Хотамро ба наздаш хонд. У таклиф кард то якчоя ба хонаи бесохибон раванд то бо дасти худ ба онхо гизо диханд. Онхо 2-3 чунин марказхоро гаштанд ва дар якеи он бо пиронсолону бесохибон хурок хурданд. Раисро таассуроти ачибе фаро гирифта буд. У акнун дарк намуда буд ки аз ин пулу моли зиёд фоидае мумкин будааст ба даст орад то хатто дар он «дунё» ба кор ояд. У дар катори бесохибон худ  хурок мехурд ва хакикат лаззати он хурокро хис мекард. Он хурсандиву миннатдорие ки ахли он марказ ба у мекарданд, огушхое ки уро мегирифтанд дар дилаш сахт накш монд.
    Хангоми бозгашт Хотам хохиш кард то уро дар назди масчид фароранд то у намози чамоъат хонаду сипас баргардад. Аммо раис бо у хамрох шуд. У ба масчид даромад ва аз Хотам хохиш кард барои Мусалмон шудани у ёри дихад. Хама намозхононвайро халка гирифтанд ва у бо ёрии эмому Хотам «калима арза кард» ва Мусалмон шуд-Мусалмон шуду бо овози баланд ба гиря даромад. Хар яке аз намозгузорон акнун уро огуш мегирифтанду «муборакаш» мегуфтанд.
   Аввалин намозе ки хатто бе донистани сура, бе донистани тарзи адои он намоз- аммо аз «сидки дил» он раис мехонд сахт ба у таъсироте бахшид ва хар як «сачдаи ба Худованд» ашк аз чашмони у чори мешуданд. У то охирин намоз он руз дар он масчид истод ва аз дину аз намоз мепурсид, аз халолу харом мепурсид, аз некиву бади мепурсид.
   Хангоме раис фахмид ки «худкуши» бадтарин гунох аст дигар у аз он нийяти бадаш даст кашид. Эмоми масчид ба у гуфт ки хар он гунохе ки у то Ислом оварданаш кардааст  имруз шуста шуд ва у гуиё чун одами навзод ки аз гунох пок аст- ба зиндагии дигар кадам монд. Ва хамин тавр хам шуд.
   У  сахт марди «обид» шуд ва хар як намозро рузахои нофиларо тарк намекард. Дар дуъову тазарруъ аз Худованд «начот»-у офият мехост- ва Худованд уро аз зани фохишааш начот дод:
  Дар як садамаи наклиёти занаш бо ошикаш сахт маъюб гаштанд ва пас аз якчанд мохи дар бемори он зан вафот кард. Духтараш бошад пас аз марги модар гуиё ки нопадид шуд- аммо хабар омад ки у ба давлате рафтааст ки дар он «хамчинсгаро»-хо зиёданд ва онхоро хукуки зиёд додаанд. Раис аз Хотам хост ба у номи Исломи интихоб намояд- ва уро миёни бародарони «эмони» Абдуллох номиданд.
    Дар он махалле ки Хотам мезист масчид хурд буду на хам намозгузоронро мебурд- аз хамин сабаб Абдуллох як церкови насронихоро ки касе ба он намерафт харида ба бародарони «эмони»-аш хадя кард то масчид ва маркази Исломи карданд. Акнун Абдуллох хар гушаи дунё ки мардуми мазлуми мусалмонро мешунид ба онхо хайру саховат мекард. Дар муддати 4-5 сол у як масчид сохт ва ду церкови насрониёнро харида масчид кард.
   Замоне ки дар Фаронса занони сатрдору хичобпушро мамнуъ эълон намуданд ва фармон бароварданд ки хар занеро ки бо сатру хичоб дошта шавад 400 Евро чарима хоханд кард Абдуллох эълон намуд:
  - Хар зане ки сатру хичоби Исломи дорад бепарво гаштан гирад ва агар уро  чарима созанд чеки чаримаро ба у равон созанд то он чаримахоро у пардохт намояд.
    Абдуллох хач кард ва бо худ мардумони зиёдеро ба маросими хач бурд аз хисоби худ. У аз миёни муслимахо зани «ботаквову пархезкор»-еро ба зани гирифт ва инак сохиби ду писару як духтар гаштааст. Рузе у ба Хотам гуфт ки аз рузе ки у хайру саховат дорад, мусалмон шудааст, масчидхо сохтааст, ба хочатмандону мухточону мазлумон хайр мекунад- ба чои он ки пулу молаш кам шавад кораш бехтар шудааст ва хатто сармояаш дучанд афзудааст.
  Хотам ба у гуфт ки:
  - Ин ваъдаи Худованд аст ки ба ивази хайру саховат  моли бандагонашро баракот ато намояд ва он кадар савобе ба онон ато намояд ки хисобашро танхо У (ч.ч) донад!   Дар зиндагии кадом як бандае ки Худованд баракот ато фармуд зиндагии онон хушу гуворо хохад гашт, фарзандони «солех» тарбия хоханд ёфт, молу неъматхо афзун хохад гашт.
  -Ин хамаро сабабгор ту шуди бародар Хотам! Худованд ачри некат ато намояд ва аз ту рози бошад!- гуфт Абдуллох.
((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((
   Ин аст киссае аз яке аз бародарони мусалмони мо ки ба шарофати Хотам  ба у Худованд Исломро мушарраф сохтааст. Ин аст фоидаи хайру саховат ки моли доштаат сохиби баракоти Худованди хохад гашт-  на ин ки он мол кам мегашта бошад. Ин аст сабаби ба ин дуньё омадани мо бандагон- яъне хар яки моро Худованд вазифахоеро ба ухдаамон гузоштааст.
    Пас нафароне ки дар зиндагии худ танхо барои хурдану хобидан омадаанду  аз «бандаги»-и Худованд гофиланд- аз хамон хайвонот хеч фарке нахоханд дошт! Рузи «чазо» онон миёни мардумони «ахли хасрату пушаймонгаштагон» хоханд буд.

  Тарчумаи СаидНусрат 21.08.14.
original:  http://www.islamreligion.com/ru

     Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий