ХОҲИ КИ АЛЛОҲ (ҷ. ҷ) АЗ ТУ РОЗИ БОШАД!
«Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»! Барои чи ман овози азонро
шунида ба он ҷавоб намегуфтаам? Магар ин мумкин
аст? Маро хезонед! Пас уро наздиконаш ба по хезониданд ва ба суи
масҷид бурданд. Чун аввалин ракъати намози ҷамоъатро мехонд у «амонатиашро» (ҷонашро) ба ҳақ таслим намуд!
Чи зебост чунин лаҳзахои охирини ъумр барои ҳар як бандаи муъмине ки тамоми ъумри худро дар тоъату ъибодати Илоҳи
гузаронидааст.
Расули Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармудаанд:
-« Чи тарзе ки шумо ъумратонро гузаронидаед- ҳамон тарз мемиред»!
Ато бин Собит (р) ривоят
кардаанд:
«Рузе
мо шунидем ки яке аз дустони Аллоҳ Абдуллоҳи Сулами сахт бемор аст. Мо зуд ба
аёдати у шитофтем- аммо чун ба хонааш расидем ба шунидаамон бовар накардем. Ба
мо гуфтанд ки он кас дар масҷиданд. Замоне ки уро бистари бемори
нигоҳ дорад ба мо аҷиб намуд ки у худ даъвати ба намоз намояд. Чун ба масҷид дохил шудем мо дидем ки у дар ҳақиқат дар намоз қоим аст. Аммо замоне ки мо вазнин нафаскашии уро дидем сахт хавотир
шудем:
-« ҳазрат! Магар хуб набуд ки имруз ту дар бистари бемори мехобиди ва худро
азоб намедоди?- пурсидем мо уро. У ба мо чунин ҷавоб дод:
- « Ба ман суханони Расули Акрам (саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам) расидаанд ки фармудаанд: «Намози ҷамоъат беҳ аст аз ҳама чизи дунё». Пас ман хостам ки он лаҳзае ки «ҷон ба ҳақ» таслим менамоям дар намози ҷамоъати масҷид бошам»!
\\\\\\\--Муҳаммад бин Собит (р) бандае зиёд
ботақвову парҳезкоре буданд. У дар адои намози ҷамоъат бисёр ҳассос буданд ва ҳаракат мекарданд намози ҷамоъатро дар масҷид адо намоянд. Он кас мегуфтанд:
- «Ман ҳама вақт намозхоямро бо ҷамоъат мегузоштам. Инак дар муддати
40 сол аст ки ман ба ҳар як аввалин такбир ба намоз қоимам ва боре ҳам нашудааст ки ба аввалин такбир дер карда бошам. Аммо боре ман ба аввалин такбир дер мондам
замоне ки дар паи «гуру чуб»-и модари худ будам. Ва чун мехостам савоби он ҷамоъатро дарёбам ҳамон намозро 25- маротиба адо намудам. ҳамон шаб ман хобе дидам ки фариштае
мегуфт:
-« Ай Муҳаммад! ҳарчанд ту он намозро 25 маротиба
хондаи ту ба чи баробар хоҳи кард он замонеро фариштагон гуянд «Омин»!? (Қандахлави Фадоилуль Ъамал с-275).
Расули Акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармудаанд:
-«Замоне ки эмоми ҷамоъат сураи Фотиҳаро ба итмом расонад-ҳама аз пасаш иқтидо намудагон гуянд: «ОМИН»! Чун ин «ОМИН»-е ки дар замин будагон гуянд бо
он «ОМИН»-е ки ҳамон замон гуянд фариштагони боло -
бар онон бахшида хоҳанд шуд тамоми гуноҳони гузаштаашон! (Бухори-Азон 113: Муслим- Салот 76)
Дар як «ҳадиси Қудси» омадааст:
-«Аллоҳи Мутаъол дар рузи «ҶАЗО» гуяд:
-«Куҷостанд ҳамсоягони МАН?»?
Фариштагон пурсанд:
- «Киҳо метавонанд ҳамсоягони Ту бошанд Илоҳо?
Аллоҳи Мутаъол гуяд:
-«Ононе ки қалби «мутаъаллиқ»-и ба Масҷидҳо (Хонаҳои Ман) доштанд»! (Али
аль-Муттақи, VII, 578 / 20339).
Расули Акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармудаанд:
-«Масҷидҳо ин хонаи ҳама «муттақиён» аст. Аллоҳи Мутаъол бар ононе ки масҷидҳоро хонаҳои худ қарор додаанд (пайваста ба ҷамоъатанд) гузаштани «Пули Сиротро»
осон, Биҳишти Ҷовидон ва хушбуиҳо ваъда намудааст»!
(Табарони, аль-Муҷамъуль-Кабир, Али аль-Муттақи, VII, 580/20349).
(Табарони, аль-Муҷамъуль-Кабир, Али аль-Муттақи, VII, 580/20349).
Намози мудом бо ҷамоъат нишонаи «Имони Комил» аст. Расули Акрам (с.а.в.с) фармудаанд:
-«Замоне ки шумо нафареро мебинед ки намозҳои мудом бо ҷамоъат дорад, пас уро чун «аҳли Эмон» бояд шинохт
ва «далил» ин ояти Қуръониро овард: --
-« Масҷидҳои Худоро касоне ободон мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!»!! (Ат-Тауба ояи 18), (Тирмизи: Имон-8/2617)
-« Масҷидҳои Худоро касоне ободон мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!»!! (Ат-Тауба ояи 18), (Тирмизи: Имон-8/2617)
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
То чи андоза ҳар яки мо мехоҳем «охирин нафас»-и худро дар ру ба руи Холиқи Худ (ҷ. ҷ) кашида амонати додаи У-ро таслимаш намоем? Чун қоим будан ба намоз ин ҳамон аст ки нафари бо «ихлос» намоз мехонда дар «Пешгоҳи Худованди» қарор дорад.
Бубинед ки дар асрҳои пешин «дустони Аллоҳ» то чи андоза ба намози ҷамоъат ошиқ буданд. Чун фармудаҳои Худовандиву суннати Набавиро онон бо ҷону дил қабул доштанд- пас муваффақ ҳам шудаанд. Қиссаи эмондориву ботақвогии асҳоби Расули Акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва тобиину табаа тобиин, дустони
Худое ки пас аз онҳо зиндагии дар
«бандаги» доштанд имруз бар ҳар яки мо расидааст.
Аммо худ бубинед ки магар мо дар тақвову парҳезгори метавонем ба
онхо монанд бошем? Оё мо ҳам қалби мутаалиқи ба масҷид дорем ё хайр? Чун Аллоҳи Мехрубон бар нафароне ки мудом ба намози ҷамоъати масчид қоиманд чи ваъдаҳои зебову неке ваъда
додааст ки имруз бар уммати Ислом зарур аст:
!!Дар ҳадисе омадааст, ки ҳар шахсе бар намози ҷамоъат
мудовамат кунад (панҷвақта гузор
бошад), Худои таъоло ӯро
ба панҷ
сурат мавриди икрому навозиш қарор медиҳад.
!Аввал, ин ки тангии ризқ аз ӯ дур карда мешавад.
!Аввал, ин ки тангии ризқ аз ӯ дур карда мешавад.
!Дуввум, ин ки азоби қабр аз ӯ
дур карда мешавад.
!Саввум, ин ки рӯзи қиёмат номаи аъмоли ӯ
ба дасти росташ дода мешавад.
!Чаҳорум, ин ки аз Пули сирот мисли барқ мегузарад.
!Чаҳорум, ин ки аз Пули сирот мисли барқ мегузарад.
!Панҷум,
ин ки бидуни ҳисобу китоб дохили ҷаннат
магардад.
///Пас куҷостанд он нафароне имрузҳо ба тангии ризки худ шикоят менамоянд?
Куҷостанд нафароне ки аз азоби кабр
метарсанд?
Куҷостанд нафароне ки аз соати «саволу ҷавоб»-и Худованди хавотиранд?
Куҷостанд нафароне ки мехоҳанд аз «Пули Сирот» ба осони гузаранд?
Куҷостанд нафароне ки дар
орзуи «ҷаннати
пурнозу неъмату роҳат»-анд?
Марҳамат Худованд худ ба шумо ваъда дорад ки:
бандаи «обид»-у парҳезкор бош Ман (ҷ.ҷ) худ ба ту ваъда медиҳам ин «неъматҳо»-и худро арзони. Охир он чи ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) худ ваъда дод бешак ҷои баҳсу гумон нест. Имруз
Ъамал кун- фардо онро соҳиб хоҳи шуд!
Хушо бар ҳоли он бандагоне ки қалби мутааллиқ ба масҷид, қалби саршор аз Ишқи Илоҳи, қалби парҳезгор, қалби дар орзуи «дидори Холиқи худ» доранд. Чун ин «ваъдаи Илоҳи» бар онон тааллуқ дорад!
----------------------------------------------------------------------------------------------Дар
китобхои «Сахеҳ»-и Бухорӣ ва Муслим бо ривояти Ҷобир (разияллоҳу ъанҳу) аз Расули Худо
(саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) чунин омадааст, ки фармуданд:
- «Хабар кунед маро, ки агар бар дари хонаи
яке аз шумоён ҷӯи об равон бошад ва он шахс ҳар рӯзе
панҷ маротиба дар он ҷӯй ғусл кунад
аз шавқ ва ҳеҷ бар тани
вай чизе боки мемонад аз нопокй»?
Саҳобагон гуфтанд:
-Не, ё Расулуллоҳ (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам),
Пайғамбар (саллаллоху ъалайҳи ва
саллам) фармуданд, ки:
-«Ин бар мисоли панҷ вақт намоз аст, ки маҳв гардонад
Худованди таъоло бо сабаби он панҷ вақт намоз хотоҳои шуморо».
Яъне касе, ки ин панҷ вақт намозро ҳамеша бихонад, аз
гуноҳҳои сағира бар тани ӯ
чизе
боқй намемонад. Яъне Худованди таъоло ҳамаи он гуноҳҳоро афв намуда мебахшад.
Ду
ҳикояти ибратангез!
Дар тафсири «Муғнӣ» меоранд, ки дар замони пешин Иблисро
медиданд. Марде аз вай пурсид, ки:
-Эй Иблис, чӣ кор кунам,
ки монанди ту бошам?
Иблис Гуфт:
-Ҳаргиз ҳеҷ кас аз ман инро талаб накарда буд, ту чаро металабӣ?
Он мард гуфг:
-Ман дӯст медорам.
ки монанди ту бошам.
Иблис гуфт:
-Агар мехоҳӣ, ки чуи
ман бошӣ дар намоз коҳилӣ кун ва савганд бихӯр агарчи
росту дурӯғ бошад.
Он мард гуфт:
-Аҳд кардам бо Худованд, ки тарк накунам
намозро ва ҳаргиз савганд
нахӯрам.
Иблис гуфт:
-Ҳеҷ касро аз худ ҳиллагартар надидам, магар туро ки аз ман
ҳиллагартар будай.
* * *
Рубоъии Хайём: .
Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ,
Ҳар лаҳза чаро ҳаме кунад
навҳагарӣ,
Яъне, ки намуданд дар оинаи
субҳ,
К-аз умр шабе гузашту ту
бехабарӣ.
* * * * * * * * * * * * * * * * * *
Киссаи дигар!
Нақл аст, дар он вақт, ки Абдуллоҳи Тоҳир амири Хуросон буд ва тахтгоҳ
дар Нишопур дошт, марди оҳангаре аз шаҳри Ҳирот ба Нишопур рафт ва як чанд
вақт дар он ҷо кор кард.
Ва хост, ки ба Ҳирот ба сӯи аҳлу аёли худ баргардад.
Ва дар он вақт Абдуллоҳи Тоҳир афсаронро фармуда буд, то роҳҳоро аз дуздон эмин доранд. Рӯзе афсарон дуздонро дастгир карда, ба амир хабар доданд. Ногоҳ як нафаре аз он дуздон гурехт ва афсарон тарсиданд.
Ва дар он вақт Абдуллоҳи Тоҳир афсаронро фармуда буд, то роҳҳоро аз дуздон эмин доранд. Рӯзе афсарон дуздонро дастгир карда, ба амир хабар доданд. Ногоҳ як нафаре аз он дуздон гурехт ва афсарон тарсиданд.
Ва ин
марди оҳангар шабона ба роҳ баромада буд, ӯро дастгир
карда бо ҳамроҳии дуздон ба пеши амир оварданд. Амир пеш аз он, ки тафтиш
намояд фармон кард, ки онҳоро ба зиндон баранд.
Хоҷаи оҳангар
донист, ки кор аз куҷо кушояд ва мақсуд аз куҷо барояд.
Зуд таҳорат сохт ва дар гӯшаи зиндон ба намоз машғул шуд ва ҳар ду ракаъат намоз, ки
мехонд сар ба саҷда ниҳода матлабашро изҳор карда, аз сидқи дил бо Худо муноҷот мекард,
ки:
-«Худвандо, ту медонӣ, ки ман аз ин кор бегуноҳам.
Назм:
Мондаам дар чоҳу зиндон, эй
Худо,
Ғарқаи дарёи исён, эй Худо.
Пой то сар дар гуноҳон
гарқаам,
Раҳмати ту бар гуноҳон, эй
Худо.
Бе сару но омадам дар роҳи
ту,
Худ макун дар роҳ ҳайрон, эй
Худо.
Рӯ ба ту овардаам дастам
бигир,
Подшоҳӣ бар гарибон, эй Худо.
Аз карам раҳме бар ин бемор
кун,
Мо надорем чуз ту дармон, эй
Худо.
Ҳар чӣ кардам пеши ту бад кардам,
Аз гунаҳ ҳастам пушаГшон, эй
Худо.
Ҳоҷати худро ҳамехоҳам зи ту,
Соз бар ман лутфу эҳсон, эй
Худо.
Чун шаб даромад Абдуллоҳи Тоҳир ба хоб дид, ки
чаҳор нафар шахси боҳайбату салобат омаданд ва аз чаҳор гӯшаи тахти вай гирифтанд, ки нагунсор кунанд.
Абдуллоҳ аз хоб гарсида бархост ва калимаи «Ло
ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-ъалийил-ъазим»-ро бар забон ронд ва таҳорат
карду ду ракаъат намоз бигузорид.
!! Бародарону хоҳарони Эмониам!:
Хушо
бар ҳоли он мардумони пеш, ки чй шоҳу чӣ гадо ҳар киро мушкилеву ҳоҷате
пеш меомад, рӯй
ба сӯи ин даргоҳи Худовандй оварда розу ниёзи
худро арза мекунанд. Пас Худованд бар онон фатҳу зафарийят ва неъматҳояшро бе ҳисоб
ато менамуд.
Таърих гувоҳ аст ки то чи андоза он замонҳо
мусалмонон ғолибу муваффак буданд-
чун ҳар ҳоҷоте ки доштанд худ
намозҳои нофилаи «дили шаб» гузошта аз Холикашон (ҷ.ҷ) ҳоҷат мехостанд!
(Аммо дар ин замони мо ба сари касе мусибате ва ё мушкилие афтад ба сӯи фолбинҳову, сари қабри азизону, муллоҳои дуъохон мераванд ва кушоиши корро аз онҳо талаб мекунанд . Худованд на ин ъамалҳои щирку бидъат - балки намозу дуъои худи шуморо қабул дорад! «Холиқ»(ҷ.ҷ) ҳоҷ атбарор аст - чаро шумо паи « махлуқ»-и заъифу нотавоне ва ё мурдагоне ки худ ба дуъои мову шумо хочат доранд мегардед?).
(Аммо дар ин замони мо ба сари касе мусибате ва ё мушкилие афтад ба сӯи фолбинҳову, сари қабри азизону, муллоҳои дуъохон мераванд ва кушоиши корро аз онҳо талаб мекунанд . Худованд на ин ъамалҳои щирку бидъат - балки намозу дуъои худи шуморо қабул дорад! «Холиқ»(ҷ.ҷ) ҳоҷ атбарор аст - чаро шумо паи « махлуқ»-и заъифу нотавоне ва ё мурдагоне ки худ ба дуъои мову шумо хочат доранд мегардед?).
Давомаш:
Абдуллоҳ боз ба хоб рафт ва боз ҳамон хобро дид. Ва ҳамчунин
то чаҳор маротиба ҳамон чаҳор касро медид, ки аз чаҳор гӯшаи тахти вай мегирифтанд,
то нагунсор кунанд.
Абдуллоҳ битарсид ва донист, ки оҳи мазлум дар
вай расидааст. Чунонки гуфтаанд. Маснавӣ:
Накунад сад ҳазор тиру
табар,
Он чӣ як пиразан кунад ба саҳар.
Эй басо найзаи адӯшиканон,
Реза гашт аз дуъои
пиразанон.
Ҳам дар шаб зиндонбонро
талаб карду гуфт:
- Ҳеҷ
мазлум дар зиндон медонй, ки маҳбус
монда бошад?
Зиндонбон гуфт:
-Эй амир, надонам ки
мазлум кист, аммо мардеро мебинам, ки пайваста намоз мегузораду муноҷоти дилсӯз мекунад.
Абдуллоҳ бифармуд,
то ӯро ҳозир карданд. Аз ҳоли вай тафтиш кард ва донист, ки вай
бегуноҳ будааст. Пас узр хосту гуфт:
-Бо ман се кор бикун:
Аввал, он ки маро бубахш.
Дуввум, он ки ҳазор дирами ҳалол аз ман қабул кун.
Саввум, он ки ҳар гоҳ туро муҳимме пеш ояд назди ман биёӣ, то ҳоҷататро
раво кунам.
Марди оҳангар гуфт:
-Он чй гуфтй: Маро бубахш. Туро бубахшидам. Ва он ҳазор
дирамро қабул
кардам, аммо он чӣ гуфтй:
-Чун туро муҳимме пеш ояд ба даргоҳи ман ой. Инро наметавонам
кард.
Абдуллоҳ гуфт:
Абдуллоҳ гуфт:
-Чаро?
Гуфт:
-Аз барои он, ки Худованде дорем , ки аз барои чун ман
гадое тахти чун ту подшоҳеро дар шабе чаҳор бор нагунсор кунад, даргоҳи У-ро гузоштан ва ҳоҷати худ ба ғайри
У
бурдан шарти бандагӣ набошад, маро аз
намоз гузоридан кадом кор дар банд шуд, то паноҳ ба ғайри
Худои таъоло барам?
Назм:
Мо дар ду ҷаҳон гайри Худо ёр надорем,
Ҷуз ёди Худо ҳеҷ дигар кор надорем.
Дарвешу фақирем дар ин гӯшаи дунё,
Бо неку бади халқи ҷаҳон кор надорем.
Бо ҷомаи садпораву бо хирқаи пашмин,
Бар хок нишинему аз он ор
надорем.
Гар ёри вафодор надорем аҷаб нест,
Мо ёр ба ҷуз Ҳазрати «Ҷаббор» надорем.
Мотамзадагонем дар ин гӯшаи дунё,
Чун зог гузар бар сари
мурдор надорем.
Бингар ту дили хастаи
Шамс-ул-ҳақи Табрез,
Мо ҷуз ҳаваси дидани дидор
надорем.
Азизони
ман, дари раҳмат кушодаасту хони карам ниҳода. Кӣ талабад, ки надоданд
ва кӣ
омад, ки кабул накарданд? Хории ту аз
пастҳиммативу бешуурии туст! Ҳеҷ
гох ноумед мабош ва «дареро» бизан ки хама рузону шабонгохон ба руи ту боз
аст – ки он хам дари «Раҳмати Илоҳист»!
Робиъа
(раҳматуллоҳи ъалайҳо) аз шахсе шунид, ки мегуфт:
- Худоё, «дари раҳмати» худро бар ман бикушой.
Робиъа (раҳматуллоҳи ъалайҳ) гуфт:
-Эй мискин, магар дари раҳмати Худоваидӣ боре баста буд, ки то ин замон барои
ту кушода шавад?
Яъне гар «обиду оқил»
боши ҳеҷ гох ноумед мабош ва «холисона» ъибодат ба ҷой ор ба Холиқи Якто- аммо чун ҳоҷате бар туву
наздиконат ва ё бародарону хоҳарони «эмониат» пайдо шуд- дар «дили шаб» худ ғусл
ва ё таҳорати хуб бикун ва намозҳои нофила бихон.
Сипас
аз Аллоҳи Меҳрубон ҳар ҳоҷоту хоҳише ки дори дар дуъоят талаб намо. Навмед мабош- чун
«даргоҳи Илоҳи» бениёз аст ва ҳар ки мухлисона он дарро ки куфт албатта кушода
хоҳад шуд! Чун Худованд ваъда додааст ки:
- «Ҳар
дасте ки холисона бо дуъо ба суи Ман бардошта шуд- Ман шарм медорам онро холи
баргардонам»!
Бисёр пироне мебошанд, ки умри азизашонро зоеъ кардаанд ва дар муддати умри худ як намози шоистаи шариъат надоранд, зеро ки на сураи «Фотиҳа»-ро дуруст мехонанд ва на риояти фароизу воҷиботи намозро мекунанд. Шарму нанги касе бод, ки дар диёри ислом ва дар миёни мусалмонон умрашро ба охир овараду аҳволаш чунин бошад. Пас аз ҷавони «обид» бош- то дар пири шарманда нагарди!
Бисёр пироне мебошанд, ки умри азизашонро зоеъ кардаанд ва дар муддати умри худ як намози шоистаи шариъат надоранд, зеро ки на сураи «Фотиҳа»-ро дуруст мехонанд ва на риояти фароизу воҷиботи намозро мекунанд. Шарму нанги касе бод, ки дар диёри ислом ва дар миёни мусалмонон умрашро ба охир овараду аҳволаш чунин бошад. Пас аз ҷавони «обид» бош- то дар пири шарманда нагарди!
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Шармат бодо, агар чунин хоҳй
зист,
Нангат бодо, агар чунин хоҳӣ мурд.__
:::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Ман дар ин мавзуъ намехохам зиёд дар мавриди
нафароне ки худро Мусалмон медонанду аммо аз тоъату ъибодат дуранд зиёд харф
гуям- аммо хамин бар «оқилон» басанда аст ки:
Намоз ин сутуни дин аст , Намоз ин нури
муъмин аст, Намоз ин
Чароғи қабр аст , Намоз тоҷи муъмин дар рузи маҳшар аст
, Намоз ин
маҳри «ҳурҳо»-й ҷанати аст , Намоз ин калиди
биҳишт аст , Намоз ин
куркунандаи чашми шайтон аст
, Намоз ин нури чашмони ҳабиби
худо Муҳаммад Мустафо
саллаллоҳу ъалайҳи ва олйҳи ва
саллам аст , Намоз ин
баракоти умри мову шумост , Намоз ин
фаравонии ризқ дар хонадони мову шумост!
!!!----- Намоз ин ҷудо кунандаи байни мусалмону
байни кофир аст!!!!!!!!!
РУЗИ МАҲШАР ,КИ ЧОНГУДОЗ БУВАД!
АВВАЛИ ПУРСИШ АЗ НАМОЗ БУВАД!
ПАС МАКУН ДАР НАМОЗҲО ТАҚСИР!
ТО ДАР ОН РУЗ БОШАДАТ
ТАВФИР!
--- Гирдоваранда: САДРИДДИН!---
БАРОДАРОНУ ХОҲАРОНИ ИМОНИ: БАР МУАЛЛИФ ВА
ГИРДОВАРАНДАИ МАВЗУЪ ДУЪОИ НЕКИ ХУДРО ДАРЕГ МАДОРЕД!
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий