Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 23 мая 2016 г.

Щирк аст аз гайри Аллох мадад хостан!



        Савол:   - Ё Али ва ё «пирам»  мадад кун! -  гуи мумкин аст?
     Ассаломуъалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ устод! Як  масъалаи муҳими ҳаст ки моро азоб медиҳат ва боиси шубҳа ҳам шудааст.  Чанд  руз аст, ки дар гирди ҳамин масъала мо суҳбатхо мекунем ва як инсон мегуяд ки мо агар корамон дар як инсон афтад мо кумак талаб мекунем чи ишкол дорад бигуи : « ё Али мадад гуфтан ё инки ё Ҳайдар ё Аббос, ё «пирам» мадад!?
    Ҳамчунин баъзе домлое ҳастанд ки уро дастгири намуда таъкид мекунанд ки  дар ҳар як мушкили «азизони Худоро» ки бузург буданд «васила»-ву «таваккул» қарор диҳему «зиёратгоҳашон» рафта дуъо кунем –пас  Худованд дар он кору мушкили  кушоиш ато мефармояд? Оё ин ҳақиқат дорад? Оё ин дар Исломе ки аз Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод) ва саҳобагону соҳибмазҳабон дар ъамал  хабаре омадааст ва онон ин ъамалро иҷоза медиҳанд?
   Ва  ё беҳтар нест ки ман ва ё он нафар пайрав аз Қуръону аҳодиси Набави намоему худ намози «Ҳоҷат»-у «Истихора» хонда танҳо аз «Холиқи  Ҳоҷатбарор» ҳочат хоҳем? Илтимос устод бо далелҳо ҷавоб гуед чун як домлои масҷидро пурсем у  мегуяд ки:
  -«Бобову падарони мо ҳамин сари қабри ҳазрати Амирҷон, ҳазрати Султон, ҳазрати Мавлоно мерафтанду ёрдам мехостанд ва онон «мушкилкушо» мешуданд! Пас мову шумо ҳам бояд равем ва гапи ҳар хел муллоҳои «нав-ро нагирем»!
Саволкунанда: Али
Ҷавоб:
   Ва алайкумуссалом ва раҳматуллох. Бародари исломӣ! Уламо истиғоса (яьне кумак хостанро) ба ду қисм тақсим кардаанд: 
1) Кумак хостан аз инсони зинда аз корҳое, ки ба он қодир аст. Ин навь кумакхоҳӣ ба иттифоки уламо ҷоиз аст. 

2) Кумак хостан аз инсони мурда ва ё зинда ба он хостаҳое, ки ба он инсон қодир нест. Мисли талаби мағфирати гуноҳ кардан аз солиҳин, ва ё талаби фарзанд ва талаби шифо кардан, кушоиши кор хостан, бахти фарзанд хостан аз паёмбарону авлиёҳо (мисол: баъзехо Зиёратгоҳҳо рафта мушкили худро ба он «азизон»-и дар қабр буда арза мекунанд! Гуё ки он соҳибони кабрро миёнарав мекунанд). Ин навь кумак хостан ҳаром ва ширк аст(«ақидаи чумхури уламо»).
   Зеро мағфираткунандаи гуноҳ ва шифо диҳандаву фарзанд ато кунанда, бахт-атокунанда, кушоиши кор ато кунанда- фақат Худованд аст ва ҳеҷ инсоне ба ин амалҳо қодир нест. 

    Инучунин мадад хостан аз авлиёу Паёмбарон (гузаштагон)  хусусан аз роҳи дур маьнои онро дорад, ки мададхоҳанда эьтиқод ба ин дорад, ки ин бузургворон аз илми ғайб бохабаранд ва онҳоро ҳозиру нозир медонанд, ки мададхоҳии онҳоро мешунаванду медонанд. Дар холе ки ин ақида мувофиқи фатовои мазҳаби (Ханафиён) мо ақидаи куфрӣ аст.  Чун мову шумо аз ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набави хабар дорем ки «ъилми ғайб» танҳо назди Худованд аст!

  Дар фатовои «Базозия» омадааст:
- «агар шахсе бе шоҳид издивоҷ кунад ва гуяд:  -Худо ва паёмбару фариштагонро гувоҳ кардам, кофир мешавад. Зеро у эьтиқод кардааст, ки паёмбар ва фариштагон илми ғайбро медонад. 

   Инучунин уламои мазҳаби  мо гуфтаанд:
  -«Ҳар ки эьтиқод дошта бошад, ки арвоҳи машоих (шайхону азизон) ҳозир ва нозирӣ мо хастанд ( чи кадар Бузурге нагузашта бошанд ҳам)  ва аз ҳолӣ мо хабар доранд кофир мешавад».  Нигох ба «Маҷмуьул фатовои Абдулхайи Лакнавии ханафи» . Ч 2 сах 330, 331. 

     Хулоса мададхоҳанда аз мурдаҳои «солиҳин» муртакиби ду маҳзур мешавад: 
  -Яке дуъои ғайри Худо, ки дар оятҳои фаровоне ин навь дуъо таҳримаш собит шудааст. 
  - Маҳзури дувум эьтиқод ба ин, ки мурдаҳои «солиҳин»  илми ғайбро медонанд ва илло чи ҳоҷат дорад, ки аз роҳи дур аз Ҳазратӣ Алӣ  ё Ҳусайн ва ё дигар «азизон»  мадад  хост?  Замоне ки Аллоҳи Мутаъол мефармояд ки  «ҳар мушкилу ҳоҷоте ки пеш омад ту ай банда худ пас аз адои намозҳои фароиз соатҳои муайян (нисфи шаб авлотар) худ намозҳои «нофила» гузору аз МАН  (ҷ. ҷ) хар ҳоҷоте ки хохи бипурс»!
   Чун Худованд фармудааст:
  -«Удъуни Истаҷиблакум»- яъне шумо бандагон худ  дуъо  кунед то Ман(ҷ.ҷ) ъиҷобат мекунам!
    Чунин ояҳову аҳодис зиёданд ки моро дар ҳама ҳолат  чи шукргузори ва чи ҳоҷатталаби аз  «Даргоҳи Худованди» таъкид мекунанд! Дигар ин ки «Дуъо»- ин худ ъибодат аст- пас ъибодат ба ғайри Худо «куфр» аст!
    Худованд фармудааст то ҳар ҳоҷате ки дорем худ ду ракъат намози нофила хонем (албатта пас аз адои фароиз) сипас дасти ба «дуъо» бардорем ва аз Холики худ мадад хоҳем. Худованд фармудааст ки:
  - «Ман шарм медорам дасти чунин бандаамро холи баргардонам». 
   Аммо афсусс он чи Худову Расулаш (с.а.в.с) фармудааст ва ҷои «шубха»-ву гумон нест баъзехо  пайрави намекунанду – аммо он ақидаву боварие ки  қатъиян  манъ кардаанд ба худ одат карор медиханд. Ин роҳест хато.

    Дар Қуръону аҳодис мадад хостан танҳо ва танҳо аз Аллоҳи Меҳрубон ба мо расидааст - ва балки зиёд таъкид шудааст ки танҳо ва танҳо аз У Таъоло(ҷ.ҷ) ҳоҷат хоҳем, шифо хоҳем, мағфират хоҳем ва ғ. Аммо боз ҳам ҳастанд нафароне ки Ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набавиро пайрави намекунанду аз қавли ягон домлое миёнарави (посредник)-и Дустони Худоро ки дохили қабранд қабул доранд ва ба дигарон талқин мекунанд!
  Аммо дар асл мо худ бояд дар ҳаққи он «азизон» дуъогу бошем- чун онҳо муҳтоҷи «як каф» дуъои моанд!
    Баъзе «номуллоҳое» ҳастанд ки ин замони мо худ ақидаи он ки «мурдагони солеҳ» қодиранд ёри расонанд аз қавли ягон номуллое  ба мардум таъкид мекунанд. Аз онҳо «далел» пурси аз Қуръону Суннат- мегуянд ки не ин ақидаи фалон «ҳазрат»  аст ки як аср пеш ё ду се аср пеш гузаштааст. Аммо ин маънии онро дорад ки ҳамин «номулло» гуфтанист ки Худову Расулаш ин масъаларо «фаромуш» карда будаанду он «домло»  ба мусалмонон расондааст (НаъузубиЛлоҳ) - ин хам ақидаи «куфр» аст!
    Мурдагон дуъоро намешунаванд. Худованд Худ мефармояд:
-«Ҳаройна, ту наметавони  мурдагонро шунаво сози» (Намл 80)'

        Худованд дар ҷои дигар мефармояд:
- «Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта,  Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад.  Ва ту наметавонӣ  сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ» ( Фотир 22)'
       Расули Худо (Дуъову дуруд бар у бод)' мефармояд:
 -«Дар ҳақиқат барои Худованд дар замин фариштаҳои сайёҳе аст, саломи умматамро бароям мерасонанд». (Аҳмад' )
     Дар  охирин «Ҳаҷҷи Вадоъ» Паёмбар(Дуову дуруд бар у бод) назди мардуми ҷамъомада охирин вазъ гуфтанд ва ин ояи Қуръониро хонданд:
 Маънии он ояи Қуръони:
  Имруз динатонро бароятон комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом кардам ва Исломро ба унвони дин бароятон писандидам (сураи Моида/3).
    Ин маънии онро дошт ки Дини Ислом «комил»- пурра шуд ва ҳамма масъалаву саволҳоро метавон аз Қуръону Аъмоли Паёмбар (с.а.в.с) ёфт. Дигар ин маъни дошт ки «неъмати Худ (паёмбар)-ро поён расонидам ва наздик аст шуморо тарк кунам «би изни Илоҳи»!
  Ҳазрати Ҳузайфа Ибни Ямон (рз) фармудаанд:
   -«Он ъибодате, ки саҳобагони киром (рз) накардаанд, онро накунед! Чунки мардуми аввал барои мардуми баъдӣ ҳеҷ нақсу камие нагузоштаанд, ки онро пурра ва комил кунанд. Эй мусалмонон! Аз Худои Таъоло битарсед ва роҳу равиши мардуми аввал (Паёмбар (с) Саҳоба (рз) ва тобиъин (рз))-ро ихтиёр кунед».
    Аз Ҳазрати Абдуллоҳ Ибни Масъуд (рз) низ ба ҳамин мазмун ривоят шудааст. (Эътисом аз Шотибӣ 1/310).
    Пас бародарону хоҳарони Эмони! Худову Расулаш «васила»-ву таваккул қарор додани мурдагони «солеҳро» ки нафармудаанд,  саҳобагон накардаанд,  тобиин накардаанд -  магар олимону домлоҳои асрҳои баъди оё «ҳуқуқ» доранд гуянд ки «онҳо Хато кардаанд» ё фаромуш кардаанд- ъузубилЛаҳ!!????   
  Пас аз ин бармеояд ки он нафароне ки ин ақидаро миёни мардум паҳн кардаанд ъамали «куфр»-ро ба мусалмонон гузоштаанд.
   Аллоҳ(ч.ч) дар Қуръон мефармояд:
-« Ва майятаваккал ъалаЛлоҳи фа ҳува ҳасбуҳ»!- яъне  «Ва бар Худо таваккул кун, зеро Худо корсозиро басанда аст.
   Ё ин оя ки:
  Ва бар Худо таваккал кун, ки Ӯст шунаво ва доно!» сураи Анфол ояи 61.
   Пайғамбари Худоро (Дуову дуруд бар у бод) ' агар ғаму андуҳе мерасид чунин мегуфт:
-«Ё Ҳайю ё Қайюм ба раҳмати Ту ёри металабам» (Тирмизи').
Оё аз ғайри Худованд кумак хостан ҷоиз аст?
Кумак хостан аз ғайри Худованд ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
 «Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем» (Фотиха 5)'
      Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод')  мефармояд:
 -«Ҳар вақт чизе хости аз Худо бихоҳ,  ва ҳар кумак хости аз Худо кумак  бихоҳ» (Тирмизи' )
    Пас мо ки худро аҳли «Суннат валь Джамоъат» ки меҳисобем оё пайрави аз Қуръону Суннат вочиб аст бар мо ё он бидъату куфре ки миёни мо паҳн кардаанд? Ё тибки васийяти Паёмбар (с.а.в.с) мо пайрави суннати у ва асҳобаш бошем- пас оё асҳобаш (р.а) ин аъмолро ичоза додаанд?
   Дар Ҳадисе омадааст ки:
  -« соле дар Мадина хушксоли омад. Пас муслимин Ибни Аббосро (ҷийяни Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод)-ро ба худ эмом карор доданду ба биёбон баромаданд ва намози нофила хонда аз Худованд борон хостанд. Худованд дуъои онхоро иҷобат карду борони хубе борид»!
     Оё саҳобагон сари кабри Он Ҳазрат (Дуову дуруд бар у бод) рафта уро «васила» карор доданд-не ку! Чун онхо васийяти Паёмбарро сахт пайрави доштанд ва Худованд муваффакашон кард. То замоне ки Муслимин дар акидаи Қуръону суннат сахт пойбанд буданд  Худованд бар онҳо ончунон фатҳу музаффариятҳо дод ки таърих онро то ба имруз фаромуш насозад:
  - « муслимин империяи Риму Форсро ки армияи онхо даҳҳо маротиба аз Мусалмонон зиёд буд шикаст доданд, Муслимин нисфи дунёро бо лашкари кучаке ба даст оварданд, муслимин дар муддати кутоҳе дини Исломро ба оламиён паҳн карданд»- аммо чун бидъату хурофотҳои пеш аз Исломро ки бо ёрии душманон кабул карданд аз он замон шикаст болои шикаст ба сарашон омад!
    Гар ин ъамалро аз мазҳаби мо (Ҳанафи) ки донед - пас биёед аз ҳамин соҳибмазҳабамон  Эмоми Аъзам мисоле оред ки у иҷоза дода бошанд чунин ъамали куфрро! Ё мисоле оред аз шогирдони содиқи у- охир онҳо низ ин аъмолро куфр медонистанд.
     Бошад ягон фатвои додаи ЭМОМИ АЪЗАМ (р.а) ва ё шогирдонаш ба мо ҳам расонед –гар мо хато карда бошем ислоҳ шавем!  Аммо аз имруза 1-2 «ноОлим» фатворо қабул надорем- чун маълум аст ки хам мо ва хам онон метавонанд хато фатво дода бошанд. Пас чи хел нафаре ки ъақидаи Қуръониву Суннатро пайрав шавад даррав аз мазхаб уро берун месозед?
    Гар нафаре худро мусалмони ҳақиқи донад- пас пайрави аз Қуръону суннати Набави кунад ва ҳеҷ як ақидаи «нав»-ро қабул накунад. Чун мову шумо хабар дорем ки дар асрҳои миёна дар Бухорову Самарқанд яҳудиён миёни муслимин (олимони) худро тайёр карда паҳн кардаанд то бидъату хурофотро паҳн созанд ва муслиминро аз асли Ислом дур созанд.
   Ҳарчанд хабарҳо ҳаст ки якчанд чунин «олими Яхуди» ба даст афтодаанд- аммо шумораи онҳо мумкин ба садҳо мерасид. Якеи ин «яхудиҳои мулло» ба шоҳи он вакта Абдулаҳад гуфтааст ки:
  - Мо аз мусалмонон қасди бародарони худро гирифтем. Мо он кадар ъақидаи «куфру бидъат»-ро миёни шумо муслимин паҳн сохтаем ки то рузи «ҷазо» бар шумо басанда аст!
    Яъне мумкин аст ин ъакадаи «ботилро» миёни мардуми мо ҳамон яҳудиён паҳн сохта бошанд. Чун пайдоиши ин ъақидаҳои ботил ҳам ба ҳамин як ду асри пеш рост меояд ва пеш аз он хабаре набуд(магар миёни шиъаҳо). Балки муслимин ҳар ҳоҷате доштанд чи шоху чи мардуми одди худ намоз мехонданду аз Худованд дар дуъоҳояшон ҳоҷат мехостанд ва муваффақ ҳам буданд.  
    Як Мисоли ин паҳн шудани бидъату хурофот миёни муслимин  якеш ин аст:
  - Насоро пас аз марги нафаре аввал СЕ рузаги, сипас ҲАФТ, сипас БИСТ, сипас ЧИЛ, сипас НИМ СОЛ, сипас СОЛ ва Ҳар сол САРИ СОЛИ гуфтани маросимҳо доранд ва дар китобҳои диниашон ба онҳо «таъкид» шудааст. Яъне инро динашон мефармояд!
    Пас оё мардуми мо ки айнан аз ин маросиму хурофотҳо пайраванд чи «далел»-е доранд аз Қуръону Суннат ва ё соҳибмазхабон замоне ки «зарур» медонанд ин маросимҳоро? Дар тамоми «олами Ислом» ҳатто нишонае нест аз ин маросимҳо ба гайри аҳолии мо - аммо оё мо Тоҷикон аз ҳадисе хабар дорем ки онон намедонанд? Ва ё ин ҳамон «хизмат»-и яҳудиёне аст ки замоне «олимон»-и мо шуданду бидъату хурофотҳои зиёдеро дар дини мо даровардаанд!?
   Пас биёед мову шумо бародарону хоҳарони Эмони ҳақиқат пайрави Қуръону Суннати Набави бошем- ин аст «роҳи начот»!. Ин таъкиди Паёмбар (с.а.в.с) буд бар умматон. Аз ақидаҳои  «ботил» даст кашем то рузе он моро бар пушаймони ва ҳасрат набарад.
     Худованд мефармояд:
   «Оё қозии дигаре
ҷуз Худо талаб кунам ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китоби равшанро бар шумо нозил  кардааст?».
  ПАЁМБАР АЛАЙҲИССАЛОМ (Дуову дуруд бар у бод)  ПЕШ АЗ ВАФОТАШОН, ДАР АРАФАИ ҲАЧЧИ ВИДОЪ ФАРМУДАНД КИ:
   «Бар шумост, ки ба суннати ман ва хулафои рошидини ҳидоят ёфтагон баъд аз ман чанг занед ва бо чанг ва дандон ба он мутамассик шавед ва аз бидъатҳо дурӣ кунед! Ҳар  амали ба вуҷуд омадаҳое бидъат аст ва ҳар бидъате низ гумроҳӣ аст».».
 
    Як ҷавобе ки «фитнаро» ва ширку бидъатро аз байн мебарад ин ҳадис аст ки бояд мо онро донем:
  - Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расулуллоҳ, саллалоҳу ъалайҳи ва салам, иршод фармуд:
  -“Дар охири замон маккорҳои бузург ва дурӯғгӯй пайдо хоҳанд шуд ва чунон чизҳои шуморо мешунавонанд(паҳн менамоянд), ки ҳеҷ вақт на худи шумо онҳоро шунидаед ва на падарони шумо(навовари)! Пас шумо аз эшон дур бошед ва эшонро аз худ дур созед, то шуморо гумроҳ накунанд ва дар фитна наяндозанд”.
    Пас тибқи ин ҳадиси муборак дар ҳар масъалае ки “шубҳаву гумон”  пайдо шуд- маълум намоед ки оё он ъамалу фатво дар Қуръону Суннати Набави  ва ё аъмоли тобиину  табаа тобиин ки дида намешуд онро пайрави  нанамоед.  Чун мо худ пайрави Қуръону Суннатем ва ба пайравии он гумону шубҳае  нест – на  ин ақидае ки аз ақлаш нафаре бофтаасту он  қабул нест. Он ъамал  метавонад шуморо ба “щирк”-у  бидъаткори  бубарад!
   Дар Паноҳи Аллоҳи  Қодиру Тавоно бошед!!

Ҷавобдиҳанда: Садриддин!

 Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий