Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 18 мая 2016 г.

Модар! Модар!



                      Ашки хурсанди! Оҳ  Модар! Модар!
    Хона пур аз меҳмонон шуда буд. Ман  ба суи  дугонагонаҳоям менигаристам. Ҳар яке аз меҳмонон ба навбат назди ман омада маро табрик мегуфтанд. Онҳо аз Худованди Мутаъол бароям зиндагии хушу гуворо ва фарзандони «солеҳу солеҳа» талаб мекарданд.
    Сипас ман танҳо мондам. Дигар ман ашкамро дошта натавонистаму он аз чашмонам ҷори шуд. Ба ёдам он рузу соат омад ки модарам ба ман шавҳари поквиҷдону «ботақвои Худотарс»-ро дар дуъояш хоста буд. Ҳамаи ин гуиё ки дар хоб буду…….. …………..
 Ба ёдам он рузу он сахари шум омад ва маро ба якчанд соли пеш бурд:
   - Модарам кучост? Охир вай куҷо рафтааст? Модарҷоооонннннн!!!........
  Ҳарчанд мепурсидам аммо касе ба ман ҷавобе намедод. Он вакт ман панҷ сола будам. Ман боз такрор ба такрор мепурсидам ки:
   - Модарам куҷост? Модарҷони ман куҷост?
  Дар ҷавоб танҳо гиряи нафароне ки дар гирду атроф зиёд ҷамъ омада буданду халос. Касе бо овози пасти гиряолуд гуфт:
- Ба Биҳишти ҷовидон рафт Ин ша Аллаҳ!
   Аммо ман он руз нафаҳмидам ки онхоро  чи шудааст ва чист сабаби ин  қадар гиряву нола доштанашон: Оё онҳо чизе гум кардаанд ва ё аз даст додаанд -ва ё  ману бародараки се солаам?
    Ман аз дасти додаракам гирифтаму саросемавор ҳарду ба ҷустучуи модарамон баромадем. Пойҳои мо сахт монда шуда аммо мо модарамонро наёфтем. Мо ба ошёнаи дуюм баромадему ҳама ҳуҷрахоро мекофтем, ба ошхона даромадем. Ману бародарам ҳарчанд мекофтем аммо ҳеҷ намеёфтем. Ана ҳамон вақт ман фахмидам ки модарам дар хона нест. Ман додаракамро сахт ба огуш гирифтаму гиристам.
    Аз он ки мо сахт монда шуда будем моро каме хоб бурд- аммо сипас аз хоб бедор шудему мо кофтуковамонро давом додем.  То имруз модарам ҳама ҷой буд, ҳама ҷой овозаш меомад- аммо ҳоло  у куҷо шуд? Боре нашуда буд ки мо модарро кобем: баръакс у моро мекофт.
   Ба ногоҳ ба ёдам як чи омад ки модарам зери дарахти боfчаамон аст. Вай дуст медошт онҷо рафта истироҳат карданро. Мо чунон сахт он тараф давидем ки додаракам афтид. Аммо афсус…  Модарам он ҷой  ҳам набуд. Ман ҳама гирду атрофро кофтам:  аммо касе набуд- танхо алафи зершуда. Модарам куҷост?
   Баногоҳ ман овозхои зиёде шунидаму дидам ки мардони ҷамъ омада  ба       ҳаяҷон  омаданд, онҳо якдигарро саросема мекарданд. Ман ба онҳо бо диққат менигаристам ки онҳо чи кор мекарда бошанд. Ҳамин тавр боз як лаҳза гузашт. Онҳо аз пеши мо гузаштанд: дар китфҳояшон онҳо чизеро бардошта мебурданд.
 - Ин чист?- пурсид додаракам.
 - Ин кадар одам зиёд мебаранд. Мумкин чизе вазнин аст!- ман кудакона чавоб додам ба у. Аммо агар ман медонистам ки онхо модарамро мебаранд…… Охир ман ҳаргиз намегузоштам онҳо модарҷонамро бубаранд………. 
   Мардҳо аз чашм дур шуданд ва овозхояшон паст шуд. Гирду атрофро хомушии сахте фаро гирифт.
   Ману додаракам ба замин нишастему чун он лаҳзахое ки модарам дар наздамон мебуд ба бозии кудаконаи худ машгул шудем. Ин аввалин бор буд ки мо пойлуч будем- ташна будему об набуд. Ин замон як зани хешамон омаду моро гирифта ба хона бурд.
    Саҳари рузи дигар ман тамоми қувваву шуҷоати кудаконаамро  ҷамъ кардаму барои хомуш кардани додараки гирёнам гуфтам:
 - Модарам ба наздики бармегардад! у бармегардад…. бармегардадддд..
   Вакте ки мо  сахт  гирён шудем момоям давида моро ба оfуш гирифт. То ҳол ман ба ёдам ҳаст чи хел у ҳам гирён шуду ашки чашмонаш ба сару руи  мо рехт. Ман то ба ҳол чун модари касеро буса мекунам - буи модарҷонам ба ёдам меояд.
   Ба ёдам ҳаст он рузе ки модарам сахт каҳраш омаду бо газаб ба ман гуфт:           - « Ман мераваму дигар барнамегардам»!
   Он рузе ки бо падарам уро дар беморхона хабаргири рафтем ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ман назди кати у меистодам. Падарам маро бардошту ба у гуфт: «Бубин ин Фотима аст».
  Модарам маро ба оfуш гирифту сахт буса кард сипас додарчаамро. Ҳама рузҳо он руза суханони модарам дар гушам овоз медиҳанд:
-« Ман шуморо ба Аллоҳ (ҷ. ҷ) месупорам ки наздаш ҳеч кас ва хеч чиз гум намешавад»!
   Модарам сахт гирён шуду руяшро бо дастонаш панаҳ кард. Моро ҳам гирёну нолон аз наздаш ба берун бароварданд.
    ….. Пас аз он рузе ки мо модарамонро гум кардем ман аз хонае ки бо падару модар ва додарчаам хушу хурсандона зиндаги мекардем ба хонаи момоям рафтам. Модарҷонам ки рафт мо ҳам рафтем.
  Танҳо пас аз панҷ сол мо бо додаракам ба он лонаи худ аз хонаи момоамон баргаштем.
  Дар хонаи мо як зане пайдо шудааст:
--Ин Асмоа! Бо у салом кунед!-гуфт падарам. У модарам ҳам набошад аммо зани хубе буд барои падарам.
   Он зан ба мо тарбияи хубу беҳтарин дод. Вай ба хондани ман сахт таваҷҷ уҳ мекард то ман хуб хонам. Асмоа ба ман таъкид мекард то Қуръон хонам, ба ман дугонаҳои хуб интихоб мекард, ҳар чи талаб мекардем иҷро мекард. Баъзан мо уро бисьёр ба fазаб меовардем, чунон fамаш медодем  – аммо у сабр мекард. Ягон лаҳзаи зиндагии вай бехуда намегузашт. Ҳар як лахза у Аллоҳро ёд мекард.
   Ин зан ба мо тарбияи хуби диниву дуняви медод ва ҳар он чи ки дар зиндаги мо бояд донем аз у омухтем. Он холигие ки мо пас аз модар доштем ин зан бо меҳру муҳаббати худ пур кард.
   Боре ман ба у гуфтам ки у ба дигар «моиндарон» монанд нест:
  - Ту чун дигар моиндарон зулм намекуни? Мо зиёд шунидаем ки моиндарон золиманд!
  - Ман аз Худованд метарсам ва муҳточи Раҳмати У(ҷ.ҷ) ҳастам. Ҳайрон нашав- ман назди Худованд аз ояндаи шумо ҷавобгарҳастам. Вакте ки ман муйҳои туро шона мекунам- интизори ҷазои хайри У ҳастам. Чи кадар ту сураҳои Қуръон ки омухтаи? Оё ту гумон дори ки барои ин Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба ман ҷазои хайр  намедиҳад? Барои тарбияи хуби ту ҳам  ман интизорам ки Худованд ба ман        ҷазои хайр  медиҳад. Ҳар як ъамале ки ман дар зиндаги дорам – ҳама аз барои ризои Аллоҳ (ҷ.ҷ) аст! Чун одам аз ъибодат интизори ҷазои хайр  аст дар муомилаи бо одамон ҳам бояд У-ро ёд кунад!
  -Духтарам! Аз Мусалмонон дар ҳама ҷову ҳама вақт тарбияву ахлоки хуб талаб мекунанд.
    Ман бошам суханонашро буридаму гуфтам:
  -- Охир мо ин қадар туро азоб медихем ку!?
  -- Фотима! Дар ҳама кор сахтиву вазниниҳо ҳаст инро фаромуш накун. Мисол ту медони ки рузаву зиёрати мавсими Ҳаҷ чи вазниниҳое дорад!? Пас Худованди Бузург дар Қуръони ъазиммушшаънаш мегуяд:
-«Касе ки заррае неки кунад-мебинад онро! Касе ки заррае бади кунад- мебинад онро»!
 - Бераҳмии моиндарон бе ҷазо намемонад духтарам. Кудакони ятими бечора чи гунаҳ доранд?
-- Ин буд дуъои рахмати модарам! Ман онро дар муомилаву тарбияи ту мебинам. У ба мо дуъо дода буд ки: «Назди Аллоҳ (ҷ.ҷ) чизе гум намешавад»!- аз ҳаячон нафасгиршуда гуфтам ман ба у.
  //// Овози кушода шудани дари хона маро аз олами фикру хаёл ва овони кудаки бедор сохт:
………… Ин замон моиндарам ба наздам даромад ва маро аз фикру хаёл берун кард, салом карду маро муборакбоди кард. Ман аз пешониаш буса кардам- чун мефаҳмидам ки ба у дар ин дуньё  бисёр вазифадорам (Қарздорам)!
   Вай –беҳтарин зани Мусалмон аст. Бо ман хайрухушкунон бо ашки чашмон у ба ман насиҳат дод ки:
  -Фотима! Фаромуш насози ки ту бояд ҳар як ъамалатро аз барои ризои Аллоҳ (ҷ.ҷ) иҷро намои!  Сипас у табассум карду давом дод.- Ту ку ҳадиси Паёмбар()  ро медони ки:
-« гар зане панҷ вакт намозхояшро адо намояд, рузаи моҳи шарифи Рамазон дошта бошад, нангу номусу шарму ҳаё дошта бошаду шавҳарашро эҳтиром намояд ва гуфтаҳои уро иҷро кунад - ба у гуфта мешавад: « Ба Биҳишти ҷовидон даро- ба кадом даре ки хоҳи»!
 - Акнун духтарам вакти он расидааст ки ту инро дар ъамал нишон диҳи!- гуфт дар охир моиндарам.
   Ман каме ба худ фикр кардам ки:  «чи хуб шуд ки падарам хато накардаанд ва  ба худ ин зани боэмону  бофазлу ҳикматро интихоб кардаанд ки аз Аллоҳ (ҷ.ҷ) метарсад ва эмони кави дорад»!

  Муаллиф:   Абдуль-Малик Муҳаммад Аль-Косим: «На пороге Будущего»!

  
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед: https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий