Ассалому алайкум ва рахматуллох
бародари Исломи!
Як савол ё ки як шикоят дорам аз 1-2 нафар аз махаллаамон.
Сабаб ин аст ки онхо гуиё кибру гурур намуда худро аз мо боло мехисобанд. Ба тую маъракахои мо намеоянд, чанозахо
намеоянд. Ягон насихат кунем мегуянд ки: - як узбак мара насихат мекардаст! Узбака чиву
насихат куниш чи!
Рости ман
ба муллои махалла гуфтам увора насихат кунад, аммо мулло ки барои пулу молшон ё
вазифашон шида метарса ба уно насихат кунад. Бародар гар шумо донед ягон чиз
чавоб нависед!
Бародари шумо Уктамчон!
Алейкумуссалом ва раҳматуллохи ва баракотуҳ бародар! Бародар барои шумо ҳамин ҳадиси мубораки Паёмбар
(с.а.в.с)-ро меорам:
« Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аз Паёмбар (ﷺ) ривоят карда аст, ки гуфтаанд:
-«ЛО ЯДХУЛУЛ ҶАННАТА МАН КАНА ФИ ҚАЛБИҲИ МИСҚОЛУЛ ЗАРРАТИН МИН КИБР –
яъне вориди ҷанат намешавад ҳамон нафареки,ки агар
дар дилаш ба манзалаи як зара Кибр дошта бошад! Марде гуфт: “Агар марде бихоҳад, ки либосу кафшаш зебо бошад, оё ин ҳам кибр аст?” Паёмбар (с) гуфтанд: “Худованд зебо аст, зебоиро дӯст медорад. Кибр напазируфтани ҳақиқат ва ба чашми кам нигоҳ кардани мардум аст.” Ривояти Муслим»
Пас бародари Эмони! Шумо донед
ки он нафароне ки номбарашон кардаед дар
роҳи хато хастанд ва вазифаи шумову он домлои маҳаллатон аст ин ҳадисро далел карда онҳоро ислоҳ намоед. Чун «ислоҳ» дар Ислом воҷиб аст- на ин ки бидони ки у хатокор аст, сифати аҳли «ҷаҳаннам»-ро дорад ва хомуш биисти то
у бо он сифат бимирад!
Дигар ин ки пулу моли дунё фано шаванда аст- пас рузе мешавад ки онҳо аз аъмоли бади худ
пушаймон хоҳанд шуд. Аммо гар шумо миёнаҳол ё фақире бошед донед ки дараҷаи шумо аз он боёну вазифадорон ба
маротиб болост (гар аҳли тоъат бошед)- чун тибқи ҳадиси муборак фақирону камбағалон 500 сол пеш аз боён ба ҷаннат дохил хоҳанд шуд.
Аммо ин ки у аз миллаташ кибр дорад ин сифати миллати тоҷдори мо нест, сифати
миллати мусалмон ҳам нест, сифати одами ҳам нест! Пас ин кибру ғурур сифати ҳамон «ҷохилийят» аст:
«Замоне ки Паёмбари Худо (ﷺ) дар миёни хешону наздикони худ мартабаи дуввум ё сеюм даъват ба Ислом
намудаанд Абулаҳаби лаъин пурсидаанд:
- Гар ман имруз аз сангпарасти, бутпарасти даст кашам дини ту маро чи
фоида меорад? (яъне у на эмон-балки дар фикри пулу мол буд).
- Гар ту аз ин ҷохилийят даст каши ва
Ислом ори бидон ки ту ва ғуломонат, камбағалону бечорагон дар як мартаба хоҳед буд. Ислом баробариро
фармудааст миёни мусалмонон!- ҷавоб гуфтаанд Паёмбар (ﷺ).
Аз шунидани ин суханон Абулаҳаби лаъин ба хашм омадаанду хақорату дашномкунон баромада рафтаанд. Яъне у ва он нафароне ки чун у ҳастанд имрузҳо худро аз камбағалу миёнахолон боло мехисобанд. Яъне кибру ғуруру ман мани мекунанд аз молу ҷоҳу мансаб- аммо ин ҳама рузе пушаймони дорад! Пас шумо ҳам донед ки он нафароне ки сифаташ кардед
гар тавба карда пушаймон нашаванд
рузи «Маҳшар» дар қатори Абулаҳаби лаъину ҷаҳаннамиён хоҳанд буд!
Паёмбари Худо(ﷺ) фармуд:
-«Бидонед, ки ҳар кас мусулмони фақиреро ночиз шуморад, ҳаққи Худоро ночиз шуморидааст ва Худованд дар рўзи қиёмат ўро
ночиз мегардонад, магар ин ки тавба кунад.
Ва низ фармуд: «Ҳар кас
мусулмони фақиреро гиромӣ бидорад, дар рўзи қиёмат дар ҳоле Худоро
дидор мекунад, ки аз ў розӣ аст».
Ҳазрати Муҳаммад (ﷺ) дорои ҳулқу хӯи зебо ва муомилаву муоширати накӯ буданд, бо
ҳар касе рӯ ба рӯ мешуданд, хоҳ тавонгар бошаду хоҳ дарвеш, хоҳ хурду хоҳ калон, салом мекарданд. Хушсухану хушчеҳра буданд
ва бидуни ин ки биханданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд ва бидуни ин ки чеҳраашонро қаҳролуд
хашмгин кунанд, андуҳгин ба назар
мерасиданд.
Бидуни
ин ки аз худ зиллату хорӣ нишон диҳанд, ҳамвора
мутавозеу хоксор буданд. Дилнозук буда ва ба ҳамаи мусулмонон меҳрубонӣ мекарданд. Ҳаргиз ҳоҷати дигаронро рад
накардаанд. Агар барояшон имкон мебуд, ҳоҷати ҳоҷатталабро
мебароварданд, вагарна бо забони нарму ширин ӯро розӣ менамуданд.
Дигар ин ки шумо гуфтед ки муллои маҳаллаатон
метарсад ба онҳо насиҳат кунад- шумо хато кайд намудаед: Мулло нафарест ки аз Қурьону
Суннат пайрав аст ва аз он ҳарф мегуяд. Барои пулу мол эмонашро намефурушад, динашро ба савдо
намегузорад. Мулло нестанд онҳое ки танхо ба камбугалу миёнаҳол аз Қурьону суннат ҳарф гуяду аммо ба бою пулдорон
не –балки онҳо «нафспараст»-анд.
Зиёданд нафароне ки муллогиро касаба ва роҳи ба даст
овардани пули муфт кардаанд. Чун мулло бошад бояд пайрав аз Паёмбари Худо (ﷺ), саҳобагон,
олимону мутафаккирони Ислом длшта бошанд, ки то якчанд рузҳо хурок
намехурданд, либосҳои ямоқу куҳнаву дарида мепушиданд- аммо дар динашон сахт устувор буданд. Феълу
хуи беҳтарини он аввалин мусалмонон буд ки зиёди мардумони он замон донистанд
ки ин дини «ҲАҚ» аст- ва Ислом овардаанд.
Оё
шумо хабар доред ки Паёмбари Худо (ﷺ) Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р),Али (р), Умари АбдулАзиз (р)
сарвари нисфи ҷаҳон буданд,
империя доштанд- аммо хонаҳои фақиронае доштанд, либосҳои одди мепушиданд, як пули ночизе маош доштанду ҳатто қисми зиёди
онро хайр мекарданд?
Зану фарзандони онҳо нақл мекарданд ки то якчанд руз аз хонаҳояшон дуд намебаромад- яъне чизе надоштанд хуранд. Гар як нон доштанд нисфи онро «хайр» менамуданд. Магар муллои имруза чунин феълу ху дорад? Афсус зиёди муллои имруза ҳатто садакаи фитрро ба муридон мефармояд то ба у диҳанд на камбағалу муҳтоҷ!
Зану фарзандони онҳо нақл мекарданд ки то якчанд руз аз хонаҳояшон дуд намебаромад- яъне чизе надоштанд хуранд. Гар як нон доштанд нисфи онро «хайр» менамуданд. Магар муллои имруза чунин феълу ху дорад? Афсус зиёди муллои имруза ҳатто садакаи фитрро ба муридон мефармояд то ба у диҳанд на камбағалу муҳтоҷ!
Аммо
имруза баъзе ба ном «мулло»-ро мебини нафратат меояд: Дар маъракаҳо аз боло
нишастаасту 3-4 табак гушт мехуранд, дар наздашон чун «куҳ» нозу
неъмат мегузоранд, пас аз хестан он ҳама неъматро даррав печонда ба мошинашон мегузоранд, аз соҳибхонаҳо пулу моли калон талаб мекунанд, барои хондани ҷаноза ва «мурид»- ҳо байни ҳам дасти ба гиребон мешаванд, қабри хешу наздикони худро «зиёратгоҳ» номида маҷбур мекунанд гову гусфанду
пулу мол бурда «хайр» кунанд ва ғ.
Аз барои ҳамин нафси «палид» шуда нафароне худро «пешво»-ву «мулло» ва «олим»
ном ниҳодаанд, муридон ҷамъ кардаанд то дар
шаҳру деҳаҳо онҳоро таърифу тавсиф намоянд (реклама), дар тую маърака ва ҷанозаҳо албатта «бологузар» кунандашон ва ғайра- аммо онон пайрав аз нафси худ гаштаанд на аз Қурьону
Суннати Набави.
Ҳатто аз барои ҳамин «бологузари» шуда дар дин тайёранд инҳо «бидъат»-у хурофотҳоро паҳн созанд ва ҳатто мардумро ба «щирк» бубаранд! Аммо боз ҳам аз барои пулу мол шуда метарсанд ба пулдорон аз асли Ислом ҳарф гуянд- гуиё ки ин шариати Ислом танҳо барои камбағалону миёнаҳолон аст на боён!
Ҳатто аз барои ҳамин «бологузари» шуда дар дин тайёранд инҳо «бидъат»-у хурофотҳоро паҳн созанд ва ҳатто мардумро ба «щирк» бубаранд! Аммо боз ҳам аз барои пулу мол шуда метарсанд ба пулдорон аз асли Ислом ҳарф гуянд- гуиё ки ин шариати Ислом танҳо барои камбағалону миёнаҳолон аст на боён!
Барои
ман ҳар узбаку русу қирғизу лақай ва
намояндаи дигар миллат ки аз Исому Эмон пайрав аст, нангу номус доранд, шарму ҳаё доранд -
беҳ аз ҳазор он ба ном «ватандорон»-е ки эмону нангу номус надоранд ва кибру ғурур меварзанду худро аз дигарон «боло»
меҳисобанд ҳаст! Чи лозим ҳаммиллате ки на эмон дорад, на шарму ҳаё дорад ва аз ин феъли палиди худ мефахрад?
Ҳар нафаре ки ин навиштаҳоро мехонад гар Мусалмон бошад аз кибру ғуруру ман мани даст кашад то аз аҳли «ҷаҳаннам» нагардад. Вазифаи эмонии мо ҳам ҳаст ки бар нафароне ки аз ин сифати бад бархурдоранд насиҳате кунем
то ислоҳ шаванду тавба карда ба роҳи «ҲАҚ»
баргарданд!
Ҷавобгуянда : бародари имонии шумо Садриддин!
Дигар киссахо дар : http://01011977ism.blogspot.nl/2016_08_01_archive.html
Дар кисми чап моххоро мебинед! Клик кунед ва киссахои дигарро аз хар як мох бихонед!
Дигар киссахо дар : http://01011977ism.blogspot.nl/2016_08_01_archive.html
Дар кисми чап моххоро мебинед! Клик кунед ва киссахои дигарро аз хар як мох бихонед!

Комментариев нет:
Отправить комментарий