Общее·количество·просмотров·страницы

вторник, 19 апреля 2016 г.

«Мардум мора механданд!- моро ба ин руз овард.



« Мардум мора механданд »!- моро ба ин руз овард.
            Якчанд моҳ пеш бо зарурат ба суи ноҳияи кухистоние сафаре доштем. Ҳангоми  сафар суҳбат гарм шуду дар миёни ин суҳбат сухан оиди маросимҳои «азодори»-е ки мо Тоҷикон дорем печид. Сабаб он буд ки як нафар мусофир мегуфт ки ин шанбе «СОЛ» мегирам, ба Душанбе рафта биринҷу равган ва қанду донаги гирифтам.
    Ин суханро шунидан замон нафари дигаре ки дар бари ман менишаст  ба хашм омад:
   - Додар! Шумо мусалмонед ё христиан? Дар куҷои Қурьону аҳодиси Паёмбар ва ё «чорёрону» соҳибмазҳабонамон хабаре дар бораи ин «се, ҳафт, чил, сол ва ҳар сол сари сол» ягон хабаре омадааст?
  - Гуш кунед ака! Ҳазрати  Домулло ………… наход чени шумо надонад? Охир он кас олиманд фаҳмидед! Домулло ба раҳмати падари ман ҳаққи устоди доштанд ва он кас фармуданд. Чи ин қадар шумо газабнок шудаед?
   Он мард каме худро ба даст гирифту аз ҳаёти худ  нақл кард ки:
   - Додар ман синфи 10 мехондам ки падарам сахт бемор шуданд. Ҳамаи мо хурдакак, як амакам маъюб, модарам ҷое кор намекарданд. Маҷбур 1-2 гову мола фурухта падарро ба Душанбе оварда муолиҷа кардем. Насиб будаст он кас дар беморхона аз «саратон» вафот карданд.
   Ҳаммаи мо дар мотам як муллои шогирди ҳамун «домлоят» ва раиси маҳалла  ба оғиламон даромада гови калонамона бароварда «сари тахта» гуфта куштанд. Раҳмати модарам «мардум мора нахандад» гуфта хомуш буданд, мон чи коре лозим аст раиси маҳалла бо мулло кардан гиранд.
  - Мардум нагуянд ки Собирҷона ҷанозашда «саритахта» накарданд? Баччам мон як гов будаст куштан гиранд- аз ин беҳтар падарат буд мурд.  «Мардум мора наханданд»- барои ҳамин чизе нагу!- гуфтанд раҳмати модарам.
   Аммо аз байн ду руз гузашту ҳамон мулло бо як ду хешамон ва амакам маслиҳате доштанд ки: пагоҳ « се»- ягон моли майда хун кардан даркор, рузи «ҳафт»- мардум зиёд меоянд як ду гов куштан даркор, то 40 руза ҳам «душанбеги» ва ҳам «ҷумъаги» кардан даркор!
  - Раҳмати Собирҷон «мурид»-и ҳазрати «домулло ……… буданд»- албатта дар «ҳафт» он каса бо шогирдонаш даъват кардан даркор!- мегуфт он мулло.
    Рузи «ҳафт» мардуми зиёде омад. Ду се дег ошу шурбо мондем, барои он «домулло» гуштбирёну дигар кардем.  Даруни хонае ки он «ҳазрати домулло» менишаст он қадар қанду гушту мева мебурданд ки болои дастархон пур шуда  буд, барои садҳо меҳмон зиёдати буд – аммо касе аз он «муллоҳо» намегуфт ки кифоя аст дигар наёред.
   Ҳангоми  аз хона баромадани он «домулло» шогирдонаш ҳамон дастархонро бо ҳама нозу неъмат печонида ба пушти мошини у бор карданд. Ана он вақт ман фаҳмидам ки барои чи онон намегуфтанд ки дигар наёред. Боз «мардум наханданд» гуфта ман хомуш будам.
    Бовар кунед дар он 40 рузе ки он қадар севу ҳафту чилу душанбеги ва ҷумъагие ки карданд 3 гову як ду бузе ки доштем кушта хурданд, барои қанду биринчу донаги ва орд раҳмати модарам рафта қарз карда омаданд. Аммо қарза додан даркор. Рузҳое мешуд ки 1-2 килло гуштро таъом мекардем  20-30 меҳмон меомад ба ҳама намерасид. Мо худ кудакони хурдсол бовар кунед қариб ки хуроки ба сери намехурдем- то «мардум мора наханданд»!
   Он сол зимистони хунук омаду ман ва додару хоҳараконам на пойафзоли зимистона доштему на либос: пойафзолам шикоф буду аз чанд ҷояш об медаромад. Аз модарам хоҳиш кунам пойафзол харад гуфтанд ки:
 - Баччам! Камтар пул қарз кардам ба ҳамин душанбегиву ҷумъагии падарат расад шукр. Тоқат кун!
   Бо калуч ба мактаб мерафтам, либосҳои кухнаи падару амакамро каме калта карда мепушидем.  «Мардум моро нахандад»- гуфта тоқат кардем. Пойҳоямро хунук зад- ҳатто пуст мепартофт. Барои маросими «чил» боз раҳмати модарам қарз карданд.
    Акнун пас аз 40 руз чи кор кунем? Аз ки қарз кунем? Модарам бечора ба як тагоям ба Маскав занг заданду он кас каме пул равон карданду мани «ноболиғ» ҳатто мактабро хатм накарда ба муҳоҷират рафтам. Дар поезд дар як вагон 150-200 нафар болои ҳам хоб то Маскав расидем.
    Аз барои ҳамин «маросим»- ҳо шуда ман аробакаш шуда дар «Черкиз»-бозор шабу руз кор мекардам.  Як раиси маҳал ва ё домлое пайдо нашуд «ҳак»-ро гуяд, ки шумо «камбағалед» - чунин маърака накунед ҳам мешавад. 
   Дар ҳудуди бозор дар зери барфу борон шабона хоб мекардем, аз хунуки меларзидем- аммо чи карда ҳам метавонистем? Чи пуле ки меёфтам даррав ба тағоям медодам то ба хона равон кунад. Баъзан аз пули корам ягон либосе гирифта  ба модару додару хоҳараконам равон мекардам- чун медонистам ки модарам ҳама пулро ба ҷумъагиҳо сарф мекунаду ба онон либосе намехарад.
  - Ана ҳамин тавр додар! 2-3 сол ман ҳар пуле ки кор мекардам барои адои қарзи маъракаҳои падар ва ё ҷумъагиву солаш сарф шуд. Дар соли сеюм додарчаамро ҳам ба Маскав овардам то якҷоя кор кунем. Шукронаи Худо қарзҳоро додем- аммо ҳамон сол рахмати модарам бемории ба ҷойгах шуданд. Ман медонистам ки аз «ғаму андух»-и мо кудакон он кас бисёр ғам мехурданд ва ба бемори заданд.
   5 сол модар бемор буданд. Дар ин байн маро маҷбури «оиладор» карданд то ҳеҷ не занам модари беморамро нигоҳу  бин кунад. Худованд падару модараша раҳмат кунад «оилаам»-а ки қариб ки дар 1-2 сол маро намедид- аммо хизмати раҳматии модарамро карда дуъои некашро гирифт.
   Соли 2002 модарам ҳам вафот карданд- ва ана боз сар шуд: се бегоҳи, ҳафт, душанбеги, ҷумъаги ва ғайра. Дар бозор бо мо ҳамроҳ Саидҷон-ака гуфтани марде кор мекард, ки аз Худову Расул бохабар буд ва  аз ин ҳолати мо огоҳ шуду як руз насиҳатам кард ки:
  - Додар! Аввалаш ки ту худ камбағали ба ту хайру худои шарт нест. Дуюм ин ки ин се, ҳафт, чил ва сол аз Ислом нест- аз дини насронийят аст. Биё аз Сергей пурс ки барои мурдаҳо онҳо чи маросим доранд.
     Дар ҳақиқат Сергей ки посбони бозор буд ва Церковь мерафт  ба мо гуфт ки насронийят барои мурдаҳо се, ҳафт, бист, чил, ним сол ва сол гуфтани маросимҳои  «зиёфатдихи» дорад. Ин дар китобҳои муқаддаси насрониҳо зарур шумурда мешудааст. У ҳамин қадар аз маросимҳо фаҳмонида тавонист ки:  
   -«се- яъне то се руз дар дини насронийят:  «ру
ҳ»-и мурда дар гирду атрофи хона ва наздиконаш мегаштааст ва танҳо рузи сеюм бо фармони Худованд ба олами арвоҳ парвоз мекардааст. Дигар ин ки ҳазрати Исо- рузи сеюм гуиё  зинда шудааст ва ба олами болои парвоз кардааст. Яъне рузи панчшанбе уро куштаанд (наъузубиллоҳ)- ва рузи шанбе у зинда шудааст»!
  Ҳафт» ё баъзан «нуҳ» - яъне ба шумораи фариштагоне ки аз Худованд барои ин майит бахшишу мағфират талаб мекардаанд. Он руз таъом медодаанд то Худованд ин майитро бубахшад.
  -«Чил»- яъне дар чилум руз фариштагон он руҳро ба назди Худованд ҳозир мекардаанд. Пас он руз гар таъом диҳиву дуъо куни Худованд он руҳро ба Чаннат чой медодааст.
   Он бародар он руз ба ман фаҳмонд ки:
   - на Паёмбар () ва на саҳобагон ва на соҳибони чор  мазҳаб чунин маросим барои мурдагон накардаанд. Чун Паёмбар () дар ҳаёташ духтараш (зани ҳазрати Усмон) вафот кардааст дар балогат- аммо ягон таъомдихи, маърака накардаанд ва нафармудаанд. Дигар фарзандонаш ба балогат нарасида мурдаанд. Ё ки модари муъминон «Хадичаи Кубро» , амакаш ҳазрати Амирҳамза замоне вафот карда буданд Паёмбари Худо () ҳеҷ маросиме накардаанд ғайри чаноза.
   Ҳазрати  Абубакри Сиддиқ, Умар, Усмон, Али (р.а) дар марги чи Паёмбар ва чи волидайну зану фарзандон ҳеҷ як чунин маросим надоштаанд. Ҳазрати Абу Ҳанифа на дар марги наздикону хешон хеҷ як чунин маросим накардаанд.
  - Пас магар мо зиёд аз Ислом хабар дорем- ё он ҳазратон? Оё он чи ки Худову Расулаш (ﷺ)  нафармудааст  ва кур курона пайрави аз яҳуду насоро кардан дар маросимҳои азодори савобе дорад? Беҳтараш ту қарзи зиёд накун- он маросимҳое ки карди ҳаволааш ба Худованд. Аз ин пас гар савоб хоҳи ин ъамалҳоро накун- балки он чи ки Курьону аҳодис мегуянд пайрав бош.
   Маълум мешудааст ки гар то «тарака» кардани моли майит ҳар молу хурдании уро истифода баранд- ҳарром будааст. Пас ҳам дар марги падар ва ҳам модарам ин муллоҳову мардум хурокаи ҳарром хурдаанд? Чун бе тарака кардан он гову гусфандони моро кушта хурдаанд.
  - Ин қадар сол мо аз барои «хурофот»-у бидъатҳое ин қадар азоб кашидаем- аммо дар асл ин аз Ислом набудааст. Пас чаро он муллои маҳал ва ё дигар муллоҳо ба мо аз Қурьону суннат не –балки аз ким кадом муллое мисол меоварданд? – пурсид он бародари назди ман менишастаги аз он нафаре ки мехост «сол» гирад.
  - Гуш кунен ака! Ҳазрати  Домулло китоб навиштагиян ва далел овардагиан барои ин маъракаҳо фаҳмидед?- чавоб гуфт он аввали.
  - Додар! Ман пас аз он ки зиёд чиз фаҳмидам даррав аз ин маросимҳо даст накашидам. Балки  худ Қурьон хондам, ҳадисҳо хондам- аммо ҳеч хабаре аз «се, ҳафт, душанбеги, ҷумъаги, чил ва сол» наёфтам. Балки дар якчанд чои Қурьон Худованд ба бандагони зиндаву ҳаёт- яъне мову шумо мефармояд ки:  ба ятимону мискинон, асирону мусофирон таъом дихед! Паёмбари Худо () таъкид намудаанд ки ба ятимакону мискинон ва асирону мусофирон хайр кунед, таъомашон дихед.
    Маълум шуд ки мо дар давоми ҳаёт мувофики шароитамон бояд ба ятимону мискинон ва асирону мусофирон, ба беморону барҷомондагон таъом дихем, дасти ёри дароз кунем! Инро Худованд ва Расулаш () фармудаанд. Ман ҳам аз ҳамон замон пас на ҷумъаги кардам на сол- балки ҳар хайре ки худам кардани шавам ба хонаи ятимони Чорбоғ ва ё хонаи пиронсолони Регар равғану биринҷ ва дигар қанду донаги ва ё ягон либос бурда хайр мекунам.
    -Занам мегуянд ки ҳамсояхо моро «наҳ» мезананд- аммо ман аз гап гапи онҳо дигар парвое надорам. Ман ки савоб ҳосил кардани шавам оё он чи ки Аллоҳу Расулаш (ﷺ) фармудаанд бикунам савоб мегирам- ва ё он чи ки аз Ислом нест? Балки баъзе нафарони «ғараздор»-е ки хурофоту бидъатро мефармоянд  барои нафси худро сер кардан се, ҳафт, чилу сол бофтаанд пайрав шавам- пас савобашро аз ки мегирам?
   Охир дар кадом «худои» фармудаҳои Худовандро мебинед? Дар се, ҳафт ва ё чилу сол танҳо мардумони сер, муллоҳои сер, раисони сер- аммо ба ятимону мискинон, барҷомондагону маъюбон ба ин маъракаҳо роҳ нест! Он аъмоле ки Худованд нафармудааст савоб ҳосил намешавад додар!- гуфт дар охир он бародар ки номашро Аҳмадхон гуфта буд.
  - Ака! Биё телфони домуллора диҳам ва ё фардо ба хонааш равем то он кас ба шумо «далел»-и ин маъракаҳоро биёрад! Медонед ҳама руза чи қадар мардум хонаи «ҳазрат» зиёрат  меоянд?
   - Додар гумон мекуни ман аз муллоҳо напурсидаам далел? Даҳҳо домлора пурсупос кардам- аммо нафароне буданд ки мегуфтанд: бобову бибимон мекард- морам бояд кунем чунин Худои.  Яъне ба онҳо шарт нест ки дар Қурьону дар аҳодиси Набави оё хабаре ҳаст ё хайр!
   Шукронаи  Аллоҳ муллоҳое буданд ки гуфтанд ки он ъамалеро ки Худову Расулаш нафармудаанд «мардуд» аст! Балки дар ҳаёт тибқи ояҳои Қурьону Суннати Расулуллоҳ (ﷺ) мардумон аз пулу моли худ хайру саховат кунанд, таъом диҳанд, либос харанд, роҳ созанд, мактаб созанд, масҷчид созанд- инро Худованд фармудааст! Ана савоби ин аъмоли фарзанд, тоъату ъибодаташ, хондани Қурьон- албатта  ба «руҳи волидайн» ҳам мерасидааст. Ин аст мафҳуми Худои- яъне он аъмолеро ки Худованд фармудааст!
    Аммо се, ҳафт, душанбеги, ҷумъаги ва чилу сол- ин Худои нест балки хурофоту бидъат аст! Чун на Худованд фармудааст ва на Паёмбараш (ﷺ) ! Ман агар ба назди он домуллои шумо равам сад «далел» аз ғайри Қурьону аходис биёрад- ман қабул намекунам. Биё беҳтараш худат аз он кас далел аз Қурьону аҳодис оиди ин маъракаҳо пурс, ман бошам худ Қурьон мехонам ва аҳодис ва онро пайрав мешавам!
    Оё ту медони ки дар ҷаҳон зиёда аз 1.5 миллиард мусалмон аст? Пас бидон ки аз ин миқдор мусалмон ҳамин «3,7, 40, сол ва душанбегиву ҷумъаги» танҳо дар мардуми мусалмони Тоҷикистону каме аз Узбакистон будаасту халос. Пас магар ҳамин мардуми мо мусалмониро танҳо медонанду пайрави мекунанду халос? Ҳатто  «Ҳанафимазҳабон»-и дунё чунин маъракаҳо надоранд- медони?
    Хамин насрониҳо ҳам гар чунин маърака мекардаанд барои 20-30 нафар мекардаанд- аммо мо аз онхо пайрави кардаему аз онҳо гузаштаем. Имрузҳо ҳатто дар маъракаи камбағали мо то 300-400 одам меояд!- ҷавоб гуфт он бародар!
    Он нафари аввали дигар ҷавоб наёфту хомуш монд. Мо ҳам мавзуи суҳбатро ба дигар тараф бурдем то ин ҳар ду бо ҳам «дасти ба гиребон» нашаванд- чунки он марди аввали чунон аз «пир»-аш муҳофизат мекард ки аз Қурьону суннат он қадар муҳофизат намекард!
  //////////////////////////////////////////////////////////////\
   Ъибрат:                                                                             
    Дар ҳақиқат имруз мардумони мо  «мардум наханданд» гуфта ҳатто камбағалу мискин худро ба қарзу азоб мезананд ва чунин маъракаҳоеро барпо месозанд. Ман маъзарат мехоҳам аз «муллоҳо»-и ҳақиқи пайрав аз Қурьону суннат, муллоҳои ҳақгу- аммо дар поён он нафаронеро ки пайрави «бидъату щирк»-анд ноМулло ном ниҳодаам.
    Сабаби  асосии ин нофаҳмии мардум баъзе ноМуллоҳоанд ки танҳо «ғараз» доранд- яъне худ «болонишин»-анд дар чунин маъракаҳо, пулу моли зиёд мегиранд- ва ин «нафси палид» сабаб шудааст ки онҳо намехоҳанд «ҳак»-ро ба мардум расонанд.  Ва илло гар чунин набошад, се ҳафт чил ва солу душанбегиву  ҷумъаги аз Ислом набошад- чи зарурат дорад мардумро маҷбур созанд ки:
  - Албатта мекуни ҳам саритахта, душанбеги, ҳам ҷумъаги, ҳам се ва ҳафту чилу сол- агар накуни руҳи падар ё модар ва ё наздиконат аз ту «рози» намешаванд? Бобову бибимон мекарданд ту ҳам бояд куни- ин муллоҳои нав аз Қурьону суннат мисол оварда мехоҳанд «хайру Худои»-ро манъ кунанд!
   Ва ғайра баҳонае ки танхо «ҷаҳлу нодонист»- аммо далеле аз Ислом, далеле  аз аъмоли Паёмбар (ﷺ) ва саҳобагон (р.а) ва ё соҳибмазҳабон (р.а) намеёбанду – далел аз бобову биби ва ё фалон муллову домулло меоранд.
  Ба ривояти ҳазрати Савбон, разияллоҳу анҳу, омадааст, ки Расулуллоҳ, саллалоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд:
  - «Ман роҷеъ ба уммати худ аз пешвоёни гумроҳкунанда хавф дорам».
    Бале! Пешвоёне ки ақли худро аз Қурьону суннат боло медонанд-ҳам худ гумроҳанд ва ҳам мардумонро гумроҳ месозанд. Ман ин “пешвоён”-е ки замоне аз Қурьону суннат далел оранд қабул накунанд- пешвоёни гумроҳкунанда меҳисобам. Балки ин “ноМуллоён”  ки аз барои худ (болонишини) шуда мардумро ба гумроҳи мебаранд, ба қарзу шикаст ру ба ру месозанд, ақли худро аз ояҳои Қурьониву аҳодиси Набави боло меҳисобанд- мулло намеҳисобам.
   Аммо ба мардумон чи шудааст ки:
  - вакте ки мардуми мо аз русҳо туи “комсосоли”-ро пайрав шуданд мо аз онҳо гузаштем. Яъне онҳо гар 20-30 меҳмон қабул кунанд – мардуми мо 200-300 ва ё зиёдтар. Шаб то саҳар бешармиву рақсу бозии шайтони.
    Гар насрониён дар се, ҳафт, чилу сол ҳар бор 20-30 меҳмон қабул кунанд на бештар- мо аз онҳо бояд гузаронем. Яъне камбагаламон 200-300 меҳмон қабул кунад, пулдортар то 500-600 ва зиёдтар.
     Паёмбар  () дар дигар ҳадисаш фармудаанд:
 مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ فَهُوَ رَدٌّ
 أخرجه البخاري ومسلم
   «Ҳар кас дар дини мо чизе эҳдос (навовари) ва ба вуҷуд оварад, ки аз дин набошад бар у мардуд аст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
    Яъне он чи ки дар ояҳои Қурьони ва ё аъмоли Паёмбар () аз он хабаре нест (мисоли ин маъракаҳо) –пас он мардуд аст. Пас ин маъракаҳо ки аз Ислом набошад нафари онро карда чи савоб ҳосил менамояд? Ҳатто  тарафдорони ин маъракаҳо мегуянд ки: чунин маъракаҳо “амри мусатаҳаб”-ро дорад- яъне куни 1 савоб мумкин ҳосил намои, накарди гунаҳкор намешави!
   Ва дар ҳадиси дигаре Хазрат()   мефармоянд, ки:
 عَلَيْكُمْ بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ مِنْ بَعْدِي، تَمَسَّكُوا بِهَا وَعَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ، وَإِيَّاكُمْ وَمُحْدَثَاتِ الْأُمُورِ، فَإِنَّ كُلَّ مُحْدَثَةٍ بِدْعَةٌ وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ
 أخرجه أبو داود والنسائي بإسناد حسن
        «Бар шумост, ки ба суннати ман ва хулафои рошидини ҳидоят ёфтагон баъд аз ман чанг занед ва бо чанг ва дандон ба он мутамассик шавед ва аз бидъатҳо дурӣ кунед. Ҳар  амали ба вуҷуд омадаҳое бидъат аст ва ҳар бидъате низ гумроҳи аст». (Ривояти Абудовуд ва Насои бо санади Ҳасан).
    Пас мо ки худро пайрав аз Қурьону Суннати Набави мегуем (аҳли суннат валь   ҷамоат) оё мо бояд аз Қурьону суннат пайрав бошем- ва ё аз гуфта ва ё кардаи фалон ноМуллое? Чун аз барои “нафс”-и худ шуда онҳо ҳар руз як маросиму маъракае метавонанд пайдо кунанд.
   Шумо худ бубинед ки Худованд ва Расулаш () он чи ки фармоянд - баъзе ноМуллоҳои замона албатта зидди он дигар чи мефармоянд:
 - Худованд ва Расулаш () фармоянд ки “садақаи фитр”-ро ба ятимону мискинону фақирон диҳед- ин ноМуллоҳо баръакс мегуянд ки “садақаи фитр” ҳаққи мо муллоҳост! Онро ба мо диҳед!
 - Худованд ва Расулаш ()дар рамазон ифтор ба рузадорон фармуда бошад- зиёди ин ноМуллоҳо боре ифтор надодаанд. Гуиё ин фармудаи Худованд барои мардуми “оммист”- на инҳо!
 - Худованд ва Расулаш () аз қабрпарастиву хурофотпарасти ки щирк аст моро манъ кунанд- ин ноМуллоҳо мегуянд ки мо аз инҳо ҳоҷат намехохем, балки инҳоро миёнарав (посредник) миёни худу Худованд қарор медиҳем!(чун шиъаҳо).
 - Расулуллох () гар ишораи “саввоба”-ро аз худ сунати муаккада гузошта бошад- ин ноМуллоҳо мегуянд ки беҳтар аст “ишораи Саввоба” накунед!
 - Расулуллоҳ () гар барои кудакони навзод “ақиқа” фармуда бошад- баъзе ноМуллоҳо онро қабул надоранд.
 - Худову Расулаш ()  фармоянд ки ҳар наворари бидъат ва залолат аст- ин ноМуллоҳо се, ҳафт, чил, сол-ро Худои номидаанд. Гуиё Худованд онро фармуда бошад(наъузубиллоҳ)! Аммо на дар Қурьон ва на дар аҳодиси Расулаш хабаре аз он маросимҳо нест!
    Як мисоли одди:
  -се ҳафт чил сол ва душабегиву ҷумъагиро ки мефармояд? – албата  ононе ки бояд рафта болонишин бошанд, пас аз он маърака пулу моле гиранд. Яъне онон “ғараз” доранд ва “ризқи худ”-ро аз ин маъракаҳо мебинанд!
  Дигар: - Ба сари зиёратгоҳҳо рафта “ҳоҷат” хостанро (щиркро) ки тарафдор аст- хамон ноМуллое ки худ сари он қабр болои кат нишаста пулу моли зиёде ғундоштааст, ё хешу табору шогирдонашро он маконҳо гузоштаасту барояш “доля” меоранд. Ва илло чи зарурат дорад ки ту ноМулло болои он кат нишиниву мардумро ба щирк даъват куни?
    - дар як маърака зиёд баҳс дар бораи зиёратгоҳҳо рафт:  -як афташ чун мулло сахт пофишори мекард ки “мо он соҳибони қабр азизони Худоро миёни худ ва Худованд “васила” қарор медиҳем- на ин ки аз онҳо ҳоҷат мехоҳем”. Як ду руз пас як навореро тамошо кунам ҳамон ноМулло дар як “зиёратгоҳ” дар болои кат болои 4 қабат курпа нишастаасту пулу мол ҷамъ дорад. Ана барои чи у аз ин Щирк пуштибони доштааст!
    Яъне он ноМуллоҳо метарсанд ки мардуми “гумроҳ” кам нашавад- чун кам шаванд дигар “бизнес”-ашон зарар мебинад. Онон метарсанд ки мардум худ Қурьону аҳодис нахонанд, намози “ҳоҷат”-у “истихора”, “таҳаҷҷуд” хонда дар дуъо аз Худованд ҳоҷат нахоҳанд- балки ба ин щирк давом додан гиранду ба сари қабрҳо оянд.
   Гар мардум аз “ҳақ” бохабар шаванд, донанд ки ин ъамал щирк аст- дигар ба зану фарзандони онҳо ки пулу молу гову гусфанду хурока меорад? Пас онҳо аз фалони ибни  фалони (дуруғин) мисол меоранду ин аъмоли щиркро дуруст мешуморанд!
   Ҳатто  дар як маҳалла масҷид месозанд ва мардум пулу масолеҳ меоранд хайр – аммо  як ноМулло як мошин хишти хубро барои “зиёратгоҳ” сохтани қабри устодаш равон мекунад- гуиё қабри “мулло” аз қабри “омми” бояд фарқ кунад. Ин ҷо масҷид нотайёр, ҳар як хишт ба хисоб- аммо ин ноМулло” дар фикри он аст ки зиёратгоҳе созаду мардумро ба он макон барад ва худ болои кат нишаста пулу мол ғун дорад!
    Як руз дар бозори Корвон бо як бародар ки дер боз надида будамаш вохурдем. Мо аҳволпурси менамудем ки як одами харидор аз у пурсид:
 - ака! Шумо набуден дина ба масҷиди Мавлоно як гов овардед?
   - Бале бародар! Як нийят карда будем ки он ҷо “хун” кунему ба камбағалон тақсим кунем!- ҷавоб гуфт ин бародар
   - Шумо хато кардед бародар!Намешуд худатон онро кушта ба хонаи ятимакону мискинон бурда тақсим кунед- то хайр шавад? Магар Худованд ба муллоҳои “серу пур” хайр фармудааст? Охир пас аз рафтани шумо он 2 муллои калон  ки бародаронанд аввал хостанд говро паноҳи бароварда ба хонаи худ баранд- аммо вақти намоз ки наздик буд мардум инро медиданд. Пас як “мурид”-ашонро даъват карданду он говро кушта 2-3 тақсим намуданд байни худ ва ба мошинҳои худ бор карданду ҳатто намозро нахонда вақте мардум намоз мехонд баромада рафтанд!- гуфт он мард.
    Ин аст сабаби он ки он ноМуллоҳо пофишори мекунанд ки “дуруст аст ин аъмол” - он аъмоли куфру бидъат. Ин аст сабаби он ки он ноМуллоҳо барои “вазифа” чи пуле ки “взятка” талаб кунанд медиҳанд. Онҳо барои ин “вазифа” тайёранд эмонашонро фурушанд – пас оё онҳо муллоанд ё “ноМулло”?! ин замон мулло кам аст- ноМулло зиёд аст!
    Яъне ҳар чи зиёдтар мардум оянду барои онҳо пулу гову молу матоъ биёранд- чун ризқу рузии худро, мошинҳои нав, сохтмонҳои худро аз он зиёратгоҳ ҷамъ мекунанд. Ва илло ба он мурдагони даруни қабр “азизони Худо” на пул лозим ва на гову моли мардум. Аммо мардуми зиёратчи мумкин гумон доранд он нону қанд, пулу мол, гову гусфандҳои мебурдаашонро муллоҳо ба камбағалу ятимаконе ҳам медиханд.
    Ҳатто  агар 100 000 сомони ҷамъ шавад, 100 гову гусфанд ҷамъ шавад ин ноМуллоҳои сари қабр ҳатто як тоашро ба камбагалу ятиме намедиҳанд- балки шабона мошини калоне оварда ба хонаи худ мебаранд. Яъне мардум “хайр”-ашонро барои он ноМуллоҳо карда будаанд- на тибқи фармудаҳои Худову Расулаш ба ятимону мискинону барҷомондагон!
   Ҳатто  дар ин “зиёратгоҳ” ноМуллоҳо ноне ки зиёд ҷамъ мешудааст як қисмашро худ мехурдаанду боқиашро қоқ карда барои гову мол  ба мардум мефурухтаанд. Ҳатто як одам нақл кард ки вақте аз муллои он масҷид 5-6 линга нони қоқ хона барам зиёди нонҳои равғании мулоим ҳам хаст ки онро хурдан мумкин. Яъне ин ноМуллоҳо ҳатто як нонро ба камбағалу ятимон намедиҳанд.

     Дар  асл Худованд дар зиёди ояҳои Қурьони Карим хайру неки ба ятимону мискинон, гадоёну дармондагон фармудааст. Пас ин фармудаҳо ба зиндагон аст- на мурдагон, чун Худованд ба мо зиндагон хитоб менамояд. Ононе ки ба мурдан бовар доранд дар ҳаёти худ хайре кунанд ки Худованд фармудааст:
Дар   Қуръони карим дар ояҳои 177 ва 215 -уми сураи "ал-Бақара"  чунин фармудааст:
  - "”Некӣ он нест, ки  рӯи худро ба сӯи машриқ ва мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро  бо он ки дӯсташ дорад(молу маблағи хуб), ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигзораду закот бидиҳад»  
   Пас мо ки худро пайрав аз Қурьону Суннати Набави мегуем марҳамат пайрав бошед: шумо зиндаҳо бо дастони худ, аз моли худ хайр кунед, неки кунед- чун инро Худованд ба мо зиндаҳо фармудааст! Аммо мо бидъату хурофотеро пайрав шудаему дар он маъракаи хурофоти ҷой барои “ятимону мискинону гадоёну дармондагон” нест. Гар ба онҳо хурок диҳанд ҳам дар паси дарвоза аз “таҳмондаи”  мардуми серу пур!
   Аммо аз паси “МАРДУМ МОРО НАХАНДАД” ҳазорон оилаҳо азийят мекашанд, оилаҳо вайрон шуданд, мардумон қарзи зиёде ба гардан ба худкуши даст заданд! Чун “мардум нахандад” гуфта 5-10 ҳазор доллар қарз карда яке туи калоне кард, ҳофизони ҳарромхурро овард, арақу ҳарромкардаҳо муҳайё сохт- магар ин буд ризои Худованд?! Ин ризои шайтон буд!
    Дигари “Мардум нахандад” гуфта қарзи калоне карду 3, 7, 40 душанбегиву ҷумъаги кард- магар дар он аст “ризои Худованд”? Худованд ба ҳеҷ  бандааш вазнини намехоҳад- он чи ки ба шумо баъзе ноМуллоҳои замон фармудаанд ин аз ақли онҳост- чун онҳо барои нафси “палиди” худ шуда ба шумо ин дуруғу бидъату хурофотҳоро мефармоянд.
   БАРОДАРОНУ ХОҲАРОНИ ЭМОНИ! РИЗОИ ХУДОВАНД ХОҲЕД- ТИБҚИ ҚУРЬОНУ СУННАТ ЪАМАЛ НАМОЕД. БА ГУФТАВУ КАРДАИ МАРДУМОНЕ КИ НИЙЯТАШОН НА “РИЗОИ ХУДОВАНД”- БАЛКИ “ХУДНАМОИ” ВА ҒАРАЗИ НАФСИ-СТ ПАЙРАВИ НАНАМОЕД. ЧУН ОҚИБАТИ ИН ҲАМА АЪМОЛУ МАРОСИМҲО ПУШАЙМОНИСТ- НА РИЗОИ ХУДОВАНД! ХУД ҚУРЬОН ХОНЕД, АҲОДИС ХОНЕД ВА АЗ ОН ПАЙРАВ ШАВЕД ТО “РУЗИ ҶАЗО” ДАР МИЁНИ “АҲЛИ ҲАСРАТ” НАБОШЕД! 

 Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий