ДАЛЕЛҲОИ
ИШОРАИ САББОБА АЗ ИҶМОЪ ВА
ГУФТОРИ ФУҚАҲО
(хусусан Эмоми Аъзаму шогирдонаш)!
( баъзе домлоҳои замони мо ақли худро аз суннати
Набави боло медонанд ва ишораи савобаро манъ мекунанд)!
Яке
дигар аз далелҳои исботкунандаи ишораи саббоба ба ғайр аз Қурьон ва Суннат, иҷмоъи уммат аст.
Зеро аз ҳеҷ нафар аз асҳоби Паёмбар(ﷺ) ва на аз уламои салаф ва халафи уммат хилофе
дар тасҳеҳ ва ҷавози ин масъала
маълум нагашта ва ривоят нашудааст.
Балки имоми Аъзам ва шогирдони
ишон Абуюсуф ва Муҳаммад (р) ҳукм ба суннат будан ва ҷавози он кардаанд.
Инчунин маснунияти ишораи «саббоба» бо
ахбор ва осори саҳеҳа аз имом Молик ва имом Шофеъӣ ва имом Аҳмад ва ҷамеъи уламои уммат дар ҳар аср ва шаҳре собит гаштааст ва фуқаҳои мутақаддимин ва мутааххирини мо тасреҳ ба он кардаанд.
Баъд аз субути далелҳои зикршуда
дигар қавли мухолифини ишораи саббоба мардуд ва ғайри мӯътабар аст.
Инак, ба охирин ҳадис дар ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунед!
35- وَقَدَ ذَكَرَ الإِمَامُ مُحَمَّدٌ رَحمَةُ اللهِ عليه في مُوَطَّأِهِ: أَخبَرَنَا مَالِكٌ أَخبَرَنَا مُسلِمُ بنُ أَبِي مَريَمَ عَن عَلِيِّ بنِ عَبدِ الرَّحمَنِ المُعَاوِيّ رَحِمَهُمُ اللهُ أَنه قال: رَآنِي عبدُ اللهِ بنُ عمرَ رضي اللهُ عنهُ وَأَنَا أَعبَثُ بِالحَصى في الصَّلاةِ فَلَمَّا انصَرَفَتُ نَهَانِي فقالَ: اِصنَع كَمَا كانَ رسولُ اللهِ (ص) يَصنَعُ! فَقُلتُ: وَكَيفَ كانَ رسولُ اللهِ (ص) يَصنَعُ؟ قال: كان رسول الله (ص) إذا جلسَ فِي الصلاةِ وَضَعَ كَفَّهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَقَبَضَ أَصَابِعَهُ كُلَّهَا وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ وَوضعَ كَفَّهُ اليُسرى عَلى فَخذِهِ اليُسرى ثُمَّ قالَ مُحَمَّدٌ رَحِمَهُ اللهِ (بَعدَ رِوَايَةِ الحَدِيث) وَبِصَنِيعِ رسُولِ اللهِ (ص) نَأخُذُ وَهوَ قَولِ أَبِي حَنِيفَةَ رَحِمَهُ الله.
«Имом Муҳаммад
шогирди имоми Аъзам (р) дар китоби Муваттаъ бо санади худ аз Алӣ ибни Абдурраҳмони Муъовӣ (р) ривояти ҳадис
мекунад. Алӣ ибни Абдурраҳмон мегӯяд:
-«Абдуллоҳ ибни Умар
(раз) маро диданд, ки дар намоз саргарми бозӣ кардан бо
сангрезаҳо ҳастам. Ҳангоме ки аз намоз фориғ шуд, маро
аз бози кардан дар намоз манъ фармуданд
ва гуфтанд: (бо ангуштони худ) бикун он чиро Расули Акрам (ﷺ) мекарданд.
Гуфтам:
-Ё ибни Умар, Расули(ﷺ) Худо дар
намоз (бо ангуштони худ) чӣ мекарданд? Ибни
Умар гуфтанд:
-Паёмбари
Акрам (ﷺ) вақте дар қаъдаи намоз менишастанд, кафи рост бар рони рост мегузоштанд ва ҳама
ангуштонро қабз мекарданд ва ба ангушти саббоба ишора мекарданд ва кафи чапро низ
бар рони чап мегузоштанд. Баъд аз ривояти ҳадиси мазкур имом Муҳаммад каломи худро бо ҷумлаи зер хотима медиҳад: (таваҷҷӯҳ дошта бошед!).
-Мо (дар масъалаи ишораи
саббоба) ба суннат ва феъли Расули Акрам (ﷺ) амал мекунем, дар ҳоле ки
(кардани ишораи саббоба) қавл ва фатвои имоми Аъзам – Абуҳанифа (р) – низ ҳаст».
Абуюсуф (р) дар китоби Амолӣ (дар боби ташаҳҳуд) навиштаанд: -намозгузор дар
қаъдаи намоз ангушти кӯчакро бо ангушти моқаблаш
мебандад ва ангушти миёнаро бо ангушти бузург ҳалқа мекунад
ва бо ангушти саббоба ишора (ба тавҳиди илоҳӣ) мекунад.
Пас аз нақли Шумнӣ (р) ба хубӣ собит гашт, ки
Абуюсуф низ чун имоми Аъзам ва имом Муҳаммад мазҳаб ба маснунияти ишораи саббоба доштаанд.
Ҳосили калом: қавли мухтор ва саҳеҳ (дар назди се имоми мазҳаби мо)
маснунияти ишораи саббоба аст ва ривояти тарки ишораи саббоба дар намоз қавли марҷуҳ ва матруку мардуд аст. Яъне тарки ин суннат (саббоба) намозро халал
ворид мекунад!
Камолуддин ибн-ул-Ҳумом фақеҳи муҳаққиқ дар мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин шореҳони Ҳидояи шариф зимни шарҳ ва тафсири ҳадиси имом Муслим (р) (ки гуфта шуд) мегӯяд:
وَلاَ شَكَّ أَنَّ وَضعَ الكَفِّ مَعَ قَبضِ الأَصَابِعِ لاَ يَتَحَقَّقُ. فَالمُرادُ – وَاللهُ أَعلَمُ – وَضعُ الكَفِّ ثم قبضُ الأَصابِعَ بعدَ ذلكَ عِندَ الإِشَارَةِ وَهوَ المَروِيُّ عَن مُحمَّدٍ رحِمَهُ اللهُ تعالى في كَيفِيَّةِ الإِشارَةِ حَيثُ قال: يَقبِضُ خِنصِرَهُ وَالَّتِي تَلِيها ويُحلِّقُ الوُسطى وَالإِبهَامَ ويُقِيمُ المُسَبِّحَةَ. وَكَذا عَن أَبِي يُوسُفَ رحمه الله في الآمَالِي. هذا فَرعُ تَصحِيحِ الإِشَارَةِ. وعن كَثِيرٍ مِنَ المَشَايِخِ: "لا يُشِيرُ أَصلاً" وهو خِلاَفُ الدِرَايَةِ وَالرِوَايَةِ. فَعَن محمدٍ: أنَّ ما ذكرنَاهُ فِي كيفيةِ الإِشارَةِ مِمَّا نَقَلنَاهُ قَولُ أبِي حَنِيفَةَ رحِمهُ اللهُ. ويُكرَهُ أَن يُشِيرَ بِمُسَبَّحَتَيهِ. وعن الحَلوَانِيِّ: يُقِيمُ الإِصبَعَ عِندَ "لاَ إِلَهَ" وَيَضَعُهَا عندَ "إِلاَّ اللهُ" لِيَكُونَ الرَّفعُ لِلنَّفيِ وَالوَضعُ لِلإِثبَاتِ.
-Бешубҳа ниҳодани кафи
даст бар болои рон ҳамзамон бо қабзи ангуштон (чуноне ки дар ҳадиси Муслим омадааст) дар ҳақиқат имкон надорад (зеро дар сурати қабзи ангуштон кафи даст баста мешавад ва дигар сурати каф
боқӣ намемонад. Ва дар сурати ниҳодани каф қабзи ангуштон муҳаққақ (собит)
намешавад).
-Пас
мурод аз ин ҳадиси саҳеҳ – валлоҳу аълам – ниҳодани кафи даст аст аввалан. Баъд аз он бастани ангуштон аст дар вақти ишорат. Ҳамин кайфият дар адои ишораи саббоба аз имом Муҳаммад низ
ривоят шудааст. Он ҷо, ки мегӯяд: -ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш қабз мекунад
ва ангушти миёнаро бо ангушти ибҳом ҳалқа мекунад ва ангушти мусаббиҳаро (яъне саббобаро) барои ишора баланд мекунад.
Ишораи саббоба бо чунин
кайфият дар китоби Амолӣ аз Абуюсуф ҳам ривоят
шудааст ва ин ду ривоят фаръи тасҳеҳи ишораи саббоба аст (яъне таълими дуруст кардан ва натиҷаи саҳеҳ хондани он аст).
(Мутааассифона) аз бисёр машоихи имрузаи мазҳаби мо фатвои «لا يشير المصلى أصلا» яъне: «намозгузор ҳаргиз ишора намекунад» содир шудааст. Вале ин фатвои ишон хилофи
дироят ва ривоят (ва хилофи қавли имомони сегонаи мазҳаби мо) аст. Зеро имом Муҳаммад мегӯяд:
- Ҳар чӣ мо дар боби ишораи
«саббоба» нақл кардем, ҳама қавли имоми Аъзам аст. Лекин бо саббобаи ҳар ду даст
ишора кардан макрӯҳ аст.
Ривоят аз фақеҳи маъруфи ҳанафӣ Ҳалвонӣ (р) аст, ки: -
-намозгузор ҳангоме ки «ло илоҳа» мегӯяд, ангушти саббобаро мебардорад ва замоне ки «иллаллоҳ» мегӯяд, онро мегузорад, то ин ки баланд кардани он далолат бар нафй ва инкори маъбудҳои ботил намуда, гузоштанаш далолат бар исботи тавҳид ва ягонагии маъбуди барҳақ бикунад.
-намозгузор ҳангоме ки «ло илоҳа» мегӯяд, ангушти саббобаро мебардорад ва замоне ки «иллаллоҳ» мегӯяд, онро мегузорад, то ин ки баланд кардани он далолат бар нафй ва инкори маъбудҳои ботил намуда, гузоштанаш далолат бар исботи тавҳид ва ягонагии маъбуди барҳақ бикунад.
Санъонӣ (р) мегӯяд:
-имом Муҳаммад дар китоби «Алмашиха» ба
ишорат кардан ба ангушти мусаббиҳа дар намоз тасреҳ кардаанд. Дар ин мавзӯъ ҳадиси тӯлоние аз Расули
Акрам (ﷺ) ривоят кардаанд, ки он ҳазрат дар
намоз ба ангушти саббоба ишора мекарданд… баъд аз ривояти ҳадис имом Муҳаммад мефармояд:
نَحنُ نَصنَعُ بِصَنِيعِ رَسُولِ اللهِ (ص) وَنَأخُذُ بِفِعلِهِ وَهَذَا قَولُ أَبِي حَنِيفَةَ وَقَولُنَا.
- «Мо ба суннат ва феъли
Расули Акрам (ﷺ) амал мекунем. Дар ҳоле, ки
имоми Аъзам ва мо ҳама қоил ба маснунияти ишораи саббоба ҳастем».
Баъдан имом Муҳаммад
кайфияти ишораи саббобаро баён мекунад, чунонки ибни Ҳумом қаблан ин қавлро аз ишон ривоят кардаанд.
Дар китоби Хоқония мазкур
аст:
-дар масъалаи ишора кардан ба ангушти саббоба
ҳангоми қироати «ло илоҳа иллаллоҳ» ҳеҷ ихтилофе (байни
аиммаи мазҳаби мо) вуҷуд надорад.
Дар китоби Мултақат аз
Абунаср ибни Салом нақл мекунад, ки гуфтаанд:
-дар кардани ишораи саббоба ҳеҷ ихтилофи назаре
байни ҷумҳури уламо (-и фиқҳ ва ҳадис) нест.
Дар китоби Зоҳидӣ омада:
اِتَّفَقَتِ الرِواياتُ عَن أَصحَابِنا الثَلاثِ رَحِمهُمُ اللهُ جَمِيعاً أَنَّهُ سُنَّةٌ وكَذا عَنِ المَدَنِيِيِّنَ وَالكُوفِيِيِّنَ وَكَثُرَت بِهِ الأَخبَارُ وَالآثارُ فَكاَنَ العَمَلُ بِها اَولى.
Ривоятҳои фиқҳӣ аз се имоми мазҳаби мо (яъне имоми Аъзам ва имомайн) бар маснунияти ишораи саббоба
иттифоқи қавл доранд. Ҳамчунин ривоят аз фуқаҳои Мадина ва Куфа низ собит гаштааст. Ахбор ва
осори фаровоне (ҳам аз Паёмбари Акрам (ﷺ) ва ҳам аз аҳли салаф (р)) дар ин робита нақл шудааст.
Пас (барои муқаллидони мазҳаб) беҳтар он аст, ки ба ин суннати собита амал кунанд.
- Дар китоби Муҳит омада:
-ишораи саббоба дар ташаҳҳуди намоз суннат аст.
Намозгузор саббобаи худро дар ҳолати нафй (ло илоҳа) мебардорад ва дар ҳолати исбот (иллаллоҳ) мегузорад ва ин қавли имоми Аъзам ва имом Муҳаммад (р) аст. Ахбору осори зиёде дар ин боб ривоят шудааст. Пас беҳтар он аст, ки ба муқтазои далоили мазкура амал карда шавад.
Соҳиби Мавоҳиб-ур-раҳмон дар Сунани хеш меорад:
ووَضَعَ يَدَيهِ عَلى فَخِذَيهِ وَبَسَطَ أَصَابِعَهُ وَأَشَارَ، هُوَ الصَّحِيحُ.
Намозгузор дастҳо рӯи ронҳо мегузорад ва ангуштони дастро паҳну густурда мекунад ва ба ангушти саббоба ишора
мекунад ва ҳамин қавли саҳеҳ аст.
Баъд аз он чӣ мазкур шуд, бояд донист! Дар мазҳаби мо ба хотири ихтилофе, ки дар алфози ҳадис аст,
намозгузор ангуштонашро фақат дар вақти ишора кардан мебандад. Танҳо бо ин шевае, ки мо дар адои ишораи саббоба ихтиёр
намудем, ҷамъ байни ривоятҳои мухталифаи фиқҳӣ ҳосил мешавад. Зеро ривоятҳои фиқҳӣ низ бинобар ихтилофе, ки дар алфози ҳадис омадааст, дар кайфияти ишораи саббоба ихтилофи қавл доранд.
Баъзе аз он ривоятҳо далолат
доранд бар ин ки: бастани ангуштон аз ибтидои ташаҳҳуд беҳтар аз
гузоштани он аст бар болои рон ба ҳолати паҳну
густурда. Баъзе аз фуқаҳо ихтиёр кардаанд, ки намозгузор бидуни ақди ангуштон
ишора мекунад. Ва баъзе дигар аз фуқаҳо фатво додаанд ба ин ки дар вақти ишора ангуштонро мебандад. Баъд аз адои ишора онҳоро ба ҳолати аввал
бар мегардонад.
Муло Алиқорӣ дар рисолаи
«Тазйин-ул-ибора литаҳсин-ил-ишора» тақрибан 35 ҳадис бо тариқаҳои (роҳҳои, ривоятҳои) мухталиф аз саҳобиҳои мутаъаддид (сершуморе) дар боби ишораи саббоба аз Расули Акрам (с)
ривоят карда, дар охир хулоса кардааст, ки аҳодиси ин боб ба ҳадди тавотури маънавӣ расидаанд.
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Ба
дурусти ки бар мо мусалмонон зарур аст аз ҳар як
суннати Расулуллоҳ (ﷺ) пайрав бошем ва онро зарури шуморем.
Сабаб ин аст ки чун як суннат аз байн рафт сипас метавонад дигари аз байн
равад- ва гунаҳкори асоси
мо умматон хоҳем буд. Чун дар масъалаи зинда гардонидани яке аз суннатҳои
Расулаллоҳ (ﷺ) бепарво будем.
Аз Абуюсуф (р) нақл мекунанд, ки ишон дар ҳузури халифа Ҳорунаррашид аз Расули Акрам (ﷺ) ривояти ҳадис
карданд, ки:
- он ҳазрат (ﷺ)кадуро дӯст
медоштанд.
Шахсе
аз ҳозирини маҷлис гуфт: -ман кадӯро дӯст надорам.
Абуюсуф
дастур доданд, то шамшеру натъ биёранд ва ӯро гардан бизананд. Фавран он мард аз ин гуфтаи худ пушаймон шуда,
истиғфору тавба кард ва Абуюсуф аз хуни ӯ даргузашт.
Муаллиф дар давоми он меорад:
- «Агар мусалмоне ҳадисе (албатта ҳадиси саҳеҳ) аз аҳодиси набавиро рад кунад (ва гӯяд қабул
надорам), баъзе аз мутақаддимини машоихи мо он шахсро мутлақан ҳукм ба куфр кардаанд (баробар аст, ки ҳадиси радкардаи ӯ мутавотир бошад ё
не) ва тоифае аз мутааххирини машоих фатво ба куфри ӯ додаанд, дар сурате ки он ҳадиси мутавотир бошад». (Поёни иқтибос).
Шоҳ Абдулазизи Деҳлавӣ дар фатовои хеш
пиромуни ин масъала ба тариқи суолу ҷавоб навиштааст:
Суол: -шахсе аз ҳадиси шариф мункир шавад, чӣ ҳукм дорад?
Ҷавоб: - инкори ҳадиси шариф
чанд эҳтимол дорад:
-Якум ин ки тамоми аҳодисро
инкор кунад. Ин худ куфр аст.
- Дуввум ин ки ҳадиси
мутавотири бетаъвилро инкор намояд. Ин инкор ҳам куфр аст.
-Сеюм ин ки ҳадиси саҳеҳеро, ки аз оҳод бошад, маҳз ба ҳавои нафсонӣ назар бар ин ки ҳадис мунофии табъ (ва ё мухолифи мазҳаб) ва ё хилофи маслиҳати
дунявист, инкор намояд. Ин навъ инкор гуноҳи кабира аст ва ин мункир мубтадеъ ба бидъати сайиа аст…»
Ба дурусти ки Худованд бар мо мусалмонон
НАМОЗ фармуд!- аммо таври хондани
намозро мо аз ки омухтем? – аз Расули Акрам (ﷺ).
Худованд бар мо Рузаи моҳи Рамазон
фармуд!- аммо тарзи гирифтани рузаро мо аз ки омухтем? - аз Расули Акрам (ﷺ).
Худованд закот фармуд! – аммо тарзи адои онро
мо аз ки омухтем?- аз Расули Акрам (ﷺ)
Худованд «сатри аврат» фармуд! – аммо тарзи
адои онро мо аз ки омухтем?- аз Расули Акрам (ﷺ)
Чуноне ки Қурьони Карим дар ин бора сароҳатан шаҳодат
медихад:
-«Ва мо янтиқу анил ҳаво ин ҳия илло ваҳюн йуҳо» Яъне: «Ва (Паёмбар)
чизе аз пеши худ намегуяд ва ва ҳарчй
туфтааст, ваҳйи
Худованд аст».
Пас мову шумо бояд бидонем ки ин ҳама хабару аҳодис барои мо умматон аст то мо ба он чанг
занем ва онро аз даст надиҳем. Чунончи Паёмбар (ﷺ) намози «Истихора», «Ҳоҷат», «Таҳаҷҷуд» ва дуъоҳои ҳоҷату баромадан аз мушкилиҳоро бар умматон омухтаанд. Аммо шумо бояд донед ки гар Паёмбар (ﷺ) мехостанд тамоми дунёро Худованд ба Он Ҳазрат туҳфа мекарданд.
Лек Он Ҳазрат(ﷺ) ин тарзи
намозҳоро, дуъоҳоро бар мо умматон омухтаанд ва
фармудаанд то ҳар ҳоҷату мушкиле ки пеш омад худ намоз хонему
аз Холиқи Осумонҳо кушоишу осоиш, шифову озоди аз қарз, бахту тахт дар дуъоҳоямон бихохем.
Аммо афсус уммати имруза (қисми зиёд)
ба ҷои он ки пайрав аз ин суннатҳои Расули
Акрам бошанд- мераванд назди фолбину ҷодугарҳо, назди
дарахту қабрҳо, назди баъзе ҳамон фолбинҳое ки худро «китобкушо» ном ниҳодаанд, мераванд «аловгардон» мекунанд ва гайра.
Афсус каме аз уммат имруз тибқи суннат ҳар ҳоҷоту мушкиле ки пеш ояд ру ба намозу дуъо ба «Даргоҳи Илоҳи» кунанд.
Пас мардумон шикоят аз замону аз ризқу рузи мекунанд- ҳол он ки метавонистанд ин ҳамаро тавассути намозу дуъоҳо аз Худованд дарёфт кунанд.
Ва дар ҳадисе Ҳазрат(ﷺ) мефармоянд, ки:
عَلَيْكُمْ بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الْخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ الْمَهْدِيِّينَ مِنْ بَعْدِي، تَمَسَّكُوا بِهَا وَعَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ، وَإِيَّاكُمْ وَمُحْدَثَاتِ الْأُمُورِ، فَإِنَّ كُلَّ مُحْدَثَةٍ بِدْعَةٌ وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ
أخرجه أبو داود والنسائي بإسناد حسن
«Бар шумост, ки ба суннати ман ва хулафои рошидини
ҳидоят ёфтагон баъд аз ман чанг занед ва бо чанг ва дандон
ба он мутамассик шавед ва аз бидъатҳо дурӣ кунед. Ҳар амали ба вуҷуд омадаҳое бидъат аст ва ҳар бидъате низ
гумроҳи аст». (Ривояти Абудовуд ва Насои бо санади Ҳасан).
Пас мо умматон бояд донем ки
касе ҳуқуқ надорад ки ин суннатҳои Расулаллоҳ (ﷺ) -ро қабул накунанд ва ё гуяд ки: - Беҳтар аст ин суннатро накунем!- чун баъзе ноМуллоҳои замон ки худро “пешво”, “олим”,
“шайх”, “Авлиё” эълон намудаанду ба чои мардумро аз Ислому Эмон бохабар созанд
баръакс сабаби гумроҳ шудани онҳо шудаанд.
Чун дар баъзе масҷидҳо зиёд дар ин масъалаи “ишораи саббоба” баҳс меравад ва муллоҳое ки 1-2 порае аз Қурьон ва ё 5-10 ҳадис медонанд даррав ба намозгузорон аз ақли кутоҳи худ фатво медиҳанд ки: “аз кардани ин
ишораи Саббоба накарданаш беҳтар аст”.
Онон на
китоб мехонанд, на аз олиму донишманде савол мекунанд- балки “ақли норасида”-и худро аз ҳама боло медонанд. Ин аст сабаби ихтилоф дар ин масъала. Аммо то ба асрҳои навин ҳеҷ ихтилофе набуд дар 4 мазҳаб дар масъалаи “ишораи саббоба”- магар ин ки ба тарзи кардани он. Чун то 36 ҳадиси саҳеҳ омадааст аз Расули Акрам(ﷺ) ки он ҳазрат кардаанд “ишораи
саббоба”-ро!
Пас интихоб шуморост: гар аҳли Ислому Эмон ва аҳли Қурьону Суннат бошед пайрави
аз ин суннатҳо кунед то гумроҳ нагардед. Ва илло зиёданд гумрох ноМуллоҳое ки аз ҷаҳлу нодони ҳам худ гумроҳанд ва ҳам шуморо гумроҳ мекунанд!
Ба ривояти
ҳазрати Савбон, разияллоҳу анҳу, омадааст, ки Расулуллоҳ, саллалоҳу алайҳи ва
саллам, иршод фармуд:
- «Ман роҷеъ ба уммати худ аз пешвоёни
гумроҳкунанда хавф дорам».

Комментариев нет:
Отправить комментарий