Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 11 апреля 2016 г.

Подоши Некиву Бади!



«Ба Муъминон Ёдовар шавед - чун ин ёдовари(хотиррасон куни) ба муъминон фоида меорад» (сураи аз-Зoриёт, ояи  55).!!
       Подоши Некиву Бади!! (ду қиссаи Пандомез)!!
         !!Сабаби ин навиштаҳо дар он буд ки имруз аз мавъизаи аль -Орифи қиссаи як ҷавониҷавонмарг шударо шунидаму ҳақиқатан зиндагии зиёди ҷавонони имрузаи мо пеши чашмам омад. Қисса  чунин буд:
     -- Як ҷавони дар компьютер моҳир дар олами интернет сайр карда як сайти фаҳшу фоҳишагиро( порно сайт) ёфтааст. Дар он якчанд сурату майда видеоҳои фаҳши чой дода шуда ба дохилшудагон ба ивази 100$ ба муддати панч сол ҳар ҳафта якчанд видеоҳои фоҳишагии калонҳаҷми нав ба нав равона мекардаанд.
    Ин ҷавон (чун баъзеи ҷавонони мо) албатта аъзо шуда он сад долларро пардохт намудааст. Ҳар  ҳафта вай суратҳову видеоҳои бадахлоқонаро қабул карда ба телефону компьютераш чой медодааст ва ба ёру дустонаш онҳоро нишон дода гуё онҳоро «месузондааст». Он ҷураҳо аз у хоҳиш кардааанд ки ба мо он сайтро дех.  Аммо ин ҷавон мегуяд ки он сайт пулакист ва беҳтараш ҳаммаатон э-мейлатонро диҳед ва ман худам ба шумо ин видеоҳову суратҳоро равон мекунам ҳар ҳафта.
    Ҷавон  чунин кардааст ки ҳангоме ки аз он сайт ин видеову суратҳо ки ба у меомадааст афтомати ба ҳамма дустонаш ҳам аз почтаи у чун мактуб равона мешудааст. Чунин «ҷураҳо» дар э-мейли у аз 100 нафар ҳам зиёд шудаст.
     Ана акнун аз ҳама аҷибу вазнинаш:     -Ин ҷавон дар як садамаи нақлиёти мемурад.  Аммо аз сайт ки нав шаш моҳ гузашта буд бояд чору ним соли дигар ин видеоҳои бад омадан гиранд. Як дусти он ҷавон мебинад ки чун одат рузи шанбе аз э-мейли он ҷавони мурдаги ҳамон видеохои фаҳши омад. У гумон мекунад ки ин охирон бор аст-аммо чун одат ҳама ҳафта як бор ҳамин мактубҳо омадан мегирад.
     Ин ҷавон ба он сайт менависад ки он фалони мурдагиву шумо э-мейли уро дигар видео равон накунед. Соҳибони сайт менависанд ки он муштари ҳоло чору ним соли дигар бояд чунин видеоҳоро қабул кунад ва агар у мурда бошад шумо паролу саволҳои сайтиро пешниҳод кунед то мо бовар кунем.  Вагарна то пулаш тамом шудана он видеоҳо омадан мегиранд.
     Чи мусибатест вазнин!  Ҳатто  пас аз марги он ҷавон номаи аъмолаш кушода!  Кушода!! Кушодаву дар он ин ъамалҳои баду гуноҳонаш бояд то панҷ соли дигар навишта гардад.  Чун то рузе ки он мактубҳо ба он зиёда аз 100        ҷавон омадан мегиранд сабабгораш ки буд? Магар он ҷавони мурдаги не?? Чи мусибатест вазнин!
-------------------------===------------------------------===--------------------------------
   Ҳазрати Паёмбар ()) дар ҳадиси муборакашон  фармудаанд:
  - «Вақте одам мемирад ҳама ъамалҳояш қатъ мегардад ба ғайр аз сеи он:        1) Садақаи ҷория- то рузе он ҳаст савобаш ба он мурда мерасад,
  2) ъилме ки аз худ гузоштаст- то ба рузе аз он истифода баранд савобаш ба у мерасад,               
 3) Фарзанди солеҳе ки пайрави аз Қуръону суннат, аъмоли хайр  мекунаду дар ҳаққи у дуъои хайр мекунанд- то ба рузе ки он фарзандон  аъмоли хайр доранд савобаш ба у низ мерасанд»!
       Пас баръакси ин гар он одами мурда пас аз худ маконҳои фаҳшу бадкори гузошт- номаи аъмолаш пур аз бадиҳои нав ба нав гарданд!
     Китоб ва ё чун ин интернет ягон мавзуъи баду фа
ҳшеро паҳн кард- то рузе он ҳаст номаи аъмолаш пур аз гуноҳу исён мегарданд!
    Фарзандони беэмону бадкору зинокорро ки пас аз худ гузошт- то рузу соате ки онон аъмоли баду фаҳшои худро идома диҳанд ба номаи аъмоли он падари мурда гуноҳҳо зам мешавад!
  //////////////////////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\
      ЪИбрат:
      Магар чунин ҳодисахо ва ё ба ин монанд имрузҳо дар зиндагии мо каманд? Ҳар  яки шумо мумкин аз чунин вокеъаҳо зиёд хабар доред! Мисоли имрузаи ҳамин Тоҷикистон шуда гузашта  воқеъа:   
        -Як ҷавони корчалони бозуманд(лидер) бо  пули ҷамъ кардааш як дискотека дар маркази шаҳре дар ҳамин Тоҷикистон сохтаст. Дар он дискотека ҳама фоҳишахои вилояту шаҳрҳо ҷамъ меоянд ва аз нимаи шаб он су ҳамин фаҳшу фоҳишагиву бадиҳост.  Ҳамаруза  духтароне  бокираги аз даст медиҳанд,          ҷавононе масто маст ба садама дучор омада мемиранд ва ё мачруҳ мешаванд, ҷавононе даст ба ҷиноятҳо мезананд---- ва ҳамаи инро ки ташкил кард? Он       ҷавон ва дустонаш!
      Акнун ҳамаруза падару модарони он нафароне ки ба  он марказ мераванд дашному  ҳақорату дуъоҳои бад мекарданд ба ин ҷавони ташкил кардаи он марказ.  Ва ана акнун Аллоҳи Меҳрубон сазои он ҷавонро доду вай дар як садамаи нақлиёти дар шаҳри дигаре мурд.
     Волидайну наздикони он ҷавони дар гуноҳ ғутида  даррав нони «худоиву» ъамалҳое мекардаги шуданд то Аллоҳи Меҳрубон уро раҳмату мағфират кунад (ҳарчанд ин қадар вақт ёде аз Мусалмонии хеш надоштанд)! Ба ном танҳо худро Мусалмон меҳисобиданд- аммо дар ъамал на тоъату ъибодат доштанд ва на асли Исломро медонистанд.
    Онҳо дар мотами фарзанди худ намедонанд ки ҳатто пас аз марг ҳам дар номаи аъмоли фарзандашон гуноҳ ҳамаруза зам мешавад. Ин «хайру Худои»- ҳои «мачбури»  ҳеҷ фоидае ба фарзандашон намеорад.  Волидайн ҳатто як муддати муайян –аниқтараш  то як мох дари он марказу дигар қиморхонаву    ҷойҳои бадахлоқиро  бастаанд. Гуиё ки ҳамин як моҳ аст саволу ҷавоб ба он фарзанди  майит!
     Аммо ин як муддати кутоҳ буд. Он наздикону бародарону дустоне ки он        ҷавон дошт акнун нақша мекашанд ки соли нави мелоди наздик асту ҳарчи зудтар он маркази фоҳишаҳоро кушоем то фоидаи калон ба даст орем! Акнун бубинед ки дар зиндаги он  ҷавон худ оғуштаи фисқу фасод буду он қадар дуъову лаънате ки аз падарону модарон мешунид кам буд ки ҳатто пас аз марг ба номаи аъмолаш гуноҳҳои нав ба нав навишта мегардад.  
   Сабаб ин ки у буд ташкилотчии он фоҳишамарказ, у пул дод ва пулашро дар рохи Шайтон сарф кард, у буд ки аз вазифа ба рохи ризои Шайтон ъамал кард!!
    Магар у наметавонист пулу моли худро дар роҳҳои ҳалолкардаи Илоҳи сарф кунад ва фоидаи «ҳалол» ба даст орад?? Оё у роҳе сохт? Мактабе сохт? Масчиде сохт? Гар месохт дар номаи аъмоли у то рузе ки он роҳу сохтумонҳо бошанд ъамалхои хайр навишта мегардиданд- на он чи ки акнун бадиву бадист! Тарозуи аъмоли у бо «бади» ва гуноҳ  зиёд шуда меистад то он рузу соате ки он марказ ъамал кунад!
    !!!!!!!!!!Пас оё ин ду қисса ба якдигар монанди надорад? Каманд чунин воқеъаҳо?  Оё намедонед нафаронеро ки худ мурданду пас аз худ  қиморхонае, фоҳишахонае, казиное ва дигару дигар мондаанд.  Ва ё фарзандони бадахлоқ, беэмон пас аз онҳо мондаасту ҳар як ъамали баде ки онон ки карданд гуноҳе ба номаи аъмоли волидайнашон ҳатто пас аз маргашон зам мешавад. Пас то он рузе ки он марказҳо ъамал мекунад дар номаи аъмоли онҳо он фисқу фуҷур сабт мешавад.
   Ва ё дар ҳамин Однокласснику Фейсбуку дигар  ҳам бубинед ки ҳаст зиёд чунин гуруҳҳои ошиқон, шиносои ва дигару дигар ки дар он агар нафаре аз дину оин нависад даррав уро ба @чёрний списка@  мемонанд. Дар ин гуруҳҳо танхо фисқу фасод  ҷой дода мешавад.
    Он нафароне ки ин гуна гуруҳҳоро ташкил мекунанд  худ  донанд ки он чи ки бо он ду ҷавон шуд бо ҳар яки шумо ҳам шуданаш мумкин. Аммо Пас аз шумо он қадар фисқу фасоде ки дар гуруҳҳои ташкилкардаатон мешавад дар «номаи аъмоли»  шумо ҳам гуноҳон болои ҳам  зам мешавад.
   Ва ё гар баръакс дар гуруҳҳои ташкилкардаатон «қиссаҳои тарбиявии зиндаги бошад»  «Ёде аз Қуръону Аҳодиси Набави бошад», «даъват ба ъамалҳои хайру -наҳй(манъ) аз Ъамалҳои Мункар бошад»,  «фарқ байни ҳалолу ҳаромкардаи Илоҳи бошад»- пас ХУШО БА ҲОЛИ ЧУНИН БАРОДАРУ ХОҲАРОНИ ИСЛОМИ!
    Ҳатто агар  ману шумо умрамон ҳамин руз ба итмом расаду аз ин «Дунёи Фони ба Дунёи Боқи» реҳлат кунем ИншоАллоҳ ки дар номаи аъмоли мо савобу хайр то ба рузе ки ин «даъват»-и мо ҳаст навишта шавад.
     Пас бар мо ваъдаи Худованди дар ин сураи Қуръони огоҳкуни аст ки:
    !»»(сураи99) Сураи ЗИЛЗОЛ (ларзиш)!»»
« Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! «
1- Он гоҳ ки замин ларзонда шавад ба сахттарин ларзаҳояш
 2 -ва замин борҳои сангинашро берун резад
3 -ва одамӣ бигӯяд, ки заминро чӣ расидааст?
4 -Дар ин рӯз замин хабарҳои худро ҳикоят мекунад,
5 -аз он чӣ Парвардигорат ба ӯ ваҳй кардааст.
6 -Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то амалҳояшонро ба онҳо нишон диҳанд.
7 -Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад
8- ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад!
    Ин аст ваъдаи Холиқи мо ва аз он гурезе нест. Одамийят чунин хосийяте дорад ки аз гуноҳ пок нест ва аммо барои гунаҳкорон Он Холиқи ниҳойят Бораҳм «Тавбаро» фармудааст. Нафароне ки аз гуноҳҳои кардаи худ аз сидқи дил дар зиндагиашон  Тавба кунанд Аллоҳ (ҷ.ҷ) онҳоро мебахшад чунки У(ҷ.ҷ) бахшиданро дуст медорад. 
   Пас ҳар як лаҳза ба ҳар яки мо  ғанимат бошад- чун гумон аст ки умри мову шумо моҳе ва ё соле боқи бошад ё хайр! Ҳазорон  одамоне буданд ки гумонашон фардо тавба кунанд, тоъату ъибодат сар кунанд- аммо марг омаду нийяту гумони онҳо барбод рафт!
   Онон бе тавбаву истиғфор, бо гуноҳони зиёд- ва бе тоъату ъибодат аз ин дунёи фони ба он дунёи «боқи» сафар намуданд. Ба он дунёе ки бандагони «содиқ»-и Илоҳиро икрому иззат интизор бошад- аммо бандагону гунаҳкору исёнкардаро азоби вазнину бемисл!
        Пас бояд донем ки дар сураи «ЗилЗол»(Ларзиш) Аллоҳи Меҳрубон ба мо расондааст ки:
ояи 7)  Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад
ояи 8)  ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад!  
    Чи сахту вазнин аст он руз! Бар Бандагони «бо тоъату ъамалҳои хайр дошта сабук бошад», «роҳат бошад»-  ва аммо ба нафароне ки аз тоъату ъибодат ва ъамалҳои хайр дур бошанд пушаймониву афсусхури! Вой бар ҳоли он нафароне ки тоъату ъибодат, тавбаву истиғфори саривақти накарда рафтанд.

     Сураи «Тавба»!!!
Ояи 71: Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоиста бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову Паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!
Ояи 72: Худо бар мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар  биҳишти ҷовид. Ва хушнудии  Худо аз ҳама бартар аст. Ин аст комёбии бузург (яъне, ноил шудан ба биҳишт ва неъматҳои он ва розигии Худованд)!

Комментариев нет:

Отправить комментарий