Таваккал танҳо ба Аллоҳ кун!
ПодШоҳе бо номи Акбар дар замонхои пеш барои хабаргирии аҳволи мардумаш савори асп ба кучаҳои шаҳр баромад. Хангоми сайру гашт шоҳ ду гадоеро дид ки яке ки шал буду уро ҳамду сано мекард ва мегуфт:
- Факат ҳамин шоҳам Акбар ба ман метавонад хушбахти
диҳад!
Аммо гадои дигар баръакси ин гадо мегуфт:
- Танхо Аллоҳи Меҳрубон метавонад маро хушбахт гардонад! Ин ҳама дар «кудрат»-и танхо Уст!
Шоҳ ба касри худ баргашт ва
фармуд то ноне пазанд ва дар дохили он як хишти тиллоие гузоранд. Рузи дигар у ҳамчунин махсус бо ҳамрохонаш ба кучаҳои шаҳр баромад ва фармуд то он нони калонро ба он гадое ки уро таърифу тавсиф
мекард диҳанд. Бар замми ин он
гадои шалл дасти худро суи у дароз мекард ва аз танҳо аз у умед дошт. Аммо ба гадои
дувум шох чизе надод- гуиё ки аз гуфтаҳои у каҳраш омада бошад.
Якчанд руз пас шоҳ боз ба сайру гашти шаҳр баромад. У махсус аз
маконе ки он ду гадоҳо менишастанд гузашту
боз дид ки он гадои шалл нишастаасту гадоги дорад. Гадо боз онҳоро дидан замон ба
таърифи шоҳ шуруъ карду дасти
худро суи у дароз кард. Шоҳ аз аспаш поин шуду бо
каҳр аз гадо пурсид:
- Барои
чи ту боз гадоги мекуни? Магар ман ба ту ноне ки дохилаш тилои калоне буд
надода будам?
Гадои шалл аз ин гуфтаи шоҳ ҳайрон шуд ва гуфт:
- Кадом тилло? Ман ҳеч тиллое надидаам! Он ноне ки ба ман доди чудо ҳам вазнин буд ва ман гумон кардам онро нагз напухтаанд-яъне дохилаш
хамири хом аст. Пас ба 10 танга ман онро ба он гадое ки наздам менишаст
фурухтам.
Шоҳ ба атроф нигарист ва он гадои дуввумро надид. Пас ба зердастон фармуд ки фаҳманд ки аҳволи он гадо чи шудааст. Маълум карданд ки он гадо вакте он нонро харид «шукрони рузии Илоҳи» карду ба хонааш рафт ва он нонро бурда ба занаш дод. Занаш ҳангоми реза кардани нон он хишти тиллоро пайдо карду ба шавҳар таслим кард. Сипас он гадо Аллоҳи Меҳрубонро шукр гуфта хонае харид ва зиндагиашро нек кард.
Шоҳ Акбар ба он гадои шалл насихат кард ки:
Шоҳ ба атроф нигарист ва он гадои дуввумро надид. Пас ба зердастон фармуд ки фаҳманд ки аҳволи он гадо чи шудааст. Маълум карданд ки он гадо вакте он нонро харид «шукрони рузии Илоҳи» карду ба хонааш рафт ва он нонро бурда ба занаш дод. Занаш ҳангоми реза кардани нон он хишти тиллоро пайдо карду ба шавҳар таслим кард. Сипас он гадо Аллоҳи Меҳрубонро шукр гуфта хонае харид ва зиндагиашро нек кард.
Шоҳ Акбар ба он гадои шалл насихат кард ки:
- Ин
киссаи он гадо бар ман ва ту ъибрат
шавад. Аз ин пас ту низ «таваккал» ба
Аллоҳ кун на ба мани «махлуки» У! Гар рахмати Аллоҳ бар бандааш расад – албатта ҳолаташ нек шавад!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\////////////////////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Дар ҳакикат бандаро Аллоҳ сохиби мол мекунаду зиёди банда он молро аз меҳнати худ гумон кунад, шукронаи дар ъамал намекунанд – аммо фаромуш набояд
кард ки боз ҳам баракатро дар он пулу мол танҳо Аллоҳ дихад! Гар дар моле ки баракат набошад окибаташ ҳасрат аст ва он дар рохи фиску фучур, зинову худнамои, ҳаромкардахои Илоҳи сарф хохад шуд. Оне ки аз меҳнати худ медонад аз закоту хайр
дури мечуяд ва асос ин аз он пулу мол дар роҳи аъмоли гуноҳу ҳарромкардахои Илоҳи сарф мекунад.
Дар Муснад омадааст ки:
«Банда аз сабаби гуноҳаш аз ризқ маҳрум
мешавад».!!
Чуноне ки тақво ва парҳезгорӣ сабаби ҷалби арзоқ (ризк) мебошад, ҳамчунин
тарки тақво сабаби ҷалби фақру
нодорӣ ҳаст. Ва
аз тарки гуноҳ дида ҳеҷ чизе ҷалбкунандатари ризқи Аллоҳ нест!
Пас саволе аз шумоён мумкин сар занад ки
зиёданд нафароне ки на тақво ва на
парҳезгори доранду аммо пулу моли
зиёде Худованд бар онҳо додаст- аммо бародару хохари Эмони магар шумо имрузхо
намебинед ки дар чунин оилаҳо чи ҳодисаҳо руй дода истодаанд:
-
зиёди бойҳои беТаквову бе Пархезгори рузии хуше надоранд ва аз паи аъмоли
фарзандону занонашон шармандаву шармсоранд. Магар нашунидаед ки «фалони
бойбоворо фарзандаш наркоман шуда мурд», « фалони бойбоворо духтараш ё занаш фоҳиша
аст», «фалони бойро фарзандаш дар ҳолати масти ба садама афтида 3-4 нафарро
кушт», «фалони бой каме пулу молаш кам
шуду аз гаму андух «дилаш заду» мурд»??????????
- Шахсан аз як чунин бой хабар дорам ки тамоми неъмати хурданиро барояш харида меоранд- аммо у саломатие надорад ки аз онҳо истеъмол кунад. Духтурон ба у «пархез» фармудаанд аз кариб ки тамоми неъматҳои Илоҳи! Бубинед ки Худованди Мутаъол аз ҳарромкардахо дур буданро фармуда бошад зиёди хамин бойхо бепарво хурдаву нушидан мегиранд ҳарромкардахоро- аммо як «махлуки Аллоҳ» мефармояд ки пархез кун ва ҳалолкардахои Худоро нахур у аз тарс намехурад.
- Шахсан аз як чунин бой хабар дорам ки тамоми неъмати хурданиро барояш харида меоранд- аммо у саломатие надорад ки аз онҳо истеъмол кунад. Духтурон ба у «пархез» фармудаанд аз кариб ки тамоми неъматҳои Илоҳи! Бубинед ки Худованди Мутаъол аз ҳарромкардахо дур буданро фармуда бошад зиёди хамин бойхо бепарво хурдаву нушидан мегиранд ҳарромкардахоро- аммо як «махлуки Аллоҳ» мефармояд ки пархез кун ва ҳалолкардахои Худоро нахур у аз тарс намехурад.
Пас донед ки Худованд бар зиёди мардумон
боигари ато мекунад ва чун мебинад ки он бойшудагон аз «шукронаи ъамал» дуранд ба он моли онҳо «баракат» намедихад- пас дар ҳар моле ки баракат нест
окибат ҳасрату пушаймонист. Ё ин ки дар
чунин оилаҳо иттифоку ҳурмату эҳтироме нест ва ҳамаруза гуиё ин бойхо « захр»
мехуранд на неъматхои Илоҳиро.
Каманд чунин боёне ки аз додахои
Илоҳи шукронаи ъамал дошта бошанд. Чун
тибки ҳадис гар он боён закоту хайр аз
молашон кунанд дар дунё гуруснаву камбагале нахохад монд. Баъези чунин боён ҳастанд ки на аз барои «ризои Аллоҳ»- балки аз барои
худнамоиву манн-мани баъзе хайрот мекунанд аммо дар чое ки фармонхои Илоҳи ояд из итоъат сар мепечанд.
Худованд бар ҳар як бандааш мувофики
ризку насибааш ва аклу заковаташ дар аввал ё охири умраш молу пуле ато кунад ва
бандаро санчад ки чи аъмол мекунад. Он гадоро бубинед ки «шукронаи Аллоҳ» карду зиндагиашро нек кард. Хакикат ин ъамале ки у кард беҳтарин аст- чун зиндагиашро нек кард. Ба он чи ки ҳочат (зарурат) дори, барои хонондани фарзандон, барои «сатр» кардани худу
наздикон, барои «сатр» кардани атрофи хона сарф кардани пулу мол- ин аст
«шукрона»-и Аллоҳ! Нек кардани ахволи
хеш- ин аст «Шукронаи Аллоҳ»!
Аммо акнун ин замони мост мебинем ки зиёди
мардумони миёнаҳолу камбагале ҳастанди (на ҳама)
ки дар умри 30-40
солаи худ як ду соле пули миёна ва ё калонеро сохиб мешаванд. Хатто камбагалону миёнаҳолоне ки бехонаву дар ва ё хонаҳои вайрону валангор доранд, либосҳои дарридаву дарзмол
доранд, хуроки ба сери намехуранд, фарзандони бе касб доранд. Акнун зиёди ҳаминхоро мебини ки пулдор шаванд чи ъамал мекунанд:
- Ба
чои он ки хонаҳои худ таъмир кунанд,
гирди хонахоро бо девор пушонанд, ҳамому хочатхонаи хуб
рост кунанд, ба фарзандон ъилму касб омузонанд, ба волидайну наздикон ва ҳамсоягон хайру неки кунанд чи кор
мекунанд? Шумо чи гумон доред? Каманд нафароне ки чунин кунанд. Кисми зиёди онон:
- Рафта
аввал антенаи спутники мехаранд, ауидио
ё видео ё двд магнитафони калон мехаранд, ба худу занонашон даррав тилловори
мехаранд, аракхур мешаванд, сигоркаш мешаванд, тую маъракаҳои «шайтони» барпо месозанд, дар
тую маъракаҳои «шайтони» ба раккосаҳои шайтонсиришт пул мечаспонанд, ресторану
барҳо мерафтаги мешаванд- аммо аҳволи хешро нек намекунанд. Гуиё ки аз ҳама зарур ба оилаи онҳо ҳамин ашёҳое ки аъмоли «шайтониро» зиёда мекунанд бошад.
Пас ин аъмоли онҳо газаби Худовандро меорад- чун
ношукр банда мегарданд. Пас ин неъмати пулу молро У (ч.ч) аз чунин бандагон дур
месозад! Охир магар намешуд ки он гирди ҳавлиатро деворе куни то
мардум зану духтару худатро набинанд? Он
ду тахтаву килёнкае ки ҳамому ҳочатхонаатро мепушид ва хамсояву рохгузарон тани урёнатро медиданд-
намешуд канда партоиву ба чояш ҳамому ҳочатхонаи замонави сози? Хавлие ки ҳангоми боронхо лою чал
мешуд бетон куни? Фарзандеат ки на касб дораду на ъилм- бурда соҳибкасби омузи, худ ъилме омузи, либоси хуб хари? Намешуд ки гове хари ки
рузҳои гуруснагиат аз шираш истифода бари
ва ё тапаки онро сузони?
!!Акнун ин дар бораи миёнаҳолону камбагалон буд- аммо боёну молдорон чи? Магар онҳо бандагони «шукргузор»-анд? Афсус ки каманд миёни пулдору молдору
вазифадорон бандагони шукргузор. Замоне буд ки ҳамин пулдорон хам
камбагал буданд ва аз Аллоҳ пулу моли дунё
мехостанд ва ваъдаҳо ҳам мекарданд ки пулдор шавам «дасти ба хайр» мешавам, закот медиҳам, тоъату ъибодат мекунам ва бар хешону ҳамсоягону ҳочатмандон дасти ёри дароз мекунам.
Аммо пулу моли дунё чашми онхоро кур мекунад,
гуши онхоро кар мекунад, пои онхоро шал мекунад. Акнун зиёди он пулдору
молдорон бегонагон он суй истанд хешону ҳамсоягони мухточи худро
гуиё намебинанд, гар ёрдам талабанд намешунаванд, аз ҳоли камбагалону нодорон пойҳояшон гуиё шал шуда
бошад хабар намегиранд. Зиёданд ҳолатхое ки як камбагал
пушти дари бое омаду 100-200 доллар барои туй ё ҳочататаш ёрдам не –карз
пурсид. Аммо ана акнун бою пулдор шикоятро сар мекунад ки пулама фалони
барнагардонд, борам мондааст, кризис аст ва гайра.
Лек дар аввалин туи «шайтони»-и
ягон ёру дусташ ҳамин одамро мебини ки
1000-2000 долларро ба раккосахои шайтонсиришт мечаспонад, дар киморхонаву
казиноҳо 10-20 000 доллар бой медиҳаду парвое надорад. Ё ки тую маъракаи худнамоие мекунад ки 4-5 000
доллар ба ҳофизони беэмон медихад,
барои худнамои ба раккосаҳову меҳмонони раккос пули калоне мечаспонад ва гайра. Боз ҳафтахо таърифу тавсиф мекунад ки ана дар туй 20-30 000 доллар сарф
кардам.
Акнун гар ба онҳо гуянд ки закот
намедихи, хайр намекуни- чунон асаби мешаванд ки гуиё онҳоро сахт тахкир карда боши. Зиёданд нафароне ки бо пулу молдору вазифадор
шудан ба чои он ки «шукронаи Аллоҳ» кунанду руй ба тоъату
ъибодат, закоту хайр оранд – баръакс зидди фармудаҳои Худованд муборизаҳо мебаранд, намозхонону
эмондоронро масхара мекунанд, паст мезананд.
Пас Худованд ба чунин бандагони ношукр «дарси ъибрат» медиҳаду зиёди онҳо камбагалу ҳатто карзҳои гарондор мешаванд,
бемору бадбахт мешаванд. Ана он гоҳ мебини ки «воҳасрат»у пушаймони. Акнун аз он пулу моли дошта танҳо ёду хотирае монду халос. Зиёди он аз нав «камбагал» шудагон ҳатто аз шарм даст ба худкуши мезананд- чун шарм медоранд аз он ки худро
дар миёни мардуми одди тасаввур кунанд. Ё
баъзеи чунин нафаронро мебини ки миёни мардумон араку ҳаромкардаҳоро мехуранду ба накл
сар мекунанд:
- ЭЭЭЭ ман миллион доллар зиёд доштам, якчанд
хонаву дар доштам, ҳар моҳ мошинҳои нав ба нав
мехаридам! Ту мана он вакт медиди! Хама мана хушомад мезад.
Аммо аз у пурси ки он вакти пулдори «оё роҳе сохти аз барои ризои Аллоҳ?» «Мактабе сохти?», «масчиде
сохти?», «ятимаконеро ҳамасола хайре дошти?», «ҳамсояву хешони камбагалатро ёрдам мекарди?»
Чавоби зиёдашон ин аст ки:
- Он вакт нафаре набуд ки ба ман чунин маслиҳат диҳад, нафаре набуд ки аз ҳалолу ҳаром маро огоҳ кунад!
Чун он замони пулу молдори ин одам ёру
дустонеро ба худ интихоб карда буд ки аз аъмоли хайр дур буданд. Гуиё ки худи
онҳо ҳакикат он замон куру
карҳо буданд ва намедиданду
намешунавиданд. Хатто нафарони пулдору молдоре ҳастанд ки хайру саховат
ба ҳамсоягону хешони камбагал он суй
истад- кибру гурур мекарданду ба маъракаву чанозаҳои онон намерафтанд. Гуиё ки пулдору молдор бояд ҳамнишини пулдору молдору вазифадорон бошад. Нафароне ҳам ҳастанд ки ҳатто ба маъракаи камбагале раванд аз хуроки онхо намехуранд- гуиё
табъашон нозук шуда бошад.
Аллоҳи Мутаъол дар Каломаш
бар мо мефармояд:
-« Фазкуруни азкурукум -вашкурули
вало такфурун» . ---------------------------
тарчума: «Ёд кунед Маро то ёд кунам шуморо! Сипос (шукрона) гуед Маро ва носипосии Ман
накунед».
Ба дурусти ки Худованд дар ин ояи Куръони мо бандагонашро хабардор
месозад ки:
« Ёд кунед Маро дар хурсанди- пас ёд кунам шуморо дар озурдаҳоли», «ёд кунед Маро дар саломативу амониатон- то ёд кунам шуморо дар
бемориву нотенчиатон», «ёд кунед Маро дар бою ба давлатиатон- то ёд кунам
шуморо дар карздориву камбагалиатон», «ёд кунед Маро дар чамъи ёрон- то ёд
кунам шуморо дар чамъи беҳтаринҳо (фариштагон)»!!!
Худованд ваъда медиҳад бар ҳамин бою пулдору
вазифадоре ки аз итоъати У (ч.ч) дурр шудаанд ки: эй бандаи ношукр! Имруз ки
бою вазифадори маро ёд кун бо аъмоли хайрат- то фардо ки корат барор нагирад,
савдоят фоида наорад, пиру бемор шуди, аз вазифаат озодат кунанд Ман (ч.ч) туро
ёд кунам!
Яъне ту ҳамту ба забон Маро ёд куни ин шукрона нест- балки шукронаи ъамал даркор:
аз молу дороият аввал волидайну хешонатро ёри деҳ, ҳамсояҳоятро хайр кун, ёру
дустони камбагалу муҳточатро хайр кун- сипас
ба дигар муҳточону ятимону
мискинон. Хонаҳои Ман (ч.ч) яъне
масчидҳоро обод кун, ъилмомузонеро бо пулу
мол дастгири кун, гар вазифадор боши мардумони Маро дастгир шав, мусалмонону
эмондоронро дастгири кун ва г.
Ана он замоне ки ту муҳточ шуди мебини ки Худоят туро ёд
мекунад. Пас ҳар киро ки Худованд ёд
кард хеч гоҳ «хор» намешаванд, муҳточ намешаванд! Хар киро ки Худованд ёд кард «окибат»-и ҳолаш ин дунёву охират нек хоҳад шуд.
Ба дурусти ки Аллоҳи Мутаъол бар
бандагонаш рохи начоту саодатро маълум кардааст- аммо зиёданд нафароне ки на он
роҳро балки роҳҳои «шайтони»-ро пеша мекунанду окибат «хору залил» мешаванд.
Пас ай Бародарону Хоҳарони Эмониам! Хама
рузу ҳама соат Холики Осумонҳоро дар тоъату ъибодат, аъмолу муомилот ёд кунед дар ъамал- пас Ин Шо
Аллоҳ ки ҳама некихои ин дунёву
охиратро Худованд насибатон хоҳад кард! Чун Худованд
ваъда кардааст ки ҳама аъмоле ки «холис аз
барои ризои Ман» бошад бе «ачр» нахоҳад монд.
Ва илло
чунин ки накардеду аз бандагони «ношукр» гаштед- окибат бар шумо низ «ҳасрату пушаймонист»!!!! Ъумри 50-60 сол чун оби дарёест ки зуд гузарад
(бар зиёди бандагон 20-30 ё 40) - ва рузе пир мешавиву марг домангиратон хохад
шуд. Пас аз бандагони «ношукр» будед назди Холикатон шармсору хору залил хоҳед шуд- имруз ъамал бикун ва ҳушёр бош то дер
нашавад. Аллоҳи Меҳрубон ёру мададгоратон
бод!!!
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий