Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 29 июня 2016 г.

Ононе ки ба Чаханнам наздиканд!



Ононе ки ба ҷаҳаннам наздиканд!
   Як зане ки як дасташ шал буд назди модари муъминон Оишаи Сиддиқа (р.а) омаду ба у нақле кард ки:
  - Эй модари Муъминон!  Вақте ман шабона хоб мекардам ин дастам сиҳат буд- аммо вақте бедор шудам акнун он шал шудааст!
  Модари муъминон Оишаи Сиддиқа (р.а) пурсид:
 - Сабаби ин дар чи бошад?
   Он зан ҷавоб дод ки:
  - Волидайни ман бою ба давлат буданд. Падари марҳумам ҳама вақт закот медод, меҳмондор буд, ба камбагалону ятимакон ёри мерасонид, аъмоли хайри зиёде дошт. Аммо модарам зани бахилу мумсике буд. Вай ҳеҷ гох пуле харҷ намекард то  «захираи охираташ» бошад!
   Аввал падарам даргузашт- пас аз ду моҳ модарам ҳам. Дишаб ман дар хоб падари марҳумамро дидам ки дар тан либоси зарди зебое дошт. Аз наздаш дарёчае ҷори буд ва у дар роҳат буд. Ман аз падар пурсидам:
 - Падар ин чист?
 - Духтарчон!  «Ҳар кас заррае ъамали хайре кунад мебинад сазои онро»!( (сураи99 сураи Зил Зол-ларзиш). Он чи ки ту мебини Худованд ба ман ба ивази аъмоли хайру тоъату ъибодати холисонаам ато намудааст!- ҷавоб дод падар.
 - Модарам кучост? – аз нав пурсидам ман.
 - Вай аллакай мурдааст?- пурсид падар.
 - Бале!- ҷавоб гуфтам ман.
 - Аҷоиб! Вай миёни аҳли ҷаннатиён нест. Рав уро дар тарафи чап (аҳли ҷаҳаннам) ҷустучу намо!- гуфт падар.
   Сипас ман ба тарафи чап гузаштам. Баногоҳ ман дар назди модарам худро дидам, ки ним-урён истода буду як қисми кучаки баданашро як пораи матоъ пушонида буд. Модарам дар дасташ порае равған дошт. Вай дод мегуфт ки:   - Чи мусибат! Чи гуруснагиву ташнаги!
  Хар гоҳе ки у монда мешуд он пораи равғанро бо дасташ тоза карда онро мелесид. Аммо бар замми ин аз наздаш дарёчае чори буд. Ман пурсидам:
 - Модар! Барои чи ту шикоят аз ташнаги дори вақто ки аз наздат дарёчае мегузарад?
 - Ман аз он нушида наметавонам! – ҷавоб гуфт модар.
 - Мехоҳи ки ман ба ту об нушонам?- пурсидам ман.
 - Ман зиёд инро мехоҳам!- ҷавоб гуфт модар.
  Ман ба кафи дастам об гирифтаму уро об нушонидам. Вақто ки ман уро нушонидам аз тарафи рост нафаре ҷор зад (эълон кард) ки:
- Ҳар нафаре  ки ин занро об нушонид- дасти росташ хушк мешавад!
  Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳозир ман бо дасти рост ҳеҷ ъамале карда наметавонам.
  Модари муъминон аз у пурсид:
 - Ту он матоъро ки дар бадани модарат буд оё шинохти?
 Он зан ҷавоб гуфт:
  -Бале модари муъминон- модарам онро мепушид. Ман ҳеҷ гоҳ  надидаам ки модарам ба нафаре садақае карда бошад.  Аммо боре вақте падарам говеро  кушту як камбағале омад модарам ба у як устухоне дод ки каме равған дошт. Дигар ин ки  боре як мискине ба хонаамон омаду бисёр  зораву тавалло кард модарамро. Пас модар ба у як пора аз он матоъ дод.
  Аллоҳу Акбар!- нидо кард модари Муъминон. 
 Сипас Оишаи Сиддиқа (р.а) ба он зан гуфт:
  - Аллоҳ рост гуфтааст!( СадақалЛоҳуль Ъазим)! Расули Худо (с.а.в.с) ба мо ин оятро расонда буд ки:
7 -Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, албатта онро мебинад !
8- ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад! (сураи Зил Зол).

   Ин қиссаро овардаанд: аль Ҳофиз абу Мусо аль Мадини дар китоби «Ат-тар
fиб ва ат-тархиб», овардааст аз Аль Ҳофиз Абу аль Шайх аль Асхабони. 
   Аль Ҳофиз ибн Раджаб аль Ҳанбали ин қиссаро таҳлил карда ин ҳадисеро мисол овардаанд аз Расули Акрам (с.а.в.с):
   -«Абу Ҳурайра (р) ривоят мекунад ки Расулаллох (с.а.в.с) фармуданд:
    « Вақте банда мемирад тамоми ъамалҳои у қатъ мегарданд ба чуз сеи он: аввал ин садақаи чория, дувум ъилме ки аз худ банда боқи мемонад, севум фарзанди «солеҳ»-е ки пас аз волидайн ба ҳаққи онон дуъои хайр кунад»!
  Ин хадисро овардаанд Ахмад 2\372, аль Бухори дар «аль Адабуль-муфрад»38, Абу Довуд 2880, ат-Тирмизи 1376 ва ан-Насои 2\129, 6\281.
))))))))))))))))))))))))))))))))))))((((((((((((((((((((((((((((((((((((((
   Ъибрат:
   Ба дурусти ки аз ин қисса мо бояд донем ки гар банда заррае неки карда бошад Худованд ба ивази он рузи «ҷазо» неки ато мекунад. Акнун бубинед ки он зан порае матоъ хайр кардааст - он руз дар тани худ ҳамон пораи матоъро дидааст, у порае равғане хайр кардааст- он рузи мудҳиш дар даст порае аз равған дидаасту халос! Афсус дигар некие нест ки у роҳаташро бинад!
   Замоне ки он зан метавонист дар дунё барои худ «роҳхате» ба ҷаннати пурнозу неъмат дарёбад- аммо афсус у бепарво буд. Акнун ки он рузи мудҳиш аз аъмоли хайр заррае неки бо худ бурда буд дид онро- аммо аъмоли ночизе ки кифоя набуд! Аммо аз он рузу соат пушаймони ҳеҷ суде нест.
   Бузургдиле  фармудааст:
   - Ман як замоне дарк кардам ки ҳар он чи додаам, хайр кардам, садақаи «ҷория» кардаам он моли ман хоҳад буд- на он моле ки ҷамъ овараму пас аз худ зану фарзанди бевафо аз он истифода хоҳанд бурд. Пас ман ҳар чи зиёдтар тавонистам «захира» кардам- аммо захираи охиратам на захираи ин дунё. Чи тавр: Хайру саховат кардам, таъом додам, либос харида пушонидам, китобе харида ба толибъилме тухфа кардам, роҳе сохтам, масҷиде бунёд кардам, дар роҳ чароғе часпонидам.
   Чун он захирае ки назди Худованд гузорам гум нахоҳад гашт ва он хоҳад буд беҳтарин захирае  ки баҳри он мебояд зист. Мардумонеро дидам ки на худ хурданд ва на ба муҳтоҷон доданд- аммо фоидае аз он пулу мол худ надида мурданд. Пас аз онҳо занҳо шавҳар карданд ва он пулу мол насиби марди бегонае гашт- он мард захира кард роҳати онро бегонае дид. Фарзандон аз он пулу моле ки «пок» нагашта буд танҳо дар рохи фисқу фуҷур сарф карданд- ва он ҳам ба зарари он нафари захираи дунё карда.
   Чун пулу молро ҳам «пок» кардан мебояд бо хайру саховату неки. Аммо мардумоне ҳастанд ки танҳо дар фикри онанд ки ҳарчи зиёдтар пулу мол гирд оварам- лек дасташон меларзад тангае аз он хайр кунанд. Гумон доранд як умр зинда хоҳанд монд ва аз он пулу мол истифода хоҳанд бурд. Аммо аҷал ки расид на пулу мол ва на ҷоҳу мансаб дигар ба кор наояд. Танҳо он лаҳзаҳо лаҳзаҳои ҳасрату пушаймонист! Аммо аз он пушаймони чи суд:
  - «чун у натавонад ба зану фарзандаш аз тобут нидо кунад ки аз ин пулу моли ман ба ятимакону муҳтоҷон хайр кунед- то захираи неки охиратам гардад! Натавонад нидо кунад ки аз ин пули ман роҳе, мактабе, масчиде созед- то дастгири ман дар охират гардад! Натавонад нидо кунад ки закоти он молро адо намоед -то ман азоб накашам!
     Ҳарчиро  рузу соати худ бошад. Рузу соат ҳам амонатест ки онро мебояд дар роҳи ба даст овардани «ризои Худованд» сарф кард. Чун рузе сафар мебояд кард- сафаре ки мову шуморо назди Холиқамон хоҳад бурд. Пас он рузу соат на пулу моле ба кор ояд ва на ҷоҳу мансабамон. Балки он рузу соат зарра ба зарра мо муҳтоҷи аъмоли неки худ хоҳем буд. Он аъмоли неке ки мо ба он қудрат ва тавонои доштем нисбати мазлумону бечорагон, ятимону барҷомондагон, мусофирону зиндониён ва пиронсолон!
   Пас ҳар яки моро ҳоло муҳлате ҳаст барои захираи охират ғундоштан. Албатта бояд донем ки муҳлати ҳар яки мо хоҳад ба охир расид- якеро дар ҷавони дигареро дар пири ва ё миёнасоли. Аммо ҳеҷ яки мо намедонем ки он рузу соати болои мо кай хоҳад омад. Пас ҳар як рузу соат ғанимат аст- онро ба фоидаи охират мебояд истифода бурд то рузи «ҷазо» дар миёни «аҳли ҳасрату пушаймонгаштагон»  худро набинем!

    Муаллиф:   Бандаи Худо.

Комментариев нет:

Отправить комментарий