Киссаи “ошики”-ву
окибат Пушаймони!
Умедчон ба истилох «ду пояшро дар як муза дохта» дар гапаш сахт истода
талаб мекард ки «Агар зан гирам танхо Шахлора мегирам- дигараш манда даркор
не»! Волидайну хешу табор хама сифатхои бади модари духтарро ба у
мефахмонданд ки харчанд шавхар дошт солхо шабгарди мекард, туйгарди мекард,
вакте «гайбат»-ро сар мекард гуиё ки дар Точикистон хеч як одами пок
намондааст ба чуз у ва дигару дигар.
Аммо Умедчон мегуфт ки:
-- ман духтарро ба зани мегирам на модарашро. Даркор шавад кач бошад
росташ мекунаму «одамаш» мекунам. Дар байни 1-2 сол худатон мебинед ки чи хел
ин духтар дигар мешавад. Агар Шахлора надихед ин дафъа ба Питер мераваму
дигар барнамегардам. Тамом дигар гап нест.
!!! Умедчон аз солхои
мактаби Шахлоро ки 2 сол аз у хурд буд сахт дуст дошт. У ки писари хурди хона
буд «эрка» калон шуда буд ва барояш тамоми он чизе ки талаб мекард волидайну
бародаронаш эхё мекарданд. Хатто аз мактабхони у автомашинаи бародарашро
гирифта ба мактаб мерафт, либосхое ба бар мекард ки нархаш киммат буд. У
хатто дили муаллимхоро бу пулу тухфахо ёфта буд.
Харчанд оилаи Умедчон чи
падару модар ва чи бародарону хохарон «мазхаби» буданду хама намозхону
сатрпуш ва пайрави дину оин буданд- аммо у охиста охиста аз намоз дур шуд,
бехудагард шуд ва гуиё ки зиндагии «дуняви»-ро пеш мебурд. У дар хурдсоли хело сурахои Куръонро аз ёд
карда хатто соле аз волидайн дур дар назди домуллое дарс мегирифт ва кироати
хуб хам дошт. Аммо бо бахонаи «дунё дигар шудааст», «асри 21 аст» ва гайра аз
тоъату ъибодат як муддат дур шуда буд.
Шахло бошад дар оилае калон
шуда буд ки падар муаллими донишгоху модар шоира. Аммо модар кисми зиёди
вакти худро дар туё маъракахо хамчун «барранда» мегузаронд ва аз ин пули хубе
ба даст меовард. Хулас ин оила оилаи «дуняви» буду на рашк буду на сахтгири
дар пушиши либос, дар шабгардии зану духтар ва хатто дар нушидани нушокихои
спирти. Мардум бештар модари Шахлоро дар бадрафториву бешарму хаёги дида
шавхараш Бахромро «дайюс» мехисобиданд.
Чун занаш 2-3 шабона руз ба хона нояд хам у парвое надошт ва худаш хам
чунин аракнушиву шабнишинихо зиёд
мерафту он чой бо занони номахрам шабхояшро руз мекард.
Шахло
бошад яккаву танхо дар хона дугонахову хамсинфхояшро чамъ мекарду
«шабнишинихо» ташкил мекард. Охиста охиста ба чунин маъракахо Умедчон хам
даъват шуд. У рузхои аввал аз хамсинфхои Шахло каме шарм мекард- аммо ин
муваккат буд чун охиста охиста ба ин одат кард. Акнун у бо Шахло кисми зиёди
вактхои холигиашро мегузаронид. Хатто баъзан хангоми чунин «маъракахо» падар
ё модари Шахло аз «кор» меомаданд чавонон аз онхо шарм намедоштанд. Умедчонро
ба волидайн шинос карда Шахло уро «чураам» мегуфт.
Пас аз хатми мактаб волидайн Умедчонро аввал
ба шахри Душанбе ба бехтарин донишгох дохил карданду соли дуввуми хониш ба
яке аз донишгоххои Санк Петербург «перевод» карданд. Сабаби асосии ба хорич
гуселонидани Умедчон дар он буд ки
волидайн мехостанд то у аз Шахло дур шавад чун хамаруза «гапу
хабархои» зиёде аз ишку ошикии онхо ба гуш мерасид. Онхо аз он метарсиданд ки
рузе «шармандаашон» накунанд.
Умедчон пас аз ду соли донишчуи хангоме ба ватан баргашт ки Шахло хам мактабро хатм
карда буд. Аммо дар набудани Умед у вактро бо дигар хамсинфхову хамдехахо
мегузаронд ва аз набудани «ошикаш» парвое надошт. Харчанд ба Умедчон волидайну дустонаш аз
сифатхои пасти Шахло накл хам мекарданд аммо у гуиё ки ба ин хама бовар надошт.
Муддати як мохе ки Умедчон дар деха буд шабхое мешуд ки у дар хонаи Шахло
мемонд. Ошикон ахд бастанд ки як соли оянда туй мекунанду оила барпо
мекунанд.
Хамин тавр боз як соли донишчуии Умедчон
гузашту у ба ватан баргашт. У акнун дипломи бехтарин донишгохро дошт ва
волидайн мехостанд уро ба ягон чои хуб ба кор монанд. Аммо Умедчон талаб кард
ки аввал уро «хонадор» кунанд. Волидайн рози шуданду номи якчанд духтарони
хешу ёру дустонро номбар карданд. Аммо Умедчон катъиян ба онхо фахмонд ки
гайри Шахло каси дигарро намегирад.
Хоху нохох хостгорхо Шахлоро
ба Умедчон хостгори карданду дар байни мохе туйро рузашро маълум карданд.
Акнун дигар «балое» ба сари волидайн омад. Умедчон талаб мекард ки фалон
хофизи номиро киро кунанду туи «замонави» кунанд.
-- Ту чи мехохи занатро бо тани
«нимбарахна» ба тамошо гузори то хешу табору ёру дустон бинанд ки ту чи хел
зан дори? О ту шарму хаё надори? Агар ту чунин туй куни ман дар туят
намеистам!- гуфт бародараш Саидчон.
-Рост бачам. Мо туро он кадар «эрка» калон
кардем, тамоми он чи ки талаб мекарди ба ту мехаридем, бехтарин донишгох
дохилат кардем- аммо илтимос ки хамин масъаларо сахгири накун. Охир мо хам
волидайнатем ва хак дорем ки ба ту чизе фармоем. Оё ту пас аз туят аз
Худованд фарзандхои солех намехохи? Оё зиндагии хубу бекамбуди намехохи? Оё
тенчиву амони намехохи? Имруз туятро он тавре гузарон ки Худованд аз ин
ъамали ту хурсанд шавад на Шайтон!- ба бахс хамрох шуд падараш.
Аммо афсус ки Шахло чунин
шарт гузошта буд ва Умед дигар илоч надошт. Гуиё ки дар дунё як духтар боки
монда бошад Умедчон суханони волидайну бародарашро «зери по кард»! У карз
карду туяшро «замонави» бо хофизи бехтарин ва болои минбари «шохона» хамрохи
арусаш баромад. Шахло фаттае ба бар дошт ки тамоми танаш намоён буд ва гуиё
ки у аз шарм пеши барашро мепушид то ба мардум натобад. Аммо ин бахонае беш
набуд- чун агар у мехост фаттае мегирифт ки
тамоми баданашро мепушонд.
Пас аз туй Шахло рузхои аввал
гуиё русари(руймол) мекард ки тури буд ва аз буданаш набуданаш хубтар буд.
Куртаи танге ба бар мекард ки танхо матоъаш милли буд аммо мудаш аврупои. Хамин
тавр у хавли меруфт ва назди мехмонон мебаромад. Келини дигари хонадон ва
модари Умедчон ки либосхое ба бар доштанд ки тамоми баданро мепушонд ва
руймолхои калоне ки чавобгуи «сатр» буд борхо ба у таъкид карданд ки хеч не
як муддат аз чунин либоспуши даст кашад аммо ин суханхо аз як гуши Шахло
медаромаду аз дигараш мебаромад.
Охир Саидчон додарашро ба
наздаш хонду шарт гузошт ки:
-- Додар! Занатро либоси хеч
не милли пушон. Охир ту чи хел марди ки на рашк дори на парво! Вакте занат бо
ин либоси тангу пеши бар кушода сахархо кучаро мерубад намебини ки мардуми атроф уро мебинанд. Ин туро ба
хамон хусурат монанд карданист. Бешармиву бехаёги аз хамин сар мешавад додар!
Окибат ин шармандагист!
-- Аккачон ман чи кор кунам.
Шахло мегуяд ки ман тайёр нестам ба сатр кардан. Ман тайёр нестам ба намоз
хондан, тайёр нестам руза гирифтан ва г. Ба ман мухлат дихед мегуяд.- чавоб
до Умедчон.
- Оё хамин занат дигар барои ту тайёр нест
аз баъзе ъамал даст кашад? У бояд зебогиашро барои ту кунад на барои
бегонагон. Чи магар гуфтании ки занат тайёр нест ки зиндагии оиларо сахт
капад? Яъне у боз умед дорад кам кам бехудагарди кунад, дугонабози кунад ва
окибат…… …..?? Додар бин ки боз дер
нашавад!- гуфта Саидчон баромада рафт.
Бегохи хамон руз Умедчон бо
занаш гуфтугуи ру ба ру карду аз сухбаташ бо бародараш уро огох кард. У
илтимос мекард ки хеч не муддате аз либосхои замонавиаш даст кашаду
«мусалмон» шавад. У ваъда дод ки дар шахр хона гирифта Шахлоро мебараду дигар
касе ба зинагиашон кордор намешавад.
- Гуш кун Умед! Ман бе ин хам аз барои ту
шуда аз зиёд феълам даст кашидам. Худро гуиё ки зиндони кардаму боз як «балои
нав»-ро дидаму модарату зани бародарат ба ман чи тавр зиндаги карданро ёд
медиханд. Ман такрор мекунам ки холо барои он чи ки ту мехохи тайёр нестам.
Хохи бо ман зиндаги кардан маро хамин тавр кабул куну якчо ба Душанбе рафта
ба хама сахтихо токат мекунему ичоранишин мешавем. Падару модарам ба мо ёрдам
медиханд. Ана вакташ ки расид ман хам намозхон мешавам хам тарзи
либоспушиамро дигар мекунам.- чавоб дод Шахло.
Ишки Шахло Умедчонро куру
кар ва сангдил карда буду у ба гапхои занаш рафт. Миёни як мох у дар шахр
хонаи кирояе ёфту дуъои волидайнро нагирифта ба шахр кучид. Гуиё ки у як падару
модар дошт ки онхо падару модари Шахло буданд аммо аз волидайни худ фаромуш
карда буд. Хусураш ба у дар яке аз
вазоратхо коре ёфта дод ва акнун у рузхои дароз дар кор буду тамоми фикраш
дар чамъ кардани маблаг барои хариди хонаи нав буд.
Акнун баъзан ба хонаи онхо
дугонахои Шахло паи хам мехмони меомадаги шуданд. Хатто баъзан онхо 1-2 руз
дар хонаи онхо мемонданду Умедчон аз ин парвое надошт. Охиста охиста бо ин
дугонахо як хамдехаашон Бахром меомадаги мешуд ки дар хурдсоли бо Умедчон
каме дусти дошт. Шахло уро хеши дури модар мегуфту ба Умедчон мефахмонд ки у
дугонааш Шоираро хостгор аст.
Умед ки ба хама гуфтахои
Шахло бовар дошт аз ин мехмонон гуиё ки парвое надошт. Баъзан у аз тарафи кор
ба командировка мерафту бо занаш дугонахояш омада меистоданд. Рузхое мешуд ки
занаш бо бахонаи муолича гуиё ба беморхона мерафту соатхо дар хона намешуд.
Аз ин феъли нави занаш хам у бепарво буд. Дар байни муддати як соли зиндагии
аз волидайн чудоаш Умедчон як маротиба ба хонаи волидайн рафту халос. У гуиё
ки чудо хам серкор шуда буд.
Як руз хангоми командировкаи
навбати Умедчон хангоми баргаштан бо хамрохонаш шаб дар хонаи волидайн мехмон
шуд. Сахар у аз бародар хохиш кард ки духтарчаашро ичозат дихад то бо худ
барад ва муддате дар хонааш бо Шахло хамрахи кунад. Духтараки бародараш
Муниса кудаки донову ширингуфтор буд аз ин сабаб Умедчон мехост то занаш аз
чунин хамрох дар набудани у зик нашавад.
Пас аз хафтае Умедчон хангоми
аз кор баргаштан дар дасти Муниса пулу
шакалад диду аз у пурсид ки:
- Мунисачон! ин пулро ба ту ки дод?
- Як амак имруз омада буд. Ана хавай манда
хам пул дод хам шакалад. Вай як дафъа омад ваъда карда буд-ана овард. Боз
ваъда дод ки ин дафъа ки омад лухтакча хам меорад амак!-чавоб дод Муниса.
Акнун каме дар дили Умедчон
рашк пайдо шуд. Охир ин чи амак будааст ки дар набудани у меомадаасту ба
кудак пулу шакалад медодааст. У аз занаш хеч чи дар ин масъала напурсид ва ба
худ накшае кашид ки албатта фахмад ки ин ки бошад ки пеши занаш меояд.
Хамин тавр у аз як хамкораш илтимос карда
мошинашро мухлате гирифту акнун назди биное ки зиндаги мекард поида мегашт.
Аз кор у рухсати дошт –аммо ба занаш мегуфт ки кор меравад. Як руз у ба Шахло
фармуд ки либосхояшро чам кунад чун 1-2 руза командировка меравад. Аммо вай
ба куча баромаду пушди бино дар камин нишаст ва хато накард.
Соате
нагузашту хамон Бахром дар даст борхалтае назди бино пайдо шуд. У бепарвоёна
ба тарафи бино рафт ва ба боло баромад. Умедчон мехост даррав аз пасаш барояд
аммо каме сабр карду дид ки чиянаш дар даст лухтакчае поин фаромаду машгули
бози шуд. Умедчон давида аз назди онхо чиянаш ки бози дошт гузашту нафахмид
ки чи тавр назди дари хонааш расид. У аввал хост то тугмачаи зангро пахш
кунад то занаш дарро кушояд аммо ба
сараш дигар накша омад. У калиди худро бароварда охиста дарро кушод ва дохили
хона шуд.
Даруни хона гуиё касе набуду
на овозеву на одаме наменамуд. Ба худ фикр кард ки мумкин хато кардааст- аммо
лухтаки Муниса ёдаш омаду дари хучраи хобашро кушоду хуш аз сараш парид.
Шахло бо он Бахром машгули ишку ошики ва бепарво аз олам хатто кушодани дарро
хам нафахмидаанд. Умедчон давида корчае гирифту ба он хучра даромад ва аввал
Бахрому занашро мушту лагадкуб мекард. Аз доду фигони «ошикон» хамсояхои
зиёде давида даромада Умедчонро аз куштор боздоштанд. Аммо он хамсояхо вакте
аз ходиса бохабар шуданд ва Шахлову Бахромро урён диданд аз ин ъамали худ
пушаймон шуданд.
- Эй номард! Ту дигар зан наёфти ки бо зани
ман ин корро мекуни? Имруз инхо нагзоштанд то ман шуморо бикушам-аммо донед
ки аз ман панох намеёбед. Ман шуморо аз таги замин ёфта мекушам!- мегуфт
Умедчон.
- Гуш ку чура! Зани ту хамитари ки боша айби
мо чи?! Ту ба худ хамитари зан интихоб кардаи. Оё аз феълу атвори у бехабар
буди? Ман ки намеомадам ин дигар касро фарёд мекард фахмиди?! Зана ки гирифти
«пешаша бояд сари вакт мегирифти» ва мардита нишон медоди! Ин тура «латта»
хисоб мекард на шавхар! Оё намедиди ки чун фохиша либос мепушид?- аммо чаро
боре манъ накарди?! - чавоб дод Бахром.
Аз гуфтахои Бахром маълум
шуд ки Шахло зиёди рузхое ки ба «беморхона» мерафт дар асл назди мардхои
гуногун мерафт. У хеч парвои онро надошт ки шавхар дорад ва ё мардум чи
мегуянд. Он дугонахое ки наздаш хамаруза меомаданд «хамкасбхои» у будаанд ки
уро ба ин рох бурдаанд. Аз бепарвогиву берашкии Умедчон онхо истифода бурда
уро «дайюсча» ном мебурдаанд.
Акнун ба ёди Умедчон суханхои волидайну
бародар мерасид ки огохаш мекарданд. Акнун у «бедор» шуда буд аз хоби
«бепарвоги»! У акнун фахмид ки аз рузхои аввал хатти зиндагиашро качо килеб
кашиду худ гунахкор буд дар он чи ки ба сараш омад. У акнун фахмид ки «ман ба
ин тайёр не- ба он тайёр не»!-гуфтани Шахло чи маъни доштааст.
Яъне холо ман ба зиндагии
оилави тайёр не! Ман ба Бандагии Худованд тайёр не! Ман ба модар шудан тайёр
не! Ман ба келини хуб шудан тайёр не! Ман ба кадбонуву сохибхонаи хакики
шудан тайёр не! Ва баръакс: Ман холо чавонам- каме ишку ошики давом
дихам! Ман бандаги Худоро монда
бандагии Шайтон кунам! Ман либосхои тангу тунуку ним-урён пушам то чавононро
сузонам! Ман то пиронсоли зиндагии бешарму хаёги кунаму танхо пир ки шудам-
ана он вакт ман тайёрам ба он чи ки Худованд фармудаасту Умедчон мехост бубинад рози шавам!
Умедчон хамон соат либосхояшро гун дошту
Мунисаро гирифта ба хонаи волидайн шитофт. Хамин Муниса пеши рохи нийяти бади
уро гирифта буд. У мехост ки худкуши кунад- аммо пешаки бояд чиянашро сихату
саломат ба волидайн расонад. Аммо хама хабархои шуму бад чун одат тез пахн мешаванд. Волидайни Умедчон хам акнун тайёр буданд ба
рох бароянд то фарзандашонро дастгир шаванд- аммо Умедчон худ расида
омад. У Мунисаро ба бародар супорида
аз волидайн зиёд бахшишхо пурсид ва мехост баргардад аммо бародар пеши
рохашро гирифт!:
-- Умедчон!! Ин кадар гуфтаи
ману волидайнро гуш накардиву окибат акнун пушаймон шуди! Аммо ту инро
фаромуш накун ки пас аз он ки ту хатохоятро кабул дориву бахшишхо пурсиди
акнун хамон Умедчони мои! Шахло ки «харомзода» буд- аммо дон ки хама чо пур
аз духтарони Худотарсу окилу доно. Ту хеч кучо намерави! Мон он
«харромзода» тамоми ашёи хонаро сохиб
шавад чун онхо акнун ба ту харроманд. Бехтараш ту тезтар хати талок ба даст
ор то бехтарин духтарро бароят хостгори кунаму ту гузаштаро фаромуш сози!
-- Писарчон! Хеч як лахза мо туро фаромуш
накардаем. Танхо як чиз пеши рохи рафтани мо ба хонаатро мегирифт ки ин хам
зани бешарму хаёат буд. Мо туро «пихил» кардаем ва хатто ба ту кахру газаб
хам накардаем чун он зану хушдоманат мумкин бо «чодугари» туро ба мо бегона
карданд. Писарчон! Холо хам Худоро
шукр кун ки ин кадар бавакт инро пай бурдиву диди. Акнун ту бехтараш гусл ё тахорат куну ду
ракъат намози «шукрона» бихон ва Аллоhро зиёд шукру сипос бигу ва
зиёд тавбаву истигфор кун ба «даргохаш»! У(ч.ч) зийёд Мехрубону Бахшанда аст
ва «тавба»-и туро ки аз сидки дил куни кабул мекунад!- давом дод падараш.
- Худо хохад писарчон акнун
хавову хаваси «булхавасиро» як су партову дар паи зиндагие ки Худованд аз он
хурсанд шавад бош! Насибат бошад як духтари хубу «ботакворо» бароят хуш
кунему хам кори дунёро куну –аммо аз Бандаги фаромуш накун. Бидон ки нафарони
зиёдеанд ки тамоми умр бо чунин занони «фохиша» ва чодугар умри «дайюсона» ба
сар мебаранду гуиё ки рашк надоранд ва ба занхо бовари доранду ба волидайну
наздикон ва ёру дустони «некхох» не!
Худованд дуъохои моро истачоб карду туро ин кадар сари вакт аз зани
бад дур кард. Акнун рузе аз тоъату Худованд дур мабош!- таъкид кард падар.
Умедчон гусли пок карду ба
хучрае ки пеш зиндаги мекард даромад. У харчанд чустучу кард аммо «чойнамозе»
намеёфт то намоз хонад. Акнун у фахмид ки то чи андоза у аз Ислом дур шуда
буд ки ин кадар сол на тоъат дошт ва на ашёи намоз чун чойнамоз. У акнун дарк
кард ки ин солхо бандаи Шайтон шуда буд ва аз бандагии Худованд фарсаххо дур.
У аз бародар чойнамозе гирифту ба хучра баргашт.
Чун намоз сар кард дигар у
оби дидаашро дошта наметавонист. Менолид аз ин кадар соли бенамозиву
бетоъатиаш. Менолид аз он «булхавасиаш» ки аз миёни хазорон духтарон бепарво
«фохишаеро» ба худ чуфт интихоб кард. Менолиду аз Худованд истигфор
металабид:
- Илохо! Ай
Холики Бузургу Тавоно! Эй Холики хамаи махлукот! Эй оне, ки бехтар аз ту касе
нест. Эй мехрубонтар аз модар. Эй гамхортар аз падар. Эй дихандаи хамаи амвол
ва эй гирандаи хамаи амлок. Эй фармонравои самовоти вал арз. Эй он ки сахар
гохон аз ин пас танхо бо ёди ту чашм боз хохам кард. Эй оне, ки ба чуз руй
овардан ба ту имруз чораи дигаре нест. Сад гурези хам окибат дар наздат соати «саволу
чавоб» хозир хохем гашт!
-Хама ъамалро аввал хаст охир хам! Имруз
мани гунахкор аз ин кадар соле ки аз Ту дур шуда будам тавба мекунам! Аз
зиндагие ки ба зиндагии хайвонот монанд буд тавба мекунам! Аз он ки ризои Ту
дар ризои онон аст(волидайн) фармонравои накардам суи Даргахат тавба
меканм! Аз ин ки аз рузи аввали
хонадоршавиам дар оилаи худ аз фармудахоят руй гардонидам –тавба мекунам!
-Ту Худои зебоихо хасти, пас чуз зебои
намеписанди. Ту Худои покихо хасти, пас чуз поки макбулат нест. Ту Худои
мехрубонихо хасти, пас мехри ту фарогири хамаи махлукот аст. Ту Худои баракотхо
хасти, пас баракати Ту хама чоро
сарозер фарогир аст. Аз Ту мепурсам бароям нуре бубахш то бандаи зебои Ту
бошам. Маро пок гардон,пок аз хамаи гилзат. Маро мехрубони кун, ки ба он ниёз
дорам.
--Бароям баракот ато фармо чуноне ки
солехонатро ато фармуди.Танхо хостгори мулокоти Ту хастам! Маро аз ин
пас ба рохи худат хидоят кун чун Ту
хидоят куни гумрохкунандае нест. Маро гумрох магардон, чун Ту гумрох намои
хидояткунандае нест. Куввате атоям фармо то гузаштаро фаромуш созам ва аз он
нийяте ки худкуши кардани будам хеч гох ёде накунам! Зане атоям кун аз занони
«солеха» ончунони ки модарони муъминон буданд, фарзандоне атоям фармо то
«ливобардори»(байракбардори) дини Расулат(с.а.в.с) бошанд! Ё зул Чалоли вал
Икром!
!!! Аз ин пас Умедчон рузе бетоъату
ъибодат набуд, соате бе «зикру» «салавот» набуд. У зиндаги дошт то «бандаги»
кунад ва Худованд зани солехае атояш фармуд. Кудаконе Худованд атояш фармуд
ки зебову зираку доно буданд. Аз кудаки ин кудакон он чунон тарбияе доштанд
ки хамагон хаваси онхоро мекарданд.
У акнун кори дунё мекард аммо боре хам
намозашро казо надошт. Ёру дустону хамкоронро «амри ба ъамалхои маъруф» мекарду «нахйи ба
мункар» ва таъкид мекард ки:
- хеч
як кори дунё наметавонад пеши рохи тоъату ъибодатро гирад. Хеч як молу ашёи
дунё набояд пеши чашми моро кур кунад
то аз Бандагии Холик дур шавем! Чун хама кор «пушаймони» дорад ба чуз
«бандаги»! Зану фарзандонамонро аз рузу соатхои аввал таъкид ба тоъату
ъибодату Бандагиву шарму хаё кунем- чун тибки хадис «Хаё- аз Эмон аст!» Хеч
гох Бандагиро ба фардо пири нагузорем чун умри хеч яки мо ба дасти мо нест-
рузе ман ин дунёро падруд мегуяму, рузе нафаре аз шумо!!
)))))))))))))))))))))))(((((((((((((((((((((((((((((((((
ЪИбрат:
Бародарону хохарони Эмони! Оё имрузхо
чунин вокеахо чун оне ки болои сари Умедчон омадааст магар каманд? Оё мову
шумо кам хабаре мешунавем ки:
Фалони
занашро бо марде капидааст ва ё баръакс- зан мардро бо зане капидааст? Фалони
харчанд занашро болои зино бо марди бегонае капидаасту аммо суд хонаи он
мардро ва ё нисфи хонаро ба он
зани «фохиша» додааст? Яъне ин чиноят нест!
Зиёданд ходисахое ки мард аз шарму хаё хонаву дарашро партофта ба Россия
рафта дигар барнагаштаасту зани «фохиша» ъамали нангини худро давом додааст.
Хаст хамчунин хабархое ки зану мардхо пас аз ин «беобругиву бадноми» даст ба
худкуши задаанд.
Боз имрузхо зиёданд хабархое ки аз мактабхо
ки духтари синфи болои зинокоро шудааст, ва ё кудаки харромие зоидааст.
Зиёданд хабархое ки духтаракону писарони мактабсол хамаруза ба фахшу фохишаги
даст задаанд ва хатто ин ъамалашонро дар телефон сабт карда дар интернет
партофтаанд. Хатто хаст хабархое ки духтаракони мактабхон ба муаллимон ва ё
калонсолон ишку ошики мекунанд!
Устоде мегуяд ки вакте ман як ду
духтаракеро ки лабу руй сурх кардаги, нохунхо дарозу лак кардаги ва либоси
ним-урён доштаро дар мактаб каме сарзаниш кардам дар чавоб медонед чи
гуфтанд??!!:: Гуфтанд ки:
- ту худут кии маълиммм!? Мара отаву очам
ичозат мета фахмиди! Бра сатрдорора бкап мара кордор нашав! Итариш ичозатай
маълиммм!
Магар ин маънии онро надорад ки волидайн
худ тарафдори «берахагардии» духтаронанд? Оё мактаби аввали фарзанд ки
устодаш волидайн аст имруз ба чои фарзандони солеху солеха тарбия кунад-
«оянда фохишахоро» тарбия мекунад?
|
Пас бидонед ки танхо ва танхо конуни Ислом
метавонад тарбияи бехтарин дихнд на тарбияи дуняви. Чун тарбияи дунявиро чи
вазифадору чи коригари одди бепарво метавонад зери по кунад ва натарсад. Аммо
коидаи Илохи ва тарси аз азоби охират танхо метавонанд пеши ин ъамалхои
нангинро гиранд.
Мумкин нафаре ин чо нависад ки дидем
муллохора сатрпушора ва дигару дигар! Аммо онхо фаромуш накунанд ки хама Мусалмонон пайрави Курьону Паёмбари
Охируззамон(с.а.в.с)-ем на номуллое ва ё сатрро шарманда кардае! Онхо донанд ки
ба ном мулло зинокорон душманони Исломанд на намояндагони он! Ва хам инчунин
донанд ки Сатрдороне ки фохишаанд хамчунин аз тарафи душманони дин тайёр карда
шудаанд ва ё «чинояткороне»-анд дар
никоби Мусалмон!
!!
Зиёданд занхое ки вакте ки шавхар аз онхо талаб кунад ки намоз хон ва ё хеч
нашавад либоси тангу ним-урёнатро партову милли ё сатр ба бар кун даррав бахона
меоранд ки «ман холо тайёр нестам!» Ин чи маъни дорад?:
- Агара зан хакикат хохад зиндагии хушу
гувороро, хамдигарфахмиро, мухаббатро оё аз Бандагии Худо руй мегардонад? Оё
дар хона бо либосхои кухнаву буйгин пеши шавхарону дар куча барои «кайфу
сузондани» бегонагон либосхое ки бадан тобад- хушбуихои ранго ба ранг хаминро
мехоханд?
Ману шумо имруз либос ба бар мекунем ки
тамоми баданамонро пушад ва бегонагон танамонро дида «хаваси шахвониашон» зинда
нашавад хамин тавр не? Ё ин ки баъзехо либоси тунуку ним-урён мепушанд то
дигарон бинанду хаваси уро кунанд ва донанд ки онхо аз «берохагардонанд»! Хаст
духтароне ки юбкахои аз зону боло ва ё куратхои тунук ва пеши бар (сина) кушода
мепушанду дар автобусу маршрутка даст болои бар ва ё юбкаашро поён карда
меистад ки гуиё «шарм» дошта истодааст! О намешуд ки хубаш агар ту шарм дори
чунин чун «фохишазанхо» либос напуши?
!!!! Хушо бар Холи Умедчон ки бо ёрии
волидайну бародараш ба рохи Хак баргашт ва аз худкуши даст кашид. Аз ин пас
баъди бозгашт хеч кас хукуки онро надорад уро тахкир кунад ва сухани баде хакаш
гуяд. Таскини дили у ваъадаи Худованд буд ки фармудааст:
-« Эй
банда! Хатто агар гуноххоят чун кух вазнин бошад ру суи даргохи Мо биёр. Тавба
кун- истигфор кун! Навмед мабош! Дуъо кун-Ман(ч.ч.) ичобат мекунам»!!
Пас
нафароне ки чунин ходиса болояшон омад навмед нашаванд ва аз Худованди Бузургу
Тавоно мадад талабанд. Тавонанд фарзандони худро аз фохишазанхо ба худ гиранд
то онхо хам чун модар «ифлос» тарбия
наёбанд. Гар мард ру ба фахш оварда бошад занхоро мебояд аз чунин шавхар дури
чуянд. Ба фарзандон тарбия аввалиндарача Исломи диханд сипас дуняви. Ахлоки
дини волост аз ахлоке ки имруза мактабу донишгоху зиндагии дуняви медихад!
Пас аз имрузхо акли худро кор фармоянд то
фардо дер нашавад. Боки дар Панохи Аллохи Бузургу Тавоно бошед!!
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий