Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 30 марта 2016 г.

Оши Худои ё оши беХудои!



                      Нони «Худои» ё «беХудои»????
    Ин ҳодиса тамоми ъумри маро дигар кард. Аниктараш он кудакони гурусна сабаби «ҳидоят»-и ман ва аҳли оилаам гардиданд.  Намедонам чи тавр он ҳодисаро ба шумо расонам- он чи шуд нависам ва ё аз гузаштаи худ шарм дораму  зиёди  он ҳодисаро  партофта нависам!? Аммо аз барои Худо рости ҳодисаро менависам:
 \\\\\\    «Оши Худои» дар авҷ буд. Меҳмонон паи ҳам зиёд меомаданд ва мо ҳатто вакти онро надоштем аз назди дар дур шуда ба назди меҳмонони нишаста дароем. Як дустам занг зада хабар дод ки раиси ноҳия бо 1-2 меҳмонони «оликадр»-и дигар якчанд дакика пас мерасанд. ҳамма акнун саросема шуданд ва гуиё ҳамин маърака барои ин раису  дигар раисон бошад гирду атрофро тоза мекарданду назди дар саф меоростанд.
    Ногоҳ чашмам ба ҳамон кудакон афтод ки дар боло гуфтам. Он писараки 6-7 сола бо кудаки 2-3 солае буданд ки аз афташ бародарон буданд. Нигоҳҳои он кудакон чунон маҳзун буд ки раҳми ҳама меҳмононро меовард.  Аммо раис нороҳат нашавад гуфта ман ба як ҷиянам фармудам ки онҳоро аз назди маъракахона пеш кунад. Чиянам  суям ҷидди нигариста гуфт:
  - Таfо! Беҳтараш намешавад як табак ош ба ино диҳем то худашон хурда баромада раванд? Охир «нони Худои» ҳакки ҳамин бечораҳост. Инҳо ку ятиманд.
   - Тезтар зада пеш кун ки раис наздик аст! –дод гуфтам ман суи ҷиян.
     Инак маърака ҳам гузашту мо гуиё хотири раҳмати падарамро бо ин оши Худои «шод»  гардонидем.  Аммо аз ҳамон руз ва аникаш ҳамон шаб ман хобҳое медидам ки маро азоб медод. ҳарчанд зиёди он хобҳоро ёдам набошад ҳам аммо нигоҳи раҳмдилонаи он ду кудак миёнаи ҳар як хоб фаромуш нашаванда буд. Гуиё кудакон ба суям бо нафрат менигаристанд. Болои ин раҳмати падар як шаб дар хобам даромаду мегуфт ки «Аз ту барин писар ман безорам!»
   Занам як саҳар ба ман як маслиҳати хубе дод:
 - Мардак он кудакон ба Худованд наздик будагистанд ки ин кадар шумо азоб мекашед. Равед ё онхоро ёфта бахшиш пурседу ба онҳо ягон хайре кунед ва ё аз ягон духтур ё домло маслиҳате пурсед.
    Чун ба мо рафтан ба масҷид «манъ» буд ман масчид ва ё назди мулло рафта натавонистам. Он руз назди як психолог рафтаму у 1- 2 дору навишт. Аммо афсус руз ба руз ман хобамро «гум» кардам. Рузҳои истироҳати он кучаҳоро мегаштам то кудакони бечораро ёбам- аммо гуиё ки онҳо «зери замин» даромада бошанд.
    Як руз ҳамон ҷиянам меҳмони омад ва ман аз у пурсидам ки оё он кудаконро медонад. Агар ҳа илтимос кардам суроfаашонро диҳад то аз хатои кардаи худ рафта бахшиш пурсам. ҷиян гуфт:
  - Таfо! Падари ин кудакон як марди аракхури кучахобкун буд-харчанд якчанд сол пеш пулу молдору «бообуруй» будаст. Дар хамру картабози ҳама пулҳояшро барбод додаст.  Як сол пеш аз маркази шаҳр дар истгоҳи афтобусҳо  мурдаашро ёфтанд. ҳарчанд ин кудакон як модари танҳо доранд аммо боз ҳам айбу шарм нашавад гуфта якчанд нони «худои» ҳам додаанд- аммо на пулу моле доштанду на ҷои коре. Як дусти ман ки ҳамсояи онҳост кам кам ба онҳо ёри мерасонид ва ҳар боре ки ин кудакон ба бозор меомаданд мо ҳам 10-20 сомони ба онҳо медодем то хурока харанд. Аммо он дустам 3-4 моҳ мешавад дар Аврупост ва мумкин ки ин кудаконро ҳеч кас ёри намедиҳад.
   - Инҳо 1-2 маротиба бозор омадаанд аммо ман ҳам дар Хитой будаму ҳеҷнафаре ба инҳо  ёри надодааст. Инак 3-4 мох мешавад онҳоро намебинем. Он рузи маърака  ҳам ман ба онҳо каме пул додаму гуселашон кардам. Суроfаашонро намедонам таfо. Аммо медонам ки дар ҳамсоягии он дустам зиндаги мекунанд.
   Мо ҳарду ба маҳаллае ки дусти ҷиянам мезист рафта суроfкунон хонаи он ятимонро ёфтем. Кудакон аз хона баромада куҷое рафтани буданд. ҷиянам онҳоро дошта пурсид:
- ҳа ҷураҳо! Куҷо меравед? Чаро дигар ба бозор намеоед?
  - Амак ман мактаб мехонам ва танҳо акнун рузҳои шанбе якшанбе ба бозор мошиншуи меравам. Амаки Косим ки нестанд назди шумо намедароем. Имруз ки якшанбест мошиншуи меравем.- ҷавоб дод кудаки калони.
    Вакте мо бо кудакон дохили хонаашон шудем маълум шуд ки модари кудакон дар мактаб фаррош шуда кор мекардаасту 250 сомоние ки маош мегирифтааст танҳо каме ба хурокаашон мерасидааст. Fайри ин ду писар боз як духтари дигари 4-5 сола ҳам доштааст. Болои ин аз пули барку об карзи калоне доштаанд.
   Модари кудакон каме шарм дошту аз аҳволи худу кудакон накл кард ки:
  - Пас аз марги шавҳарам бародару хоҳаронаш омада маро гиребонгир шуданд ки албатт «нони Худои»-ашро медиҳи.  Ман каме ашёи хонаро фурухтам ва каме аз Косимҷон ҳамсояамон карз карда «худои» кардам- аммо дигар зурам ба «душанбеги»-ву «ҷумъаги»- ҳо нарасид. Маош гирам мохе 1-2 бор хурок карда масҷид равон мекунам. Ба ҳамин зурам мерасад.  Азизҷон мактабхон шудаги либосашро худаш мехарад. Худовандро шукр мегуям ки чунин кудакони хуб додааст ба ман.
  -20-30 сомони рузхои истироҳати кор мекунад. Хурдсол ки ҳаст мошиндорҳо ба ин бовар намекунанд мошинашонро шуяд. Рузҳое мешавад ки ягон пул кор накарда бармегарданд. Аз Косимҷон шарм медорам ки карзашро то ба ҳол надодаам чун як моҳа карз гирифта будам.
   - Аппаҷон ягон камбудии дигар ҳам дошта бошед гуед! Ман карзатонро медиҳам ба Косимҷон. Боз чи камбуди доред?- пурсидам ман.
  - Додарҷон! Аз афташ ягон коригари давлатии!? ҳамин як ҳеварам ҳар моҳ омада  мегуяд ки «соли» акама ки гирифтем аз ин хона пешатон мекунам ва хонаро мефурушам-чун хона ба номи акаи худам буд. Тавонед ҳуҷҷатхои хонаамро дуруст кунед. Чанд пуле ки шавад ман оҳиста оҳиста бармегардонам ба шумо!- гуфт он зан.
   Ман дар муддати як ҳафта  тавонистам тамоми ҳуҷҷатхои хонаи он занро дуруст кунам. Чун хона ба номи шавҳараш буду дар он хона танҳо он зану кудакон номнавис(прописка) шуда буданд ин ҳеҷ мушкилие надошт. Акнун ба худу Худованд кавл дода будам ки бо кадри имкон ба он зану кудакон ёри диҳам.
   Аз кори ҳукумати ҳам рафтаму ба тиҷорат машгул шудам.  Дар як маъракаи дустони ҷиянам нишаста Хадисе шунида будам ки : «ҳар ки аз барои ризои Худо аз як коре даст кашад- Худованд ба у аз он беҳтарашро ато мекунад».    ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳоло беҳтарин тиҷорат дорам ва ҳеч кас пеши тоъату ъибодат карданамро намегирад.
     Дигар ҳамма намозҳоямро мехонаму ҳамма фармудаҳои Худованро иҷро менамоям  ва ҳатто миёни шаш мох Қуръонро хонда хатм кардам. Дар кудакиам аз домлое дарси «Қоидаи Багдоди» гирифта будам аз ин сабаб хондани Қуръонро зуд ёд гирифтам.
  «Тафсири Осонбаён»-ро кариб хамма ҷилдҳояшро харида тарҷумаи Қуръонро мехонам ва Ин Шо Аллоҳ бо он ъамал менамоям. Медонед як чи диккати маро дар ин тарҷумаҳо зиёдтар чалб кард:
      -!!Кариб дар ҳама ҷои Қуръон Худованд мефармояд:  «то нони хайрро  ъамали хайрро  ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну мискинон бубахшед! Яъне гар «ризои Худоро» ки хоҳед ба ин тоифа мискинон хайру неки кунед ва Ин Шо Аллоҳ аҷри неке мегиред чун ин фармудаи Худованд аст».
   Пас аз он руз пас ҳар ноне ки медиҳам ба муҳтоҷону дармондагон, ятимону мискинон ва хешон медиҳам то Худованд аз ману гузаштагонам рози бошад. Ҳатто дар фикри он нестам ки «Мардум чи мегуянд»- чун дигарон- чун аҷри аъмоламро аз Худованд интизорам на аз мардум. То ҷое дарк кардам ин аст «хайр» дар Ислом- на он «хайру Худоие» ки танҳо миёни  мардуми мо паҳн шудааст:
  -Нону ош медиҳанд ба «серону»  вазифадорону пулдорон. Аммо каманд чунин нафароне ки тибки фармудаҳои Худованд хайрро таксим кунанд миёни мискинону ятимону ҳоҷатмандон на ин «серону пурон»!
Муаллифф: Садриддин
13.04.2013.
-ь--------ь---\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\/////////////
  ЪИбрат:
    Қиссае ки хондаму ба шумо расонидам ҳакикати имрузаи мардуми Тоҷикистонро нишон медихад. Чун дуруст аст ки мардуми мо зиёд «нони Худои» доранду аммо сарфаҳм намераванд ки онро ба ки диҳанд то Худованд «рози» шавад:
 - Имруз дар маъракаҳои мо болонишинанд муллоҳои сер, раисони сер, пулдорони сер, вазифадорони серу пур - аммо оё шумо боре шунидаед ки дар чунин маъракаҳо болонишин ятимону мискинону ҳочатмандон бошанд? Худованд мафармояд ки ба  хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну мискинон  хайр намоед- аммо мардуми мо инро айбу шарм медонанд. Мумкин ки якчанд камбагале омада оши Худоиро хурда равад аммо соҳибони маъракаҳоро хушашон намеояд хуб онҳоро кабул кунанд.
   Чунин маъракаҳо дар деҳаҳост- акнун дар шаҳру маркази вилояту ноҳияҳо чи мебинем???:
  - Чи дар оши «Худои» ва ё оши туйёна дар шаҳру ноҳияҳо туйхонаҳое ҳаст ки дар он танҳо нафарони вазифадор, пулдору молдор даъват мешаванд ва каме хешу табор. Ҳатто хабарҳое ҳаст ки ба оши «Худои» зиёди онҳо дар ҳолати «масти» меоянд ва аз тоъату ъибодат на хабаре доранд ва на пайраванд. Дар чунин маъракаҳо ба мискинону камбагалону ятимон роҳ нест чун онҳоро зада пеш мекунанд. Ин маъракаҳо аз барои Худо нест- аз барои «худнамои»-ст. Лек дар ин маъракаҳо ҳамон ноМуллоҳо албатта ҳастанд- аммо намегуянд ки ин маъракаи карда «Худои» нест- «беХудоист»! Балки боз ин ноМуллоҳо таърифу тавсифи он пулдору молдорро менамоянд то ба онҳо пулу моли хубе «ҳадя» намоянд.
    Як бародар ки дар маркази яке ҳамин вилоятҳо зиндаги мекунад накл кард ки дар баъзе «ошҳои Худои» ҳатто арак мехуранд. Дар зиёди чунин маъракаҳо агар ҳама ҳам арак нахуранд ҳам  «ОШПАЗХО» кариб ки ҳаммашон арак мехурдаанд.  Ҳатто у гуфт ки дар як чаноза фарзанди кампири мурдаги ба кабрканҳо арак бурда дод ва чунин хабарҳо зиёданд. Пас оё маъракае ки дар он аракхури аст «Худоист» ва ё «БеХудои»? Дар маъракае ки мардумони аз тоъату ъибодат берун бошаду аҳли тоъату ъибодат нест- оё ин Худои аст ё беХудои?
    Чун дар кариб ки ҳама маъракаҳои мардуми мо фармудаҳои Худовандро бегона медонанд, ҳатто ки чун  хабари боло аксаран арак мехуранд, ятимону камбагалонро руи дидан надоранд ва боз ҳам ин маъракаҳоро «оши Худои» меноманд. Дар кучои ин гуна маъракахо аъмолеро мебинед ки Худованд фармуда бошад?
   Дар куръон дар  Оятҳои  36 ва 37-уми сураи "Нисо" ин мазмун омадаанд:
-«Худоро бипарастед ва ҳеч чиз шарики У масозед ва бо падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёру мусоҳибу мусофири роҳгузар ва бардагони худ некӣ (хайр) кунед. Ҳар оина Худо мутаккабирону фахрфурӯшонро дӯст надорад. Онон бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва молеро, ки Худо ба онҳо додаст, пинҳон мекунанд…."
       Пас оё дуруст аст ки ош дихем ва аммо аз фармудахои Худованд пайрави накунем, фармудахову аъмоли Паёмбар (
)-ро накунему боз ин маъракахоро «оши Худои» ном гузорем? Аз чунин маъракахо на «рухи гузаштагон» шод мешаваду на Худованд рози- пас мо чи ъамал кунем?:
   - Он аъмолеро кунем ки Худованд фармудаанд ва Расулаш () ҳам худ кардаанд ва ҳам бар умматон таъкид кардаанд ва ана он вакт он хайр хайри  Худои мешавад на ҳамаруза он чи ки мебинем. Ҳар як нафаре ки худро Мусалмон меҳисобад худ Куръону аҳодис хонад ва пайрави он бошад на пайрави «ноМуллоҳо»и  ҳозиразамон- чун инҳо он чи мефармоянд ки ба фоидаи нафси  худашон бошад на он чи ки Худову Расулаш фармудаанд!
   Ҳамин ҳозир мумкин ҳамон тоифа но«мулло»- ҳо ин маколаро хонда даррав мумкин муаллифашро ҳакорату дашном кунанд ва гуянд:
  - Наход ту «нимчамулло» зиёд дони ё ман? Ин маъракаҳора бобову бибии мо мекарданд мо ҳам мекунем.  «Муллоҳои нав» шумо дунёра вайрон кардед!
    Магар аҷри хайру саховатро Худованд медиҳад- ва ё бобои ту, пири ту, момои ту, фалон домло? Яъне ҳастанд чунин муллоҳое ки гуфтаи бобову биби ва ё кадом домлои нохондаеро аз Қуръону суннат боло меҳисобанд. Худованд фармудааст ки ба мискинону ятимону муҳточон хайру саховат кунед- баъзе «номуллоҳо» фикру акидаи  худро боло меҳисобанд.  Аммо ин ҳама аз барои нафси «палид»-ашон аст ва гумон мекунанд ки « Гар чунин маъракаҳо нашавад- ризку рузии мо кам мешавад»!  Ва илло чи зарурат аст ки камбагалу бевазанҳо, ятимону мискинонро мачбур созанд ки «албатта маъракаҳои  ҳафту чилу соли падар, модар ва ё бобову бибиатро бикун»! Охир ин мискинҳо худ муҳтоҷанд!
   Ман домулло гуфта он нафаронеро меҳисобам ки аз Қуръону суннат сухан гуянд ва худ ъамал дошта бошанд. Мулло гуфта нафареро меҳисобам ки фармояд ва таъкид намояд ба мардумон:
  - бародар ё хоҳар! аз чунин маъракаҳои мекардаат беҳтар мешуд ту худ ҳамаруза намоз бихони ва дар дуъоҳоят дар ҳакки гузаштагонат  «дуъои хайр»  намои- инро Худованд фармудааст ва аҷри неке ваъда кардааст!  Қуръон бихон худат –чун Худованд ваъда додаст ки ба ҳар як ҳарфи хондаат савоби ъазиме ҳам худат ва ҳам бар волидайнат ҳам ҳосил хоҳад шуд. Гар хайр кардани шуди мувофики шароити доштаат : 1 линга орд, 5 литр равган, гушту биринҷ, канду шакар ва либосае бурда бар хонаи ятимакон ё мискинони муҳтоҷ  бидеҳ- он кадар «аҷре» худ ва гузаштагонат ҳосил хоҳанд кард ки шумораашро танҳо Худованд донад! Аз он «худои»-е ки кардании ин ҳазор маротиба беҳтар аст.
    Афсус ки каманд чунин домло ва ё мусалмонони ъилмдор ки дар мадди аввал дар масъалаи хайру эҳсону неки фармудахои Худованду суннати Набавиро бар мардумони намедонистаги  расонанд. Баъзеи чунин домлохо аз он метарсанд ки гар сухани «ҳак»-ро гуянд зиёди он «номуллоҳо» хаффа мешаванд ва онҳоро «сиёҳ» мекунанд- аммо дар фикри он нестанд ки хаффа шудан гиранд «ман аз Худованд аҷр мехоҳам» на аз ин ноМуллоҳои замон.
     Ҳазорҳо домло дорем, муфтиёт дорем, воизон дорем аммо кам аз забони онҳо намешунавем ки мафҳуми «хайру Худои» аз кучо пайдо шудааст ва чиро «Хайру Худои» метавон ҳисобид тибки ояҳои Куръону аҳодиси Набави.  Аз Таърихи пайдоиши ин «ҳафту» «чилу» «солу» «ҳар сари соли» намегуянд ки: оё ин аз Ислом аст ва ё ҳакикат аз Насрониён(дар асл насрониён чунин маъракаҳо барои мурдагон доранд ва дар китобҳояшон таъкид шудааст – на дар Ислом)?
   Ин «ноМуллоҳо»( на ҳама)  нони Худои гуфта болонишинии худу пулдоронро медонанд, пулу моле ки ҳар чи зиёдтар ба онҳо диҳанд медонанд. Аммо касе ки онҳоро  маърака даъват кунад инҳо зуд сар мекунанд:
  - Хатми  Қуръони тайёр дорам. Фалони фалони домлоҳора фарёд кунед, ину он хурок монед, ба муллоҳо чанд пули дихед ва гайра.
    2-3 сура мехонанду хатми тайёр меҳисобанд, намегуянд ки нони  хайрро  ба ки диҳи хуб аст ва кадом хайрро Худованд кабул мекунад. Чун ҳакро гуянд дигар ба онҳо пулу мол кам мерасад. Аз барои нафси палиди худ  аз фармудаҳои Худованду Паёмбар () дур шудаанд ва ҳамчунин мехоҳанд мардум ҳам дур шаванд!
   МАН УЗР МЕХОҳАМ АЗ ОН НАФАРОНЕ КИ ҳАКИКАТ УЛАМОИ ИСЛОМАНД, ВОИЗОНИ ЗАМОНАНД, ПАЙРАВОНИ КУРЪОНУ СУННАТИ НАБАВИАНД- МАН ОНҳОРО ДАР НАЗАР НАДОРАМ ҳАНГОМЕ КИ ноМУЛЛОҳО МЕНАВИСТАМ.
    ҳАР КИ ПАЙРАВИ ДИНИ ИСЛОМ АСТ ПЕШ АЗ ҳАМА АЗ ФАРМУДАҳОИ ХУДОВАНДИ (фарзу воҷиб) ВА СИПАС АЗ АЪМОЛИ ПАЁМБАР (суннат) БОЯД ПАЙРАВ БОШАД- АММО БУБИНЕД КИ ЗИЁДИ ноМУЛЛОҳОЕ КИ МАН ГУФТАМ ФАРЗУ СУННАТРО НОЧИЗ МЕДОНАНДУ ГУФТАИ БОБОВУ БИБИ Ё ЯГОН МУЛЛОЕ КИ ЪИЛМИ КАМЕ ДОШТУ АКЛИ ХУДРО АЗ КУРЪОНУ СУННАТ БОЛО МЕДОНИСТ ПАЙРАВИ МЕФАРМОЯНД.
   !!!!!!ОХИР ДАР КУРЪОНУ СУННАТИ НАБАВИ ҳАР ЧИ ФАРМУДА ШУДААСТ ИХТИЛОФ НЕСТ ВА ҳЕЧ ЯК МУСАЛМОН ОНРО ЗИД БАРОМАДА НАМЕТАВОНАД - АММО ИН ноМУЛЛОҳО ОН АЪМОЛЕ МЕФАРМОЯНД КИ БА «ҷЕБАК»-У ИШКАМИ ОНҳО ФОИДА ОРАД. ВА АЗ ҳАМА АСОС ИН АЪМОЛ ЗИЁД «ИХТИЛОФ»-У ЗИДДИЯТҳО ДОРАД.
    !МАГАР ХУДОВАНД ДАР КУРЪОН БА МИСКИНОН ХАЙРУ НЕКИ  НАФАРМУД?-Аммо ин ноМУЛЛОҳОИ ИМРУЗА ЧУН НАСРОНИЁН  ҳАФТУ ЧИЛУ СОЛ МЕФАРМОЯНД БАР СЕРУ ПУРОН- НА МИСКИНОНУ ЯТИМОН!
   !МАГАР ХУДОВАНД
ҳАНГОМИ ҳОЧАТУ ВАЗНИНИ НАМОЗУ ДУЪО НАФАРМУД?- Аммо ин ноМУЛЛОҳО МЕФАРМОЯНД КИ САРИ КАБРИ ФАЛОН ҳАЗРАТ РАВ, ПУЛУ МОЛУ ГУСФАНД БА ОН ноМУЛЛОҳОИ САРИ КАБР МЕНИШАСТАГИ «хайр» КУН  БАХТАТ КУШОДА МЕШАВАД, МУШКИЛАТ ОСОН МЕШАВАД,  БЕМОРИАТ ШИФО МЕЁБАД ВА fайра.  ДАР КУЧОИ ҚУРЪОН ИН ОМАДААСТ? ҳарчанд сари кабр рафтан ичозат бошад ҳам – аммо чун барои ҳочат бошад ЩИРК аст!
   МАГАР ХУДОВАНД СЕҳРУ ЧОДУВУ ПЕШГУИРО(ъилми Fайб) КУФР НАФАРМУД?- аммо БАЪЗЕИ ИН  ноМУЛЛОҳОИ ЗАМОН ХУД ПЕШГУИ МЕКУНАНД, БА ЧОИ НАМОЗИ «ШУКРОНА»-ВУ НАМОЗИ «ҳОЧАТ» ВА «ИСТИХОРА» ХОНДАН - БА «ГУМРОҳОН» МОЛУ ЧОРВОИ СУРХУ КАБУТ МЕФАРМОЯНД, ТУХМУ СУЗАНУ ҚУЛФ МЕДИҳАНД ВА ХУД «ЩИРК»-И МАҳЗ МЕКУНАНД.    
    Пас ай бародарону хоҳарони Исломи!: Донед ки Хайру саховат ва неки онест ки Худованду Расулаш () фармудаанд на он маъракаҳову аъмоле ки миёни мардуми  мо (дар дигар олами Ислом нест) паҳн шудааст. Пас ризои Худовандро ки хоҳед пайрави Қуръону Суннати Набави бошед ва хайр ба хешону ятимону мискинон ва асирону ҳоҷатмандон намоед то Худованд аз он хайри шумо «рози» бошад. Равед ба ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон, хонаҳои маъюбон, хонаҳои беморони руҳи хайр кунед- ин аст Ислом! Ва илло агар хайре кунед барои пулдорону вазифадорон ва ё худнамои он рузи саволу ҷавоб Худованд бар шумо гуяд:
- «савоби он хайрхоятонро аз он нафароне гиред ки ба нийяти хурсандиву ризои онҳо хайр кардаед. Шумо аз барои ризои Ман(ҷ.ҷ) хайр накардаед»!
    Аҷри аъмолро Худованд худ диҳад- пас он аъмоле ки У (ҷ.ҷ) фармуд  ичро кунем аҷри неке моро интизор аст. Ва илло дар тую маъракаҳои худ ҳамон ъамалҳоро давом додан гирем ин барои «худнамои» аст- на аз барои Ризои Худованд.
   Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайгамбар () фармудаанд: Худованди  Мутаъол  рузи киёмат мефармояд:
   -Эй фарзанди одам! Ман бемор шудам, ту манро хабар нагирифти. Банда гуяд: Худовандо! Ман туро чи гуна хабар мегирифтам, ҳол он, ки Ту Парвардигори чаҳониёни.  Худованд гуяд: Ое надонисти, ки фалон бандаи ман бемор шуд? Агар ту уро хабар мегирифти дар онҷо ба раҳмати Ман сазовор мешуди. Худованд мегуяд:
-Эй фарзанди Одам! Ман аз ту хурок хостам, ту манро хурок надоди. Банда мегуяд: Худовандо! Ман Туро чи гуна хурок медодам, хол он, ки Парвардигори ҷаҳониёни. Худованд гуяд: Ое надонисти, ки фалон бандаи Ман аз ту хурок хост? Агар ту уро хурок медоди, ҳозир аҷри уро аз Ман мегирифти. Худованд мегуяд:
- Эй фарзанди Одам! Ман аз ту об хостам, ту Манро об надоди. Банда мегуяд: Худовандо! Чи гуна ман туро об медодам, хол он, ки Ту Парвардигори ҷаҳониёни. Худованд мегуяд: Фалон бандаи ман аз ту об хост, пас ту уро об нанушонди. Агар ту ба у об менушонди, ҳозир аҷри онро мегирифти.
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\/////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\
      Ба дурусти ки роҳҳои ризои Худовандро ба даст овардан зиёданд ва он роҳҳоро мо аз Қуръону аҳодиси Набави метавонем пайдо намоему пайрав бошем. Худ бубинед ки Худованд дар чандин ҷои Қуръон ва Паёмбар ()   дар зиёди аҳодиси худ хайру некиро пеш аз ҳама ба муҳтоҷону ятимону барҷомондагон фармудааст- аммо мо оё он фармудаҳоро пайрав ҳастем ё хайр?
    Аз ин бармеояд ки некиву хайре ки ба ятимону мискинон менамои ҳазор маротиба аз он «худои»- ҳое ки мо имрузҳо дорем авлотар аст чун онро Худову Расулаш()    фармудаанд. Пас донед ки фармудаи Худованд бар мо «Қарз»(фарз) аст- аммо он «худои»-е ки мо мекунем амраш «мустаҳаб»! Лек  афсус ки зиёди мо на аз фармудаҳои Худову Расулаш пайравем- балки аз хабаре ки аз бобову бибиамон, ва ё аз яке аз уламо дарёфтаем ва имруз ин хабарро баъзеҳо кабул доранду баъзеҳо онро «бидъат» мехонанд пайрави менамоем.
   Аллоҳи Мутаъол роҳҳои ба даст овардани «ризояш»-ро бар ҳар яки мо «бандагон»-аш осон бигардонад! Омин!

    Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий