Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 30 марта 2016 г.

Неъматхои бемисл!



                                 НЕЪМАТҲОИ БЕМИСЛ!
     Манучеҳр хост аз интернет сайти он корхонае ки дасту пойҳои сунъии хуб  истеҳсол мекунад ёфта нархи пои сунъиро фаҳмад. У намехост чун зиёди маъюбон пои пластмасии беҳаракат дошта бошад. Сайти  он корхонаро ёфту аммо ба забони япониву англиси. Сипас у ба Раҳимҷон писари амакаш занг заду хоҳиш кард то пас аз дарсҳо наздаш биёяд.
   Акнун Рахимҷон ки забони англисиро медонист ба он нархномахо назар мекарду намедонист чи тавр нархҳои гарони он пои сунъиро ба Манучеҳр фаҳмонад. Охир пас аз ду ҷарроҳи, пас аз он ки ба нафароне ки дар садамаи аз пушти Манучеҳр сар зада пули зиёде сарф карда буданд дар хонаашон пуле намонда буд.  Ғайри  он ҳама пули сарф кардаи худашон боз волидайни Манучеҳр маҷбур шуда буданд аз хешу наздикон пули калоне қарз кунанд.
   Аммо Манучехр ки муддати 21 руз дар «кома»( ҳолати беёди) буд ин ҳамаро намедонист. У гумон дошт ки падару модару амакаш ба у пои сунъие мехаранду у метавонад аз ин пас ҳам бо пои худ рох гардад.
    -27 ҳазор доллар аз ҳама пои оддияш, 49 ҳазор доллар пое ки қариб ба монанди пои одами будааст Манучеҳрҷон! Ғайри ин ҳаққи оварда расонидан мумкин 1-2 ҳазор доллари дигар шавад! Дар корхонаи маъюбони худамон 100-200 доллар- беҳтараш аз ҳамон ҷо гир- гуфт Раҳимҷон.
  - Ин қадар гарон? Ба фикрам ин қадар пул падарам надорад. Не, дар                   Тоҷикистон месохтаги танҳо пластмаси беҳаракат- ман мехоҳам чун пои ҳақиқи ҳаракат кунад. Бехтараш ман аз бонк қарз карда худам ба Япония раваму ягон роҳи арзонтар харидани пои сунъиро ёбам. Ё як хонае ки дар атрофи шаҳр дорем падарам фурушаду ба ман пои сунъи харад!- чавоб гуфт Манучеҳр.
   - Манучеҳр! Он хонаро падарат фурухта ба он нафароне ки дар садама чун ту маъюб шуда буданд пулашро бурда доданд. Ту медони ки чанд нафарро маъюб карди? Ҳоло  аҳволи ту аз онҳо дида хубтар аст- аммо ду нафаре ки дар беморхона вафот карданд, як нафаре ки як дасту устухони сараш шикаставу аз гап мондааст, як нафаре ки худ маъюб шудаасту мошини гаронбахояш дигар ба таъмир кардан намешавад!-  Раҳимчонро овозаш баланд шуд.
  - Оё ман борҳо нагуфтам ки додар аз ин роҳи бад гард? Нагуфтам  ки ин «масти оқибаташ пастист»? Ту боши ба пулу мол мағрур шуда ҳатто гапи падаратро намегирифти, шабҳо ба хона намеомади, ҳарруз пул талаб мекарди! Гар дар ҳамон ҳолати масти мемурди –ҳарром мемурди. Мефаҳми ту!
   - Чи хел? Ки мурдааст? Оё Сурайё ва ё Мусик? Кадомашон?- ба даҳшат афтод Манучеҳр.
  - Не аз мошини ту Сурайё маъюб шудаасту дигар ҳарф гуфта наметавонад- аммо Мусикро(Муҳсин) Худованд сабук наҷот додааст. Уро як пояшу 2 қабурғааш шикаста буду халос. Ҳоло  у бо пои худ ҳатто мегардад. Аммо аз он мошине ки бо шумо бархурда буду ба ҷарри афтод ду нафар ҳалок шуда як нафар маъюбу беҳол дар беморхона хобанд. Падарат пули калоне барои сарфи беморхонаҳо, барои  гуру чуб, барои нафақаи ятимакони онҳо дод, боз нарасид қарз карда як мошини нави қимматбаҳо барояшон ба ивази мошинашон харид. Ин ҳама барои он ки онҳо аз гуноҳат гузаранд ва туро зиндони накунанд- ҷавоб гуфт Раҳимчон.
  - Аммо ба Сурайё чи мекуни? Охир вай дигар ҳарф намегуяд! Оё ба ваъдаат меисти ва уро ба зани мегири? Охир шабу руз у бо ту буд, на падар мегуфту на модар ва на шарму ҳаёе аз мардумон дошт. Бо у чи мекуни?- пурсид Раҳимҷон!
    «Худкардаро даво нест»- фикр кард Манучеҳр. Ин ҳама аз паси арақхуриву зинокории ман шудааст. Охир он рузззз………..
   
    Он руз ҳангоми бозгашт аз донишгоҳ у ҳамрохи Муҳсин ба хонаи Сурайё рафтанд. Аз у хохиш карданд то ягон дугонаеашро ҳамрох гираду ба «дарра» раванд. Сурайё гуфт ки беҳтараш он духтари холаашро ки дар наздикии дарра зиндаги мекард бо худ гиранд.
   Он руз ва ҳатто то нисфи шаб чавонони бепарво аз олам арақхури мекарданд, зино мекарданд ва на парвое аз волидайну наздикон доштанду на тарсе аз Худованд. Гуие ки ин дунё онҳо барои кайфу сафо омада бошанд. Ҳар  боре ки ба телефони духтари холаи Сурайё наздиконаш занг мезаданд у худ телефонро бардошта мегуфт ки хавотир нашаванд- чун у дар хонаи мост (яъне холааш)!
    Субҳи барвақт Манучеҳрро ба ёдаш омад ки имруз у имтиҳон дорад. Пас ҳатто оббози хам накарда дасту руй шусту бо дигарон зуд ба роҳ баромад. Онҳо духтари холаи Сурайёро дар наздикии деҳаашон фароварда бо суръати баланд суи шаҳр ҳаракат доштанд. Аммо дар асл Манучеҳр аз нушидани арақи зиёд ҳоло ҳам гуиё парвоз дошт ва аз ин тарафи роҳ ба он тараф мерафт ва якчанд маротиба қариб ба мошинҳои ру ба ру бармехурд. Охирин гардиши калон буд ки Манучеҳрро хобаш бурд – аммо суръати мошин он қадар баланд буд ки болои Лексус-и  меомада равона шуд.
    Пас аз садама он мошин рост ба ҷарри рафт- аммо мошини Манучеҳр ки ин ҳангом чаппа шуда буд ба теппае бархурду дар чояш истод. У акнун дигар пояшро ки дарри мошин  зер карда устухонашро майда карда буд ҳис намекард. Хуни зиёде аз пову рухсорааш равон буд. Мардумони ҷамъомада ҳарчанд ҳаракат мекарданд уро аз мошин бароранд аммо наметавонистанд- ва ин тавр то омадани мошинҳои ёрии таъҷили ва ёрирасон.
   Манучеҳр 21 руз дар ҳолати «кома» хоб буд. Боз пас аз ба худ омадан қариб ду моҳи дигар у табобат гирифт. Дар ин муддат касе ба у аз аҳволи ҳамрохонаш ва он мошине ки ба он бархурда буд намегуфтанд.
   Аммо дар асл падари у ҳама дороияшро сарф мекард то писарашро «сафед» кунад. У акнун аз тарбияи додаи худ пушаймон буд, аз бепарвогии худ пушаймон буд, аз мошини қимматбаҳои ба писараш харидааш пушаймон буд. У худро дашному сарзаниш мекард ки:
  - Ман худ ки бо ин қадар азобу вазнини хондам, хонадор шудам, меҳнат карда вазифадор шудам- чаро ин баччаро ин қадар «эрка» кардам? Чаро аз шабгардиҳояш, аз арақхуриҳояш, аз духтарбозиҳояш пешгири накардам? Ба ин гуноҳи кардаи писар ман ҳам сад дар сад гунаҳкорам. Охир маро Худованд аз як деҳаи кухсор ба ин шаҳр оварда соҳибу пулу молу вазифаам кард – аммо ман дар иваз чи кор кардам?
    У ба хонаи он дар садама мурдаҳо қариб ки ҳарруз мерафт, орду равгану хурока мебурд, ба кудакони ятиммонда бозичаҳо мехарид, пули калоне                «ҷубронпули» дод- то аз гунохи ягона писараш гузаранд. Барои он нафароне ки маъюб шуда буданд доруву дармон мебурд, беҳтарин духтуронро даъват мекард то инҳо ҳам аз гуноҳи писараш гузаранд.
   Ҳарчанд  ин кадар у «ғамхори» мекард аммо мурдаҳоро дигар зинда карда нашавад! Пои писарашро сиҳат карда нашавад! Он маъюбонро бо пулу мол саломати дода нашавад!
    Акнун ин падар дарк кард ки то чи андоза зиндагии БеХудоги оқибаташ пастиву  хориву зиллат мешудааст. У дарк кард ки Худованди Меҳрубон ин қадар соле ки у худ аз тоъату ъибодат дур монд, руй ба хамру ҳарромкардаҳо овард, зану фарзандонашро аз Дину оин дур кард- боре ҳам ба у ғазаб накард.
  -«Худованд дергиру- сахтгир аст»!- мегуянд.  Ин қадар сол ки у ислоҳ нашуд анна акнун санҷиши вазнине болояш овард ки як умр аз хотираш нахохад рафт. Ягона писарашро бе по ҳар бор ки дид он солҳои беХудогиву бепарвогияш ба ёдаш  хоҳад омад.
   У акнун дар ҳама намозҳо иштирок менамуд, шабҳо хеста тавбаву истиғфор ва бахшиш мехост аз Худованд. Замоне ки писараш ба у нархи «пои сунъи»-ро гуфт тавбаву истиғфори у дучанд шуд. Чун акнун у дарк кард ки:
   - Он «неъмат»- ҳои Илоҳи  арзиши ҳама оламро доштаанд. Як пои сунъие ки чун пои одди пурра кор накунад ки 20-30 000 доллар бошад пас пое ки Худованд худ ба бандааш ато фармуд нархи тамоми боигарии олам будааст! Ҳамин  неъмати тенҷиву осоише ки ин қадар сол дар оилаи у буд чи қадар пурарзиш будааст.
  Акои Соҳиб ба ёд овард он лаҳзаеро ки ба духтур мегуфт:
  - Духтурҷон ба писарам шифо диҳед- чи қадар пуле ки гуед меорам. Як ъумр дар хизмататон ман қарздор мемонам. Ҳар  чи ки аз дастатон ояд кунед!
    Акнун у дарк кард ки барои он қадар неъматҳои дода на аз духтур балки аз Холиқаш (ҷ.ҷ) у қарздор аст. У як ъумр на хизмати духтур-балки дар хизмати Аллоҳ бояд мебуд, аммо афсуссс. У донист ки Худованд то чи андоза меҳрубон аст ки на пулу мол мехоҳад ба ивази неъматҳояш- балки танҳо ва танҳо тоъату ъибодати холис.
  У инро замоне дарк кард ки рузе набуд ки як хабари баде аз аҳволи беморон ва ё аз хонаводаи вафоткардагон барояш намерасид! Замоне ки у тенҷу амон буд ёде аз ин фармудаҳои Худованди намекард.
      Шоир чи зебо васф кардаанд ки:
Эй банда ту сахт бевафои.
Аз кибр ба суи мо наои.
Гар дард диҳам ба ҷони зорат.
Зори бикуни давида ои.
Он гаҳ ки туро шифо бибахшам.
Осуда шави дигар наои.
///////////////////////////////////////////////////////\\\
   Ъибрат:
    Албатта ба қадри «неъмат» ҳар «нохалаф» нарасад! Неъматҳое ки Худованд бар мо бандагон арзони ато фармуд, тенҷиву амоние ки ато фармуд, фарзанду наздиконе ки ато фармуд оё шумо медонед ки чи кадар арзише доштааст? Гар ҳама пули Бил Гейтс ва дигар миллардеронро ки сарф куни қиммати онро адо карда натавони! Чи тавр- мепурсед баъзеи шумо!
   Марҳамат худ бубинед ки олимон сад солаҳо мехоҳанд дили сунъи, дасти сунъи, пои сунъи ва дигару дигар узвро бисозанд ки чун Худодода кор кунад- аммо оё онҳо муваффақ шудаанд? Онҳо сохтаанд –аммо ҳатто 5% чун дасту пову дили Худодода кор намекунад! Пас оё онҳо муваффақ шудаанд? Ҳаргиз  не!
   Олимон нони сунъи, себи сунъи, гушти сунъи ва дигар хурокаро баровардаанд- аммо оё он маззаи он «неъматҳо»-и Худододро дорад? Ҳаргиз  не!
    Пас бубинед ки он олимон зери даст ҳама техника, пулу моли калон, ашёҳои заруриро доранд аммо сохтаҳои онҳо ночизанд. Он неъмати даст, неъмати пой, неъмати дил, неъмати чашм ва гайраро ки Худованд ба бандагонаш ато фармудааст арзиши тамоми моли дунёро доранд. Ҳатто  хурдтарин неъмат- неъмати хазм кардани хурока бубинед ки чи қадар заруру нотакрор аст. Неъмати нафас кашидан бо шуши Худодода бубинед ки чи қадар зарур аст!
   Аммо оё мо бандагон дар асл «ШУКРОНАИ НЕЪМАТ»- ҳои Илоҳиро карда тавонем!  Шоир  дар васфи «Шукронаи неъматхои Илоҳи» чи зебо навиштаанд ки:
 Ман бе Ту даме карор натавонам кард,
 Эҳсони Туро шумор натавонам кард!
 Гар бар тани ман забон шавад ҳар муе,
 Як шукри Ту аз ҳазор натавонам кард.

     Гар бар тани ман  забон шавад ҳар муе- як шукри «неъматат»-ро аз ҳазорхову миллионҳо неъматҳоят натавонам кард ИЛОҲО!!!
    Чун дар ҳодисае ки дар боло навиштаем замоне ки бандагони Худо каме пулу молу вазифадор мешаванд ба чои он ки дар ъамал зиёдтар тоъату ъибодату шукронаи неъматҳои Аллоҳро кунанд- баръакс аз У дур мешаванд. Ҷавонони  имруза ки ҳоло маззаи гуруснагиро начашидаанд, тенҷу амононанд гуиё ки 1000  сол умр медида бошанд парвое аз «фармудаҳои Худованди» надоранд. Маъзарат мехоҳам аз ҷавонони «обид»-у Худотарс!
   !!Худованд фармояд тоъату ъибодат кунед!- зиёди мардумон ё аз дин дуранд, ҳатто масхара мекунанд ва ё мегуянд ки пир шавам намоз мехонам, тоъат мекунам! Гуиё ки ъумри онҳо дар дасти худашон аст- чи қадаре ки хоҳанд зиндаги мекарда бошанд!
    !!Худованд фармояд ки хамр нахур, зино накун!- зиёди мардумон баръакс ошиқи хамру зино шудаанд, ҳарромкардахои Худоро бепарво истеъмол мекунанд.
    !!Худованд хайру саховату неки фармояд!- зиёди мардумон баръакс камбағалону ятимаконро масхара карда онҳоро паст мезананд ва суханони
ноҷой  мегуянд.
     Аммо дар аввалин «шикаст» ки ру ба ру шуданд (чун ҳодисаи боло) мебини ки он рузу шабҳо пушаймон мешаванд, ба тоъату ъибодат руй меоранд, тавбаву истиғфор мекунанд. Албатта гар он аз «сидқи дил» бошад Ин Шо Аллоҳ қабул хоҳад шуд.  Аммо сухан ин ҷо дар дигар аст:
   - Оё намешуд аз рузи аввал дар зиндаги ҳамаруза ёди Худованд, тоъату ъибодат, хайру саховат ба қадри имкон, некиву некхоҳи дошта бошанд? Оё то ба шикаст ки ру ба руй нашаванд аз Мусалмон будани худ ёд намекунанд? Чи имтихонҳое ба онҳо зарур аст ки ҳақиқат Мусалмон бошанд?
   Худованди Мутаъол дар Каломаш Сураи Бақара ояти 156  бар мо бандагон мефармояд:
   -«ФАЗКУРУНИ, АЗКУРКУМ-ВАШКУРУЛИ ВА ЛО ТАКФУРУН» - ЯЪНЕ   "Ёд кунед Маро дар неъмату шодиҳо- то ёд кунам шуморо дар сахтию балоҳо.  Ёд кунед Маро ба ягонаги ва имон-то ёд кунам шуморо ба              «ҷаннату ризвон».  Ёд кунед Маро ба ихлос- то ёд кунам шуморо ба халос. Ёд кунед Маро дар саломати- то ёд кунам шуморо ҳангоми бемори. Ёд кунед Маро дар ҷамъи ёрон- то ёд кунам шуморо миёни беҳтаринхо (фариштагон)!
  «вашкурули ва ло такфурун»- яъне шукронаи Неъматҳои Ман кунед ва аз ноШукр бандагон мабошед! Вале агар шумо дар баробари неъматҳои атокардаи Ман носипосӣ кунед ва онҳоро инкор намоед, бидонед, ки азоби Ман бисёр сахт аст»!
    Пас бародарону хоҳарони Эмони! Донед ки ҳар бандаеро ки Худованд ёд кард аҳволи у нек хоҳад шуд. Дар зиндагии ҳар бандае ки Худованд ҳаст у растагор хоҳад шуд ва ҳама некиву неъматҳоро барояш Худованд арзони ато фармояд. Хоҳи ки Худовандат туро ёд кунад- ту ҳаррузу ҳар соат У-ро ёд кун. Чун зулму ситам, зинову хамрнуши, кибру ғурур, бетоъативу нофармонии Худованд- ин ҳама аз дур шудан аз фармудаҳои Худовандист!
    Бармегардем ба он қиссае ки боло навиштаам. Он падар ва чавони бе по монда то замоне ки ба шикасти вазнин ру ба ру нашуданд зиёд аз Худованд дур шуда буданд (чун зиёди мардумони имруза) - ва инак ба чунин ҳолат расиданд. Акнун онон донистанд ки он неъматҳои Илоҳи чи қадар бемислу беназиранд. Худованд ин ҳамаро бар мо бандагон ато фармуду бар ивазаш танҳо «тоъату ъибодат», хайру саховат ба бандагонаш, ва дур шудан аз ҳарромкардаҳояшро фармуд.
    Баъзеҳо гумон мекунанд ки чи қадар вазифаву нархи сабуке фармуд Худованд  - аммо ин ба зиёди мардумон аз куҳ ҳам гаронтар аст. Нафаре ки ошиқи намозу масҷид аст, ошиқи рузаву хайру саховат аст, ошиқи фармонбардории Илоҳи аст- барои у осону роҳатбахш аст. Аммо бар он бандагоне ки аз пулу молу ҷоҳу мансаб(вазифа) мағрур шудаанд- ин фармудаҳо чи қадар барояшон  вазнину гарон аст.
    Дар ҷаҳон аз ҳама бузургтарин робита ҳамон робитаест, ки байни Холиқ ва махлуқ идома мекунад. Ҳадаф аз дин низ ҳамин аст, ки банда бо тоату ибодат ин робитаро қавӣ мегардонад. Манбаъ ва сарчашмаи файз танҳо намоз буда, Худованд ҳам мехоҳад,ки ҳама бандагонашро дар ин дарёи беканори худ ғарқ намояд. Ҳар кас, ки рӯҳ ва ботини худро бо намоз сайқал медиҳад, албатта бо Худои Таъоло ба саволу ҷавоб омода мешавад.
   Бандаи «Обид» аз парастиши Парвардигор ончунон лаззат мегирад, ки лаззатҳои ҷаҳон дар пеши он ночизу камқадр аст. Аз ин рӯ, гузаштагонамон ба намоз дилбастагии зиёд доштанд. На ончунон намозе ки имрузҳо зиёди мардумони мо доранд- балки намозе ки бо «хушуъу бо хузуъ»- яъне бо ҳузури дилу ихлоси комил.
   Онҳо ба хотири ҳалли ҳар як мушкилот намоз мехонданд. Ба хотири мужда ва шодмоние, ки дар рӯзгори онҳо рух медод, ҳатман ду ракаат намози шукрона мехонданд. Чун намози шукронаи хонадор шудан, фарзанддор шудан, ба ҳавлӣ ё хонаи нав кӯчидан, соҳиби касбу кор шудан, ба сафар баромадан, аз сафар саломат баргаштан ва ғайра!
    Шайхурраис Ибни Сино барои кушоиши кори тиббӣ ду ракаат намоз мехонд ва асрори табобатро барои бемор кашф менамуд бо хости Илоҳи. Имом Бухорӣ ба хотири ёфтани ҳадиси саҳеҳ фавран ду ракаат намози шукрона мехонд. Ниёгони мо зиндагии худро бо хондани намоз зиннат медоданд. Ҷисми инсон мехӯраду мепӯшад ва билохира ба хок рафта дар гӯр мепӯсад. Аммо рӯҳи нурпарвар ҳамеша зиндаву   ҷовид буда, билохира ба шарофати намоз ба Худовандаш  наздик мешавад. Оре, хок шудан куҷову расидан ба ҷамоли Худованд куҷо? Ки инро намехоҳад?
   Одамият на танҳо аз бадию бадкорӣ дур будан аст, балки ба мардум кӯмак расонидан низ ҳаст:
Одамият чист?Худро дур аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан- нафъи безар доштан.
   Яъне, беҳтарин сифати инсон ин хушахлоқ будану ба халк мададгорӣ намудан аст. Албатта Намози бо «ихлос» инсонро ба сӯи накӯиҳо роҳнамоӣ мекунад.   
    Шояд баъзе хонандагони м
ӯҳтарам эрод гиранд, ки « мо намозхонҳоеро дидаем, ки намоз мехонанд, вале кори бад ҳам мекунанд, чунончи, моли мардумро мехӯранд, эҳтиром ба ҳаққи мардум надоранд, дилозорӣ ва иғвою тӯҳмат мекунанд...»
    Оре, чунин аст, вале наметавон ин гурӯҳи пастро намозхони ҳақиқӣ донист, чунки намозхон бояд дилу нияти пок дошта бошад ва тамоми дастуроти моддию маънавии дину мазҳабашро риоя карда тавонад. Он касоне, ки шумо намозхон мепиндоред, на танҳо шоистаи чунин номи бузург нестанд, балки шева бар ин гуноҳи дигаре ҳам доранд, ки он «риёкорӣ» аст. Ин гурӯҳ динро як воситаи пешрафти кори шахсиашон карда, шарифтарин ҳадяи Илоҳӣ, яъне дин ва намозро «бозича» қарор додаанд. Забони онхо бо динашон ҳамраъй нест.
    Дар фазилати намоз Аллоҳ таъоло фармудааст «Албатта намоз намозгузори ҳақиқиро аз корҳои баду фаҳшо ва аз гуноҳ нигоҳ медорад»- пас худ донед ки намоз ҳисоб меёбад он намозе ҳақиқат бандаро аз гуноху исён дур кунад. Дар ҳадисҳо омадааст, ки намоз калиди ҷаннат, беҳтарин ибодат, поккунандаи инсон аз гуноҳ аст. Намоз барои ислоҳ ва пок намудани инсон ба андозае муҳим аст, ки Аллоҳ Таъоло онро дар як шабонарӯз 5 маротиба фарз гардонида аст.
    Таҳқиқоти навини табибони асабшинос чунин аст, ки намоз гузоридан бо           саҷдаҳои дурусту оромонааш бисёр оромкунандаи хуби асаб мебошад. Ҳормонҳое (гармон), ки ба сабаби кору бори бисёр ва асабонӣ шудан дар пешонии инсон ҷамъ мешаванд, инсон худро нороҳат ҳис мекунад. Вақте сар ба саҷдаи офаридагори хеш мегузорад ва мегӯяд: Субҳона раббиял аъло (пок аст Худованди ғолиб ва баландмартаба) худро тасаллият медиҳад, ки дар пуштибонии чунин Худованди Бузург ва Меҳрубон қарор дорад.
   Илова бар ин, дар ҳолати саҷда фишори хун дар сар зиёд гашта, ҳормонҳое, ки дар пешонӣ ҷамъ шуда буданд ва сабаби нороҳатӣ ва асабонӣ шудани инсон гашта буд, онҳоро аз пешонӣ дур мукунад. Пас, намозгузор осудаҳол ва болидахотир мешавад.
    Аз тарафи дигар ҳеҷ кас наметавонад ғайр аз Пайғамбарон (а.в.с)  бегуноҳ бошанд. Алалхусус дар вазъи имрӯзаи мо, ки ҳарчанд кӯшиш мекунем, боз гоҳо ба гуноҳони хурд олуда мешавем.
  Худованд дар Қуръони Маҷид мефармояд:
  -« Инналҳасаноти юзҳибнос сайиоти». -Яъне, корҳои хуб, гуноҳҳои бади инсонҳоро мебаранд ( маҳв месозанд).
    Ин ояи муборак ҳадяест ба гунаҳкорону фосиқону фоҷироне ки аз ёди Аллоҳ     (ҷ.ҷ) имрузҳо ғофиланд ва ё зидди дину оин бо забону бо ъамал мубориза мебаранд. Онҳо донанд ки Худованд барои маҳви гуноҳонашон тавбаву истиғфор фармудааст,  барои маҳви исёну гуноҳон  некиҳо фармудааст! Ҳеч  банда набояд ноумед шавад- чун «дарёи Раҳмати Илоҳи» беканор аст!
   Касоне, ки Худо инсоф додаву сарашонро ба саҷда мениҳанд, бояд шукри Худоро ба ҷо оранд  гарчи намозашон нуқсон дорад, Худованд бахшандаю Меҳрубон аст. Дар ҳадиси шарифи Қудси омадааст, ки Худованд ба Ҷибриил (а) мефармояд:
    -«Бирав ба рӯи замин, ки оё намозгузоре вуҷуд дорад ё на?  Ҷибриил (а) мебинад, ки шахсе ба зери дарахте танҳо сар ба саҷда ниҳода «Субҳона Раббиал Аъло» мегӯяд. Худованд мефармояд, ки
  -«Эй Ҷабриил, гувоҳ бош, ки ба шарофати як саҷдаи намозгузор қиёмат ба сад сол таъхир ва мавқуф гузошта шуд».
   Пас мо набояд худогӯёну намозгузоронро беҳурматӣ кунем. Зеро аз баракати намози онҳо ҳавлию маҳаллаҳои мо дар амон ва шаҳру деҳотамон фаровон аст. Дуоҳое, ки болои ҷойнамоз мехонанд, ҳазорон дарду алами моро аз байн мебаранд.  Шояд намозхононе ҳастанд, ки шабу нимшаб дар ҳаққи ҷомеа бо сузи  дил дуъои хайр мекунанд, ки мо ( аз он) бехабарем, аммо ( аз баракати он дуъоҳо) Ин Шо Аллоҳ дар амонем.

Дило бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад,
Дуои нимишаби дафъи сад бало бикунад!   

    Аллоҳи Мутаъол ҳама бандагонашро бандагони «обид»-у парҳезкор бигардонад ва дар ъамал доштани «шукронаи Неъмат»- ро дар забону дар ъамалхоямон бар мо  осон гардонад! Омин!

Комментариев нет:

Отправить комментарий