Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 19 декабря 2016 г.

ЗИ ГУРИ БЕСАДОЁН ЪИБРАТЕ ГИР!



                             Зи гури бесадоён ъибрате  гир.
      Имом Ғаззоли дар намози ҷанозаи ҷавоне иштирок дошт. Ба  як ҷавони дар бараш буда гуфт:
  -Агар ҳамин майит (мурда) зинда шавад - пас аз ин ки талхии
ҷон канданро дидааст- чи кор мекунад?
  Ҷавон гуфт:
-Тарки корҳои шар (бад) мекунад ва доимо амалҳои хубро ан
ҷом медиҳад.
    Имом ба у гуфт:
 -
Ӯ дигар зинда намешавад! Пас ту, ки имруз зиндаи ин корҳоро бикун.

        Ъибрат:
      Панде, ки он ҳазрат ба он
ҷавон дод ба ҳар яки мо низ таалуқ дорад. Чун маълум аст, ки рузе мову шумо ҳам албатта "шарбати марг"-ро хоҳем чашид. Аммо он рузи мудҳиш дар пири меояд ва ё дар айни ҷавони ин моро маълум нест!
       Миллионҳо пиру
ҷавон бо нийяти он, ки «Пир шавам аз гуноҳон дур шуда руй ба тоъату ъибодат меорам» худро фиреб дода бе тавбаву истиғфор ва бе тоъату ъибодат вафот кардаанд. Чун зиёди имруза мемурдагон ҷавононанд.
        Аммо пироне ҳам ҳастанд, ки чун ба пири расиданд дар гушту пусту устухони худ Шайтони Лаъинро
ҷой додаанду дигар аз он мақсади дошта ки «пир шавам тоъату ъибодат мекунам»  ё фаромуш мекарданд ва ё он Лаъин дигар намегузошт ёди он нийятро намоянд!
    Чун замоне, ки он пир  гаштагон ҷавон буданд, зури бозу доштанд, ақли расо доштанд- натавонистанд он Шайтони Лаъинро аз худ дур созанд. Магар дар он рузу соати пири, ки на қуваи бозу мондааст, на ақли расо мондааст инҳо метавонанд Шайтонро мағлуб созанд?
   Албатта Худованд тавбаву истиғфорро то дами марг қабул хоҳад кард. Аммо зиёди ин нафарони бетоъату ъибодат ба пири расида тавбаву истиғфор накарда вафот мекунанд. Чун Шайтони Лаъин дар гуши онҳо ҳар руз мехонад ки:
   - Имруз камтари дигар хамр бихур, охирин маротиба сигор бикаш- фардо албатта тавба хоҳи кард.
     Фардо боз ҳамин ҳолат. «Фардо» барои ин тоифа мардум беохир то дами марг давом хоҳад кард. Чун дар давоми ъумр инҳо на тоъату ъибодат доштанд, на Худоро мешинохтанд ва на хайру саховате доштанд. Пас дар он рузу соати пири ҳар чи ки Шайтони Лаъин ба гуши онхо хонд бо он ъамал хоҳанд кард!
     Каманд нафарони бетоъату ъибодате, ки дар замони пири «Гардани Шайтонро шикананд»-у тавба намуда руй ба тоъату ъибодат биёранд. Чун Шайтон ҳам дар паи мақсади палиди худ аст. У нахоҳад гузошт то бандагон аз гуноҳу исьён тавба карда руй ба тоъату ъибодат оранд!
        Кори имрузаро ба фардо магузоред- чун фардо оё барои мову шумо  ъумр боқист  ё не ин маълум нест! Фардо хабари
ҷанозаи нафаре шояд расад, ки бо ҳамон нийяти «пуч»  бе тоъату ъибодат вафот карду аз бетоъатии худ пушаймон шуд!
          Миллионҳо
ҷавононе ҳам ҳастанд, ки як шиори пуч доранд:
-Ман
ҷавонам, ҳоло фурсат барои тоъату ъибодат меёбам!

     Аммо марг, ки омад намепурсад, ки ту
ҷавони ё пир!  Тавба карди ё не! Тоъату ъибодат дошти ё не! У (марг) соате фурсат нахоҳад дод нафареро ки рузу соати ъумраш ба охир расад.
     Пас имрузу соатҳо барои ҳар яки мо
ғаниматанд-чун маълум аст ки ҳамаруза дар ин шаҳри мо ва ё дигар шаҳрхои кураи замин ҳазорон ҷавонону пирон вафот мекунанд. Аммо оё мо миёни онҳо хоҳем буд- ва ё миёни ҷанозахонҳо инро танҳо Худованд донад!

    Магу фардо,ки фардоҳо гумон аст,
    Нафас чун тирҳо андар камон аст.
    Садоҳои камонҳо ҳаст бо тир,
    Зи гури бесадоён ъибрате гир.
))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))

    
      Ба гуристон гузар кардам каму беш,

     Бидидам ҳоли давлатманду дарвеш.
     На дарвеше ба хоке бекафан монд,
     На давлатманд бурд аз як кафан беш.

Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0




Комментариев нет:

Отправить комментарий