Общее·количество·просмотров·страницы

воскресенье, 18 декабря 2016 г.

Ходисае ки маро ъибрат гашт.



                                             Ҳодисае, ки маро ъибрат гашт.
        Як руз бо бародаре барои адои намози аср ба яке аз масҷидхои шаҳр рафтам. Ҳангоми  даромадан ба масҷид назди  дари масҷид бинам як ҷавони зебое дар аробаи маъюби савор  маҳзуну хомуш нишастааст. Як микдор пуле аз киса бароварда ба дасти уву як зане, ки он тарафтар меистод додам. Аммо у пулро намегирифту бо овози баланд «нннннеееее» гуфта фиғоне баровард.
     Гумон кардам ноқис-акл аст-чун ғайри «нееееее» чизе намегуфт. Аммо он дустам, ки каме оқибтар меомад маро як тараф бурду гуфт:
   - Ака! Шумо ин ҷавонро «гадо» гумон кардед? Ин писари фалон "бойбово" аст.(номаш зарур нест). Ин ҷавон сиҳату саломат буд ва аз ҳама мошинҳои қимматбаҳои шаҳрро у аввалин шуда мехарид. Шабҳоро бо дигар ҷавонон дар дискотекаву барҳо ва мошин пешкунак  дар роҳҳои шаҳр руз мекард.
     -Соли гузашта у бо як  ҷурааш ба садам афтоду дасту пояш шикаста маҷақ шуда буд. Сараш ҳам аз ду ҷои устухон шикаста буд. Пас аз муолиҷаи зиёд у гуиё шифо ёфт. Аммо дасту пояш хуб кор намекунад ва аз забон мондааст. Танҳо бо фарёду ишора ҳарф мегуяд. Падараш ҳам акнун руй ба тоъату ъибодат овардаасту ҳама руз ин писарашро бо худ ба намоз меорад.
    Ин замон марде давон давон назди он ҷавон омаду аз у мепурсид, ки чи шуд ки ин қадар доду фиғон баровард. Ҷавон  бо ишора чизе гуфтани мешуд аммо он зани гадое, ки он тарафтар  меистод ба ман ишора карда ба у фаҳмонд ки:
    - Ин мард гумон кард ки ин писаратон гадо асту ба у пул дод. Аз ҳамин сабаб у доду фиғон бардошт.
     Ман ба он мард наздик шуда бахшиш пурсидам. У  фаҳмид, ки ман бо нийяти бад ин корро накардаам. Маро фаҳмонд, ки писарашро он ҷой гузошта худ ба таҳоратхона даромада будааст. Ман бошам гумонам у гадо аст. Он мард гуфт:
      -Додар! Насибамон будааст. Як ду моҳ пеш умед надоштам у зинда мемонад. Шабу рузи худро дар беморхона руз мекардам. Он миқдор пуле сарф кардам ки  ҳисобаш гум аст. Чун дидам, ки духтурон ба муолиҷаи у оҷиз монданд бо маслиҳати як ҷиянам ба Худованд руй овардам, тавбаву тазарруъ кардам ва мадад хостам.
     Инак писарам каме ба ҳушу ёд омаду ба Худованд «назр» кардам, ки бо ин писарам аз ин пас ҳама намозҳоро дар масҷид бо ҷамоат адо хоҳам кард. Додар то имруз писарам ҳеҷ ҳарфе намегуфт ва танҳо бо ишора мефаҳмонд. Аммо ҳоло бин, ки аввалин маротиба «неееее» гуфт.
   Худо хоҳад забонаш ҳам кушода хоҳад шуд. Худованде, ки уро умри дубора ато кард Ин Шо Аллоҳ ба у забони бурро ҳам ато хоҳад кард.
     Барои муолиҷаи ин ягона писарам тайёр будам ҳама пулу моламро бидиҳам- аммо бин ки Худованд тани солиму вақти хуш, пулу молу фарзанд ки ато карда буд аз У фаромуш сохта будам. Замоне буд, ки пулу мол маро « маст» карда буду на хайру саховат доштам ва на тоъату ъибодат.
     Гар ҳамон ҷиянам намешуд то ба ҳол гумон мекардам, ки дигар тавба кардану руй ба «даргоҳи Худованд» овардан бароям дер шудааст. У сабаб шуд, ки аз хатоҳои худ тавба кардам ва маро Худованд дубора ин фарзандамро баргардонид.

       Аз суханони он мард ман ҳам дарк кардам, ки он неъматҳое, ки Худованд ба мо бандагон ато намудааст қиммату баҳои ҳама моли дунёро доштааст. Баъзан хабаре мешунавем ки «фалони хонаашро фурухта барои муолиҷа ба Германия рафтааст»!Яъне барои он неъмате ки Худованд моро бепул ато намудааст-имруз баъзеҳо тайёранд тамоми пулу молашонро сарф намоянд.
    Имрузу соатҳо Худовандро барои неъматҳои додааш шукр намегуему, аз пулу моли доштаамон маблағи ночизе хайр намекунем- аммо  рузе Худо накунад худ ва ё наздиконамон бемор гарданд тайёрем шабу руз хизмати духтуронро намоем, пулу моли зиёде бидиҳем то шифо диҳад.
    Аммо боз ҳам то ин замон дарк намекунем, ки шифо ҳам назди Худованд аст. Гар Худо нахоҳад ҳама духтурони ҷаҳон ҷамъ оянд-касеро шифо дода натавонанд. Бин ки ин ҷавонро духтурон мегуфтаанд, ки албатта мемирад- аммо Худованд нисбати ин ҷавон Меҳрубон гашта дуъои падарашро иҷобат намуду ба у умри дубора ато намудааст.
    Афсус, ки то Худованд дарду ғам надиҳад зиёди бандагон аз ёди У ғофил мемонанд. Балки баъзан неъматҳои додаи Худовандро истифода мебаранду У-ро нофармони менамоянд.
    Пас аз адои намоз он дустам нақл кард ки:
    - Ин ҷавону падараш пулу моли беандозаро доранд-аммо Худованд уро аз беҳтарини неъматҳо саломати акнун маҳрум сохтааст. Замоне, ки уву падарашро Худованд неъматҳои зиёд ато намуда буд онҳо аз ёди Худованд ғофил шуда буданд. Инак пас аз он садама падару писар тавба кардаанду руй ба тоъату ъибодат овардаанд.
     - Ҳар моҳе акнун 1-2 маротиба дар ятимхонаву хонаҳои пиронсолон хурок карда бо дасти худ бурда тақсим мекунад. Он «кибру ғуруре», ки дошт фаромуш карда марди хоксоре шудааст. Дар ободии ин масҷид хело саҳми зиёд гузоштааст. Пеш гар касе ба наздаш барои қарз мерафт танҳо бо фоиз қарз медод- ҳоло бошад бисёри корафтодагонро ёрдам мекунад.
        Ъибрат:
           Акнун ман дарк кардам, ки Худованд бар ману оилаам то чи қадар  беандоза Меҳрубони намудааст. Чун маро Худованд ҳам «чор ишкели дуруст» ва ҳам дигар неъматҳо ато намудааст.
     Он шаб дар «дили шаб» бархоста ғусл намудаму намози «шукрона» хондаму Аллоҳро аз неъматхои додааш зиёд шукр гуфтам ва ашк рехтам. Ёди он ҷавону падараш, ки танхо пас аз «шикаст» тавба карда руй ба тоъату ъибодат овардаанд намудам. Шукронаи «чор ишкели дуруст»-у «зану фарзандон» ва ҳама неъматҳои додааш кардам.
      Як  муддат буд, ки аз пушти кризис каме ғамгин будам ва зиёд фикр мекардам. Инак  5-6 моҳ буд савдо суст шуда буду баъзан пули иҷорапулии дуконамро ҳатто кор намекардам. Аз қиссаи он ҷавону падараш як ҷаҳон таассурот бардоштаму тавба ҳам кардам.
     Худованд ин қадар сол бароям кушоишу осоиш ато фармуда буд, фарзандони хуб ато намуда буд, зани «солеҳа» ато намуда буд- аммо ман дар аввалин сахтиву вазнини наздик буд ноумед гардам. Ба ёдам он солҳои донишҷуиям омад ки:
   - Либоси хубе надоштам. Аз он сабаб ки транспорт кам буд ва ё баъзан пуле надоштем аз як тарафи шаҳр то донишгоҳ даҳҳо километр пиёда мерафтем. Ишками гурусна рузҳо мегаштем. Ҳатто   пойафзолам шикоф буду пойҳоям тар шуда аз хунуки мадори роҳ  рафтанро надоштам.
    Аммо бо ин қадар вазнини мехондам ва ҳам кор мекардам. Барои як маблағи ночиз рузи дароз кор мекардам. Имруз бошад Худованд бароям хонаву мошинҳо ато намудааст, аз хурданиву пушидани кам нестаму дар аввалин вазнини наздик буд аз имтиҳони Худованди нагузарам.
    Рузи дигар чун қариб ки хоб накарда будам бо чашмони сурх гашта ба бозор рафтам. Як бародар, ки дар хамсоягиам савдо мекард аз сурхии чашмонам пурсид ва чун он қиссаро гуфтам бароям насихате кард:
    - Бародар! Шукр гуфтани ба забон кифоя нест. Шукронаи ъамал мебояд. Аз пулу моли доштаат дар роҳи Ризои Аллоҳ хайру саховат намо ва ҳеҷ натарс ки пулу молат кам мешавад.
    Пас аз он руз ман ҳам аз пулу моли доштаам бо маслиҳати дустон хурокаву пушокаҳое харида дар маҳаллаамон ба хонаҳое ки ятимакон дошт бурда хайр кардам. Он лаҳзаҳое, ки хурокаву пушокаҳоро ба хонаи ятимакон мерасондам он аҳволи хонаҳои онҳоро медидаму ашк мерехтам:
    - Дар хонаи баъзеи онҳо ҳатто гилему курпача ёфт намешуд то меҳмонон болои он нишинанд. Дар хонае ҳатто сими барқашонро аз сабаби қарздор буданашон бурида буданд ва бе барқ менишастанд. Кудакеро ҳам дидам, ки дар мактаб дар синфи болои мехонаду ҳоло ҳам «хатнасур» карда нашудааст.
    Рости зиёд зиндагии сахту вазнине ки дар хонаи он бечорагон медидаму худро бандаи «ношукр» меҳисобидам. Болои ин ҳама вазнини он кудакону модаронашон ҳама намозҳои худро адо мекардаанд, дар моҳи шарифи Рамазон руза медоштаанд, Қурьон мехондаанд ва Худовандро аз «додааш» шукрона мегуфтаанд.
     Дар вақти баргаштан аз хонаи ятимакон як дустам мегуфт, ки:
      - Зани ман зиёд шикоят мекунад, ки ҳамсоя мошин харидааст, ҳамсоя мебель харидааст, ҳамсоя хона таъмир кардааст. Аммо дар асл у ҳам аз чизе кам нест, чун ба қадри тавоноиям хонаамро таъмин менамоям.
   Барояш гуфтам:
   - Занатро ба хонаи ин ятимакон бубар то бубинад ва ъибрат бигирад. Барояш бигу, ки   «Чаро намегуи, ки ин ятимакон ҳатто гилему курпача надоранд, яхдон надоранд, мошинаи либосшуи надоранд, ба сери хурок намехуранд- аммо ту танҳо аз ҳамсояи пулу молдор мисол меори?»
    Ҳамсояи  болоиятон як замон қариб ки ҳар руз мошин иваз мекард, хонаҳои нав месохт, тую зодрузҳои бодабдаба мекард, пули калоне ба сарояндахо медод- аммо ин шабу руз бонкҳо омада ҳам хонаашро гирифтаанд ва ҳам мошину чизу чораи доштаашро.Дар куча мондаасту намедонад чи кор кунад. Чаро аз аҳволи имрузаи он ҳамсоя мисол намеораду ъибрат намегирад?
    Дар асл зиёданд зану мардоне, ки бо ҳасад ба ҳамсоягоне, ки бою сарватманданд менигаранд- аммо онҳоро ақле нест ба дигар ҳамсояву ҳамдеҳагоне, ки муҳтоҷанду дар ҳолати вазнине қарор доранд бо чашми ъибрат бинигаранд.
     Ва ё чун он ҳамсояи бою бадавлат чун ба «шикаст» ру ба ру шуд ва рузе аз хонаву боигарии доштааш маҳрум гашт – аз он ъибрат намегиранд. 
      Аз нафароне, ки пулу моли беандоза доранду аммо аз беҳтарини неъмати Илоҳи «сиҳативу саломати» маҳруманду на хурда метавонанд ва на нушида ъибрат намегиранд!
       Худованд дар Каломаш мо бандагонро огоҳ месозад, ки:
       Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии Ман накунед».   (Сураи Бақара,ояти 152
     Он бандае, ки Худовандро ёд кунад албатта аз неъматҳои додааш кам бошад ва ё зиёд албатта шукри беандоза хоҳад кард. Шукронаи бо забону бо ъамалҳо.  Чун ношукри накард Худованд он неъматҳои додаашро барои чунин бандагони «шокир» зиёд хоҳад кард.
    Аммо он бандагоне, ки аз додаҳои Илоҳи шукр намегуянд-балки ношукри менамоянд Худованд худ дар ин дунёву охират ваъидҳои сахтеро барояшон ёдрас кардааст.
    Дар  давоми ҳамон сураи Бақара дар ояи 155-ум Худованд моро дигарбора ёдрас менамояд ки:
    Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ».
     Пас бародарону хоҳарони Имони! Дар ъамал (бо тоъату ъибодат ва хайру саховат) шукронаи неъматҳои додаи Илоҳи намоед ва ношукр банда нагардед. Ҳар  як неъмати Илоҳиро ки истифода мебаред дар соату лаҳзаҳои сиҳативу саломати, сериву пурри, тенчиву амони зиёдтар бо ъамал Шукронаи Аллоҳро намоед.
      Чунки Аллоҳ сифати Раҳмониву Раҳими дорад- аммо сифати Қаҳҳори ҳам дорад. У бар ҳама бандагонаш Меҳрубон аст ва неъматҳояшро бар онон ато мефармояд. Гар Худованд  болои кадоме аз бандагон қахру ғазаб намуд-пас  вой бар ҳоли у.
    Он бандагоне, ки аз неъматҳои Худованди ҳама рузу соат истифода мебаранду аз ёди Худованд ғофил гаштаанд рузе Худованд болояшон ғазаб хоҳад кард. Аммо он рузу соатҳо танҳо соати пушаймонисту бас.
      Он қиссаи воқеъи ки дар боло ёд овардем болои ҳама бандагони ношукр омаданист. Пас дар ҳоли тенчиву амони ношукр банда нагардеду аз тоъату ъибодат ва хайру саховати Холисан ЛиЛЛоҳ фаромуш насозед!
   Худованд ҳар яки моро бо Нури Имон мушарраф созад!

   СаидРахмон.
    Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0


Комментариев нет:

Отправить комментарий