Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 24 августа 2016 г.

Саволхои мухим бо чавобхои кутох!



Суолҳои муҳим бо ҷавобҳои кутоҳи зарури!

-«Бузургтарин гуноҳ чист»?
 Бузургтарин гуноҳ «ширки акбар» аст.
Худованд мефармояд:
 «Ва (ёдовар шав) он гоҳ, ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки: - эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, ҳаройина, ширк ситамест  (зулмест) бузург" (Луқмон 13)
   Аз Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) пурсида шуд: -ки кадом гуноҳ бузургтар аст? Гуфт:
-«Ин ки барои Худованд шарик қоил шави, дар ҳоле ки Ӯ туро
халқ кардааст».
-Ширки акбар чист?
Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва  ҳеҷ касро шарики ӯ намесозам» (Ҷин 20)
Расули Худо (Дуъову дуруд бар у бод) мефармояд:
"Бузургтарини гуноҳони кабира шарик овардани ба Худо аст" (Бухорӣ)
 -Зарари ширки акбар чист?
Ширки акбар сабаби дар оташи дузах «абади» мондани инсон мебошад.
Худованд мефармояд:
   -«Зеро ҳар кас, ки барои Худованд шарике қарор диҳад, Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад  ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст». (Моида 72)

   Пайғамбари Худо мефармояд:
-«Касе дар ҳоле бимирад ки ба Худо чизеро шарик биёрад, дохили оташи дузах мешавад» (Муслим)
 -Оё ъамал (ибодат, намоз, руза, корҳои нек...) ҳамроҳи ширк фоидае мерасонад? (Яъне инсон ҳам ъибодат кунад, намозу руза ва
амалҳои некро ба ҷой орад, ва дар баробари он ба Худованд шарик қоил шавад, оё он ъибодатҳо ва ъамалҳои нек ки анҷом медиҳад барояш фоидае мерасонад ё не?)
Анҷоми ъамалҳо ва ибодатҳо бо ҳамроҳии шарик овардан ба Худо фоидае надорад.
 - «Ва агар ширк оварда буданд, аъмоле, ки анҷом
дода буданд, нобуд мегардид» (Анъом 88)

Дар ҳадиси Қудси омадааст, ки Худованд мефармояд:
-«Касе ки амалеро анҷом диҳад ва бо Ман дигар чизро шарик гардонад дар он ъамал, тарк кардам уро ва ширкашро» (Ҳадиси Қудси, Муслим)

-Оё ширк дар байни мусулмонон вуҷуд дорад?
Бале, мутассифона хеле зиёд аст.
Худованд мефармояд:
 «Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд» (Юсуф 106)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд:
-«Қиёмат барпо намешавад то инки баъзе аз қабилаҳои умматам бо мушрикон бипайванданд(баъзе ъамалхои онхоро пайрав гарданд), ва то инки бутҳо парастида шаванд» Тирмизӣ)  
-Ҳукми дуо кардани ғайри Худованд чист, мисли  авлиёи гузашта?
Дуъои ғайри Худованд ширк аст ва аз асбоби  дохил шудани дузах мебошад.
Худованд мефармояд:
 - «Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дарои» (Шуро 213)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод' мефармояд:
«Касе бимирад дар ҳоле ки барои Худо шарике қарор додааст ва уро дуъо мекунад, дохили дузах мешавад» (Бухори' )

-Оё дуъо ъибодат аст барои Худованд?
-Бале, дуъо барои Худованд ъибодат аст.
Худованд мефармояд:
 «Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои') шуморо иҷобат кунам» (Ғофир 60)'
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) ' мефармояд:
-«Дуъо ъибодат аст» (Тирмизӣ' )
-Оё мурдагон дуъоро мешунаванд?
Мурдагон дуъоро намешунаванд.
Худованд мефармояд:
-«Ҳаройна, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ» (Намл 80)'
Худованд дар ҷои дигар мефармояд:
- «Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ» ( Фотир 22)'
Расули Худо (Дуъову дуруд бар у бод)' мефармояд:
 -«Дар ҳақиқат барои Худованд дар замин фариштаҳои сайёҳе аст, саломи умматамро бароям мерасонанд». (Аҳмад' )
 -Оё аз мурдагон ё ғоибон ёри талаб мекунем?
Аз онҳо ёри талаб намекунем, балки танхо ва танхо аз Худованд
ёри талаб мекунем.
Худованд мефармояд:
-«Ва (ба ёд оред)' он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо бипазируфт» ( Анфол 9)'
Пайғамбари Худоро (Дуову дуруд бар у бод) ' агар ғаму андуҳе мерасид чунин мегуфт:
-«Ё Ҳайю ё Қайюм ба раҳмати Ту ёри металабам» (Тирмизи').
Оё аз ғайри Худованд кумак хостан ҷоиз аст?
Кумак хостан аз ғайри Худованд ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
 «Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем» (Фотиха 5) '
  Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод')  
мефармояд:
 -«Ҳар вақт чизе хости аз Худо бихоҳ, ва ҳар кумак хости аз Худо кумак бихоҳ» (Тирмизи' )
Оё аз зиндаҳое ки ҳозир ҳастанд кумак хостан ҷоиз аст?
Бале дар он чизе ки дар ба ҷой овардани қодир ҳастанд.
Худованд мефармояд:
 «Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад» (Моида 2')

Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод')мефармояд:
- «Худованд ёри ва кумак мекунад бандаашро, модоме ки бандааш дар ёри ва кумаки бародараш аст» (Муслим').
Яъне инсон ҳама вақт бояд дар ёри додани бародараш кутоҳи накунад, то вақте ки дар роҳи рост ва хайр бошад, аммо кумак кардан дар гуноҳ -гуноҳ мебошад.
 -Оё барои ғайри Худованд назр кардан ҷоиз аст?
Назр кардан фақат барои Худованд ҷоиз аст.
Худованд мефармояд:
 «Ва зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, озод бошад (яъне аз кори ин ҷаҳон озоду танҳо дар
хидмати Ту бошад'). Ин назрро аз ман бипазир, ки бешак Ту шунаво ва доноӣ» ( Оли имрон 35' )

  Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод')мефармояд:
-«Ҳаркасе назр кард ки Худоро итоат мекунад, пас итоат кунад, ва ҳар касе назр кунад, ки Худоро гуноҳ мекунад, пас гуноҳ накунад» (Бухорӣ)
 -Оё қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз аст?
Қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз нест, зеро он  ширки акбар мешавад, ва ширки акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад.(мисоли ин ки баъзехо гуянд: Барои фалон арвохам нийят кардам хун кунам).
Худованд мефармояд:
 - «Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун» (Кавсар 2)
(Яъне қурбони ва забх фақат барои Худованд аст, ва қурбони барои шахсе ё ҷое мисли мазор ё сари  қабре қурбони кардан ҷоиз нест, зеро қурбони ъибодат аст ва барои дигар кас ё мурда, касе ки набошад карданаш гуноҳ ва ширки акбар мебошад.'

Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод)мефармояд:
 - «Худованд касеро ки барои ғайри Худо қурбони мекунад лаънат гуфтааст» (Муслим' )
 -Оё тавоф кардан дар гирди қабр ҷоиз аст?
Тавоф кардан фақат дар гирди Каъба ҷоиз аст.
Худованд мефармояд:
 - «Ва бар он хонаи кӯҳансол тавоф кунанд» ( Ҳаҷ 29) (Яъне Каъба')
Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод)мефармояд:
- «Ҳар касе ки гирди хонаи Худо (Каъба) ҳафт маротиба тавоф кард, ва ду ракаат намоз гузошт, гуё як ғуломро озод кардааст»
(Ибни Моҷаҳ).(Яъне савоби як ғулом озод карданро соҳиб мешавад)'.
 -Оё ҷоиз аст ки дар рубаруи қабр намоз хони?
(яъне ру тарафи қибла боши ва дар пешат қабр бошад, ва ба тарафи у намоз хони)
-Дар ҳоле ки қабр дар ру ба руят бошад ба суи у намоз хондан ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
 - «Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯй ба он ҷониб кунед» ( Бақара 144).(Яъне ру ба тарафи қибла кун, ва дар кучое ки набошед руй  ба тарафи қибла кунед').


Пайғамбари Худо мефармояд: «Бар болои қабрҳо  (назди кабр)' нанишинед, ва ба суи қабрҳо намоз нахонед» (Муслим)

   Бародарону хохарони Эмони! Ислом онест Худованд дар Каломаш ва Паёмбар (с.а.в) дар ъамалхояш(суннаташ) бар мо расондаанд ва зиёда рафтан аз он ъамалхо аз Ислом нест!  Пас пайрав аз фармудахои Худованд ва суннати Хабибаш (с.а.с) бошем то аз «начотёфтагон» бошем!
   Сабаби асосии «мансук» гаштани дигар динхо хам хамин зиёдаравии пайравонаш буд ки дар дин хар он чи ки мехостанд дохил мекарданд ва онро пайрав мешуданд.
   Худованд дар каломаш мефармояд:
 - «Чизҳоеро, ки Паёмбар барои шумо овардааст, иҷро кунед ва аз чизҳое, ки шуморо аз он боз доштааст, даст бикашед». (Сураи Ҳашр:7).
 Ва низ Худованд мефармояд:
  -«Имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам, неъмати хешро бар шумо ба итмом расонидам ва Исломро ба унвони оини Худописанд барои шумо баргузидам». (Сураи Моида:3).
 Сипас Худованд моро хотиррасонамон кард:
- «Агар аз бештари мардум пайравӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо дур месозанд». (Сураи Анъом-116).

  Расули Худо (с.а.с) фармуданд: «Ҳар кас дар дини мо чизе эҳдос (дохил) ва ба вуҷуд оварад, ки аз дин набошад бар ӯ мардуд аст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

    Ва низ Расули Худо (с.а.с) фармуданд ( таъкид намудаанд):
 - «Бар шумост, ки бар суннати ман ва хулафои рошидини ҳидоят ёфтагон баъд аз ман чанг занед ва бо чанг ва дандон ба он мутамассик шавед ва аз бидъатҳо дурӣ кунед, ҳар ъамали ба вуҷуд омадаҳое(навовари) бидъат аст ва ҳар бидъате низ гумроҳӣ (залолат) аст». (Ривояти Абудовуд ва Насоӣ бо санади ҳасан).

   
 Худованд ҳамаи моро аз воқеъ шудан дар гуноҳони кабира ва сағира ва хусусан дар куфру ширк нигоҳ дорад. Омин.

  Манбаъ:   IslamHouse.com

Комментариев нет:

Отправить комментарий