Киссае аз як бародари Эмони!
Рахим чун одат аз кор
баромад ва суи хонааш пиёда равон шуд. Аз проблеммахои зиёд ва он чи ки имруз у
аз раиси корхона шунид сахт ба фикр рафт ва надонист чи тавр ба чои тарафи
хонааш рафтан ба як кунчи шахр рафта расид. У намехост он пули каме ки дошт
бехуда сарф кунад ва аз хамин сабаб муддате буд пиёда ба хона мерафт. У рох мерафту
зикри Аллохро мекард ва хамзамон чун хамаруза одаташ дуъо мекард:
- Илохо! Эй Холике ки хама неъматхо аз чонибу
Туст! Дар ин лахзахои душвори зиндаги умедам танхо ба Туст. Илохо занам бемор
шудааст ва табобаташ душвор мегузарад, аз сабаби кризис раис то 50% коригаронро
чавоб доданист, маблаги доштаам барои мактаби кудакон, барои ичораи хонаам,
барои рузгор намерасад. Болои ин хама мушкили дили худам хам каме дард мекунад.
Илохо кувватам бидех то аз ин мушкилихо бо эмони ба саломат озод бароям. Танхо ба Ту таваккал менамоям Илохо!
Рахим рох мерафту зикр ва дуъо мекард ва он чи дар атроф буд намедид-
танхо овози баланди истодани мошине уро ба хуш овард. У дид ки дигар тараф
омадаасту дар торикии як кунчи шахр
карор дорад. У хост зуд аз рохаш гашта ба хона баргардад. Аммооо….. Аз он чое
ки мошин сахт бозистод овозе ба гуш расид.
У наздик рафту дид ки мошин
муйсафедеро пахш кардаасту аз чои ходиса гурехтааст. У хайрон монда буд: ба
муйсафед ёри дихад- ё ба хонааш зуд баргардад? Аммо Рахим марде буд сахт
Худотарс ва эмонаш нагузошт муйсафедро партофта равад. У муйсафедро бардошта ба
рох баромад. Як ду мошине ки мегузашт у даст бардошта илтимос мекард бозистанд-
аммо афсус хама ронандахо гуиё ки уро намедиданд. Хамин тавр у зиёд рох рафт.
Ногох мошини кухнаяке уро диду бозистод. Ронанда ба у ёри дода
муйсафедро ба мошин савор карданд ва суи беморхона шитофтанд. Дар даромади
беморхона зуд духтурон муйсафедро ба чаррохи бурданд-чун зиёд узвхои у лат хурда буданд. Духтури
навбатдор лахзае пас ба назди Рахим баромаду пурсид:
-Шумо ба муйсафед ки мешавед? Ба мо хун лозим
фавран-хуни гурухи сеюм!
Айнан хамин хун аз Рахим буд ва у рози шуд донор шавад. Пас аз чаррохи
Рахим ки сахт монда шуда буд дар курсие нишаста дам мегирифт ва хамин тавр
хобаш бурд. Духтурон хам диданд ки у монда шудааст уро бедор накарданд. Дертар
овози сухбати духтур бо чавоне уро аз хоб бедор кард:
- Мо аз бегохи бобоямро мекобем. Хама чойхоро кофтем-аммо уро наёфтем.
Гумонамон у ба ягон масчид фаромада намозхояшро хонда меояд-аммо у наомад. У ваъда
дода буд ки худ бо мошини рох хонаи мо мехмони меояд. Ба хама чойхо занг
задем-танхо дар беморхонаи шумо гуфтанд ки як муйсафедеро овардаанд.
- Шукронари
Аллох бобоятон ахволашон хуб шуд. Уро сари вакт оварда расониданд-гар дер
мекарданд хун ба сараш мерафт ва ана он вакт чаррохии сар лозим мешуд. Ана ин
бародарро миннатдори кунед, ки уро ёфта сари вакт оварда расонид. У хатто хуни
худро низ ба бобоятон додааст. Бобоятон зери наркоз чизе мегуфт ва касеро дуъо
медод- мумкин ин бародарро бошад? Беморон зиёдашон зери наркоз хомуш меистанд, аммо бобоятон лахзае хомуш набуд.-чавоб гуфт
духтур.
Чавон ба Рахим наздик шуду ба у
мурочиат намуд:
- Бародар ман намедонам чи тавр шуморо миннатдори намоям? Ману хешонам
зиёд аз шумо миннатдорем, тайёрем хизмататонро кунем! Он ъамале ки шумо
кардаед-имрузхо на хар кас тайёр аст бикунад!
- Чи хел хизмат? Хар ъамале ки ман кардам хос аз барои «ризои Аллох» кардам.
Бубахшед маро-аммо ман бояд зуд ба хонаам равам. Мумкин зану фарзандонам сахт
хавотир шуда бошанд.-чавоб гуфт Рахим.
Чавон Рахимро ба берун гусел карда бо хешу
наздиконаш ки чамъ омада буданд яко як шинос намуд: -Ин падарам Чалил, бародарам Адхам, амакхоям
Саид ва Курбон. Ман бошам номам Ахмад! Акнун бародар гар шумо пиёда бошед
ичозат дихед шуморо бурда ба хонаатон расонам.
-Номи
ман Рахим аст- аммо лозим не маро бурдан. Ман бо наклиёти рох рафта мерасам ба
хона!-чавоб гуфт Рахим.
-Бародар! Соат дуи шаб, дар рох мошине нест. Шинед ба мошин ман шуморо
бурда мерасонам!- гуфт Ахмад.
Лахзае пас онхо суи хонаи Рахим мерафтанд.
Рахим сурогаашро гуфт ва каме пас хобаш бурд. Чун ба он махаллае ки Рахим
мезист расиданд Ахмад уро бедор кард ва пурсид:
-Бародар! Ман хато накардам сурогаро? Шумо дар ин махалла зиндаги
мекунед?
- Не,
шумо хато накардаед! Ман хо ана хонаи 23 дар ошьёнаи сеюм ичора мешинам!-чавоб
гуфт Рахим ва хайрухуш карду зуд ба хонааш баромад. У сахт хавотир шуд, чун аз
поин дид ки чароги хонааш гирён аст. Фикраш омад ки мумкин занашро ахволаш вазнин шуда бошад- чун у бемори ба бистар буд.
Зану кудаконаш хоб набуданд ва
назди у баромаданд. Онхо сахт хавотир шуда будаанд ва мепурсиданд сабаби дер
омаданашро. Аммо Рахим аз дигар кор сахт хайрон гашта буд: -занаш ку муддате буд рох рафта наметавонист
ва дар бистар мехобид. У пурсид:
- Чаро ту аз чоят хести? Магар барои ман? Рав хоб кун-чун духтурон ба ту
зиёд харакат карданро ичозат надода буданд.
- Худоро шукр, мардак соатест ки дар тамоми баданам кувватеро эхсос
намудам. Намедонам аз хаячону хавотир шуданам бошад?Хатто дардеро хис намекунам
мардакчон! Мо бе ту хурок нахурдем-биё хурок хурем!- чавоб гуфт табассумкунон занаш.
Онхо хурок мехурданд ва Рахим ходисаи шударо накл кард. У мегуфт ки
Худованд уро ба он макон равона кардааст то сабаби начоти он муйсафед шавад. У акнун
Худоро зиёд шукр мегуфт ки муйсафедро партофта нагурехту ба у ёри расонд.
Пеш аз хоб у тахорат сохту намози
хуфтан хонд. Сипас у намози «шукрона» хонду Худовандро зиёд шукр гуфт. У дар
дуъо зиёд ба хакки он муйсафед хам аз Худованд илтичо мекард то он муйсафедро
шифо дихад. У зиёд Худоро шукр мегуфт ки занаш аз дарди зиёд рахо ёфта худ ба
пой хестааст. У аз Худованд неъматхои дунёву охират барои худу зану фарзандон
ва бародарону хохарони эмони талаб мекард.
Ду руз пас ки рузи истирохати буд Рахим ба
аёдати он муйсафед рафт. Чун аз дари беморхона медаромад хешу наздикони
муйсафед уро диданду ахволпурси намуданд ва гуфтанд ки гар у намеомад албатта
рафта уро ба назди муйсафед меоварданд. Чун муйсафед зиёд талаб доштааст то уро
наздаш биёранд.
Рахим бо
Ахмад ба назди муйсафед даромад. Муйсафед гуиё ки уро мешинохта бошад дар
бистараш нишасту зуд ба у мурочиат кард:
-
Писарчон! Ин ду шаб дар хоби ман танхо ту медарои! Овозе дар хоб ба ман мегуфт:
- ба якдигар ёри расонед! Ту ку ба ман ёри расониди-аммо ман ба ту метавонам
ягон хизмат кунам? Шарм надор писарчон- чи камбудие ки дори бигу ба ман!
Рахим хайрон ба суи муйсафед
менигарист. Аммо у намехост аз проблеммахои худ ба у накл кунад:
- Бобо! Он коре ки ман кардам –аз барои Аллох кардам! Гар ман ба ивази
ъамалам аз шумо ягон чи талаб кунам – он «риё» хохад буд. Бехтараш бароям дуъои
нек кунед-ин ба ман кофист.
Рахим дуъои муйсафедро гирифту ба хонааш рафт.
У хурсанд буд ки муйсафед ба худ омадааст. Якчанд руз пас у аз кор баргашту чун
ба хонааш дарояд мехмонони зиёдеро дид. Он муйсафед бо хешонаш ба хонаи у
мехмони омада будаанд. Рахим зиёд хурсанд шуд ки муйсафед шифо ёфтааст ва ба
мехмонии у омадааст.
Чун сари дастархон нишастанд муйсафед дар бари
Рахим нишаст ва уро огуш гирифту гуфт:
- Писарчон! Ман аз зану кудаконат зиёд аз ахволат шунидам. Худованд
баракат дихад ба ту ва наздиконат. Аммо ман мехохам аз барои «ризои Худо»кори хайре
кунам- гар кабул куни маро зиёд хурсанд
менамои. Ту оё медони ки фарзандону додарони ман кихоянд? Ман худам мегуям:
падари Ахмад яъне писари калониам корхонаи калоне дорад, дуюми дар кори давлати
вазифаи хубе дорад, бародарам маркази савдо дорад, Ахмад ва як ду дигар наберагонам хам додситону
коригари давлатиянд.
-
Суханро кутах кунам хамаи онхо зиндагии хубе доранд. Аммо мо як масъаларо
наметавонем хал кунем: -пас аз марги занам ман танхо зиндаги дорам дар хавлиам.
Писаронам мехоханд то ба хонаи онхо кучида биёям. Аммо дилам намешавад он «лона»-еро
ки дар он ин кадар сол мо хушу хурсанд зиндаги мекардем фурушам. Илтимос аз ман
он хонаро кабул кун ва бо зану кудаконат ба он кучида рав. Дар як кунчи хонаам
магозаи миёнае хам дорам- ту метавони он чо ба кор машгул шави. Аз барои Аллох
кабул кун баччам. Охир дар ман ку хуни ту хам акнун чорист- яъне мо хеши наздик
шудем. Рад накун аз барои Худо баччам!
Рахим ичозат пурсида ба хонаи
дигар гузашт ва хохиши муйсафедро ба зану фарзандон расонид. Зану кудакон сахт
хурсанд шуда буданд ва рози буданд харчи зудтар аз ин хонаи ичора ба он хона
бикучанд. Овози хандаву хурсандии онхо ба гуши муйсафед ва наздиконаш мерасид
ва у «кабат кабат гушт мегирифт».
Рахим
ба назди мехмонон баромаду боз назди муйсафед нишаст ва ба гуши у гуфт ки зану
фарзандонаш розианд. Муйсафед даст ба дуъо бардошт ва барои ба хонаи нав
кучидани Рахиму наздиконаш дуъои хайр кард. У ба наберааш Ахмад фармуд то харчи
зудтар хуччатхои он хавлиро ба номи Рахим кунанд.
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Хар ки таваккал ба Аллох кард бенасиб нахохад монд. Рахим ки ноумед
намешуд охир бо сабаби дуъохои хамарузааш ва хам бо сабаби некии кардааш лар он ходиса хам Худованд ба занаш шифо ато намуд
ва хам он муйсафед сабаби сохиби хона гаштанаш шуд. Худованд харкиро ки хохад
неъматхояшро арзони атояш намояд.
Рахим ки таваккал ба Аллох дошт
охир бо хости У муваффак шуд. Мову шумо хам гар болоямон вазниние ояд, беморе
дошта бошем, карздор бошем, хочате дошта бошем танхо ва танхо таваккал ба Аллох
намоем ва аз У неъматхояшро дар намозу дуъо бипурсем. Хеч гох ноумед нагардем-чун ноумеди аз Шайтон
аст.
Албатта ин мавзуъ дар бораи неки
кардан аст-дар хама холат. Чун маълум аст ки имрузхо баъзе мардумон гар
муйсафеди бо либоси даридаву ахволи вазнин бубинанд руяшонро гардонида хатто
хушашон намеояд салом диханд- ёрдам додан он тараф истад. Акнун тасаввур кунед
ки дар нисфи шаб, дар торики муйсафед бо чунин ахвол: чи фикрхо ба сар меафтад?
Гар чун он тоифа мардумони «бокибру гурур» бошанд муйсафедро партофта мерафтанд
то бимирад.
Акнун Рахимро бубинед ки худ проблеммааш зиёд- аммо уро эмонаш нагузошт
муйсафедро партофта гурезад. У неки кард- ва ба ивазаш бо хости Илохи некие дид
ки хазор маротиба бех аз кардааш буд. Он орзуе ки у дошт Худованд ба ивази он
некияш атояш фармуд. Ин аст ъибрати ин кисса ба хар яки мо! Яъне «хар некие ки мекуни- ту барои худ мекуни»! Худованд эмони комил атоятон фармояд!
Муаллиф: rab
Allaha (13 ноя 2013)
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий