Касе намедонист бихонад!
Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу ъанҳу)ривоят аст ки гӯяд:
-« Пайғамбари
Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуд:
-«Касе, ки зино
мекунад, агар ба ҳангоми
зино кардан имон медошт-ба зино даст намезад. Ва касе, ки шароб менӯшад,
агар ба ҳангоми
нӯшидани он имон дошта бошад- шароб наменӯшад. Ва дузд ба ҳангоми дуздй кардан, чунончи имон дошта бошад-қадам ба дуздӣ намениҳад».
Ва дар баъзе ривоятҳо илова ба ин фармудахо омада:
-Касе, ки моли боарзишеро, ки мавриди таваҷҷӯҳи
мардум аст, бо зулму зӯрӣ ва ғорат бигирад-агар ба ҳангоми ғорат имон дошта бошад, даст ба ғорат намезанад.
Ин ҳадиси
шариф нишон медиҳад «имони
комил» он аст, ки шахси мӯъминро аз корҳои ғайри шаръй боздорад
ва ӯро ба анҷоми воҷибот водор намояд. Ъибрат ба касоне, ки танҳо мегуянд ки ман мусалмонзодаам, дилам пок аст, касеро озор
намедихам ва ғайра. Аммо
имонашон онҳоро аз фасоду
гуноҳҳои бади разила бознамедорад.
Набояд ин гурӯҳ фиреби Шайтонро бихӯранд,
балки бояд бидонанд имони ҳаққоние, ки инсонро сазовори караму раҳмати Илоҳӣ қарор медиҳад, маҷмӯъаест аз тасдиқи ба дил ва иқрори ба забон ва анҷом
додани воҷиботи ислом ва корҳои нек (дар ъамал) ва парҳезгорй аз корҳои бад. Ва ҳеҷ
кас бо гуфтани «Ман ъолимам» ва ё «Ман қаҳрамонам» олим ва қаҳрамон нахоҳад шуд- балки лозим аст дар
майдони ъамал онро исбот намояд.
Пайғамбари Худо
(саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) чунин мефармоянд, ки:
-«Намоз сутуни
дин аст. Пас ҳар
кас бар пой дорад намозро, дар ҳақиқат
бар пой дошта бошад динро ва ҳар
кас тарк кунад намозро, дар ҳақиқат
вайрон кардааст сутуни динро.
Ва
дар ҳадиси дигар фармуданд ки:
-« Фарқ миёни банда ва куфр тарки намоз аст. яъне: Фарқ миёни мӯъмин ва кофар ба намоз аст, ки мӯъмин намозро
мехонад ва кофар намехонад.
Абӯҳурайра (разияллоҳу ъанҳу) ривоят кунад аз Пайгамбар (саллаллоху ъалайҳи ва саллам), ки фармуданд:
- Ҳар касе. ки тарк кунад иамози бомдодро пас баракат
аз ризқи ӯ биравад. Ва ҳар
касе, ки тарк кунад намози пешинро, пас нур аз дили ӯ биравад. Ва ҳар
касе. ки тарк кунад намози асрро, пас қувват аз аъзои ӯ
биравад. Ва ҳар
касе, ки тарк кунад намози шомро, пас лаззат аз таъоми ӯ биравад. Ва ҳар
касе, ки тарк кунад намози хуфтанро, пас он шахс мӯъмин набошад
дар дунёву дар охират.
Ва ҳамчунин
дар хабар аст аз Расулуллоҳ (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам),
ки фармуданд:
-«Ҳар кӣ намози
бомдодро тарк кунад, Қур-он
аз вай безор шавад. Ҳар кӣ
намози пешинро тарк кунад, имон аз вай безор шавад. Ва ҳар кӣ
намози асрро тарк кунад, пайғамбарон
аз вай безор шаванд. Ва ҳар кӣ намози шомро тарк кунад, фариштагон аз вай безор шаванд. Ва ҳар кӣ
намози хуфтанро тарк кунад, Худои таъоло аз вай безор шавад. Шайтон ба гӯши ӯ бавл кунад.
Ҳар
киро киро Шайтон ба гушаш бавл кунад дигар ба гуши у садои азон ва амри ба
маъруф баду вазнин бирасад то ҳатто
ки гуиё ин садое бошад бадтарин барояш.
Ва садои даъват ба гуноҳу исьён ва ъамалҳои куфр ба гуши у форам бирасад ва
у зуд онро қабул
намояд. Бар мунофиқон гаронтарин намози хуфтан ва намози бомдод аст, ки аз
савоби ин ду намоз ғофиланд.
Дар ҳадисе омадааст, ки ҳар
шахсе бар намоз мувозибат кунад (панчвақтагузор бошад), Худои таъоло ӯро ба панҷ
сурат мавриди икрому навозиш қарор медиҳад:
Аввал, ин ки тангии ризқ аз ӯ дур карда мешавад. Дуввум, ин ки азоби
қабр аз ӯ дур карда
мешавад. Саввум, ин ки рӯзи киёмат номаи аъмоли ӯ ба
дасти росташ дода мешавад. Чаҳорум, ин ки аз Пули сирот мисли барқ мегузарад. Панҷум, ин ки бидуни ҳисобу китоб
дохили ҷаннат магардад.
Ва хар кас дар намоз сустӣ
кунад, ӯро ба понздаҳ сурат азоб медиҳанд:
Панҷ навъ азоб дар дунё, се навъ дар вақти марг, се навъ дар қабр,
се навъ пас аз бархостани аз қабр. Аммо, он
панҷ
навъ азобе, ки дар дунёст:
-Аввал, ин ки баракат аз зиндагияш бардошта
шавад. Дуввум, ин ки нури солеҳон аз чеҳраи ӯ бардошта мешавад. Саввум, ин ки аҷри
корҳои
нек ба ӯ дода намешавад. Чаҳорум,
ин ки дуъоҳои ӯ қабул намешаванд. Панҷум, ин ки дар
дуъоҳои бандагони солеҳ ҳам ҳаққе надорад.
Он се мавриди азоб, ки ҳангоми марг ба ӯ дода мешавад:
-Аввал, ин ки бо зиллат мирад. Дуввум, ин ки
гурусна мирад. Саввум, ин ки бо шиддати ташнагӣ мемирад, ки агар оби ҳама
дарёҳоро бинӯшад ташнагияш
бартараф намешавад.
Ва он се навъ азоб, ки дар қабр аст:
-Аввал, ин ки қабр
чунон бар ӯ танг мешавад, ки устухонҳои
қафаси синааш дар якдигар дохил мешаванд. Дуввум, ин ки дар қабри ӯ оташ барафрӯхта мешавад.
Саввум, ин ки дар қабр бар ӯ
чунон море пайдо шавад, ки чашмонаш оташанд ва нохунҳояш аз оҳан ва дарозии
он мор ба
андозаи
як рӯза роҳ ва садояш ҳамчун раъд аст. Он мор мегӯяд:
-« Маро Парвардигорам бар ту мусаллат карда,
ки ба хотири зоеъ кардани намози субҳ
туро аз субҳ то тулӯъи офтоб неш бизанам. Ва ба хотири зоеъ кардани намози пешин
то аср ва ба хотири намози шом то хуфтан ва ба хотири намози хуфтан то субҳ туро неш бизанам. Вақте
ки як бор ӯро неш мезанад,
ба сабаби он ҳафтод газ дар замин фурӯ меравад, ҳамин тавр то
қиёмат дар азоб
хоҳаД буд.
Ва он се навъ азобе, кн пас аз бархостани аз қабр аст:
-Аввал, ин ки ба сахтӣ
аз ӯ ҳисоб гирифта мешавад. Дуввум, ин ки ғазаби Худои таъоло бар ӯ хоҳад буд. Саввум,
ин ки дар ҷаҳаннам андохта
мешавад. То ин ҷо дар маҷмӯъ чаҳордаҳ шуданд, ки мумкин аст мавриди понздаҳум фаромӯш шуда бошад.
Дар як ривоят омада, ки бар чеҳрааш се сатр навишта мешавад. Сатри аввал: Эй зоеъкунандаи ҳаққи Худои таъоло.
Сатри дуввум: Эй махсус ба ғазаби Худои таъоло. Сатри саввум: Чунонки ту дар дунё ҳаққи Худои
таъолоро
зоеъ кардӣ, имрӯз ту аз раҳмати Худои таъоло маъюс ва ноумед хоҳӣ
буд.
Ва мавзуъи дигар:
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)чуиин мефармоянд, ки:
-«Савганд мехӯрам ба
Худо ва гувоҳӣ медиҳам аз барои Худо, ки ҳар оина ба таҳқиқ, гуфт Ҷабраил
(ъалайҳис-салом),
ки: -Эй Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), ба дурустӣ, ки ҳаме хӯрандаи
шароб монанди бутпараст аст.
Эй хамрхорандагони табаҳатвор ва эй нӯшандагони шароби мурдор,
зинҳор ба сад зинҳор, аз ин кирдори бад ва нобакор тавба
намуда, парҳез карда, ҳушёр бошед, ки гуноҳи шаробхӯр бо гуноҳи бутпарастӣ ҳамтарозуст, яъне гуноҳи нӯшидани хамр бо гуноҳи куфр баробар аст.
Маълум аст, ки аз бутпарастй парҳез мекунед, пас бояд, ки аз нӯшидани хамр низ парҳез кунед, чун ҳар ду дар гуноҳ баробаранд, бо он, ки Худои таъоло дар
Қурьони маҷид аз нӯшидани хамр ва зино
ва рибо ва гӯшти хук ва
бутпарастӣ сахт манъ кардааст.
Дар китоби «Олим ва мутааллим»
меорад, ки шогирд аз устод савол кард, яъне Имом Абӯюсуф аз Имоми Аъзам
(раҳимаҳумуллоҳ) савол кард, ки:
-Ҳикмат чист, ки
шаробхӯр дар вақти нӯшидани шароб рӯй дарҳам мекашад?
Гуфт:
-Аз он сабаб, ки имон аз вай берун меравад ва агар дар он ҳолат бимирад
хатари бе имон мурданро дорад.
Аз
Абдулазиз Раввод (раҳматуллоҳи ъалайҳ) расидааст:
- Дар Мадина будам. Шабе
ба масҷиди Пайғамбари Худо
(саллалоху ьалайҳи ва саллам)
мерафтам, зане доманамро гирифту гуфт:
-« Эй хоҷа, агар савоб
мехоҳӣ ин ҷо беморест дар назми ҷон ва ин чо ҳама занҳоянду марде
нест, ки ӯро «калимаи шаҳодат» талқин кунад.
Назди он шахс даромадам ва ҳар чанд ӯро калимаи шаҳодат талқин кардам
нагуфт. Чашм бикшоду гуфт:
-Чанд мегӯӣ, ки бигӯй. Намегӯям, безорам аз ин
калима ва аз дини Ислом. Ин бигуфту чон дод. Аз ҳоли вай
пурсидам, гуфтанд. ки:
-« Шаробхӯр буд. Гуфтам:
-« Рост гуфтанд, эй Пайғамбари Худо
(саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам),
ки: «Шаробхӯр мисли
бутпараст аст».
Яъне лаҳзае ки у
шаробро хурд аз ёди Худованд ғофил аст – ва танҳо ҳарчи ки Шайтони
лаъин уро фармояд ба он ъамал намояд ва бигуяд! Ин аст ки шаробхурон дар лаҳзаи масти
ончунон ъамалҳои баду зиште менамоянд ки чун ба ҳушу ёд оянд аз
он ёд надоранд ва шунавидан замон пушаймон мегарданд!
Ва
дигар Нақл аст, ки рӯзе Пайғамбари Худо
(саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) аз
назди гӯристоне мегузашт.
Овози нолаеро шунид. ки мегуфг:
-«
Ал-амон, ал-амон, ё Расулуллоҳ(саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам),
имрӯз бист
сол аст, ки дар
азоб ҳастам, дар кори
ман назаре кун».
Пайғамбари Худо (саллаллоху ъалайҳи ва саллам)
биистод ва дар андеша фурӯ рафт. Ҷабраил (ъалайҳис-салом) фуруд
омаду гуфт:
-« Эй Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам),
ин гӯри занест, бипурс
то бигӯяд, ки гуноҳаш чӣ будааст?
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳн ва саллам)
савол кард. Он заъифа
гуфт:
-«Эй Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам),
дар хонаи ҳамсояи ман гурӯҳе шароб менӯшиданд, ман аз барои
зани хамсоя бисту якто нон
нухтам, ки пеши
он шаробнӯшон ннҳод. Акнун
бист сол аст. ки дар ин оташ месӯзам».
Пайғамбари Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)
сар ба саҷда ниҳоду
дуъо кард ва
Худои Таъоло ба шафоъати Пайғамбараш (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) он
азобро аз он заъифа бардошт.
Пас азоби нафаре ки барои хамрхурон нон
карда диҳад чунин сахту
мушкил бошад- вой бар ҳоли ононе ки худ мехуранд, ононе
ки шароит фароҳам меоранд, ононе ки харида меоранд,
ононе ки истеҳсол менамоянд!
Ҳикоят
Масте аз хона берун омаду дар минёнаи роҳ бияфтод ва қай карда лабу
даҳони худро
биёлуд. Саге омаду онро лесидан гирифт.
Маст пиндошт, ки одамест он қайро пок
мекунад. Дуъо мекард, ки Худои таъоло
фарзандону фарзандони фарзандонатро хидматгори ту гардонад.
Баъд аз он саг пояшро бардошту ба рӯи ӯ бавл кард. Маст гуфт:
-« Боракаллоҳ, эй хоҷаи ман, ки оби
гарм овардӣ, то рӯи маро бишӯӣ.
Ҳаркиро ақл ҳаст хамин
навиштаҳо кофист то
ъибрат бигиранд- гар худ ба ин аъмол ки пайрав набошанд ҳам ба дигар бародарону хоҳарони Эмони
бирасонанд! Ин аст вазифаи Эмоние ки болои мо Худованд гузоштааст дар нисбати
бародарону хоҳарони Эмониамон! Вагарна китоберо пеши
кур гузори ва шамъэро фурузон намои чи фоида!:
Як нуқта басаст агар
шуур аст!
Варна
чу шамъ пеши кур аст!