АҶАЛ РАСАД- АМОН НЕСТ!!
Ҳазрати Довуд(а.с)бо ҳазрати Азроил(а.с)дуст буданд. Рузе ҳазрати Довуд(а.с)аз дусташ Азроил(а.с) хоҳиш кард ,ки:
-Эй бародар Азроил! Вақте, ки маро аҷал расид чанд руз пеш маро хабар бидеҳ то,ки барои омади марг тайёри
бинам. Ҳазрати Азроил (а.с) қабул кард.
Ҳазрати Довуд(а.с) ҳафтаро ба се қисм чудо карда буду ду рузро дар
миёни бандагони Худо адл мекарданд ва ду рузи дигарро бо аҳли хонаи худ буд ва
рузҳои дигарро фақат барои ибодати Худованд машғул мешуданд.
Хулас рузе Довуд (а.с)аз барои ъибодат
ба болои зина мерафтанд ва дар мобайни зина расида буданд,ки Азроил(а.с)-ро
дид,ки аз болои зина ба поён мефарояд. Ҳазрат бо Довуд(а.с)салом карданд ва бо якдигар ру ба
ру шуданд. Довуд (а.с)гуфтанд:
-Ай бародар Азроил(а.с)барои зиёрат
омади ё аз барои кори дигаре?
Азроил(а.с)гуфтанд:
-Ё Довуд (а.с)аз барои қабзи ҷони ту омадаам.
Довуд(а.с)гуфтанд,ки :
-Эй бародар Азроил(а.с) ман туро гуфта будам,ки пеш аз марг бар ман
хабаре ё паёме бифирист то, ки ман ба омадани марг тайёри бинам,чаро паёме бар ман нафиристоди?
Азроил (а.с)гуфт:
-Эй бародар Довуд(а.с) ба фармони
Худованд(ҷ.ҷ) бар ту бисёр
паёмхо фиристода шуд. Довуд(а.с)гуфт:
-Бар ман ҳеҷ паёме наомада аст.
Азроил(а.с)гуфт:
-Ё
Довуд(а.с)ин қадар намебини,ки муйи сарат сиёҳ буд - сафед шуд, қадат рост буд - хамида шуд, чашмонат рушан буданд - тира гаштанд, дандонҳоят рехтанд ва ҳафт андомат сусти овард! Ин ҳама паём буд- ту аз хоби ғафлат бедор нашуди пас кай ҳозир хоҳи гаштан? Сухан кутоҳ кун ва фармони Худоро ба ҷой ор.
Довуд(а.с)гуфт:
-Замоне маро амон деҳ, ки ду ракат намоз гузорам?
Азроил (а.с)гуфт:
-Номаи умри туро навиштаанд.
Довуд(а.с)гуфт:
-Он миқдор амонам бидеҳ, ки рафта аз аҳли худ «пиҳил» талабам?
Азроил(а.с)гуфт:
- Оё хабар надори ки: қавлуҳу таъоло:
-«Пас ҳар вакте,ки ачалашон расад таърих намешавад соате»!
Довуд (а.с)гуфт:
-Эй бародар он миқдор амоне деҳ, ки як мушт об нушам?
Азроил(а.с)гуфт:
-Ё Довуд (а.с)ризқи ту баста шудааст ва ин чанде,ки бо ту сухан кардаам
бо фармони Худованд (ҷ.ҷ) буд вагарна туро замоне амон намедодам.
Ин бигуфту чони Довуд(а.с)дар болои зина қабз кард!
Аҷал парвои пайғамбар надорад,
Аҷал парвои
симу зар надорад,
Аҷаб расмест расми одамизод,
ки чонаш меравад бовар
надорад
________//////////////________________________
Ъибрат:
Ай Бандагони Худо оё ҳамин хабар ба шумо дарси ъибрат нест?? Чун ба Паёмбари Худо ҳазрати Азроил (а.с)-ро фурсате надоданд ки ду ракъат намозе хонанд ва
ё обе нушанд. Ҳарчанд ҳазрати Довуд (а.с) дар сафи
«обидон»-у «парҳезкорон» буданд ва Паёмбар ҳам буданд- аммо чун «аҷал» ки омад на соате таъхир шуд на соате дода шуд!
Аммо ин хабар ба мо дарсе аст ва
сабаби расидани ин хабар ҳам дар ҳамин аст. Донед ки ҳар хабаре ки ба мо омадааст барои ислоҳи мост ва илло чаро ин хабар то ба замони мо омадааст? Паёмбари Худоро як
лаҳзае «амон» нашуд- пас мо имруза мардумон кистем ки нақша бикашем ки «ана пир шавам тоъат мекунам», « 40-сола ё 50 сола шавам аз
гуноҳ руй мегардонаму ру ба тоъам меорам»,
ва ё ҳатто ки « аз фардо тоъату ъибодат сар мекунам»!
Чун оё ҳамон то фардо барои ту умр боқист ё не? Магар кам
буданд нафароне ки ҷавон буданду дар байни мо буданд- аммо дигар руз
хабаре шунидаем ки у мурдааст? Албатта
зиёд аст чунин хабарҳо. Аҷал «парвои» пиру ҷавон надорад- соаташ ки омад чи кудаки 5 сола ва ё
чавони 25 сола ва ё пири 90 соларо қабзи «ҷон» мекунад!
Акнун аз он нақшаҳое ки «даҳ сол пас ё бист сол пасаш тоъат
мекунам» ҷои ҳарф нест! Ҳатто ҳамун нафароне то ба умри 50-60 солаги
бетоъатанд оё он замон оё руй ба тоъат оварда метавонанд- ва ё Шайтони
Лаъин дар пусту устухони онҳо сахт ҷой гирифта намегузорад онҳо «тавба» кунанд ва руй ба тоъату
ъибодат оранд!?
Чун ҷавону бозуманд буданд натавонистанд «гардани Шайтони
лаъинро шикананд»- магар замоне ки пири фарсудаи беқувват мешаванд зурашон ба он «лаъин» мерасад ё хайр? Имруз ки уро ақлаш барҷо аст натавонад тавба кунад, натавонад сурае ёд кардан, намоз ёд кардан-
магар фардо ки ақлаш «ноқис» гашт он «бенамоз» метавонад тавба кунаду сураҳоро бе камбуди ёд кунад, намози «комил»
хонад?
Худ шохидед ки каманд чунин нафароне ки дар
сини 50-у 60 аз хамру сигору зинокори
руй гардонанд ва ё тавба карда руй ба тоъату ъибодати «аз сидқ Холисона» оранд. Баъзеҳояшон ҳастанд ки 1-2 руз гуиё руй ба масҷид меоранд- аммо дар хона ҳамон хамрхуриву бенамози. Ҳатто ки дар масоҷид онҳо танҳо хаму рост мешаванд ва аммо зиёдашон намедонанд чи хонанд ва ё мехонанд!
Оё чунин тоъат қабул аст?
Пас ҳар як рузу соат барои ҳар як Мусалмон ғанимат аст! Худованд «Ғафур»-у «Раҳим» аст- тавбакунонро дуст медорад. Ҳамин соатро «ғанимат» шуморида тавба кунанду руй ба захираи Охират оранд(тоъату
ъибодат). Чун «соле пас» ё «солҳое пас» ва ё «рузе пас» ҳар як нафари моро сафаре дар пеш аст
ки дигар бозгашт надорад:
- яъне он руз фурсате нест ки тоъат куни, он руз фурсате нест ки аз гуноҳҳои чи назди Худованд кардаат аз қабили бенамозиву бешармиву беҳаёги ва ё гуноҳҳое ки бар бандагонаш кардаи бахшиш
пурси! Он руз фурсате нест ки «қарзҳоятро» адо куни! Он руз рузи ҷамъоварии ҳосил аст- некиҳоят зиёд аст неки мебини, бадиҳоят зиёд аст дар зумраи «бадбахтони»!
- Имруз ъамал ҳаст- подош нест!
-Он руз подош ҳаст- ъамал нест!
Худованд дар каломаш ба мо бандагон мефармояд:
-"Эй мардум руй ба Худо
биёред ва бо тавба ва ихлос дар ъамал ба суи Худо бар гашта ва аз азоби Ӯ бипарҳезед, ва намозро барпо доред то аз ҷумлаи мушрикон набошед".
(Сураи Рум, ояти 31)

Комментариев нет:
Отправить комментарий