Магар
мехоҳи аз ободи ба харобазор сафар намои?
Нақл мекунанд ки Сулаймон ибн Малик –ҳафтумин
халифаи сулолаи Марвонҳо аз Абу Ҳамза пурсид ки:
-
Барои чи мардумон бар марг нафрат доранд? Аз он мегурезанд?
Абу Ҳамза ҷавоб дод:
- Сабаб ин аст ки мардумоне ҳастанд ки тамоми ъумр танҳо дар паи обод намудани ин
«дунё»-анд ва ҳеч парвои «охират»-ро надоранд.
Пас онон ин дунёашонро обод месозанд- аммо охираташонро хароб мемонад. Донед ки оё мардуме ёфт мешавад аз ободкардаи
худ ба харобазор кучиданро дуст дорад?
- Аммо
мардумоне ҳам ҳастанд ки хам ин дунё ва ҳам охираташонро обод месозанд ва аз
марг тарсе надоранд. Балки маргро бо хушнуди пешвоз мегиранд- чун фармудаҳои
Холиқашонро бо ҷону
дил ичро мекарданду он охираташонро ҳам обод.
Сулаймон
пурсид:
-
Пас онҳоро чи интизор аст пас аз марг?
-
Ту ин чавоби саволатро аз ояҳои Қурьон ҷустучу
намо!- ҷавоб дод Абу Ҳамза.
-
Кадом сураи Қурьон?-
пурсид Сулаймон.
- «.Албатта,
некукорон дар неъматанд ва гунаҳкорон
дар ҷаҳаннам! Дар рӯзи «ҳисобу
китоб» (қиёмат) гунаҳкорон ба ҷаҳаннам дароянд ва аз он ғойиб нашаванд. (сураи "Аль-Инфитор", аяҳои 13-16).-
чавоб гуфт Абу Ҳамза.
Сулаймон
пурсид:
-
Пас он рузи «ҷазо» чи гуна мешавад дар
назди Холиқи
Осмонҳо?
- Он мардумоне ки «обид» буданд, зиндагии бе
«исён» доштанд ,аъмоли хайр
доштанд, монанди оне буванд ки гуиё дар
ин муддат дар сафаре буданду инак ба назди аҳли худ баргаштанд- хушҳолу хандон.
Аммо он мардумоне ки зиндагии пур аз гуноҳу
исён доштанд, аз тоъату ъибодат ва
аз аъмоли хайр дур буданд- монанди ғуломеанд ки аз соҳиби худ
дар гурез буданд – дар ғаму андуҳи бепоён! – ҷавоб
дод Абу Ҳамза.
Ин
ҷавобро
Сулаймон ибни Малик шуниду сахт гирён шуд.
//////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\////////////////
Ъибрат:
Обиде аз сузи дил фармудааст:
-« Ман
аз баъзе одамон ҳайронам чун гумон доранд аз марг мегурезанд ва наҷот
меёбанд- аммо марг ки омад дигар гурез нест. Аммо барьакс ҳамин одамон
метавонанд аз Ҷаҳаннам наҷот
ёбанд- аммо аз марг не. Бо тоъату ъибодати ночизе, хайру саховати каме онҳо
метавонистанд охирати худро обод созанду аз омадани марг дигар натарсанд. Аммо
афсус то марг наояд онҳо бедор намешаванд»!
Бародарону хоҳарони эмони! Ҳар куҷое ки мо набошем мулки
Худовандист- пас рузе чун он ғуломе набошем ки гумон мекунад ки
мегурезаду ба даст намеафтад. Ин дар дунёст ки метавони аз қонуни давлат гурези-аммо оё
аз Худованд ҷои гурез меёби? Чун ҳар ҷо ки
гурезем оқибат
он ҳам мулки Худост. Пас чи бояд кард? Аз марг ку гурез набудааст? Рузи «ҷазо»
хоҳем нахоҳем- саволу ҷавобу Ҷаннату
Ҷаҳаннам будааст?
Ҷавоби
ин саволро Худованди Мутаъол дар
«каломаш» ва Паёмбари Мушфиқ
(с.а.в.с) дар аҳодисаш бар мо расондаанд. Он руз мо наметавонем баҳона созем ки
«не манро касе нагуфт», « муҳити зиндагиам аз Ислом дур буд», « вақт надоштам», « саломатиам
хуб набуд», «боигариву вазифаву қудрат – маро мағрур сохт» ва ғайра. Чун ҳар як узви ту он руз шоҳид хоҳанд
буд- ё ба фоидаи ту ва ё бар зарари ту!
Пас аз имруз дар паи ободии ҳам ин дунёву ҳам
охират бошем –чун ҳар як рузу соат барои мо ғанимат аст. Оё имруз ҳастем- фардо куҷоем
инро ҳеҷ як банда надонад. Пас ҳамаруза
ҳам паи нафақаи
оила бошем – ва ҳам паи тоъату ъибодат
ва аъмоли хайр! Фаромуш насозем ки:
-Зиёди
онон ки дар қабранд ва
ё болои тахти чубин (тобут) аз аҳли ҳасратанд.
Онҳо гумон доштанд ки умри 80-у 100 мебинанду дар пири ру ба тоъату ъибодат меоранд.
Аммо афсус мехуранд ки дар сини 20-у 30-ю 40 ва ё дар пири бе тоъату ъибодати Худованд аз ин Дунё реҳлат
карданд.
Инак онҳо ҳасрат мехуранд ва аз Худованд акнун
ин замон илтиҷо мекунанд ки:
- Илоҳо
! Моро умри дубора ато фармо то тамоми умри худро ба тоъату ъибодату ъамалҳои
хайр гузаронем! Моро пулу молу «вазифа» мағрур сохту аз фармонҳоят дур шудем ва ҳатто
зидди фармонҳоят ъамал кардем- аммо ин замон умре атоямон фармо то ҳама моли
худро дар «роҳи ризоят» хайр намоему бо наздиконамон ру ба тоъату ъибодатат
орем!
Аммо
Худованд ба бандагон як умри ин дунёи «фони» ато мекунаду- дигар умр танҳо дар
«дунёи боқист»!
Ҳасрату пушаймони дигар суде надорад.
Пас шумо бародарону хоҳарони Эмони гар нахоҳед аз «аҳли ҳасрат» бошед- пас аз ёди Худо ғофил мабошед!
Гумон накунед ки ба «пири» расам ру ба тоъату
ъибодат меорам- чун миллионҳо чун шумо ҷавонон бо ҳамин нийятҳо бе
тоъату ъибодат дунёро тарк карданду рузе навбати мову шумост! Ҳар як рузу соат барои мову шумо бояд ғанимат бошад- чун на ҷавону
пир, на бою камбағал, на раису на зердастон ҷовидони
дар ин дунё намемонему рузе навбати сафари мост!
ҲОЧИ
ҲАМРОКУЛ

