Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 6 апреля 2016 г.

Баъзе Нишонаҳое аз Қиёмат(тибқи аҳодиси Набави) ки имрузҳо ошкоро мебинем!



Баъзе Нишонаҳое аз Қиёмат(тибқи аҳодиси Набави) ки имрузҳо ошкоро  мебинем!
   Дар ҳадисе омадааст, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва салам, иршод фармудааст:
   -“Ба зудӣ фитнаҳо ошкор хоҳанд шуд, он вақт шахсе, ки нишаста нисбат ба шахси истода аз фитнаҳо дуртар мешавад ва шахси истода аз роҳраванда беҳтар хоҳад буд ва шахси роҳраванда аз шахси даванда беҳтар хоҳад буд ва шахсе, ки нигоҳи худро баланд карда ба фитнаҳо назар биафканад фитнаҳо ӯро мерабоянд, бинобар ин ҳар касс дар он вақт барои худ ҳар гунна ҷои халос ва паноҳ мебинад бояд онҷо паноҳ бигирад” (Тирмизӣ ва ибни Моҷа ).
    Ҳазрати Муғфал ибни Ясор, разияллоҳу анҳу, ривоят мекунад, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва салам, иршод фармуд:
   Ибодат кардан дар замони қатлу фасод  бо ҳиҷрат кардан ба сӯи ман, баробар аст”.
    Мақсуди ин ҳадис: Ба дурусти ки ъибодати “холисона” дар ин замоне ки мо зиндаги дорем (замони қатлу фасод) ҳазор маротиба аз он ба ном “ҷиҳод”-е ки баъзе мардумон доранд беҳтару хубтару афзалтар будааст! Чун зиёди он ҷангу мардумкушиҳои ин замони мо “фитна”-е беш нестанд.
    Он чи ҷиҳод будааст ки танҳо мусалмон мусалмони дигарро руи рост  қатл кунад? Дар ин ҷиҳодҳо “ихтилоф”-у гумонҳо ва нишонаи “фитна”ҳо  зиёданд - аммо дар тоъату ъибодат, дуъову тазаруъ, хайру эҳсон, ҳаҷҷу руза оё касе ихтилофе дорад? Албатта не!
  
   Ҳазрати Абӯсаълаба, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки: -Ман аз Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва салам, мақсуди ин оя:
   “Ё айюҳаллазаийна оману ъалайкум анфусукум ло язуррукум ман залла изаҳтадайтум”-ро пурсидам ва он Ҳазрат иршод фармуд:
    Ба корҳои нек амр кунед ва аз бадӣ манъ намоед то вақте, ки ҳоли мардумро ин тавр дидед, ки аз бахил итоат мешавад ва бар хоҳишоти нафсонӣ амал мешавад ва дунё бар дин тарҷиҳ дода мешавад ва ҳар соҳибфикр, фикри худро муқаддам медорад.
   Ва агар шумо дар ҳоле бошед(мутмаин), ки дар байни мардум бимонед, ҳатман ба фитнаҳо мубтало мешавед- пас дар ин ҳол фикре барои худ бардоред ва аввомро тарк кунед чаро, ки он замон, замони сабр аст, пас касе, ки бар дини худ сабр кунад, гӯё ахгарро(лахчаро) дар даст гирифтааст. (Тирмизӣ ва ибни Моҷа).
    Баъд аз он он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салам иршод фармуд:
  “Касе, ки дар он замон (замони фитна) бар дин амал кунад, ӯро баробари амали он панҷоҳ нафар аҷр мерасад, ки дар ғайри он замон ва дар айёми амн чунин аъмолеро анҷом дода бошад”!
    Саҳоба,  разияллоҳу анҳум, арз карданд:
  -“Ё Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва салам, оё аҷру савоби панҷоҳ нафар аз онҳо  ба ӯ мерасад?
   Он Ҳазрат, саллаллоҳу алайҳи ва салам, фармуд:
 -“ Хайр(бале), аҷри панҷоҳ нафар амалкунандаи чун шумо ба ӯ хоҳад расид». (Тирмизӣ ва ибни Моҷа ).
//////////////////////////////////////////////////////////////////////
       Ъибрат:
         Ба ривояти ҳазрати Савбон, разияллоҳу анҳу, омадааст, ки Расулуллоҳ, саллалоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд:
  - «Ман роҷеъ ба уммати худ аз пешвоёни гумроҳкунанда хавф дорам».
                Ба дурусти ки ҳамон замоне ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва салам) ба мо умматон сифат кардаанд зиёд ба замони мову шумо монанд аст. Замоне ки “оммиён” он тараф истанд намояндагони дин, пешвоёни дин ақли худро аз ҳадису ояҳои Қуръони боло медонанд, додаи моли дунё шудаанд, худ сабабгори паҳн шудани фитнаҳоянд- магар ба гуфтаҳои он аҳодис дуруст намеояд?
    Яъне замоне мешавад ки баъзе ба ном “пешвоён” ақли кучаки худро аз ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набави боло мегузоранду мардумонро гумроҳ месозанд. Ин “пешвоён” ҳатто фатвое медиҳанд ки зидди Ислому Эмону Тавҳид аст- пас мардумонро гумроҳ месозанд ва худ низ ба он фатвои “ҷохили ва щирки” пайрав мегарданд!
   Амсоли баъзе фатововои “пешвоёни” ин замон ки: “сари қабри “азизони Худо” равед ва шифо хоҳед, кушоиш хоҳед, осоиш хоҳед- Худованд шуморо ато намояд”!
   Гар пурси аз ин “пешво” ки далелу сарчашмаи ин фатвоят аз куҷост- далел аз бобову биби ва ё фалон домлои ин замон меоранд. Албатта инчунин “фатово” сабаби гумроҳсозии мардуми мусалмон мегардад. Чун мардуми мо пойбанди гуфтаву аъмоли “пешвоён”анд- ҳар чи онон кунанд мардум ҳам пайрави кунад, ҳарчи онон гуянд- мардум пайрав шаванд.
    Чун ки Худованду Расулаш (саллаллоҳу алайҳи ва салам) барои мушкилу ҳоҷот гар намозу зикру дуъову тазарруъ ба суи Аллоҳи Қодиру Тавоно фармуда бошанд зиёди мардумон онро пайрав нестанд, ё намедонанд- балки як “ноМуллое” ҳатто зидди ояҳои Қуръону аҳодис фатво диҳад онро бепарво пайрав гаштаанд.
    Мебини ки мардумон ҳар ҷое ки як “зиёратгоҳе” ҳаст ба ҷои ба ҳаққи онон дуъои хайр кардан,  барои баровардани мушкили худ пулу молу гову гусфанд бурда аз он “мурдаҳо” умед доранд- чун даврони “ҷоҳилийят”-и пеш аз Исломи !
   Ҳаминро  сабаб аст ки “ноМуллоҳои” замони мо гар олиме бимирад- даррав  қабри уро зебу зиннат дода он маконро “зиёратгоҳ” меноманду худ болои катҳо менишинанд ва мардуми гумроҳро барои ҳалли мушкили ва баровардани ҳоҷот ба ин маконҳо даъват менамоянд.
   “Пешвоён”-е ки вазифаашон бояд ба мардум аз Қуръону суннат ҳарф гуфтану аз щирку бидъат дур кардан аст-  барои пулу моли “бе дарди миён” ва “нафси палид”-и худ шуда  дигар аз асли Ислом худро фарсахҳо дур гирифтаанд. Ҳамин “ноМуллоҳо” баръакс сабаби асосии гумроҳ гардидани мардумони беъилм гардидаанд!
   Дигар хатову гумроҳии “ноМуллоҳои” ин замон ин аст ки фатво бароварда суннатҳои муакадаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салам)-ро манъ кардаанд. Мисоли “ишораи Саввоба” накунед- ҳол он ки то 40 ё зиёдтар ҳадиси саҳеҳ дар бораи ишораи саввоба омадааст! Ё ки дар моҳи Рамазон “Қиёмуллайл” накунед- ҳол он ки Паёмбар ва асҳобаш ба ин  мудовамат менамуданд ва онро ба мо таъкид намудаанд.
   Ё дигар гумроҳии ин “ноМулоҳо”: “Садақаи фитрро” бояд аввал ба муллоҳо диҳед- ҳол он ки Худову Расулаш ба таъкид фармудаанд ки он ҳаққи ятимону мискинону муҳтоҷон аст!
  Гуиё Ислом ин пайрави аз гуфтахои ин “ноМуллохо” бошад- на пайрави аз Қуръону суннат.

     Байҳақӣ дар «Шаъбу-л-имон» ривоят карда, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва салам, иршод фармудааст, ки:
 -“Рӯзгоре хоҳад омад, ки чунин ашхосе пайдо мешаванд, ки тамоми гуфтугӯи дунявии онҳо дар масоҷид хоҳад буд. Аз  ин ҷиҳат шумо дар маҷлиси эшон нанишинед чаро, ки Худованди муттаъол ба вуҷуди чунин  эшон ниёзе намебинад”.
     Магар ин ҳамин замони мо нест ки тамоми эълону тамоми баҳсҳои дунёро дар масоҷид “ҳаллу фасл” мекунанд? Мо ку худ шоҳидем ки зиёди мардумони намозхон чун ба масҷид дароянд ба ҷои зикру Қуръонхони, намозхони каме вақти аз намоз фориғ ёбанд- зуд дар паи баҳси сиёсат, футбол, ғайбати мардумон мешаванд. Ҳатто  домлоҳои ин масҷидҳо ба ҷои “амри ба маъруф ва наҳйи ба мункар” масоилеро эълону  баҳс мекунанд ки гуноҳи кабира аст!
   Ҳазрати Анас, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва салам, иршод фармуд:
  -“Яке аз аломоти Қиёмат ин аст, ки мардум масҷид бино мекунанд ва ба он фахр менамоянд” (Абӯдовуд ва Муслим ) .
    Имрӯз ҳамин ҳолат аст ва ба қавли ибни Аббос (разияллоҳу анҳу): - “Ҳароина шумо масоҷидро монанди Яҳуду Насоро зинат медиҳед”.
      Чизҳое, ки фикри инсонро мунташир сохта ва ҷамъияти хотири одамиро аз байн мебаранд, монанди:  сангҳо ва люстраҳо ва чароғҳои гуногун ва фаршҳои дилфиреб ва пардаҳои гаронбаҳо ва дигар ашёи пурзарқу барқ ва ҳамаи васоили роҳате, ки дар масоҷид вуҷуд доранд!
    Аз ин ҷиҳат ин ашё ва асбоби гаронбаҳои дунявианд, ки сабаби бастан ва қуфл шудани масоҷид шудаанд ва барои ҳифозат ва нигаҳдории онҳо эҳтиёҷ ба ходим ва нигаҳбон шудааст. Зиёди масҷидҳои мо имрузҳо барои ғайри вақти намозҳои фароиз ба руи мардумон  баста шудаанд, ки инро дар асрҳои пешин ҳатто тасаввур ҳам намекарданд мардумони пешин!
   
        Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу мефармояд, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, қасам хӯрда ва иршод фармуд:
  -«Дунё хотима нахоҳад ёфт то ин, ки чунин замоне бар мардум хоҳад омад, ки қотилро илм нахоҳад буд, ки чаро куштам ва на мақтул медонад, ки чаро кушта шудам».
   Яке арз кард, ки чаро ин тавр мешавад? Иршод фармуд: «Аз сабаби фитнаҳо қатл зиёд хоҳад буд» ва боз иршод фармуд «дар он фитнаҳо қотил ва мақтул ҳарду ба Дӯзах хоҳанд рафт».
     Дӯзахӣ будани қотил маълум аст, ки касеро ба ноҳақ куштааст ва иллати Дӯзахӣ будани мақтул дар ҳадиси дигаре омадааст, ки ӯ ҳам дар фикри қатли дигаре будааст ба ин сабаб ӯ ҳам аҳли Дӯзах хоҳад буд.
     Кушторҳое, ки дар давлатҳои мусалмоннишин имрӯза сурат мегирад, ғайр аз фитна умуман иллати дигаре надоранд, аз таъасуби қавмӣ ва нажодпарастӣ ҳазорон нафар табоҳ мешаванд, на қотил аз мақтул хабар дорад ва на мақтул аз қотил. Аз  гурӯҳҳои мухолиф ба ҳар каси дастрасӣ пайдо карда, фавран ӯро ба қатл мерасонад ва барои қатли ӯ фақат ҳамин далел кофӣ аст, ки аз гурӯҳи дигаре аст.
   Ва ба сабаби ҳамин фитна аст, ки имрӯза рӯз ба рӯз олот ва абзор пеш рафта, ҷанге вориди саҳна мешавад, ба тавре, ки дар чанд дақиқа шаҳрҳо, табоҳ ва вайрон мешаванд, ҷои тааҷҷуб ин, ки ҳар гурӯҳ худро хоҳони амният медонад!
     Ҳазрати Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар бораи қатлу қитоли қавме чунин иршод фармудааст:
  -“Ва касе, ки меҷангад дар зери чунин парчаме, ки ҳақ ва ботили он маълум набошад ва ба хотири асабият хашм кунад ё ба асабият даъват намояд ё ба асабият кӯмак кунад ва ӯ кушта шавад, пас қатли ӯ қатли ҷоҳилият хоҳад буд”.
Дар ривояти дигаре омадааст:
 -«Нест аз мо касе, ки ба асабият даъват бикунад ва нест аз мо касе, ки ба асабият биҷангад ва нест аз мо касе, ки дар роҳи асабият бимирад».  Яке аз саҳоба, разияллоҳу анҳу, арз кард: - ё Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, асабият чист? Он Ҳазрат, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки:
 -«Қавми худро ба зулм кӯмак кардан».

    Ҳазрати Абӯҳурайра, разияллоҳу анҳу, баён мекунад, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар баёни “нишонаҳои пеш аз қиёмат”  иршод фармуд:
  -«Ҳар гоҳ амволи ғанимат, мол ва сармояи шахсе қарор дода шавад, дар амонат хиёнат шавад ва мавриди масрафи шахсе қарор гирад ва закот навъе товон талаққӣ шавад,
    таълими дин ба арзи дунё ҳосил ояд, одаме мутеъи зани худ шавад ва модари худро мавриди азият ва озор қарор диҳад, дӯстро ба худ наздик созад ва падарро дур кунад, дар масоҷид гуфтугӯи дунё ва шӯру ғавғо барпо шавад ва афроди бедин- пешво ва  сардори  қабила шаванд ва афроди пасти қавм-ӯҳдадор ва муътамади қавм бошанд,
    инсон аз шарри шарораташ икром карда шавад, занони овозхон ва олоти созу овоз ва шаробхурӣ зиёд шавад ва одамҳои баъдии ин уммат- бар бузургони гузашта лаънат кунанд,
    пас шумо мунтазир бошед, ки боди сурх биёяд ва зилзилаҳо мардумро дар коми замин фурӯ барад, суратҳо масҳ шаванд ва аз осмон санг биборад ва ҳамроҳи ин азобҳо, масоиби ваҳшатноки дигар, яке баъд аз дигаре ба вуқӯъ пайвандад, монанди гарданбанде, ки нахи он пора шавад ва мӯҳраҳо пай дар пай бияфтанд».
    
       Сарвари ду олам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам,  иршод фармудаанд ва мо умматонро барои тайёр шудан ба ин “қиёмат” насихати неке намудаанд ки:
    - «Қасам ба он зоте, ки ҷони ман дар қабзаи қудрати Ӯст, ҳатман бояд ба корҳои нек амр кунед ва аз бадиҳо ҷилавгирӣ намоед ва илло наздик аст, ки Худо бар ҳамаи шумо азоб бифиристад, пас дар он вақт шумо ҳатман ба даргоҳи Худо дуъо мекунед- аммо Ӯ он соат дуъои шуморо қабул нахоҳад кард».
    Ҳазрати Ҷарир ибни Абдуллоҳ, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд:
   -«Як нафар гуноҳкор дар қавме мавҷуд бошад ва он қавм қодир бошад, ки ӯро манъ кунанд, аммо манъ намекунанд, Худои Таъоло азоби худро қабл аз мурданашон бар он қавм нозил мегардонад».

Комментариев нет:

Отправить комментарий