Аз 3 писари «беномуса» 1 духтари «бонанг»
бехтар аст!
Худованд сафи чунин духтарону фарзандони «Худотарс»-у боЭмонро зиёда гардонад дар ин
чомеъаи имрузаи пур аз «фиску фасод»-и мо. Хакикат аз се писари бенангу номуса
1 духтаре ки карзи падарро ба ухда гирифт бехтар аст. Ин ходисае ки дар шимоли
Точикистон шуда гузашту мо худ шохиди он чаноза будем якчанд соле пеш. Мехостам
бар шумо хам онро расонам то бар зиёдихо «дарси ъибрат» шавад!
Намози пешинхони мерафтем ки дар даромади масчид бинем пур аз мардоне ки
намоз намехонданду аммо тобутеро гуиё «посбони» мекарданд то он майит «нагурезад».
Як дустамон гуфт ки падари фалони мурдааст:
- хо писари калониаш аз хорича мошин меорад ку. Дуюм писараш дар бозор
магозаи хуроквори дорад. Сеюмиаш шахрвандии Россия дораду холо баргаштааст ва дар чаноза иштирок дорад!- мегуфт он дусти мо.
Хело
хуб! Се писари «номдор» дошта бошад ин майит мо гумон кардем хакикат онхо
«номбардори» падар будагистанд. Аммо афсусс…
Пас аз пешинхони бинем хамон 3-4
нафаре ки чомахо ба бар доштанду миёнашон бастаги –аммо чун мехмоне аз як тараф
чанозахононро тамошо мекарданд. Хангоме ки чанозаро пеш оварданд он се писар
мумкин аз шарми мо бошад дар миёнаи сафи сеюм дохил шуданд(аммо намози пешин
нахонданд).
Хангоме ки домулло мавъиза мекард мо гумонамон ана домулло пурсад ки
карзи падарро ки ба ухда мегирад ин се нафар байни хам мусобика мекунанд ки «ман ба ухда
мегирам», «не ман писари калониам ман ба ухда мегирам», «ё ман бо падар
мезистам –ман ба ухда мегирам»- - аммо гумонхои хато!
- Болои
хар як банда ду карз аст: пас карзе ки аз намозу рузаю соири ъибодот ки ин
майит дошта бошад дуъо мекунем то Худованд «fафуру рахим» аст мебахшад- аммо аз
муомилаи «бандаги» ягон карзе монда
бошад ки ба ухда мегирад?- пурсид домло.
Хама хомуш. Домуло ин тараф он тараф писархои
майитро мекофт - аммо онон гуиё «баjошавак» дошта бошанд миёни мардум пинхону хомуш. Ногох аз беруни масчид (назди
дар) як зане овоз баланд кард:
- ман ба ухда мегирам! Ман хама карзхои падарро
ба ухда мегирам гар бо шохид биёянд.
Мардум хама хайрон шуданд. Аммо
домулло вакти моро нагирифту чанозаро хонд ва мо хар ки ба корхои худ парешон
шудем. Лек то якчанд руз хамин чанозаро ёд мекардем. Як руз хамон дустамон ки
фарзандони майитро мешинохт боз наздамон омаду накл кард:
- Маълум шуд ки майит зиёда аз 10 000 доллар карзаш будааст. Хангоме ки
сохибони карз омадаанд он духтар гуфтааст ки: гар вакт дихед ман кор карда
карзатонро медихам. Ё ки мана ман нав 18 солаам- гар хохед зани дуюми шумо
мешавам ва чун канизак хизмататонро мекунам то карзи падарро бубахшед.
Он марде ки сохиби карз буд хуб Эмондор будааст- аз чунин муомилаи он
духтар хайрон шудааст ва гуфтааст:
-
Духтарам! Ман туро зани дуюм не – келин карда ба писари хурдиам медихам гар
рози шави! Ман чунин духтари бонангу номусу боЭмонро аз кучо меёбам ин замон. Аз хамон бародаронеат
ки «бенангу беномус» будаанд ту хазор маротиба хубтар хасти духтарам. Хамин
хафта туй мекунему ту дигар миёни ин «беномусхо» наист ва хонаи ман гузар!
Аз он руз инчониб бо он се писари «беномус»
зиёди нафароне ки тичорат доштаанд чудо шудаанд. Маълум шуд ки он писархо
«занкалон» будаанд ва дар хонахояшон пулу молашон дар дасти занхояшон будааст.
Дигар ин ки хонае ки дар он писари калони зиндаги мекардааст ба номи тагояшон
будааст. Он таго бо суд уро аз он хона пеш кардааст ва хостаст хонаро ба он
духтари «баномус» дихад- аммо хусури духтар зид баромадааст.
Зани он писари миёнаги бо пули шавхар як автомашинаи БМВ –и кимматбахое
харидаасту бо дугонахояш шабона ба дискотека «мошиншуи» рафтааст! У нимаи шаб хангоми баргашт дар холати масти ба
сутуме бархурда мурдааст. Маълум шудааст ки танхо як кисми пули мошинро он зан
дода ваъда карда будааст ки 1-2 хафта пас аз бонк карз гирифта бокимондаашро
медихад. Акнун ин карз ба ухдаи шавхари «беномус»-и «дайюс» монд! Харчанд ин
ходиса соле пас шуда бошад хам маълум аст Худованд сазои чунин фарзандро бо
чунин рох додааст.
Хулас он се писар пас аз ин чаноза «беобурую шарманда» шудаанду
пушаймон. Аммо аз чунин пушаймони чи суд!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Имрузхо сафи фарзандоне ки аз холи волидайн
бехабаранд, ба волидайн хизмат намекунанд,
волидайнро ба хонахои пиронсолон месупоранд ва f. руз ба руз зиёд шуда
истодааст. Гар 10-20 сол пеш мо аз зиндагии мардуми Аврупову Амрико ки
волидайни худро дар соле 1 маротиба хабар мегиранд, ба волидайн хизмат
намекунанд, волидайнро ба хонахои пиронсолон месупоранд мешунавидему хайрон
мешудем- акнун имрузхо хамон хабархоро аз баъзе мардумони «бенангу номус»-и худ
мешунавем.
Пас донем ки таклиде ки ин фарзандон ба он Аврупоихову Амрикоихо мекунанд дар холи
авч гирифтан аст. Чун хакикати хол он аст ки як замон гар буданд чунин хабархо
ки фалони волидайнро «бехонаву дар» кардааст, фалони волидайнро ба хонаи пиронсолон
супоридааст ва дигару дигар- он хам
танхо ё наркоманхо ва ё аркаголикхое буданд. Аммо имруз зиёданд ходисахое ки
баъзе «пулдорону» «вазифадорон» ва солимхо ба волидайн зулм мекунанд, аз ахволи
онон бехабаранд, волидайнро бурда ба хонахои пиронсолон месупоранд. Пас ин
чомеъаро чи интизор аст?
Ривоят мекунанд,ки
марде назди Паёмбари Худо (с.а.с) омаду гуфт:
-«Эй Расули худо! Ман сохиби молу аёлам ва падарам мехохад,ки моли маро аз ман бигирад.
Паёмбар (с.а.в.с) ба у гуфт:
-Ту ва молат азони падарат хастед!
(Ибни
Моджах 2291 аз кавли Джобир ибни Абдуллох; ат-Табарони дар «Муъджам аль-Кабир» 6961 аз кавли Самур
ва ибни Масъуд, «Муъджам
аль-Аусат» 57аз кавли Ибни Масъуд)
Тибки ин хадиси муборак хар он моле ки фарзанд дорад падар метавонад сарф
намояд. Чун хамин падар сабаби пайдоиши
он фарзанд буд, уро тарбия кард, уро ному насаб дод. Пас «ризои волидайн- ризои
Аллох аст»! Гар падар карздор бимурд бар
гардани фарзанд адои карзи уст то Худованд аз чунин фарзанд ризо бошад.
Хамзамон Паёмбари Худо (с.а.в.с) боз кайд кардаанд ки:
- «Бо фарзандон неку рафтор кунед»! - яъне ба фарзандон тарбияи нек дихед, аз
халолу харомкардахои Худованд бохабарашон кунед, аъмоли хайру бадро ба онон
расонед, аз Ислому Эмон онхоро омухонед.
Чун маълум аст ки Ислом ба фарзанд неки кардан ба волидайнро «фарз»
гардонидааст.
Гар фарзанд аз Ислом бохабар бошаду пайрав
бошад хеч гох ба волидайн зулм намекунад ва дар паи некуихо кардан бар онон
мешавад. Таърихи хазорсола худ гувох аст ки бузургони мо аз хизмати волидайн ба
чи «мартаба»-хо расидаанд. Ва илло ин зиндагии «дуньяви» ва «демократи»
фарзандонро сохибхукуки озод аз хизмати волидайн мехисобад. Чун мардуми мо аз
Амрикову Аврипои «дуньяви» таклид сар карданд- окибат волидайн зулм диданд, фахшу бешарми авч
гирифт, беИмону беХудогиро зиёдихо пеша карданд. Ва окибат мебинем ки баъзе
волидайнро ба пирхонахо супориданд ва ё аз хона берун карданд.
!! Як модаре накл мекард ки пас аз марги
шавхар танхо писарашро калон кард, хононд, хонадор кард. Аммо афсус аз рузхои
аввале ки писар зандор шуд у тамоман дигар шуд. Рузхое мешуд ки писар аз модар
худро дур мегирифт ва аз сухбат
мегурехт. Вакте ки писар дуюм фарзанддор шуд гуиё хона барои ин модар танг шуд
ва ба у як хонаи «коммуналка» харида аз худ чудо карданд. Аммо аз бахри
хурсандии фарзанд ин модар хама вазниниро токат кард. Рузе шуд ки ин келине ки
сабаби аз фарзанд чудо шудани модар шуд хангоми «зино» бо марде ба даст афтод.
Акнун писар дарк кард ки чи зулме ба модар кардааст аз паи ин зани
«беХудо»-ву «бешарму хаё» ! Писар
фарзандони худро аз он зан гирифту занро зада пеш кард ва модарро баргардонид.
Акнун ин модар ба замми ин кадар «бехурматихо» боз аз нав ба ин наберагон модар
шуд. Хамон тавре ки фарзанд тарбия мекард инхоро хам тарбияи неке кард- аммо ин
маротиба ба ин наберагон аз Ислому Эмон хам тарбияи хубе дод.
Чун он 1-2 соле ки ин модар танхо монд танхо Аллох хамроху хамрози у
шуд, ёрдамчиву fамгусори у шуд, маслихатчиву мададгори у шуд. Хамин ишки Аллох буд ки
модар даст ба худкуши назад, зинокор нашуд, аз зиндаги безор нашуд. У дарк кард
ки хама тарбияи додааш ба фарзанди ягонааш як су- тарбияи Исломиву Эмоние ки аз
он бенасиб монд як су будааст. Гар ин фарзандро аз Ислому Эмон ки тарбия медод
хеч гох аз фарзанд хори намедид. Акнун у мехост наберагонро дар катори ъилми
дуняви - ъилми Исломи омузонад то замони
пири аз онон хори набинад.
Мумкин ки ин падари майите ки дар аввал накл
кардем ба ин фарзандон тарбияи дунявии «беХудоги» дода буд ки дар тобут
шармандааш карданд. Чун ин фарзандон аз
Худову Расулаш ки бохабар ки мешуданд хеч гох ба ин ъамал даст намезаданд ва
карзи падарро ба ухда мегирифтанд.
Дигар ин ки ин фарзандон пеш аз
чаноза барои ин карз бахси зиёде кардаанд ки он духтари «баномус» мачбур шуд ба
масчид биёяд ва карзро ба ухда гирад. Он духтар ягона фарзандест ки дар хакикат
аз Ислом хабардор будааст ва медонистааст ки гар падар бо карзи одами ба гур супорида шаваду карзро касе ба ухда
нагирад у бахшида нахохад шуд.
Пас бародарону хохарон! Имруз замоне шудааст ки фиску фасод руи рост
аст, зинову бешарми руи рост аст, беХудогиву беИмони руи рост аст- пас ин хама
окибаташ шармандагиву русиёхист барои чунин зиндагиро пеша кардагон! Пас мо чи
кор кунем? Чи ъамал кунем?:
- Дар катори тарбияву ъилми дуняви албатта ба фарзандон тарбияи Исломи Имони дихем! Аз халолу харом, неку бад хабардорашон кунем- то рузе аз чунин
фарзандон неки бубинем. Пас аз марг хам дар номаи аъмоли мо (тибки хадиси
муборак) аз ъамали неку тоъату ъибодати чунин фарзандон савобу некуихо навишта
хохад шуд!
-Ва илло аз фарзанди бенангу беномус ва бешарму хайё хам дар ин зиндаги
хамаруза шармандаги мебинед ва хам дар дохили гур номаи аъмолатон пур аз
бадихову гунохон хохад шуд!
Худ интихоб кунед! Аллох мададгоратон!
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий