10 Лахзаҳое ки дуъои мусалмон қабул мешавад! (Бо далил!)
Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
-«Дуъо ин яроқи муъминон , пояи дин ва рушноии осмону замин аст»! Муъмин медонад ки чи қувваеро дорост ин дуъои бо «ихлос»-у аз сидқи дил - дуъое ки танҳо ва танҳо ба суи Холиқи Якто равона шудааст! Холиқе ки
ҳама олам тобеъи У-ст ва даргаҳи У-ст бениёз!
Худованди Мутаъол дар «каломаш» бар бандагон мефармояд: «Чун бандагони Ман
дар бораи Ман аз ту бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам
ва ба нидои (дуъои) касе, ки Маро
бихонад, посух медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд,
то роҳи рост ёбанд»! [2:186].
Расули Акрам (ﷺ) мефармоянд:
-« Ба суи Аллоҳ (ҷ. ҷ) бо «ихлос» дасти ба дуъо бардоред
ва бовар дошта бошед ки албатта ҷавоби онро дастрас хоҳед кард»!
Ба дурусти ки лаҳзаҳову соатҳое ҳастанд ки дар он лаҳзаҳо дуъои муъминон бо боварии зиёд метавон гуфт ки иҷобат хоҳанд шуд:
1.
Дар охири се яки шаб
(дили шаб)!
Расули Худо (ﷺ) фармудаанд:
«Худованди Бузург ба «осмони поин»
ҳар шаб ҳар охирини се яки шаб фуруд меояд! У (ҷ. ҷ) мепурсад: « Кист ки дуъои ҳоҷате дорад ба Ман- то ман ҷавобаш гуям! Кист ки аз Ман бипурсад- то атояш намоям! Кист
ки «магфират» хоҳад –то бибахшоямаш??!!»
«Дили шаб»-Ин соатест бе шак мубораку нек,
ки мардумони аҳли «эмон» фурсате доранд ба Холиқи Худ бо дуъову тазарруъ (зори) муроҷиат намоянд. Он
соат муносибтаринест ки бандаи муъминро ҳам саҷдаву ҳам дуъову тоъаташ фоида оранд, он соатест ки дуъояш қабул гарданд, соатест муносиб барои
«тавбаву истигфор» ва бахшиши гуноҳҳо, соатест ки пас аз пок гаштан аз гуноҳҳо бадани аҳли Эмон «шифои хос»-е доро хоҳанд гашт. Барои чунин тоъату ъибодат мо аз ҳама зиёдтар «аҷру мукофот» хоҳем гирифт- ин ҳамон соатест ки мо кам фикру хаёламон парешон хоҳад гашт!
2. Рузадории мохи «шарифи
Рамазон»! Рамазон ин моҳест муборак, замоне ки мо бандагон дар ҳолати хоссае карор мегирем. Пас
ана дар ҳамин соатхо бандагон таслими Холиқашонанд ва ба У(ч.ч) наздиканд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо банда эҳсос хоҳад кард ки чи «вазифа»-еро Худованд ба души у гузоштааст ва ҳамин соатҳо у наздик аст ба Холиқи худ. Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
-« Ба дурусти ки дарҳои Осмони аз аввалин шаби Рамазон
кушода хоҳанд шуд- ва то охирин шаби он баста нахоҳанд гашт»!
Дар хадиси дигаре Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд:
- «Эй Мардумон! Эй мардум, ба таҳқиқ моҳи бузурге бар шумо соя афкандааст (наздик шудааст). Дар ин моҳ шабест, ки
беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Худованд рӯза доштани ин моҳро фарз ва зинда доштани шабҳояшро нафл гардонидааст...Ба дурусти ки хар аъмоли хайру тоъати нофила
дар шабҳои ин моҳи муборак- ба хайру тоъати фарзии дигар моҳҳо баробар хоҳад буд.
Касе ки як кори неку савоб кард- бар у ҳафтод савоб навишта хоҳад гашт.
Ин моҳи сабр аст ва савоби сабр ҷаннат аст.
Ин моҳест барои некиву меҳру шавқат. Моҳест, ки ризқи мӯъмин дар он зиёд мешавад. Хар муъмине ки дар ин мох ба гуруснае хурок
диҳад- гуноҳонаш бахшида хоҳад гашт ва аз «оташи ҷаҳаннам» наҷот хохад ёфт».
Роҷеъ ба фазилати ин моҳи муборак дар як ҳадиси Расули Худо (ﷺ) чунин таъкид шудааст: «Вақте моҳи Рамазон
фаро расад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дӯзах баста мешаванд.
Дасту пои шайтонҳо низ занҷирбанд хоҳад шуд».
Ба дурусти ки соати ифтори рузаи ин моҳ соатест басо нек барои иҷобати дуъо. Хар бандаи муъминро мебояд чи дар соатхои рузадори (давоми
руз) ва чи соати ифтори рузаи рамазон
пеш аз ифтор кардан якчанд дакикаеро ҷудо намуда
аз Холиқи Худ дар дуъхояшон хар хоҷату талабе ки доранд пурсиш намоянд- чун ин соат соати иҷобати дуъохост. Албатта муъминон дар ин соати нек бояд дар хаққи тамоми
бародарону хохарони эмонии худ хам дуъои хайре намоянд: -бар хоҷатталабон, фарзандталабон, кушоишталабон, шифоталабон, бахтталабон,
мазлумон, бетоъатону бе шарму бе иффатон дуъои хайре намоянд.
Чун ин соате ки банда дар ҳаққи бародару хоҳари эмониаш дуои хайр
менамояд Худованд фариштагонеро дар қиболаш гузорад то омин гуянду бар
дуъокунанда ҳам ҳамон некиҳоро ва аз он зиёдтар аз Худованд хоханд. Пас мутмаин
бошед ки дуъои фариштагон бе шак қабулшаванда аст. Дуъо гарчанде дар забон
сабук аст- аммо дар асл беҳтарину авлотарин яроқи муъминон аст.
3. Миёни намозҳои асру шом! Аз Абу ҳурайра (р.а) ривоят шудааст ки: Расули Акрам (ﷺ) рузи чумъаро ёдовар
шуда фармудаанд: -« Дар ҳама руз лаҳзахое ҳаст ки Аллоҳи Мутаъол бар бандагоне ки дар намоз қоиманд ҳар чи ки талабанд ато намояд»! ва бо дастони муборакашон ишора карданд ки
то чи андоза он лаҳза кутох аст.
Пас ба дурусти ки беҳтарин ъамал пас аз адои
намози ҷумъа –ин бо дуъо зиёди руз ба
Худованд руй овардан аст. Пас он лаҳзаи муборакро миёни намозҳои асру шом ҷуё шавед- чун аз Анас ибни Молик
(р.а) ривоят шудааст ки Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд: - « Соатеро ки бовари ҳаст дуъо иҷобат хоҳад гашт- дар миёни намози аср то
тулуъи офтоб ҷуё шавед!»
4. Соати ифтори руза (чи фарзи
ва чи нофила)! Лаҳзае то ифтори руза бандагон зиёдтар таслими Холикашонанд- чун онон тамоми
руз бе хуроку бе об гашта эҳсос менамоянд ҳолати аслии худро назди
Аллоҳ! Замоне ки бандагон гуруснаанд, ташнаанд ва бе қувват мегарданд- ба дурусти ки ҳис менамоянд то чи
андоза заъифанд бе он «неъмат»-хои додаи
Илоҳи! Ана ҳамин лаҳзахо он бандагон ҳақиқи таслими Холиқашонанд- ва дуъое ки онон ба «ҳузури дил» доранд аз ҳама зиёд қобили қабули «Даргоҳи Илоҳист» ва Ин Шо Аллоҳ қабул хоҳанд гашт!
5. Рузи ҷумъа! Аз Абу Хурайра (р.а) ривоят шудааст ки: Расули Акрам (ﷺ) рузи ҷумъаро ёдовар шуда фармудаанд: -« Дар ҳама руз лаҳзаҳое ҳаст ки Аллоҳи Мутаъол бар бандагоне ки дар намоз коиманд хар чи ки талабанд ато
намояд»! ва бо дастони муборакашон ишора карданд ки то чи андоза он лаҳза кутоҳ аст. Беҳтарину авлотарин он аст
ки бандагони «мухлис» дар рузҳои ҷумъа рузону шабон дуъогу бошанд то он
лаҳзаи мубораки «иҷобати дуъо»-ро дарёбанд.
6. Миёни азону қомати намоз! Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд ки миёни азону комати намоз неъматҳои дунёву аҷри неки Охиратро аз даргоҳи Илоҳиро бихоҳед! Ин лаҳзаест ки миёни аҳли эмону Холиқашон ҳама пардаҳо бардошта хоҳад шуд ва Худованд дар он лаҳзаҳо хар хоҷоту пурсише ки бандагони «обидаш»
хоҳанд кард иҷобат хоҳад кард!
Аз Анас ибни Молик (р.а) ривоят шудааст ки
Расули Худо (ﷺ) фармуданд: «Дуъои миёни даъвати ба намоз (азон) ва қомати ба намоз рад нахоҳад гашт»!!
7.
Пас аз қироати Қуръон! Қуръон ин каломи Аллоҳ аст, бо ҳузури дил хонда мо дилҳои худро пок хоҳем кард ва ба Холиқамон (ҷ. ҷ) наздик мегардем. Пас банда ки дилаш пок гашт миёни
у-ву Холиқаш пардаҳо бардошта хоҳанд гашт.
Дар ҳадиси Мубораки Расули Акрам (ﷺ) омадааст: «Дуъои бандае ки хатми
Куръон менамояд қабул хоҳад гашт»!
«Дуъо иҷобат хоҳад гашт дар лаҳзаи пас аз қироати Қуръону азон, замони муҳориба бо душманони Ислом, дар лаҳзаи боридани борон, лаҳзае ки бандае зулм хоҳад дид»!
8.
Шаби «қадр»!! Дар хадиси муборак омадааст: «Шаби Қадр беҳтар аз 1000 шаб аст».
Чун дар ин шаб бар бандагон бисёр неъматхои Илоҳи ато хоҳад гашт ба фарк аз дигар моҳҳо. Дар ин шаб ба замин зиёди
фариштаҳо фуруд хоҳанд омад бо сардории ҳазрати Ҷабраил (а.с). Пас бар ононе ки дар он
шаб дар тоъату ъибодати «холисона» қоиманд, руза медоранд- ин фариштаҳо саломи Илоҳиро мерасонанд!
Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд: «Дар шаби қадр ҳазрати Ҷабраил (а.с) бо гуруҳи фариштагон фуруд
меояд. Пас онон бар ҳар бандае ки дар тоъату ъибодати Илоҳи дарёбанд -ъамалхои неки он мардумро аз ҷониби худованд арҷгузори мекунанд! Онон (фариштагон) дар рузи ъиди Фитр ба суи Холиқи Якто дасти ба дуъо хоҳанд бардошт ва зориву
тавалло кард ки:
-
Худовандо! Ба ин бандагон аҷри неке ато фармо!
Худованд
гуяд: - Эй фариштагони ман! Ба дурусти ки халқи манро чи занону чи мардонеро ки
нек вазифаҳои доштаашонро (тоъату ъибодат) адо намуданд ва руза доштанду имруз ба
ъидгоҳ омадаанд (намози Ъид) ва итоъати Ман-ро кардаанд огоҳ намоед: Ман қасам мехурам ба Бузургиам ки албатта ба дуъоҳои онон ҷавоб хоҳам гуфт!
Сипас
Аллоҳи Мутаъол ба он бандагонаш фармояд: -« Ман гуноҳони шуморо бахшидам- ва
аъмоли бади шуморо ба неки иваз
намудам».
Пас он бандагоне ки дар намози Ъид буданд
баргарданд замоне ки Худованд гуноҳони онҳоро Магфират намуда!
9.
ҳангоми Борон! Расули Акрам (ﷺ) фармудаанд: « Дар ду ҳолат Аллоҳи Мутаъол дуъои
бандагонашро албатта қабул хоҳад кард: «вакти азони ба намоз ва
ба ҳангоми боридани борон»!
Борон ин лаҳзаи рехтани «раҳмати Илоҳист» ки бар замин фиристода хоҳад гашт- пас мутмаин бошед ки дуъое ки ин лаҳзаи фуру рехтани «раҳмати Илоҳи» кардаед - иҷобат хоҳад гашт
10.
ҳамчунин дуъои бандагони «мухлис» иҷобат хоад гашт пас аз адои ҳар як намози фароиз ва
рузҳои хоси моҳ: чун аввалин рузи моҳи Раҷаб, аввалин рузи моҳи шарифи Рамазон ва рузи ЪАрафа!
Муаллиф: Сайда ҳайёт!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\//////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Ай Бародарону Хоҳарони Эмониам!: Марҳамат киро ҳоҷатест, киро мушкилиест, киро
бемориест, киро қарзест таваҷҷуҳ намоед ба фармудахои болои! Худову Расулаш (ﷺ) дар Қуръону суннат роҳҳои кушоишу баровардани ҳоҷотро бар мову шумоён осону фаҳмо арза кардаанд- марҳамат аз «сидки дил» пайрав бошед ва ҳеҷ як мушкилие нахоҳад монд ки дигар шуморо азоб диҳад!
Ин
аст Исломе ки Худованди Мутаъол ва Расулаш (ﷺ) фармудаанд- аммо афсус ки зиёди
бандагони мусалмони имруза чун хоҷате доранд, мушкиле доранд ҷои он ки пас аз адои намозхои фароиз дар «дили шаб»,соати «ифтор», «миёни азону иқомат», «хангоми борон», «рузхои ҷумъа», «пас аз қироати Қуръон» худ дасти ба дуъо бардошта аз Холиқи Бениёз хоҷат хоханд бубинед ки чи кор мекунанд:
1. - Як тоифае назди фолбину ҷодугаре мераванд ва мушкили худро ба онхо мерасонанду ба онхо
умед доранд! Ин аст «щирк»-и ба Худо ва нафаре ки онро кард надоранд «Эмони ба
Худо»!
2. -Дигар
тоифае бемор гарданд «аловгардон» мекунанд, вазниние бинанд назди хамон «ҷодугарон»-е ки номи худро табиби «китобкушо», табиби мардуми
ниходаанд рафта умед ба онон доранд. Пас мебини ки он табибон мефармоянд: қулф биёр, мург ё бузи кабуд, устухони
гов ва дигару дигар биёр (ин аст сифати ҷодугарон)!
3. - Дигарон барои дур сохтани чашми бад, кушоиши кор болои
дарвоза мебини шохи бузу, наъли аспу дигару дигар мемонад ва эътиқод доранд ки он фоида меорад.
4. – Якеи тоифаи дигар (зиёди мардуми имруза) барои кушоиши
кор, кушоиши бахт, талаби шифо, талаби мол сари қабри мазори бузургону азизони Худо
мераванд ва ба ҷои он ки барои онон дуъои хайре
кунанд- худ хоҷат мехоханд, фарзанд мехоханд, шифо
мехоханд ва г. ҳамон «номуллохо»-и нишастаи сари
он қабрхоро бубинед ки ба ҷои он ки фахмонанд ки ин дуруст нест чи мегуянд:
- Гови калон биёр, буз ё гусфанд биёр, пулу
мол биёр, чор хафта паи хам биё бахтат кушода мешавад, фарзанддор мешави, корат
барор мегирад, шифо меёби ва г.
!!!!
Эй бародарону хохарони ЭМОНИ!:
Магар он қабр ки ба ту мол дихад - гову гусфанду бузу пулу матоъи
бурдаи ту ба у чи лозим аст? Гар он
сохиби қабр ки шифо медод –чаро ба худ шифое наёфт? Гар он сохиби қабр ба ту фарзанд ки дода тавонад-
чаро ки чангу хоку губори болои қабрашро тоза карда наметавонад?
Чавоб ин аст ки: Пулу моли шумо ба хамон
«ноМулло»-хо даркор. Пас онон ки ба худ ин «дуругу ширку бидъат»-ро ки касаба
кардаанд намехоханд то шумо донед ки ин хамаро танхо ва танхо ба шумо Худованди
Яктои Бехамто метавонад ато фармояд! Гар шумо Хақро ки аз Ботил фарк ки кунед дигар ки
ба онхо молу пул мебарад? Ба онхо хубтар
аст ки : ГУР
СУЗАДУ- ДЕГ ҶУШАД!!!
Як ходисае ки рости кариб як сол пеш шуда буд
ёдам омад:
- Бо як рафиқам насиб будааст рузи чоршанбе намози
пешинро дар масчиди Мавлоно Яъкуби Чархи хонем. Худованд рахмату магфираташ
кунад хазрата агар медиданд ки имруз болои қабри у чи аъмол доранд ин «ноМуллохо» аз онхо нафрат мекард
ва онхоро зада пеш мекард.
Аз
дарвоза сар карда бинем як муллои ришкалоне ки хеши Сархатиб будааст дар дари
хучрае истода занхои танхои «номахрам»-ро ба он хучра даъват мекард гуиё барои
«дуъохони»! Бубинед ки бо номахрам танхо мондан чи гунохест азим- аммо ин
ъамалро ягон нодоне не гуиё «муллои калон»-е ба худ касб кардааст. Он номулло қах-қахзанон ханда карда якеро гусел
мекарду дагарашро қабул.
Назди
қабри «хазрат» 1-2 домлои саллакалони
дигар зану марди зиёдеро чамъ карда аз онху пулу матоъ ва халтахои хуроки
гирифта ба онхо дуъо медоданд. Баъзе заноне ки чои нишаст наёбанд рафта дар
пахлуи хамон муллохо менишастанд- аммо он «ноМуллохо» танхо табассуме мекардану
халос. Нафаре гар пули зиёдтар медод ба у ягон туморе медоданду насихатхое
мекарданд.
Болотар дигар қабрро бинем як ноМуллои дигар
нишастаасту хамин ъамали назди қабри хазрат. ҳатто вакте азони ба намоз дода шуд
танхо якеи хамин ноМуллохо ба намоз омаду саросемавор намоз хонда дуъо накарда давон
давон болои кат рафта нишаст.
Аз масчид баромада ба мошин шинем як зане
илтимос кард ки гар тарафи шахр равем уро хам бо духтараш барем. Маълум шуд ки
ин зан инак 3-хафта паи хам ба ин зиёратгох меомадааст:
- Домлои калони масчид гуфт ки агар 4-хафта
паи хам биёи бахти духтарат кушода мешавад. Як дафъаи дигараш монд.
- Холачон! Ин ъамалатон дуруст нест! Охир
шумо бояд дар хаққи ин хазрат дуъои хайр кунед- чун у ба хеч чиз қодир нест. Бехтараш шумо худатон ва
шавхаратон намоз хонда дар хаққи ин духтаратон дуъои неке кунед- чун Худованд инро
фармудааст! Шумо оё боре намоз хонда дуъои хайре барои духтаратон кардаед?-пурсидам
манн.
- Эээ баччам! Ман пеш аз ин чандин маротиба
сари қабри хазрати Султон, хазрати Амирчону
дигар «азизо» рафтаам - аммо хама муллохо мегуянд ки сари қабри фалон «азизи Худо» рав ва ё
дигари- аммо боре ба ман нагуфтаанд ки худ намоз хону дуъо кун. Шавхарам қати ин духтар 3-4 сол аст қахри- вай дуъои бад кардаги аммо
дуъои хуб не!- чавоб гуфт он зан.
- Холаҷон! Худованд мефармояд ки дуъои волидайн нисбати фарзанд чи дуъои нек
бошад ва чи дуъои бад зуд қабул мегардад. Пас равед ин духтаратона бо падараш ошти
кунонед ва харду якчо барои у дуъои хайр кунед Ин Шо Аллох бахташ кушода мешавад! Шумо 10-сол
сари қабри ин азизон равед фоида надорад-
танхо дуъоу тазарруъ ба Аллохи Мутаъол кунед!- гуфтам ман.
Бубинед ки ноМуллоҳои имруза аз «Тавҳид» бехабаранд ва ё аз барои «нафси
палиди худ» тайёранд эмонашонро
фурушанд. Чун пулу молу гову гусфандро онҳо ба худ мегиранд ва ҳатто аз ятимону
мискинони он маҳалла парвое надоранд. Аммо оё он нафароне ки сари қабри ин «азизон» мераванд худ аклу
Эмони ба Худо надоранд? Оё дар Куръону Аҳодиси Набави боре хабаре омадааст ки ин аъмол кабул аст- ё ин
щирк аст? Дар Щирк буданаш хабар ҳаст- аммо қабул нест. Хеч не дар
аъмоли саҳобагону соҳибмазхабон хабаре ҳаст ки ин аъмол қабул аст?
Не! ҳаргиз не! Чун он ҳазратхо аз Тавҳид бохабар буданд ва ҳар мушкилу ҳоҷоте болояшон ки меомад худ дар «дили шаб» намозҳои нофила хонда дасти ба дуъо суи
Холиқи Якто мекарданд ва танҳо аз У ҳоҷат металабиданд- ва таърих гувоҳ аст ки то чи андоза
ононро Худованд муваффақ карда буд. Онон ҳақиқат пайрави Қуръону суннат буданд- аммо имрзҳо мо дар забон худро аҳли суннат валь ҷамоъат медонем- аммо дар ъамал
пайрави хатокороне гаштаем ба монанди «шиъаён»-е ки Тавҳидро қабул надоранд.
Оё беҳтар нест ки ҳар мушкиливу ҳоҷоте ки пеш омад мову шумо худ чун фармудаҳои боло дар намозу ифтор ва қироати Қуръону «дили шаб» дасти ба дуъо
бардошта онро аз Аллоҳи Мутаъол бихоҳем? Магар инро касе ба
мову шумо манъ кардааст? Пас ки ҳукук дорад ақли худро аз Қуръону Аҳодис боло ҳисобад – ва ё гуфтаи ким кадом домлои хатокореро аз Ислом донад!???
Он фатвову ақидае ки зидди фармудаҳои Қуръону Аходиси Набавист қабул нест- чун онро метавонанд душманони дин ва ё ҳамон ҷоҳилони замон паҳн созанд то мо аз «Тавҳид» даст кашем! Мо худ
пайравони Куръону Суннат метавонем ба ҳар саволу масъалаҳо ҷавоб аз ояҳои Қуръониву суннати Набави ёбем!
Ислом ба «Зоти Худ» надорад айбе!
ҳар айб ки ҳаст дар мусалмонии мост!
Донед ки танҳо Аллоҳи Бузург ба мову шумо ъумр
медиҳад, неъмат медиҳад, мол медиҳад, бахт медиҳад, тахт медиҳад, шифо медиҳад, баракат медиҳад, фарзанд медиҳад, кушоиш ато мекунад!!! У
(ч.ч) равшану возеҳ дар ояҳои Қуръони инро ба бандагонаш
расонидааст! Нафаре ки ба ин неъматҳо муҳтоҷ аст марҳамат 10 мавриде ки Худованд
ба дуъову тазарруъи шумо ҷавоб мегуяд ва дар ин
мавридҳо шубҳае нест- ъамал кунед ва
ноумед мабошед чун «Дарёи Раҳмати Худованди» беканор аст!
Ноумед танҳо шайтон бояд бошад- мо
бандагон ба умед ба «Рахмати Илоҳи» зиндагии дар бандаги
мекунем. Аммо нафароне ки боз ҳам ин ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набавиро монда аз паи
фатвову дуруғи ҷоҳилону «ноолимон»-и замон мегарданд оқибат аз «Аҳли ҳасратанд»! Вой бар ҳоли онҳо ки аз «Тавҳид» бехабаранд!

Комментариев нет:
Отправить комментарий