Общее·количество·просмотров·страницы

четверг, 31 марта 2016 г.

Зиндаги шикасту рехтхо хам дорад!



      На ҳама руз хурсандист писарҷон! Зиндаги шикасту рехтҳо ҳам дорад!
    Модари бемор писари хурдии худро назди бистараш даъват кард. Маълум буд  писар аз бемории модар сахт андуҳгин аст ва тайёр аст гар зери замин дорую давое бошад барои модар фароҳам орад. Аммо ин беморие буд ки давояш танҳо «марг» буд.
  Модар писарро аз пешониаш бусиду аз у  пурсид:
 - Аҳмадҷон! Писарам ҳоло ту чанд солаи?
 - Модарҷон Худо хоҳад ин ҳафта 27 сола мешавам!- ҷавоб гуфт писар.
   Аз чашмони модар ашк чори шуданд. У боз аз писараш пурсид:
 - Аҳмадҷон! Писарчон дар ин 27 соли умрат чи кадар хабарҳои хуше шунидаи: дар ин 27 сол ҳам бародарону хам хоҳаронатро хонадор кардем, наберадор шудам, хонаи нав сохтем, мана ту ҳам оиладор шудиву занат ду набера барои ман таваллуд кард! ҳамаи ин хушхабар буд ё не?
 - Бале модарчон! Хабарҳои хуше буд ки fайри яке!- ҷавоб гуфт писар.
  - Он як хабари бад вафоти бародари миёнаат Саидчон буд!Ту хурдсол буди ки падарат вафот карда буданд ва ту аз меҳри падар низ маҳрум монда буди.  Акнун ту худ акли расо дори ва худат бояд дони ки на ҳама вакт хурсандист- албатта ин зиндаги поён дорад, шикасту рехтҳо дорад. Барои бародарат он поён 31 солаги будааст- акнун Худо донад ки поёни умри ману ту чанд рузу соатест. Пас зиёд андуҳу fам лозим не писарҷон! Ту бояд барои поёни ману худ тайёр боши то «ношукр»  банда набоши!- гуфт модар ба писар.
 - Чи хел тайёр шавам модарҷон? Чи кор кунам ки «ношукр»-и накунам? Охир ман ҳар чи шумо гуед мекунам.- пурсид писар.
  - Пас ту бояд дони ки хатто пас аз марги ман ту бароям савоби калоне метавони ҳосил намои гар тоъату ъибодати саривакти, аъмоли хайру феълу атвори хуб дошта боши- ва илло гар аъмоли баду бенамози  дошта боши номаи аъмоли ману падаратро бо бадиҳо вазнин сози.  Хоҳи ки арвоҳи ману падарат аз ту рози бошад пас чун имрузҳо аҳли масҷид буданатро, дасти ба хайр доштанатро, феъли наку доштанатро пас аз марги ман иваз накун балки  зиёда куну кам не!- таъкид кард модар.
 - Модар Ин Шо Аллоҳ дар роҳи ризои Худованд содик мемонам- аммо фироки шуморо надонам чи тавр кувват кунам. Ман шабу руз дуъо мекардам то Худованд бароятон шифо диҳад то солхои дароз миёни мо бошед- аммо…..  – гиря Аҳмадҷонро гулугир кард.
   - Бубин ки Худованд дуъои туро кабул кард писарҷон. Охир ман пас аз он ки ту намозхон шуди, масҷидрав шуди, рузагир шуди ва ҳамчунин бародару занатро ҳам намоз омухти худро аз нав таваллуд шуда хисобидам. ҳама рузу ҳама шаб дуъои хайрат мекардам то аз ин рох барнагарди. Акнун дон ки Худованд ҳар бандаеашро ки дуст дорад бо бемориву сахтиҳо уро санҷиш мекунад- аммо ҳар боре аз ъамалҳои некат мешунавидам ҳафтахо дарду бемориамро фаромуш месохтам. Охир ту ба ёд ор ки як ду сол пеш дар чи роҳи баде  будиву имруз чи феъли хубе дори!?- гуфт модар.
     Аҳмадҷон ба ёд овард ки дар ҳакикат у як ду соле пеш хама ҳаромкардаи Худовандро истеъмол мекард, шабу руз бо дустони бероҳагард ё дискотекаҳо ва ё шабнишиноҳо дошту хатто зану фарзандашро ҳафтае 1-2 бор медид. Модараш бошад аз ёди у гуё фаромуш шуда буд. Аммо марги fайричашмдошти бародараш Саидҷон зарбаи вазнине буд барои у. Чун Саидҷон ки тичорати калоне дошт гуиё ба ҷои падараш буд:
    \\Пулу либос даркор буд у харида медод, мошин туҳфааш кард, ҳар боре ки маст мешуду ба ҳодисае ру бу ру мешуд ин бародар уро аз он халос мекард, аз пушти ин бародари «бою бадавлат» ҳама уро ҳурмату эҳтиром мекард. Аммо соате ки «марг» омад напурсид ки «Саидчон чанд сол умр дошт», «чи вазифаву чи кадар пулу мол дошт», «чи муроду максадҳо дошт», тавбаву истигфор кард аз аъмоли бад ё не. Саидҷон рафту гуиё аъмоли бади Аҳмадҷонро ба кабр бо худ бурд ва уро аз он «хоби гафлат» бедораш сохт.
   У донист ки марг меомадасту пиру ҷавонро бо навбат мебурдааст. Пас аз худ мепурсид ки ин бародараш ки боре хам намоз надошт, ҳарчанд хайру саховат мекард аммо бепарво арак мехурду зино мекард рузи саволу ҷавоб дар кадом гуруҳ хоҳад буд: «некбахтон» ё «бадбахтон»? Охир ин марг мумкин буд уро низ ба коми худ бибарад- аммо у низ аз «бандаги» ба Худованд дур буд. Роҳе ки у пеша карда буд роҳе буд ба суи «ҷаҳаннам»!
    Аз он рузхо у тавба карду роҳи «наҷот»-ро пеша гирифт. Дар муддати кутоҳ хондани намоз омухт ва ҳатто ҳуруфи Куръониро аз худ кард. Гар аз сидки дил хоҳи албатта ҳама кор осон мешудааст. Акнун у ҳар ъамале ки дар Куръону суннати Паёмбар()    мехонд ҳаракат мекард бо он ъамал кунад. Саҳаргохон барвакт ба масҷид мерафт, Куръон мехонд, аз дуконҳои бародари марҳумаш ҳаромкардахоро дур сохт.
     У ҳар куҷое ки мебаромад албатта аз модар дуъои хайр мегирифт ва ҳар он чи ки  модар мефармуд онро иҷро мекард. Дар ин муддати кутоҳ у 3-4 дустони пешинаашро ҳам ба намоз даъват кард ва бо хости Илоҳи  аз роҳҳои бад онҳоро  сабаби дур шудан шуд- ин сабаб буд ки волидайни он дустон ҳам барояш дуъои хайри зиёде мекарданд.
  - ……….. Аҳмадҷон!! Охир ту чи ин кадар ба фикру хаёл рафти? Бароят як васийяте дорам ки мехоҳам онро иҷро куни! Гар ин васийятамро иҷро куни ҳам ризои Худовандро ба даст ори ҳам ризои маро.  Зану кудакони ҳамсояамон раҳмати Латифро рафта аз дехаи ҳамсоя ёб. Онҳоро бародарони шавҳараш зада аз хонааш пеш карда буданд ва дар каровулхонаи масҷиди ҳамсоякишлок зиндаги мекунанд.
    -Писарҷон! Ин кадар пулу мол «саволу ҷавоб» дорад. ҳамон хонаи раҳмати бародаратро ки иҷора додаед беҳтараш холи кунеду ба он ятимакон диҳед ва то тавонед ба ҷои ҳафту чилу соли ман ба онҳо хурокаву либоса бурда диҳед бисьёр ъамали неке мешавад ки Худову Расулаш фармудаанд. ҳар гохе ки нийяти «хайр» кардан намудед ба ятимону муҳтоҷон рафта хайр кунед лозим нест «худнамои»-е ки аз Ислом нест. Савоби онро ба руҳи падару бародарат ва арвоҳи  ман «ҳадя» кунед! Устоди ману хоҳарат моро фахмонида буд ки ин аст «ризои Худованд» на он маъракаҳое ки мо барои мурдагон дорем! – васийят кард модар.
     Модар  ин суханонашро гуфту оби таҳорат талаб кард.  Духтари хурди Саодат зуд ҳамаро аз хона берун карду модарашро таҳорат гирифт. У бо ҳамроҳии духтарчааш модарро болои бистар гузоштанд то намози хуфтанашро адо намояд.  Бо вазнинии зиёд модар намозашро мехонду дар ҳар як ракъат болои болишти баланде саҷда мекард- аммо…..
    Ҳангоме ки у «аттаҳайёт» мехонд баногоҳ ба саҷда рафту хомуш монд. Духтараш ки худ намоз мехонд муддате пас ҳолати модарро диду дарк кард ки ин охирин «саҷдаи» модараш ба Холики Осумонҳост ва зуд бародаронашро даъват кард. Ҳама фарзандони дасту по хурда фиfоне бароварданду модарро ба бистар хобонданду манаҳашро бастанд. Чи лаҳзахову чи мусибати сахту вазнин………………..
    Пас аз адои ҷанозаи модар ҳама фарзандон муддате дар хонаи волидайн буданд.  Тибки васийяти модар Аҳмадҷон он «бевазану» ятимаконро пайдо карду хонаи поёни деҳа бударо ба онҳо ҳадя кард. У аз маfозаи худ орду равfану биринҷу шакар ва дигар маҳсулоти fизоиву якчанд либосеро бурда ба хонаи «нав»-и он ятимакон дод. Он хурсандие ки Аҳмадчон мушохида мекард ҳеҷтасаввур хам надошт. Кудакон  либоси навро мепушиданду уро ба огуш мегирифтанд ва аз сару руяш буса мекарданд. Ҳангоме ки онҳо fизоиҳоро диданд якеи кудакон аз модараш пурсид:
   - Модарҷон! Акнун мо хуроки гуштдор мехурем? Биёед имруз як оши гуштдор кунед. Охир аз рузе ки падарама надидем ягон бор оши гуштдор накардед ку?
   Ашки чашмони Аҳмадҷон беист ҷори шуданд. Акнун у фаҳмид ки модари марҳумаш чи васийяти хубе карда будаанд ба ҷои он маъракаҳое ки ба мардуми «серу пур»-ро бояд медоданд.  У ба худ нийят кард ки аз ин пас  ҳар чи  зиёдтар аз аҳволи ин ятимакон хабар гирад.
    Ҳамон шаб у дар хоб раҳматии модарашро дид ки дар Биҳишт буду  хушу хурсанд  ва дар тан либосҳои зебое дошт. Модар ҳар замон либосхои нав ба нав мепушиду дар боfи зебои пурмевае сайру гашт мекард ва аз миёни он боf ҳавзхои ширу асал ҷори буданд.  \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\//////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\

Ъибрат:
     Дар Қуръон дар  Оятҳои  36 ва 37-уми сураи "Нисо" ин мазмун омадаанд:
  -«Худоро бипарастед ва ҳеч чиз шарики У масозед ва бо падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёру мусоҳибу мусофири роҳгузар ва бардагони худ некӣ (хайр) кунед. Ҳар оина Худо мутаккабирону фахрфурӯшонро дӯст надорад, онон бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва молеро, ки Худо ба онҳо додаст, пинҳон мекунанд…."
    Яъне гар савоб хо
ҳем марҳамат аз ин ояҳои Қуръони маълум мешавад ки неки пеш аз ҳама ба падару модар аст, сипас ба ҳамсоягону хешон, сипас ба ятимакону асирону мазлумон ва мусофирон. Хар ки бар ин тоифа мардум неки кард савоб ҳосил мекунад- чун ин ваъдаи Худовандист. Аз  аъмоли Паёмбари Ислом ()   ва ояхои Қуръони хабар зиёд хабарҳо омадааст оиди аъмоли хайр нисбати Ятимону мискинон, мусофирону асирон ва ҳоҷатмандон- аммо ин ҳамаро кам дар «худоиҳои» мардуми худ мебинем ва ё тамоман намебинем.
    Пас оё дуруст аст ки ош диҳем ва аммо аз фармудаҳои Худованд пайрави накунем, фармудаҳову аъмоли Паёмбар ()  -ро накунему боз ин маъракаҳоро «оши Худои» номем? Аз чунин маъракаҳо на «руҳи гузаштагон» шод мешаваду на Худованд рози! Охир Худованд фармудааст ва Паёмбар ()   таъкид кардааст ки гар ризои Худоро хоҳед хайрро бар падару модар, сипас ба ҳамсоягону хешон, сипас ба ятимакону асирону мазлумон ва мусофирон намоем - на серону пурону вазифадорону боён.   Пас мо чи кор кунем?:
   - Он аъмолеро кунем ки Худованд фармудаанд ва Расулаш ()   ҳам худ кардаанд ва ҳам ба умматон таъкид кардаанд ва ана он вакт он хайр хайри  «Худои»  мешавад- на ҳамаруза он чи ки мебинем. Ислом ин аст- на он чи ки баъзеҳо бофтаанд.  ҳар як нафаре ки худро Мусалмон меҳисобад худ Қуръону аҳодис хонад ва пайрави он бошад  то Мусалмони «комил» бошад дар ъамал.
       Пас ризои Худовандро ки хоҳед пайрави Қуръону Суннати Набави бошед ва хайр ба хешону ятимону мискинон ва асирону ҳоҷатмандон кунед то Худованд аз он хайри шумо рози бошад. Ва илло агар хайре кунед барои пулдорону вазифадорон ва ё худнамои он рузи саволу чавоб Худованд бар шумо гуяд:
- «савоби он хайрхоятонро аз он нафароне гиред ки ба нийяти хурсандиву ризои онҳо хайр кардаед. Шумо аз барои ризои Ман(ҷ. ҷ) хайр накардаед»!
   Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайfамбар ()   фармудаанд:
«Худованди  Мутаъол рузи киемат мефармояд:
  -Эй фарзанди одам! Ман бемор шудам, ту манро хабар нагирифти. Банда гуяд: Худовандо! Ман туро чи гуна хабар мегирифтам, ҳол он, ки Ту Парвардигори ҷаҳониёни.
 Худованд гуяд: Ое надонисти, ки фалон бандаи ман бемор шуд? Агар ту уро хабар мегирифти дар ончо ба раҳмати Ман сазовор мешуди. Худованд мегуяд:
  -Эй фарзанди Одам! Ман аз ту хурок хостам, ту манро хурок надоди. Банда мегуяд: Худовандо! Ман Туро чи гуна хурок медодам, ҳол он, ки Парвардигори ҷахониёни.
   Худованд гуяд: Ое надонисти, ки фалон бандаи Ман аз ту хурок хост? Агар ту уро хурок медоди, ҳозир аҷри уро аз Ман мегирифти. Худованд мегуяд:
- Эй фарзанди Одам! Ман аз ту об хостам, ту Манро об надоди. Банда мегуяд: Худовандо! Чи гуна ман туро об медодам, ҳол он, ки Ту Парвардигори ҷаҳониёни.
  Худованд мегуяд: Фалон бандаи ман аз ту об хост, пас ту уро об нанушонди. Агар ту ба у об менушонди, ҳозир аҷри онро мегирифти.
___________--------------------------------------------------________
    Аз  Умар ибни  Хаттоб  (р )ривоят Аст, ки  Паёмбар ()    фармудаанд:
«Дустдоштатарини хона дар назди Худованд хонае аст ки дар он Ятиме гироми бошад»   (Байҳакй, Табаронй ва Суюти).
    Ба дурусти ки роҳҳои ризои Худовандро ба даст овардан зиёданд ва он роҳҳоро мо аз Куръону аҳодиси Набави метавонем пайдо намоему пайрав бошем. Худ бубинед ки Худованд дар чандин ҷои Куръон ва Паёмбар ()   дар зиёди аҳодиси худ хайру некиро пеш аз ҳама ба муҳтоҷону ятимону барҷомондагон фармудааст- аммо мо оё он фармудаҳоро пайрав ҳастем ё хайр?
    Аз ин бармеояд ки некиву хайре ки ба ятимону мискинон менамои ҳазор маротиба аз он «худои»- ҳое ки мо имрузҳо дорем авлотар аст чун онро Худову Расулаш()    фармудаанд. Пас донед ки фармудаи Худованд бар мо «карз»(фарз) аст- аммо он «худои»-е ки мо мекунем амраш «мустахаб»! Лек  афсус ки зиёди мо на аз фармудаҳои Худову Расулаш пайравем- балки аз хабаре ки аз яке аз уламо дарёфтаем ва имруз ин хабарро баъзеҳо кабул доранду баъзеҳо онро «бидъат» мехонанд пайрави мекунем.
    Ман ин ҷой намехоҳам дар бораи кардан ва ё накардани «худои»- ҳои имруза ҳарф занам- балки гуфтаниям ки тибки ояхои Куръониву аҳодиси Набави ҳар ки хайру некие ки бар ятимону мискинон намояд ҳазорхо маротиба аз ин «худои»- ҳои имруза мекардаашон зиёдтар савоб ҳосил менамояд. Чун гар дар бораи ин «худои»- ҳои имруза «ихтилоф» зиёд бошад- аммо дар бораи хайру саховат ва неки нисбати ятимону мискинону хешон РАВШАНУ ОШКОРО ДАР КУРЪОН ХУДОВАНД ВА ПАЁМБАР()   МОРО ОГОХ СОХТААСТ!!!!   
  Худованд мусалмонро амр ба эҳсону неки ба нисбати волидайн карда аст:...
Ба падар ва модар неки кунед! ҳаргоҳ яке аз ду ё ҳарду онҳо назди ту ба синни пири расанд, камтарин иҳонатро ба онҳо раво мадор! ва бар онҳо фарёд мазан! ва гуфтори латиф ва санҷида ва бузургворона ба онҳо бигу (Сураи Исроъ ояти 23) 

Аз Абиасид (р) ривоят аст, ки гуфт: Рузе мо назди Расули Худо ()  шишта будем ки марде аз қабилаи Банисалама омад ва пурсид: Ай Расули Худо()! Падар ва модари ман вафот кардаанд, оё ҳаққе аз онҳо бар ман мондааст? Ҳазрат алайҳиссалом гуфтанд:
  Оре (ҳақҳое монда аст, ки бояд иҷро намои, мисли) хамаруза Дуъо дар ҳаққи онҳо кардан, Барои онҳо аз Худо талаби мағфират намудан, Ба аҳде, ки баста будед бо онҳо вафо кардан, Силаи раҳми онҳоро ба ҷо овардан (яъне ба наздикони онҳо неки кардан) ва эҳтироми дустони онҳоро риоя намудан аст». (Ривояти Абудовуд) 
    Бино ба гуфтаи Худо ва Расули Худо алайҳиссалом бар фарзанд лозим аст, ки пас аз вофоти волидайн ё яке аз онҳо, эҳсон ва некиро қатъ накунад. Эҳсоне, ки пас аз марг бар фарзад анҷомаш савоб дорад иборат аст аз:

1) Дар ҳаққи онҳо дуъо кунад. Яъне пас аз намозҳо ё дар дили шаб аз Худо барои волидайнаш раҳмат ва рафъи дараҷа дар ҷаннат талаб намояд. 

2) Аз Худо барои онҳо талаби афву бахшиш намояд. Яъне аз Худо талаб кунад то гуноҳони онро бубахшад ва аз азоби қабру ҷаҳҳаннам онҳоро ҳифз намояд. 

3) Агар пеш аз марг ягон ҳоҷате аз фарзанд хоста буданд ва ё васияте карда бошанд, бояд фарзанд онро бароварда созад. 

4) Ба наздикони онҳо неки ва эҳсон кунад, дар ғаму хушии онҳо худро шарик созад. Наздикони Модар тағо, хола ва ақрибо у аст, наздикони Падар амак ва амма ва дигар ақрибо. 

5) Ба дусти онҳо неки кунад. Яъне фарзанд дустону ёрони Падар ва Модарро эҳтиром мекунад ва ба зиёрати онҳо меравад. Худо нигаҳбонатон бошад.
_________________--------------------------------------____________________________
Аз имом Авзоъӣ (р), ки яке аз аиммаи салаф ва муосири Имом Аъзам аст, пурсида шуд:
-“Оё шумо барои амвот (мурдагон) ва гузаштагон дуо ва истиғфорро беҳтар медонед ва ё садақа доданро?  Эшон дар ҷавоб фармудаанд: “Ман ҳеҷ ҳадияеро барои эшон бо дуо ва истиғфор баробар намедонам” (Яъне дуо кардан ва барои эшон аз Худо омурзиши гуноҳ хостан беҳтар аз садақа додан аст).
Оре, дуо ва истиғфор барои гузаштагон ҳадияест, ки зикри он дар Қурьони азимушшаън низ омада аст, ва он ин аст:
   -“Худоё моро ва муъминонеро, ки пеш аз мо гузаштаанд биёмурз! Ва дар дилҳои мо нисбат ба ҳеҷ муъмине ҳасад ва кина қарор мадеҳ. (Сураи Ҳашр ояти 10) .
     Дар ривояте аз Бухори, оиди садакаи ҷория аз марде ки  исми он мард Саъд ибни Убода (р) омадааст. Эшон аз Расули Акрам ()  пурсиданд ки: Оё садакае барои волидайни марҳум кунам савобаш ба онҳо мерасад?  Баъд аз гирифтани посух аз ҷониби Паёмбари Худо()    Саъд ибни Убода (р)  боғи худро ва ё дар ривояти имом Аҳмад (р) чоҳи оби худро садақаи ҷория барои модари марҳумаш карданд.
    Ин навъи садақае, ки Саъд ибни Убода дар ҳадиси боло ихтиёр намудаанд, ва боғ ва ё чоҳи худро барои модар садақа карданд, он танҳо бар афзалияти навъи садақаи ҷория ба руҳи гузаштагон далолат мекунад. Умуман садақа дар истилоҳ ва қарордоди уламои дин иборат аст аз:
-“Додани чизе ба нияти қурбатан ЛилЛоҳ, (наздики ҷустан ба Худо) ва ба умеди таҳсили аҷру савоб аз ҷониби У. Ва он шаклҳо ва навъҳои мухталиф дорад. Албатта беҳтарин навъи он садақаи ҷория аст, ки ба он ишора кардем.
    Садақаи ҷория ду вижагӣ дорад, яке он, ки умри тулонӣ ва дароз дорад. Дигар ин, ки оммулманфиъат аст. Яъне манфиъат ва фоидааш доим ба оммаи мардум мерасад. Мисли боғ ва ё чоҳе, ки Саъд ибни Убода барои модар садақа карданд. Ва монанди он: бунёди масҷиду мадорис, беморхона, ятимхона ва нашри китобҳои илми – динӣ ва дунявие, ки ба нафъи ҷомиъа ва мардуми мусалмон аст, таъмир ва сохтани пул (купрук) ва роҳ ва кандани чоҳ ва сохтани неругоҳи кучаки барқӣ ва амсоли он.
  Садақа аз назари ҳукм низ ба ду қисм тақсим мешавад:
1. Садақаи фарзӣ ва воҷиба, ки адо кардани он лозим ва ҳатмӣ аст. Мисли закот, ушр, садақаи фитр ва назр... Масриф ва мустаҳиққи садақаи воҷиба танҳо фақирон, бенавоён, қарздорон, мусофирон ва онҳое, ки дар ояти 60 сураи Тавба мазкур аст, мебошад. Дар сурати адо накардани садақаи воҷиба, мусалмон гунаҳгор мешавад.
2. Садақаи ғайри воҷиба, ки додани он ҳатмӣ набуда, балки мустаҳаб ва ихтиёри аст (амсоли он худоие ки мардуми мо доранд). Назири садақаҳои нофилае, ки ғайр аз закоту ушру назр... дода мешавад.
    Садақа ва хайру эҳсоне, ки барои амвот ва гузаштагон имрузҳо карда мешавад ва танҳо дар мардуми мо дида мешавад , аз навъи садақаи нофила ва ғайри воҷиба аст. Ва дар сурати надодани он, банда гунаҳкор намешавад. Мустаҳиққи садақаи нофила ва ғайри воҷиба ҳар шахсе метавонад бошад. Ҷоиз аст фақир, ғани, болиғ, ноболиғ ва ҳатто кофир бошад.
   Пас интихоб шуморост бародарону хоҳарони Эмони:   “Дар додани садақа ва хайру эҳсон нисбат ба волидайну гузаштагони худ савоби “комил” хоҳед хосил намоед аз ҷониби Худованд пайрави ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набави бошед- ва илло ончунон “худои”- ҳое ки имруз танҳо мардуми тоҷику каме аз Узбекҳо доранд кардани бошед он амрест “мустаҳаб” ва ҳатто ки зери суол бурдашуда!
   Чунин “худои”  кардагон ба ҳеҷ ваҷх дар савоби ҳосилкарда ба нафароне ки ба ятимону мискинон ва барҷомондагон ба нийяти қурбатан ЛилЛоҳ, (наздики ҷустан ба Худо) хайру садақа менамоянд баробар нахоҳанд буд!
   Имрузхо равед бубинед зиёданд хонаҳои кудакони бесоҳиб, зиёданд саfерахонаҳо, зиёданд хонаҳои пиронсолон ва ҳатто дар ҳар як маҳаллаву деҳа хонае ки ятимон ҳастанд. Аммо афсус “мардум чи мегуянд” гуфта мо аз “фармудаҳои Худованд” фаромуш сохтаему меҳру шавкат нисбат ба он тоифа мардумоне ки ҳақиқат муҳтоҷанд надорем.
   Як бародар дар “Беморхонаи касалиҳои руҳи” оши хайр карду мо худ шоҳид будем ки чи хел он беморон пас аз хурдани ош миннатдори мекарданд. Бовар кунед дар ҳар як корпус то зиёда аз 100 бемори рухи карор дорад- ва чунин корпусҳо то 10-тоанд.  Магар намешавад он нафароне ки имконийят доранд (на ҳама) ба чунин марказҳо бурда хайр кунанд?
   Ё ба хамон пуле ки дар  хонаву ресторанҳо боёну вазифадорон ва мардуми одди  гуиё “оши Худои” медиҳанд рафта ба ҳамон пул либос ва ашёи зарури харанду бурда ба хонаҳои бепарасторон, беморхонаи рухи,  хонаҳои маъюбон  хайр намоянд?
  Охир ин ъамалро Худованд дар Қуръон ва Паёмбар ()   дар аҳодисаш фармудаанд- балки таъкид кардаанд.  Пас дар ин ъамал  аст “ризои Аллоҳ” на он маъракаҳое ки мо дорем. Пас худ интихоб намоед:
-          Гар ризои Аллоҳро ки хоҳед ҳар нийяти хайре ки дошта бошед тибки ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набави аввал ба ятимону мискинон, хешону ҳамсоягони муҳтоҷ, маъюбону барҷомондагон хайр намоед. Ин аз Ислом аст ва дар Қуръон таъкид шуда!
-         Аммо боз ҳам “мардум механдад” гуфта оши “худои” ба серону пурон додани бошед он худнамоие беш нест ва гумон аст савобе ҳосил месозед ё хайр чун дар чунин ъамал “ризои Худованд” кам дида мешавад. Харчанд чунин “худои”-ро холисан ЛиЛЛоҳ намоед хам он амри мустаҳабро дораду савобаш ночиз аст.

Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед: https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий