Намози Ҳоҷат! ҳоҷат дори аз Аллоҳ бихоҳ!
«Танҳо Туро мепарастем ва
танҳо аз Ту
ёри меҷӯем»
(Фотиҳа)
Тариқаи хондани намози ҳоҷат ҳамон намози маъмулии ду ракаъата аст.
Паёмбарамон Муҳаммад (Дуову дуруд бар у бод') фармудаанд:
-« ҳаркиро ҳоҷатест ба Худованд пас таҳорати хуб бикунад баъд аз он ду ракаъат намоз гузорад (афзалаш дили шаб) ва баъд аз он ҳамду санои Аллоҳро бигуяд ва дуруду
салом
фиристад
ба
Паёмбар
(Дуову дуруд бар у бод') ва ин дуъоро бихонад:
-«Ло
илоҳа иллаллоҳул Ҳалимул Карим субҳоналлоҳи раббил аршил ъазим алҳамдулиллоҳи раббил ъоламин,
Асъ алуку муҷиботи раҳматика ва ъазоима мағфиратика вал ғанимата мин кулли бирр вассаломату мин кулли исм ло тадаъ
ли
занмбан
илло
ғаффартаҳу ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу
ва
ло
ҳоҷҷатан ҳия лака ризо илло қазайтаҳо ё арҳамарр роҳимин.”
баъд аз он аз Худованд ҳарчи, ки мехоҳад аз амри дунёву охират талаб кунад”.(ривояти Тирмизи ва ибни Моҷа).
Шумо
метавонед
намози
ҳоҷат хонда дар ҳамчунин
дар ҳаққи дустатон ва ё ҷамии Мусалмонон дуъои
хайр
кунед
ва
дар
дуъоятон
аз
Худованд барои онон
низ шифо,
кушоиш,
осоиш,
бахту
фарзанд,
адои
қарзу дигару
дигар
талаб
намоед.
Чун
тибқи ҳадиси муборак ҳар бандае дар ҳаққи бародарону хоҳарони Исломиаш дуъо кунад - Худованд фариштагонеро дар қиболаш гузорад то омин гуянду бар дуъокунанда ҳам ҳамон некиҳоро ва аз он зиёдтар аз Холиқи Осумонҳо дар дуъояшон талаб кунанд.
Пас мутмаин бошед ки дуъои фариштагон бе шак қабулшаванда аст. Дуъо гарчанде дар забон сабук аст- аммо дар асл беҳтарину бузургтарин ъибодатест ки Худовандро аз бандагон рози кунонад. Албатта агар ин дуъо «холис» бошад! Дуъои «холис»-она Ин Шо Аллоҳ бе ҷавоб нахоҳад монд.
Пас бародару хоҳари Исломиам оё барои ҳоҷат хостан, барои шифо хостан, барои кушоиш хостан, барои осоиш хостан мо он чи ки Худову Расулаш (Дуову дуруд бар у бод') фармудаанд пайрави кунем беҳтар аст - ва ё баъзе бидъату ҳатто «щирк»-и маҳзе ки дониставу надониста зиёди мо ба он даст мезанем????
Пас бародару хоҳари Исломиам оё барои ҳоҷат хостан, барои шифо хостан, барои кушоиш хостан, барои осоиш хостан мо он чи ки Худову Расулаш (Дуову дуруд бар у бод') фармудаанд пайрави кунем беҳтар аст - ва ё баъзе бидъату ҳатто «щирк»-и маҳзе ки дониставу надониста зиёди мо ба он даст мезанем????
Чун зиёданд нафароне ки вакте мушкилие болояшон ояд, ҳоҷате дошта бошанд, фарзанддор нашаванд, беморе шаванд - ба ҷои он ки зуд худ ба намоз қоим шуда дар дуъо аз Холиқи Худ кушоишу сабуки хоҳанд ба назди ҷодугарону дуруғгуён ва ё сари қабри азизони Худо рафта мушкилашонро арза менамоянд. Гумони онҳо ки ин аст Ислом- аммо дар асл ин аст «щирки ба Худо»!
Бо далели ин ояҳову аҳодис:
Дуъои ғайри Худованд ширк аст ва аз асбоби дохил шудани дузах мебошад. Худованд мефармояд:
«Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дарои» (Шуро 213)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод' мефармояд:
«Касе бимирад дар ҳоле ки барои Худо шарике қарор додааст ва уро дуо мекунад, дохили дузах мешавад» (Бухори' )
Оё дуъо ибодат аст барои Худованд?
Бале, дуъо барои Худованд ибодат аст.
Худованд мефармояд:
«Парвардигоратон гуфт:
«Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои) шуморо иҷобат кунам» (Ғофир 60)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод') мефармояд:
«Дуъо ъибодат аст» (Тирмизӣ)
Пас дуъо ки ибодат бошад донед ки ъибодат ба ғайри Аллоҳ -щирк аст! Дуъо ки ъибодат аст онро ба суи Аллоҳ бикунем тибки Куръону аҳодиси Набави!
-Оё мурдагон дуъоро мешунаванд?
-Мурдагон дуъоро намешунаванд.
Чун Худованд дар «Каломаш» мефармояд:
-«Ҳаройна, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво сози» (Намл 80)
Худованд дар ҷои дигар мефармояд:
-«Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гур хуфтаанд, бишунавонӣ» ( Фотир 22)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод)' мефармояд:
-«Дар ҳақиқат барои Худованд дар замин фариштаҳои сайёҳе аст, саломи умматамро бароям мерасонанд». (Аҳмад)
Оё аз мурдагон ё ғоибон ёри талаб мекунем?
--«Аз онҳо ёри талаб намекунем, балки танҳо аз Худованди Бузург ёри талаб мекунем».
Худованд мефармояд:
-«Ва (ба ёд оред)' он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёри хостед ва Худо бипазируфт» ( Анфол 9)
Пайғамбари Худоро (Дуову дуруд бар у бод)' агар ғаму андуҳе мерасид, ё мушкиле дошт чунин дуъо мегуфт:
-«Ё Ҳайю ё Қайюм ба раҳмати ту ёри металабам» (Тирмизи')
\\\\\\\\\\\\\\\\//////////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Имрузхо афсус ҳастанд бандагоне аз мо мусалмонон ки беҳтарин далел аз Қуръону Аҳодисро мебинанду мехонанд- аммо аз паи гуфтаи ким кадом гунаҳкоре мегарданд. Охир чи беҳтар аз ояҳои Қуръониву Аҳодиси Набавист ки бар мо расидааст? Охир чи тавр мо худро Мусалмон меҳисобем ки дар забон пайрави Қуръону Суннатему- аммо афсус зиёдамон дар ъамал пайрави гуфтаи нафаре ки ақидааш зидди фармудаҳои Худову Расулаш аст?
Худатон интихоб кунед ки оё он чи Худову Расулаш фармудаанд назди Аллоҳ (ҷ. ҷ) ичобат мешавад – ва ё он чи ки далел надорад ва ҳатто тибқи ояҳои Қуръону суннати Набави щирки маҳз аст!?
Ин мавзуъ мақсади мо манъ кардани зиёрати қубури волидайну азизони Худо нест- балки мо таъкид мекунем ки зиёд мову шумо равем сари қабри волидайн, гузаштагонамон, азизони Худо ва «мо худамон» барои онон дуъои хайре намоем чун онон акнун муҳтоҷи дуъоҳои моанд.
Дигар ин ки равем қабристон аз барои ёд овардани марг, барои панд гирифтан- аммо афсусс баъзе нафароне имрузҳо ҳастанд ки (ҳатто муллоҳо) сари қабри азизони Худо рафта бовари доранд онон шифо медиҳанд, фарзанд медиҳанд, кушоиши кор ато менамоянд, бахт медиҳанд ва гайра! Охир ин куфри маҳз аст- ва нафаре ки ба ин ақида бовари дорад эмони ба Худо надорад!
Аммо маълум аст ки он «муллое» ки ин ақидаро иҷоза медихад худ қабреро «зиёратгоҳ» карда нишастаасту пулу мол мегундорад ва ё 2-3 муридашро он ҷой гузоштаасту ризқу рузияшро аз он қабр мебинад- ва илло ҷое ки Қуръону суннат ин ақидаро ки манъ карда бошад чи зарурат аст
ақли худро аз он боло ҳисобид? Аммо ин «ноМуллоҳо» аз барои 5-10 сомони медодаи зиёратчиҳо ҳам ин дунёву ҳам охирати худро барбод додаанд!
Гар имруз мову шумо ки дигар ба он нафароне ки сари қабрҳои азизони Худо нишастаанд пулу мол, гову гусфанд, қанду донаги ки набарем ана аз ҳамон руз онон аз он ақидаи «ботил»-и худ даст мекашанд. Чун ҳар он чи ки зиёратчи мебарад ба он «азизони Худо» лозим нест- балки 3-4 «аждаҳор»-е ки худро мулло мегуянду болои катҳо нишастаанд байни худ тақсим менамоянд.
Магар он соҳиби қабр ки мол диҳад- моли ту ба у чи лозим? У ки шифо диҳад- чаро ба худ шифо наёфт? Пулу гову гусфанди бурдаи шумо ба ки лозим?- ҷавоб ин аст ки ба 2-3 «ноМулло»-и сари қабр менишастаги. Аз барои нафси «палид»-и худ он «ноМуллоҳо» эмонашонро ба шайтони Лаъин фурухтаанду мардумро аз «ТАВҲИД» дур карданианд.
Гар 1-2 бечораву ятиму муҳтоҷе назди он кати «ноМуллоҳо» менишастаги рафта ёрдам пурсад- бовар кунед ин «ноМуллоҳо» зада уро пеш мекунанд чун дигар нафси палидашон сер намешавад!!
Аммо ман аз он нафароне ки ба ҷои ба муҳтоҷону барҷомондагону ятимон хайр кунанд- ба зиёратгоҳҳо (аниқаш ба муллоҳо) пулу молу гову гусфанд мебаранд пурсиданиям:
- ОЁ ҳазрати Султон, ҳазрати Амирчон, ҳазрати Мавлоно, ҳазрати Увайс гушту нону канди шуморо мехурад? Оё пулу моли шуморо онон мегиранд ё мебинанд? Оё мурдагон ки қодир бошанд шифо диҳанд, мол диҳанд, бахту тахт диҳанд ва гайра пас пулу молро барои чи мебаред? Магар шумо намебинед ки пулу молу хурокаи шуморо он «ноМуллоҳо» гирифта аз пасатон «писханд»-е
мезананду ба худ мегуянд:
- Кош сафи чунин гумроҳону беақлону бешуурон зиёдтар шаваду мо «ноМуллоҳо» сохиби пулу моли зиёд шавем. Кош инҳо худ Қуръону аҳодис нахонанд, намози «ҳочат»-у «Истихора» нахонанд ва ҳамин тавр гумроҳ бимонанд ва моро оварда пулу моли зиёд «туҳфа» намоянд!
Бародарону хоҳарони исломи! Аз мурдагон ҳоҷат хостан қатъиян ҳаром аст. Ва мусалмон танҳо аз Аллоҳ талаби ҳидоят ва кумаки ҳоҷат
мехоҳад. Зеро Расули Худо ( Дуову дуруд бар у бод') ба Абдуллоҳ писари Аббос фармудаанд:
-« Ҳаргоҳ ҳоҷате
дори аз Аллоҳ бихоҳ (то ҳоҷататро
бароварда гардонад) ва ҳаргоҳ ёрдам мехоҳи аз Аллоҳ талаби кумак бикун».... (Ривояти Тирмизи)
Дар ҳеҷ ҷои аз Қурьон ва аҳодиси Расули Худо алайҳиссалом зикр нашуда аст, ки аз авлиёҳо кумак хостан ҷоиз бошад, балки бисёри аз олимон кумак хостан аз авлиёе, ки вафот карда аст ширк медонанд. Аз ин сабаб набояд мусалмон аз соҳиби қабр умеди фойда ва зарар дошта бошад. Зеро аҳли қабристон худ муҳтоҷи дуъои зиндагон ҳастанд.
Шахсе, ки аз сабаби ҷаҳлу нодони чунин эътиқод ва бовари дошта бошад, ки мурдагон қудрати фойда ва зарар расонидан доранд, бояд насиҳат карда шавад ва бо далелҳои шаръи (чун болои) ва ақли уро огоҳ созанд то аз чунин ақидаи хатоаш баргардад, агар қабул кард хуб аммо агар қабул накард пас имоматиаш ҷоиз нест ва намоз хондан аз паси чунин шахс саҳиҳ намебошад.
Марҳамат тибқи ояҳои Қуръониву аҳодиси Набави ҳар ҳоҷату мушкиле ки доред худатон гусл ва ё таҳорати хуб намоед ва пас аз адои намозҳои нофилаи шабона дасти ба дуъову тазарруъ суи Холиқи Худ бардоред. Хеҷ гоҳ ноумед мабошед- чун ноумед бояд танҳо Шайтони лаъин бошад. Ин аст Ислом- на он чи ки шумо аз забону ъамали баъзе «ноМуллоҳо» мебинед!
Худованд
нигаҳбонатон бошад!

Комментариев нет:
Отправить комментарий