«Хандақҳои оташин» ! (Қиссаи Қурьони)!
Дар замонҳои гузашта
подшоҳи золиму мутакаббире ҷодугари хосе доштааст,
ки аз ў дар баъзе корҳо ёри мехост. Рўзе ҷодугар
барои подшоҳ гуфт:
-Эй подшоҳ ман воқеъан пир шудаам, пас бароям
баччаеро бифирист, ки ба ў сеҳру ҷодугариро
таълим бидиҳам, то дар оянда аз вай истифода бари. Подшоҳ барои сеҳргар писари
зираке равон кард, ки ҳар рўз назди ҷодугар
мерафт, то аз ў сеҳрро биёмузад.
Дар ҳамон роҳе, ки писарак ҳар рўз аз он гузашта
назди афсунгар мерафт, як марди парҳезгоре буд, ки ҳамвора Худоро ибодат
мекард. Як рўзе писарак дар назди марди парҳезгор нишаста аз вай суханҳову
дастуроти хубе дар мавзўъи парастиши Худои Ягона шунид, ки ин амр муҳаббати он
марду Худои Яккаро дар дилаш эҷод
намуд.
Рўзе
аз рўзҳо писарак дар роҳе равон буд, ки ногоҳ ҳайвони калонеро дид, ки дар роҳи
мардум истода, роҳро банд кардааст ва ҳеҷ
кас наметавонад аз ҷиҳати тарсидан аз он ҳайвони
мазкур аз он роҳ убур намояд. Вақте, ки
писарак ин ҳолро дид, худ ба худ гуфт :
-Ин воқеъа бароям фурсати бузургест, ки акнун
мефаҳмам дар назди Худо ки беҳтар аст: ҷодугари
ё марди парҳезгор?
Сипас аз замин сангеро гирифта, гуфт :
-Худоё агар он марди парҳезгор дар наздат маҳбубтар
ва аз ҷодугар беҳтар бошад,
пас ин ҳайвонро бикуш, то мардум аз роҳ бигузаранд.
Сипас
ў ҳайвони мазкурро бо санг зад, ки ҷо
ба ҷо
мурд ва мардум ба осони аз роҳ гузаштанд. Баъди ин воқеъа писарак назди марди
парҳезгор рафта ўро аз ҳодисаи мазкур хабар дод. Марди порсо ба ў гуфт :
-Эй писаракам дар ҳақиқат ту дар назди Худои
Бузург аз ман беҳтар гашти !
Баъд аз ин писарак беморонро ба хосту иҷозаи
Худо табобат мекард ва дар байни мардум
машҳур гардид. Марди кўре, ки аз дўстони подшоҳ буд, низ аз писарак шунида ба
наздаш омада гуфт :
-Биноии чашмамро бароям боз гардон, то дида
тавонам.
Писарак барои марди нобино гуфт :
-Ман
касеро шифо намедиҳам, балки Худованди Шофеъ шифо мебахшад. Агар ба Худои Бузург
имон биёри, бароят дуъо мекунам, то Худованд биноии чашматро боз гардонад.
Он мард ба Худо имон овард ва писарак
Худоро дуъо намуд, то ўро шифо диҳад. Худованд дуъои писаракро пазируфта, ба
марди кўр шифо бахшиду дубора бинояш сохт.
Рафиқи подшоҳ бино гашту назди подшоҳ рафт.
Вақте, ки подшоҳ ўро дид дар шигифт
омада ба ў гуфт :
-Ки
туро бино кард?
Он мард чавоб дод :
-Парвардигорам.
Подшоҳ барояш гуфт:
-Оё ғайр аз ман Парвардигоре ҳаст? Он мард
гуфт :
-Парвардигори ман ва ту Худованди Якто мебошад!
Подшоҳ ба лашкариёнаш фармон дод, ки марди
мазкурро азобу шиканҷа диҳанд. Онҳо он мардро
чунон уқубату шиканҷа карданд, ки ночор аз
писарак қоил шуд. Лашкариёни подшоҳ дар ҳол писарро ҳозир намуда, тибқи дастури
подшоҳ ўро низ азоб доданд, то ин ки ў низ иқрор намуда, онҳоро аз марди парҳезгор
хабар дод.
Подшоҳ
марди порсоро ба наздаш хонд ва аз ў хост, ки парастиши Худои Якторо тарк
намояд. Он мард аз фармони подшоҳ сар печида, дар динаш пойдори намуд. Оқибат
подшоҳ ўро ҳамроҳи марди бино гардида ба қатл расонд.
Воқеъан подшоҳ бо истифода аз роҳҳои
гуногун мехост, ки писаракро бикушад, вале ў ҳар дафъа ноком мешуд. Боре аз
тариқи ғарқ кардан, бори дигар аз тариқи аз кўҳ андохтан хост, ки ўро бикушад,
вале Худованд дар ҳама ҳолат писаракро аз маргу ҳалокат наҷот
медод. Ин ҳангом писарак ба подшоҳ гуфт :
-Эй подшоҳ ту маро кушта наметавони магар ин,
ки тибқи гуфтаи ман ъамал намои !
Подшоҳ ба писар гуфт :
-Кадом тариқаро пешниҳод мекуни?
Писарак гуфт :
- Аз ту талаб дорам, ки мардумро дар як ҷо
ҷамъ
намои, сипас найзаеро гирифта ба овози баланд бигўи : -Ба номи Худо, Парвардигори писарак ва он тирро
ба сўям бияндоз. Агар ба ҳамин гуфта амал намои, бегумон маро хоҳи кушт.
Подшоҳ тибқи гуфтаи писарак ъамал намуда миёни
мардумон ўро бикушт.
Вақте, ки мардум тафсилоти ин ҳодисаро ба
чашмашон диданд дар ҳол иқрор намуданд :
-Ба Парвардигори писарак «имон» овардем.
Подшоҳ замоне дид, ки мардум ба Худованди Бузург имон
оварданд хашмгин шуда ба лашкараш фармон дод, ки дар замин хандақҳо канда, дар он оташро шўълавар созанд. Сипас ў
(подшоҳ) бифармуд, то ҳар шахсе, ки ба Худо имон овардааст, дар он хандақҳои
оташдор бияндозанд.
Дар миёни мардуми имон оварда зане буд, ки
тифли хурдашро дар бағал мебардошт. Вақте, ки ўро ҳамроҳи тифли мазкур барои дар оташ
андохтан ҳозир намуданд, андаке у дудила
шуд(ба фарзандаш дилаш сухт).
Ин
замон он тифли хурдаш ба забон омада ба ў гуфт:
-Сабр
кун, эй модар! Ҳамоно ту бар роҳи ҳақ ҳасти!
Пас
он занро бо ҳамроҳи тифлаш дар оташ
андохтанд ва у аз имонаш барнагашт.
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Худованди
бузург мўъминонро вақти дар Макка таъзибу шиканҷа
шуданашон, аз ин достон дар Каломаш хабар додааст, то ин ки достони мазкур онҳоро
бар собиту пойдори дар динашон ва низ сабру таҳаммул кардан дар озору шиканҷаи
кофирони Қурайш кўмаку ёри намояд!
Зеро вақте, ки онҳо бидонанд, ки ба баъзе мўъминоне
аз умматони гузашта низ азобу шиканҷаи
сахт расида, вале эшон сабру таҳаммул карда дар динашон пойдор монданд, бегумон
ин амр бар собиту пофишории онҳо меафзояд.
Албатта
соҳибони ухдуд (хандақҳо), ки иборат аз подшоҳ ва лашкариёнаш мебошанд, дар
оташи ҷовидонаи дўзах азобу шиканҷа
карда мешаванд, зеро ки дастону пойҳояшон бар ин гувоҳи медиҳанд, ки дар ҳақиқат
онҳо мўъминонро куштанду сўзонданд ва Худо низ амалҳояшонро дидааст.
Ба дурустие ки он мўъминон нисбати подшоҳ
ва лашкараш кадом ҷинояте накардаанд ва
гуноҳашон дар назари подшоҳ фақат ҳамин буд, ки онҳо ба Худованди ғолиб ва Тавоно
имон оварданд. Аслан имон овардан ба Худо гуноҳ нест, магар дар назари кофирон,
ки онро гуноҳ мешуморанд.
Худованд соҳибони Ухдудро ба ҳамон тариқае, ки
онҳо мусулмонҳоро азобу шиканҷа
доданд, азоби сахт медиҳад. Миёни оташи дунё ва оташи сахти ҷаҳаннам
фарқи калон аст, вале агар ин кофирон тавба карда ба Худованди Якто имон
биёранд, бегумон Ў гуноҳҳояшонро меомўрзад, ки ин амр бар вусъату фарохии раҳмати
Худо далолат менамояд.
Баъд аз баён гардидани достони «асҳоби
Ухдуд»(хандакхои оташин) Худованд ба
Паёмбараш (Дуову
дуруд бар у бод) хитоб карда мегўяд:
-«Ҳамоно
Парвардигорат бар азоби сахт додани кофирон қодир мебошад ва ҳаргиз касе аз онҳо
аз азоби Илоҳи раҳои намеёбанд». Бешак амри мазкур дар назди Худо саҳлу осон
мебошад, зеро ки Ҳақ таъоло онҳоро халқ карда, рўзи растохез боз эшонро барои
бозпурси ва азоб зинда менамояд.
Инчунин оятҳои охири ин сура баъзе сифатҳоеро
ки баёнгари баланди ва бартари Худованд аст, бозгў менамояд, чунончи Худованд
мефармояд :
-«Ҳароина
Худованд омўрзандааст, ки гуноҳони тавбакунандагон ва омўрзиш талабонро мағфират
менамояд». Ҳақиқатан Аллоҳ таъоло дўтдоранда аст, яъне бандагони парҳезгорашро
дўст дошта, орзуҳои ононро бароварда месозад».
Дар поёни сураи мазкур Худованд ба
Паёмбараш (Дуову
дуруд бар у бод) мегўяд:
-«Дар ҳақиқат бароят сарнавишти баъзе кофиронро
баён намудем, ки онҳо ё қавми Фиръавн мебошад, ки Аллоҳ таъоло эшонро ғарқ
намуда ҳалок сохт, ё қавми Самуд мебошад, ки онҳо фиристодаи Худо Солиҳ(ъА)-ро
такзиб карданд, бино бар ин Худованд ҳамаашонро зеру забар кард».
Аз китоби тафсирҳои Зайд Умар Абдуллоҳ!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат
ба ҳамзамонони мо:
Он ъибрате ки аз ин қиссаи Қуръони мову шумо
бародарону хоҳарони Имони мегирем ин аст ки он кудак дарк кард ки ҷодугари
куфру щирк аст- имони ба Худои Якто қобили қабул аст. Дар асл он кудак замоне ки инро дарк кард ва санҷид
дигар аз роҳи Ҳақ барнагашт ва дар дину имонаш содиқ монд.
Худованд ин қиссаи Қуръониро ба моён низ
сабақу дарс қарор додааст. Чун бубинед ки он кудак донист ки Худои Яктои Беҳамто
шифо медихад, дастболо месозад ва лозим нест куфру ҷоду.
У (кудак) ба он марди нобино ҳам мегуяд:
- Ман шифо намедиҳам, балки Худоям шифо медиҳад. Ту эмон биёр ба Худои Қодиру
Тавоно пас бубин қудрату тавоноияшро.
Пас он мардро Худованд он неъмати бузург
биноиро бармегардонад. Акнун бубинед ки он мард низ пас аз ин муъҷизаи
Илоҳи дар имони овардааш собит мемонад ва маргро қабул менамояд- на он биму
тарсе ки он шоҳи золим барояш ваъда медиҳад.
Акнун
ба ин замони мо нигаред: Мардумони
оддиву камсавод яктараф истад- ҳамон «НоМуллоҳо»-и имруза мехонанд ва
мешунаванд ки танҳо Худованд мол медиҳад, фарзанд медиҳад, шифо медиҳад, кушоиш
ато мефармояд ва ғайра- аммо дар асл аз барои нафси «палид»-и худ шуда эмонашонро
мефурушанд. Онон метарсанд аз он ки мардумонро огоҳ созанд ки:
-« на қабри ҳазрати Султон ва на ҳазрати
Мавлонову ҳазрати Зайналобуддин дигар ба ҳеҷ
чиз қодир нестанд- балки шумо худ 2 ракъат намоз хонда аз Худованд дар дуъо ҳоҷат
хоҳед Ин Шо Аллоҳ муваффақ мешавед»!
Рости хушо бар ҳоли он «ҳазратон»- е ки
олимону авлиёҳои замони худ буданд ва мо бояд барояшон дуъои хайр намоем- аммо
на ин ки фармудаҳои Қуръону суннатро гузошта қавли баъзе дуруғгуёнро пайрав
шуда назди қабри он ҳазратон мададхоҳи равем! Ин ақида зидди фармудаҳои Қурьону суннати
Набавист- зидди Тавҳид аст!
Нафаре ки мегуяд ки ин ъамал дуруст аст
дар асл «фоида»-е аз ягон қабре бар у шогирдонашон меоранд. Яъне у қабре дуруст
кардаасту шогирдонашро шинонда аст болои катҳо -то ба у пулу молу гову гусфанди
«зиёратчи»- ҳо меовардаро «ҳаққашро» биёранд. Чун Қурьону суннат ин ъамалро ки щирк гуянд-
на муллову на олими замон дигар ҳақ надоранд ин ъамали щиркро иҷозат
диҳанд.
Ба қавли он ноМуллоҳо ки гуё «Худованду
Расулаш (Дуову
дуруд бар у бод) инро фаромуш карда будаанду
(Наъузубиллоҳ)- мо бо фалон домло ин аср онро тасдиқ кардем».
Ин ақидаи «куфр» аст!!!!
Чун гар мардумон ки аз «Тавҳид» бохабар
шаванд дигар ки ба ин ноМуллоҳо пулу молу гову гусфанд мебарад?, ки пушти дари
онҳо аз барои тумору дигару дигар навбат мепояд?! Шиори ин ноМуллоҳои замон ҳамон
аст ки:
- Гур сузаду- дег ҷушад!!!
Охир гар ин тавр ки набошад пас чаро онон ба
мардум асли Тавҳидро намефахмонанд? Чаро намегуянд ки пас аз мурдан чи олиму чи
шайху авлиё қодир нестанд ҳатто чангу хоки болои қабри худро тоза намоянд? Чаро
метарсанд гуянд ки шифо, мол, бахт, кушоиш, осоишро Худованд медиҳад гар
мардумон худ дасти ба дуъо бардошта бо «ихлос» дуъо кунанд?
Он ъамале, ки дар он ихтилоф нест намегуянд-
аммо бофтаи нафареро аз Ислом медонанд. Намегуянд ки ин ъамалро Худованд ва
Расулаш (Дуову
дуруд бар у бод) фармудаанд на сари қабрҳо барои ҳочат
рафтанро?
НоМуллое
ки сари қабре нишаста пулу мол меғундорад аз Тавҳид бехабар аст ва чун ба у
пулу молу чорвои зиёде мерасад аз қавли ким кадом ноМуллои дигар мардумонро
даъват ба «қабрпарасти» менамояд. Гуё ки ба он соҳибони қабрҳо гушту қанду нону пул лозим шуда бошад- аммо
дар асл худ мебинед ки хама он пулу моли «зиёратчиҳо» меовардаро 2-3 ноМулло
пушти мошинҳои худ бор карда ба хонаҳои худу «пир»-онашон мебаранд.
Магар ҳамин тавр нест? Магар ятимону камбағалону
муҳтоҷон
каманд ки шумо ба ин Номуллоҳои дуруғгуи аз асли Ислом бехабар пулу молу чорво
мебаред? Магар Худованд инро қабул мекунад? Чаро худ намехонеду намефахмед ки
Худованд чи фармудааст то шумо савоби комил ҳосил намоед- балки кур курона ба
гуфтаҳои дуруғи он ноМуллоҳои сари қабрҳо менишастаги бовар доред!
Гар нафаре ба он ноМуллоҳо аз хатояшон огоҳ
созанд даррав доду фиғон мебардоранд ки:
- Ту зидди мазҳаби Ханафии! Ту ваҳҳобии ва ғ.
Аммо оё боре Эмоми Аъзам (р.а) фармудааст
ки мушкиле пайдо шуд сари қабри ман ва ё ҳазрати Паёмбар (Дуову дуруд бар у бод)
раведу ҳоҷат хоҳед? Оё саҳобагони
Расули Акрам (Дуову
дуруд бар у бод) боре сари қабраш рафта ҳоҷат
хостаанд?
Дар
кучо хабар омадааст, ки он ҳазратон болои қабре кат гузошта мардумонро даъват
намоянд гову гусфанду қанду донаги ва пул биёранд?Магар Ислом акидаи щирконаи
ин ноМуллоҳои замони мост- ё фармудаҳои Худову Расулаш (дуъову дуруд ба у
бод)?!
Оё боре Эмоми Аъзам ва ё дигар соҳибмазхабе худ сари қабри «азизони Худо» барои мушкилаш
осон шудан рафтаанд?--- ва ё он ҳазрат ҳар мушкиле ки пеш меомад дар «дили шаб»
ба намоз қоим шуда дар дуъо аз Худованди Қодиру Тавоно ҳоҷат
мехостанд?
Албатта
он кас(ва ҳама азизон) худ намоз хонда дасти ба дуъо мебардоштанд ва аз Холиқи Якто
ҳоҷат
мехостанд. Аммо сари қабри азизон рафта ба ҳаққи онҳо дуъо мекарданд – чун
акнун мурдаҳо муҳтоҷи дуъои зиндаҳоянд. Ин
аст мазҳаби Эмоми Аъзам(р.а)!
Аммо ин ноМуллоҳои замони мо аз мазҳаби
Эмоми Аъзам (р.а) гуфта мисол аз фалон номуллое ки 10-20 сол ё 100 сол пеш
гузаштаанд мисол меоранд. Охир ҳамон мулло мумкин худ як ду қабре рост карда
болои кат менишастаасту пулу молу гову гусфанди зиёд ҷамъ
кардааст – пас чунин «фатво» додааст то ин ъамали худро аз Ислом донанд.
Ин хандаовар аст. Ҳеҷ
кас чи олиму чи мулло хақ надорад қавли
худ ва фатвои додаи худро ин замон ба мазҳаби Эмоми Аъзам (р.а) нисбат диҳад.Эмоми Аъзам безор аст аз чунин пайраве ки дуругеро ба у нисбат дихад.
Бародарону
хоҳарони Имони! Худованд ин қиссаро бар мо низ ъибрат овардааст то мо эмони ба
Худои Якто ки дошта бошем танҳо ва танҳо ҳар мушкиле дорем дар дуъо аз Худованд
бипурсем, пайрави Қурьону Суннат бошем - на он чи ки баъзе «номуллоҳо аз қавли «бобом, устодам, пирам»
мисол меоранд.
Гар онон
олиму домлоанд мисол аз Қурьону суннат оранд ( бо далил)- пас мо ҳам қабул
кунем ва онро пайрав бошем! Гар мо хато гуфтем бо далил моро ислоҳ намоянд-
аммо гар онон хатокоранд худ ислоҳ шаванд. Ин аст он бародариву хохарие ки
Худованд миёни муъминон эълон намудааст!
Дигар
ин ки мо дар динамон собит бошем ва ҳар мушкиле ки омад дар доираи Қурьону Суннат аз Худованд мадад талабем. Ин
аст Ислом! Ин аст Имони ба Аллоҳ!
Дар паноҳи Аллоҳи Бузург бошед!
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед: https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед: https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий