Роҳи наҷот!
Қисса мекунанд, ки
подшоҳи
золиму мутакаббири бутпарасте бар
мусалмонон зулму ситами зиёде мекард. Чун халифаи мусалмонон аз ин хабардор
гашт лашкари бузургеро бар зидди у равон сохт.
Намояндаи мусалмонон бо мактубе ба назди он шоҳ равон карда шуд, ки
дар он гуфта мешуд:
- Эй шоҳи золим! Гар имруз «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МухаммадаРасулаллоҳ» гуфта
Мусалмон шави аз ин лашкари мо худро наҷот
хоҳи
дод! Ва илло имон наёварди вой бар ҳолат чун ҳалок хоҳи шуд!
Он шоҳ бо хашм
он сафири муслиминро зада пеш карда бо лашкар ба майдони ҳарб ҳозир шуд.
Чун муддате ҷангиданд лашкари муслимин лашкари уро шикаст доданду
лашкариёни зиёдеашро куштанд, баъзеаш фирор намуданд.
Худи подшоҳ ба асорат афтод. Мардуми мусалмон зиёд мехостанд аз ин шоҳи золим қасд
бигиранд. Пас онҳо дегеро болои оташ гузошта он шоҳро ба он
партофтанд. Подшоҳ ба он Худоёни ботили худ умед карда аз онҳо наҷот мехост ва номҳои ҳар якеро гирифта мадад металабид.
Чун у дид, ки наҷот нест дарк кард Худоёни ботилеро мепарастидааст. Пас он
мактуб ба ёдаш омаду бо сидқ гуфт:
- «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МуҳаммадаРрасулаЛоҳ»!
Илоҳо
ба Ту имон меорам ва аз Ту наҷот
металабам!
У беист «калима» арза мекард ва ашк рехта наҷот мехост. Ин замон Аллоҳи Мутаъол ба мадади у борону шамоле равон сохт. Аз шиддати
шамолу борон оташ хомуш гашт ва дег чаппа шуда подшоҳ наҷот ёфт.
Мусалмонон чун ҳодисаро
диданд ва он «шаҳодат» аз забони у шуниданд уро раҳо карданд
ва у ҳамчунин
дар забон «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МуҳаммадаРрасулаЛлоҳ»
гуён ба шаҳраш дохил шуд.
Он
лашкариёне, ки аз ҷанг фирор намуда буданд ва дигар мардуми шаҳр уро дар
он аҳвол
диданду ҳайрон монданд. Чун аз у чи тавр наҷот ёфтанашро пурсиданд ҳодисаро аз аввал то ба охир қисса кард
ва гуфт:
- Солҳо мо
Худоёни ботилеро парастиш мекардаем. Чун дохили дег маро карданд ҳама номи
онҳоро
ёдовар шуда мадад хостам –аммо ҳеҷ мадад набуд. Чун аввалин маротиба «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МуҳаммадаРрасулаЛлоҳ»
гуфтам ва аз Худои Мусалмонон бо сидқ наҷот талабидам - Худованд ба мададам шамолу борони сахте
фиристод ва маро наҷот дод.
Ҳама мардуми шаҳру лашкариён чун он қиссаро аз забони подшоҳи золиму мутакаббир, ки шуниданд аз худоёни ботил руй
гардониданду ба якбораги Мусалмон шуданд.
Қиссаи дигар!
Рузе саҳобагони Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) Талҳа (р.а)-ро
диданд, ки ғамгин ба
фикр рафтааст. Пас аз у сабаби ин ғамгиниашро
пурсиданд.
- Ман
аз Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) шунида будам, ки мегуфтанд:
- «Касе пеш аз марг ин калимаро ба забон бо сидқи дил орад
–пас уро ҳангоми марг сахти набошад ва рузи Маҳшар шоду
хурсанд зинда гардонида шавад, ва дохили Ҷаннат
гардонида шавад».
-Аммо маро муяссар нагашт он калимаро бипурсам. Аз ҳамин сабаб
ғамгинам.- ҷавоб
гуфт Талҳа (р.а).
- Ман
низ аз Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ин ҳадисро шунидаам ва он калимаро Он Ҳазрат ба
амакаш Абу Толиб такрор ба такрор
мегуфтанд. Он калима «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МуҳаммадаРрасулаЛлоҳ»
буд ва аз он бузургтар калимае нест.- хурсандона гуфт Умари Форуқ (р.а).
- Қасам ба номи Аллоҳ ин ҳамон калима аст, қасам ба номи Аллоҳ ин ҳамон ҳадис аст!- мегуфт Талҳа (р.а).
) )))))))))))))))))))))))))))))))))))))))
Ъибрат:
Ба дурусти, ки беҳтарин «роҳи наҷот» дар ин дунёву Охират ин Имони ба Аллоҳи Бузург
овардан аст. Аммо на танҳо бо забон гуфтану аз ъамал дур будан-балки бояд донист ки:
-Имон ин аст, ки албатта иқрор намои ба забон, тасдиқ намои
бо қалб ва ъамал намои бо ҷавориҳ! Ҷавориҳ - яъне бо аъзоҳои бадан.
Ин аст Имон овардан, ин аст Мусалмон
будан. Чун замоне мо калима арза намудем барои худ вазифахоеро қабул хоҳем кард. Ин
«калима» аз мо ъамал металабад. Шиъори ботиле ки баъзехо тутивор мехонанд:
-«Гап дар дил аст» - ин шиъори душманони Ислом аст, на мусалмонҳо. Чун душманони Ислом мехоҳанд мусалмонон дар динашон устувор набошанд ва ба ин
гуфтаҳои дуруғин ъамал намоянд.
Дар аввали Ислом то асрҳои миёна худ хабар дорем, ки то чи андоза Мусалмонон
дар дини худ устувор буданд ва Худованд бар онҳо фатҳу музаффарийятҳои беназире ато намуда буд. Мусалмонон ҳам дар ъилму маърифат ва ҳам дар давлатдори муваффақ гашта буданд.
Чун дар роҳи Қурьону суннати Набави устувор буданд ва аз доираи он
берун намебаромаданд. Ҳар мушкиле пеш меомад, ҳар ҳоҷате доштанд, ҳар саволе доштанд- ҷавоби онро аз Қурьону суннати Набави меҷустанд.
Душманони Ислом ҳам донистанд, ки то замоне ки Мусалмонон дар
пайравии Қурьону суннат
устуворанд онҳоро маглуб
сохтан наметавонанд.
Пас
мебинем, ки чи шиору ъамалҳои ботилеро онҳо миёни Мусалмонон паҳн сохтанд ва тавонистанд имони баъзеи мусалмононро
заъиф созанд. Афсус мехурем, ки ба онҳо дар ин ъамали нангин
баъзе мусалмонҳо мадад
мерасониданд.
Ба қиссаи боло нигаред, ки калимаи бо сидқи дил арза
намуда назди Худованд чи арзише доштааст. Ин калима «роҳи наҷот» аст бар муъминон. Ҳар нафаре, ки бо
боварии том калима арза намуда ъамал намояд Худованд уро аз ҳама балову
офатҳои
арзиву самои эмин нигаҳ дорад, ҳар ҳоҷату мушкиле дорад оқибаташро хайр гардонад!
Бубинед,
ки шоҳи
номусалмон аввалин маротиба калимаро бо сидқ ба забон овард ва Худованд уро наҷот дод. Пас у дарк намуд, ки чи калимаи бузурге будааст «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МуҳаммадаРрасулаЛлоҳ»!
Бузургони мо дар тули таърих чун ҳоҷате доштанд, мушкиле болояшон омад, дар коре ҳайрон
мемонданд ҳама шабҳо дар дили шаб намоз мехонданду аз Худованд мадад мехостанд.
Пас худ медонем, ки то чи андоза муваффақ буданд. Чун тулии умр ъамал доштанд ва умед танҳо ба Аллоҳи Мутаъол доштанд.
Аммо
афсус, ки ин замони мо зиёди мусалмонон пайрави аз Қурьону
суннат ва пайрави аз саҳобагону бузургони Исломро як су монда - балки дар аввалин
мушкиливу пайдо гаштани ҳоҷате мераванд назди фолбинону ҷодугарон, мераванд назди дуруғгуёне ки худро «китобкушо» эълон намудаанд, ҳатто
мераванд назди қабри «азизони Худо» ба умеди ҳоҷат.
Ҷои таассуф аст, ки
баъзе домуллову намояндагони динии ин замони мо низ ба ҷои он, ки ба ин мардуми гумроҳ гашта,
мардуми ҳоҷатдошта хабар аз роҳҳои Қурьониву Суннати Набави дар ин масъалахо оранд- худ сабаби
гумроҳии
ин нафарон гаштаанд.
Роҳҳое, ки дар
он «ихтилоф» нест, аъмоли доштаи
Бузургони Исломро як су гузошта албатта аз роҳҳои
ихтилофи ва ҳатто куфри сухан гуфта ба ин мардуми гумроҳ роҳ
менамоянд. Пас мебинем, ки ин гумроҳон мегуянд:
- Фалон домло гуфт, ки чаҳор ҳафта
албатта сари қабри фалон «азизи Худо» рав мушкилат осон мешавад,
фарзанддор мешави, шифо меёби, корат барор мегирад ва гайра. Фалон домло гуфт,
ки назди «пир»-и ман рав «китоб мекушояд» ва ба ту роҳ менамояд.
Ва гайра фатовои щирки ва куфри!
Чун тибқи мазҳаби мо сари қабрҳо танҳо барои дуъои хайр кардан ба он мурдагон мераванд- на ин ки худ аз он
«бечораҳо» умеди мадад хоҳем! Пешгуи ё ъилми ғайбро касе мегуяд, ки медонам у мусалмон нест.
Ин ҳама роҳҳои щиркист. Чун китобкушову фолбину ҷодугар ҳама яканд. Инҳо гуиё «Ъилми ғайбро»
медониста бошанд ва ба мардум мегуфта бошанд. Аммо дар асл «ъилми ғайб»-ро ҳатто Паёмбарон намедонистанд. Чун он назди Худост.
-Илми ғайбро кас намедонад ба чуз Парвадигор.
- Гар касе гуяд, ки медонам аз у бовар
мадор.
- Мустафо ҳаргиз нагуфти, то нагуфти Ҷибриил.
-Ҷибриилаш
ҳам нагуфти, то нагуфти Кирдигор
Расули Акрамро (дуъову дуруд ба у бод) гар дар
масъалае, ки намедонист суол мекарданд намегуфт ки «ҳозир китоб
мекушоям» ва ҷавоб мегуям- балки то аз Худованд ба воситаи Ҷабраили Амин (А) ҷавоби
онро намегирифт ҷавоб намегуфтанд!
Ҳайрон мемони аз
нафароне, ки худро аз Паёмбару дигар Бузургони Ислом дида бузург меҳисобанду
гуиё «Ъилми ғайбро» худ
медониста бошанд. Аммо дар асл онҳо ҷодугарону фолбинони аъмоли щиркиву куфри доштаанду бас!
Аммо афсус ин баъзе домлоҳо ба ҳоҷатмандону дармондагон намегуянд, ки:
- Дар дили шаб «намози Ҳоҷат», «намози Истихора», «намози таҳаҷҷуд» бихон ва аз Аллоҳи Бузургу Тавоно ҳар ҳоҷате, ки дори бихоҳ. Аз Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ва саҳобагону
бузургони Ислом қисса намекунанд, ки чун ҳоҷату мушкиле доштанд чи ъамал мекарданд!
Ин роҳҳои саҳеҳу дурустро
монда –роҳҳое, ки дар он ихтилоф аст ва ҳатто роҳҳои щирки
аст роҳ менамоянд. «Фалони дуруст аст гуфт аз қабр ҳоҷат хостан», «фалони аз пеши худ -не Китоб кушода ояндаро
мегуяд»-гуфта аз ягон муллои ин замони мо мисол меоранд. Аммо аз Қурьону
суннат ва аъмоли худи он «Азизони Худо» ва аввалин муслимин мисолҳо
намеоранд.
Пас бояд мо дарк кунем, ки онҳо инро аз барои «фоидаи» худ мегуянд ва метарсанд ба мардум роҳи «Ҳақро»
бигуянд. Чун гар мардум донанд, ки ҳангоми ҳоҷату мушкиле доштан, бемор будан- албатта намозҳои нофила
ва дуъоҳои муборак намоему аз Аллоҳи Мутаъол
кушоишу осоиш талабем Ин шо Аллоҳ бенасиб нахоҳем монд.
Гар инро он баъзе мулло гуянд дигар мардум ба сари қабрҳову хонаи
онхо гову гусфанду пулу мол намебаранд! Гар мардуми мусалмон роҳи дурустро
донанд- назди он «китобкушо»-ву «мушкилкушо»- кунон нахоханд рафт! Тарси ин
баъзе ба ном мулло аз ин аст, ки мардум гар «Ҳақро» донанд
– онон аз пулу мол маҳрум хоҳанд шуд.
Як қиссае аз ин замони мо!
Як
хешамон ҳар якчанд муддат пас дар маъракаву нишастҳо аз қиссаи воқеии як ҳамкори русаш нақли зебое мекарданд ки:
- Дар автобазае вакти СССР ронанда шуда кор
мекардем. Дар он автобаза якчанд русҳо ҳам кор мекарданд. Вазифаи мо ба ноҳияҳо бурда
расонидани бор буд. Як руз Кулоб мерафтем- дигар руз шояд ба Бадахшону дигару
дигар.
Як марди миёнасоли рус бо ман зиёд дусти дошту баъзан пасо пеш бор
гирифта ба нохияҳо мерафтем. У намозхонии маро медиду баъзан аз Ислому Имон
савол мекард, аз намозу руза мепурсид ва г.
Чун он солҳо мо бо автомашинаҳои кухна бор мебурдем рузе хабар шуд, ки ба автобаза мошинҳои нави «ЗИЛ»
меоранд. Мошинҳоро оварданду аввалин
шуда ба он ҷураи руси ман доданд. Пас у хурсанд гашта аввалин бори аз
пеш мебурда зиёдтареро ба мошинаш бор карда ба тарафи Ғарм танҳо равон шуд.
У худ чунин нақл кардааст,
ки:
- Чун борро фаровардам каме дар Ғарм истироҳат кардаму наҳори карда ба роҳ баромадам. Мошин ки нав буд бо суръати баланд бепарво роҳ мерафтам.
Он замон роҳҳо ин тавр ҳамвору мумфарш набуд- аммо гумон доштам ин мошин нав асту
дилпур метавонам сахт ронам.
Ногаҳ ҳангоми аз
баландие поин шудан «тормоз»-и мошин гум шуд ва бо суръати баланд мошин маро
поин мебурд. Аз тарс аз ҳазрати Исо (А) сар карда то тамоми азизони христианро ёд
карда мадад металабидам- аммо афсус мошин маро бо суръати баланд ба суи марг
мебурд.
У мегуяд, ки он замон ба худ
гуфтам, ки:
- Биё аз Худои Мусалмонон мадад металабам.
Гар маро мадад кард Исломро қабул карда аз ҳама бадиҳо дур мешавам. Пас бо овози ларзон аммо баланди ҷарангосси гуфтам:
- Аллах помоги! О Бог Мусульман
помоги мне и не дай мне умереть.
У қасам мехурад, ки шояд то ҷарри
якчанд метр монда буд, ки ман дигар мошинро идора намекардам. Аммо мошин худ
аввал ба тарафи сангпорахои адир бархурду поинтар рафта дар санге бархурда
бозистод.
Чун
мегуяд аз мошин бо пои ларзон поин шудам
дидам, ки дар поин ҷарии чуқуре будааст ва агар мошин поин меафтод пора пора мешуд. Ҳамон замон ба зону задаму гуфтам:
- «Слава тебе о Аллах»!
У мегуфтааст, ки аз ҳамон соат
дарк кардам, ки Ислом ин дини Ҳақ аст. Мегуяд мошин каме зарб хурда буд ва ман оҳиста оҳиста поин
шуда ба Душанбе рафтам.
Хешамон мегуфт ки ҳамон бегоҳ у дар
базза маро кофта ёфта ба хонааш даъват кард. Сипас у ҳодисаи бо
худ шударо гуфту аз ман илтимос кард «калима арза кардан»-ро омузамаш.
У ҳамон руз шаҳодат ба забон оварду Мусалмон шуд. Ҳарчанд номи ҳуҷҷатиашро иваз накарда бошад ҳам миёни
коригарон мегуфт ки аз ин пас номи ман Абдуллоҳ ва маро
бо ин номам фарёд кунед.
Аз ҳамон руз
сар карда кам кам сура омухта намоз мехонд ва дар моҳи шарифи
Рамазон руза гирифт. Бовар кунед, ки Имони у аз имони зиёди коригарони дар асл
мусалмон буда устувортар гашта буд. Аз он пас на арақ мехурд ва
на гушти хуку дигар ҳаромкардаҳои Илоҳиро.
Ҳатто як руз «дар роҳи ризои
Худо» гуфта гусфанде кушта хайре кард. Аз маошаш ҳама моҳҳо миқдореро
садақа
медод.
Ин буд қиссаи
марди руссе, ки солҳо христиан буд- аммо бо аввалин номи Аллоҳро ба
забон овардан аз марг наҷот ёфт. Чун у он соат аз «сидқ» умед ба
Аллоҳ
дошт ва Аллоҳи Меҳрубон уро наҷот
дод.
Пас аз ин ду қисса мо меомузем, ки дар ҳама маврид «аз сидқи дил» бовари ба Аллоҳ мебояд. Чун баъзеҳое хастанд, ки шикоят мекунанд ки дуъо кардам-аммо дуъоям
мустаҷоб нашуд.
Аммо дар асл онҳо аввал аз
ҳама
роҳҳои
ихтилофи ва ҳатто щирки истифода мебаранд ва чун муваффақ нагаштанд
ана он соат руй ба намозу дуъо меоранд.
Аз ин қадар роҳҳои ихтилофиву куфри истифода бурдан дар дили онҳо «гумонҳои ботил» ҷой
мегираду ҳатто ҳангоми намозу дуъо фикрашон ба дигар роҳҳост. Гар
онҳо
бе ягон гумон «аз сидқ» дуъо намоянд ҳеҷ гоҳ бенасиб нахоҳанд монд.
Бубинед, ки Худованд нафароне ки
дар дигар дин буданд ва аммо дар аввалин номи Аллоҳро бо сидқ ба забон
овардан наҷот ёфтанд. Пас ононе, ки мусалмонанд бояд донанд, ки Аллоҳ беандоза
бар онҳо Меҳрубон аст. У- аввалин дуъои бандагонашро мустаҷоб хохад кард.
Аммо «сидқу сафо»
мебояд. Азизон хуб қайд кардаанд ки:
- Намозе, ки аз сидқу сафо нест,
-агар дар Каъба гузори раво нест!
Яъне гар дар дилат «сидқ» нест аз худ
гила кун на аз он ки чаро Худованд дуъоятро кабул накард! Чун мушкил дар имону
ихлоси туст!
Чуноне ки:
Мусо (Алайҳиссалом) бо марде хамнишин гашт, ки дасти ба дуъо бардошта
аз Аллоҳи Мутаъол ҳоҷати хеш мепурсид. Он мард дуъоҳои зебое
мекард, ки ба дили ҳазрати Мусо (алайҳиссалом) нисбати у раҳм ҷой гирифт ва у ба худ гуфт:
- Гар ба дасти ман иҷобати дуъои у мешуд- албатта ҳоҷаташро бароварда мегардонидам.
Дар ҷавоби
ин гуфтахо Аллоҳи Мутаъол ба у хабаре фиристод ки:
- Ё Мусо! Ман аз ту дида зиёдтар ба ин мард
меҳрубонтарам.
Бале! У бо дуъову тазарруъ суи Ман даст бардоштааст, аммо у ин дуъоро танҳо ба забон
менамояд ва аммо дилу фикру хаёли у бо раммаи гусфандонаш аст ва у дар фикри он
гусфандонаш аст. Ман дуъои он нафареро, ки дилаш дар фикри ғайри Ман бошад ҳангоми дуъо иҷобат нахоҳам кард!
Мусо (Алайҳиссалом)
зуд ба он мард ин хабаре, ки Худованд ба у равон кард расонд. Он мард ҳамон замон
тавба кард ва бо «ҳузури дил» дуъо намуд
ва Аллоҳи Меҳрубон дуъои уро иҷобат
намуд!
(Руҳуль-Баён 3/178)

Комментариев нет:
Отправить комментарий