ТАЪРИХИ
ИНСОНИЙЯТ!
Подшохе хост сабаби пайдоиши одамийят,
вазифахои одамийят, таърихи пурраи одамийятро омузад. У ба нависандае фармуд таърихи инсонийятро навишта ба
у пешниход намояд. Нависанда пас аз солхои дарози захмат ба подшох «Таърихи
инсонийят» -ро дар 500 чилд оварда пешниход намуд. Шох чун ин чилдхоро бидид
гуфт:- Ман зиёд ба корхои мамлакат бандам. Ту ин китобатро кутохтару мухтасар карда биёр!
Пас аз бист соли дигар нависанда ба касри подшох омад. Акнун сабаби пайдоиши одамийят, таъриху вазифахои инсонийятро у дар 50 чилд чой дода буд. Аммо шох дубора ба у гуфт:
-Ман ба пири расидаам ва хондани ин кадар чилди китоб ба ман душвор аст. Ту бехтараш боз хам ин китобро кутох карда биёр.
Боз солхое гузашту нависанда, ки муи сараш барф барин аз пири сафед гашта буд, пас аз мехнати зиёд ба касри подшохи омад. Акнун ин китоб хамаги як чилд дошту халос. Дар он китоб хама зиндаги, ъилму ъамали одамийят, фоидахои зиндаги дар бандаги дар ин дунё нашр гашта буд. Он китоб соддаву осонфахм навишта шуда буд.
Аммо афсус подшох дар чойгахи марг карор дошт ва на куввату на хохиши хондани ин китобро дошт! Пас нависанда таърихи баъзеи инсонийятро дар як мисраъ чой намуд ки:
- БАЪЗЕ ОДАМИ ТАВАЛЛУД МЕШАВАД, ЗАХМАТ МЕКАШАД ВА МЕМИРАД!
Яъне баъзеи одамийят зиндагие ба худ интихоб менамоянд, ки хоси хайвонот аст на одамийят:
-Чун хоси хайвон аст таваллуд шудан, зистан ва мурдан. Хайвонотро Худованд акл надодааст- аммо одамиро акл додааст. Хайвонотро Худованд тоъату ъибодат нафармудааст- одамиро чунин вазифахо вогузоштааст. Гар хамин аклро одами бар нафсаш ғолиб гардонад Худованд уро хатто аз фариштагон болову авло намояд! Аммо гар инсоне аклашро мутеи нафсаш гардонад у аз хайвон дида пасттару бекадртар гардад.
Таърихи бандагони "солех", бандагони ботаквову пархезгор, бандагони хакикат дар дин пойбанд ба 500 чилд ва ё камаш 50 чилд китоб чой мегираду аммо боз хам нотамом мемонад! Аммо таърихи бандагоне, ки чун хайвонот ба дунё меоянд то бихуранд, бихобанд ва бимиранд ба хамон ЯК МИСРАЪ чой хохад гирифт!
Чун инхо дар зиндаги максаду мароми аслии вобаста ба одами, вобаста ба бандагии Илохиро фаромуш сохта буданду мезистанд то бихуранд ва ё мехурданд то зиндаги намоянд! Афсус зиёданд чунин бандагон дар ин замони мо!
))))))))))))))))))))))))))))
Ъибрат:
Ин кисса хамон киссаи баъзе мардумони ин замони мост. Замоне, ки онхо чавонанд худро зиёд банди ин дунё медонанду хондани намозу Курьонро, руза доштанро душвору вазнин дониста адои онро ба пири мегузоранд. Ъамалхои хайр кардану гирд овардани «тушаи охират»-ро гумон доранд дар пири адо хоханд кард. Акли худро инхо кор намефармоянд, то дарк намоянд, ки барои адои намоз як каме дакикахо сарф мегардаду халос.
Чун ъумри инхо ба 30-40 расид акнун мебинанд, ки аз чавони дида зиёдтар банд гаштаанд, проблеммахои оилаву фарзандон ва зиндаги боз хам зиёдтар ба души онхо бор гаштааст. Акнун ин тоифа мардум накша доранд, ки хамин 1-2 проблеммаи дигарро хал кунам, писару духтарамро оиладор намоям, хона созам -дигар бокии ъумри худро сарфи тоъату ъибодати Илохи менамоям.
Лек дар он рузе, ки ъумрашон 60-у 70 расид чун ин подшох на куввату на хохиши тоъату ъибодат карданро доранд ин тоифа мардум. Ва ё шайтони лаъин дар пусту устухони инхо чой гирифта аз роххои хайр онхоро дур хохад кард.
Замоне, ки кувваи бозу доштанд, акли расо доштанд, фурсат доштанд Шайтон тавонист онхоро аз рохи Хак дур созад –магар он руз ки бехолу бемадоранд, акли расо надоранд, на харфе ва на сурае аз ёд карда метавонанд метавонанд он Лаъинро аз худ дур намоянд?
Шайтони Лаъинро он рузу соат дигар зиёд хилаву харакат зарур нест- балки акнун инхо худ дар чустучуи бахонахоянд. Акнун инхо хар гуна суханхо мебофанд ки:
-«Гап гапи дил аст», «Як касро озор надихам Худованд мебахшад» ва ғайра!
Аммо ин хама шиъори душманони Ислому Имон аст. Онхо бо хар рох мехоханд то бандагони Аллохро аз рохи тоъату ъибодат, хайру саховат, аъмоли нек дур созанду бо рохи Шайтони Лаъин бибаранд!
Як киссаи мачози! (ба асл наздик)
Чавоне ба максади намозгузори ба масчид равон шуд. У аз баски ъилми дин ва акидаи дуруст надошт, Шайтони лаъин уро бо осони ба доми худ кашонид. Шайтон худро ба шакли муйсафеди пире табдил дода, дар назди дари масчид истод. Вакте, ки чавонро дид, ба у гуфт:
-Кучо мерави писарам? Чавон гуфт:
- Ба масчид барои адои намоз . Муйсафед гуфт:
-Дар ин синни навчавони ба ту чи лозим намоз? Вакто, ки сохиби зану фарзанд шуди, зиндагиатро нек намуди, ана баъд намозатро мехони! Холо ту фурсати зиёд дори!
Чавон рафт ва баъди чанд сол баргашт, то ки ъиботат намояд. Аммо боз хамон муйсафедро бо дигар шакл дар назди дари масчид вохурд. Муйсафед аз у пурсид:
-Кучо равони эй чавон?
Чавон гуфт:
- Шукронаи Аллох, ки сохиби зану фарзанд шудаам, зиндагиам нек гаштааст. Акнун мехохам Парвардигорамро ъибодату шукронаи неъматхои додаашро намоям.
Муйсафед гуфт:
- Ин масчид барои пиронсолон аст, ба ту чи лозим масчид? Хар вакте, ки муйсафед шуди, омада намоз мехони! Холо туро оиладор намудани духтару писарон мебояд на тоъату ъибодат!
Рузе умри чавон ба пиронсоли расид ва у базур- бузур ба суи масчид омаду дид ки ки боз хамон муйсафед дар дигар шаклу сурат истодааст ва мегуяд :
-Кучо равони эй муйсафед?
Пирамард дар чавоб гуфт:
- Ман акнун пир шудаам ва мехохам намозхоямро адо намоям.
Муйсафед (Шайтон) гуфт:
-Дар чавони Парвардигоратро ъибодат накарди, акнун дар пири ба ту чи фоида? Ту магар шарм намедори аз он кадар солхои бе тоъату ъибодати Илохи гузаронидаат? Магар дар хамин пири Худоро ёд карди?
Муйсафед, ки на аз дини Ислом ва на аз Рахмати Илохи ъилме надошт акнун ноумед аз дари масчид руй гардониду боз ба хамон аъмоли гуноху исёнаш баргашт.
Гар у каме ъилм медошт медонист, ки «Дари Тавба» ва «Рахмати Илохи» хама рузу шабхо кушода асту касе хукуки онро надорад бандаеро ноумед созад. Бандаи гунахкору оси бахшида хохад шуд ё не –инро танхо Аллох медонад на махлукоти У.
---- ---- ---- ---- --- --- ---- ----
Гар нафаре як нафари гунахкору осиро ки мехохад тавба карда тоъату ъибодат намояд ноумед месозад, масхара созад донед ки у ёрдамчии Шайтони Лаъин аст ва у худ хезуми Чаханнами Сузон хохад буд. Чун хоси мусалмонон нест нафареро ки хохад тавба карда руй ба тоъату ъибодат орад масхара карда аз ин рох дур намояд! Ин ъамали нангин хоси душманони Ислому пайравони Шайтони лаъин аст!
Аммо афсус хазорон чавонону пирони гунахкор чун хоханд аз аъмоли баду гунох руй гардонида руй ба тоъату ъибодат оранд , имрузхо хатто баъзе мардумон ба чои муборакбод намудан, дасти онхоро гирифтан-барьакс онхоро ё масхара менамоянд ва ё бо шухиву чидди ноумед месозанд:
-Гуиё, ки ин кадар сол гуноху исёни кардаи туро Худованд намебахшида бошад, «гуиё, ки танхо дар чавони тавба кабул асту халос, «гуиё, ки «дари рахмати Илохи» барои гунахкорону исьён кардагон баста бошад».
Инхо, ки ъилме аз Ислому Имон надоранд, имонашон заъиф аст, ба ин гуфтахову бофтахо зуд бовар карда ноумед мегарданд. Барои хамин аз чавони бандагонро мебояд руй ба тоъату ъибодат оранд, ъилми Исломи омузанд то зери макру хиллаи шайтони лаъин дар гуноху исёни зиёд нагутанд. Чун тибки хадиси муборак:
-«Замоне, ки банда як гунох намуд дар калбаш як сиёхи пайдо хохад гашт, дигар гунох намуд дигар сиёхи пайдо хохад гашт. Чун гуноху исён зиёд шуд он калб пурра сиёх мегардад ва Худованд онро мухр мезанад! Дигар ъамалхои хайр ба сохиби чунин калб мушкил хохад шуд- аммо ъамалхои гуноху исёну куфрро инхо бепарво хоханд кард»!
Пас барои шустану пок намудани ин калб чи ъамал мебояд? Шуяндаву пок намояндаи он калби сиёх тавбаву истиғфор ва зикр хохад буд. Ба хар як истиғфори намуда, бо хар як зикри номхои Илохи, бо хар як намозу аъмоли хайр ва рузаи доштаи ин банда он калб нукта ба нукта пок мегардад.
КАВЛУХУ ТАЪОЛО:
-« ИННАЛ ХАСАНОТИ ЮЗХИБНАС СИЙЙИОТИ» - Ба дурустие, ки некихо мешуянд гуноххонро. Яъне хар ъамали нек мешуяд гунохони кардаро!
Аммо мумкин аст ба якбораги ин калбро пок кард! Чи тавр! Бо «Тавбаи Насух»! Тавбае, ки пас аз он тавба банда дубора ба гуноху исьён руй наорад. Тавбае, ки аз сидки дил бошад ба якбораги он калбро пурра пок намуда гунохони уро мешуяд. Тавбае, ки пас аз он танхо тоъату ъибодат ва хайру саховат намоиву аз гуноху исьён дури чуи!
Эй мусалмоне, ки ғофили! Ибодати Аллохро фаромуш макун ва дар ёд дошта бош, ки Шайтон душмони ошкорои туст!!! Аллохи Мутаъол дар Каломаш мефармояд:
«Шайтон, ба тахкик, душмани шумост. Уро душман гиред. Албатта, у фармонбарони хешро даъват мекунад, то хама аз дузахиён бошанд. »(Сураи Тағобун ояти 14).
Ва ё ояи дигари:
-«Шайтон барои шумо душман аст, пас шумо низ
ўро душман гиред. Ў тарафдоронашро дар хаќиќат даъват менамояд, то аз дўзахиён
бошанд»(Фотир 6).
Аз чавони хушёри мебояд то ба доми Шайтони
Лаъин наафтем. Чун бехтарин фурсати ъилми Исломи омухтан ва ъамал намудан дар
чавонист.
Аммо гар аз чавони аз тоъату ъибодат дур будед, аз хайру саховат дур будеду рузе аз чунин феълу рафтору бенамози пушаймон гаштед - Худованд чунин бандагонро дар Каломаш инчунин рохи начот омухта фармудааст:
Аммо гар аз чавони аз тоъату ъибодат дур будед, аз хайру саховат дур будеду рузе аз чунин феълу рафтору бенамози пушаймон гаштед - Худованд чунин бандагонро дар Каломаш инчунин рохи начот омухта фармудааст:
-«Пас, хар ки умеди дидори Парвардигорашро
карда бошад, бояд корхои солехро анчом дода ба ъибодати Парвардигораш касеро
шарик наёварад»
(Кахф
110).
Бародару хохари имониам! Ба ин ҳадисҳои
қудси бингаред, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:
-Эй
фарзанди одам рости ҳар қадаре дуъо карди ва умед намуда талаби мағфират карди
аз ман ҳамаи гуноҳонатро омурзидан ба ман мушкиле нест.
-Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту аз
бузурги ба осмон бирасанд ва аз ман талаби мағфират намуди туро афв хоҳам кард.
-Эй
фарзанди одам! Агар хатоҳои ту заминро пур сохта бошад ва ҳангоме, ки фардои қиёмат
бо ман ру ба ру мешави, агар дар дунё чизеро ба ман шарик насохта боши туро бо
мағфират ва омурзиши васеъи беканоре ру
ба ру мешавам.
-----
----- ---- ------
-------Эй дода ба бод ъумр аз нодони,
Ту кимати умри хеш кай медони?
Фардо,ки ба зери хок танхо мони,
Гуи, ки кунам тавба вале натвони.
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий