МАН ҶАВОНАМ – ҲОЛО ФУРСАТ ДОРАМ…….
«Ман
ҷавонам- ҳоло фурсат дорам»-гуфтану
нақшаҳои «ботил» кашидан зиёди бандагони Аллоҳро рузе шармсору хору
залил гардонидааст.Чун гуиё ин тоифа мардум аз «ъилми ғайб» бохабар бошанд, ки дилпур гумон
доранд албатта зиёда аз 50-у, 60-у, 70 сол ъумр мебинанд?
Ҳаррузу ҳамаруз оқилон бо чашми сар мебинанд, ки садҳо чунин ҷавоне, ки дар гумонашон ба пири расанд тоъату ъибодат мекунанд болои тобути чубин саворанд!Танҳо он лаҳзаҳо онҳо аз нийяти пучи худ
пушаймон гашта Худовандро зориву тавалло менамоянд то:
- Якчанд сол ё рузу соат моро баргардон то тоъату ъибодат намоем, хайру
саховат намоем, аз нафароне ки ранҷонидаем тавбаву истиғфор талаб намоем! Аммо барои одами Аллоҳи Меҳрубон танҳо як ъумр дар ин «Дунёи Фони» ҷудо намудааст. Ъумри дигар дар Дунёи Боқист!
Лек ин дунёи Фониро Худованд маҳзари киштукори
зироати « ъамал» намудааст. Ҳарки чизе кошт- фардо рузи маҳшар ҳосили он ҷамъовари намояд. Гар аз тоъату ъибодату хайру саховат ва
аъмоли хайр кишт намуди ҳосили он дарёфти Ҷаннатуль Маъво хоҳад
буд!
Аммо гар бо гумони ботиле ки «Ҳоло
ҷавонам-фурсат меёбам» зисти, на тоъату ъибодат ва на хайру
саховат надошти, Ҳалолу ҳаромро
фарқ накада хурди, аъмоли
фиску фуҷурро бепарво намуди- ҳосили
он Ҷаҳаннами Пурнори Сузони
пур аз азобу шиканча хоҳад буд!
«Оқилон»-ро ҳамин маркаби чубин ки
зиёдтар ҷавонон ҳамаруз саворанд ъибрат аст, аммо на он нафаронеро ки
аз дарахти Имон мевае начашидаанд. Ин нафарон ҳатто агар ба пири расанд ҳам
Шайтони Лаъин бо як сабуки онҳоро
метавонад аз роҳи тоъату ъибодат ва
хайру саховат дур намояд.
Чун
замоне, ки инҳо ақли расо доштанд, зури бозу доштанд натавонистанд гардани
Шайтон шикананд- магар дар он соате ки худ пажмурдаву беҳоланд, ақли расо надоранд, на
сурае аз Қурьон медонанду на
намоз хонда тавонанд оё онҳо метавонанд Шайтони
Лаъинро мағлуб созанд?
Ҳамаруза худ шоҳидед,
ки каме аз ин тоифа мардум он нийяте ки ба пири ҳавола карда буданд дар ъамал пайрав мегарданд!Чун имрузҳо он пирони бетоъат зиёдтар дар чойхонаҳо ва зери бисьёрошёнаҳову
қадди кучаҳо машғули шашкабози, шоҳмотбози
ва ҳатто нушидани арақу пивоанду аммо аз он нийяте ки доштанд фаромуш кардаанд ва
ё Шайтони Лаъин дар пусту устухонашон ҷой гирифтаасту намегузорад онҳо тавба кунанд, намоз хонанд, аъмоли хайр намоянд!
Ҳазрати Али (р) фармудаанд:
-«
аз Ҳабиби Худо (саллаЛоҳу ЪАлайҳи ва саллам)
шунидаам, ки фармуданд:
-«умедбахштарин ояи Қуръон ин оят аст:
-«умедбахштарин ояи Қуръон ин оят аст:
« وَ أَقِمِ الصَّلَوةَ طَرَفىَِ النَّهَارِ وَ
زُلَفًا مِّنَ الَّيْلِ إِنَّ الحَْسَنَاتِ يُذْهِبنَْ
السَّيِّئاتِ ذَالِكَ ذِكْرَى لِلذَّاكِرِين »
- «Намозро
дар қабл ва баъд аз зуҳр ва бахше аз шаб барпо дор, ки хубиҳо бадиҳоро нобуд мекунад. Ин тазаккур ва ёдоварие аст барои онон, ки аҳли тазаккуранд!»
Ва низ Он Ҳазрат (саллаЛоҳу ЪАлайҳи ва саллам) фармудаанд:
-« Эй
Алӣ! Он Худое, ки маро бар ҳақ мабъус
карда ва башир ва назир қарор дод ваъда додааст ки , яке аз шумо, ки барои
вузу гирифтан бар мехезад, гуноҳонаш аз чавориҳаш(аъзои бадан) мерезад ва вақте бо рӯй ва ба қалби худ мутаваҷҷиҳи Аллоҳ(ҷ.ҷ) мешавад, аз намозаш канор намеравад магар онки
аз гуноҳонаш чизе намемонад ва монанди рӯзе, ки мутаваллид шуда пок мешавад ва агар байни ҳарду намоз
гуноҳе бикунад намози баъдӣ покаш мекунад, онгоҳ намозҳои панҷгонаро шумурд ...,
Сипас он ҳазрат(саллаЛоҳу
ЪАлайҳи ва саллам)
фармуданд:
-« ё Алӣ(р) ҷуз ин нест, ки намозҳои панҷгона барои уммати ман ҳукми наҳри ҷориро дорад, ки дар хонаи онҳо воқеъ бошад, ҳол чигуна
аст вазъи касе, ки баданаш олудагӣ дошта бошад ва рӯзе худро панҷ навбат дар
он об бишуяд? Намозҳои панҷгона ҳам ба Худо савганд барои уммати ман ҳамин ҳукмро
дорад».
Бале, хондани намозҳои панҷгона, он ҳам ҳама рӯз, агар бо ҳузури қалбу имони пок ҳамроҳ бошад, дарёи покест, ки хонандаи намоз дар он барои пок кардани худ аз гуноҳон ворид мегардад ва пок, ҳамчун рӯзи аввалаш аз он хориҷ хоҳад шуд.
Пас
чи беҳтар аст бар шумо? Оё шумо пайрави аз Қуръону
Суннат доред ва ё ақидаи ботиле ки душманони Ислом дар байни мусалмонон паҳн
кардаанд:
-«Гап гапи дил аст», «дилам соф бошад шуд», «рамазон як руз аст», «сатр аз Ислом нест» ва ғайра дуруғу гуноҳу исьёнҳо!
Пас имрузу ин соатҳоро ғанимат шумореду боз ҳам руй ба тоъату ъибодат оред то соати назми чон забонатон бар он Калимаҳои Зебо бурро бошад ва аз азоби қабр эмин бошеду рузи Ҷазо миёни Бандагони Солеҳ бошед!
Донед ки ҳамасола ҳазорхо
чавонону «бенамозоне» чон ба Ҳақ
месупоранд ки нақшаҳои «ботил» доштанд ки якчанд сол пас аз ҳама гуноҳҳо руй
мегардонаму танҳо тоъату ъибодат мекунам- аммо боз ҳам
беНамозу беТавба рафтанд! Боқи Дар Паноҳи Худованд
бошед!!-«Гап гапи дил аст», «дилам соф бошад шуд», «рамазон як руз аст», «сатр аз Ислом нест» ва ғайра дуруғу гуноҳу исьёнҳо!
Пас имрузу ин соатҳоро ғанимат шумореду боз ҳам руй ба тоъату ъибодат оред то соати назми чон забонатон бар он Калимаҳои Зебо бурро бошад ва аз азоби қабр эмин бошеду рузи Ҷазо миёни Бандагони Солеҳ бошед!


Комментариев нет:
Отправить комментарий