Общее·количество·просмотров·страницы

четверг, 29 сентября 2016 г.

Ё Аллоҳ!!



                                     
                                         Ё Аллоҳ!!
       Абдуллоҳи ибни Зайди Ансори (р.а) боре ба назди Расули Акрам (саллаЛоҳу ъАлайҳи ва салам) омаду гуфт:
    - Ё РасулаЛлоҳ! Ту бароям аз ҳама неъматҳои дунё, аз молу худу зану фарзандонам дида азизтари! Гар неъмати дидани ту намебуд  маргро беҳтару авлотар мешуморидам барои худ.
    Ин суханонро бигуфту бо шиддат бигрист. Он гоҳ  РасулаЛлоҳ (саллаЛлоҳу ъАлайҳи ва салам) аз у сабаби ин гиристанашро пурсид. У гуфт:
   - Ё РасулаЛлоҳ! Ман ба фикри он рафтам, ки рузе албатта мову шумо вафот хоҳем кард. Пас дар «дунёи Боқи» шумо дар Ҷаннатуль Фирдавс миёни паёмбарон хоҳед буд. Аммо гар моро Аллоҳи Бузург шоистаи Ҷаннат бидонад ҳам мо дар пасттарин гушаи Ҷаннат хоҳем буд ва аз дидани ҷамоли шумо маҳрум хоҳем монд. Аз ҳамин сабаб ман мегирям.
   "Дарёи раҳмат"  Расули Акрам (салаЛлоҳу ъАлайҳи ва саллам) ин суханон бишниду хомуш монд. Ин замон ин ояи муборакаи сураи Нисо нозил гашт:
  - «Ва ҳар ки аз Худову паёмбараш итоъат кунад, (рузи ҷазо) ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон. Ва инҳо чи неку рафиқонанд»!  «с Нисо ояи 69»
    Аз байн муддате бигзашту  як рузе, ки  Абдуллоҳи ибни Зайди Ансори (р.а) дар боғаш машғули кор буд писараш давида омаду замоне, ки бо мушкили нафас мекашид хабари марги Расули Акрам (саллаЛлоҳу ъАлайҳи ва салам)-ро овард.
     Аз шунидани ин хабари шум яке аз беҳтарин асҳоб дасти дуъову тазарруъ ба суи Худованд бардошт ки:
   -«Илоҳо! Неъмати биноиро аз ман бигир, то пас аз марги Ҳабибат (саллаЛлоҳу ъАлайҳи ва салам) дигар ин чашмон касеро набинанд»!
    Худованд  дуъои уро мустаҷоб намуду Абдуллоҳи ибни Зайд нобино гашт!
   (Қуртуби, аль-ҷоми  ли-Аҳкамиль Қурьон, V/271).

      Боре Имом Аҳмад (р.а) ба сафар баромад. Чун зиёд дар роҳ буд торикии шаб фаро расид ва дар назди деҳае, ки касе уро намешинохт бозистод. Имом масчиди хурдеро дид ва хост дар он шабро руз намояд. У ба масчид даромаду намоз гузошт ва хост бихобад.
   Чун ба хоб рафтани шуд  посбони масчид дохил гашту пурсид:
   - Ту чи мехоҳи бикуни?
    Имом Аҳмад (р.а) дар чавоб гуфт:
  - Мехоҳам бихобам!
   - Ин макон барои хоб нест!- боз гуфт посбон. Посбон намедонист, ки ин Имом Аҳмад (р.а) аст ва имом ҳам ба у инро нагуфт.
        (Ачаб мардумони некрафторе буданд он азизони Худо. Ин замони мо гар як нафар каме ъилми нокофи дошта бошад, аз авлоди олиме бошанд тайёр аст дар хама макон худро таърифу тафсиф намояд то уро хурмату эхтиром гузоранд. Дигар тоифае хаст, ки хангоми сафар гар дар чунин холат афтад зуд дари хонаеро куфта:  «ман писари фалон эшону домуллоям»- гуфта холо сухан огоз нагашта зуд худро шинос менамоянд то онхоро эхтиром гузоранду зиёфат биёроянд. 
   Аммо он азизони Худо ачаб хоксоре будаанд, ки тайёр буданд дар гушаи масчид бихобанду аммо дари хонаи нафареро накубанд то уро мехмон намояд.  Гар имом он лахза худро шинос менамуд албатта он посбон уро зуд ба хонаи худ ва ё имоми он масчид бурда зиёфате меорост ва чои хоби хубе ташкил менамуд.)
   - Хез аз масчид баро!- овоз баланд намуд посбон.
   - Маро бигузор каме бихобам! – пурсид имом.
   - Не! Ту дар ин масчид намехоби чун инро ба мо манъ намудаанд. Бирав! – зиёдтар овоз баланд намуд посбон ва имомро аз дохили масчид пеш кард.
   Имом аз масчид берун гашту назди дари он хост бихобад. Посбон боз наздаш омаду пурсид:
   - Ту чи кор кардании? 
   - Мехоҳам каме бихобам дар назди дари ин масчид!- чавоб гуфт имом.
   - Хатто назди ин дари масчид хобидан манъ аст!- гуфт посбон ва уро кашида бурда ба куча партофт. Ин замон имомро марди нонпазе бидид. У машгули хамир тайёр кардан буд то рузи дагар ба барвакти нон бипазад. У назди имом омаду гуфт:
  - Биё бо ман ба нонвохона. Он чо гарм аст ва ту хуб роҳат хоҳи кард ва меҳмони ман хохи шуд!
      Имом бархесту аз паси у дохил гашт. Имом Аҳмад (р.а) дар феълу рафтори нонпаз бодиккат аҳамийят дод, ки чун мехост як коре кунад «АстагфируЛлоҳ» мегуфт.  Имом ба у низ худро шинос накард ва аз чой бархост ва замоне, ки нонпаз низ намедонист дар ру ба руяш кист пурсид:
   - Чанд муддат аст ту ин одатро ба худ гирифтаи?
  - Муддати дарозест! –чавоб гуфт нонпаз.
  -Оё фоидаи ин ъамалро дидаи?
  - Бале! –чавоб гуфт нонпаз.
  - Чист фоидаи он! –пурсид Имом.
  -  Хар он чи, ки аз Аллоҳи Меҳрубон бипурсам маро ато намудааст ва ба дуову истигфорам чавоб гуфтааст ба гайри якеи ин дуъоям!- чавоб гуфт нонпаз.
  - Чист он дуъое, ки ичобат нагаштааст?- пурсид имом.
  - Ман Худовандро илтичо намудаам то бо яке аз бандагони солеҳаш Имоми Аҳмад (р.а) ҳамнишину ҳамсуҳбатам гардонад!- чавоб гуфт нонво.
   - Аллоҳу Акбар! Аллоҳи Бузург имруз ин дуъои туро низ ичобат намуд ва  мани бандаи очизу нотавонаш  Имом Аҳмадро  пушти дари ту оварда  партофт!- чавоб гуфт Имом.

понедельник, 26 сентября 2016 г.

«Пир» ки шуди- ба «тюремщик» хам зор мешудаи!!



«Пир» ки шуди- ба «тюремщик» хам зор мешудаи!!
                      (Киссае  аз зиндагии як зане ки аз ъумри гузашта пушаймон аст!!):
    …….. Мохира дари хонаро сахт зада худро болои кат партофт ва дигар гиряашро дошта натавонист. Дар сараш чи фикрхое пеш намеомад. У сари кахр ба фикри худкуши даст задан хам каме андеша кард. Гуфтахои волидайн уро сахт хашмгин карда буданду зери лаб такрор ба такрор мегуфт:
    - Чи хел мана ба ун «тюремщик» ба зани медода бошанд? О ман наход ба хамин одам расам? Боз бинед ки вай хатто пештар зан доштааст ва хатто ду фарзанд хам доштаст.
    Мохира тамоми саволхоро аз зиндаги мечуст. У холо хам худро хамон духтараки зебои 18 сола гумон мекард ки туй ба туй мегашту боре хам дар фикри барпо кардани оилаи худ набуд. Вай  даврони кудакиву навраси ва чавониаш ба ёдаш овард:
\\\\\\Мохира ва Дилором ду дугона ва хамсинф дар яке аз нохияхои кухистон зиндаги мекарданд. Аз сини кудаки волидайни онхо дустии кави доштанд ва дугонахо низ аз хурдсоли бо хам хам дугона ва хам баъдтар хамсинф шуданд. Падари Мохира директори мактаб буд.
   Волидайни харду вакте ки хамрох дар хонаи яке менишастанд тифлаконро мусики монда ба раксу бозие ки гуиё мусобикаи байни тифлакон боша мачбур мекарданд.  Хамин тавр аз тифли хардуи дугонахо кариб ки хар руз ба раксу мусики шавку рагбати хосе доштанд. Дар сини мактаби дар мактаб нафаре ёфт намешуд ки аз онхо хубтар раксад. Инак духтаракон хатмкунандаи мактаб шуданд.
    Рузе як дусти давраи донишчуии падари Мохира мехмон шуд ва албатта чун одат хамсояро ба мехмони даъват карданд. Вакти хурокхури мусики монданду Мохираву Дилоромро ба «сахна» даъват карданд. Дусти падари Мохира ки дар яке аз муассисахои фархангии Душанбе кор мекард ракси онхоро дидан пас даррав пешниход кард ки албатта хардуяшонро ба Душанбе равон кунанд ва у худаш шахсан онхоро да донишгохи санъат дохил мекунад.
   Рузхо зуд мегузаштанд ва ана расид рузе ки харду дугона атеистатхо дар даст назди волидайни хеш менишастанд. Падари Мохира ваъдаи додагии худро фаромуш накарда зуд ба дусташ занг зад ва мужда расонд ки инак 1-2 руз пас духтарамро наздат мефиристам бо дугонааш. Мохира аз хурсанди ба куртааш намегунчид. Вай давида давида назди Дилором рафт то хушхабарашро расонад.
    Аммо Дилором дар хона гирёну нолон нишаста буд. Вай ба Мохира гуфт ки:
  - Волидайнам аз сабаби он ки бародарам монеъи рафтани ман ба он донишгох аст зид баромадаанд. Бародарам мегуяд ки он чо туро «вайрон» мекунад ва аз духтараки бошарму хаё ту намедонам ба чи табдил меёби. Магар дар туйхо намебини ки раккосахо чи кадар «ифлос»-анд!- мегуяд бародарам. Бехтараш мегуяд ягон касбе ёд гирам ки мувофики занон бошад на «фохишахо»!
   Мохира ваъда дод ки:
   - Падари ман омада онхоро рози мекунонад ва мо албатта хамрох меравем ба Душанбе. Бародарат «фанатик» будааст- ту уро гуш накун. Дунё дигар шудааст.
    Аммо харчанд илтимосу зори кунанд хам волидайни Дилором рози нашуданд ва Мохира танхо ба Душанбе омада ба он Донишгох дохил шуд.
    Дар донишгох низ ракси Мохираро дида хама «мафтуни» у шуданд ва хамин тавр охиста охиста уро ба телевизион ва маросимхои анъанави даъват мекардаги шуданд. Дусти падараш рузе Мохираро ба як гурухи раксие бурд ки дар он гурух як хешаш рохбари мекард. Рохбари раккосахо хамчунин раксу бозии Мохираро дидан баробар вайро ба гурухи худ кабул кард.
    Хамин тавр Мохира дигар гох ба гастролхо дар тамоми Точикистон ва гох гох дар маросимхо иштирок мекардаги шуд. Инак «дугонахои» нави Мохира уро мачбур карда ба хонае ки худашон ичора мегирифтанд оварданд. Дар он хона аз 5 то 7 нафар раккосахои «машхур» зиндаги мекарданд. Гуё ки он хона замбурхона бошад хама вакт «мехмон»-хои зиёде дошт:
   Як марде нази Дилноза меомад, дигаре назди Шабнам ва сеюми назди дигаре. Рузхои чумъаву шанбе ва якшанбе тамоми духтаронро хофизони номи омада ба туйхо мебурданд. Албатта Мохираро хам охиста охиста омухта карданд ва у низ «туёна» шуд. Дигар Мохира кариб ки ба донишгох намерафт. Зиндагиаш дар туё маросимхо мегузашт.
    Як «кавалер»-и пулдоре барои Мохира хам дугонахо пайдо карданд. Аммо ин муваккати буд- ва чунин кавалерхо охиста охиста зиёд шуданд. Дигар Мохира он духтари шармгини дехоти набуд. У хатто чун дигар хофизону ракксосахо май менушидаги шуд, сигоркаш шуд. Тарзи суханрониаш тамоман дигар шуда буд. Баъзе шабхо у дигар хуш дар сар надошт ва намедонист ки чи тавр ба хона омадааст, дар кучо хобидааст, бо ки хобидааст ва чи хол доштааст, чунки дар холати масти карор дошт.
   Як руз ба Мохира як нафар занг заду баъди салому алеку ахволпурси ба хонааш даъват кард. Занг задаги хамон Дилороми дугонаи даврони кудакиаш буд. Шавхари Дилором дар як корхонаи калони Душанбе чойнишин шуда омада буду зану кудаконашро хамрох ба хонаи нав кучонда оварда буд.
   - Хай ту чи хол дори дугона? Кай «успеть» карди 3-4 фарзанда зоиданда? О худата «хайф» карди ку? Бо румоли калон ба сар карди чун «кампиракон»? ЭЭЭ дугона чаро бо ман наомадиву кайфу сафои хакикиро хамрох медидем? Ту чи руз дори ки худата ба «чавонит» аз зиндагии «хакики» дур карди?- саволборонро сар кард Мохира.
  - Шукри Аллоh Мохирачон зиндагиам хуб аст. Шавхару фарзандонамро дуст медорам ва бе онхо зиндаги карда наметавонам. Шавхарам одами хуби «ботакво» аст ва арак намехурад, сигор намекашад. Кори давлат хам мекунад ва панч вакт сари вакт намозхояшро адо мекунад. Ман хам шукри Аллоhро мекунам ки чунин шавхару фарзандон дорам ва аз хеч чиз пушаймон нестам дугоначон. Як замон кор хам мекардам-аммо холо декрет баромадаам.
   - Аммо ту худат чи хел? Шавхар накарди то хол? Фикри худатро кай мекуни? То кай зиндагиатро бо раксу бози мегузарони? Холо хам сари вакт аст каме фикри хонадориатро кун! Рузе пушаймон нагарди аз ин тарзи зиндаги дугона!?
   Мохираро суханони дугонааш гуиё сахт расид ки бахонаи машки ракс карда аз хонаи дугонааш баромад ва инак боз хамон зиндагии «бокайфу сафо»-и у ва дур аз фикри оилабарпокуни. Вай дигар дар хона хурок намехурд чунки рузе набуд ки як «кавалер» ба ресторан даъват накунад. Ба вай хурокхои аврупоиву чини бисьёр маъкул буд.
   Дар хакикат он саволхое ки Дилором ба у дод хар боре ки хабаргири мерафт  волидайнаш низ медоданд. Онхо инчунин дар нохияе наздик ба Душанбе кучида омада буданд ва Мохира мохе 1-2 маротиба онхоро хабаргири мерафт. Аммо аз онхо илтимос мекард ки дигар дар он масъалаи хонадоршави нагуянд:
  - О манн чавон холо. Шумо холиям дар асрхои миёна зиндаги мекунед дияааа! Инак бинед асри 21шуд. Одамон ба махтоб мепаранду шумо холиям хамун зиндаги асримиёнагиатон ку. Вакташ шавад албатта оиладор хам мешавам аммо холо ман «карьера» мекунам!- чавоб медод хар дафъа Мохира.
    Дигар волидайнаш охиста охиста ба у он саволхоро намедодаги шуданд. «Худкардаро даво нест»- ва онхо худро гунахкори ин феълу рафтори духтар медонистанд. Бародари ягонаи Мохира  Даврон ки дар Алмаато мехонд омада дар Душанбе оиладор шуда буд ва як писари дуструяке хам дошт. Бобову биби агар зик мешуданд аз писар илтимос мекарданд ки худашон хам агар омада натавонанд албатта набераи дуструякашонро ба назди онхо равон кунад.
    Хамин тавр солхо мегузашт ва умри одами хам хамчунин. Мохира инак 39 сола шуд. Дар яке аз туйхо вакте каме нушида «сархуш» шуда буд аз болои кате ки дар он овозхонхову раккосахо менишастанд ба болои хавлии бетони галтид ва пояш шикаста дасту сараш зарб хурд. Муддати се мох дар беморхонахо табобат гирифта бо насихати духтурон ба дехаашон барои идомаи муолича рафт.
    Дигар Мохира ба овозхонхову, «дугонахо»-и раккосааш ва «кавалер»-хояш лозим набуд. Хусну зебои уро тарк карда буданду чуноне ки табибон мегуфтанд у бояд ки на камтар аз 6-7 мох ва ё зиёдтар ба пояш кам рост монад то он тезтар сабзад. Гуфтаи духтурон маънои онро дошт ки устухонхоятро каме «дам» дех  ва муддате аз раккосаги фаромуш кун.
     Хамин тавр кариб як сол гузашт. Мохира охиста охиста он зиндагии «бо кайфу сафо»-ро фаромуш мекардаги шуд. У акнун дар бори он фикр мекард ки чаро сари вакт оиладор нашуду имруз сохиби фарзандони дуструяк нест. У акнун тайёр буд ки ба нафаре ки аввалин шуда дари онхоро куфта «оксаколи» дарояд розигиашро дихад.
   Аммо аз «домод»-хо на хате буд на хабаре. Ва ки хам ба духтари ба истилох       «пирдухтар» хонадор мешавад, магар ягон занмурда ва ё зани дуюму сеюм мегирифтаги. Аммо нафароне ки аз зиндагии Мохира бохабар буданд хатто ба зангирон таърихи уро накл мекарданду онхо мегурехтанд.
   Мохира инак рози буд зани дуюм шавад, марди аз худ 10-15 сол калонро ба шавхари кабул намояд. Аммо афсус ки касе дари онхоро намекуфт то у розигиашро дихад. Волидайн хам худро гунахкор мехисобиданд аз он, ки аз кудаки духтарашонро ба ин рох равона карда буданд.
    Як руз бародараш Даврон бо зану фарзандонаш ки инак 2 писару як духтар шуда буданд мехмони омад. Хангоми хуроки шом Даврон  сухан огоз кард:
   - Як чураи бисьёр наздике дорам. Чудо хам Худотарс ва Ботакво. Кораш хам хуб. Сохиби хонахову мошин хам хаст. Аммо бечораро занаш якчанд  сол аст ки бемори «ба чойгах» аст. Духтурон гуфтаанд ки мумкин ки занат дигар ба пойхои худ гашта натавонад. У бо зани бемораш маслихат карда бо ризогии вай мехост ки зани дуюм гирад. Хатто аз ман як маслихат пурсид ки:
   - Даврончон ту дусти наздики мани. Феълу атвори хуб хам дори ва ман мехохам ки аз ту ва волидайнат ичозаи хостгории хохарат Мохираро кунам. Ту ба ман чи маслихат медихи? Боз аз ман хаффа нашави?
   - Ман гуфтам ки бародар ман ба хеч вачх аз суханони ту намеранчам. Аммо хохари ман ба истилох «современний» аст. Вай агар суханони туро фахмад «каппаи хардуямон дуд кард» гуфта ба у маслихат додам то дигар чо зан кобад. Дина он чураамро туяш буд.
    Мохира хамон замон дар газаб шуд ва акнун мехост ба сари бародараш дод гуяд ва пурсад: -« ки чаро ба чои ман чавоб гуфти. О ман рози мешудам. 100 дар 100 зани дуюм ё сеюм мешавам ба чунин чавон гуфтани буд.  То ба кай танхои»? Аммо худро ба даст гирифту ба дигар хона гузашт ва дигар гиряаашро дошта наметавонист.
   Аз ахволи вай танхо падару модараш пай бурданд ва аммо чизе нагуфтанд то Давронро хам зик накунанд. Волидайн худ аз кардаи хеш пушаймон буданд- аммо худкардаро даво нест! Аз «касб»-и ба духтари худ интихоб намудаашон пиру кампир зиёд пушаймон гашта буданд.
    Як руз дугонаи наздикаш Дилноза кофта кофта ба аёдати у омад. Вай ахволпурсии зиёде карду пурсид ки чаро занг намезанад ва сурогаи худро намемонад:
   - О мо кофта кофта охир сурогаатро ёфтем. Духтарон хам дар хар тараф. Шабнам акнун Дубай мерафтаги шудааст. Вай якчанд духтаронро «коркуни» бурд. Ман бошам як «бойбаччаро» ёфта дар гарданаш бор шудам ва зани сеюм шудам. Эээ дугона бовар кун якум шавхарама ахмак карда вакти чудошави нисфи дороияшро гирифтам. Писарамро ки намедонам аз вай буд ё аз вай «чураам» ки якчанд сол «ухаживать» мекард ба вай «аблах» партофта рафта шавхари дигар кардам.
   - Инаш бошад «наркоман» будааст ва пас аз шаш мохи зиндаги инашро хам партофта акнун зани сеюм шудаам. Кам кам хамон «чавониамро» ба ёд оварда панохи аз шавхарам ки ду се рузба як бор меояд пеши «чурахоям» рафта шабама дар туйхо  руз мекунам.
   - Ту хам тезтар сихат шаву равем ки аз духтарон кариб ки касе намондааст. Боз хамон «кайфу сафо» карда гардем!- гуфта соате нишаста баромада рафт.
    Аммо Мохира дигар он хел зиндагиро намехост. Вай «сер» шуда аз он зиндагие ки ба зиндагии «хайвонот» монанд буд. У мехост оила барпо кунад, фарзанддор шавад ва сохиби «кулбаи» худ бошад.
   Инак рузе аз хамсоякишлок ду зане ба «оксаколи» омаданд. Онхо дар бораи домодшаванда гуфтанд ки писари яке аз онхосту 8 сол зиндони буд. Дар муддати зиндони буданаш занаш токат накарду ду фарзандашро партофта рафт:
    -Писарам Курбон ном дораду кариб ки 50 сола аст. Дар асл у феълу атвори хубе дорад- аммо уро «падставить» карда зиндони карда буданд. Аз зиндон намозхон шуда тамоми феълхои баде ки дошт партофта баромадааст. Дигар на арак мехурад ва на сигор мекашад.Ба мо келине лозим ки дар дами пириамон хам чуфти писарамон бошад ва хам хизматамонро намояд.
    Волидони Мохира мехмононро ваъда доданд ки мо маслихат мекунему ба шумо хабар мерасонем. Онхо аз «хостгорхо» Мохираро низ хабардор карданд ва гуфтанд ки саросема нашуда каме фикр карда чавоб дихад. Хохад сабр карда дигар хостгорхоро интизор шавад ва ё инхоро чавоби мусбат дихад.
    Мохира соатхо ёди «чавони» мекард ва дар фикри он буд ки инак чи чавоб дихад. Оё рози шавад то ба он «тюремщик» хонадор шавад ва ё хостгори дигареро мунтазир шавад? Оё мани  40 соларо дигар ки ба зани мегирад? Оё касе ки аз зиндагии айёми «чавонии» ман бохабар бошад мехохад ки ба ман хонадор шавад? Чаро ман сари вакт дар он бора фикр накардаму умри худро дар тую тамошохо гузаронидам?
        Инак баъди соатхои фикру андеша Мохира мачбур шуд ки ба волидони худ розигии хешро аз хонадоршави бо он «тюремщик» дихад.
   -«Зиндаги оинаро мухточи хокистар кунад»- ин хамон маколест ки ба ин ду чуфт дуруст меояд! Аммо Мохира оинаи хирагаштаи лабшикастае буд на он оинаи гуфтаи шоир!!
\\\\\\\\\\\\\\____________\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\_-_________
     ЪИбрат:
   Зиндагии Мохира ба зиндагии бисьёри духтарони хозира кариб ки зиёд монанд аст. Имрузхо сафи чунин духтарон дар чомеъаи мо зиёд шудааст ва кисми зиёди духтарон дигар аз Аврупоихову Амрикоихо «сабаки» зиндаги мегирифтаги шудаанд. Имрузхо духтарон демократия гуфта тамоман волидайнашонро гуш намекардаги шудаанд. Агар ба онхо дар бораи хонадоршави гуянд хамон суханони Мохираро дар чавоб пеш меоранд.
     Духтарони «современний» дигар на волидайнро гуш медиханд на калонсолонро! Ин замона онхоро аз шарму хаё дур будан гуиё талаб мекарда бошад. На хурмату эхтиром доранд ва на шарму хаё! Албатта волидайн хам зиёд гунахкоранд. Чун на аз ишку-ошикии мактаби пешгири мекунанд ва на аз шабгардии духтарон. Хатто баъзе духтарони хозира ба хонахои волидайн «ошикон»-и худро оварда шинос мекунанд- волидайн бошад аз ин хурсанд!
     Имрузхо бубинед ки таваллуд кардани кудакони «харроми» дар чомеъаи мо зиёд шудааст. Хатто як чизи одди шудааст ки волидайни онхову чомеъаро дигар хайрон намекунад ва кассе зидди он мубориза намебарад.Баъзе духтарон гуиё «дар хонаи дугонаам шаб меистам» гуфта шабро бо мардони бегона мегузаронанд. Ходисахое хастанд, ки ин духтарон дар садамае бо ин мардон меафтанду он замон волидайн мефахманд, ки духтарон дуруг гуфтаанд.
    Баъзеи Волидон худ руи рост фарзандонашонро ба он дарьёи пурталотуми «фахшу бадахлоки» тела мекунанд. Бо чи? Мехоханд онхо раккоса шаванд, хофиза шаванд, либосхои нимбарахна пушанд ва аз аврупоихо сабак гиранд на аз ниёгони хеш. Онхо мегуянд ки асри 21 аст ва одамон ба кайхон парвоз карда истодаанд. Аммо пас аз муддате инхо низ чун волидайни Мохира аз карда пушаймон мегарданд.
   Баъзан духтарони «сабукпоро» дар Тв мебинем, ки бахона меоранд ки кор нест мачбур ба ин ъамал даст задаанд. Ин бахонае беш нест-чун модароне хастанд ки дар гармии 40-45 градус дар сахро кор мекунанд, заноне хастанд ки дар якчанд чо кор мекунанд ва фарзандони «баномус» тарбия доранд. Аммо ин бешарму хаёхо он маоши 800- 900 сомонаро кабул надоранд. Ба инхо яку як бора бояд дар як шаб 1000 сомон диханд!
   Баъзе духтароне хам хастанд, ки дар ъумри 25-30 аи худ хатто 3-4 маротиба ба шавхар баромадаанд. Аз феълу атвори бадашон шавхарон токат накарда аз онхо чудо шудаанд. Дар ин замони мо кам духтарони некрафторро шавхарон талок медиханд. Албатта хастанд аммо дар ин шавхарон гунахкоранд. Чун баъзе шавхарони аракхуру бангкашу наркоманро «садкаи зани некрафтор кунад»!
        Магар зиндагии Мохира барин духтарон ба хар яки мо дарс намешавад ки сари вакт хушёр намешавем? Оё чунин саргузаштхои вокеъи каманд? Мардуми  моро мебояд аз имрузхо пеши рохи бадрафтори ва бехурматии навчавононро гиранд то фардо дер нашавад.
    Фаромуш накунед ки танхо конуни Ислом ва таклид ба ниёгон метавонад пеши рохи он бешармиву бехаёги, тарбияи бад, ахлоки бад ва тамоми бадихоро гирад!Албатта аз кудаки «тахкурси»-и хубе барои тарбияи фарзандон гузорем то рузе чун волидайни Мохира аз кардаи худ пушаймон нагардем!Русхо як маколи хуб доранд:
       -«Профилактика лучще чем лечение»!!
    Профилактика (пешгири) кунед то он беморихо, вабохо чомеъаи моро нобуд насозад миллати «точдори» моро номгумкарда насозад!!
Муаллиф:   Саидчони Абубакр!
                      22.01.13с.

вторник, 20 сентября 2016 г.

МАН ҶАВОНАМ –ХОЛО ФУРСАТ ДОРАМ…….



МАН  ҶАВОНАМ – ҲОЛО ФУРСАТ ДОРАМ…….
      «Ман ҷавонам- ҳоло фурсат дорам»-гуфтану нақшаҳои «ботил» кашидан зиёди бандагони Аллоҳро рузе  шармсору хору залил гардонидааст.Чун гуиё ин тоифа мардум аз «ъилми ғайб» бохабар бошанд, ки дилпур гумон доранд албатта зиёда аз 50-у, 60-у, 70 сол ъумр мебинанд?
    Ҳаррузу ҳамаруз оқилон бо чашми сар мебинанд, ки садҳо чунин ҷавоне, ки дар гумонашон ба пири расанд  тоъату ъибодат мекунанд  болои тобути чубин саворанд!Танҳо он лаҳзаҳо онҳо аз нийяти пучи худ пушаймон гашта Худовандро зориву тавалло менамоянд то:
   - Якчанд сол ё рузу соат моро баргардон то тоъату ъибодат намоем, хайру саховат намоем, аз нафароне ки ранҷонидаем тавбаву истиғфор талаб намоем! Аммо барои одами Аллоҳи Меҳрубон танҳо як ъумр дар ин «Дунёи Фони» ҷудо намудааст. Ъумри дигар дар Дунёи Боқист!
    Лек ин дунёи Фониро Худованд маҳзари киштукори зироати « ъамал»  намудааст. Ҳарки чизе кошт- фардо рузи маҳшар ҳосили он ҷамъовари намояд. Гар аз тоъату ъибодату хайру саховат ва аъмоли хайр кишт намуди ҳосили он дарёфти         Ҷаннатуль Маъво хоҳад буд!
   Аммо гар бо гумони ботиле ки «Ҳоло ҷавонам-фурсат меёбам» зисти, на тоъату ъибодат ва на хайру саховат надошти, Ҳалолу  ҳаромро фарқ накада хурди, аъмоли фиску фуҷурро бепарво намуди- ҳосили он Ҷаҳаннами Пурнори Сузони пур аз азобу шиканча хоҳад буд!
   «Оқилон»-ро ҳамин маркаби чубин ки зиёдтар ҷавонон ҳамаруз  саворанд ъибрат аст, аммо на он нафаронеро ки аз дарахти Имон мевае начашидаанд. Ин нафарон ҳатто агар ба пири расанд ҳам Шайтони Лаъин бо як сабуки онҳоро метавонад аз роҳи тоъату ъибодат ва хайру саховат дур намояд.
     Чун замоне, ки инҳо ақли расо доштанд, зури бозу доштанд натавонистанд гардани Шайтон шикананд- магар дар он соате ки худ пажмурдаву беҳоланд, ақли расо надоранд, на сурае аз Қурьон медонанду на намоз хонда тавонанд оё онҳо метавонанд Шайтони Лаъинро мағлуб созанд?
    Ҳамаруза  худ шоҳидед, ки каме аз ин тоифа мардум он нийяте ки ба пири ҳавола карда буданд дар ъамал пайрав мегарданд!Чун имрузҳо он пирони бетоъат зиёдтар дар чойхонаҳо ва зери бисьёрошёнаҳову қадди кучаҳо машғули шашкабози, шоҳмотбози ва ҳатто нушидани арақу пивоанду аммо аз он нийяте ки доштанд фаромуш кардаанд ва ё Шайтони Лаъин дар пусту устухонашон ҷой гирифтаасту намегузорад онҳо тавба кунанд, намоз хонанд, аъмоли хайр намоянд!
     
       Ҳазрати  Али (р) фармудаанд:
-« аз Ҳабиби Худо (саллаЛоҳу ЪАлайҳи ва саллам) шунидаам, ки фармуданд:     
    -«умедбахштарин ояи
Қуръон ин оят аст:
« وَ أَقِمِ الصَّلَوةَ طَرَفىَ‏ِ النَّهَارِ وَ زُلَفًا مِّنَ الَّيْلِ إِنَّ الحَْسَنَاتِ يُذْهِبنْ‏َ السَّيِّئاتِ ذَالِكَ ذِكْرَى‏ لِلذَّاكِرِين »

  - «Намозро дар қабл ва баъд аз зуҳр ва бахше аз шаб барпо дор, ки хубиҳо  бадиҳоро нобуд мекунад. Ин тазаккур ва ёдоварие аст барои онон, ки аҳли тазаккуранд!»


 Ва низ Он
Ҳазрат (саллаЛоҳу ЪАлайҳи ва саллам)  фармудаанд:
   Эй Алӣ! Он Худое, ки маро бар ҳақ мабъус карда ва башир ва назир қарор дод ваъда додааст ки , яке аз шумо, ки барои вузу гирифтан бар мехезад, гуноҳонаш аз чавориҳаш(аъзои бадан) мерезад ва вақте бо рӯй ва ба қалби худ  мутаваҷҷиҳи Аллоҳ(ҷ.ҷ) мешавад, аз намозаш канор намеравад магар онки аз гуноҳонаш чизе намемонад ва монанди рӯзе, ки мутаваллид шуда пок мешавад ва агар байни ҳарду намоз гуноҳе бикунад намози баъдӣ  покаш мекунад, онгоҳ намозҳои  панҷгонаро шумурд ...,
    Сипас он ҳазрат(саллаЛоҳу ЪАлайҳи ва саллам) фармуданд:
   -« ё Алӣ(р)  ҷуз ин нест, ки намозҳои панҷгона барои уммати ман ҳукми наҳри     ҷориро дорад, ки дар хонаи онҳо воқеъ бошад, ҳол чигуна аст вазъи касе, ки баданаш олудагӣ  дошта бошад ва рӯзе худро панҷ  навбат дар он об бишуяд? Намозҳои  панҷгона ҳам ба Худо савганд барои уммати ман ҳамин ҳукмро дорад».

       Бале, хондани намоз
ҳои панҷгона, он ҳам ҳама рӯз, агар бо ҳузури қалбу имони пок ҳамроҳ бошад, дарёи покест, ки хонандаи намоз дар он барои пок кардани худ аз гуноҳон ворид мегардад ва пок, ҳамчун рӯзи  аввалаш аз он хориҷ хоҳад шуд.
      Пас чи беҳтар аст бар шумо? Оё шумо пайрави аз Қуръону Суннат доред ва ё ақидаи ботиле ки душманони Ислом дар байни мусалмонон паҳн кардаанд:        
    -«Гап гапи дил аст», «дилам соф бошад шуд», «рамазон як руз аст», «сатр аз Ислом нест» ва
ғайра дуруғу гуноҳу исьёнҳо!   
 
  Пас имрузу ин соатҳоро ғанимат шумореду боз ҳам руй ба тоъату ъибодат оред то соати назми чон забонатон бар он Калимаҳои Зебо бурро бошад ва аз азоби қабр эмин бошеду рузи Ҷазо миёни Бандагони Солеҳ бошед!
    Донед ки ҳамасола ҳазорхо чавонону «бенамозоне»  чон ба Ҳақ месупоранд ки нақшаҳои «ботил»  доштанд ки якчанд сол пас аз ҳама гуноҳҳо руй мегардонаму танҳо тоъату ъибодат мекунам- аммо боз ҳам беНамозу беТавба рафтанд! Боқи  Дар Паноҳи Худованд  бошед!!