Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 4 июля 2016 г.

Бояд аз ин "тоифа" мардумон набошед



Бояд аз ин «тоифа» мардумон набошед!!
    Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародарону хоҳарони Эмони! Аллоҳи Бузург   бар ҳар яки мо «эмони қави» ато намояд то тоъати шоистаи «даргоҳаш» дошта бошем, неъматҳояш  арзони ато намояд то муҳтоҷи нокасон мебошем, сабрамон диҳад то эмон ба саломат то ба  рузи қиёмат бибарем.
        Абуҳурайра (р.а) ривоят мекуад, ки Пайғамбари Аллоҳ фармуданд: «Дӯзах пеши Парвардигораш шикоят кард ва гуфт:   -«Парвардигоро! Пораи аз ман пораи дигарамро мехурад (яъне: аъзои ман аз шиддати гарми худамро аз байн мебарад) Худованд ба у иҷозат дод то ду маротиба нафас бикашад. Як нафас дар зимистон, ва як нафас дар тобистон. Шиддати гарми ё шиддати сардие ки шумо онро эҳсос мекунед, аз они ин ду нафас аст.»[Бухорй ва Муслим]
    Ин ҳадисро бояд ҳар як фарди мусалмон бихонад ва дарк кунад ки гармиву сардии шадиде ки баъзан ҳукмфармост аз ин ду нафаси Ҷаҳаннам аст. Акнун худ медонед ки одами на тоқати гармии сахт ва на хунукии шадидро надорад- аммо ин пораи ночизе аз он гармию хунукиест ки бар  беНамозону  гунаҳкорону исёнкардагон дар Ҷаҳаннам  ваъда шудааст. Магар онон тоқати даҳҳо баробар гармии Ҷаҳаннамро мекунанд? Магар ба хунукии 200-300 градусаи Ҷаҳаннам тоқат хоҳанд кард?- замоне ки урёнанду ба бар либосе надоранд! Бо ҳазор қабат либос ба чунин хунуки тоқат кардан мумкин нест!
     Ин ҳадис огоҳиест бар ҳама бандагон то аз гуноҳу исён ҳарчи зудтар даст кашанду ру ба тоъату ъибодати Худованд оранд. Чун зиёд нафароне буданд ки нақша доштанд «ана пир шавам тоъату ъибодат мекунад», «ба 50 расам тоъату ъибодат мекунам», «ба 60 расам арақу сигорро мепартоям»- аммо бо ҳамон нийятхои «пуч» мурданду рафтанд! Лек афсус ба зиёди боқимондахо бетоъату ъибодату тавба мурдани онҳо «ъибрат» нагаштааст!
    Инак рузе мондааст аз анҷоми ин моҳи беҳисоб бобаракот- аммо ҷои афсус хурдан аст ки пас аз ин 1-2 руз боз баъзеи бародарону хохарони мо ба истилох «ҷойнамозҳояшонро таҳ мекунанд»-у то рамазони дигар аз тоъату ъибодати Худованд дур мегарданд. Оё онҳо ҳама то рамазони дигар зинда мемонанд- ва ё зиёд бандагон мемиранд? Замоне ки баъзе  беНамоз буданд! Як бародари наздики мо хуб қайд намуд ки:
   - Ҳамин сабаби дар моҳи шарифи Рамазон пур гаштани масҷидҳоро медонед дар чист? Дар он аст ки дар ин моҳ Шайтони лаъин занҷирбанд мешавад ва баъзе он бародарону хоҳароне ки каме аз Ислом огоҳи доранд аммо бенамозанд  озод мешаванд аз «нафари палид»-е  ки онҳоро аз роҳ мезад.  Намоз ку ҳама вақт 5 маротиба дар руз фармуда шудааст- аммо зиёди мардумон то ба Рамазони Муборак аз он дуранд. Шайтон ки озод аст- он сустЭмононро зуд метавонад аз роҳ бизанад!
    Чун сабаби бенамозиву бетоъатии баъзе бандагон дар заъифии эмону иродаашон аст.  Гар нафаре мову шуморо ба гуноҳу исьён кардан, беНамоз шудан, зино кардан даъват намояд - мо худ аз Ислом огаҳ бошем, Эмони қави дошта бошем аз Худованд метарсем ва ҳеҷ ба ин гуноҳҳо даст намезанем! Ҳамин   тавр не?  Лек пеши роҳи он баъзе бародарону хоҳаронро як чи мегирифт- Шайтони Лаъин! Яъне онҳо аз Шайтон худро дур кардан наметавонистанд- балки эмони заъифашон ба ҳиллаҳои шайтони қувват намекард!
     Аммо афсус аз ин моҳи муборак рузе намегузарад ки Шайтон ки озод шуд ин заъифЭмононро зуд бо ҳиллаҳои гуногун аз роҳ мезанад ва аз сафи намозхонон ба бенамозон, аз дур будан аз гуноҳу исьён ба даст задан ба гуноҳҳои гуногун мебарад. Чун эмону ирода ки заъиф аст баъзе бандагон зуд ба ин ҳиллаҳои шайтони дода мешаванд. Аммо нафароне ки дар ин моҳ бо «ихлос» тоъату ъибодат доштанд ва меҳр ба  намоз доштанд дигар эмонашон қави мешавад ва аз ҳиллаҳои шайтон наметарсанд. Балки шайтонро санг мезананду аз Итоъати Худованд руй намегардонанд!
     Акнун шумо тасаввур кунед ки нафаре ки худро Мусалмон мегуяду ба фармудаҳои Худованди солу моҳҳо  сустиву бепарвоги намояд- аммо аввалин даъвати шайтони лаъинро қабул намуда бенамоз гардад, ба гуноҳу исьён даст занад магар ин хуб аст? Ҳамаруза мешунавад ки:  «намоз дувумин рукни Ислом аст», «рузи ҷазо аввалин савол аз намоз хоҳад буд», «намоз шафоаткунанда хоҳад буд»-лек солҳо баъзеҳо онро бо ҷону дил қабул наменамуданд. Аммо боз тасаввур кунед ки онҳо як моҳ «гардани Шайтонро шикастанд»у ру ба тоъату ъибодат оварданд- аммо боз ба аввалин даъвати Шайтони аз намоз руй гардонданд! Афсус баъзеҳо чунинанд!
     Оё ин мумкин аст ки фармудаҳои Худовандиро солҳо бепарвоги куни- аммо аввалин фармудаи  Шайтониро ки бар зарари ъумру чони туст зуд қабул намои? «Холиқ»  фармояд ки «тоъату ъибодат кун» ба пири ҳавола куни- махлуқи «лаъин» фармояд зуд қабул намои? Афсус дар зиёди бародарону хоҳарон ин сифатҳо дида мешавад.   Ҳамин   ки Шайтони лаъин сар кард аз роҳ заданро зиёд ҳаракат зарурат надорад то онҳоро аз итоъати Холикашон дур намояд- чун эмону иродаи қави лозим то он Лаъинро аз худ дур куни.
   Акнун тасаввур кунед ки шумо чавонед ва қувваи бозу доред, ақли солим доред - аммо Шайтони лаъин дар як лаҳза шуморо ба роҳи худ бурд! Магар дар он рузу соате ки пиред, ақли солим надоред, фарсудаед, қувват надоред оё шумо метавонед дар охирин лаҳзаи ҳаёт пеш аз марг  замоне ки шайтон худро ба ҳар сурат карда меояду мехохад шумо кофиру бутпараст бимиред  ба ҳиллаву найрангҳояш дода нашавед? Чун :
  Мусалмон зистан кай ба кор аст?
  Мусалмон мурдан ин ҷо эътибор аст!
       Шайтони лаъин ҳам нийяташ ҳамин аст ки дар он «охирин дам» Эмони шумо заъиф бошаду зуд у шуморо кофиру бутпараст  карда мурданатонро бубинад! Пас имрузу ин соатҳое ки қувваи бозу ҳаст, акл солим ҳаст шумо натавонед Эмонатонро сайқал бидихед- магар дар пириву нотавони шумо бовари доред ки метавонед «гардани шайтонро шиканед»?
    Аз Абуҳуруайра ва ибни Амр (р.з) ривоят аст, аз Расули Аллоҳ   шуниданд, ки бар руйи минбар нишаста мефармуд:
   -Касоне, ки намози ҷумъаро тарк мекунанд, бояд аз ин амал даст бикашанд вагарна Аллоҳ таъоло бар дилҳои онҳо муҳр мезанад ва онгоҳ онҳо дар зумраи ғофилон қарор мегиранд.»[Саҳеҳи Муслим боби ҷумъа]
       Ва дар дигар ҳадис Пайғамбар фармуданд:
  Ҳаркасе, ки се намози ҷумъаро аз руйи сусти ва танбали тарк кунад, Аллоҳ таъоло бар қалби вай муҳр (печат) мезанад.»[Ин ҳадисро имом Аҳмад ва ИбниМоҷа ва Насои ривоят кардаанд]
    Аллоҳ Таъоло дар дили ҳаркасе, ки муҳр яьне печат занад, тамоми роҳои хайр бар он шахс баста мешаванд ва дар зиндагияш баракат намеёбад, ва дилаш дили мунофиқ мешавад. Роҳҳои хайр зиёданд амсоли тоъату ъибодат, хайру саховат, меҳру муҳаббат- аммо бар он нафаре ки Худованд ба қалби у муҳр зад ин  аъмолҳо акнун бегона хоҳанд буд!
   Дигар дар аъмоли онҳо танҳо аъмоли баду зишт амсоли беТоъати, зино, хурдани ҳарромкардаҳо, зулму ситам дида мешавад ки роҳҳои ба даст овардани «Ҷаҳаннам» хоханд буд. Дар ҳар он бандае ки ин сифатҳо дида шуд донед ки дар қалби у муҳр (печат) зада шудааст! онҳо  ҳарчи зудтар бояд насиҳат карда шаванд! Чун  бародару хоҳарони шумоанд!
/////////////////\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\//////////////////
           Ъибрат:
     Ба дурусти ки одамиро Худованд халқ карду муҳити зисти уро дар Ҷаннатульмаъво маълум кард. Яъне муҳити ҷаннат барои одамийят қуллай (муносиб) аст на ин муҳити замине ки ҳоло мо зиндагони дорем.  Худ бубинед ки гар каме иқлим гармтар шавад ба ҳамагон намефорад ва чои салқини ҷустучуй менамоянд- аммо чун зимистон ҳам ки омаду каме хунуктар шуд боз ҳам мардумон ҷойҳои гарм ҷустучуй менамоянд.
    Баъзе нафароне ҳастанд ки ба худ роҳхатҳо гирифта ба маконхои гарм барои истирохат сафар мекунанд - аммо зиёди ҳаминҳо аз роҳхати аз хама зарури ки он «Роҳхат ба ҷаннат»  аст гуиё парвое надоранд. Барои роҳхати дуняви захира менамоянд- аммо аз «захира»и сафари охират бепарвоянд!
     Пас бидонед ки Худованди Меҳрубон мехоҳад ҳар яки мо бандагонро ба он мавзеъи роҳату амн ки номаш «Ҷаннат»  аст баргардонад. Чун Ҷаннат  аслан барои махлуқот халқ карда шуд- лек  як гуноҳу исьён онҳоро аз он мавзеъи роҳат берун сохт.Ба ҳамин замони имрузаи  мо бингаред ки ҳама ашёву ҳама макони олам ба худ нарху қиммате дорад ҳамин тавр не? Пас бидонед ки  Худованд барои «роҳхат» ба Ҷаннат барои одами нархе гузоштааст ки он ҳам: 
   -Эмони ба Яккагии У-ст, Намози ҳамаруза аст, Рузаи моҳи шарифи Рамазон аст, Закоти мол аст, ҳаччи Каъбатуллоҳ аст!    Нафароне ки инро мехонанд дар фикрашон меояд ки: « Ин қадар нархи сабуку  осон»- аммо ин бар зиёди мардумон аз куҳ дида вазнинтар аст. Чун дар аъмоли зиёди ба ном «мусалмонон» ҳамин адои фармудаҳои Худованди дида намешавад!
    Пас «оқилон»-ро мебояд аз паи адои он қиммати ҷаннат имрузу ин соат бикушанд то ба он маконе ки иқлимаш танҳо роҳат аст «роҳхат» дарёбанд. Имрузу ҳамаруз дар паи наҷот аз          «ҷаҳаннам» бошанд- чун бар зиёди мо ъумр ё рузхое ва ё солхое боқи  мондаасту гумон  аст ки оё мо қиммати ҷаннатро адо сохтем ё хайр!
   Лек афсусс ки зиёди уммати имруза гар сардору раисе фармоне диҳад (ҳатто аз кор берун)      ҷои шишти худро намеёбаду дар паи адои он фармон мешавад- аммо Худованди Меҳрубон он аъмоле  ки фармуд дар адои он ё танбали мекунад ва ё адои онро ба пири ҳавола мекунад!( гуиё ки у 100% мутмаинанд ки  то ба пири ъумр медида бошанд).
      Дар катори ҳама намозҳо аз ҳама боқадртарин ин адои намози ҷумъа мебошад ки Паёмбари Худо (с.а.в.с) зиёд ба мо «умматон» таъкид кардаанд ва хатто бубинед ки Он Хазрат фармудаанд ки:  «Уммате ки 3 ҷумъаро паи ҳам тарк намояд бе узр дар катори мунофиқону        мушриксифатон   ҷой дорад.
   Пас ин замоне ки ҳама шароит муҳайёст, ҳар як қадам масҷид ҳаст, ҳар як макон намози         ҷумъа хонда мешавад мову шумо бикушем то дар қатори «мунофикон» набошем ва аз ҳама асос фармудаҳои Худовандро адо намоем. Чун сифати «Муъмин» ин нест ки у намозро ба         «пири» ҳавола намояд, сифати муъмин ин нест ки дар намозу руза ва адои закоту аъмоли хайр танбали намояд, сифати муъмин   ин нест ки дар ин ъумри кутох аз ҷамъоварии «туша»-и охираташ бепарво бошад.
    //// Яхудиёни Мадина ба назди ҳазрати АЛИ (Р) омада  пурсидаанд ки: -« эй АЛИ шумо дар як шабонаруз чи қадар ъибодат мекунед .
  Ҳазрати Али (р)  ҷавоб додаанд: - «мо дар як шабонаруз 24 соат ъибодат мекунем» .
   Яҳудиён дар ҳайрат монда пурсидаанд: -«оё шумо намехуред , намехобед , ба корҳои дуняви машғул намешавед»?
     Ҳазрати АЛИ (Р) ҷавоб гуфтаанд:
-« ъибодати фарзии мо мусалмонон дар як шабонаруз 5 маротиба аст . Локин мо ҳар кореро ки бо БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ  сар кунем ва тибқи СУННАТИ РАСУЛУЛЛОҲ () ЪАмал кунем ҳукми ъибодатро дорад»!
     !! Пас бародарону хоҳарони Эмони! ҳар як рузу соатҳоро fанимат донеду ҳам дунёи имрузаи худро обод намоед ва ҳам дар паи обод сохтани «охират»-и худ бикушед. Донед ки рузу солҳо чун оби дарё ҳастанд ки зуд мегузаранд: Бубинед ки якчанд сол пеш шумо худ  кудак будеду гуиё дар як лаҳза ъумр гузашту инак шумо ба сини 20-30-40-50 солу аз он зиёд расидаед. Аммо гумон аст ки ҳама одамон чунин ъумр бинанд ва аз ҳама асос:  на ҳама бандагон муваффақ мешаванд то «қарзи Бандаги»-и худро сари вақт адо намоянд то рузи «маҳшар» шармандаву хору залил нагарданд.
    Як ваҷаб мондаст Бедил, аз ту то домони хок!
   Дар сари мижгон чу ашк истодаи ҳушёр бош!!!

Комментариев нет:

Отправить комментарий