Сири «Кушоиши кор»-
сири «Осоиш»!
Ин кисса аз сари худам гузаштааст
ва мехоҳам онро ба хар яки шумо бародарону хоҳарони Эмониам расонам. Чун ин он «сиррест», ки мо хамагон ба он мухтоҷем, зарурат дорем- аммо аз дигар ҷойхо онро ҷуёнему аз макони аслиаш не. Имрузхо
мардумон маконе ки «бениёз» аст аз хама неъматҳост (даргохи Илоҳи) гузошта мераванд
назди фолбину ҷодугарон ва ё назди кабрҳои «азизони Худо» то соҳиби мол шаванд, соҳиби бахт шаванд, шифо
ёбанд ва гайра.
Аммо ин мардумон гуиё худ акл
гуиё надоранд ки Курьон ва аходис хонанд ва донанд ки танхо «даргоҳи Илоҳи» бениёз аст- ва он ҳама неъматхоро метавон
ба ивази тоъату ъибодати холисона, дуъову тазарруъ аз суи Худованди Бениёз дарёфт. Ҳатто аз чунин зорию тавалло мо ҳам савоб хосил хоҳем кард ва ҳам он «неъмат»-еро ки
ба он зарурат доштем. Барьакси ин аз
рафтани назди ҷодугару фолбин ва ё сари кабри
«азизони Худо» барои «ҳоҷатталаби» мардумон гунаҳкор мешаванд ва ҳатто эмон аз даст хоҳанд дод.
!!Ин кисса8-10 сол пеш шуда буд
ки он солхо чун имсол «кризис» буд - Корхонае доштем ки асосан ба фуруши масолеҳи техники машгул буд.
Кисми зиёди ин техникаро мо бо «насия» аз баъзе фирмаҳо ва ё шаҳрвандони хоричи
мегирифтему пас аз муҳлате пули онро бармегардонидем. Аммо он сол «кризис» омаду савдо кариб ки
набуд- ҳатто баъзан мо тайёр будем молро бо нархи фирмаҳо фурушем.
Кор
то ба он расид ки савдои мо он кадар суст шуд ва мо маҷбур шудем ба нохияҳо гашта ба худ муштари (клиент) кобем. Рузҳое мешуд ки дар нохияҳо хам барои 1-2 техника «заявка» медоданду халос-аммо мо ки ба савдои
чакана машгул будему ба ин рози намешудем. Рости аз фикру хаёли зиёд ва аз
карзи назди андозу иҷора бисьёр асаби мешудам.
Баъзан ҳатто дар сари чамбарак(руль) километрҳо роҳ мерафтаму чун ҳуш ба сарам меомад ҳайрон мешудам ки чи гуна ман ба ин макон расидаам. Албатта ин асосан аз
он буд ки мо акнун нав чунин корро сар карда будему ба чунин вазъият тайёр
набудем. Акнун ман ба худ фикр мекардам ки корро ё бас кунам ва ё як муддат аз
ин тиҷорат даст кашам то кризис аз байн рафтан.
Як руз ҳангоми аз корхона баромадан як ёрдамчиям ба ман хабар дод ки:
- Ако! Як клиент дорам ба маблаги 15 000
сомони бор мегирад. У пешниход дорад ки 10 руз пас агар шумо рози шавед боз ба
маблаги 200 000 сомони бор гирад аммо «насия». Дар кутоҳтарин муддат у пулҳоро бармегардонад-чун
борро ба Кобул мебарад.
Ман каме хурсанд шудам чун ба «насия» ҳам рози будам. Аммо он руз аз нохияҳои атроф хам каме муштариҳо «бор» пурсида буданд ва ман барои расонидани он худам аз пушти мошини
борбар раҳсипор шудам. Дар роҳ як мардеро ки дар гармии сахт интизори мошин буд савор кардам. То ба
расидани ба он ноҳия ин мард як чи мегуфт, як чи мепурсид- аммо ман бо калла ишора
мекардаму халос.
-Додар шумо маро мешунавед ё хаёлатон ким куҷову худатон инчо? – дар охир пурсид он мард. Ва у аз китфам маро таконд.
Ман ба худ омадаму ба он кас руй овардам:
- Мебахшед ако! Ман нафаҳмидам ки шумо чи пурсидед. Каме хаёлам парешон шудааст.ҳамин «кризис» маро сахт асаби намудаасту хаёли
шудаам.
Он мард табассум намуданду ба ман гуфтанд:
-
Додар! То имруз Худованд ризката дод- фардо ҳам Ин Шо Аллоҳ медихад. Ту бисьёр ба фикр нарав ва асаби накун худро. Намоз мехони
додар?
- Ха, Алҳамдулиллоҳ намозхонам ако! Ҳама намозҳоямро сари вакт
мехонам!- ҷавоб гуфтам ман.
- Пас додар ту ҳеч не дар ҳафтае 2-3 шабҳо ва ё зиёдтар хобро партову хеста гусл бисоз ва намозҳои нофилаи «тахаҷҷуд» ва «истихора» бихон. Бихону бо Худованд «рози дил» бигу, машварат
бикун, сабуки ва кушоиш талаб- Ин Шо Аллоҳ корат нек мегардад!- гуфт он мард.
- Ако, «таҳаҷҷуд» мехонам кам кам. Аммо «истихора»-ро
шунидааму аммо нахондаам, ин намозро чи
тарз мехонанд?- пурсидам ман.
Он мард ба ман фаҳмонд ки гар дар коре ҳайрон бимони, аз ягон
чиз хавотир боши, дар кардан ва ё накардани коре ба хаёлу фикр гутида боши дар шабонгоҳ пас аз гусл ва ё таҳорати хуб намози «истихора» хонда бо Худованд машварат мекуни тибки ҳадиси муборак. Ин Шо
Аллоҳ пас аз ду се шаба чунин намоз Худованд барои ту хайри он корро аён хоҳад кард- гар он намоз
«аз сидки дил» бошад.
Он руз ман борҳоямро расонида ба шахр баргаштам. Сипас ба як магозаи китобҳои Исломи рафта пурсу ҷу карда як китобе ки дар он тарзи адои намозхои нофила ва дуъоҳои муборак буд харидам. Ҳамон шаб ман аввалин маротиба
намози «истихора» хондам ва пас аз намоз ин дуъои муборакро кардам:
Тарҷумаи дуо:
«Иллоҳо! Ба
василаи илмат аз Ту талаби хайр мекунам ва ба василаи қудратат аз Ту тавонои мехоҳам, аз Ту фазли бисёратро масьалат дорам, зеро Ту
Тавонои ва ман нотавон, Ту медони ман намедонам ва Ту донанди умури пинҳон ҳасти. Илоҳи агар дар Ъилми Ту
ин кор (ин чой дар он коре ки хайрони
номбар мекуни) боъиси хайри ман дар динам, зиндагиям ва охиратам бошад, онро бароям
осон бигардон ва дар он баракат иноят фармо. Агар дар ъилми Ту ин кор бароям дар дунё ва
охиратам боиси бади бошад, пас онро аз ман ва маро аз он дур бигардон ва хайрро барои ман ҳарҷо, ки бошад муқаддар намо ва онгоҳ маро бо он хушнуд бигардон».
Он шаб ва шаби дигар
намози «истихора» мехондаму сипас ба хоб мерафтам. Чун тибки ҳадис дар хоб «хайр»
ё «бад»
будани он кор бояд рушан мешуд. Аммо ман ончунон хоберо намедидам ва ба
худ ҳайрон мешудам. Мумкин хоб медидам-аммо онро фаромуш месохтам. Аммо ман ба
чунин намоз идома додам ва ба он «меҳр» бастам- ҳатто ки бе хондани он хобам намебурд.
Ҳамин тавр муддате гузашт. Рузе он
шогирд ба ман гуфтанд ки имруз он «клиент» бояд биёяд ва ба он маблаги калон
бори «насия» гирифта равад. Ман танҳо гуиё розиам сар ҷунбондаму худ аз паи корам шудам. Чун
акнун кам кам «заявка» зиёд шуда буду ман бояд он руз ба нохияҳо бор мебурдам. Нисфи
руз шуда буд ва ман бо ронандаи мошини борбар хуроки нисфирузи хурдем ва хостем
ба роҳ бароем- аммо намози пешин ба ёдамон омаду нийят кардем ба корхона рафта
таҳорат сохта намози пешин хонем ва сипас ба роҳ бароем.
Ман таҳорат мекардам ки ёрдамчиамро дидам ки ҳуҷҷати бор тайёр мекард. У хурсанд буд-
ва аз хурсанди маро ҳатто намедид. Аммо ман уро пурсидам ки намози «пешин»-ро хондааст ё на. У
гуфт ки дертар таҳорат карда мехонад чун он «клиент» дар кабинет мунтазир аст. Мо
«пешин»-ро хондему пеш аз ба роҳ баромадан хостам аз ёрдамчи фаҳмам ки ин «клиент» аз кадом техника ва ба кадом маблаг мегирад.
Аллоҳу Акбар!! Аллоҳу Акбар!! Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ! Худованд моро аз
шармандаги начот дод- чун дар кабинет як нафаре нишаста буд ки ман уро пештар
мешинохтам. Ин нафар як «авбоши палиди дуруггу»-е буд ки ду се сол пеш дустони
маро ба маблаги калоне фиреб дода буд:
- Ин «клиент» 3-4 сол дар Эрон донишгоҳ мехонд ва гуиё дар вакти таътил аз он ҷой ҳар гуна «бор» меовард.
Асосан у пистаи эрони меовард ва чун савдои он хуб буд даррав онро фурухта ба
Эрон бармегашт. Ана ҳамин одам ба боварии он дустони ман даромада пули калоне аз онхо гирифта
ваъда дода буд ки аз Эрон бо нархи арзон дар муддати кутоҳ писта равон мекунад.
У рафту ракамхои телефонашро гузошта буд- аммо дар асл пас аз рафтани у
он телефони додааш ҳам хомуш шуд. Инак он дустони ман солҳост ки ин «авбош»-ро ҷустуҷу доштанд- аммо намеёфтанд. Чун ман
ба кабинет даромадам он «авбош» дар чашм айнак дошт ва ҳатто муи сарашро
давонда буд то уро нашиносанд- аммо ман зуд уро шинохтам. Аслан у маро аввал
нашинохту ба ёрдамчиам мегуфт ки:
- Кор барор гирад то миллион доллар боратона мефурушам. Имруз мана 10 000 доллари
боратона пешаки гиреду мондаги пулхоро ҳам аз ман бо доллар як ҳафта пас мегиред.
Ман шогирдро бо баҳонае ба наздам хондаму аз у пурсидам ки ба кадом маблаг ин «клиент» бор
мегирад. У гуфт ки зиёда аз 300 000 сомони- яъне кариб 100 000
доллар. Сипас ман шогирдро фаҳмонидам ки дар асл ин чи одамест ва илтимос кардам то уро бо баҳонае корашро ба фардо
саҳар партояд.
Ҳамин тавр ман якеи он дустонамро ки ракамҳои телефонашро
медонистам занг задаму «хушхабар» расонидам ва илтимос кардам то бегоҳи омада расад ва он
нафаронеро ки ин «авбош» фиреб дода буд бо худ гирад. Ҳамин тавр бегоҳи мо якчо бо он ду
нафар дустонам ки аз дасти ин «авбош» зарар дида буданд вохурдему маслиҳат кардем то саҳари барвакт дуртар аз
корхонаи мо камин гиранд.
«Клиент» соати кариб нуҳи саҳар бо мошинхои борбараш омадар
расид. У ба кабинет даромада аз шогирди ман хуҷҷатхои борро пурсид ва хоҳиш кард ҳарчи зудтар борро ба
мошинхо бор кунанд. У дар кабинет чой мехурд ки дустони ман бо пулис
даромаданд. Даррав пулис ба дастони он «авбош» занҷир заданду уро бо худ бурданд. Он 10 000 долларе ки у «залог» дода
буд мо ба пулис супоридем.
Ҳазорон шукронаи Аллоҳ ки моро шарманда накард ва ба ин «авбош» нагузошт моро хам фиреб дихад.
Худованд «Истихора»-и манро кабул карду ба ман беҳтарин неъмат дар он
соат ато намуд- ки он ҳам аз карз дур будан
буд. Чун гар мо ин борро медодему ин «авбош» гум мешуд мо ду нафар маҷбур мешудем «хонаву дар»-и худ фурушему карзи фирмаҳоро дихем!
Аллоҳи Бузургу Тавоно дар каломаш мефармояд :
-«Шояд чизеро бад бубинед ва дар он хайри
шумо бошад ва шояд чизеро дӯст дошта бошед ва ӯ бароятон бад бошад. Худо медонад ва шумо намедонед»! » (сураи «аль-Бакара», ояти 216).
Ба дурусти ки Худованд ба ман он чи ато намуд хайр буд он соат бароям ва
беҳтар аз фоидаву маблаге ки бояд ба
гумонам ба даст меовардам. Ман аз Худованд барори кору пешрави хостам - У (ҷ.ҷ) бароям он чи ато намуд ки ба ман
зарур буд, яъне беҳтар буд.
Яъне Худованд ба банда он чи ато менамояд ки он банда «ниёз» дорад- на он чи талаб мекунад. Чун он ёрдамчиам ҳам марди миёнаҳоле буд ва фарзандони зиёде дошт. Гар он карз дар гардани мо мемонд он бечора кудакони у ва наздикони ман дар куча мемонданд. Худованд дуъову тазарруъи моро кабул кард ва моро аз ин «офат» наҷот дод.
Яъне Худованд ба банда он чи ато менамояд ки он банда «ниёз» дорад- на он чи талаб мекунад. Чун он ёрдамчиам ҳам марди миёнаҳоле буд ва фарзандони зиёде дошт. Гар он карз дар гардани мо мемонд он бечора кудакони у ва наздикони ман дар куча мемонданд. Худованд дуъову тазарруъи моро кабул кард ва моро аз ин «офат» наҷот дод.
Он «авбош» дар полис як кисми пули дустони маро баргардонид. Зани у ки
эрони будааст дар полис муҳлат гирифта шавҳарашро озод намудааст. Ваъдаи онхо муҳлати як мох будааст-аммо пас аз гузаштани як моҳ боз аз онҳо на номе на нишоне
пайдо нашудааст.
Барьакси ин якчанд соҳибкори дигар аз пушти у ариза навиштаанд ва гуфтаанд ки он «авбош» ба маблагҳои гуногун онҳоро фиреб додааст. Маълум шуд ки пуле ки аз ин тоҷирон он «авбош» ба даст оварда будааст ба ҳисоби карзи пешинааш дар полис адо намуда озод шудааст.
Барьакси ин якчанд соҳибкори дигар аз пушти у ариза навиштаанд ва гуфтаанд ки он «авбош» ба маблагҳои гуногун онҳоро фиреб додааст. Маълум шуд ки пуле ки аз ин тоҷирон он «авбош» ба даст оварда будааст ба ҳисоби карзи пешинааш дар полис адо намуда озод шудааст.
Акнун он тоҷирон сурогаи уро ёфта ба хонаашон
раванд маълум шудааст ки бародарони у дигар аз у руй гардонидаанд. Чун дар
муддати ин 4-5 сол даҳҳо нафар дари хонаи онхо меомадаанд то карзашонро баргардонанд.
Он дустон ба ман ҳамчун «туҳфа» як кисми пули баргардонидаашонро пешкаш намуданд-аммо ман рози
нашудам. Чун он «риё» мешуд- на ъамали хайр. Ба ивази ин Худованд ба мо баракоти
хубе ато фармуд ва савдои мо нек гашт.
Ин буд сирри «кушоиш ва осоиш»- яъне намози «истихора»-ву «тахаҷҷуд» ва «намозҳои хоҷат» хондану дар дуъову тазарруъ аз
Худованд он чи бароятон хайр бошад
талабидан.
Магар ин замони мо касе шуморо
манъ кардааст то «дили шаб» таҳорат ва ё гусл созеду дар пешгохи Худованд дар намоз коим истед ва аз У ҳоҷот талабед? Магар инро ба шумо Худову Расулаш (с.а.в.с) фармудаанд- ва ё
рафтани пеши ҷодугару фолбину сари кабри «азизон»?
Огоҳ бошед: Расули Худо (с.а.в.с) гар мехостанд барояш Худованд тамоми дунёро
пеши пояш меафканданд- аммо Хазрат(с.а.в.с) инро намехостанд. Балки Он
Хазрат(с.а.в.с) ин намозу дуъохоро барои мо уммат фармудаанд то гар мушкиле
дорем, бемор шавем, ҳоҷоте дорем-худ руй ба «Даргоҳи Илоҳи» орем ва аз Аллоҳи Бузург неъматҳояшро бихохем.
Аз он замон ман хам дар «тенчиву амони» ва хам
дар ягон мушкили «Истихора ва Тахаччуд» мехонам. Чун тибки он ояи Курьони ки:
« "Фазкуруни,азкуркум»"(Сураи Бакара,ояти 156.) -фармудааст:
"Эй бандагон пас зикр кунед Маро,то ёд кунам шуморо,пас ёд кунед Маро бар тоъат-то ёд кунам шуморо бо магфират, ёд кунед Маро дар неъмату шодихо-то
ёд кунам шуморо дар сахтию балохо. Ёд кунед Маро ба ягонаги ва имон-то ёд кунам
шуморо ба чанноту ризвон.Ёд кунед Маро ба ихлос-то ёд кунам шуморо ба халос.Ёд
кунед Маро ба дилхо-то ёд кунам шуморо ба омурзиши гуноххо, ва ёд кунед Маро ба дуъо-то ёд кунам шуморо ба
ато....".
)))))))))))))))))))))))))))))))(((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((((
Ъибрат:
Ҷобир писари Абдуллоҳ мегуяд:
Расули Худо алайҳиссалом истихораро дар ҳар коре ҳамонанди сурае аз Қурьон ба мо меомухтанд ва мефармуданд :
-Ҳаргоҳ яке аз шумо хост коре анҷом диҳад, ғайр аз намози фарз ду ракаъат намоз бихонад (яъне ду ракаъат нафл бихонад), сипас бигуяд :
-{ Аллоҳумма инни астахирука би ъилмика ва астақдирука би қудратика ва асьалука мин фаздикал ъазим, фа
иннака тақдиру ва ло ақдир, ва таъламу ва ло аълам, ва анта
ъалломул ғуюб. Аллоҳумма ин кунта таъламу анна ҳозал амр (дар ин мавзе ҳоҷаташро бо ҳар забоне хоҳад ба Худо арза мекунад) хайрулли фи дини ва маъоши ва
ъоқибату амри ъоҷилиҳи ва оҷилиҳ, фақдирҳу ли ва яссирҳу ли сумма борикли фиҳ, ва ин
кунта таъламу анна ҳозал амр шаррун ли фи дини ва маъоши ва ъоқибату амри
ъоҷилиҳи ва оҷилиҳ, фасрифҳу ъанни
васрифни ъанҳу вақдурли алхайра ҳайсу кона сумма арзини биҳ.} Ривояти Бухори7/162 .
Уламои Илом фармудаанд
ки: касе аз Холиқ(ҷ.ҷ) талаби хайр намояд ва аз махлуқ машварат бигирад ва дар кораш собит қадам бошад,
пушаймон намешавад. Чун Худованд мефармояд:
-«Дар
корҳоят бо дустонат машварат кун ва ҳаргоҳ тасмим ба
анҷоми коре гирифти ба Худо таваккул дошта бош, ки Худо таваккул
кунандагонро дуст медорад» Сураи Оли
Имрон ояи 159.
Ва низ Худованди Бузург дар каломаш бар бандагон фармуданд:
«Ва майятаваккал ъАлаллоҳи фа ҳува ҳасбуҳ»!!—яъне ҳар бандае ки ба Аллоҳ (ҷ.ҷ) таваккул кунад пас У(ҷ.ҷ) барояш басанда аст!!
Пас маълум мешавад ки барои аз Худованд осоишу кушоиш талабидан, хоҷот талабидан, шифо хостан ниёз ба «миёнарави яъне «васила-таваккул» карор
додани касе нест.
Худованд мефармояд ки «таваккул» бар Ман дошта бошед! Худованд бениёз аст аз хама чиз. У Худ дар ояи болои ба мо мефармояд ки «таваккул» ба Ман дошта бошед- Ман бароятон басандаам! Аммо афсус нафароне хастанд ки барьакси ин фармудахо хатто харф мегуянду гуфтаву шунидаи худро аз он ояву хадисхо боло мехисобанд.
Худованд мефармояд ки «таваккул» бар Ман дошта бошед! Худованд бениёз аст аз хама чиз. У Худ дар ояи болои ба мо мефармояд ки «таваккул» ба Ман дошта бошед- Ман бароятон басандаам! Аммо афсус нафароне хастанд ки барьакси ин фармудахо хатто харф мегуянду гуфтаву шунидаи худро аз он ояву хадисхо боло мехисобанд.
-- Худованд фармояд ки дар намозу дуъо аз ман
хоҷат хохед Ман иҷобат мекунам- баъзе ноМуллохо мегуянд ки «ту гунохи зиёд дори худат дуъо
накуни- балки сари кабри фалон «азизи Худо» рав ва хоҷатат ба кабри у расон то «миёнарав-васила» шаваду ба Худованд расонад!
Бовариву эътикоде ки «куфр» асту бас-зидди ояхои болои.
--Худованд фармояд ки аз «Fайри Ман» хоҷат талабидан щирку куфр аст- баъзе ноМуллохо мегуянд ки домлои мо мегуяд
ки шумо аз «сохибони кабр» хоҷат намехохед, балки онхоро миёни худу
Худованд «васила»(миёнарав) карор медихед. Чун онхо бузург буданду ба Худованд
наздик- пас дуъову хохиши шуморо зуд мерасонанд.
Боз хам эътикоди куфри. Чун он бечорахо мурданду ба чизе дигар кодир нестанд- хатто ба тоза кардани чангу fубори болои кабри худ.
Боз хам эътикоди куфри. Чун он бечорахо мурданду ба чизе дигар кодир нестанд- хатто ба тоза кардани чангу fубори болои кабри худ.
-- Худованду Расулаш (с.а.в.с)
барои хоҷату осоишу шифоталаби намозу дуъо
фармоянд- баъзе ноМуллохои замона мегуянд ки гар «хазрати ……»-ро васила карор
надихи дуъоят кабул намешвад. Боз хам бовариву эътикоди куфри. Гуиё фармудаи Худову Расулаш (дуъову дуруд ба у) инкор шуда бошаду фармудаи инхо кабул аст!
Пас мо худро «ахли Курьону
суннат» мегуему дар асл на ба ояхои Курьони ва аходиси Набави –балки ба
гуфтахову дуруги ким кадом ноМуллое ки гараз дорад бовари дорем. Он ноМуллохо
медонед чи «гараз» доранд:
- Яке кабре дуруст кардаасту ба мардум гову гусфанду пулу мол мефармояд-
гуиё он сохиби кабр гушти гову гусфанд мехурда бошанд, пулу мол зарурашон
бошад. Гар биёри хочатат бароварда мешавад. Аммо дар асл он пулу моли «гумрохон» барои
хамин ноМулло зарур аст.
Аз барои пулу моли дунё онхо имонашонро ба аъмоли шайтони фурухтаанд. Гар пулу мол наори хочатат бароварда намешуда бошад! Ин тоифа мардум фармудаи Худовандро кабул надоранд.
Аз барои пулу моли дунё онхо имонашонро ба аъмоли шайтони фурухтаанд. Гар пулу мол наори хочатат бароварда намешуда бошад! Ин тоифа мардум фармудаи Худовандро кабул надоранд.
-Дигари ба яке аз «зиёратгоххо» домулло шудааст ва акнун бояд фоидаи
калоне гирад. Акнун инхо ба ҷои он ки ба мардум аз «Тавхид» харф
гуянд-барьакс ба аъмолъои щирки мардумро даъват менамоянд:
-Гуиё ки «гар се хафта паи хам сари ин кабр биёи шифо меёби, бахтат кушода мешавад, молат зиёд мешавад» ва гайра дуругу куфр.
Гар ин кабр ки моли туро зиёд кунад- гову моли мардум овардаги чи лозим? Чаро он ноМулло намегуяд ки дасти холи биёед-балки пофишори менамоянд ки албатта гову гусфанду канду матоъ биёред. Яъне он чи ки барои хонаи он ноМулло зарур аст.
-Гуиё ки «гар се хафта паи хам сари ин кабр биёи шифо меёби, бахтат кушода мешавад, молат зиёд мешавад» ва гайра дуругу куфр.
Гар ин кабр ки моли туро зиёд кунад- гову моли мардум овардаги чи лозим? Чаро он ноМулло намегуяд ки дасти холи биёед-балки пофишори менамоянд ки албатта гову гусфанду канду матоъ биёред. Яъне он чи ки барои хонаи он ноМулло зарур аст.
- Якеи дигар дуруге бофтааст ки гар «Ҳач» рафтани шави аввал
зиёрати хазрати Мавлоно ва ё хазрати
Амирчону хазрати Султон ва Бурх нарави ва пулу моле хайр накуни хаҷҷат кабул намешавад.
Наъузубиллох! Охир дар куҷои Курьону дар кадом аходиси Набави ин «фатво» омадааст? Ин куфр асту бас- аммо ёфт мешаванд нафароне ки ба он бовар мекунанд.
Наъузубиллох! Охир дар куҷои Курьону дар кадом аходиси Набави ин «фатво» омадааст? Ин куфр асту бас- аммо ёфт мешаванд нафароне ки ба он бовар мекунанд.
АФСУСС
КИ ҲАМИН БА НОМ «ДОМЛОҲО» БА МАРДУМ НАМЕГУЯНД КИ ХУДОВАНД БАРОИ КУШОИШУ ОСОИШ ВА ҶАМИИ ҲОҶОТ НАМОЗУ ДУЪО ФАРМУДААСТ-НА ИН
АКИДАИ КУФРИРО!
НАМЕГУЯНД КИ «ИСТИХОРА» БАРОИ ЧИСТ, «НАМОЗИ ҲОҶАТ» БАРОИ ЧИСТ, ИН Ё ОН «ДУЪОИ МУБОРАК» БАРОИ ЧИСТ!
ЧУН ИНРО ГУЯНД-ДИГАР МАРДУМОН АЗ ДУР БА ҲАККИ «АЗИЗОН» ДУЪО МЕКУНАНДУ ХАР ҲОҶАТУ МУШКИЛЕ ПАЙДО ШАВАД АЗ ХУДОВАНД ДАР НАМОЗУ ДУЪО МЕПУРСАНД.
НАМЕГУЯНД КИ «ИСТИХОРА» БАРОИ ЧИСТ, «НАМОЗИ ҲОҶАТ» БАРОИ ЧИСТ, ИН Ё ОН «ДУЪОИ МУБОРАК» БАРОИ ЧИСТ!
ЧУН ИНРО ГУЯНД-ДИГАР МАРДУМОН АЗ ДУР БА ҲАККИ «АЗИЗОН» ДУЪО МЕКУНАНДУ ХАР ҲОҶАТУ МУШКИЛЕ ПАЙДО ШАВАД АЗ ХУДОВАНД ДАР НАМОЗУ ДУЪО МЕПУРСАНД.
ИНРО
КИ ГУЯНД ДИГАР КАСЕ НА ГОВУ ГУСФАНД ВА
НА ПУЛУ МОЛУ МАТОЪ НАМЕОРАНД. «ГУР СУЗАДУ-ДЕГ ЧУШАД»-ШИОРИ ОН НОМУЛЛОХО
ШУДААСТ. АКНУН ИНХО РИЗКУ РУЗИ ХУДРО НА АЗ ХУДОВАНД-БАЛКИ АЗ ИН «КАБРҲОИ АЗИЗОН» МЕБИНАНД.
АКИДАИ МУШРИКОНА.
БОВАР НАДОРЕД? РАВЕД АЗ КАНОР АЪМОЛИ САРИ КАБР МЕНИШАСТА НОМУЛЛОҲОРО БУБИНЕД:
-ЗУД ЗУД ДУЪО МЕДИҲАНДУ ЧАШМАШОН БА КИСАИ ЗИЁРАТЧИҲОСТ КИ ЧАНД СУМ МЕДИҲАД, ГОВУ ГУСФАНДУ ХУРОКАИ МЕОВАРДАГИИ МАРДУМ ГУИЁ ҲАККИ ОНҲОСТУ ХАЛОС- ЗУД ТАКСИМ
МЕНАМОЯНД, МОЛУ МАТОЪЭ КИ МЕОРАНД САДАКА БАРОИ РИЗОИ ОНҲОСТ!
ГАР ЯГОН ЯТИМУ МУҲТОЧЕ АЗ ОНХО ЧИЗЕ ПУРСАНД-ЗАДА ПЕШ МЕКУНАНД. ЧУН АКНУН ИН КАБРҲО МОЛИ ОНҲОСТ- МАКОНИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ РИЗКУ РУЗИИ «БЕДАРДИ МИЁН»
ГАР ЯГОН ЯТИМУ МУҲТОЧЕ АЗ ОНХО ЧИЗЕ ПУРСАНД-ЗАДА ПЕШ МЕКУНАНД. ЧУН АКНУН ИН КАБРҲО МОЛИ ОНҲОСТ- МАКОНИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ РИЗКУ РУЗИИ «БЕДАРДИ МИЁН»
Дар ҳадиси
сахехи худ Паёмбар (дуъову дуруд ба у бод) фармудаанд:
-«Лаънати
Аллох бар яхуду насоро бод ки кубури
паёмбаронашонро ба зиёратгоххо табдил додаанд ва аз онхо хочат мехоханд»! (Аль-Бухори 1/144, 6/359, 8/108 и 10/234, Муслим 531)
Оё медонед Паёмбар (дуъову дуруд ба у бод) лаънат кадом умматро кардаанд тибки ин
хадис?: Он Хазрат(с.а.в.с) умматонеро ки кабрхои азизону бузургонро чун яхуду
насоро «макбара» менамоянд, кат мегузоранд ва худ ё шогирдонро болои он катхо
менишонанду мусалмононро ба аъмоли куфру щирк даъват менамоянд- лаънат
гуфтаанд.
Хазрат он «ноМуллохо»-еро ки гуфтаву кардаи ким кадом дуруггуро аз ояхои Курьониву аходиси Набави боло мехисобанд-лаънат гуфтааст. Пас эхтиёт бошед-то ба лаънати Паёмбар (дуъову дуруд ба у бод) гирифтор нашавед.
Хазрат он «ноМуллохо»-еро ки гуфтаву кардаи ким кадом дуруггуро аз ояхои Курьониву аходиси Набави боло мехисобанд-лаънат гуфтааст. Пас эхтиёт бошед-то ба лаънати Паёмбар (дуъову дуруд ба у бод) гирифтор нашавед.
БАРОДАРОНУ ХОҲАРОНИ ЭМОНИ!: Шумо ки
Мусалмонед- пайрави аз Курьону суннат намоед то гумрох нашавед. Ин аст Ислом-
ин аст Мусалмони! Худованд дуъову тазарруъи худи шуморо кабул мекунад на он
ъамали куфриву щиркие ки дар сари «кабрхои азизон» мардум доранд, назди фолбину
чодугарон доранд. Ин ъамалхо куфранд, ва имони
шуморо ботил хоханд кард.
Сабаби фармудани намозхои «истихора»-ву «тахаччуд» ва намозхои хочат аз
чониби Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) хам хамин буд ки гуиё у хис мекард ки баъзе
ноМуллохо рузе мардумро ба куфру щирк мебаранд- ва сабаби гумрохии худу мардум
мешаванд.
Гар шумо хочате доред, мушкиле доред, дар коре хайрон мондаед, беморед, карздоред- албатта худ дар шабхо он намозхои нофиларо хонеду аз Худованд кушоишу осоиш талабед. Чун:
Гар шумо хочате доред, мушкиле доред, дар коре хайрон мондаед, беморед, карздоред- албатта худ дар шабхо он намозхои нофиларо хонеду аз Худованд кушоишу осоиш талабед. Чун:
Суфиён ибни Ийина мегуяд:
-«Чун дар худ бадие эҳсос мекуни, натарс, ки ба сабаби он дуъои туро Худованд ичобат намекунад. Худованд дуои бадтарин халк, иблисро ичобат кард, ҳангоме ки гуфт:
-«Чун дар худ бадие эҳсос мекуни, натарс, ки ба сабаби он дуъои туро Худованд ичобат намекунад. Худованд дуои бадтарин халк, иблисро ичобат кард, ҳангоме ки гуфт:
-" Бар ман то рузи зинда
шудан(киёмат) муҳлат бидех," (сураи Аьроф, ояти 14).»
ва Худованд дуъои уро пазируфт ва
ба он «палид» мухлат дод.
Ин далелест барои он ноМуллохое ки мегуянд ки ту худ гунахкори –худат дуъо накун ва аз Худованд хочат талаб макун! Дуъоро Худованд ичобат мекунад на бандахояш ва на дигару дигар- пас дуъоро ба Худованд намоему хеч гох ноумед нагардем!
Ин далелест барои он ноМуллохое ки мегуянд ки ту худ гунахкори –худат дуъо накун ва аз Худованд хочат талаб макун! Дуъоро Худованд ичобат мекунад на бандахояш ва на дигару дигар- пас дуъоро ба Худованд намоему хеч гох ноумед нагардем!
Далели дигар ин аст ки: Тавре, ки
паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«Аллоҳ Таоло дар ҳар шаб ба суи осмони дунё фуруд меояд, ва ба суи бандагонаш нидо
мекунад:
«Кист,ки маро дуо кунад,-пас ман дуоашро маври ди иҷобат гардонам. Ва кист, ки аз ман ҳоҷаташ ро пурсад- пас ман ҳоҷаташро барорам. Ва ки аз ман талаби бахшоиши гуноҳҳо кунад- пас ман гуноҳҳои уро бибахшам?». (ат-Тирмизи)
«Кист,ки маро дуо кунад,-пас ман дуоашро маври ди иҷобат гардонам. Ва кист, ки аз ман ҳоҷаташ ро пурсад- пас ман ҳоҷаташро барорам. Ва ки аз ман талаби бахшоиши гуноҳҳо кунад- пас ман гуноҳҳои уро бибахшам?». (ат-Тирмизи)
Магар дар ин фармудахо ҳарфе ҳаст аз он
ки бояд «азизон»-ро васила карор дихед? Худованд ба ҳама бандагони
«шабзиндадор» мурочиат дорад- пас мо бояд дар паи дарёфти он соату лаҳзаҳо бошем. Он
соату лаҳзаҳо ҳама шаб ҳастанд- пас имшаб ки дуъоят ъичобат нашуд ноумед машав.
Чун «даргохи Илоҳи» бениёз аз ҳама неъматҳост- барои ҳама бандагон рассаду он кам нашавад! Худованд ҳамаи мо бандагонро аз аъмоли куфриву щирки дур намояд- ва дуъову намозҳои моро кабул намуда ҳарчи ҳочат дорем баровардаи нек гардонад! Омин!!
Чун «даргохи Илоҳи» бениёз аз ҳама неъматҳост- барои ҳама бандагон рассаду он кам нашавад! Худованд ҳамаи мо бандагонро аз аъмоли куфриву щирки дур намояд- ва дуъову намозҳои моро кабул намуда ҳарчи ҳочат дорем баровардаи нек гардонад! Омин!!
Муаллиф: Садриддин.
Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:
Отправить комментарий