Общее·количество·просмотров·страницы

среда, 1 июня 2016 г.

Киссаи мухочири некрафтор!



                                  Киссаи мухочири некрафтор!
        Дар Мальме, ки яке аз шахрхои Швеция аст ин киссаи мухочирр руи забон аст. Чавонписари мухочире ахамийят медихад ки зани пире аз магоза бо борхалтаи вазнин ба берун баромад. Ин замон зиёди занону мардоне ки аз куча мегузаштанд бо у салом медодаанду мегузаштаанд- аммо кампир маълум буд ки бо нигох мехост касе ба у ёрдам дихаду борхалтаашро бардорад.  Харчанд атрофиён он занро мешинохтаанд- аммо касе чуръат намекардааст  то ба у ёрдам дихад ва борхалтаашро бурда расонад. Бар замми ин тобистон буду хаво сахт гарм шуда буд.
    Чавонписари мухочир аз Ирок Умар ба кампир наздик омада бо харфхои канда канда ба у пешниход мекунад то ёрдамаш дихад. Кампир ба у назар мекунаду мебинад ки ин чавонписари мухочир аст ва ба у бовар кардан намехохад. Кампир як чи мегуяду гуиё рози намешавад - аммо Умар ки холо забони мардуми Швецияро хуб намедонист гумон мекунад ки кампир рози аст. Пас у борхалтаро бардошта аз 2-3 куча мегузарад ва ба хонаи кампир оварда мерасонад.
   Кампир гумон кард ки ин чавон ба ивази ин хизмат аз у пул мехохад ва аз чайбаш пул мебарораду ба Умар дароз мекунад- аммо Умар пулро кабул накарда аз кампир танхо об мепурсад. Кампир ба хона даромада хост  ба у об биёрад.  Ин замон муйсафеде ки шавхари он зан буд аз куча пайдо шуду гумон кард ки ин чавон талбандаги дорад ва уро зада дашномкунон аз назди хонааш пеш кард.
   Он зан об ба даст аз хона баромада дид ки шавхараш назди дар истодаву он чавон нест. Чун пурсон мешавад мефахмад ки шавхараш он чавони некукорро зада пеш кардааст ва сахт гамгин мешавад. Онхо бо шавхар ба хона медароянду аз он ъамали хуби он чавон зан ба шавхараш накл кард:
    -Замоне ки тамоми хамсояву шиносхо ва хатто шогирдонам аз наздам танхо салом карда мегузаштанд ин чавон борхалтаамро то ба хона оварда расонд ва пул хам нагирифту танхо об пурсид. Шумо бошед уро зада пеш кардед. Кори хуб нашуд!
   Он мард аз кори кардаи худ пушаймон гашт ва ба кучахо баромад то он чавонро ёфта узр бипурсад- аммо уро наёфта баргашт. Аз байн муддате гузашту ин зану шавхар хангоме ки бо мошинашон аз махалле бармегаштанд он чавонро дар наздикии он марказе  ки махсус барои мухочирон сохта шуда буд мебинанд. Он зан аз шавхар хохиш мекунад ки бозистад ва ба суи он марказ мошинро ронад- аммо то ин замон он чавон аллакай ба марказ дохил шуда буд.
   Зану шавхар ба дари марказ омада хохиш мекунанд то он чавонро наздашон даъват кунанд. Навбатдори марказ ба онхо мефахмонад ки дар ин марказ 271 кудакону чавонон зиндаги мекунад дар зиёда аз 115 оилае ки хар яке 3-4 фарзанди доранд:
   - Биёед бехтараш ба марказ дохил шаведу худ он чавонро ёбед чун ин вакти зиёдро талаб мекунад.
   Хамин тавр зану шавхар кариб як соат дохили марказ мегаштанд- аммо аз он чавон нишоне набуд. Навбатдор онхоро ба замини канори марказ бурд ки дар он даххо марду зан ва фарзандонашон ба замин чизе мекоштанд. Ана дар он чо он зан чавонро дида ба у ишора кард ва илтимос кард то наздашон ояд.
  - Аз ту бахшиш мепурсам писарчон! Ман туро нофахмида зада пеш кардам- ба чои он ки туро миннатдори намоям!–гуфт шавхари зан.
   - Не ман аз шумо наранчидаам амак! Мо мухочирон аз ин бадтар нисбати худ муомилахоро дидаем дар ин якчанд мох. Хол он ки шумо маро аз назди хонаатон зада пеш кардаеду халос. Ман танхо мехостам ба ин модар ёри расонаму нийяти баде надоштам!- чавоб гуфт Умар ва навбатдор гуфтахояшро тарчума кард.
   Зану шавхар навбатдорро як тараф бурда аз у мепурсанд ки:
   -  Ин чавон бо хамрохии волидонаш намехоханд ба хонаи мо рафта зиндаги кунанд? Мо дар як хонаи калон ду нафар зиндаги мекунем ва ягона писарамон дар соле як ду маротиба  ба аёдатамон меояду халос. Гар инхо рози шаванд онхоро имруз мо бо худ мебарем.
  - Ин чавон Умар ном дорад ва 13 сол дорад. У  бо як додаракаш, ки 11 сола аст,  то ба ин шахр расидааст. Падарашонро дар чангхо куштаанд – аммо модарашон аз тарси он ки он кудаконро низ накушанд онхоро ба мухочират равона кардааст. Холо ман аз худашон мепурсам- гар рози бошанд хар дуяшонро метавонед бо худ бибаред! Аммо шумо бояд донед ки инхо баъзе хурокхо ва гушти хукро намехуранд.- чавоб гуфтааст навбатдор.
    Чун чавон рози мешавад зану шавхар муддати ду руз хуччатхои заруриро гирд меоранд ва он кудаконро ба хонаи худ мебаранд. Дар он хона ба харду кудакон хучрахои алохида чудо мекунанд, либосхои нав харида медиханд- то худро бегона надонанд.
   Сахари барвакт зану шавхарро як садое аз хоб бедор мекунад. Онхо аз хоб хеста мебинанд ки хама хона шуста тоза карда шудаасту кудакон дар хучраи бародари калони чизе мутолиа доранд.  Овози кудакон чунон форам ба гуш мерасид ки сохибхонахо дар назди хучра то ним соат нишаста ба он гуш медоданд. Сипас кудакон аз хона берун омаданду ба онхо саломи сахар доданд.
   Сохибхонахо гуиё ки чизе нашунида бошанд ба кудакон даъват мекунанд то хуроки сахар хуранд дар ошхона. Чун он зан мехост хурок тайёр кунад Умар дар хама кораш ба у ёрдам мекард ва хатто тухмбирён тайёр кард. Пас аз хуроки сахари Умар нагузошт то он зан ошхонаро тоза кунад ва худ хамаро шусту тоза кард.
   Сохибхонахо аз рафтори кудакон хайрон мешуданду писари худро ба ёд меоварданд ки чи тавр  уро мачбури сахархо аз хоб бедор мекарданд, хуроки сахариро гуиё мачбур ба дахонаш мегузоштанд, мачбур ба у либос мепушонданду ба мактаб равонаш месохтанд. Хол ин ки писарашон боре дар корхои хона ёрдам намедоду шабона ба хона дер меомад.
   Рузи дигар боз хамон холати рузи аввала: зану шавхарро он овози форам аз хоб бедор кард. Акнун онхо ба он овоз мехр бастанд ва бодиккат онро гуш меандохтаанд. Ин дафъа чун кудакон аз мутолиа фориг шудаанд сохибхонахо ба хучраашон дохил шуда мепурсанд:
   -Ин чи китобест  шумо  мутолиъа доред? Мумкин бошад мо онро бубинем.
   Аммо кудакон китобе надоштанд. Умар чавоб гуфт ки:
  - Ин кироати Курьон аст ки мо бо додарам онро такрор ба такрор мутолиъа менамоем то фаромушаш насозем. Мо бо худ китоби Курьон надорем- аммо ман кулли Курьонро аз ёд кардааму додарам бошад аз се ду хиссаашро.
   Сохибхонахоро хайраташон дучанд гашта буд. Кудакони мардуми махалла ки дар ин сину сол дар Швеция танхо дар фикри сайру гашту бехудагарди хастанд аз ин кудакон куллан фарк мекарданд.  Дар ин замона кудаконе ки ба бегонагон он тараф истад ба волидайни худ ёри диханд дар чомеъаи тамоми Аврупо кам ёфт мешаванд. Кудакони Аврупо мумкин парвое аз дину оинашон надошта бошанд- аммо ин кудакон кули Курьонро аз ёд кардаанду сари вакт намоз мехонанд.
     Он руз Умар бо додараш Ильёс аз онхо пурсида ба тамошои махалла баромаданд. Сипас онхо ба майдончаи футбол рафтанду бо кудакони махал футбол бози карданд. Чун дар дастахо якчанд нафар намерасид бародарон дар дастахо зидди якдигар бози мекарданд. Мураббии футбол бозии Ильёсро диду хавасаш омад ва пас аз бози аз у хохиш кард то хама руз ба ин чой ояду дар даста бози кунад.
   Аз байн 15-20 руз гузашту зиёди мардумон аз тарбияи хуби кудакон ба сохибхонахо миннатдори мекарданд:
   -як ду нафаре мегуфтанд ки кудакон барои чамъоварии картошка, тоза кардани замини наздихавлиги ёрдам додаанд,  дигари мегуфт ки поруи гову гусфандонашро кудакон аз огил бароварда ба гушаи замин гундоштанд, сеюми мегуфт ки кудакон масолехи сохтмониро ба хавлиаш аз мошин фароварда додаанд. Ва барои ин хама «хизмат» онхо пул кабул накардаанд.
    Рузхои аввал ахли махалла бо нобовари ба кудакон менигаристанд- аммо чун феълу атвори хуби онхоро мушохида намуданд  дигар  онхоро дуст доштанд. Хатто баъзан онхо ин кудаконро бо худ ба суи шахр ба тамошо мебурдаги шуданд.  Дар як муддати кутох кудакон ба мардуми махалла «худи» шуда мондаанд.
   Акнун сохибхонахо як маблаги муайяне ба кудакон мегузоштанд то барои худ сарф кунанд- аммо танхо рузхои чумъа якчанд Евро кам мешуду халос. Сохибхонахо  як руз аз пасашон  рафта диданд ки кудакон ба афтобус савор шуда чониби шахр рафтанд. Дар шахр онхо ба масчид дохил шуданду соате пас аз он берун шуда назди магозаи китобхо ба тамошои китобхои дини саргарм нафахмиданд ки чи тавр он сохибхонахо наздашон омадаанд. Акнун онхо якчоя китобхоро тамошо мекарданд.
   Марди сохибхона фахмид ки Умар мехост китоби Курьон харад.  У барои Умар китоби Курьонеро хариду барои худ хам аммо бо тарчумааш. Сипас онхо аз дукони гушт гушти «дасткуш» хариданду ба хона баргаштанд. Аз ин пас хангоме ки Умару додараш Курьон мехонданд сохибхонахо тарчумаи онро мутолиъа мекарданд. Хатто баъзан онхо хамсоягонро ба хонаи худ даъват мекарданд то кироати зебои Умару додарашро гуш андозанд.
    Он чи ки онхо мехонданду он чи ки онхо дар феълу атвори ин кудакон медиданд аз  солхои пеш  овозаву хабархои шунидаашон куллан фарк мекард. Замоне буд ки попи калисо мегуфт ки Курьон ба террору одамкуши, муомилаи бад мусалмононро равона мекунад- аммо дар асл дар тарчумаи Курьон танхо мехру мухаббат, хурмату эхтирому волидайн, хайру саховат дида мешуд. Ба сохибхонахо маълум шуд ки хар оилаи мусалмоне ки аз дини Ислом пурра пайрав бошанд феълу атвори хубе доштаанд. Хурмату эхтироми волидайн дар Ислом зиёд таъкид шуда будааст.
    Як руз кудакон аз сохибхона илтимос карданд то ичозат дихад ба раками телефоне ки бо худ доштанд аз телефони у занг зананд. Аз он тараф хамсояи кудакон гуширо бардошту зуд бурда ба модари кудакон расонд. Кудакон бо модар гап мезаданду бо овози баланду дилхароше мегиристанд. Маълум буд ки модар ва кудакон сахт якдигарро пазмон шудаанд.  Пас аз он руз сохибхона ба кудакон ичозат дода буд то зиёдтар бо модар тамос бигиранд.
   Акнун у боре пешниход кард то модарро хам ба Швеция даъват кунанд. У хатто аз паи гирдоварии хуччатхо шуда буд. Аммо чун ин замон дигар кабули мухочирон мушкилтар шуда буд барои ба Швеция овардани модар мухлате лозим меомад.
    Замоне ки дар шахру махаллахои атрофи  Мальме гирдихамоихо зидди мухочирону мусалмонон сар зад мардумони он махалла худ онхоро пароканда сохтанд ва талаб карданд ки дигар ба махаллаву шахрашон наздик наоянд. Хатто дар телевизиони шахри он марди сохибхона ки номаш Томасо  Валльберг будааст ва дар он шахр  замоне яке аз одамони маъруф будааст баромад карду ба мардуми Швеция мурочиат кард:
  - Хамдиёрони мухтарам! Шумо хеч гох ба овозаву дуругхое ки душманони мухочирону Исломбадбинон пахн месозанд бовар накунед! Ин аз руи одоб нест ки хар чи шунидаед худ тахкик накарда ба он бовар кунед. Шахсан ман худ замоне зидди ин мухочирон будам то он рузе ки ду кудаки мухочир маро бо феълу атвори худ, тарбияи худ ба хайрат нагузоштанд.
    Пас аз он руз аз зиндагии Умару додараш тарики Телевизиони Швеция махсус барномае ташкил шуд. Дар он аз зиндагии хамарузаи ин кудакон, муомила бо мардуми махалла, таърифу миннатдории мардуми махалла иньикос ёфта буд.  Журналистон дарк карданд ки Умар сахт дар динаш устувор аст ва айнан Ислому Курьон ба уву додараш  рохнамои зиндаги шудааст- чун онхо  мактабро як ду сол  хондаанду халос. Бехтарин мактаб ин мактаби Курьону Эмон будааст!- мегуфт журналист.
   Журналист  Ильёсро бозии футболашро диду мегуфт ки ин Иброхимовичи оянда хохад буд. Чун Ильёс дар ин сину солаш сахт дар футбол мохир буд ва аз хамсолонаш куллан фарк мекард. Акнун якчанд мардуми махалла аз марказхои мухочирон кудаконе ки бе волидайн омада буданд ба хонахои худ гирифтаанд ва аз феълу рафтори онхо таърифи зиёд мекарданд.
    Дар охири барнома Умару додараш аз масчид аз намози чумъа мебароянд ва журналист аз Умар хохиш мекунад сурае аз Курьон бихонад. Умар бо овози фораму таъсирбахш сураи аз Курьон мехонд ки хама тамошобинонро хайрон сохта буд. Журналист мегуфт ки хар нафаре ки пайрав аз ин дин бошад наметавонад террорист шавад, наметавонад одамкуш шавад, наметавонад бадфеъл шавад.
    У мисол аз як чавоне  овард ки замоне муштарии шабурузаи бару дискотекахо буд, зинокору бадфеъл буд- ва замоне ки дар Сирия як давлати ба ном Исломи эълон шуд аз барои шухрату пулу мол зуд ба сафи он терористхо дихил шуд. У мегуфт ки надонистани Ислому Курьон он чавони бадфеълро ба сафи терористон пайвастааст.
     Он журналист  аз мухити зисти он «террорист» ки аз Ислом ъилми кофи надошт, намоз намехонд, феълу атвори хуб надошту баръакс хама атрофиён аз у шикоят мекарданд  лахзае  пурсучу намуд. У аз хамсоягону хамсолони он «террорист» фахмид ки у «ошики» нушокихои спирти ва нушокихои энергетики амсоли«RED BULL» будааст, шабу руз дар дискотекаву  фохишахонахо мегаштааст ва аз Ислом хеч пайравие надоштааст то пайвастан ба терористон. Ана якчанд чунин одамон аз Швеция ба сафи он «давлати Исломи» рафтаанду халос.
    Аммо барьакси он «террорист» чавононе ки пайрави хакики аз Ислом будаанд дар Швеция, курьонхону намозхон будаанд ва ъилми Исломи доштаанд  аз он «Давлати Исломи» пайрав нашудаанд. Хатто чавоне мегуфт ки «Чиход»-и ман ин хизмати волидайну калонсолон аст, феълу рафтори хуб аст- чун инро Худованду Паёмбарамон (с) фармудаанд. Чиход- имруз некуи кардан ба ин мухочирон аст он кадар дахшатро паси сар кардаанд.  Дар ин намуд  чиход хеч «шакку шубха»-е нест- аммо дар он чиходи Сирияву Ироку дигару дигар бошад нифоку бадбини, мардумкушие ки зидди Ислом аст.
     Он чавон мегуфт ки мо аслан гуфтани нестем ки «чиход» нест. Аммо  дар он ба ном «чиход»-е ки мешунавем  аслан нийяташон пулу молу шухрат аст, мусалмонкуши аст, зулму ситам аст-  нишонае аз он чиходе ки Худову Расулаш (с) фармудаанд нест.  Ин чи чиход будааст ки хатто гуруххое ки як замон якчояанд,  дустанд,  рузе мешавад ки барои нуфузу хукмрони  дар ягон шахру махаллае акнун чудо мешаванд ва  бо хам мечанганду якдигарро бепарво мекушанд. Хамин  ба онхо кифоя аст ки ту аъзои дигар гурух боши- пас ин гурух туро кофару беэмон эълон хоханд кард.
   Ин буд киссаи ду  мухочире ки дар сини навчавони аз ватан берун шуда ва дар як муддати кутох таассуроти мардуми Швецияро ки гумон доштанд мухочирону мусалмонон ба давлаташон зиён хоханд овард куллан ба таассуроти хуб иваз сохтаанд.

))))))))))))))))))))))))))))))))))(((((((((((((((((((((((((((((
      Ъибрат:
     Киссае ки дар боло овардаем аз зиндагии мухочири чавоне ки бо феълу тарбияи хуби худ дили мардуми як шахракро ба даст  овардааст.  Албатта ин аст он чи ки метавонад бехтарин «даъват» ба Ислом бошад- яъне он муомилаву тарбияи хубе ки овозаву дуруги зиёде ки дар Аврупову чахон дар бораи  Ислому мусалмонон пахн шудааст аз байн бибарад.
    Аммо афсус имрузхо баъзен мухочирони кори мо аз Точикистон накл мекунанд ки баъзе мухочирони мо  ки дар Россия аракнушу зинокор шудаанд, даст ба дуздиву зулм мезананд- боиси бадбини нисбати мо мухочирону мусалмонон гаштааст.
  Хатто баъзе русхо мегуфтаанд ки:
  -Ин мусалмонхои точику узбаку киргиз дар рафтори худ нишонае аз Ислом надоранд. Онхо аз мо дида зиёдтар арак мехуранд, гушти хук мехуранд, зино мекунанд. Он чи дар бораи мусалмонон шунидаву хондаем дар аъмоли ин мухочирону мусалмонони тахчои дида намешавад.
    Баъзе гуфтахои онхо рост аст- чун баъзе мухочирони «бенангу беномус» дар мухочират аз зану фарзандони худ, волидайни пири худ фаромуш сохта ру ба мастигари, зинокори овардаанд. Онхо хатто парвое надоранд ки волидайнашон ва ё зану кудаконашон дар чи холатанд, чи мехуранд, чи мепушанд. Албатта ин моро гамгин сохтааст.
    Замоне мардуми Индонезия бутпарасту сангпарасту оташпараст будаанд. Аммо аз феълу рафтору муомилаи точирони Мусалмон онхо хайрон шуда фахмидаанд ки ин хама ба шарофати дини Ислом будааст.  Чун пеш аз он арабхо бадфеълу хиёнаткор будаанд дар тичорату муомила. Пас онхо пурсупос намудаанду донистанд ки Ислому Эмони ба Худованди Якто  ин точиронро чунин хушфеълу хушмуомила ва амонатдор сохтааст.
    Як киссаи ачоиб аз муомилаи точири Мусалмон бо бутпарасти Индонези:
  Аввалин мусалмононе ки бо тичорат ба Индонезия омада буданд аслан максад надоштанд ин маконхоро забт карда Исломро пахн созанд. Балки онхо бо тичорату бо амонатдории худ  ба ин максад расидаанд. Чунин киссае омадааст ки:
   - Дар замонхои пеш ба Индонезия савдогари Мусалмоне омадааст ва бору махсулоти худро ба савдо гузоштааст. У ба худ ёрдамчие гирифтааст то дар набуданаш ба мардум махсулоташро фурушад. Хамин тавр махсулоти у вобаста ба сифаташ нарххояш гуногун будааст. Рузе дар лахзае ки точир ба коре баромада буд ёрдамчиаш хато карду як матоэро аз нархаш кимматтар фурухт.  Чун точир баргаш ва аз холати савдо пурсид аз ходиса хабардор шуд ва сахт гамгин гашт:
  - Ту чи кор карди? Охир ин корат «халол» нест. Мо харидорро фиреб кардем- пас бояд уро ёфта бахшиш пурсем.- гуфт точири Мусалмон.
  Точир дар масъалаи халолу харом сахт пойбанд буд- аз ин сабаб у дар паи кофтукоби харидор шуд. Бо зиёд мушкили у харидорро ёфу ба хонаи у рафт  ва он маблаги зиёдатиро баргардонд. У зиёд аз харидор бахшиш мепурсид. Харидор аз ин рафтори точир хайрон шуду пурсид:
  -Ин чи ъамал аст? Мо то хол аз чунин муомила аз ягон точире хабар надорем. Охир фарки маблаг он кадар калон нест ку!Чаро ту ин кадар захмат кашиди то маро ёбиву бахшиш пурси? Сабаб чист?
    Точир ба у фахмонд ки:
  - ман Мусалмонам- пас дар Ислом пулу мол бо роххои халол бояд ба даст оянд. Пас аз худ кардани моли дигарон-хатто як танга гунохест азим. Гар нафаре чи бою чи гадо ва чи сохибмансаб  дигареро зулм намояд ва ё уро хафа намояд-бояд аз у бахшиш пурсад.  Дар акси холл у ба газаби Аллох ру ба ру хохад гашт!
  Харидор аз шунидааш сахт мутахайир гашт. У аз дидаву шунидааш ба хамсоягону шиносону хешонаш накл кард. Овозаи ин ъамал дар хама шахру мамлакат пахн гашту хатто ба хокими Индонизия расид.  Хоким он точирро ба назди худ хонд ва ходисаро аз забони у шунид. Сипас у пурсид:
   - Ту мегуи ки дини ту айнан чунин мефармояд? Пас ба ман аз ин динат хабар бидех! Ислом чист- ва чи бояд кард то Мусалмон шави!
   То чи андоза точир аз Ислому мусалмонон накл мекард хоким бо зердастонаш харчи зиёдтар мехрашон ба Ислом зиёдтар мегашт. У аз аркони Ислом ва талаботи ин дин, аз халолу харом, аз некиву бади, намозу руза аз забони он точир шуниду ахд кард то Мусалмон шавад.
   Пас аз паси у шуда зердастонаш хам Ислом оварданд- сипас мардумони дигар шахру махаллахо. Ин аст он мисоли хубе ки шоху зердастон ва мардумони одди аз паи як аъмоли неку  шоистаи тахсин аз сангпарастиву бутпарасти даст кашидаанду ру ба Ислом овардаанд! Хамин тавр дар як муддати кутох Индонезия ба давлати Исломи табдил ёфт. Холо ин калонтарин давлати мусалмоннишини кураи Замин аст!

      Опубликовано:30 Октябрь  2015, Просмотров:4412, Печать

 Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0

Комментариев нет:

Отправить комментарий