Общее·количество·просмотров·страницы

понедельник, 30 мая 2016 г.

Як пашша сабаби "Ахли Чаханнам" шудан!



              Як пашша сабаби чаннатию чаханнами  шудани ду мусофир!
      Тарик ибн Шихоб(р) аз Расули Акрам (с) ривоят мекунанд ки фармудаанд:
 -« Аз сабаби як паша як мард ба Чаннат  дохил шуд- дигаре ба Чаханнам». Мардумон пурсиданд: Ин чи тавр ё Расулаллох (с)? Пас он Хазрат чавоб гуфтанд:
  -« Боре ду марди мусофир аз махалле гузар карданд ки дар он хама бутпарастон мезистанд, ва чунин одат доштаанд ки касе аз назди он бут гузарад бояд ягон чиз ба он бут курбони кунад. Бутпарастон ба якеи он мардхо  гуфтанд: - ягон чиз аз барои ин бут курбони кун! У дар чавоб гуфт ки: - Охир ман ягон чиз надорам курбони кунам! 
   Пас ба у гуфтанд: - «Хеч не ягон пашшаеро курбони кун то начот ёби»!  Он мард  бепарво пашшаеро курбони намуду уро рахо карданд, ва  ин сабаби щирк овардан ба Худованди Мутаъол  ва ахли «оташи Чаханнам» гаштанаш шуд.
   Сипас бутпарастон ба марди дигари фармуданд:  -« Ягон чиз аз барои ин бут курбони кун»!  Он мард ба онхо чавоб гуфт ки: -«Ман гайри Худои Яктои Бузургу Тавоно ба касе ва чизе курбони нахохам кард»!  Пас уро сар буриданду бо сабаби щирк наоварданаш у аз ахли Чаннати пурнозу неъмат гашт. (хадиси Ахмад дар китоби Аз-зухд сахифаи 15,  аз Тарик ибни Шихоб аз ривояти Салмони Форс: хадиси сахех)
     Ба дурусти ки Ислом бадтарин гунох ин щиркро донистааст ва хар ки дониставу надонисат ба ин гунохи «азим» дучор омад эмон аз даст хохад дод. Як пашша ки сабаби щирк овардани ин мусофир ва чаханнами гаштанаш гашта бошад- акнун худ фикр кунед ки он нафароне ки аз барои хурмату эхтироми нафаре нийят мекунанд моле хун кунанд, дигароне хастанд ки нийят доранд барои фалон «азизи Худо» ки дар кабр аст моле курбони кунанд магар ин аъмоли  щирки  нест?
   Баъзе мегуянд ки «нийят дорам барои хазрати Султон ва ё хазрати Мавлоно моле забх кунам» ва ин нийяти худро дар ъамал мекунанд ва танхо замони кордро давондан дар гардани моли мекуштаги «Бисмиллох- Аллоху Акбар» мегуянд. Гуиё ки ин аз барои Худо шуда бошад- аммо тибки бехтарин хадиси Расули Акрам (с):
  -«Хама ъамалхо вобаста ба нийятхост»- яъне хама ъамалхои инсон вобаста ба нийятхояш аст!
    Чун он нафари нийят карда нийят дошт аз барои фалон «азизи Худо» моле забх кунад ва танхо лахзаи куштани мол номи Худоро ба забон гирад.  Дигар ин ки хамон «азизони Худо» ки дар кабранд аз чунин курбонии ту «безоранд»! Аммо афсус ин замони мо хатто баъзе ба ном мулло чунин ъамали щиркро мекунаду мегуяд ки «ман Бисмиллох –Аллоху Акбар» гуфта куштам ку»! Хатто хабар хаст ки муллои калони яке аз «зиёратгохи» канори шахр чун Сархатиб таъин шудааст- ба нийяти хазрати Мавлоно моле оварда забх кардааст.
   Баъзе саволу чавоби зарури:
     Аз Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) пурсида шуд: -ки кадом гуноҳ бузургтарин аст? Гуфт:
-«Ин ки барои Худованд «шарик» қоил шави, дар ҳоле ки Ӯ туро
халқ кардааст».
-Ширки акбар чист?
Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва  ҳеҷ касро шарики ӯ намесозам» (Ҷин 20)
   Расули Худо (Дуъову дуруд бар у бод) мефармояд:
"Бузургтарини гуноҳони кабира шарик овардани ба Худо аст" (Бухорӣ)
 -Зарари ширки акбар чист?
Ширки акбар сабаби дар оташи дузах «абади» мондани инсон мебошад.
Худованд мефармояд:
   -«Зеро ҳар кас, ки барои Худованд шарике қарор диҳад, Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад  ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст». (Моида 72)
     Пайғамбари Худо мефармояд:
-«Касе дар ҳоле бимирад ки ба Худо чизеро шарик биёрад, дохили оташи дузах мешавад» (Муслим)
  -Оё ъамал (ибодат, намоз, руза, корҳои нек...) ҳамроҳи ширк фоидае мерасонад? (Яъне инсон ҳам ъибодат кунад, намозу руза ва
амалҳои некро ба ҷой орад, ва дар баробари он ба Худованд шарик қоил шавад, оё он ъибодатҳо ва ъамалҳои нек ки анҷом медиҳад барояш фоидае мерасонад ё не?)
 Анҷоми ъамалҳо ва ибодатҳо бо ҳамроҳии шарик овардан ба Худо фоидае надорад.
 - «Ва агар ширк оварда буданд, аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид» (Анъом 88)
             Дар ҳадиси Қудси омадааст, ки Худованд мефармояд:
-«Касе ки амалеро анҷом диҳад ва бо Ман дигар чизро шарик гардонад дар он ъамал, тарк кардам уро ва ширкашро» (Ҳадиси Қудси, Муслим)
      -Оё ширк дар байни мусулмонон вуҷуд дорад?
Бале, мутассифона хеле зиёд аст.
Худованд мефармояд:
 «Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд» (Юсуф 106)
    Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд:
Қиёмат барпо намешавад то инки баъзе аз қабилаҳои умматам бо мушрикон бипайванданд(баъзе ъамалхои онхоро пайрав гарданд), ва то инки бутҳо парастида шаванд» Тирмизӣ) 
-Ҳукми дуо кардани ғайри Худованд чист, мисли  авлиёи гузашта?
  Дуъои ғайри Худованд ширк аст ва аз асбоби  дохил шудани дузах мебошад.
Худованд мефармояд:
 - «Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дарои» (Шуро 213)
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод' мефармояд:
«Касе бимирад дар ҳоле ки барои Худо шарике қарор додааст ва уро дуъо мекунад, дохили дузах мешавад» (Бухори' )
  -Оё дуъо ъибодат аст барои Худованд?
-Бале, дуъо барои Худованд ъибодат аст.
Худованд мефармояд:
 «Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои') шуморо иҷобат кунам» (Ғофир 60)'
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) ' мефармояд:
-«Дуъо ъибодат аст» (Тирмизӣ' )
-Оё мурдагон дуъоро мешунаванд?
Мурдагон дуъоро намешунаванд.
Худованд мефармояд:
Ҳаройна, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ» (Намл 80)'
Худованд дар ҷои дигар мефармояд:
- «Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ  сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ» ( Фотир 22)'
Расули Худо (Дуъову дуруд бар у бод)' мефармояд:
 -«Дар ҳақиқат барои Худованд дар замин фариштаҳои сайёҳе аст, саломи умматамро бароям мерасонанд». (Аҳмад' )
 -Оё аз мурдагон ё ғоибон ёри талаб мекунем?
Аз онҳо ёри талаб намекунем, балки танхо ва танхо аз Худованд
ёри талаб мекунем.
Худованд мефармояд:
-«Ва (ба ёд оред)' он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо бипазируфт» ( Анфол 9)'
Пайғамбари Худоро (Дуову дуруд бар у бод) ' агар ғаму андуҳе мерасид чунин мегуфт:
-«Ё Ҳайю ё Қайюм ба раҳмати Ту ёри металабам» (Тирмизи').
Оё аз ғайри Худованд кумак хостан ҷоиз аст?
Кумак хостан аз ғайри Худованд ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
 «Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем» (Фотиха 5) '
  Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод') 
мефармояд:
 Ҳар вақт чизе хости аз Худо бихоҳ, ва ҳар кумак хости аз Худо кумак бихоҳ» (Тирмизи' )
Оё аз зиндаҳое ки ҳозир ҳастанд кумак хостан ҷоиз аст?
Бале дар он чизе ки дар ба ҷой овардани қодир ҳастанд.
Худованд мефармояд:
 «Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад» (Моида 2')
    Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод')мефармояд:
- «Худованд ёри ва кумак мекунад бандаашро, модоме ки бандааш дар ёри ва кумаки бародараш аст» (Муслим').
  Яъне инсон ҳама вақт бояд дар ёри додани бародараш кутоҳи накунад, то вақте ки дар роҳи рост ва хайр бошад, аммо кумак кардан дар гуноҳ -гуноҳ мебошад.
 -Оё барои ғайри Худованд назр кардан ҷоиз аст?
Назр кардан фақат барои Худованд ҷоиз аст.
Худованд мефармояд:
 «Ва зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, озод бошад (яъне аз кори ин ҷаҳон озоду танҳо дар хидмати Ту бошад'). Ин назрро аз ман бипазир, ки бешак Ту шунаво ва доноӣ» ( Оли имрон 35' )
       Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод')мефармояд:
Ҳаркасе назр кард ки Худоро итоат мекунад, пас итоат кунад, ва ҳар касе назр кунад, ки Худоро гуноҳ мекунад, пас гуноҳ накунад» (Бухорӣ)
 -Оё қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз аст?
 Қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз нест, зеро он  ширки Акбар мешавад, ва ширки акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад.(мисоли ин ки баъзехо гуянд: Барои фалон арвохам нийят кардам хун кунам-ҳарчанд Бисмиллоҳ гуфта хун кунанд ҳам).
Худованд мефармояд:
 - «Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун» (Кавсар 2)
(Яъне қурбони ва забх фақат барои Худованд аст, ва қурбони барои шахсе ё ҷое мисли мазор ё сари  қабре қурбони кардан ҷоиз нест, зеро қурбони ъибодат аст ва барои дигар кас ё мурда, касе ки набошад карданаш гуноҳ ва ширки акбар мебошад.'

Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод)мефармояд:
 - «Худованд касеро ки барои ғайри Худо қурбони мекунад лаънат гуфтааст» (Муслим' )
 -Оё тавоф кардан дар гирди қабр ҷоиз аст?
Тавоф кардан фақат дар гирди Каъба ҷоиз аст.
Худованд мефармояд:
 - «Ва бар он хонаи кӯҳансол тавоф кунанд» ( Ҳаҷ 29) (Яъне Каъба')
Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод)мефармояд:
- «Ҳар касе ки гирди хонаи Худо (Каъба) ҳафт маротиба тавоф кард, ва ду ракаат намоз гузошт, гуё як ғуломро озод кардааст»
(Ибни Моҷаҳ).(Яъне савоби як ғулом озод карданро соҳиб мешавад)'.
 -Оё ҷоиз аст ки дар ру ба руи қабр намоз хони?
(яъне ру тарафи қибла боши ва дар пешат қабр бошад, ва ба тарафи у намоз хони)
-Дар ҳоле ки қабр дар ру ба руят бошад ба суи у намоз хондан ҷоиз нест.
Худованд мефармояд:
 - «Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯй ба он ҷониб кунед» ( Бақара 144).(Яъне ру ба тарафи қибла кун, ва дар кучое ки набошед руй  ба тарафи қибла кунед').

   Ин аст бо далел чавоби нафароне ки щирк меоранду боз худро росткор медонанд. Пас ҳар ки чунин аъмол дорад ва ё аз гуфтаву кардаи нафари хатокоре пайрав аст- инро хонаду худ аз Курьону суннат чустучуй намояд ва ислоҳ шавад. Ва илло гар бепарво он аъмоли щиркиро идома дод окибат пушаймон гардад- аммо он замон аз пушаймони чи суд?
     Дар ҳамин замони мо як ҳодисае шуда гузаштааст ки ба ин мавзуъ сахт тааллук дорад:
   - Як домуллое якчанд сол пеш зиёд шогирдону муридоне доштаанд. Ин домулло ду соли охири умраш зиёд сахт бемори кашидаанд. Чун ба марг наздик омадаанд «муридон»-аш дар ҳучрае гирд омада маслихат кардаанд ки:
  - Домулло ки мурд кабрашро аз хишти киммат зиннат медиҳем ва онро «зиёратгоҳ» менамоем то мардум омада «мушкили» худро бароранд:  «ҳам ба ҳакки домулло дуъо гуянд- ва ҳам ба «васила»-и домулло ҳочат аз Худованд хоҳанд то домулло ҳочату мушкилашонро ба Худованд расонад.
   Як шогирди он домулло ки якчанд сол назди 2-3 домлои дигар сабак гирифта буду инак назди ин домулло илмашро сайкал медод гуфтаанд:
   - Бародарон! Ин дуруст нест- балки гуноҳу щирк мешавад. Беҳтараш биёед аз ин нийят даст кашем, чун танҳо Худованд мушкилбарор, шифодиҳанда, молдиҳанда аст ва ниёзе ба «васила» карор додани «азизон» надорад.   Худованд худ дар каломаш мефармояд ки:
 ҳар кас аз Худо битарсад барои у роҳи ҳаллу берун рафте карор медиҳад ва аз чое ба у рузи мерасонад, ки гумон намебарад ва ҳар кас бар Худованд таваккал намояд Худованд уро басанда аст»!
   Оё ҳадиси Расули Акрам (с)-ро намедонед ки:
 Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод') ба ибни Аббос (р)мефармояд:
 Ҳар вақт чизе хости аз Худо бихоҳ, ва ҳар кумаке хости аз Худо кумак бихоҳ» (Тирмизи' )
  -Ту чи «ваҳҳобии»?  Чаро зидди акидаи мазҳаби Ҳанафи сухан мегуи?- бо каҳр мегуянд дигар шогирдони он домулло.
  - Бародарон! Шумо акидаи худу як ду муллоро аз акидаи Эмом Абуҳанифа нагуед. Чун Абуҳанифа (р) ба он сабаб ин мактабу мазҳаби худро ташкил додааст ки то мардумро аз щирку бидъату хурофотпарасти ва фитнахо огоҳ созад. Оё шумо аз Абуҳанифа(р) ва ё шогирдонаш ягон «далел» оварда метавонед? Гар не пас гуфтаву кардаи муллоҳои имруза далел шуда наметавонад?- чавоб мегуяд он чавон.
     - Ин домуллои мо бузурганд! Ҳар кас ки пас аз маргашон сари кабрашон биёяду он касро «васила» карор дихад мушкилашро ба Худованд расонаду У(ч.ч) осон намояд!- давом дод яке.
   - Пас ин тавр бошад чавоб дихед ки:  -Писари дуюми домулло зиёда аз 100 000 доллар аз банку мардумон карздор аст- пас домулло ки бо Худованд иртиботаш мустахкам бошад чаро ин карзи писарашро махв карда наметавонад? Охир мардуме ки карздор бошанд, камбагал бошанд имруз домулло зиндааст биёянд хам мушкилашон бароварда намешавад, чун Худованд ин хамаро ато менамояд - аммо чун домуллоро ба гур гузорем дигар забонаш бурро нест оё он замон у метавонад ба онхо ёрдам дихад?
   - Дигар ин ки як духтари домулло ба 33 рафтаасту бахт надорад- пас домулло ки имруз зиндааст, забонаш бурро аст  чаро ба духтараш аз Худованд бахт дарёфт накардааст. Ё ки писари хурдиаш инак 3 маротиба зан мегираду чудо мешавад- магар домулло ба у аз Худованд бахт дарёфт карда ки натавонад замоне ки зиндааст- дар даруни кабр замоне ки бехаракат аст ба хеч чиз кодир нест-  у ба он корхо кодир хохад гашт?
   -Акнун худатон медонед ки домулло ду сол аст беморанд- гар фардо дохили гур у тавонад аз Худованд ба зиёратчихо шифо дарёфт кунад, чаро имруз ки хаётанд  ба худ дарёфт намекунад. Як занашон ду сол пеш аз бемории сахт гузаштанд, як писарашон аз бемори вафот карданд, ду чийянашон аз бемори вафот карданд- замоне ки домулло зиндаанд ба онхо шифо дарёфт карда натавонист. Ки мегуяд ки фардо дохили кабр –домулло метавонад «васила» шаваду беморон шифо ёбанд?  Мардуми бечора гумонашон ки домулло ба онхо аз Худованд шифо дарёфт менамояд ба шумо пулу мол оварда медиханд хам гунахкор мешаванд ва хам бенасиб!
   Хама шогирдону муридон хомуш монданду миёни худ паст паст пичир пичир мекарданд- аммо ба саволхои он чавон чавоб намеёфтанд. Маълум буд ки онхо ин чавонро мехостанд харч и худтар зада пеш кунанду нийяти худро пас аз марги домулло ъамали намоянд.
  - Ман домуллоро мумкин аз шумо зиёдтар дуст дорам- ва ин сабаб аст ки мехохам пайрави аз Курьону суннат намоем то дар дохили гур домулло рохат хобанд. Ман як чи гуфтаниям бародарон! Ин нийяте ки шумо доред щирк асту бас. Ё он нафаре ки мехохад «зиёратгох» кунад ба он нийят  онро ташкил мекунад ки сари он кабр кат гузораду аз он зиёратчихои «гумрох» пулу моли бедарди миён гундорад.  Ва илло ин ъамал гуноху исёну щирк асту бас. Чун Худованд бар мо мусалмонон мефармояд:
    - «Чизҳоеро, ки Паёмбар барои шумо овардааст, иҷро кунед ва аз чизҳое, ки шуморо аз он боз доштааст, даст бикашед». (Сураи Ҳашр:7).
  Ба дурусти ки Паёмбар ба мо умматон фармудааст, балки такрор ба такрор таъкид намудааст ки:
  -«Шумо қабрхоятонро чун яҳуду насоро зиннат мадиҳед ва мавзеъи  щирку бидъат масозед»

    Пас ба хакки мурдагон дуъои нек карданро касе манъ накардааст- аммо аз онон хочат хостан щирк асту окибаташ пушаймони.  Дигар ин ки хар як тоъату ъибодат ба гайри Аллохи Бузург щирк аст. Мо бояд донем ки Курбони ъибодат аст, дуъо ъибодат аст- пас онро ба гайри Худованд кардан щирк асту бас.

 Дигар киссахои Исломи ва зиндаги дар ин сайт. Ба моххо клик кунеду киссахоро дарёфт намоед:
 https://munir0177.blogspot.com/2016_12_01_archive.html?m=0